JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 29 Июли 2020 05:50

Нурборон мекунад ҳар маҳфилеро Нурзод (Бахшида ба зодрӯзи Нозим Нурзода)

Муаллиф:

    Имрӯз зодрӯзи донишманди шинохта ва омӯзгори варзидаи тоҷик устод Нозим Нурзода аст. Тӯли солҳои ҳамкорӣ бо Устод ба мо муяссар гашт, ки бо ин шахсияти воқеан ҳам милливу инсондӯст аз наздик ошно шавем. Нозим Нурзода бо доштани дониши васеъ муносибати баланди инсониро доро мебошад. Ҳамчун олим бениҳоят сахткӯш буда, ҳамеша пӯёву ҷӯёст. Ҳамчун раҳбар ҳеҷ гоҳ худро аз ҳамкорон боло намедонад ва бо ҳама муносибати самимонаи инсонӣ дорад. Ҳамчун дӯст ҳамеша барои дастгириву кумак омода буда садоқатпеша аст. Ин хислатҳои накӯи Устод омили обрӯи рӯзафзуни ӯ дар назди дӯстону ҳамкорон гардидааст.

    Аъзои маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша” Устод Нозим Нурзодаро бо зодрӯзашон самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиашон комёбиҳоро таманно мекунанд. Бигзор доимо хушбахту саломат бошанд ва дар фазои илмии Тоҷикистони азиз парвозҳои аз ин ҳам баландтар дошта бошанд.
Зодрӯз фархунда бод, Устоди арҷманд!!! 
    Дар зимн мо - дӯстону ҳамкорон дигарбора арзи эҳтирому ихлосмандӣ ва орзуву таманниёти худро ба ин марди наҷиб бо ин ду ғазали Назрӣ Асадзода ва ду рубоии Исомиддин Шарифзода, ки махсус ба муносибати зодрӯзи Устод Нурзода эҷод кардаанд, баён дошта, ба ин шахсияти инсондӯсту меҳанпарвар тамоми хушиҳои рӯзгорро таманно дорем.

 

Маҳфили мо равшан аст аз нури рӯи Нурзод,

Каъбаи равшанзамирон аст кӯи Нурзод.

 

Рӯзу шаб дар маҳфили ӯ Ҷоми Ҷам дар гардиш аст,

Бодаи дерина бошад дар сабӯи Нурзод.

 

Баски бошад муҳтавои суҳбати ӯ маънавӣ,

Гӯши ҷон лаззат барад аз гуфтугӯи Нурзод.

 

Ҷазбае дорад каломи ӯ, ки доим мекашад

Қудрати ин ҷозиба моро ба сӯи Нурзод.

 

Ҷилва хоҳад кард чун Аржанги Монӣ дар назар,

Гар ҷаҳонро бингарӣ дар тоблуи Нурзод.

 

Ман ба тӯли умри худ ҳаргиз надидам дар ҷаҳон

Хулқу хӯеро накӯ чун хулқу хӯи Нурзод.

 

Рӯи нуронӣ-ш  дорад ҳайбате чун Офтоб,

З-ин назар густох натвон кард сӯи Нурзод.

 

Баҳри Меҳан сахткӯш асту набитвонад гирифт

Ҳеҷ нерӯе дар ин ҷода ҷулӯи Нурзод.

 

Об  ӯ  дилро кунад пайваста дар роҳи Ватан,

З-ин сабаб доим физояд обрӯи Нурзод.

 -- 2 --

Хуш кунад бо хушзабонӣ ҳар дилеро Нурзод.

Офтобӣ мекунад ҳар маҳфилеро Нурзод.

 

Ҳар куҷое меравад, нуру зиё бо худ барад,

Нурборон то кунад ҳар манзилеро Нурзод.

 

Хушдилу хушкору хушрафтору хушчақчақ бувад,

Хоса гар бинад нигори хушгилеро Нурзод.

 

Кори худ, на балки худро ҳам фаромуш мекунад,

Гар биёбад суҳбати соҳибдилеро Нурзод.

 

Автоматосо кунад иҷро ба зеҳни чобукаш

Дарзамон ҳар гуна кори оҷилеро Нурзод.

 

Ҳарфи зиште чун намехоҳад задан дар ҳаққи кас,

З-ин сабаб хонад закӣ гаҳ ҷоҳилеро Нурзод.

 

Гавҳар аз баҳри сухан берун кашад ғаввосвор,

Чун биёбад суҳбати дарёдилеро Нурзод.

 

Баски азми ӯ матину панҷаи саъйаш қавист,

Мекушояд уқдаи ҳар мушкилеро Нурзод.

 -- 3 --

Ин марди Худо зи тухми Ҷам меояд,

Ба рағми ҳазор бешу кам меояд.

 

Саршор зи ҳикмату ба лаб шеъру сухан,

Аз пушти бузургони аҷам меояд.

-- 4 --

Соҳибхирад асту пурҳунар Нозими Нур,

Озодаманиш ва покивар Нозими Нур.

 

Саршор зи ҳикмат асту огоҳи ҷаҳон,

Дар маърифат аст соҳибназар Нозими Нур.

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили

илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 29. 07. 2020

Хондан 1308 маротиба