JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 04 Августи 2020 05:46

Саргузашти адабии Антон Павлович Чехов (1860-1904)

Муаллиф: Дидавар Бекзода

1. Даврони наврасӣ

  Зодгоҳи нависанда Антон Чехов шаҳрчаи музофотии ҷануби Таганрог (шаҳре дар вилояти Ростов) буд. Дар масофаи шаст чақрим (зиёда аз як километр) аз ин шаҳр мулки граф Платов воқеъ аст. Дар он ҷо бобои А.П.Чехов ба сифати амини мулк (хизматгузори хоҷагӣ) хизмат мекард. Ӯ марди соҳибтадбири суботкоре буда, ки то замони “озодӣ”, пул дода, бо оилааш аз асорати крепостноӣ халос шуда буд.

  Антон Чехов дар солҳои бачагиаш дар вақтҳои таътили  тобистонӣ ба аробаи барзагов басташуда савор шуда, аз мобайни дашт гузашта, ба хонаи бобояш мерафт, ва ин сафарҳо муддати дароз дар хотири ӯ монда буданд. “Ман моҳҳои дароз дар дашт зиндагӣ мекардам ва онро дӯст медоштам ва ҳоло ки ба хотир меоварам, дашт ба назарам мафтункунанда менамояд”,-навишта буд А.Чехов.

  Ҳаёти давраи бачагии Антон Чехов хеле вазнин буд. Падари ӯ Павел Егорович одами сахтгиру сангдил буд. Вай зиндагии пурмашаққатро аз сар гузаронида буд. Павел Егорович аввал крепостной, баъд приказчик (савдогар) шуда кор карда, бо таъбири он замон бо душворӣ “ба қатори мардум даромад” ва дар Таганрог дӯкончае кушод. Нисбат ба фарзандонаш сахтгир буд, онҳоро бо химча мезад ва маҷбур мекард, ки дар дӯкон нишаста савдо кунанд, дар дастаи ҳофизони калисо суруд хонанд. Антон Павлович баъдтар ба бародараш навишта буд: “Ман аз ту илтимос мекунам ба хотир биёр..., ки бедодгарӣ ва риёкорӣ рӯзгори моро дар айёми бачагӣ ба дараҷае талх карда буданд, ки ба ёд овардани он нафратовар ва даҳшатангез аст. Он даҳшат ва нафратеро, ки мо як вақтҳо ҳис мекардем, ба хотир биёр, ки падарам дар сари дастархон барои сернамак шудани шӯрбо ғавғо мебардошт ё модарамро аҳмақ гӯён дашном медод. Падарам ҳоло барои ҳамаи он кирдорҳояш худро ба ҳеҷ ваҷҳ маъзур дониста наметавонад”.

  А.Чехов дар муҳити дӯкондорони майда ситамгарию дағалии баъзеҳо ва лаганбардории бандаворонаю чоплусии дигаронро доимо мушоҳида мекард. Бинобар ин ӯ тамоми умраш бандагию разилӣ, ҷабру риёкориро бад медид. Дар вай майлу кӯшиши “аз худ қатра-қатра фушурда бароварда партофтани хислати бандаворона”, орзуи мустақил ва озод будан меафзуд. Бародари Антон Павлович, Александр, ба ёд оварда мегӯяд, ки ӯ аз ҳуқуқи бародари калонӣ истифода карда, бисёр вақт додарони хурдсолашро “зарбаҳои бунигарданӣ ва торсакӣ” мезадааст; ин кор ба назари ӯ тамоман табиӣ менамудааст. Аммо як воқеаи бо Антон рӯйдода ба ӯ сахт таъсир карда, чашми ӯро кушодааст ва ҳатто дар калонсолиаш ҳам  ӯро азоби виҷдон медодааст.

  “Дар хотир дорам, ки ману ту,-навишта буд баъдтар бародари калонӣ Александр,-боре дар дӯкони падарам хӯҷаин шуда монда будем...Дар ҳамон вақт аввалин бор характери мустақилонаи ту зоҳир шуд, таъсири ман, ки аз ту калон будам, барҳам хурдан гирифт. Ман он вақт ҳар қадар беақл бошам ҳам, инро ҳис кардан гирифтам...Барои он ки боз туро ба худам зердаст кунонам, ман бо тунукапорае ба сари ту задам...Ту дӯконро партофта, ба пеши падарам рафтӣ”. Александр гумон карда буд, ки Антоша рафта ба падараш шикоят мекунад, бинобар ин “шаллоқи сахтеро нигарон буд”. Аммо Антоша шикоят накард ва баъд аз чанд соат бо ҷӯраҳояш аз пеши дӯкон гузашта, ба сӯи бародараш, ки ӯро ранҷонда буд, ҳатто назаре наандохт. Ин ҳол ба Александр сахт таъсир кард ва дар вай ҳаваси дағалона зӯрӣ нишон доданро барои ҳамеша барҳам дод. Ба Антоша модараш Евгения Яковлевна, ки зани одии рус буд, таъсири калон расонд. “Модарам зани бисёр некдил, ҳалим ва оқила аст, ман ва бародаронам бисёр чизҳоро аз модарам омӯхтаем”,-навишта буд баъдҳо нависандаи машҳур. Ӯ мегуфт, ки истеъдоди худи ӯ ва бародарону хоҳараш аз падар, лекин сират ва характери онҳо аз модар мондаанд.

 Оилаи Чеховҳо оилаи пуристеъдоди русӣ буд. Павел Егорович ғиҷҷак менавохт, суруд мехонд, расм мекашид. Ду бародари Антон Павлович-Александр ва Михаил-баъдҳо нависанда шуда буданд; бародари бармаҳал вафоткардааш Николай, рассоми хубе буд, ки истеъдоди дурахшоне дошт, Иван педагоги намоён буд; хоҳараш, Мария Павловна, дӯсти наздиктарини Антон Павлович,-рассом буд. Дар музеи Ялта расмҳо, портретҳое, ки Мария Павловна ва Николай кашидаанд, маҳфуз мебошанд.

 Падари Антоша Чехов ба Таганрог омада ва дар ин ҷо сарват ҷамъ кардани юнониҳои савдогарро медид. Павел Егорович орзу дошт, ки фарзандонаш давлатманд шаванд ва ӯ гумон мекард, ки агар онҳоро ягон юнонӣ таълим диҳад, онҳо мақсади падарро ба амал мебароранд. Бинобар ин, вақте ки Антоша ҳафтсола шуд, падараш ӯ ва Николайро ба мактаби хусусии Вучина ном юнонӣ дароварда монд. Ин юнонӣ, чунон ки  баъдҳо маълум шуд, як одами ҷоҳили моҷароҷӯе будааст. Ӯ дар як вақт ба панҷ синф дарс медод: талабагон дар як хона ба болои панҷ харак менишастанд. Чораи асосии таъсир расондан ба талабагон дар ин мактаб химчазанӣ буд. Баъд аз як сол маълум шуд, ки Антон ва Николай чизе ёд нагирифтаанд, бинобар ин падарашон онҳоро ба гимназия бурд.

 Чехов дар гимназияи Таганрог ёздаҳ сол хонд (аз соли 1868 то соли 1879); дар синфҳои поёнӣ ду бор ба синфи боло гузашта натавониста, ба соли дигар монд. Барои рафтани Антоша ба дарс доимо монеъ эҷод мекарданд: ӯ мебоист гоҳ дар дӯконча ба ҷои падараш менишаст, гоҳ дар дастаи  ҳофизони калисо суруд мехонд, гоҳ ҳунари мӯзадӯзиро меомӯхт.

 Корҳои тиҷоратии Павел Егорович барор намегирифт. Дар соли 1876 ӯ тамоман бенаво гардида, маҷбур шуд, ки аз Таганрог баромада равад. Дар он вақт писарони калони вай дар Москва манзил гирифта буданд: Александр ба университет, Николай ба омӯзишгоҳи рассомӣ ва ҳайкалтарошӣ даромада буданд. Павел Егорович қарор дод, ки бо аъзоёни дигари оила ба Москва кӯчад. Дар он ҷо ӯ бо маоши андак ба хизмати приказчикии (савдогари хурд) дӯкони як савдогар даромад.

 Дар Таганрог танҳо Антони шонздаҳсола монд. Антони ҷавон се сол тамоман мустақилона умр ба сар бурд: ӯ дар синфҳои охирини гимназия мехонд, дарс медод, чизҳои боқимондаи хонаро мефурӯхт, то ин ки на танҳо таъмини маишати худ кунад, балки ба оилаи муҳтоҷи дар Москва буда низ, ёрмандӣ карда тавонад. Дар он солҳо Чехов ба таври ҷиддӣ, суботкорона ва устуворона мехонд. Ӯ меҳнатдӯст, боинтизом, нисбат ба одамон ғамхор буд, ва дар худ ҳисси эътибори инсонӣ мепарварид. “Дар байни мардум эътибори худро шинохтан лозим аст”,-навишта буд он вақтҳо ба бародари хурдиаш.

  Муаллимон ва мураббиёни гимназия Чехови ҷавонро қонеъ карда наметавонистанд. Дар дили ӯ ҳусни таваҷҷуҳ ва шавқу завқ пайдо карда наметавонистанд. Ӯ баъдтар онҳоро “ҷисмҳои беҷон” ва одамони ғилофпӯш номида буд. Муаллимон аз талабагони худ хушку холӣ азёдкунии дарсҳоро талаб мекарданд ва аз роҳ ёфтани ғояҳои озодидӯстӣ ва “рӯҳи либералӣ” тарсида, аз қафои талабагони гимназия поида мегаштанд. Дӯсти ҳақиқии Чехови гимназист китоб буд; ӯ асарҳои классикҳои рус ва Европаи Ғарбӣ: Толстой, Тургенев, Гончаров, Сервантесро ҳамеша бисёр мехонд; асарҳои мунаққидони демократи рус: Белинский, Добролюбов ва Писаревро меомӯхт.

 Аммо Чехови гимназист хусусан ба театр шавқ дошт. Дар айёми бачагӣ ва навҷавонӣ ва драматурги оянда Чехов ва ба бародарону дӯстони вай лозим меомад, ки ба театрҳо пинҳонӣ раванд. Барои эмин мондан аз таъқиботи сардорон ва муаллимони гимназия, ки ба талабагони гимназия ба спектаклҳои шабона рафтанро манъ мекарданд, онҳо ҳатто сурати зоҳирашонро ба воситаи грим тағийр дода, либосҳои дигар мепӯшиданд. Машинисти саҳнаи театри Таганрог, мудири асбобу анҷоми театр ва баъзе актёрҳо ба ҷавонони театрдӯст ошноӣ  пайдо карда, ба онҳо барномаи тамошоҳоро пешакӣ хабар медоданд ва онҳоро бе билет ба галёркаи (қатори болои театр) театр медароварданд.

 Дар саҳнаи театри Таганрог драмаҳои Шекспир (“Гамлет”, “Шоҳ Лир”, “Тоҷи Венетсия”), песаҳои классикии рус: “Дод аз дасти ақл”-и Грибоедов, “Маскарад”-и Лермонтов, “Ревизор”, “Зангирӣ”-и Гогол, “Раъду барқ”, “Беша”, “Пули бемеҳнат”-и Островский намоиш дода мешуданд. Драматурги оянда А.П.Чехов аз солҳои ҷавониаш устодони драматургияро дӯст медошт ва эҳтиром мекард. Аз худи ҳамон вақт ӯ песаҳои пучу сабукмағзонаи “драмачиён”-ро бад медидагӣ шуд.

 Соҳибони театри Таганрог асосан дар пайи фоидахурӣ буданд. Онҳо водевилҳо, (песаи хурди ҳаҷвӣ) опереткаҳои камаҳамияти тарҷимавӣ, “драмаҳои даҳшатангез”-ро, ки дар онҳо одамкушӣ ва қаҳрамонҳои ғайриоддӣ нишон дода мешуданд, бо майли тамом ба саҳна гузошта, ба тамошобинҳои навкисаи бесавод мақбул шудан мехостанд.

 Боре дар вақти таътил Антоша ба Москва омада буд. Дар он ҷо, дар Театри хурд ӯ лаззату ҳаловати ҳақиқӣ гирифт. Дар комедияи “Ревизор”, дар “Дод аз дасти ақл”, дар песаҳои Островский актёрҳои моҳири рус: Ермолова, Федотова, М. Сдовский, Ленский бозӣ мекарданд. Театри Таганрог дар назари Чехови ҷавон ҳеҷу пуч шуда монд. Ӯ баъди ба хона баргаштан ба бародаронаш навишта буд: “Ман ба қарибӣ ба театри Таганрог рафта будам ва ин театрро бо театри москвагии шумо муқоиса карда дидам. Фарқ бисёр калон аст!”

 Дӯстон ва бародарони Чехов ба хотир меоваранд, ки Антоша аз солҳои бачагиаш қобилияти артистӣ дошта, бағоят ширинкор буд. Дар фикр карда баровардани  ҳар гуна ҳазлу шӯхиҳо маҳорати фаровон дошт: гоҳ ба ягон кас аз хешовандонаш тақлид мекардааст, гоҳ дар калисо чӣ гуна рафтор кардани сардори шаҳрро тасвир карда нишон медодааст. Боре Антоша либоси гадоёна пӯшида, ба назди амакаш рафта, садақа пурсидааст. Амак додарзодаашро нашинохта, ба вай ним тин садақа додааст.

 Баъзе бозиҳои солҳои ҷавонии А.П.Чехов баъдҳо асоси мавзӯҳои ҳикояҳои ӯ гардидаанд (масалан, “Ҷарроҳӣ”). Евгения Яковлевна ҳатто хавотир мекашид, ки мабодо хешовандон аз Антоша ва Николай норозӣ шаванд: “Шумо агар ба ягон кас тақлид кунед ё ягон воқеаро тасвир карда нишон диҳед,-ин ба онҳо маъқул намешавад”,-мегуфт ӯ. Вале Антоша аз кори худаш намемонд. Ӯ дар анбори калони холии рафиқи ҳамгимназияаш Дросси “труппаи” (гуруҳи) ҳаваскорон ташкил кард. Ҷавонон спектаклҳо намоиш медоданд, ки дар онҳо Чехови ҷавон ба қавли дӯстонаш ролҳои асосиро “моҳирона бозӣ мекард”. Сардори шаҳр дар “Ревизор”, Несчастливцев дар “Беша”, Чупрун дар опереткаи “Москаль-чаривник”, пиразан дар водевили Григорьев “Аробакашҳо, ё худ Шӯхии офитсери гусар”-чунинанд ролҳои гуногуни бозикардаи Антон Чехов.

 Ӯ на танҳо ба сифати актёр, балки ба сифати драматург ҳам баромад мекард. А.Чехов дар солҳои таҳсили гимназия аввалин водевилҳои (песаҳои хурди ҳаҷвӣ) худ: “Пушти ману табари қассоб”, “Садои мокиён бесабаб нест”, драмаи “Бепадарӣ”-ро навиштааст, ки то замони мо нарасидаанд. Антоша дар “Досуг” (“Вақти фароғат”) ном журнали гимназия иштирок мекард, “Заика” (“Забонгирифта”) ном газетаи дастнависи худро нашр намуда, ба Москва барои хешовандонаш мефиристод. Бародараш Александр “Заика”-ро на танҳо дар байни одамони наздик, балки ба шахсони беруна ҳам хонда медод ва баъд таассуроти аз газета ҳосилшударо ба муаллиф ва ношири он мерасонд: “Ташаккур барои “Заика”. Зуд-зуд бароварда ист”. “Ду шумораи “Заика-ро гирифтам ва ҳар ду шуморааш ҳам дар магазини Гаврилов таъсири зӯр бахшид. Шумораи охиринаш ҳатто худи Гаврилов Иван Егоровичро, ки савдогари дараҷаи 1-уми Москва мебошад, гуфтан мумкин аст, ба ҷунбиш овард”.

 Антон, ки ҷавони зиндадил, зирак буда, пурғайратона бо худтарбиякунӣ машғул мешуд, ба оилаашон мадади маънавӣ мерасонд. Хешовандон дар ҳаққи Антон чунин ақида пайдо мекарданд, ки ӯ ҷавони меҳнатдӯст, боғайрат ва мустақил мебошад. Одамони наздикаш дар вай ҳисси рӯзафзуни адолат, ҳақиқат ва эътибори инсониро мушоҳида менамуданд. Ба ӯ эътимод доштанд, фикри ӯро ба назари эътибор мегирифтанд, ба Москва омадани ӯро бесаброна мунтазир мешуданд. “Ба назарам чунин менамояд, ки,-менависад Евгения Яковлевна,-ту ки омадӣ, вақтам хуш мешавад...Ман ба ту бисёр гапҳои гуфтанӣ дорам”.

 А.П.Чехов дар моҳи августи соли 1879 гимназияро тамом карда, ба Москва кӯчид. Таганрогро тарк карда бошад ҳам, лекин ин шаҳри таваллудшудаашро то охири умр аз хотир набаровардааст. А.П.Чехов аз қабили одамони “насаби худро фаромӯшкарда” набуд. Баъд аз нависандаи машҳур шуданаш ҳам чанд бор ба зодгоҳаш омада буд. Антон Павлович Таганрог ва гирду  атрофи  онро дар асарҳои бадеии худ: “Дашт”, “Бахт”, “Чироғҳо” тасвир кардааст. Ӯ бо алами дил мегуфт: “Таганроги мо ҳанӯз чӣ қадар бечора ва нообод аст”,-ва ӯ бо тамоми қуввааш кӯшиш менамуд, ки ба инкишофи маданияти шаҳри худ ёрӣ расонад, дар бораи ободӣ ва зинат додани он ғамхорӣ мекард. Аз Москва, аз Ялта, аз Нитса барои китобхонаи маҳаллӣ китобҳо мефиристод. Асосгузори галереяи расмҳои музеи Таганрог Чехов мебошад; бо илмисои ӯ ҳайкалтароши машҳур Антоколский ҳайкали Пётри I-ро сохт, ки вай баъдтар дар Таганрог гузошта шуда буд. Чехов то рӯзҳои охири умраш аз ҳаёти Таганрог воқиф шуда меистод; барои вай ба Москва, ба Ялта, ба хориҷа газетаҳои маҳаллиро мефиристоданд.

 Таганрог, ки аз як шаҳрчаи қафомондаи нообод  ба шаҳри мадании саноатӣ табдил ёфтааст, хотираи фарзанди ғамхори худро эҳтиёткорона нигоҳ медорад. Ҳоло дар Таганрог ба музей, театр, мактаб ва китобхона номи нависандаи машҳури таганрогӣ гузошта шудааст.

Дидавар Бекзода

муҳаққиқи равоншинос

Сарчашмаҳо:

  1. А.П.Чехов. Асарҳои мунтахаб. Ҷилди 1. Ҳикояҳо (солҳои 1883-1887) Душанбе, нашриёти “Ирфон” 1986. 446 с.
  2. А.Чехов. Ҳикояҳои мунтахаб. Тарҷимаи Ҳабиб Аҳрорӣ. Нашриёти “Ирфон” Душанбе 1964. 207 с.
  3. Андре Моруа. Шестьдесят лет моей литературной жизни. Сборник статей. Перевод с французского, Москва «Прогресс» 1977. 295 с.
  4. Луис Унтермайер. Офаринандагони ҷаҳони нав. Тарҷумаи Мустафо Исломия ва дигарон. Теҳрон: нашри Марказ, 1372-1993. 972 с.
  5.  Чехов Антон Павлович. Собрание сочинений. Издательство: Диля, 2008 г. 1184 с.

НАМУНАЕ ЧАНД АЗ АКСҲОИ А. П. ЧЕХОВ

 

 

Хондан 1166 маротиба