JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 07 Августи 2020 08:06

Физиология ва генетикаи растанӣ: имрӯз ва фардои он

Муаллиф: Қурбоналӣ ПАРТОЕВ

  Бахшҳои асосии илми биология - физология ва генетикаи растаниҳо  бо ҳам хело вобастаанд. Чунки просессҳои физиологӣ дар организми растаниҳо аз хусусиятҳои ирсии ин ё он навъи растанӣ ибтидо меёбад. Яъне ҷараёни синтези моддаҳои органикӣ, ки аз нури офтоб ва обу маводҳои ғизоӣ дар баргу пояи сабзи растаниҳо ба амал меояд, аз ҳолати фаъолнокии ниҳонии генҳои дар хромосомҳо ҷойгиршудаи организми растаниҳо вобастагии калон дорад.

  Дар ин ҷо бояд ёдовар гашт, ки физиологияи растаниҳо илмест, ки асосан ба омӯзиши просесси ҳаётан муҳими биологӣ – синтези моддаҳои органикӣ, ки организмҳои автотрофӣ онҳоро бо шарофияти дар ҳуҷайраи онҳо мавҷуд будани зарачаҳои хурди микроскопии хлоропластҳо ба амал меоранд сару кор дорад. Қисми асосии организмҳои автотрофиро растаниҳо, дарахтон, буттаву ҷангалзорҳои олам ташкил менамоняд, ки бештар аз 90% маводҳои органикиро онҳо тавассути протсесси фотосинтез ҳосил мекунанд. Ин қисми наботот захираи асосии ба даст овардани маводҳои озӯқа ва пӯшока барои одамон ба шумор мераванд. Бинобар ин дар назди олимон ҳоло масъалаи нигоҳ доштан, афзун намудан ва ба даст овардани навъу дурагаҳои серҳосилу ба касалиҳо тобовари зироатҳои кишоварзӣ меистад, то ин ки одамон дар оянда ба маводҳои озӯқа ва пӯшока таъмин бошанд. Тамоми мавҷудоти олами органикӣ дар иҳотаи омилҳои мухталифи гуногнуни экологӣ ҳаёт гузаронида, дар ҷараёни ҳаётгузаронишон метавонад, ки аз таъсири ин омилҳо нишонаҳои ирсии онҳо низ тағйир ёбад. Аз ин ҷост, ки мавзӯи тағйирёбии иқлим, дигаргун гаштани омилҳои муҳити зист ва хусусиятҳои мутобиқшавии организмҳо ба ин тағйиротҳои глобалӣ солҳои охир диққати олимони дунёро, аз он ҷумла олимони тоҷикро низ  ба худ сахт ҷалб намудааст.         

 Дар оянда баҳри рушди минбаъдаи кишоварзӣ ва кулли иқтисодиёти ҷаҳон, алалхусус  дар ҳалли чунин масъалаҳои ҳаётан муҳим, ба монанди баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, таъмини озӯқаворӣ ва бехатарии экологӣ аз чуқур омӯхтани нозукиҳои илмҳои муосири  генетика ва физиологияи растаниҳо вобастагии калон дорад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш оид ба рушди мураккаби илми биология дар кишвар диққати махсус медиҳанд ва дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2011- 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, таҳти № 227 тасдиқ шудааст оиди рушди минбаъдаи биология, физиология, генетика  ва биотехнологияи муосир  дар мамлакат санадҳо ва дурнамоиҳои муҳими илмию амалӣ  пеш оварда шудаанд.

 Дар Тоҷикистон дар солҳои охир бо шарофати истифодабарии усулҳои физиологӣ, генетикӣ, биотехнологӣ, аз қабили муҳандисии генӣ ва омезиши ҳӯҷайраву бофтаҳои нав дар муҳити сунъии афзоиш (in-vitro) имкон ба он доданд, ки навъҳои нави серҳосили зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, баланд бардоштани тобоварии онҳо ба касалиҳо ва зараррасонҳо, инчунин усулҳои ба даст овардани тухмиҳои солим ва афзоиши суръатноки тухмии зироатҳои гуногун, аз қабили гандум, картошка, сабзавотиҳо  ва ғайраҳо муяссар  гардад. Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи физиология ва генетикаи растаниҳо дар кишвар ягона корхонаи илмие ба шумор меравад, дар он олимон баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо дар асоси просеcси мураккаби фотосинтез пешоҳанг мебошанд. Ҳанӯз дар солҳои 60 - уми асри гузашта дар ин ҷо бо ташаббуси доктори илмҳои биологӣ, профессор, академики АМИТ Носиров Ю.С. Институти физиология ва биохимияи растаниҳо таъсис дода шуда буд. Дар ин ҷо яке аз аввалин озмоишгоҳҳо ин озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо таъсис дода шуда буд, ки олимону мутахассисони ҷавони он вақта дар шароити водӣ, наздикӯҳӣ ва  кӯҳӣ ба омӯзиши просесси мураккаби олами органикӣ- фотосинтез машғул буданд. Яке аз мақсадҳои асосии илмии ин озмоишгоҳ ба он равона карда шуда буд, ки дар баробари чунин институтҳои овозадори он вақтаи Давлати Шӯравӣ, ба монанди Институти физиологияи растаниҳои ба номи Тимирязеви шаҳри Маскав, Институти генетика, Институти биохимия ва ғайраҳо ба омӯзиш ва асоснок намудани ҷараёни синтези моддаҳои органикӣ дар  растаниҳои гуногуни дар Тоҷикистон сабзишкунанда равона карда шуда буд. Инчунин дар асоси тестҳои гуногуни физиологӣ ва инчунин дар асоси истифодабарии усулҳои генетикӣ ва биотехнологияи муосир ба даст овардани навъҳои серҳосилу ояндадори зироатҳои кишоварзӣ ба шумор мерафт.

 Ҳоло олимони ин боргоҳи илм дар натиҷаи истифодабарии  усулҳо ва тестҳои муайяни физиологӣ роҳҳои баланд бардоштани устувории зироатҳои пахта, гандум картошка ва дигар зироатҳоро дар муҳити  сунъӣ (in-vitro), зери омилҳои таъсиркунада, аз қабили хушкӣ, шӯрӣ ва касалиҳои гуногун гузаронида, дар шароити озмоишгоҳ гузаронида шуда истодаанд, ки дар оянда баҳри дар истеҳсолот ҷорӣ намудани системаи таъсиру баҳодиҳӣ (скрининг) ва интихоби растаниҳои ба ин омилҳои таъсиркунада тобоварро интихоб намудан имконияти васеъ фароҳам пеш меорад. Алалхусус бо роҳи дурагакунии байнинамудӣ ва дохилинамудӣ дар бахши пахтакорӣ, ба даст овардани растаниҳои найчашишагӣ ва микролӯндаҳои солими картошка ва омезиши генҳои гандуми ёбоӣ бо гандуми маданӣ ва ғайраҳо аз қабили корҳои назариявии илмие ба шумор мераванд, ки дар онҳо дар оянда баҳри баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ аҳамияти калони амалӣ метавонанд дошта бошанд.
 Дар ин ҷодда, махсусан дастовардҳои илмии олимони институт дар ҳамкорӣ бо олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи Аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Вазорати кишоварзӣ назаррасанд ва дар натиҷа чанде  аз навъҳои зудрас, серҳосил ва ба касалиҳо тобовари пахтаи миёнанахро ба даст оварда шудаанд, ки онҳо ҳоло дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияҳо Кӯлоб, Данғара, Фархор, Хуросон ва Мирсаи Алии Ҳамадоднӣ чунин дар як қатор ноҳияҳои вилояти Сӯғд кишт мешаванд. Пеш аз ҳама ин навъҳои серҳосили пахта, аз қабили «Гулистон», «Гулистон-2», «Шавкат-80», «20-солагии Истиқлолият» ва ғайраҳо мебошанд. 

 Яке аз аввалин таъсисдиҳандагони чунин як озмоишгоҳи бахши зарурии илми биологияи растаниҳо-  озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо доктори илмҳои биологӣ, профессор ва узви вобастаи АМИ Тоҷикистон, «Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон»  Абдуллоев Ҳомидҷон Абдуллоевич мебошанд, ки ҳоло баҳри боз ҳам гузтариш додани илми биологияи муосир, алалхусус фотосинтез ва генетикаи растаниҳо  саъю талоши калон варзида истодаанд. 

 Имрӯзҳо агарчанде, ки устод ба синни мубораки 75-қадам ниҳода бошанд, ҳам ҳоло бо ҳамроҳии ҳамкасбону шогирдон дар ҷоддаи илми физиология ва генетикаи растаниҳо, оиди омӯзиши генетикаи фотосинтез, коркарди тест-аломатҳои физиологӣ, беҳтар намудани фаъолияти фотосинтез бо мақсади баланд бардоштани ҳосили зироатҳои кишоварзӣ тадқиқотҳои назаррасоро бо муваффақият давом дода истодааст. Месазад ёдовар гардем, ки дар асоси машақатҳои тӯлонии илмӣ ба ӯ муяссар гаштааст, ки то кунун бештар аз 200-талифоти илмӣ, аз ҷумла 4-монография, 4- шаҳодатнома ва 4-патенти илмӣ баҳри ихтироъи навъҳои пахтаи миёнанахро соҳиб гардад. Таҳти роҳбарии ӯ 10-нафар рисолаи номзадӣ, 2- нафар рисолаи докторӣ дифоъ гаштааст, ки ин аз меҳнати пурмаҳсули олим дар тайёр намудани олимони ҷавон шаҳодат медиҳад. Ҳамаи ин дастовардҳои устодро ба инобат гирифта, Ҳукумати кишвар уро дар соли 1999 ба унвони «Арбоби шоистаи илм ва техникаи Тоҷикистон» сарфароз гардонид.

 Олими шинохта Абдуллоев Ҳ.А. тайи беш аз 28-сол вазифаи мудири Озмоишгоҳи генетикаи фотосинтез ва маҳсулнокии растаниҳо, 5 сол академик- котиби Шуъбаи илмҳои биология ва тибби АМИТ ва бештар аз 10 сол муовини директори Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании АМИТ оид ба илм ва таълим шуда, фаъолияти назарраси илмиро ба ҷо меорад.

 Бояд қайд намуд, ки Абдуллоев Ҳ.А. яке аз олимони шинохтаи соҳаи физиология, генетикаву селексияи растаниҳо дар Тоҷикистон ба шумор рафта, бештар аз 55 соли умри бобаракати хешро ба равнақи илми физиология ва генетикаи растаниҳо бахшидааст. Боиси хушнудист, ки устод Абдуллоев Ҳ.А. - яке аз асосгузорони мактаби илмии физиология ва генетикаи растаниҳо дар Тоҷикистон мебошанд ва бо ҳамроҳии ҳамкасбону шогирдонаш бо истифодабарии усулу тестҳои  физиологӣ  навъҳои нави пахта ва дигар зироатҳоро ба даст овардаанд, ки онҳо минбаъд дар таъмини амнияти озӯқавории мамлакат нақши  махсусро хоҳанд бозид.

  Дар охир бояд қайд намуд, ки Абдуллоев Ҳ.А. яке аз олимони шинохтаи соҳаи физиология, генетикаву селексияи растаниҳо дар Тоҷикистон ба шумор рафта, бештар аз 55 соли умри бобаракати хешро ба равнақи илми биологияи тоҷик бахшидааст. Боиси хушнудист, ки устод Абдуллоев Ҳ.А. яке аз асосгузорони мактаби илмии физиология ва генетикаи растаниҳо дар Тоҷикистон ба шумор мераванд ва бо ҳамроҳии ҳамкасбону шогирдонашон бо истифодабарии усулу тестҳои  физиологӣ  навъҳои нави пахта ва дигар зироатҳоро ба даст овардаанд, ки онҳо минбаъд дар таъмини амнияти озӯқавории мамлакат нақши махсусро хоҳанд бозид. Мо ҳамкасбон ба профессор Абдуллоев Ҳ. А. дар ҳаёти ояндаашон саломатӣ ва  комёбиҳои нави илмиро баҳри рушду нумӯи минбаъдаи биологияи муосир дар кишварамон таманно менамоем.

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ -  доктори илмҳои кишоварзӣ,

Бахшулло ҶУМЪАЕВ - доктори илмҳои биологӣ,

Бақохӯҷа ҒИЁСИДИНОВ - номзади илмҳои биологӣ.

 

Хондан 1722 маротиба