JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 10 Августи 2020 08:23

Андар раҳи маорифи Меҳан қадам занӣ (номаи шодбошӣ)

Муаллиф:

  Дӯсти гиромӣ ва омӯзгори асили Меҳан Одина Сафарзода,

  Ростӣ, ҳар гоҳ ки Шумо дар гирду атрофи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва махсусан, давру бари ошхонаи Раёсати АМИТ пайдо мешавед, ин минтақа гул мекунад. Шумо, ки доимо масруфи мутолеа ва мурури китобҳои наву ҷадид ва ахбору матолиби тозаи интернетӣ ҳастед, ҳангоми сари як пиёла чой нишастан ҳатман баҳси ҷолиберо матраҳ мекунед, ки мутмаинан, моҳҳо моро ба ҷустору ковишҳо вомедорад. Новобаста ба масруфиёти таълимию тадрисӣ (устод Одина Сафарзода устоди фанни забони хориҷӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастанд), Шумо имкон пайдо мекунед, ки адабиёти тозанашри адабию бадеӣ, гузоришоту мақолоти матбуоти даврӣ, мутолиботи шабакаҳои иҷтимоӣ ва маводи дархӯри фазои маҷозиро мурур намоед.

 Дӯсти азиз, муҳимтарин вежагии шахсиятӣ ва ҳувиятии Шумо ин аст, ки он чи ки аз хилоли мутолеот, мушоҳидот ва диду боздидҳоятон  дармеёбед, бидуни дарангу истиҳола бо дигарон дар миён мегузоред ва бо ин навъ ибтикорот сатҳи донишу биниши мусоҳибинро боло мебаред. Ин хислат ва сифатро на ҳар кас дорад ва дошта ҳам метавонад. Ин аст, ки вуҷуду ҳузури Шумо боиси ифтихори мост.

 Бо истифода аз фурсати муносиб зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи омӯзгорӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодии Шумо муваффақияту комёбиҳо таманно мекунем. Бигзор, доимо табъи хуш, рӯҳи баланд ва хотири болида дошта бошед. Одинаи азиз, воқеан, нафаре ҳастӣ, ки:

  Андар раҳи маорифи Меҳан қадам занӣ,

                                 Қуръа ба номи мартабаи Ҷоми Ҷам занӣ,

                                 Гоҳе, ки рӯйи дафтари миллат қалам занӣ,

                                 В-аз шӯри шавқ соғари май дам ба дам занӣ,

                                 Ҳолу ҳавои ҷаҳлмаобон баҳам занӣ,

                                 Аз роҳи ақл қисмати дигар рақам занӣ!

                                                            

                                            

 Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

10 августи соли 2020

Хондан 904 маротиба