JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 14 Августи 2020 11:43

Шоири халқ

Муаллиф: Фирдавс МИРЗОЁРОВ

  Дар ҳама давру замон шахсиятҳои бузурги илму адаб ба сони оташафрӯз масири зиндагии миллати худро равшан карда, ба сӯйи хушбахтию саодат ҳидоят намудаанд. Махсусан, шоиронро насли миллатсоз ном бурдан мумкин аст. Зеро онҳо бо эҷоди ашъори пуртаъсир халқи худро дилгармона гирди ҳам оваранд. Оташеро, ки пас аз адибони классики тоҷик устод Айнӣ афрӯхт, устод Турсунзода шуълавар кард. Ба қавли Расул Ғамзатов: «Мирзо идомадеҳи назми бисёрасраи халқи худ дар замону шароити дигар аст. Ӯ ин корро бо шоистагии шоиронаву ватандорона ба ҷо овард».

  Мирзо Турсунзода аввалин адиб аз Осиёи Марказӣ буд, ки сазовори ҷоизаҳои байналмилалӣ гашт. Ӯ яке аз аввалинҳо шуда, унвони олии Қаҳрамони меҳнати сотсиалистиро дарёфт ва шуҳрати диёрашро афзуд. Ин шуҳрати ҷаҳониро Турсунзода барои равнақи илму адабу ҳунари миллат ба кор андохт. Турсунзода аз зумраи бунёдгузорони назми шӯравии тоҷик ба ҳисоб рафта, вориси сазовори анъанаҳои пурғановати назми ҳазорсолаи адабиёти классикӣ маҳсуб меёбад. Ӯ таҷрибаи Айнӣ ва Лоҳутиро на танҳо идома дод, балки таҳкиму тавсеа бахшид. Агар аксарияти шоиру нависандагон дар Ватан шуҳратёр гашта бошанд, Турсунзода ба воситаи хидматҳои бедареғаш дар кори такмили сулҳу дӯстӣ шуҳрати ҷаҳонӣ ёфтааст. Ҳақ бар ҷониби адабиётшинос Камол Айнист, ки навишта буд: «Касе ба мисли Турсунзода ба шуҳрати миллаташ шуҳрат зам накардааст. Аввалан, ӯ чун рамзи миллат, ҳамчун мунодии сулҳ ба тамоми қитъаҳои олам сафарҳо анҷом додааст, баъдан, дар ҳар куҷое, ки будааст, чун гӯшту нохун ҳамеша бо Ватан будааст».
Турсунзода мафҳуми шеърро бо мафҳуми Ватан тавъам месозад. Шеър барои шоир василаи расидан ба ҳадаф аст. Чунончи:


Шеър ҳам хонандаро пайванд созад бо Ватан,
Дар дили хонанда орад рангу бӯи сад чаман.


  Устод Турсунзода бо эҷоди шеъри баланди иҷтимоӣ ва сиёсӣ ба зиндагии мардум қарин шуд ва розу овози дили халқро бо тарзу услуби нав пешкаш намуд. Ӯ рози дили худро тавъам бо асрори қалби мардум бо обу ранги нав иншо кард:


Сурудам - ҳофизи рози дили ман,
Аниси булбуловози дили ман.
Уқоби тезпарвози дили ман,
Адиби нуктапардози дили ман.
Ба обу ранги нав овоз сар кун,
Сар овози нав аз банди ҷигар кун. 


  Ситоишгари сулҳу амнияти мардуми олам, шоири барӯманду тавонои тоҷик Мирзо Турсунзода бо ашъори рангин, ҳақталошиву заҳматҳои бемонандаш дар инкишофи илму фарҳанг, худшиносии миллӣ саҳми назаррас гирифта буд. Ҳар мисраи устод бо заҳмати зиёд ва хуни дил хӯрданҳо офарида шудааст:


То сухан чун қомати мавзун шавад,
Дар сари ҳар мисрае дил хун шавад.


  Ин мисраъҳои ба хуни дил навиштаи устоди сухани муосир на танҳо ба дили миллати тоҷик роҳ ёфт, балки халқу миллатҳои дигари сайёраро низ рӯҳу тавони тоза илқо намуд, то ҷое, ки адиби маъруфи туркман Бердӣ Карбобоев ӯро чунин васф мекунад: «Мирзо қаноти миллати тоҷик ва ҳам қаноти ман аст». Хусусан, вазъи зиндагии мардуми дар юғи империалистон басарбурда ҳамеша мадди назари устод қарор дошт. Ӯ мардуми дар торикии ҷаҳлу ваҳм ва зулму истибдод зиндагидоштаи Шарқро ҳангоми сафарҳояш бо чашми сар медид ва аз ин ноҷурӣ ва нобасомонӣ ранҷ мебурд:


Шодам, аммо мехӯрам ғамҳои халқи дигаре,
Дар назар меоварам тороҷгашта кишваре.


  Шоир аз рӯзҳои аввали ба арсаи адабиёт омаданаш дар намудҳои гуногуни адабӣ: назм, наср, драматургия қувваозмоӣ карда, дар анвои манзум соҳиби мақоми баланде гардидааст. Турсунзода шоир ва ходими ҷамъиятиест, ки ҳамчун паҳнкунандаи ғояҳои пешқадам дар тамоми олам шуҳрат пайдо кардааст.
Нашъунамои адабиёти солҳои 50 – 70 – и асри гузашта ба номи ин шоири нуктасанҷ вобаста аст. Дар эҷодиёти ӯ мавзӯъҳои сулҳу амният, Ватан ва муборизаи озодихоҳонаи халқҳо мавқеи асосӣ дорад. Дӯстию бародарӣ ва баробарҳуқуқии халқҳо дар осори Турсунзода вобаста ба шароити сиёсиву иҷтимоӣ ва таърихӣ тасвир ёфтааст. Шоир дӯстии дар натиҷаи ҷангу муборизаҳои шадиди зидди душман бадастовардашударо дар шеърҳои «Уқоб», «Қонуни бародарӣ», «Суруди сулҳ», «Арӯс аз Москва» хеле моҳирона тасвир мекунад. Ӯ сулҳу дӯстиро туҳфаи қиматбаҳо дониста, таъкид кардааст, ки сулҳу субот ва дӯстию рафоқат дар ободонии мамлакат, пешравии миллату халқият, амнияти мардум саҳми босазо дорад:


Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,
Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.
То яроқи тез гардида ба дасти душманон,
Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.


  Устод Турсунзода бо сухани оташин, қалами рангин ва рӯҳи хастагинопазирашон то охири умр бар муқобили ҷангҷӯёну бадкешон, мустамликадорону мустамликахоҳон ва, билохира, золимону истодагарони хориҷӣ қиёми адабӣ намуда, бо ашъори арзишмандаш ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳушдор дод, ки аз ҷангу зулм дурӣ ҷӯянд ва ба сулҳу дӯстӣ рӯ биёваранд. Ба ақидаи шоир ва арбоби сиёсӣ, насли солиму дурандеш муваззаф аст, ки заминро аз балоҳои азим ҳифз намояд:


Ҷуз заминро ҳифз кардан аз балоҳои азим,
Аз барои насли инсон ҳеҷ дигар чора нест.


  Эҷодиёти шоири маҳбуб ба тамоми олам болу пар кушод, аз Шарқ ба Ғарб расид ва то имрӯз ғояҳои ватандӯстона, сулҳпарварона ва инсонгаронаи ин марди накӯном дар ақсои олам танинандозанд. Дӯст ва ҳамсафи Турсунзода, шоири шаҳири Покистон Файз Аҳмади Файз дар бораи устод гуфта буд: «Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Ӯро дар ҳамаи ҷо дӯст медоранд».  

Фирдавс МИРЗОЁРОВ, 

номзади илмҳои филология

https://jumhuriyat.tj/index.php?art_id=41615 

Хондан 1409 маротиба