JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 17 Августи 2020 06:36

Натиҷаҳо ва дурнамои биохимияи растаниҳо

Муаллиф: Қурбоналӣ ПАРТОЕВ, Махмалӣ ГУЛОВ, Бақохӯҷа БОҚО

   Биохимия яке аз бахшҳои асосии биологияи муосир  ба шумор рафта, тамоми раванди ҷараёнҳои мураккаби биохимиявиро дар организмҳо меомӯзад. Яъне ҷараёни синтези моддаҳои органикӣ, ки аз нури офтоб ва обу маводҳои ғизоӣ дар баргу пояи сабзи растаниҳо ба амал меояд, аз ҳолати фаъолнокии ниҳонии генҳои дар хромосомҳо ҷойгиршудаи организми растаниҳо вобастагии аввалиндараҷа доранд.

  Бояд қайд намуд, ки кулли мавҷудоти зиндаи олам  дар иҳотаи омилҳои мухталифи гуногнуни экологӣ ҳаёт гузаронида, дар ҷараёни ҳаётгузаронишон метавонад, ки аз таъсири ин омилҳо, нишонаҳои ирсии онҳо низ тағйир ёбад. Аз ин ҷост, ки мавзӯи тағирёбии иқлим, дигаргун гаштани омилҳои муҳити зист ва хусусиятҳои мутобиқшавии организмҳо ба ин тағиротҳои глобалӣ солҳои охир диққати олимони дунёро, аз он ҷумла олимони тоҷикро низ  ба худ мутаваҷеҳ намудааст . Нақши илми биохимияи муосир  дар ҳалли мушкилотҳои марбут ба амнияти озӯқаворӣ, нигоҳдории  гуногунии биологӣ, мушкилиҳои экологӣ ва ғайраҳо дар оянда хело баланд хоҳад гашт.            

  Дар оянда баҳри рушди минбаъдаи иқтисодиёт, алалхусус  дар баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо, нигоҳдории гуногунии биологӣ, таъмини озӯқаворӣ ва бехатарии экологӣ аз омӯхтани илмҳои муосири  физиология ва биохимияи растаниҳо вобастагии калон дорад. Вобаста ба ин Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш оид ба рушди мураккаби илми биология дар кишвар диққати махсус медиҳанд ва дар Барномаи рушди инноватсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои  солҳои 2011- 2020, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 апрели соли 2011, таҳти № 227 тасдиқ шудааст оиди рушди минбаъдаи биология, физиология, генетика  ва биотехнологияи муосир  дар мамлакат санадҳо ва дурнамоиҳои муҳими илмию амалӣ  пеш оварда шудаанд.

  Дар Тоҷикистон дар солҳои охир бо шарофати истифодабарии усулҳои физиологӣ, генетикӣ, биотехнологӣ, аз қабили муҳандисии генӣ ва омезиши ҳуҷайраву бофтаҳои нав дар муҳити сунъии афзоиш (in-vitro) имкони ба даст овардани навъу намунаҳои серҳосили зироатҳои гуногуни кишоварзӣ, баланд бардоштани тобоварии онҳо ба касалиҳо ва зараррасонҳо, инчунин усулҳои ба даст овардани тухмиҳои солим ва афзоиши суръатноки тухмии зироатҳои гуногун, аз қабили гандум, картошка, сабзавотиҳо  ва ғайраҳо муяссар  гардад.

  Бояд қайд намуд, ки Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи милли илмҳои Тоҷикистон дар рушди минбаъдаи физиология ва биохимияи растаниҳо дар кишвар ягона пажӯҳишгоҳи илмие ба шумор меравад, ки дар он олимон баҳри баланд бардоштани маҳсулнокии растаниҳо дар асоси просесси мураккаби фотосинтез пешоҳанг буда, ҳанӯз аз солҳои 60 - уми асри гузашта то ба имрӯз физиология ва биохимияи растаниҳои гуногунро меомӯзанд. Яке аз мақсадҳои асосии илмии ин боргоҳи илмии ватанӣ ба он равона карда шудааст, ки нозукиҳои илмҳои физиология ва биохимияро ҳаматрафа меомӯзанд ва тавассути ин корҳои илмӣ навъҳои серҳосилу ояндадори зироатҳои кишоварзӣ ба даст оварда мешаванд. Дар ин ҷодда, махсусан дастовардҳои илмии олимони институт дар ҳамкорӣ бо олимони Институти зироаткории Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур ва Вазорати кишоварзӣ назаррасанд ва дар натиҷаи ин ҳамкориҳои илмӣ, чанде  аз навъҳои зудрас, серҳосил ва ба касалиҳо тобовари пахта, ғалладонагиҳо, картошка, лубиёгиҳо ба даст оварда шудаанд, ки онҳо ҳоло дар хоҷагиҳои кишварамон кишт мегарданд. 

  Яке аз олимони институт, ки ба омӯзиши реаксияҳои гуногуни биохимиявии наботот даст задаанд ин доктори илмҳои биологӣ, профессор Ҷумъаев Б.Б. мебошанд, ки бештар аз 40 соли бобаракати умри хешро дар ин бахши муҳими илми биология, яъне физиология ва биохимия сарф намудааст. Месазад қайд намоем, ки олими пурмаҳсул Ҷумъаев Б. Б. 10 сентябри соли 1960, дар деҳаи Каздон, ноҳияи Айнӣ вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оилаи кишоварз ба дунё омадааст. Вай дар соли 1987 Донишкадаи давлатии омӯзгории ш. Душанбе ба номи С.Айниро бо дипломи аъло ва бо гирифтани идрор пулии ба номи В.И.Ленин хатм намудааст. Вай дар дилаш орзӯи олимшуданро ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ дошт ва ҳамин буд, ӯ моҳи декабри соли 1987 ба шуъбаи рӯзонаи аспирантураи Институти физиология ва биофизикаи растании назди АИ ҶТ дохил шуда, дар соли 1991 рисолаи номзадиашро ва дар соли 2000 бошад рисолаи докториашро дар бахши биохимияи растаниҳо бомуваффақият дифоъ намуд. Вай дар муддати солҳои 1991- 2003 дар вазифаҳои лаборанти калон, ходими хурди илмӣ, ходими калони илмӣ, ходими пешбари илмӣ фаъолият намудааст. Дар айни замон дар вазифаи сарходими илмии озмоишгоҳи биохимияи фотосинтези Институти ботаника, физиология ва генетикаи растании Академияи милли илмҳои Тоҷикистон фаъолият дорад. Устод дар баробари давом додани корҳои илмӣ, инчунин дар тайёр намудани табибони ояндаи кишвар саҳмгузор буда, аз соли 2003 то кунин дар кафедраи биохимия ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино фаъолияти омӯзгорӣ дорад, ки то соли 2015 ба ҳайси ассистент ва аз сол 2016 ба ҳайси профессори кафедраи биохимия фаъолият намуда истодааст.

  Олими варзида Ҷумъаев Б.Б. яке аз муттахассиси соҳаи биохимия ва физиологияи фотосинтез буда, самти тадқиқотҳои илмии он кас ба омӯзиши физиологияи наботот ба ҳисоб рафта, ҷиҳати ҳалли масоилҳои биохимияи муқоисавӣ ва эволютсионӣ, такмили механизмҳои азхудкунии гази карбон ва боз ҳам аниқтару возеҳтар таҳқиқу ошкор кардани равиши гузариши раванди фотосинтези зироатҳои муҳими кишоварзӣ ва таҳҷоӣ, дорои аҳамияти калони назариявӣ ва илмӣ мебошанд. Ҳоло устод бо ҳамроҳии шогирдонаш ба омӯзиши таъсири тағйирёбии иқлим - ҳарорати баланди ҳаво, консентратсияи баланди гази карбонат, хушкшавии хок ва сенарияҳои гуногуни тағйирёбии иқлим ба равандҳои физиологию биохимияви зироатҳои кишоварзӣ дар шароити Тоҷикистон машғул мебошад, ки онҳо аҳамияти муҳими назариявӣ ва амалӣ доранд.

  Дар натиҷаи таҳқиқотҳои арзишноки илмӣ ба ӯ муяссар гардидааст, ки  6 монография, зиёда аз 200 мақолаҳои илмӣ, 2 китоби дарсӣ, 30 дастури таълимӣ-методӣ ва бештар аз 60 мақолаи илмӣ-оммавиро пешкаши хонандагон гардонидааст. Вай дар бисёр анҷуманҳои байналмилалӣ, симпозиуму конфронсҳо бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, дар тарғиби илми биологияи муосири Тоҷикистон саҳми босазо гузоштааст. Таҳти роҳбарии бевоситаи устод як нафар унвонҷӯй рисолаи номзадиашро бомуваффақият дифоъ намуда, дар айни замон  роҳбарии 4 аспирантро ба ӯҳда дорад.

  Устод Ҷумъаев Б.Б. дар корҳои илмӣ-ҷамъиятӣ дар кишварамон фаъолона иштирок менамояд. Ӯ солҳои 2000-2014 аъзои Шӯрои ҳимояи рисолаҳои докторӣ оид ба ихтисоси «Физиология ва биохимия растанӣ», айни замон аъзои Шӯрои диссертатсионии ДДОТ ба номи С.Айнӣ ҷиҳати дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯи ихтисос доир ба ихтисосҳои: 6D011200-химия, 6D011300-биологоия, инчунин аъзои Шӯрои олимони Институт мебошад. Ӯ узви фаъоли Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон аст. Барои дастовардҳои назаррас дар соҳаи илм аз тарафи раёсати Институт ва Раёсати АМИТ бо ифтихорномаю сипосномаҳо аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишони сарисинагии “Аълочии маъориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз тарафи Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба нишони сарисинагии “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, аз тарафи Комиссияи атестатсионии Академияи табиатшиносии Россия ба унвони фахрии “Арбоби шоистаи илм ва маориф”, профессор аз рӯи натиҷаҳои ба дастовардаи илмӣ дар соли 2017  узви-пайвастаи Академияи табиатшиносии Россия интихоб кардааст. Раёсати Академияи  миллии илмҳои Тоҷикистон кашфиёту дастоварҳои илмию амалии устод Б.Б.Ҷумъаевро ба инобат гирифта, уро соли 2017 узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон интихоб намудааст.

  Боиси хушнудист, ки устод Ҷумъаев Б.Б. дар арафаи мавлуди 60-солагии хеш қарор доранд, вале дили илмҷӯйи ӯ тақозо менамояд, ки акнун камари ҳимматро боз ҳам сахт баста, дар рушду нумӯи минбаъдаи илми биологияи муосир дар кишварамон саҳгузор бошанд, ки мо ҳамкорони эшон дар ин кор ба ӯ саломатӣ, бурбориҳои нави эҷодиро  таманно намуда, суханамонро бо шеъри шоири ширинкаломи Халқии Тоҷикистон, шодравон Гулназар ба итмом мерасонем:

Садсола шавад рафиқи озодаи мо,

Ҳамсӯҳбату, ҳамнишину ҳамбодаи мо,

Бингар ба сари баланду рӯи сурхаш,

Чашме нарасад ба ин худододаи мо.

 

Қурбоналӣ ПАРТОЕВ -  доктори илмҳои кишоварзӣ,

Махмалӣ ГУЛОВ – номзади илмҳои биологӣ,

Бақохӯҷа БОҚО - номзади илмҳои биологӣ.

 

Хондан 1248 маротиба