JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 25 Августи 2020 04:44

Устод Маҳкам Аслонов ва таълими фанни фалсафа дар Тоҷикистони муосир

Муаллиф: Комил Бекзода
Лаҳзае бо Устод Маҳкам Аслонов (дар мобайн), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ Лаҳзае бо Устод Маҳкам Аслонов (дар мобайн), Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ

  Имрӯз 10 июни соли 2020 аст. Бегоҳии рӯзи чоршанбе. Ман, Комил Бекзода ҳастам, зодаи ноҳияи Ванҷ. Соли таваллудам 1945. Номи шиносномаи шуравиам Беков Комилҷон аст. Солҳои 1962 то 1967 дар факултети Таъриху филологияи Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, шуъбаи арабӣ таҳсил кардам. Ҳамкурсҳои ман инҳо буданд: Бобоева Навраста, Акбаров Юнус, Ғоибов Ғолиб, Суҳбатов Неъматулло, Шаҳобиддинов Саиднуриддин, Эргаш Қосимов, Ҳоким Усмонов, Олимхон Қорихонов, Муҳиддин Фатҳиддинов ва ман Беков Комилҷон...

  Дар охирҳои моҳи майи ҳамин сол (2020) писари Устод Маҳкам Аслонов бо номи Сулаймон Маҳкамов ба ман занг зад ва доир ба масъалаи тартиб додани маъмӯае аз хотираҳо ба ёди падарашро бо ман дар миён гузошт. Ман ваъда додам, ки ҳарчи дар ёд дорам, хоҳам навишт.

  Имрӯз: 10 июни 2020 занг зад ва аз иҷрои ваъда савол кард. Гуфтам, ки чанд саҳифае ба шакли сиёҳмашқ омода кардаам, ва ба наздикӣ ба воситаи интернет бароят мефиристам. Инак, он чанд саҳифаи сиёҳмашқро покнавис мекунам.

(2)

  Ҳолати имрӯзаи мо ба яке аз имтиҳоноти асили фалсафӣ монанд аст. Имтиҳони инсон дар рӯ ба рӯи марг. Зиёда аз як моҳ мешавад, ки дар ҳолати карантин қарор дорем. Дар ҷои кор эълон карданд, ки касоне аз 50 сола боло, метавонанд дар хонаҳояшон бинишинанд ва корҳои илмиашонро ба воситаи интернет ба ҷои кор бифиристанд. Мо ҳамин рӯзҳо аз рӯи ин  фармоиш кор ва зиндагӣ мекунем. Ин имтиҳони фалсафӣ баъд аз ҷанги шаҳрвандии солҳои 1991-1997 таҷрибаи дуюм аст, ки насли мо бо он рӯ ба рӯ шудааст. Имрӯзҳо ҳатто телифон кардан ва ё гӯшаки телефонро бардоштан барои инсон ҳароснок шудааст. Тарсу ҳарос аз он ки мабодо хабари фалокатборе ба гӯш бирасад. Фард-фарди мардум танҳо дар бораи худ меандешанд. Дар худ маҳдуд шудаанд. Ҳолате шабеҳ ба ҳолати мардуме, ки нависандаи фаронсавӣ Алберт Камю дар романи Тоун (Вабо) тасвир намуда буд. Ҳолате хазонзадагӣ, бепарвоии дидаю дониста, дурӣ аз эҳсоси масъулият ва аз иҷрои арзишҳои инсонӣ...

  Бо вуҷуди ин доир ба вабои замони мо (Коронавирус) зуд зуд хабарҳое ба гуш мерасад, ки гӯё дар ин ё он кишвари дунё олимон доруе барои табобати он ихтироъ намудаанд. Вале то ин лаҳза (10 июни 2020) ба таври амалӣ аз он доруҳо ному нишоне нест. Ба ҳар ҳол барои тасаллои дил чунин хабарҳо дорои арзиши мусбатанд. Мо кормандони илм баъзе хабарҳоро аз таърих доир ба ҳодисаҳои қаҳтӣ (гуруснагӣ), вабо, заминҷунбӣ ва ғайра аз қитобҳои қадим хонда будем ва боварӣ доштем, ки асри мо ки асри илму техника ном дорад, моро аз чунин мушкилоти мусибатбор наҷот додааст. Мутаассифона ин оптимизми мо пеш аз вақт буда, мо худ шоҳиди он гардидем, ки бузургтарин давлатҳои дунё дар рӯ ба рӯи ин буҳрони ҳамагонӣ оҷиз ва нотавон мондаанд. Ин эҳсоси хиҷолат ҳамаи қишрҳо ва гурӯҳҳои илму фарҳанги ҷаҳонро фаро гирифтааст.

(3)

 Тобистони соли 1962 барои имтиҳоноти дохилшавӣ омодагӣ медидем. Дар бинои асосии Университети давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин як китобхонаи умумӣ вуҷуд дошт. Ҳамаи дохилшавандагон дар атрофи он рафту омад мекарданд. Дар даромадгоҳи он бино китобҳоро аз рӯи ихтисос: забон адабиёт, таърих, математика, физика...ва ғайра тақсимбандӣ намуда буданд. Дар ин қатор фалсафа ҳам ҷой дошт. Ман ҳар вақте, ки ин номро мехондам, ҳолати аҷибе ба ман рӯй медод. Ҳолате мубҳам ва нофаҳмо: Фалсафа яъне чӣ? Ба назди китобҳои зери ин ном мерафтам ва номи як яки онҳоро ба оромӣ мехондам: А.М.Баҳоваддинов “Очеркҳои таърихи фалсафаи тоҷик” (ба забони русӣ) ва дигар китобҳои файласуфони тоҷик ва ғайри тоҷик ба мисли Мусо Диноршоев, Муҳаммад Болтаев, Мусо Раҷабов, Виктор Приписнов, Самуэл Борисович Морочник ва дигарон. Ва ин китобҳоро гирифта варақ мезадам. Мақсад аз он иборат буд ки бидонам: фалсафа яъне чӣ? Мо дар мактаби миёна чунин предмете дар таҳсил надоштем. Ҳарчанд калимаи “фалсафа”-ро борҳо дар китобҳо хонда ва шунида будем. Дар китоби Устод А.М.Баҳоваддинов ба номҳои шинос дучор омадем: Ибни Сино, Хайём, Носири Хусрав ва дигар мутаффакирони тоҷик. Мо аксари онҳоро дар мактаби миёна ба сифати шоир ва аҳли фарҳанг дар китобҳои дарсии адабиёт хонда будем. Бо худ меандешидам ки агар ин ҳама шахсиятҳо шоир бошанд, пас фалсафа ва файласуфаш кадом аст?

 Оқибат, ҳамон сол (1962) бар курсии донишҷӯӣ нишастем. Курси мо ҳамагӣ 11 нафар буд. Ба номи шӯъбаи арабӣ. Навраста Бобоева баъди як соли таҳсил ба курси дигар гузашт. Оқибат рӯзе расид, ки қисмати аввали дарси фалсафаро бо номи “Материализми диалектикӣ” (1964) омухтем. Устоди ин фан муаллима Фируза Турсунзода буд. Муаллима баъди хатми Университети Москва ба Душанбе баргашт ва устоди илми фалсафа дар Университет гардид. Ӯ дар ибтидо истилоҳоти фалсафиро ба забони тоҷикӣ хуб намедонист. Дар суханрониҳояш аз калимаҳо ва истилоҳоти русӣ фаровон истифода мекард. Мо донишҷӯён на калимаҳои русиро мефаҳмидему на истилоҳоти фалсафиро. Ҳамзамон муаллима хеле шахсияти доно, зирак ва бо назокат буд. Калимаҳои мушкили фалсафиро ба русӣ шарҳ дода, аз донишҷӯёни филологи тоҷик мепурсид ки ин калима ба забони адабии тоҷикӣ чигуна тарҷума мешавад. Дар аудитория (синфхона) шавқу шур барпо мегашт. Ҳар кас тарҷумаи худро пешниҳод мекард. Муаллима ин тарҷумаҳои пешниҳодшударо бо ҳам муқоиса карда, дурусташро интихоб мекард. Он рӯзҳо муаллима бисёр ҷавон ва зебо буданд. Вале таҷрибаи педагогӣ надоштанд. Бо вуҷуди ин донишҷӯён ҳамагӣ ӯро хеле эҳтиром менамуданд. Дар ҳаққи ӯ мегуфтанд ки муаллима ҷашни хатми Университет ва тӯи арусиашро якҷоя гузаронидааст ва бо як марди ғайри тоҷик, ки ҳамкурсаш будааст, ба шавҳар баромадааст. Донишҷӯёни тоҷики солҳои 1960-ум ба ин қабил ҳодисаҳо бо як ҳассосияти миллатгароёна аксуламал нишон медоданд. Барои мисол як донишҷӯи курси чоруми математикаи Университет  ҳангоми дарс пешниҳод кардааст, ки ман ба хотири номуси тоҷикӣ, омодаам ки туро ба занӣ гирам, ба шарте, ки аз шавҳари ҳозираат даст кашӣ...

  Он солҳо илми фалсафа аз ҷумлаи илмҳои навтаъсис буд. Барои баъзе аз устодон ва шогирдон низ аз ҷумлаи илмҳои ҷолиб ва суолбарангез ба шумор мерафт...

(4)

  Соли 1967 мо курси панҷум будем. Аввалин бор дар ҷадвали дарсӣ предмети “Таърихи фалсафа” пайдо шуд. Номи Устодро зери ин фан чунин навишта буда буданд: М. Аслонов. Аввалин савол ин буд, ки ин устоди нав аз куҷост? Шиносҳои мо аз курҳои болоӣ ба мо гуфтанд, ки аз ноҳияи Уротеппа аст. Ва номи пуррааш: Маҳкамбой Аслонов.

  Устод он солҳо хеле ҷавон буданд. Қадбаланд, боғурур ва мӯйҳои сиёҳи ҷингила дошт. Ҳангоми ворид шудан ба синф ваҷоҳати ҷиддӣ ба худ мегирифт. Намехандид. Хеле кам андар кам табассуми дипломатӣ мекард. Вале чун қоида дар аввали дарс баъди ҳозир-ғоиб ва эълони мавзӯи нав, чанд дақиқаро ба масъалаҳои ахлоқ, одоб ва рафтори донишҷӯӣ мебахшид. Аз зиндагии давраи донишҷӯияш барои мо мисолҳо меовард...Аз китобҳои хондагиаш...Аз осори шоирони гузаштаи тоҷик ва дигар устодони илму ахлоқи Шарқ нақлу ривояҳои ҷолиб мекард. Аммо дигар устодон танҳо дар фикри лексия, санҷиш ва имтиҳон буданд. Бо мо шогирдон аксарашон ҳусни тафоҳум надоштанд. Ҳатто ҳолатҳое ҳам вуҷуд дошт ки шогирдонро аз фаро расидани рӯзи санҷиш (зачёт) ва имтиҳон таҳдид мекарданд. Баъзе устодон аз ҳисоби ҳамшаҳриҳои худ "Группировкаи пинҳонӣ" ташкил медоданд. Шогирдони он солҳо аксар ҷавононе буданд, ки тоза ба шаҳр ворид шуда буданд. Суфту сода. Ба ҳама бовар мекарданд. Ва аз ҳама бештар ба устодони маҳалли худ. Вале мутаассифона устодони он замони мо “Мушкилоти шахсӣ”-и худро дар роҳи ба даст овардани мақому мансаб, вазифа ва гирифтани унвонҳои илмӣ, донишҷӯёни  ҳамдиёри худро ҳамаҷониба “истифода” мекарданд. Дар натиҷа ин зиддият ва мухолифатҳои байни устодон, мо донишҷӯёнро низ ба сангарҳои маҳалчигӣ ва маҳалгароӣ тақсим мекард. Доираи ин зиддиятҳо дар майдони дарсу имтиҳонҳо маҳдуд намешуд. Ба берун ҳам сироят мекард. Мо дар хобгоҳи кӯчаи Айнӣ ҳоло Садбарг зиндагӣ мекардем. Чандин устоди ҷавон бо аҳли оилаашон дар хобгоҳи студентӣ зиндагӣ мекарданд. Баъзе аз ин устодон бо шогирдони худ ки аз маҳалҳои дигар буданд, дар ҳоли адовати ошкор ва пинҳонӣ буданд. Борҳо шуда буд, ки барои қассос гирифтан, деги оши муаллимро дуздида ба ҷӯи назди хобгоҳ мепартофтанд...Ё дар дегаш як кило намак ва ё як қабза алафи ҳарза илова мекарданд. Мо мисолҳои аз ин дағалтарро низ ба хотир дорем. Вале ба сабаби покӣ ва иффати қалам онҳоро зикр кардан намехоҳем...

   Шояд Устод Маҳкам Аслонов аз ин ҳодисаҳо огоҳ буд, ки дар ҳар дарсу машғулияте моро насиҳат мекард. Роҳ нишон медод...Намунаҳои ахлоқӣ зикр мекард...

   Тарзи дарсгузаронии Устод ҳам аз дигарон хеле фарқ мекард...Дар бораи файласуфони қадимаи Шарқ чунон бо самимият нақл мекард, ки гӯё шахсан бо худи онҳо мулоқот карда бошад...Андешаҳои онҳоро бо забони фаҳмо, равшан ва барои шогирдон ҷолиб баён мекард. Ва он андешаҳоро бо фарҳанги ахлоқии халқи тоҷик муқоиса менамуд. Мисолҳо меовард ва илова мекард: Ҳамин тур нест бачаҳо? Мо ҳама бо як овоз тасдиқ мекардем.

   Ҳамкурси мо Эргаш Қосимов ки ҳоло ҳам дар ноҳияи Ваҳдат зиндагӣ мекунад, баъзан аз дарсҳо дер мемонд. Сардори синф Ғоибов Ғолиб боре ба ӯ гуфт: Эргаш, барвақттар аз хоб хезӣ намешавад, ки имрӯз ҳам дер мондӣ? Эргаш бо табассум ва бо як навъ бепарвоии хоси худаш ҷавоб дод:

  -Барои ман ба дарси Устод Аслонов расам шуд. Аз дарси дигарон дида хоби ширини саҳарӣ барои ман муҳимтар аст! Устод дар имтиҳонгирӣ хеле саховатманд буд. Мехост, ки ҳама баҳои хубу аъло гиранд. Саволҳоро тарзе медод, ки ғофилтарин донишҷӯ ҳам метавонист ҷавоби онро пайдо намояд. Имтиҳони мо аз фанни таърихи фалсафа дар фасли тобистон иттифоқ афтод. Рӯзи имтиҳон пеш аз ҳама Ғолиб, Олимхон, Юнус ва Саиднуриддин даромада, имтиҳон супориданд. Ҳама шоду хурсанд буданд. Сазовори баҳои аъло гардиданд. Мо ҳама рӯҳбаланд шудем. Дар ин навбат ман шахси панҷум будам. Саволи ман ба файласуфони Юнони қадим дахл дошт. Ҷавоб додам. Устод, пешониашро молиш дода гуфт: Шогирд, баҳои чор монам Шумо розӣ мӣ? Гуфтам: Устод, мехоҳам ба саволҳои иловагӣ ҷавоб диҳам. Гуфт, майлаш. Савол: Диалектикаи Гераклит аз диалектикаи Марксистӣ чи фарқ дорад? Гуфтам: Асоси диалектикаи Гераклит бар мушоҳидаҳои одии зиндагӣ такя мекард. Дар сурате, ки диалектикаи марксистӣ бар илм ва таҷрибаи таърихии башарият такя мекунад. Гуфт: Ин ҷавобатонро дар асоси кадом сарчашмаҳо мегӯед? Гуфтам: доир ба Гераклит китоби “Материалисты Древней Греции”-ро (Нашри Москва 1955), 240с хондаам. Ва дар бораи диалектикаи марксистӣ китоби як донишманди урупоӣ Николай Ирибаджаковро низ бо номи “Современные критики марксизма. Философско-социологические проблемы борьбы против современного антимарксизма” (Москва 1962), 620 саҳ, мутолиа намудам. Гуфт: Майлаш, ба хотири саволи иловагӣ баҳоятон панҷ. Марҳамат, дигарҳоро гӯед дароянд. Ҳоло баъди панҷоҳ сол ин ҳодисаро чунин мефаҳмам, ки масъала,  масъалаи доноии мо набуд. Балки Устод аз рӯи дарёдилӣ пеш аз ман чор нафарро баҳои аъло гузошт. Баъд дар навбати ман мулоҳиза кард, ки дар курси мо ҳамагӣ 10 нафар мехонад. Агар ҳамаро баҳои панҷ гузорад, дар деканат “проблема” эҷод мешавад, ки: чаро ҳама панҷ гирифтаанд?”. Бо эҳтимоли қавӣ Устод ба хотири хурдагириҳои маъмулии деканҳо хост ки адади панҷгирҳоро камтар кунад, то дар деканат мушкилӣ эҷод нашавад.

  Ростӣ ин аст, ки дониши ҳамаи мо шогирдони шуъбаи арабӣ хеле хоксорона буд. Ва ба баҳои аъло намеарзид. Вале Устод барои дилбардории мо аксарияти курсро баҳои аъло гузошт.

  Баъди хатми Университет, Устодро борҳо мулоқот кардам ва боре ба муносибати 60 солагиаш аз тариқи телевизиони ҷумҳурӣ суханронӣ намудам. Фазилатҳои Устод фаровонанд. Вале бахилиҳо ва ҳасодатҳои аҳли замон аз он фаровонтар. Миқдор муҳим нест, ба гуфти Ибни Сино “мо ба сифат арзиш қоилем”. Бо гузашти рузгор фазилатҳои Устод бар ҳасодатҳои ҳамзамонон миқдоран ҳам афзун хоҳанд гашт. Бо як калима: Устод Маҳкам Аслонов то имрӯз дар хотири мо шогирдон чун Устоди намунавӣ боқӣ мондааст ва боқӣ хоҳад монд. Қарзи шогирдӣ ин аст, ки мо ҳамеша хотираи ӯро дар дил азиз ва арзанда нигоҳ дорем.

Комил Бекзода

Хондан 892 маротиба