JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 25 Августи 2020 06:26

Муҳаққиқе варзида дар муҳите озода (Номаи шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи донишманд ва зиёии асили миллӣ, устод Фирдавс Ниёзӣ)

Муаллиф:

 Фирдавс Ниёзии гиромӣ,

  Дониш, биниш ва таҷрибаи худофаринию худсозӣ ба Шумо имкон фароҳам овардааст, ки миёни соири табақаҳои иҷтимоӣ, махсусан, зиёиёну фарҳангиёни миллӣ ҷойгоҳ ва мақоми шоистаю боиста пайдо намоед. Шумо аз ҷумлаи нодир забоншиносоне маҳсуб меёбед, ки ба донишҳои ихтисосӣ маҳдуд нашуда, аз ҳисоби мутолеоти  густардаи фалсафӣ сатҳи биниши худро боло бурда, дар муҳитҳои илмию эҷодӣ ва мадании миллию ватанӣ минҳайси шахсияти матраҳи илмию эҷодӣ муаррифӣ гардидаед.

 Яке аз мушаххасоти ҳайсиятӣ ва эҷодии Шумо ин аст, ки дар самти шинохти  чеҳраҳои  номовари  гузаштаю  муосири миллию фаромиллӣ, муаррифии  мероси  фарҳангии бостонии тоҷикӣ ва таблиғи ҷаҳонбинии илмию фалсафӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ саҳми босазо гузошта, дар ин масир бардамона гом бармедоред. Пайванди назария бо амалия на танҳо дар омӯзишу таҳқиқи масоили илмию назарӣ, балки дар кору пайкори рӯзмарраи Шумо ҳам ба хубӣ мушоҳида мешавад. Фаҳми дурусти зарурати пайвасти қомусу фарҳангномаҳои гузаштаи миллӣ бо фазои фарҳангию мадании соҳибистиқололӣ аз сатҳи баланди миллияти таҳқиқоти илмии  Шумо дарак медиҳад.

 Бидуни такаллуф ва таоруф, Шумо ифтихори мо -- ёру дӯстон ва ифтихори ҷомеаи мадании миллӣ ҳастед. Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи иҷтимоӣ, фарҳангӣ, илмӣ ва эҷодиатон комёбиҳо хоҳонем ва бо ин рубоӣ таманниёти ҷашнии хешро хулоса мекунем:

Фирдавс, ки фирдавси барини моӣ,

Андар дилу ҷони ҳамаи мо ҷойӣ.

 Номуси Ватан-Миллати фархунда ба даст,

 Аз пушти ҳазорсолаҳо меоӣ!

       

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 25 августи соли 2020

Хондан 978 маротиба