JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 03 Январи 2024 11:45

Ҷасоратмандӣ ва хидмати рӯшангарӣ (Паёми шодбошӣ ба ифтихори мавлуди Зоҳиршоҳи Сайфулло)

Муаллиф:

         Дӯсту рӯшангари ҷавони мо, Зоҳиршоҳи гиромӣ!

    Ошноӣ бо Шумо саҳифаи тозаи зиндагии моро рақам задааст. Аз ҳама муҳим, қатъи назар аз синнусоли ҷавонӣ ва новобаста ба ҳузуру нуфузи чашмгири хурофагароёну мутаассибону хушкандешони динию дунявӣ, ҷасоратмандона ва ҳадафмандона алайҳи нодонию ҷаҳолати саросарӣ қад алам намуда, аз ҳувият, арзишҳо, мерос, фарҳанг ва манофеи миллӣ дифоъ мекунед. Агар соири ҳамнаслону ҳамсолонатон, ба истилоҳ, дар фикри кӯр кардани рӯз бошанд, Шумо ҳамвора дар андешаи боло бурдани сатҳи ҳувиятию миллӣ, коҳиш додани хавфу хатароти хушкандешӣ ва аз хурофоту ҷаҳолат вораҳонидани насли наврасу ҷавони ҷомеа ҳастед. Ин аст, ки самту сӯйи ҳаракати фикрию маънавии мутафовити Шумо сазовори таҳсину офарин аст.

      Дар ин чанд соле, ки вазифаи сардабирии ҳафтаномаи мустақили “Самак”-ро бар уҳда доред, маводу матолиби зиёди иттилоотӣ, илмӣ ва илмӣ-оммавиеро мунташир кардед, ки ба мавзуъ ва масъалаҳои муҳимми рӯз иртибот дошта, воқеиёти зиндагии миллии моро ба намоиш гузоштаанд. Гузашта аз ин, Шумо бо пахшу нашри хабару гузоришоти дархури имрӯзӣ, инъикоси ҳассосиёти замонӣ, бозтоб додани ҳаводису воқеиёти ватанӣ ва таълифу таҳияи матолиби ҷолиби илмӣ-оммавӣ вазифа, масъулият ва рисолати ҳирфаию миллиро софдилона иҷро намуда, сарнавишти хешро ба қишри рӯшангари миллӣ пайвастед. Хуш ба ҳолатон!

      Зоҳиршоҳи гиромӣ, бо истифода аз фурсати муносиб ҷашни мелодатонро шодбош гуфта, бароятон сиҳҳатӣ, тандурустӣ, ҷуръату ҷасорати тозаи илмию эҷодӣ ва комёбиҳои беназири ҳирфаӣ-ихтисосӣ таманно мекунем. Пораи мухтасари манзумро, ки дар қолиби мувашшаҳ иншо шудааст, чун армуғони дӯстон манзуратон мекунем.

 

  Бо эҳтиром,

     маҳфили илмӣ-фалсафии “Ҷаҳони андеша”

     ш. Душанбе, 3 январи соли 2024

Ҳамнишину ҳамшарику ҳамдами некустӣ!

(мувашшаҳ ба муносибати зодрӯзи Зоҳиршоҳи Сайфуллоҳ)

 

Зоҳиру ботин туро як бошаду якрӯстӣ,

Одами пуркору пурэҷоду пурнерустӣ.

Ҳар замон  гар мушкиле пеш ояд андар зиндагӣ,

Ин яқин донам, ки моро дар бару паҳлустӣ.

Рӯду дарёҳо кунад шодоб хоки ин Ватан,

Шохаи рӯди Зарафшону бузург Омустӣ.

Орамидан дар ҳузурат, Зоҳиро, хуш давлате,

Ҳамнишину ҳамшарику ҳамдами некустӣ!

 

Зодрӯз фархунда ва муборак, шогирд ва дӯсти гиромӣ, Зоҳиршоҳи Сайфулло.

Бо эҳтиром,

Нозим Нурзода

 

Хондан 908 маротиба