JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 12 Январи 2023 09:20

Марди дарёдил ва донишманди варзида

Муаллиф: Қиёмиддин Сатторӣ

  Чанд сол пештар ман Қурбоналӣ Партоевро чандон хуб намешинохтам. Ӯ дар барномаҳои телевизионӣ дар масъалаҳои кишоварзӣ суханронӣ мекард, вале намедонистам, ки доктори илмҳои кишоварзӣ мебошад. Чӣ шуду чӣ монд, ки камина ба китоби "Фарзонагони Раштонзамин" муҳаррири масъул шудам. Муаллиф ва мурратиби китоби мазкур Муллоҷон Амирбеков дар асараш аз олимони ин минтақа танҳо академикҳо ва докторҳои илмро ворид намуда буд. Мутаассифона, Қурбоналӣ Партоев ва чанд нафари дигар, ки доктори илм буданд, аз китоб берун монда буданд.

  Рӯзе тасодуфан бо устод Қурбоналӣ вохӯрдам. Интизор доштам, ки аз оғози сухан дар бораи ворид нашуданаш ба китоби "Фарзонагони Раштонзамин" шикоят мекунад. Вале устод бо чеҳраи хандон баъди ҳолпурсӣ изҳори назар кард, ки китоби "Фарзонагои Раштонзамин"-ро хондам, баҳраи бисёр гирифтам. Ман хиҷолатомез гуфтам, ки устод Қурбоналӣ, маъзарат, Шуморо фаромӯш кардем. Ӯ бо чеҳраи кушода изҳор дошт, ки ҳеҷ гап нест, дар чопи дуюмаш ман ва чанд нафари боқимондаро дохил мекунед. То ба ҳол дар бораи шахсиятҳои барӯманди Раштонзамин дар ин сатҳ китобе таълиф нагардида буд. Албатта, кори аввал бе камбудӣ намешавад. Кори хайреро анҷом додед. Аз номи кулли зиёиёни ин водӣ ба шумо ва ба ҳамаи дастандаркорони ин китоби арзишманд изҳори сипос менамоям. Ба ростӣ, аз ҷавонмардӣ ва тинати поку беолоиши Қурбоналӣ Партоев хеле мутаассир ва шоду мамнун шудам. Аз ҳамон рӯз ихлоси ман ба шахсияти устод Қурбоналӣ Партоев даҳчанд гардид.

  Саволе пеш меояд, ки ин шахсият кист ва чӣ кори наҷиберо анҷом додааст. Инак, корномаи илмии ӯро ба таври мухтасар манзури хонандагони нуктасанҷ менамоям.

  Қурбоналӣ Партоев дар деҳаи Машконаки собиқ ноҳияи Ғарм (алҳол ноҳияи Рашт) моҳи декабри соли 1952 ба дунё омада, мактаби миёнаро дар шаҳраки Ғарм соли 1968 хатм намуда, ба шуъбаи агрономии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур дохил шуд ва онро соли 1973 бо дипломи сурх хатм кард. Баъди хатми донишгоҳ ба ҳайси корманди хурди илмӣ дар шуъбаи генетика ва селексияи пахтаи Пажӯҳишгоҳи илмиву таҳқиқотии "Зироаткор" ба кор қабул шуд. Давоми солҳои 1973–1982 дар ҳамин пажӯҳишгоҳ корҳои илмиро доир ба дурагакунии пахта корҳои илмиро гузаронида, дурагаҳои кӯраккалон, лучтухм ва гулаш намешукуфтаи пахтаро ба даст овард.

Моҳи майи соли 1982 рисолаи илмиашро "Доир ба даст овардани дурагаҳои серҳосили пахта" дар шаҳри Тошканд ҳимоя намуд. Натиҷаҳои ба даст овардаи олими ҷавон дар соҳаи пахтапарварӣ, махсусан дар ба даст овардани дурагаҳои серҳосил, ба касалиҳо тобовар, тезпаз ва бо дигар нишонаҳои аҷиби ирсӣ ҷолиби таваҷҷуҳ буданд.

  Баҳори соли 1984 директори Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткоррии ҳамонвақта (баътар ин пажӯҳишгоҳ ба Иттиҳодияи илмӣ-истеҳсолии «Боғпарвар» табдил дода шуд) У.Эшонқулов ва Қ. Партоевро шодравон академик Акбар Махсумов ба наздаш ҷеғ зада, маслиҳат дод, ки дар Тоҷикистон ҳоло олимони соҳаи пахтакорӣ хеле бисёранд, вале дар бахши картошкапарварӣ қариб, ки ягон олим надорем. Минбаъд бояд картошкапарвариро дар мамлакат ривоҷ дода, ба масъалаи тухмипарварии маҳаллии картошка бояд диққати ҷиддӣ диҳем...

  Ҳамин тариқ, олими ҷавон Қурбоналӣ Партоев аз моҳи марти соли 1984 ба кори нав, ба таҳқиқи илмӣ дар бахши картошкапарварӣ камари ҳиммат баст. Вай дар солҳои 1984–1991 аз бисёр мамлакатҳои олам намунаҳои гуногуни картошкаро ҷамъ оварда, яке аз калонтарин коллексияҳои калони илмии картошкаро, ки бештар аз 300 номгӯйро фаро мегирифт, ташкил намуд. Бояд зикр намуд, он солҳо ин коллексияи илмӣ дар Осиёи Миёна аз ҷумлаи калонтарин коллексияҳои илмии картошка ба шумор мерафт. Соли 1989 бо дархосту талошҳои ӯ ва дигар ҳамкоронаш дар назди Пажӯҳишгоҳи боғдорӣ, ангурпарварӣ ва сабзавоткории Вазортаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба шуъбаи картошкапарварӣ таъсис дода шуд ва ӯро роҳбари он таъйин намуданд. Солҳои 1985–1992 дар пункти таҳқиқотию илмии воқеъ дар ноҳияи Ҷиргатол зери назорати олимони пажӯҳишгоҳ ҳар сол бештар аз ҳазор тонна тухмии аълосифати навъҳои картошка, ба монанди лорх, невский, монолиза, эстима, гатчинский ва ғайра истеҳсол гашта, пешкаши хоҷагиҳои тухмипарвари ноҳия ва мамлакат гардонида мешуданд.

  Қурбоналӣ Партоев дар муддати солҳои 2004–2008 дар шуъбаи картошкапарварии ИИИ "Боғпарвар" вазифаи ходими калони илмиро ба зимма дошт. Аз соли 2009 то ба ҳол ба ҳайси ходими калон ва сарходими илмии Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон корҳои илмию пажӯҳиширо дар бахши омӯхтан ва ба даст овардани навъҳои нави картошка идома дода медиҳад.

Иайи солҳои 2012–2014 ӯ мудири шуъбаи "Захираҳои гербария" ва озмоишгоҳи ботаникию кӯҳии «Кондар»-и Пажӯҳишгоҳи ботаника, физиология ва генетикаи рустании Академияи миллии илмҳои Тоҷикистонро ба зимма дошт. Ӯ дар баробар бурдани корҳои илмӣ дар навиштан ва чопи китобҳои зарурӣ барои донишҷӯён ва деҳқонон дар бахши кишоварзӣ кӯшишу талош ба харҷ додааст. Алалхусус, ӯ бо ҳамроҳии ҳамкасбон ва шогирдонаш солҳои 1988–2011 китобҳои “Дастури картошкапарвар” (соли 1988), “Дастури фермер” (соли 2004), “Ҷомеаи шаҳрвандӣ ва омилҳои тараққиёти он” (соли 2004), “Дастурҳо оид ба рушди пахтакорӣ” (соли 2005), “Дастур барои деҳқонон” (соли 2006), “Реформа в аграрном секторе Республики Таджикистан (соли 2006), “Дастурҳо оид ба парвариш ва тухмипарварии зироатҳои сабзавотӣ, картошка ва полезиҳо” (соли 2007), “Дастурҳо барои кишоварзон» (соли 2008), “Феҳристи зироатҳои кишоварзӣ” (соли 2008), "Роҳҳои афзоиши дарахтони мевадиҳанда ва бунёди боғҳои модарӣ"(соли 2010), “Донишҳои мардумӣ ва рушди кишоварзӣ" (соли 2010) , "Гуногунии агробиологии Тоҷикистон" (соли 2010), “Тағирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ ба он” (соли 2010), “Парвариши картошка дар мавзеъҳои кӯҳии Тоҷикистон” (соли 2010), “Дургакунии картошка дар шароити Тоҷикистон (соли 2010, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), “Гуногунии агробиологӣ ва донишҳои мардумиро дар кишоварзӣ бояд ҳифз намуд” (соли 2011, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), инчунин, атласи рангаи зироатҳои кишоварзии “Гуногунии агробиологӣ–ғизо, захира ва бойигарӣ (соли 2011, ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ), “Селекция и семеноводства картофеля в условиях Таджикистана” (соли 2013), “Картошка ва парвариши он дар Тоҷикистон” (соли 2014), “Топинамбур–зироати самаранок” (соли 2014), “Агробиология, селексия ва тухмипарварии картошка–Solanum tuberosum L” (соли 2015), “Топинамбур (Helianthus tuberosus L.) ва аҳаммияти он дар кишоварзӣ” (соли 2015, “Канаск” (соли 2017), “Сарихосор” (соли 2018), “Маҳсулнокии топинамбур дар водиҳои Ҳисору Рашт” (соли 2019), “Камароб” (соли 2020), “Нишонаҳои морфологии топинамбур дар водиҳои Кӯлобу Ҳисор” (соли 2020), “Гуногунии агробиологии Помир”–(соли 2021) ва ғайраро навишта, дастраси деҳқонон ва хонандагон гардонидааст. Дар маҷмуъ, вай то имрӯз тавонистааст, ки бештар аз 700 тавсиянома, мақола, китобҳоро дар бахшҳои кишоварзӣ, гуногунии агробиологӣ, донишҳои мардумӣ ва ғайра таълиф намояд. Дар натиҷаи гузаронидани ин корҳои илмии селексионӣ ба ӯ ва ҳамкоронаш муяссар гардид, ки бештар аз 50 номгӯйи дурагаҳои ояндадори картошкаро ба даст оранд, ки онҳо ҳоло зери таҳқиқу омӯзиш қарор доранд.

  Ҳоло устод Қурбоналӣ Партоев бо ҳамроҳии ҳамкорон ва шогирдонаш тавонистанд, ки коллексияи навъҳои картошкаро дар мамлакат ба бештар аз 150 номгӯй, гандумро ба бештар аз 100 номгӯй ва топинамбурро ба 25 номгӯй расонид, барои минбаъд онҳоро дар корҳои селексионӣ ва тухмипарварии ватанӣ истифода бурдан, заминаи хуби илмӣ муҳайё сохтаанд.

  Олими кишоварзшинос доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоев барои омӯзиш ва иваз намудани таҷрибаҳои илмӣ ба мамлакатҳои Ҳолланд (1989), Чин (2005, 2010, 2012, 2014), Олмон (2006), Ӯзбекистон (2006, 2008, 2009, 2012; 2018), Гурҷистон (2006, 2009), Ҳиндустон (2007, 2008, 2009), Туркия (2009, 2011, 2012), Перу (2010), Афғонистон (2010; 2014), Россия (2005, 2007, 2009, 2011, 2012, 2013, 2015; 2018), Озарбойҷон–2011, Қазоқистон (2008, 2010, 2012, 2016), Қирғизистон (2008, 2011), Италия (2012), Корея (2013), Венгрия (2016) ва ба Украина, Эстония ва Молдова сафарҳои хизматӣ намуда, таассуроташро аз ин сафарҳо ва роҳҳо ҷорӣ намудани таҷрибаи пешқадами ин мамлакатҳо дар бахши кишоварзии мамлакатамон ба воситаи васоити ахбори омма тарғиб намудааст.

  Хизматҳои илмию амалии ба даст овардаи олими варзида Қурбоналӣ Партоевро ба инобат гирифта, Президиуми Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон уро дар солҳои 2013, 2015 ва 2017 бо “Ифтихорнома”-и Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон сарвароз гардонидааст.

  Вай муаллифи ҳашт навъи нави картошка, ба монанди “Зарина”, “Дӯстӣ”, ”Файзобод”, “Тоҷикистон”, “Рашт”, “АН–1”, “Сурхоб”, “Нилуфар”, “Файзи Истиқлол”, як навъи нави топинамбур бо номи “Сарват”, ду навъи гандум бо номҳои “Хатлон” ва “Бахти Истиқлол” ва як навъи сулӣ бо номи “Назар” мебошад.

  Устод Қурбоналӣ Партоев дар соли 2013 дар шаҳри Қазони Федератсияи Русия рисолаи докториашро дар мавзуи "Хусусиятҳои селексия ва тахмипарварии картошка дар минтақаи кӯҳии Тоҷикистон” (“Особенности селекции и семеноводства картофеля в горной зоне Таджикистана") бомувафаққият ҳимоя намуда, ба дарёфти унвони доктори илмҳои кишоварзӣ сазовор гардид. Соли 2016 ӯ рутбаи илмии узви вобаста ва профессори Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Русия, соли 2021 унвонҳои “Аълочии маориф ва илми Тоҷикистон” ва “Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ро соҳиб гардид. Инчунин, дар соли 2019 Қурбоналӣ Партоев ғолиби озмуни “Беҳтарин ихтироъкори Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва соли 2021 барандаи озмуни “Беҳтарин олими соҳаи кишоварзии вилояти Хатлон” дониста шуд.

Устод Қурбоналӣ Партоев дар тарбия ва тайёр намудани шогирдони ҷавон низ ба комёбиҳо ноил гаштааст. Зери роҳбарии ӯ чунин шогирдони лаёқатмандаш, ба монанди Сайфидин Садридинов (рисолаи докторӣ), Наврӯз Сайдалиев, Низомиддин Каримов, Мавлон Қурбонов, Иматбек Нихмонов, рисолаҳои номзадиашонро ҳимоя намуданд. Дигар шогирдони устод Қурбоналӣ Партоев, ба монанди Маҳмадалӣ Сафармади Мирзоалӣ, Қурбоной Резмонова, Бахтовар Сатторов рисолаҳои номзадиашонро барои ҳимоя таҳия ва омода карда истодаанд.

  Устод Қурбоналӣ Партоев ба ғайр аз донишманди варзидаи риштаи кишоварзӣ буданаш, қобилияти шоирӣ ва қаламкашӣ дорад. Чакидаҳои хомаи ӯ мунтазам дар рӯзномаву маҷаллаҳои кишварамон ба табъ мерасад.

  Инак, Қурбоналӣ Партоев ба синни мубораки камолот қадам гузоштанд. Устоди гиромиро ба муносибати зодрӯз ва ҷашни ҳафтодсолагияшон аз самими қалб табрику муборакбод менамоем ва мегӯем.

Сабти номи хештан дар санги хоро шарт нест,

Зинда он номе, ки дар дилҳои мардум ҷо гирифт.

  Устод Қурбоналӣ Партоев бо фазилатҳои волои худ дар дилу дидаи мардуми кишварамон маъво гирифтааст.

  Оре, дар ин маврид шоир беҳуда нафармудааст:

Ҳар ки бо меҳру вафо бар халқ хизмат мекунад,

Номи худро сархатти девони миллат мекунад.

Қиёмиддин Сатторӣ
Хондан 623 маротиба