JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 18 Январи 2023 04:42

Яъқуби Лайс кӣ буд? (Ёде аз шахсияти матраҳи сиёсати асримиёнагии миллӣ Яъқуби Лайси Саффорӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

   Миллати тоҷик дар марҳилаи навини давлатсозии миллӣ қарор дорад ва дар ин замина насли ояндасози миллат – ҷавонон вазифадоранд, ки меросу арзишҳо ва таърихи миллатро донанд ва дар таблиғу ташвиқи чеҳраҳои мондагори миллӣ саҳми сазовор бигиранд. Яке аз василаҳои муассири таҳкими ҳувияти қавмӣ ва боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносии миллӣ шинохтану муаррифии симоҳои сиёсию давлатии миллат аст. Дар сархатти феҳристи давлатмардони асримиёнагии миллӣ Яъқуб бини Лайси Саффорӣ қарор дорад, ки шинохт ва муаррифии шоистаи ӯ вазифа ва рисолати насли зиёиёни миллист.

    Маълум аст, ки дудмони Саффориён (873-900) дар маркази Систон (байни Афғонистон ва Эрони имрӯза) миёни солҳои 873-900 ҳукумат карда, шаҳрҳои Заранҷ ва Нишопур дар мақоми пойтахти хонадони Саффорӣ хидмат намудаанд. Бародарон Яъқуб бини Лайс ва Амр бини Лайс ҳукуматдорони давлати Саффориён дар Хуросон будаанд. Сулолаи Саффорӣ баъд аз заволи давлати Тоҳириён дар соли 873 сари қудрат омадааст. Аз чеҳраҳои калидии давлати Саффорӣ Яъқуб бини Лайс аст.

    Яъқуби Лайси Саффорӣ (Лайс ба маънои шер) аз деҳе ба номи Қарнини Сиҷистон (Систон) буда, бо се бародар -- Амру, Тоҳир ва Алӣ шуғли руйгарӣ (мисгарӣ) доштанд. Яъқуб пас аз чанде аз деҳаи Қарнин ба шаҳри Систон, яъне Заранҷ омад ва чун  ҷавонмард ва баззол (бисёр сахӣ, дасткушод ва ҷавонмард)  буд, аз ҳамон овони ҷавонӣ ҳар чи меёфт, бо ёрон ва ҳамшаҳриёни худ тақсим мекард ва дар иваз дили эшонро бо худ гарм менамуд. Бар илова, фаҳму ҳуши саршор ва ҳиммати баланд нагузошт, ки Яъқуб дар шуғли руйгарӣ (мисгарӣ) бимонад ва бо ин ҳирфа умр сипарӣ кунад. Ба ҳамин сабаб, бо ёроне, ки аз ҷавонӣ ба даст оварда буд, гурӯҳе созмон дода, ба атрофу акноф лашкаркашӣ мекард. Вале дар лашкаркашиҳо ҳам аз сари инсоф бурун намерафт ва ҷавонмардиро аз даст намедод (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.171).

   Ҳамин тариқ, Яъқуб бо ҷонибдории ҳамроҳон ва махсусан, ташаббусу ибтикорот ва айёриву ҳунармандии фардӣ ба ҳукмронии шаҳри Буст даст ёфт ва соли 861 ҳокими ҳақиқии Систон гардид. Минбаъд ӯ Кобулу Синд, Ҳироту Бушанг (соли 867), Кирмону Форс (соли 869)-ро ба тасарруфи худ даровард. Соли 871 халифа Муътамид (870-892) Яъқубро волии Балх ва Тахористон таъйин кард. Халифа умед дошт, ки Тоҳириён (821-873) ва Саффориён (873-900) бо ҳам даргир шуда, боиси заъфу инҳитоти ҳамдигар мегарданд ва ҳукумати ӯ боқӣ мемонад. Аммо бар хилофи интизороти халифа, Яъқуб хеле пешрафт мекунад ва дар ин замина миёни халифа ва Яъқуб як навъ даъвиҳо, гумагӯҳои сиёсӣ ва ихтилофоти мафкуравӣ иттифоқ меафтад. Ба ин далел, халифа дар соли 871 маҷбур мешавад, ки расман идораи Хуросон, Табаристон, Ҷурҷон, Рай ва Форсро ба Яъқуб супорад (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. -Душанбе: Ирфон, 1989. С.23).     Чун Яъқуб марде оғушта бо ғурури миллӣ буд, рӯйирост алайҳи халифа мешӯрад. Дар ин замина, соли 876 миёни халифа ва Яъқуб низоъи ошкор ба вуқуъ пайваст ва дар натиҷа Яъқуб ба Бағдод лашкар кашид. Бо он ки Яъқуб дар ин лашкаркашӣ зафар наёфт ва шикас хурд, аз раъяш пас нагашт ва то дами марг мавқеи зиддихалифаӣ ва зиддиаҷнабиро тарк накард. Яъқуб бар асари ғурур ва худкифойӣ дар набард бо халифа аз шӯришиёни қиёми Зангиён (ғуломони занҷӣ ё зангӣ), ки онро Алӣ ибни Муҳаммади Бурқаӣ раҳбарӣ мекард, кумак нахост. Яъқуб охируламр умр вафо накард, ки дигарбора алайҳи халифа лашкар бикашад ва Бағдодро тасхир созад. Мунтаҳо, ӯ дар соли 879 аз дунё чашм пӯшид.

   Дар бораи Яъқуб бини Лайси Саффорӣ нақлу ривоёти зиёде гирдоварӣ шудааст, ки ҳамагӣ аз ворастагӣ, ғурурмандӣ, зиракӣ, доноӣ, ҳушёрӣ ва ҷасорати фавқулодаи ҳарбӣ-низомии ӯ ҳикоят мекунанд. Аз ҷумла, муаррихон тазаккур медиҳанд, ки Яъқуб ба лашкару сипоҳ аҳаммияти фавқулода медод ва сипоҳии асилро ҳамеша эҳтиром менамуд. Бар тахти чӯбин менишаст ва сипоҳиёнро назорат мекард, ки камбуду навоқисе дар кори сипоҳ набошад. Ба он дараҷа миёни сипоҳ ва лашкар эҳтиром дошт, ки ҳеҷ кадом аз лашкариён ҷуръати даст задан ба амволи мардум ва зулму тааддиро надоштанд. Шахсан, худаш аз аҳволи сипоҳ хабар мегирифт ва нафаронеро, ки барои адои хидмат дар сипоҳу лашкар меомаданд, шахсан  мепазируфт. Дигар ин ки нафаронеро, ки ба умури давлатӣ ва сиёсӣ мепазируфт, аввалтар аз ҳама, аз онҳо ҳунари тирандозӣ, аспдавонию саворӣ, ҷангозмоӣ ва паҳлавониро талаб мекард. Дар дарбори халифаи Бағдод ба сатҳе нуфуз доштааст, ки муддати ҳафт сол бо амри халифа ба номи Яъқуб дар Макка ва Мадина хутба мехонданд ва шуҳрати ӯ дар замонаш дар мамолики атроф то ҷое будааст, ки ӯро “маликуддунё” ва “соҳибқирон” мегуфтанд (ниг.: Пирниё, Ҳасан, Оштиёнӣ, Иқбол. Таърихи Ирон: аз оғоз то поёни давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Самир, 1384. С.535). 

   Яъқуб марди ҷасур ва дар айни замон хеле хоксор будааст. Ба ғайр аз рӯзҳои пазириш ва ташрифоти дарборӣ, дигар ҳама вақт либоси одӣ мепӯшид, палосу қолинро хуш надошт, ҳангоми хоб ба ҷойи болишт таги сар сипар мегузошту мехобид (ниг.: Неъматов Нӯъмон. Давлати Сомониён: тоҷикон дар асрҳои 1Х – Х. Душанбе: Ирфон, 1989. С.23  24).

   Вақте ки дувумбора Яъқуб азми ҳаракат ба Бағдодро мекунад, халифа дар ҳарос меафтад ва расуле  мефиристад, то ин ки Яъқубро ба мадорову созиш биоварад ва як дараҷа оромаш бикунад. Расул номаи халифаро ба ин мазмун ба Яъқуб мерасонад, ки мо (манзур халифа ва лашкари хилофат аст) ба ҳукми худованд бар ту пирӯз гардидем ва аз гуноҳат гузаштем. Ва туро ба аморати Хуросону Форс мегуморем. Яъқуб  амр дод, то қадре нони хушк, моҳӣ, тара (сабзиҳои хурданӣ мисли каду ва амсоли инҳо) ва пиёз бар табақи чӯбин ниҳода пеш оварданд. Расули халифаро гуфт: “Ба махдуми худ бигӯ: Ман руйгарзодаам (мисгарам) ва аз падарам руйгарӣ омӯхта, хуроки ман нони ҷавин ва пиёзу моҳиву тара буда ва ин давлату шавкат, ки мебинӣ, аз роҳи диловарӣ ва шермардӣ ба даст овардаам, на аз мероси падар ва неъмати ту. То хонадонат барнаяндозам, аз пой нашинам. Агар мурдам, аз ҷониби ман хоҳӣ осуд, агар мондам, сару корат бо ин шамшер аст ва агар мағлуб шудам, ба Систон бозмегардам ва ба ин нони хушку пиёз бақияи умрро ба анҷом мерасонам “. Расули халифа ба Бағдод баргашт, ки пайғомми Яъқубро бигзорад, лекин қабл аз вусули ӯ хабари марги амири диловари Систонӣ расид (ниг.: Оштиёнӣ, Иқбол, Оқилӣ, Боқир. Таърихи Ирон пас аз ислом: аз садри ислом то инқирози Қоҷория ва давраи паҳлавӣ. Теҳрон: Нашри Номак, 1378. С.179). Аз ин иқтибос чӣ гуна раҳбари сиёсӣ ва шахсияти низомӣ будани Яъқуб пеши назар меояд.

    Яъқуб ҳанӯз айёми аввали диловарӣ ва айёрӣ, ки хеле ҷавон буд, бар он ишора мекард, ки ватанамон Систонро бояд обод кунем, аз дасти хавориҷ наҷот бахшем ва нагузорем, ки он ба харобазор табдил ёбад. Ин навъ ибтикорот ва масъулияту рисолатмадории Яъқуб ӯро миёни дигар амрону шоҳони миллӣ мақому эътибори баланд ато кардааст. Ин аст, ки Яъқуб бини Лайси Саффорӣ на танҳо як симои миллӣ, балки чеҳраи маъруфи сиёсӣ ва давлатии  мост, ки бо ҷасорат, қудрат, ҳиммат, ҳамият, ғурур ва шукӯҳи миллӣ сари қудрат омад, бо бегонагон дасту панҷа нарм кард, дар баробари бегонапарастон аз миллат ва миллият дифоъ намуд ва то вопасин нафас аз аҳди хеш  --  хидмат ва Ватан ва Меҳан бознагашт. Аз чунин мардони сиёсию давлатӣ ва низомию миллӣ бояд омӯхт ва таҷриба ғанӣ сохт.

   Ёди чунин мардони ҷуръатманду бошарафи миллат гиромӣ бод!

 

   Нозим Нурзода

   пажӯҳишгар

Бознашр аз ҳафтаномаи “Самак” (ниг.: //Самак, №1 (583), 12 январи соли 2023. С.4)

 

Хондан 777 маротиба