Аслан фалсафаи сиёсӣ, ки маҷмӯи назарияҳо, мафҳумҳо, ғояҳоро дар бар мегирад, яке аз ҳадафҳо ва вазифаи худро дар маънидод, шарҳу эзоҳ намудани як низоми муайяни сиёсӣ мебинад. Дар баробари ин рисолати фалсафаи сиёсӣ аз он иборат аст, ки самти асосии инкишофи сиёсиро дар дилхоҳ ҷомеа арзёбӣ намояд. Аз ин нуктаи назар мо, агар фаъолияти файласуфи назарияшинос аз нишон додани ҳадафҳои олии давлат иборат бошад , пас вазифаи сиёсатмадори амалкунанда аз дарёфти восита ва абзор барои расидан ин ҳадафҳои олӣ ташаккул ёфтаанд. Ба ҳамин хотир, фалсафаи сиёсӣ бунёди ахлоқӣ-маънавии низоми мавҷудаи сиёсиро дар давлати соҳибистиқлол ташкил медиҳад.
Дар асарҳои илмии худ С.Шарипов ба нақши аҳли зиё ва равшанфикрон дар рушди миллати тоҷик аҳамияти аввалиндараҷа дода, ҳамеша аз онҳо даъват ба амал меовард, то дар таҳкими сулҳу субот ва ҳифзи истиқлоли кишвар пешқадам бошанд. Ӯ вазифаи зиёии точикро дар он медид, ки онҳо бояд барои аз ҷониби ҷомеа дарк намудани манфиатҳои миллии тоҷикон ва ҳифзи мақоми миллати мо дар арсаи байналмилалӣ мусоидат намоянд. Ба ақидаи С.Шарипов зиёии точик бояд таҷассумгари идеяҳои миллӣ, инъикосгари манфиатҳои ҳақиқии мардум ва авангарди маънавии халқ бошад.
Имрӯз таҷрибаи рӯзгор гувоҳ медиҳад, ки иттиҳоди аҳли зиё ва фидокории комили онҳо як омили калидӣ барои иттиҳоди кулли қишрҳои ҷомеаи тоҷик шуда метавонад ва бо ин васила иродаи халқро баҳри ободии Ватан ба маҷрои ягона ва дуруст равона месозад.
Дар таҳқиқоти худ Суҳроб Ибронович ояндаи Тоҷикистонро дар робита дар Ваҳдат арзёбӣ намудааст.Ӯ ин ақида худро дар мақолааш,ки моҳи октябри соли 1999 “Ояндаи Тоҷикистон -дар ваҳдат аст”, ки бо забони русӣ дар рузномаи “Ҷунбиш ” ба нашр расида буд,иброз намудааст.
Дар ҳақиқат дар давраҳои муайяни рушди ҳар як миллат, аз муҳити он шахсиятҳое пойдо мешаванд, ки бо афкору пешбиниҳои худ ба интихоби стратегия рушди давлат ва берун аз таъсири худро мегузоранд.
Масалан дар давраи Эҳё дар Аврупо маҳз намояндагони фалсафаи сиёсӣ барои тараққиети ин минтақа ва раҳоиион аз ҷаҳолат бо назару диди нави худ мусодидат намуданд. Давраи Эҳё дар Аврупо по озодии давлатҳову мардуми он аз ҳукмронии догмаҳои динӣ ва руҳониён, яъне бо эъмори давлати дунявӣ иртибот дошт. Тасаввуроти динии олам, ки аз ҷониби руҳониени ҷаҳолатпараст аврупои тарғибу ташвиқ мегардид, дигар ниёзи иҷтимову иқтисодӣ ва маъанвию сиёсии мардуми Аврупоро қонеъ намекард. Барои шарҳ додани равандҳои ҷамъиятӣ-сиёсӣ дар Аврупои давраи Эҳё заминаи нави фалсафии назариявӣ лозим буд. Яъне минбаъд ғояҳои дин меҳвари калисои насронӣ табақаи нави таҳсилкардаи зиёӣ ва равшанфикронро дар ҷомеаҳои аврупоӣ қонеъ карда наметавонист. Афзоиши худшиносии миллӣ дар зеҳни миллатҳои мухталифи Аврупо ба пайдоиши давлатҳои соҳибистиқлол бо низоми муттамаркази мудирият мусоидат намуд. Ба ин хотир қисми зиёди афкори фалсафӣ-сиёсии он давра ба ташаккули давлатҳои миллӣ ва дунявӣ бахшида шуда буданд.
Мутаффакирони асосии фалсафаи сиёсӣ ва иҷтимоии давраи Эҳё дар Аврупо Никколо Макиавелли, Жан Боден мебошанд. Онҳо ба афкори нави худ, ки моҳияти тараққихоҳ дошт ба ташаккули аввалин давлатҳои дунявӣ дар олами Ғарб асос гузошт. Агар ба таърихи рушди фалсафаи сиёсӣ-иҷтимоӣ назар афканем, хоҳем дид, ки маҳз афкори асосгузорони фалсафаи сиёсӣ ба мисли Н.Макиавелли ба рушди назарияи мудирияти давлат дар ҷаҳон таъсири амиқ расонида аст. Яъне нақши як равшанфикр, як тараққихоҳ дар рушду тараққии ҷомеаи дигаргушаванда хеле зиёд аст. Суҳроб Шарипов ба назари мо ҳамин гуна шахси тараққихоҳ ва равшанификр буд. Хусусан дар давраи баъд аз низоъ дар Тоҷикистон у кӯшиш кард, ки ба раванди таъмини сулҳу субот, бартараф намудани оқибатҳои ҷанги шаҳрвандӣ бо нашри мақолаҳои илмӣ саҳми худро гузорад.
Дар ин қарина таъкид намуда ҷоиз аст, Шарипов Суњроб Ибронович аз аввалин олимони замони соҳибистқлолии Тоҷикистон мебошад, ки ғояи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро оид ба эъмори давлати миллии дунявии тоҷикон дастгирӣ ва пайравӣ намудааст. Мақолаҳои воқеънигоронаи Суҳроб Шарипов ки дар солҳои 1998-2011 эҷод гашта буданд, асосан ба ифшои нақшаҳои бадғарази тарафдорони давлати динмеҳвар ва идеологияи зиддитоҷикии онҳо, инчунин нишон додани бартарияти давлати дунявӣ бахшида шудаанд. Чунончи дар як мақолаи худ “Тоҷикистон набояд давлати динмеҳвар шавад” ӯ чунин менависад : “аз ин рӯ, мо бар ин назаре ҳастем, ки низоми давлати дунявии мо муҳимтарин омили мавҷудияти миллату давлати тоҷикон аст. Тоҷикистон танҳо ба ҳайси давлати дунявӣ мавриди таваҷҷӯҳи кишварҳои минтақа ва кишварҳои ҷаҳон боқӣ хоҳад буд. Низоми дунявии Тоҷикистон ба мо имкон медиҳад, ки имрӯз омили ҳамгироии тамоми тоҷикон ва мардуми тоҷикзабон бошем. Чунин одамон дар ҷахон даҳҳо миллион нафаранд” [Шарипов С.И. Политические процессы в таджикском обществе(сборник статьей 1998-2011): Душанбе.-2011.- С.340].
Суҳроб Шарипов ҳамчун яке аз аввалин шогирдони мактаби давлатдории муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо афкори тараққихоҳӣ худ дар таҳкими рукнҳои сиёсӣ ва иҷтимоии давлати миллии дунявӣ саҳми арзанда гузошта аст. Ӯ ба мисли миллионҳо шаҳрвандони тоҷик ба афкору ақидаҳои созандаи Пешвои миллат эътиқоду боварии комил дошт. Чунончи Шарипов Суҳроб Ибронович ҳанӯз соли 2000, яъне 23 сол муқаддам дар як интишороти худ менависад, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти демократикунонии ҷомеаи тоҷик “корҳои зиёдеро анҷом дода истодааст... ва аз ин рӯ вазифаи сохторҳои маҳаллии ҳокимият аз он иборат аст, ки барои шаҳрвандони оддӣ шароиту имконият фароҳам оваранд, то ин ки онҳо ба субъектҳои фаъоли раванди демократикунонии мамлакат мубаддал гарданд... яъне ҳадафмандии сиёсӣ ва эътимоди роҳбари давлат Э.Ш.Раҳмонов дар мавриди он, ки ояндаи Тоҷикистон танҳо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ аст , бояд дар меҳвари зеҳну андешаи кулли сокинони ҷумҳурӣ қарор гирад” [Шарипов С.И. Политические процессы в таджикском обществе(сборник статьей 1998-2011): Душанбе.-2011.- С.132].
Ба ғайр аз он, ки Суҳроб Шарипов бо таҳлилу арзёбии масоили дохилии кишвар машғул буд, боз ӯ ҳамчун таҳлилгари масоили муносибатҳои байналмилалӣ низ ном бароварда буд. Як қисми муҳими интишороти С.Шарипов ба баррасии масоили таъмини амнияти Осиёи Марказӣ, ҳамгироии минтақа ва муқовимат ба таҳдидҳои байналмилалӣ бахшида шудаанд. Дар ин радиф бархурди манфиатҳои геополитикии абарқудратҳо дар Осиёи Марказӣ ва таъсири он ба вазъи дохиливу хориҷии минтақа яке аз самтҳои муҳими пажӯҳишҳои ӯро ташкил медиҳанд. Ӯ дар суханрониҳои илмии худ дар конфронсҳои байналмилалӣ пайваста таъкид менамуд,ки Осиёи Марказӣ имрӯз минтақаест, ки таваҷҷуҳи на танҳо бозигарони бузурги геополитикӣ, балки кишварҳои мухталифи ҷаҳон ва ташкилотҳои террористӣ ва экстремистиро низ ба худ ҷалб мекунад.
Ба ақидаи Суҳроб Шарипов Осиёи Марказӣ минтақаест, ки пайваста дар таҳаввулот қарор дорад. Агар қаблан, пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ҷомеи ҷаҳонӣ онро ҳамчун организми ягона қабул карда бошад, баъдан Осиёи Марказӣ як маҷмааи дорои муносибатҳои гуногуну мураккаб арзёбӣ гардидааст .
Суҳроб Шарипов ҳамчун геополитики дурбин мутмаин буд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ, пас аз даст овардани истиқолол бо чанд мушкилот дучор омаданд. Нахуст онҳо бояд на танҳо ба муқовимат бо экстремизми динӣ-сиёсӣ ва терроризми байналмилалии дорои ангезаи динӣ таваҷҷуҳи махсус менамуданд , балки инчунин ба таҳаввулоти манфиатҳои бозигарони асосии геополитикии ҷаҳонӣ ва минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ бодиққат бояд назорат намоянд. Ба ақидаи ӯ хавф аз он иборат буд, ки бархурди манфиатҳо ва зиддиятҳои субъектҳои геополитикии байналмилалӣ дар шароитҳои муайяну мушаххас метавонанд ба суботи минтақа мо таъсири манфӣ расонанд.
Чуноне, ки мебинем, имрӯз пешбиниҳои Суҳроб Шарипов оид ба сенарияҳои инкишофи вазъият дар Осиёи Марказӣ ва таҳаввулот дар муносибатҳои байналмилалӣ дар минтақиа пурра амалӣ шудаанд. Кишварҳои Осиёи Марказӣ алъон дар қаринаи ҷаҳони сеқутба дар меҳвари таваҷҷӯҳи давлатҳои абарқудрат ва бархурди шадиди онҳо барои таъмини манфиатҳои миллиашон дар минтақаи мо боқӣ монданд. Аз тарафи дигар таҳдидҳо аз ҷониби гурӯҳҳои байналмилалии террористӣ ва экстремистии динӣ-сиёсӣ дар минтақа кам нашуда, балки дар иртибот бо Афғонистони имрӯза ба худ сифати нав касб кардаанд.
Ҳамин тариқ, шодравон Шарипов Суҳроб Ибронович дар давоми ҳаёти пурбаракати худ ҳамчун муҳаққиқ, сиёсатмадор ва фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ барои рушду нумъи ниҳодҳои демократӣ дар Тоҷикистон саҳми назарраси худро расонидааст. Дар мавриди Суҳроб Шарипов ҳамчунин гуфтан ҷоиз аст,ки аз ӯ барои миллат на танҳо мероси ғани илмӣ, балки номи нек ҳам боқӣ монд. Зиндаву ҷовид монд, ҳар ки накӯном зист!
Ҳайдаров Рустам
доктори илмҳои фалсафа