JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 20 Январи 2023 15:07

Садоқату ҷасорат мароми зиндагиаш буд

Муаллиф: Рустам ҲАЙДАРОВ
  Дар бораи фаъолияти олими муътабар Суҳроб Шарипов бисёр навиштаанд. Зеро номбурда дар дилхоҳ мақоме, ки фаъолият дошт, худро шахси ботаҳаммулу кордон, далеру нотарс нишон дода буд. Ӯ баробари ба омӯхтани таърихи гузаштаи халқи худ машғул будан, роҳу равиши фаъолиятро бо назардош­ти пешрафти ҷомеа ҷустуҷӯ мекард. Сохти нави ҷамъиятӣ ва воқеияти солҳои 90-уми асри ХХ нишон дод, ки кишварамон вобаста ба Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд маҷрои нав дошта бошад ва тамоми санаду меъёрҳои ҳуқуқӣ дар асоси он таҳия шавад.
Кӯшишу ғайрати Суҳроб Шарипов ба ӯ имкон дод, ки дар такмилу таҳияи ин раванд саҳми арзанда гузорад. Номбурда аз аввалин рӯзҳои ба сиёсат қадам мондан пайрав ва ёвари Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд. Мунтазам таъкид ва талқин менамуд, ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсатмадори навовару боҷуръат мебошанд, шахсияте ҳастанд, ки барояшон манфиатҳои Ватану миллату давлат аз ҳама чиз муқаддас аст.
- Пас вазифаи ҷонии мо он аст, ки дар атрофи Роҳбари мамлакат муттаҳид бошем. Фақат муттаҳидӣ, ягонагӣ, ҳиссиёти баланди миллӣ доштан ва аз як гиребон сар баровардан мамлакати моро обод мекунад, — таъкид мекард қаҳрамони матлаб.
Ин сиёсатмадор роҳи ягонаи ба истиқлолияти комили миллӣ расиданро дар тарғибу ташвиқи ғояҳои ваҳдати миллӣ медонист. Таъкид мекард, ки ин падида бояд то ҳадде тарғибу ташвиқ карда шавад, ки дар дилу дида ва мафкураи на танҳо равшанфикрону зиёиёни миллат чун мафҳумҳои Модар, Ватан ҷой гирад, балки ҳар фарди тоҷик ин истилоҳро муқаддас шуморад. Суҳроб Шарипов на танҳо сиёсатмадори варзида, роҳбари корозмуда, балки донишманди хуб ҳам буд. Ба қалами ӯ китобҳои зиёд ва садҳо мақолаи илмӣ тааллуқ дорад.
Аз табори бузургон буда, соли 1963 дар хонаводаи олими машҳури тоҷик, доктори илмҳои фалсафа, профессор Иброн Шарипов таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби миёнаи №77-и шаҳри Душанбе ба факултети фалсафаи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил мешавад. Донишгоҳи мазкурро соли 1988 хатм карда, дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳамчун устод ба кор қабул гардид. Соли 1990 боз ба аспирантураи Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дохил шуда, соли 1994 рисолаи илмиро дар мавзӯи «Ҳад ва имкониятҳои озодӣ дар риштаи сиёсатшиносӣ» бомуваффақият ҳимоя намуд. То соли 1998 дар ҳамин донишгоҳ ба сифати корманди илмӣ кор кардааст.
Охири солҳои 80-ум ва аввали солҳои 90-уми асри гузашта ҳамроҳи И. Сатторов, ҳоло сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеративии Германия, Р. Сафаров — эроншиноси маъруфи тоҷики муқими Федератсияи Россия, Х. Муҳаб­батов — олим, муқими Москва, П. Муллоҷонов — сиёсатшиноси тоҷик ва дигарон нахустин созмони фарҳангии тоҷикон дар Федератсияи Россия «Суғдиён»-ро таъсис дода буданд. Онҳо дар ҳаёти иҷтимоии Федератсияи Россия ва ҳифзу муаррифии фарҳанги тоҷикон барои ҷаҳониён корҳои назаррасро анҷом доданд. Соли 1998 дар ҳаёти ӯ саҳифаи нав боз шуд. Ба Ватан баргашта, дар Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мудири шуъбаи сиёсати дохилӣ ба фаъолият шурӯъ намуд.
Мавсуф чун олим, сиёсатшинос ва ватандӯст камол меёфт. Мақолаҳои рӯзмарраву мубрам ва нишонрасу ҳадафманди вай дар ҷомеа ҳамаҷониба дастгирӣ меёфтанд. Сабк, тарзи ифодаи фикр, хулосаронию натиҷагирӣ ва бардошти номбурда аз рӯйдодҳои ҷомеа аз андешаи дигарон фарқ мекарданд. Ба ибораи дигар дили номбурда бо забонаш як буда, алфозаш аз садоқату ҷасорат маншаъ гирифта буд. Номбурда яке аз коршиносони варзида ва таҳлилгари Созмони ҳамкории Шанхай маҳсуб меёфт. Дар байни олимон ва коршиносони Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Ӯзбекис­тон, Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҳиндустон, Муғулистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Туркманистон, Туркия ва ғайра аз обрӯю эътибори хос бархӯрдор буд. Мақола ва таҳлилҳои илмию ояндабинии вай дар ИМА, Франсия, Ҷумҳурии Федеративии Германия, Полша, Австрия, сохторҳои таҳлилии СММ, СААД, САҲА, Иттиҳоди Аврупо, ИДМ ва ғайра маълуманд. Чунин хислатҳои наҷибашро ба назар гирифта, ӯро муовини мудири шуъбаи иттилоотӣ-таҳлилии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва роҳбари бахши таҳлилӣ таъин карданд. Баъдан ӯ ба ҳайси ёвари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ифои вазифа намуд.
Соли 2005 боз ба Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба кор баргашт, вале ин дафъа чун роҳбари ин ниҳоди бонуфузи таҳлилӣ — ояндабинӣ. Дар ин мақом истеъдоди роҳбарӣ ва сифатҳои дигари вай чун олим ва таҳлилгар хубтар намоён гардид ва эътибораш дар ҷомеа афзуд. Дар давраи роҳбарии вай маркази зикршуда ба ниҳоди бонуфузи таҳлили масоили муб­рами вобаста ба ҳаёти сиёсӣ — иҷтимоӣ ва иқтисодии Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, робитаҳои байналмилалии сатҳи ҷаҳонӣ ва ояндабинии равандҳои рушди ҷомеаи гуногун табдил ёфт. Сохторҳои бонуфузи таҳлилӣ ва илмии байналмилалӣ ба мазмуну моҳияти таҳлилу ояндабинии Маркази тадқиқоти стратегии наз­ди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳои баланд медоданд. Марказ як навъ ниҳоди илмӣ — тадқиқотӣ миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва Ҳукумат гардид. Мавсуф вазифаҳо ва ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишварро воқеъбинона ва боҷуръат таҳлилу арзёбӣ карда, шарҳу эзоҳ медод. Дар соли 2000 бо ибтикори вай дар Тоҷикис­тон нахустин Шӯрои илмии Комиссияи олии аттестатсионӣ дар наз­ди Вазорати маориф ва илми Федератсияи Россия оид ба ҳимояи рисолаҳои докторӣ дар илми сиёсатшиносӣ таъсис ёфт. Дар синни 37-солагиаш рисолаи илмиро ҳимоя карда, унвони доктори илмҳои сиёсатшиносиро гирифт. Ӯ даҳҳо шогирд, унвонҷӯ ва аспирантҳо аз Тоҷикистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Арманистон, Федератсияи Россияро тарбия карда, ба кори илмии онҳо роҳбарӣ намудааст. Дувоздаҳ нафар таҳти роҳбарии вай рисолаҳои номзади илм ва докториро ҳимоя кардаанд. Аз он ҷумла ҳафт унвонҷӯ ва аспирант рисолаҳои номзадии худро зери роҳбарии бевоситаи ӯ омода карда буданд. Муаллифи ду монография ва бештар аз 500 мақолаи илмӣ-таҳлилӣ ва иштирокчии конфронсҳои зиёди илмӣ-­амалии ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ буд. Устоди равоншод унвони профессориро дар синни 50-солагӣ соҳиб шуд. Солҳои охири умр вакили Маҷлиси намояндагон буд ва дар таҳияи санадҳои меъёрии ҳуқуқии зиёд саҳми бориз гузошт.
Мутаассифона, марги нобаҳангом Суҳроб Шариповро 19-уми январи соли 2015 дар синни панҷоҳу дусолагӣ, дар давраи камолоти умр, эҷодкорӣ, амалисозии нақшаҳое, ки метавонистанд ба манфиати давлату миллат бошанд, аз миёни мо бурд.
Ҳарчанд ҳашт сол боз Суҳроб Шарипов дар байни мо нест, вале хотираву кори некаш дар қалбҳои мардум боқист.

Рустам ҲАЙДАРОВ,
Хондан 790 маротиба