JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 24 Январи 2023 09:53

Зиҳӣ, марди хирадманду хирадсолори миллат!

Муаллиф:

(Паёми табрикӣ ба муносибати зодрӯзи дӯст ва бародари хирадманду хирадсолор, донишманди фарзонаву фарҳехта ва шахсияти миллатдӯсту меҳанпараст Назрӣ Асадзода)

 Дӯсти хирадманду хирадсолор, бародари азизу гиромиқадр, марди ростқавлу поквиҷдон ва шахсияти соҳибназару андешаманд,

Устод Назрӣ Асадзода,

 Шуморо ба муносибати 51-ум солгарди баҳори умратон табрику шодбош гуфта, ба Шумо ва дар шахсияти Шумо ба тамоми наздикону пайвандон сарбаландию саодатмандӣ ва хушвақтиву хушрӯзии ҳамешагиро таманно менамоем.

 Воқеан ҳам барои мо, дӯстону бародарон ва барои тамоми он афроде, ки Шуморо дуруст мешиносанду дақиқ дарк менамоянд, боиси ифтихор ва сарфарозист, ки ҷомеаи имрӯзи тоҷик чунин шахсияти донишманди ҳамафан, фарди сирф миллӣ ва рӯшангари имрӯзу фардои миллату меҳанро дорад. Ҳар гоҳ сухан дар бораи Шумо меравад, хаёлан фикр мекунем, ки дар рӯбарӯйи манзарае қарор дорем ва ин манзара ба сони бӯстони иборат аз ҳама анвои гул мебошад ва дар миёни анбӯҳи гулҳо гулеро шабеҳ ба Нилуфар мебинем (ва ин гул яқин образи Шумост). Ин мисли он аст, ки гулҳои дигар аз рӯйи қонуни фитрат нашъунамо мекунанд, вале гули Нилуфар аст, ки аз шахсияти худ огаҳӣ дорад ва ҳамвора мекӯшад, ки аз ҳама гуна олоишоти гирду атроф худро пок ва тоза нигоҳ дорад.

 Дӯсту бародари гиромӣ, Назрӣ Асадзода,

 Аз бозе ки ба марҳилаи огоҳӣ ва шинохт аз тариқи мушоҳидоту мутолеот расидед, дар самти бозшиносии уқдаҳои фикрӣ, муъзалоти равонию ҳувиятии ҷомеа ва бозсозии тафаккури миллӣ саъю талоши фаровон варзида, то имрӯз дар ин пайроҳаи мушкилписанди зиндагӣ бардамона гом бармедоред. Шахсияти миллӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи фарҳангу хиради аҷдодӣ ва илму дониши аврупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеоти бардавом, мушоҳидоту таҷриботи фаровон ва дидору мулоқот бо чеҳраҳои миллии хушном Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони сиёсӣ минҳайси як шахсияти матраҳи миллӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

 Фаъолият ва шуғли ҳамешагии Шумо мутолеот, ковиш ва ҷустор дар заминаи равон ва ҳувияти миллист ва бар мабнои донишу биниши илмӣ ба кашфу дарёфти истеъдодҳои нодири миллӣ мепардозед. Ҳар фарде, ки дидгоҳи миллӣ ва биниши фалсафӣ дорад, новобаста аз ҷойгоҳ ва мақоми иҷтимоӣ ва сиёсию маданӣ мавриди эҳтиром ва писанди Шумо қарор мегирад. Бавежа, ҷавононе, ки ғуруру ҳамияти миллӣ ва эҳтирому ифтихори самимӣ ба арзишҳои дерпойи марзбумию аҷдодӣ доранд (ва, мутаассифона, ин гуна ҷавонон дар ҷомеаи имрӯзи мо ангуштшуморанд), аз мадди назари Шумо дур намемонанд ва ҳатман ки ба масири рушду тавсеаи миллию меҳанӣ ҷалб карда мешаванд. Афзун бар ин, ҳар замоне ки бо нафаре дорои андеша ва дидгоҳи миллию фалсафӣ бармехуреду ба истилоҳ, сари як пиёла чой, дар атрофи масоили гуногун суҳбат меороед, мисли ин ки бозёфту кашфиёте карда бошед, ҳафтаҳою моҳҳоро бо хушнудию болидахотирӣ сипарӣ мекунед. Ба ростӣ, эй кош, соири андешамандону зиёиёни миллию ватанӣ мушаххасоти ҳувиятию ахлоқӣ ва шахсии мунҳасир ба фарди Шуморо медоштанд.

 Бидуни муболиға, Шумо ифтихори мо – ёру дӯстон ва ифтихори миллату меҳан ҳастед. Ватан ва миллат бо вуҷуду ҳузури Шумо барин шахсиятҳои матраҳи миллӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.

 Ҳарчанд наметавон, донишмандию соҳибназарӣ, хирадмандию хирадсолорӣ, фарзонагию фарҳехтагӣ, ғурури баланди миллатдӯстӣ ва ҷасорати рустамонаи меҳанпарастии Шуморо ба чанд ҷумла баён намуд, вале ин ҷо номаи шодбошии аъзои маҳфили «Ҷаҳони андеша»-ро бо ду офаридаи назмӣ нисбат ба шахсияти устод Назрӣ Асадзода, аз осори дӯстону бародарон, файласуфони андешаманд ва фарҳангшиносони некбину зебогуфтор Нозим Нурзода ва Исомиддин Шарифзод ҳусни мақтаъ мебахшем:

 

Номусро чу мартабаи Ориё кунӣ,

Аз тоҷики асил дили Осиё кунӣ.

Зар гарчи рамзи қудрати арзу самои мост,

Розе аҷаб, зи хокзамин кимиё кунӣ.

Ин нуктаест асл, ки пеши тамоми халқ

Имрӯз қарзи тоҷикиятро адо кунӣ.

(Нозим Нурзода)

 

Мардест зи ифтихори миллӣ шодаст.

Бар ҳикмати ориё фақат дилдодаст.

Лабрез зи дониш асту аз илму хирад,

Некуманише зи асли некӣ зодаст.

(Исомиддин Шарифзода)

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили «Ҷаҳони андеша»,

Душанбешаҳр, 24 январи соли 2023

Хондан 1122 маротиба