JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 15 Январи 2021 10:58

Нигоҳе ба саргузашти Мавлонои Балхӣ

Муаллиф: Муродова Тоҷинисо

 Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ – мутафаккир ва шоири барҷаста дар таърихи афкори дунёи Шарқ як шахсияти нотакрор буда, дар илму фарҳанги мардуми форсу тоҷик, махсусан, фалсафаву ахлоқ, иҷтимоъ ва ирфон саҳми арзанда гузоштааст.

 Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ, мутахаллис ба Мавлавӣ дар соли 604 ҳ.қ. дар шаҳри Балх, ки яке аз марказҳои муҳими илму фарҳанги он замон буд, дар хонаводаи аҳли илму адаб ба дунё омадааст.[1] Ӯ баъдан ба Мавлонои Румӣ ва Мавлонои Балхӣ шуҳрат пайдо мекунад, ки ӯро Мавлоно ва Мавлавӣ низ ном бурдаанд.

  Сабаби он ки Муҳаммад ба Мавлонои Рум шуҳрат пайдо кард, он буд, ки вай бештар умри хешро дар Қуния гузаронидааст, дар акси ҳол ӯ возеҳу равшан худро Хуросонӣ мехонад ва дилбастагиашро ба мардуми он сомон изҳор мекунад. «Мавлавӣ»  аз лақабҳои хоси ӯ нест ва зоҳиран аз дигар унвони вай, яъне  Мавлонои Балхӣ гирифта  шуда ва баъд аз қарни нуҳуми ҳиҷрӣ дар тазкираву сарчашмаҳо ривоҷ пайдо мекунад.[2]

  Падари Мавлоно Баҳоуддин Муҳаммад, маъруф ба Баҳовалад ва мулаққаб ба Султонуламо аз хатибони машҳур ва барҷастаи  Хуросон ба шумор мерафт. Ӯ дар тариқат  пиру машраби Наҷмуддини Кубро будааст. Азбаски падари Мавлоно дар Балх шуҳрати бисёр ёфта буд ва мардуми он ҷо ба вай иродати зиёд меварзиданд, боиси бухлу ҳасодати атрофиёни Муҳаммад Хоразмшоҳ қарор мегирад ва ба ин ҷиҳат Хоразмшоҳ ӯро дар шароите қарор медиҳад, ки маҷбур ба тарк намудани Балх мешавад. Ӯ савганд ёд мекунад, ки то Султон Муҳаммад Хоразмшоҳ бар тахти подшоҳӣ нишаста бошад, ҳаргиз ба шаҳри хеш бознагардад.[3] Баҳовалад дар соли 617 ҳамроҳи хонавода ва гурӯҳе аз атрофиёнаш аз Балх муҳоҷират мекунад ва сафари тулониеро пеш мегирад. Муҳаққиқ Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ  сабаби муҳоҷирати ӯро аз Балх дар озурдагии хотири Баҳовалад аз Хоразмшоҳ донистааст, аммо  муҳаққиқон Маҳдии Даҳбошӣ ва Сайид Алиасғари Мирбоқирӣ дар ин  бора далели дигареро низ пешниҳод мекунанд, ки ин юриши муғул ба Хуросон ва беназмунизомиҳо онҳо дар ҷомеа буд, ки Баҳоваладро ба ин муҳоҷират водор сохтааст. Аз рӯи далелу вазъи сиёсиву таърихии замони зиндагии Мавлоно ба назар мерасад, ки ҳар ду далел барои тарк намудани ватан  аз тарафи аҳли байти Баҳовалад мувофиқат мекунад. Баҳовалад пас аз хуруҷ аз Балх муддате дар маҳдудаи Вахшу Самарқанд мондагор мешавад. Онгоҳ дар байни солҳои 616-618 ҳ.қ. барои зиёрат Маккаи муқаддас мераванд ва дар ибтидо дар роҳи сафар ба Нишобур расиданд ва баъд ба самти Бағдод роҳи худро идома медиҳанд. Давлатшоҳи Самарқандӣ аз дидори Баҳовалад дар Нишобур ба Шайх Фаридуддини Аттор маълумот додааст ва ишора мекунад, ки Аттор «Асрорнома»-ашро ба Мавлоно, ки он замон ҳанӯз хурдсол буд, ҳадя менамояд ва ба  падараш  мегӯяд, ки ӯ оянда оташ дар сӯхтагони олам мезанад.[4]

  Иқомати Баҳовалад ва ҳамроҳонаш дар Бағдод аз се рӯз бештар давом намекунад ва рӯзи чаҳорум  сӯи Макка ҳаракат мекунанд ва дар бозгашт ба Шом рафта, муддате дар он ҷо умр ба сар мебаранд. Пас аз анҷоми ҳаҷ чаҳор сол дар Малатия ва ҳафт сол дар Лоранда мондагор мешаванд. Мавлоно дар ҳамин шаҳр дар синни ҳаждаҳсолагӣ  ба хости падар  бо Гавҳархотун, духтари Машрафуддин Лола издивоҷ мекунад, ки маҳсули ин васлат се писару як духтар буд, яъне Баҳоуддин Муҳаммад маъруф ба Султонвалад, Алоуддин Муҳаммад, Музафаруддин Амиролам ва Маликахотун.

 Замоне, ки Баҳовалад бо ҳамроҳони хеш дар Лоранда зиндагӣ мекард, шуҳрат ва овозааш дар ҳама ҷо печида буд. Ҳокими Салчуқӣ Алоуддини Кайқубод аз ӯ дархост мекунад, ки  ӯ  ба Қуния равад.[5] Бояд гуфт, ки таърихи ба Куния рафтани Баҳовалад  дақиқан маълум нест, вале эҳтимолан ба соли 626 ҳ.қ.рост ояд.[6] Баҳовалад дар Қуния ба тадрис ва иршоди мардум машғул мешавад, ки охирин лаҳзаҳои зиндагии хешро дар ин шаҳр гузаронад. Баҳовалад  рӯзи ҷумъаи рабеъ-ул-охири соли 628 ҳ.қ. дар синни ҳаштодсолагӣ рӯй дар ниқоби хок мекашад. Аз ин маълумотҳои мухтасар маълум мегардад, ки  Мавлоно ватани хешро тарк нанамудааст, балки падари ӯ бо сабаби нооромиши вазъи сиёсиву иҷтимоии Хуросон бо хонаводаи худ дар ибтидо ба кишварҳои араб ва баъдан пас аз чанд соли тулонӣ ба Қуния ворид мегардад.

 Пас аз вафоти падар  сарпарастии хонавода бар души Мавлоно меафтад ва ҳамин тавр дар Қуния мондагор мешавад. Ӯ дар синни бисту чаҳорсолагӣ ба хоҳиши муридон  ва ҳамчунин бинобар васияти падар ба тадриси шогирдон  машғул мешавад.    

 Дар соли 629 Бурҳонуддин Муҳақақи Тирмизӣ (мутав. 638 ҳ.қ.), ки аз дӯстони Баҳовалад буд, вориди Куния мешавад ва Мавлоно  ҳудуди нуҳ сол таҳти иршоду тарбияти  ӯ қарор мегирад. Соли 638 ҳ.қ.Бурҳонуддин вафот мекунад ва Мавлоно ба зиндагии хеш идома медиҳад, яъне муддати панҷ сол ба маснади иршод ва тадрису тарбияти толибони илму ахлоқ ва улуми дину адён ҳиммат мебандад ва ба зуҳду риёзат машғул  мегадад ва  ӯ ҳамчун устоди донишманду бо лаёқат дар байни шогирдони хеш машҳур мегардад. Бояд гуфт, ки дар ибтидо теъдоди шогирдони ӯ аз чаҳорсад  нафар бештар будааст.

 Мавлоно баъд аз ду соли вафоти падараш дар замони ҳаёт будани Бурҳонуддин  барои такмили таҳсилоти худ ба Ҳалаб меравад. Ӯ дар муддати ҷаҳор сол дар ҳоли риёзат ва сулук дар мадрасаи Муқаддасия омухтаҳояшро такмил дода, баъд аз ҳафтсоли иқомат дар Ҳалаб ва Димишқ ба Қуния бармегардад. Пас аз вафоти Бурҳонуддин беш аз даҳ хазор мурид чун парвона ба даври шамъи вуҷуди Мавлоно гирд омада буданд, ки дар айни ин гирудор ҳодисае рух дод, ки аз Мавлоно Мавлонои дигар сохт. Ногаҳон шуридае аз шуридагони олам ва соҳиби ҳолу қол, марди ориф ва вораста  ба Қуния ворид шуд, ки ин шахсият Шамсуддин Муҳаммад  ибни Алӣ ибни Маликдоди Табрезӣ, бо лақаби Шамси Табризӣ машҳур буд.  Ӯ тавонист,  ки пас аз муддате Мавлоноро дар дарёи муҳаббати худ гирифтор созад ва ӯро аз сарчашмаи ирфони хеш бархурдор гардонад ва нерӯи дубора ба ӯ бибахшид.[7] «Шамс орифи беқароре буд, ки дар ҳеҷ макону  ному нишоне ором намеёфт. Ӯ дар тариқат ба суҳбати машоихи бисёре, аз ҷумла Шайх Абубакри Саллабофи Табрезӣ, Шайх Рукнуддини Суҷосӣ ва Бобокамоли Ҷундӣ расида буд ва шаҳр ба шаҳрро зери по мегузошт.»[8] Ӯ дар Шом бо Ибни Арабӣ низ мулоқот доштааст, аммо ин мулоқот ӯро пойбанд намесозад ва ба ҷустуҷӯи хеш идома медиҳад ва билохира мерасад ба Қуния. Дар бораи буданаш ба Қуния ва ин ки  чигуна ба Мавлоно вохурӣ дошт, ривояту қиссаҳои мухталифе вуҷуд дорад, ки мувофиқи маълумоти муҳаққиқони «Торихи тасаввуф» ба тафсил дар «»Муноқиб-ул-орифин», «Нафаҳот-ул-унс» ва «Тазкират-уш-шуаро» ва дигар манбаҳои таърихи нақл шудааст.[9]

  Чунонки дар боло қайд шуд, дидор ва ошноии  Мавлоно бо Шамс боис шуд, ки дунёву зиндагии Мавлоно аз ин рӯ ба он рӯ шавад. Пеш аз ҳама ин дидор дар ҳаёту ҷаҳонбинии Мавлоно таъсири зиёде  гузошта, ҷаҳони ботинии ӯро ба шуру қиём андохт ва дар асари он ӯ якбора ва ногаҳонӣ тағйири ҳол кард ва дар қатори орифон даромад. Аммо бо вуҷуди он ки дидор ва суҳбатҳои ӯ бо Шамси Табрезӣ дар шаклгирии шахсияти ирфонии Мавлоно нақши бузурге дошт, Мавлоно пеш аз ин дидору  мусоҳибат ва робита аз овони кудакӣ бо аҳли тариқат дошта, ба усул ва равиши муомилоти онҳо мутамоил буд.[10]           Аммо Шамси Табризӣ боис шуд, ки то Мавлоно дар тариқати машрабӣ  пуршуртар бар гузинад  ва  дунёи зиндагии қаблии хешро нодида гираду комилан ба дунёи ирфону ахлоқи маънавӣ дохил гардад. Аз ин ҷо, муридон ва шогирдони Мавлоно Шамсро иллати тағйири аҳвол ва тариқати ӯ медонистанду кинаи амиқ нисбат ба  ӯ дар дил парвариш намуда, аз паи қасди ҷонаш мешаванд ва бо ӯ роҳи носозгориро пеш гирифта, ба ӯ озор доданро раво мебинанд. Шамси Табризӣ, ки аз ин мавзӯъ огоҳ шуда буд, озурдахотир бехабар Қунияро тарк мекунад ва Мавлоноро дар оташи фироқ  худ месӯзонад:

                    Аҷаб, он дилбари зебо куҷо шуд,

                    Аҷаб, он сарви хушболо куҷо шуд.

                    Миёни мо шамъе нур медод,

                    Куҷо шуд, эй аҷаб! Бе мо куҷо шуд….

                    Девона ҳамегардам ба саҳро,

                    Ки он оҳу дар ин саҳро куҷо шуд.

                    Чашми ман чун ҷайҳун шуд зи гиря,

                    Ки он гавҳар дар ин дарё  куҷо шуд.[11]

  Бо ғайб задани Шамс Мавлоно ошуфтаҳол ва нороҳату саргардон мешавад ва оромиши хешро гум мекунад. Ӯ танҳо оромиши худро дар пайдо кардани Шамс дида, то ки дар сояи вуҷудаш қарор ёбад. Дар натиҷаи ҷустуҷӯи зиёде Шамсро дар Шом ёфтанд ва Мавлоно тавассути номаҳо ва ташъори шурангези хеш ӯро розӣ кард, то ба Қуния баргардад. Султонвалад фарзанди Мавлоно бо узрхоҳии зиёде назди вай меравад ва Шамсро бо эҳтирому икром ба Қуния бармегардонад. Дар соли 645 дубора мардуми Қуния зидди Шамс ошуб барпо мекунанд ва дар натиҷа ин орифи беқарор нопадид мешавад ва дигар аз ӯ хабаре нарасид. Мавлоно барои пайдо кардани Шамс дубора ба Шом сафар мекунад  ва ба ҷустуҷӯи ӯ машғул мешавад, вале натиҷае ба даст намеояд. Баъд аз ин ҷисми Шамс дар зиндагии Мавлоно ғуруб кард, Агарчанде ки ёди Шамс ҳамеша бо ӯ буд, бо вуҷуди ин бар зиндагии Мавлоно таъсир мегузошт.[12]

  Мавлоно пас аз ҷустуҷӯи зиёде  сар ба шайдоӣ мезанад ва анбуҳе аз ашъори ӯ баёнкунандаи рӯзҳои ҷудоии ӯ аз Шамс будааст. Мавлонои Балхӣ чанд сол пас аз як муддате дар ибтидо бо Салоҳуддин Заркуб ва баъд аз ӯ Ҳисомуддин Чалбиро ба ҳамдамии худ қарор медиҳад.[13]

  Соли 647 то соли 672 ҳ.қ., яъне соли гузариши Мавлоно буд, ки пурбортарин ва муҳимтарин давраи зиндагии ин ориф ва мутафаккири бузургвор буд. Дар ин муддат ӯ ҳам ба тарбияту иршоди муридону шогирдон машғул мешавад ва ҳам ба навиштану таълифи осори хеш  ҳиммат мебандад ва бо осори худ дар таърихи ирфону ахлоқ ва тасаввуфи форсу тоҷик мақоми волое пайдо мекунад ва беҳтарин асарҳои ирфонӣ-ахлоқии хешро ба қалам медиҳад: Девони ғазаллиёт, «Маснавии маънавӣ», «Фиҳи мо фиҳи», «Макотиб ва маҷолиси сабъа» аз муҳимтарин осори Мавлавӣ мебошад. Аммо бояд гуфт, ки дар замони  ҳозир «Маснавии маънавӣ» яке аз машҳуртарин асари ирфонӣ ва ахлоқии ӯ ба ҳисоб меравад ва бар он шарҳҳои мухталифе навишта шудааст ва дар ҳар яке аз ин шарҳҳо ҷаҳонбинӣ ва дидгоҳи ирфонӣ-ахлоқии  Мавлонои Балхӣ баррасӣ шудааст.[14]

  Дар бораи Мавлонои Балхӣ дар замони муосир «дар кишварҳои мухталифи олам пайравони зиёди назария ва амалияи Румӣ ва мавлавия фаъолият мебаранд».[15]

  Ин шахсияти камназир ва орифи баргузида дар соли 672 ҳ.қ. дар асари як беморӣ, ки табибон аз илоҷаш дармонда буданд, аз дунё даргузашт. Мавлоно дар охирин лаҳзаҳои зиндагии хеш чунин ғазалеро ба забон овардааст, ки матлаъи он ин аст:

Рав сар бинеҳ ба болин танҳо маро раҳо кун,

                    Тарки ман хароби шаби гардӣ, мубтало кун.

 Ва охири ғазал чунин аст:

                    Дар хоб, душ пире дар кӯи ишқ дидам,

                    Бо даст ишоратам кард, ки азм сӯи мо кун.[16]

 Марги Мавлоно тамоми мардуми Қунияро аз пир то ҷавон мутаассир ва мутаасиф сохт. Мақбараи Мавлоно дар Қуния имрӯз маҳали зиёратгоҳи урафо ва алоқамандон ба адабу ахлоқи ирфонӣ гардидааст ва гуруҳе аз иродатмандон бар сари турбати ӯ биное сохтаанд, ки ба қуббаи хазро шуҳрат дорад:

                    Ҳосили умрам се сухан беш нест,

                    Хоми бадам, пухта шудам, сӯхтам.[17]   

  Дар замоне, ки Мавлоно мезист дар ирфон дигаргуниҳои зиёде шуда буд, яъне доираи ирфон васеъ гардида равияву тариқатҳои зиёди ирфонӣ амал мекард ва тарафдорони он ба таблиғу ривоҷи таълимотҳои худ талош менамуданд. Мавлонои Балхӣ ба иллати шароити хоси зиндагиаш бо уламо ва машоихи бузурги замони хеш ва ҳамчунин ба тариқатҳои мухталифи ирфонӣ ошно буд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки Мавлоно миёни ин тариқатҳои ирфонӣ кадомеро пайравӣ ва қабул намуда буд ва чи роҳу равишеро пеш гирифта буд ин суол ба мавқеъ ва муҳим аст. Агар  ба ин суол ва ё пурсиш дуруст ҷавоб дода нашавад, онгоҳ фаҳму шарҳи осори вай низ ба дурустӣ мумкин нахоҳад шуд.[18]      

  Муҳимтарин нуктае, ки дар бораи тариқати ирфонии Мавлоно боиси рушанӣ мегардад, он аст, ки робитаи ӯ бо Ибни Арабӣ дар кадом ҳад будааст ва оё, ӯ таҳти таъсири вай қарор гирифта буд ва ё на? Мавлонои Балхӣ солҳои охири умри хеш, ки ба Шом рафта ба таҳсил ва касби маориф ва таҳзиби ахлоқ машғул буд, овозаи Ибни Арабӣ ин сарзаминро пур карда буд. Аз рӯи маълумоти муҳаққиқони  «Торихи тасаввуф» наметавон пазируфт, ки   Мавлоно, ки барои омуҳтан ва такмили огоҳиҳои илмӣ ва тариқати ирфонии худ ба Шом сафар карда буд, бо яке аз бузургтарин ва машҳуртарин машоихи ирфонӣ, ки дар ин сарзамин мезист ва орои ӯ дардари ҳар маҷлиси илмӣ ва ирфонӣ дар миён буд, ошно нашуда бошад.[19]

  Илова бар ин Мавлоно дар Қуния бо Садруддин Қунавӣ, ки аз бузургтарин шогирдони Ибни Арабӣ ба шумор мерафт, иртибот дошт. Ҳамин намунаҳо шояд далели хубе бошад барои он ки Мавлоноро мутамоил ба роҳу равиши Ибни Арабӣ бидонем ва осори ӯро саршор аз ин дидгоҳҳо ба рағми ошноии вай бар асоси мактаби ирфонии Ибни Арабӣ донем, вале наметавон ӯро дар зумраи пайравони Муҳайяддин ва аз тарафдорони дидгоҳҳои вай ҳисоб кард. Аз ин ҷо, райъи Мавлоно ба дидгоҳҳое наздик аст, ки дар тақсимбандии тариқатҳои ирфонӣ дар қаламрави мактаби Хуросон қарор мегиранд. Агар эътиқод ба сукрро яке аз маҳварҳои ососии таъолими ин мактаб бидонем,  Мавлони Балхиро метавон дар сафи маъруфтарин орифони ин тариқати муҳими ирфонӣ ҳисоб кунем, ки бо ҳарорат ва эътиқоди том дар паи ривоҷи усул, ё ин ки равиши ин мактаб будааст.

  Аз ин ҷо, метавон хулоса кард, ки: аввалан ин ки Мавлоно мутаваллиди Балхи Хуросон буд ва бо ихтиёри худ зодгоҳашро тарк накардааст, ки навиштаҳои боло гувоҳи ин фикр аст, қаҳрамони асосии ин сафар падари Мавлоно буд, на худи ӯ. Дигар ин ки худи фарзанди Мавлоно Султонвалад дар «Маснавии валадия дар баёни асрори аҳадия» падари хешро чунин ном бурдааст, ки « Ҳазрати волидам ва устодам ва шайхам Султонуламо вал-орифин Мавлоно Ҷалол-ул-ҳақи-вад-дин Муҳаммад ибни Ҳусайни Балхӣ…»; дуюм ин ки ӯ нисбат ба кишвар ва ҷои таваллуди худ Балх бо эҳтиром буд ва  чунон ки гуфтем иллати муҳоҷират ба кишварҳои дигар ин падари ӯ буд, на худи ӯ; сеюм ин ки осори навиштаи ӯ бештар ба равиши мактаби Хуросон ва пайравони он буд, харчанд ки ӯ дар давоми сафарҳои падари хеш, ки ӯ ҳанӯз хело ҷавон буд, бо равияву тариқатҳо ва намояндагони онҳо вохурда буд; чаҳорум ин ки сафар намудан ва дар ҷараёни сафар такомулу ташаккул ёфтани ҷаҳони маънавию  маърифатии аҳли илму адаб яке аз равияҳои хоси мутафаккирони барҷастаи  замонҳои гузашта буд. Маҳз дар сафар  инсон муҳити худро дигар карда, ба ҷаҳони васеътаре  рӯ ба рӯ шуда, мағзи эҷодкори ӯ фаъол гардида, рӯҳи ӯ аз зиндагии якнавохт озод мегадад ва шинохти ӯ ба дунёи асрори олами ашёҳо ва инсонҳои гуногунандешу мухталифулахлоқ комилтар мешавад. Аз ин ҷо, сафар инсонро обу тоб дода, ӯро ҳам аз ҷиҳати маънавӣ ва ҳам аз лиҳози ҷисмӣ-рӯҳӣ қавию пуртаҳаммул  месозад ва ӯро аз дунёи маҳдуд ба дунёи фарох ва ҷаҳонбинии васеъ ҳидоят менамояд. бинобар ин, бузургтарин инсонҳои дорои хираду маърифати воло ин маҳсули сафарҳои тулонии худшиносиву мардуму миллатшиносӣ ва фарҳангшиносианд.      

 Муродова Тоҷинисо

номзади илмҳои фалсафа

 

Адабиёт:

1.Брагинский И. Джалалиддин Руми. Муқаддима.-С.17-18. Кн.: Звезды поэзии. Душанбе, 1984.-С.243-286

2.Зиёев Х.М. Перомуни баъзе сабабҳои шӯҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маводи конфересияи илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ. Душанбе, 2013.-С.10

3.Маснавии Мавлавӣ. Таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ. Теҳрон, 1379, 389 с. 

4.Маҳдии Даҳбошӣ., Сайид Алиасғари Мирбоқирӣ. Торихи тасаввуф. Теҳрон,1391. Ҷалолуддин Муҳаммад Балхӣ. С.194-198

5. Маҳмадҷонова М.Т. Фалсафаи сулҳ дар таълимоти «инсони комили» Ҷалолуддини Балхии Румӣ. Маводи конференсияи илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва фарҳанги сулҳофаринӣ. Душанбе, 2013,-С.46-54

6.Савонеҳ Умрӣ. Ҳазрати Мавлонои Рум. Мусаммӣ ба Муноқиб-ул-орифин.

 

 

[1] Маснавии Мавлавї.Таҳқиқ ва тасҳеҳи Муҳаммад Ҳасани Шерозӣ. Теҳрон, 1379.-С.1

[2] Фурузонфар; Бадеъулзамон. Зиндагонии Мавлоно Ҷалолуддин Муҳаммад машҳур ба Мавлавӣ. Теҳрон, 1366.-С.5. Ниг.: Маҳдии Даҳбошӣ; Сайид Алиасғари Мирбоқирӣ  Торихи тасаввуф (1). Теҳрон, 1391.-С.194.

[3] Маснавии Мавлавӣ.-С.1.

[4] Давлатшоҳи Самарқандӣ. Тазкират-уш-шуаро. Бо эҳзтимоми  Муҳаммад Рамазонӣ. Чопи дуюм. Теҳрон,1366.-С.145; Ниг.: Торихи тасаввуф.-С.194.

[5] Маснавии Мавлавӣ. Теҳрон, 1379.-С.2

[6] Торихи тасаввуф.-С.195

[7] Маснавии Мавлавӣ.-С.3

[8] Ҳамон ҷо.-С.195

[9] Ҳамон ҷо

[10] Ҳамон ҷо.-С.196

[11] Маснавии Мавлавӣ.-С.4

[12] Ҳамон ҷо

[13] Њамон љо

[14] Ҳамон ҷо

[15] Зиёева Хуршед. Перомуни баъзе сабабҳои шуҳрати ҷаҳони пайдо кардани Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ. Маводи конференсияи илмии «Ҷалолуддин Балхии Румӣ ва фарҳанги сулҳофаринӣ. Душанбе,2013.-С.10

[16] Маснавии Мавлавӣ.-С.5

[17] Ҳамон ҷо.-С.6

[18] Торихи тасаввуф.-С.197

[19] Ҳамон ҷо.-С.198.

Хондан 1601 маротиба