JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Якшанбе, 10 Январи 2021 05:19

Файласуфе миллӣ дар муҳити илмию маданӣ (Паёми шодбошӣ)

Муаллиф:

 Устод Нуриддин Шаҳобиддин,

  Шумо ба унвони шахсияти матраҳи ҳаракати равшанфикрии миллӣ дар марҳилаи навини таърихӣ солҳост, ки дар ҷодаи мушкилписанди ҳувиятсозии миллӣ ва ташаккули биниши фалсафӣ дар сатҳи иҷтимоӣ гомҳои устувор бармедоред. Шахсияти фалсафӣ ва иҷтимоии Шумо дар заминаи илму хиради миллӣ ва урупоӣ шакл гирифта, ба таври тадриҷӣ рушд кардааст. Омӯзиш ва мутолеаи бардавом, таҳсил ва андӯхтани таҷриботи илмӣ, фалсафӣ ва ихтисосӣ дар бузургтарин марказҳои илмӣ ва фалсафии ғарбӣ Шуморо миёни ҷомеаи маданӣ ва фаъолони донишгоҳӣ минҳайси як шахсияти матраҳи фалсафӣ соҳибэҳтиром гардонидааст.

  Афзун бар ин, Шумо аз ҷумлаи аввалин шахсиятҳои миллие маҳсуб меёбед, ки дар факултаи фалсафаи Донишгоҳи Грайсфалди Олмон таҳсил намуда, рисолаи доктор(Phd)-ро дар мавзӯи “Зардушти таърихӣ ва Зартушти Ничше” ба забони олмонӣ сарбаландона дифоъ намуда, дараҷаи илмии дуктури фалсафаро дарёфт кардед. Баъдан, бо тавзеҳу иловаҳо рисолаи мазкурро ба забони тоҷикӣ тарҷума ва интишор додед (ниг.: Шањобиддинов Н. Нитше ва Зардушти таърихї (Тарњрезии бунёдњои фарњанги навин). -Душанбе: Дониш, 2015). Таҳқиқоти илмие, ки Шумо дар Олмон дар робита бо шахсияти паёмбари миллӣ Зардушт ва таъсири андешаю афкори ӯ ба симоҳои дараҷаи аввали фалсафаи урупоӣ, минҷумла Нитше анҷом додед, кори илмии аллома Иқболи Лоҳурӣ (манзур рисолаи илмии “Сайри фалсафа дар Эрон” аст)-ро, ки ибтидои садаи бист анҷом дода буд, ба хотир меоварад. Гузашта аз ин, назарот ва матолиби ҷиддии фалсафии Шумо дар ду монографияи ахирӣ (таваҷҷуҳ шавад ба монографияҳои илмии: Шањобуддинов  Нуриддин.  Дар  сапедадами  озодандешї. Душанбе, 2018; Шањобуддинов  Нуриддин.  Метафизикаи Ибни Сино. Душанбе, 2020. -252 саҳ.) инъикос ёфтаанд, ки аз густурдагии андеша, фарохии дид ва мавқеъгириҳои вежаи миллӣ ва фалсафии Шумо дар қиболи мушкилоти фикрӣ, равонӣ, ахлоқӣ, эҷодӣ, маданӣ ва иҷтимоӣ дарак медиҳад. Дар рисолаи илмии ахирӣ “Метафизикаи Ибни Сино” (Душанбе, 2020. -252 саҳ.) Шумо мушкилтарин мавзӯъ ва масъалаи фалсафаи пири ҳакимони Машрақзамин (манзур Ибни Сино аст)  -- метафизикаро, ки бо илоҳиёт печ хӯрдаву омезиш ёфтааст, матраҳ карда, хулосаҳои ҷиддии илмӣ ва ихтисосӣ ироа доштаед, ки самти синошиносии ватаниро таҳкиму тақвият хоҳад дод. Гузашта аз ин, мавқеъгириҳои илмию миллии Шумо дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозӣ боиси ҷиддӣ ва гарм шудани мубоҳисаю мунозираҳо мегарданд. Ин аст, ки ҷомеаи тоҷикӣ аз вуҷуд ва ҳузури фаъоли Шумо дар ҳавзаҳои илмӣ, фалсафӣ ва маданӣ ифтихор мекунад.

       Воқеан, Шумо ифтихори мо -- ёру дӯстон ва ифтихори миллату ватан ҳастед. Бо истифода аз фурсати мусоид зодрӯзатонро самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ ва эҷодиатон комёбиҳо таманно мекунем.

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе, 10. 01. 2021

 

Хондан 1183 маротиба