JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 08 Августи 2023 06:26

Роҳи пурхатар ва саргузашти пурмуаммои шоҳасари безаволи академик Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”

Муаллиф: Шодипур ЮСУФИ

   Имрӯз варақгардон намудани роҳи пурхатар ва саргузашти пурмуаммои шоҳасари безаволи “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуров ба доираи васеи хонандагони чи дохиливу чи берунӣ ба аҳамияти бузурги илмиву амалӣ молик аст. Бесабаб нест, ки рӯзноманигор ва фаъоли шуравӣ С. Мирзораҳматов ба душвориҳои ногувор ва талошҳои пайгиронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи мураккаб ва пупечутоби таҳия ва офаридани шоҳасари “Тоҷикон” афкору андешаҳои ҷолибу писандида баён месозад, ки  он  феълан боиси ифтихор ва  намунаи  ибрат аст. Аз рӯи таъкидҳои  ин шахси шоҳиду ҳамзамон, “Дар  осори гаронмояи эҷодии Ғафуров асари  фундаменталии пажуҳишии илмии “Тоҷикон” мақоми махсус дорад. Ин заҳмати тамоми умри ӯст, ки  ҳатто  дар таълифи он  Ғафуров розигии Сталинро ҳанӯз соли 1948 гирифта будааст. Рӯзноманигор ва нависандаи маъруфи тоҷик, муаллифи филми ҳуҷҷатӣ оид ба зиндагӣ ва фаъолияти Ғафуров, Шарифи Ҳамдампур бойгонии олимро омӯхта, ҳуҷҷати нодиреро дарёфт кардааст, ки дар он сабти сӯҳбат миёни Бобоҷон Ғафуров, Иосиф Сталин ва котиби Ҳизби Умумииттифоқии Коммунистӣ Андрей Жданов аз 24 январи соли 1948 сурат гирифта аст. Мувофиқи он, ба суоли мантиқӣ  ва хоҳиши Бобоҷон Ғафуров, ки бевосита ба  қадима ва мардуми асили бумӣ будани тоҷикон дахл дошт, И.В. Сталин посухи амиқ гуфта, розигӣ медиҳад, ки “Агар ин таърихнома аз нуқтаи назари илмӣ дуруст бошад, марҳамат, он чи бадӣ дорад? Оре, хақ будани худро исбот кунед”. Бегумон, аз ин санад ва далел ба хулосаи  қавӣ омадан  душвор нест, ки  Бобоҷон Ғафуров аллакай дар охири солҳои 40 асри ХХ дар бораи таълифи асари фундаменталии “Тоҷикон” аз сардори аввали ҳукумати марказии Иттиҳоди Шуравӣ иҷозати расмӣ гирифта будааст. Ҳамзамон иқрор кардан ҷоиз аст, ки дар солҳои шастум ва ибтидои ҳафтодуми асри ХХ ба мақсади нашр кардани  шоҳасари “Тоҷикон” маҳз ба ҳамин унвон, академик  Бобоҷон Ғафуров иҷозати мансабдорони сатҳи баланди ҳукумати шӯравиро низ соҳиб мегардад. Албатта, ин бахту иқболи баланди миллати тоҷик маҳсуб меёбад!!!

  Шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров «Тоҷикон» на танҳо дар  таърихнигории Ватанӣ, балки дар миқёси кишварҳои хориҷӣ низ шуҳрату шаҳомати беандоза бузургро соҳиб гардидааст. Бесабаб нест, ки шоҳасари «Тоҷикон»  дар илми ховаршиносии Шуравӣ падидаи ниҳоят муҳим ва навгонии беназир эътироф мегардад. Зеро дар он бисёр масъалаҳои ҳалталаб ва мубрами таърихи халқи тоҷик ва сарнавишти таърихиву фарҳангии он бо тарзу усули нав  ҳаллу фасл шуда, бархе  аз онҳо аз ҷониби намояндагони илму адаб мавриди санҷиши ҷиддӣ қарор гирифта, комилан маъқул дониста шудаанд, ба туфайли маҳорату кордонии Бобоҷон Ғафуров боз ҳам инкишоф ва такмил ёфтанд.  Китоб бо фасоҳат ва шеваи содаву возеҳ таълиф гардида, қобили фаҳмиш ва идроки ҳамаи мутолиакунандагон мебошад. Дар китоб муборизаи мардуми тоҷик бар зидди истилогарони аҷнабӣ ва корнамоиҳои  тӯдаҳои заҳматкаш ба хотири озодӣ ва соҳибихтиёрии худ ниҳоят  пуртаъсир инъикос гардидааст.

  Бешак, аксар қисматҳои «Тоҷикон» ба таври мубоҳисавӣ таълиф ёфта, афкори мухталиф ва баъзан ба ҳамдигар муқобили фозилону донишмандон  чунон устокорона оварда шуданд ва он имкони мусоид  фароҳам меорад, ки хонандаи китоб бо ақидаҳои мухталифи масъалаҳои таҳқиқшаванда огаҳ гарданд  ва бештар андешаву мулоҳиза намоянд. Амалан феҳристи маъхазҳо ва таҳқиқотҳои истифодашуда бисёр мукаммал буда, он ҳамаи марҳилаҳои асосии таърихи халқи тоҷикро дарбар мегирад. Муаллиф дорои фазилати фавқулодда барҷаста ва огаҳии комил доштани худро аз дастовардҳо ва навгониҳои фозилону донишмандони шуравӣ ва хориҷӣ пурра зоҳир намудааст. Феҳристи китоб ба муҳаққиқони таърихи халқи тоҷик як сарчашмаи бағоят нодир буда,  кори онҳоро комилан осон мегардонад. Ҳатто доираи тамоми он масъалаҳое, ки ба таърихи тоҷикон марбут аст ва инчунин тамоми он самтҳои илмие, ки дар таҳқиқотҳои  бунёдии Б. Ғафуров мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтаанд, бемуҳобот ҳатто номбар кардани онҳо имконнопазир аст. Зимнан иқрор кардан мусаллам аст, ки аксари муҳаққиқони Ватанӣ ва хориҷӣ ба он ақидаи комилан дурусти илмӣ ва ҳаётӣ омадаанд, ки шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров аз ҷиҳати масъалагузарӣ, таҳқиқу пажуҳиш, таҳлилу муқоиса ва хулосаву ҷамъбаст аз дигар асарҳои илмиву таҳқиқотӣ  ба куллӣ фарқ мекунад ва он дар сатҳи ниҳоят баланди илмию эҷодӣ таълиф ёфтааст. Ҳатто муҳаққиқ дар он масъалаҳои муҳим ва таҳқиқталаберо, ки мавриди баррасӣ ва таҳқиқи проблемавӣ гузаштааст, ба муҳққиқони оянда роҳи васеъ мекушояд ва ҳамзамон муайян месозад, ки тадқиқотчиёни ҷавон ба кадом масъалаҳои мубрам ва таҳқиқталаб бештар таваҷҷуҳ зоҳир  намоянд ва ба кадом самтҳои афзалиятноки илмиву таҳқиқотӣ корҳои илмиву пажуҳишӣ  бурда, онҳоро бомаром ва дорои навгониҳо анҷом диҳанд. Аз ин лиҳоз, шоҳасари «Тоҷикон» ба доираи васеи муаррихони тоҷик ҳамчун қутбнамои  корҳои илмиву таҳқиқотӣ аз таърихи халқи  тоҷик ба шумор меравад.

  Тазаккур ба ёдоварист, ки ин таҳқиқоти комил ва мукаммали   Бобоҷон Ғафуров дорои мусаввараҳои фаровон ва марғуб буда,онҳо мазмун ва мӯҳтавои асари мазкурро дучанд афзун мегардонанд. Мусаввараҳои нодири асар аз хазинаи муассисаҳои илмӣ ва таҳқиқотии ниҳоят муътабари Иттиҳоди Шуравӣ ва кишварҳои хориҷӣ, аз қабили Эрмитажи давлатии Ленинград, Институти ховаршиносии Ӯзбекистон, Институти таърих, бостоншиносӣ  ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ Тоҷикистон, Музеи Британия, бозёфтҳои миссияи бостоншиносии Фаронса дар Афғонистон  ва амсоли он пешкаш шудаанд. Бояд қайд кард, ки мусаввараҳо, аксҳо, нақшаҳо, харитаҳо ва амсоли он ниҳоят эҷодкорона бо ҳунари баланд омода шуда, интишор гардидаанд. Нақшаву тасвирҳо хеле марғуб ва нафис буда, дар онҳо арзишҳои баланди моддие, ки мардуми тоҷик дар тӯли асрҳо офаридааст, ба хубӣ ҳувайдо мегарданд[1].

  Бобоҷон Ғафуров то рӯзҳои вопасини зиндагии худ пайваста машғули тавзеъ ва такмили асари асосиаш «Тоҷикон» буд. Дар бадали 30 соли кори эҷодии худ дар сари таърихи халқи тоҷик, Б. Ғафуров ҳаҷми асарашро се маротиба зиёд намуда, онро аз як китоб ба ду китоб мерасонад. Ин асар ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ дар шаҳрҳои Душанбе ва Маскав шаш маротиба ба табъ расидааст. «Тоҷикон» на танҳо аз ҷиҳати ҳаҷм ва ғунҷоиш, балки бештар мазмунан низ ғанӣ ва пурра гардидааст. Ҳудуди хронологии  қисмати такмилшудаи (яъне, тоҷикии) асар давраи аз нимаи дуюми асри ХV1 то ғалабаи Инқилоби Кабири Сотсиалистии Октябрро дарбар мегирад. Академик Бобоҷон Ғафуров китоби худро пурра намуда, орзу дошт, ки «Тоҷикон» ҳарчӣ зудтар ба забони тоҷикӣ нашр шуда, дасраси доираи васеи хонандагон гардад, вале ин орзуи олим пас аз маргаш  ҷомаи амал пӯшид. Ҳангоми ба чоп омода намудани «Тоҷикон» ба забони тоҷикӣ бо дарназардошти  афзоиши ҳаҷми нашрия (75 ҷузъи чопӣ, бо  сабабҳои техникӣ), муҳаррири масъули китоб, академик Аҳрор Мухторов мувофиқи ризоияти муаллиф асарро ба ду ҷилд тақсим намудааст. Воқеан, ҷилди аввал, чаҳор фасли нахустинро (то асри ХVl), ҷилди дуюм бошад, давраи аз асри ХVl то ғалабаи Инқилоби Октябрро дарбар мегиранд. Дар соли 1983 нашриёти «Ирфон» китоби якум ва дар соли 1985 бошад, китоби дуввуми «Тоҷикон»-ро ба хонандагони деринтизор тақдим намудааст.Бобоҷон  Ғафуров ҳангоми ба забони тоҷикӣ тайёр кардани асари худ, маълумотҳои манбаъҳо ва таҳқиқотҳои гуногунро то аввали соли 1977 моҳирона истифода бурда, ба он эҷодкорона  иловаҳо  ва тасҳеҳ ворид намудааст.

  Аллома Бобоҷон Ғафуров бешак азму паймон намуда буд, ки агар насиб бошаду имконият даст диҳад, дар варианти тоҷикии китоб асосҳои масъалаҳои мазкурро, яъне, он масоили баҳсноку ҳалталабро  то ҳадди имкон равшан хоҳад кард. Бино бар ваъдаи мантиқии муҳаққиқи чирадаст, “умуман агар фурсат даст диҳад, перомуни пайдоиши забони тоҷикӣ як фасли алоҳида навишта, зодаи Моваруннаҳру Хуросон будани онро ҳамаҷиҳата исбот мекунад”. Зимнан ҳамин дархости ниҳонӣ ва ваъдаҳои ҷолибу мубрамро ба назар гирифта, академик Акбар Турсунов чунин ибрози ақида намудааст, ки боиси таҳсин ва дасгирӣ мебошад. Бино бар андешаҳои муаллифи собитқадам Акбари Турсон, ҳоло, ки тарҷумаи тоҷикии асари Б. Ғафуровро дар даст дорем, мебинем, ки эшон ба қавли худ вафо карда, ба боби дуюми китоб  фасли махсусе илова намудааст, ки он «Оид ба масъалаи пайдоиш ва инкишофи забони адабиёти классикии  тоҷик»  ном дорад. Вале сад афсус, ки дар баробари ин фасли нав, дар китоб фасле низ нигоҳ дошта шудааст,ки дар он ақидаи аввали Б. Ғафуров баён ёфтааст. Хонандае, ки аз асли ҳол бехабар аст, албатта, ба иштибоҳ хоҳад афтод. Мутаассифона, он хатои дағале, ки ҳангоми таҳияи нашри тоҷикии муҳимтарин китоби Бобоҷон Ғафуров роҳ дода шудаст, таввасути нашри дарии (афғонии) асар ба хориҷи кишвар ба муҳити форсизабонони дунё нуфуз пайдо намуд. Бояд иқрор шуд, ки нашри тоҷикии китоб як қатор норасоиҳои илмӣ,  терминологӣ ва услубиро дорост, ки онҳоро ба осонӣ бартараф кардан мумкин буд, албатта, ба шарте, ки агар мураттибу муҳаррирони китоб як нуқтаи муҳимро ба назар мегирифтанд: «Тоҷикон» аз ҷумлаи китобҳои муқаррарӣ нест....«Тоҷикон» таърихи сеҳазорсолаи халқест, ки роҳи дуру дарозеро тай намуда, қариб дар ҳар як марҳилаи таърихӣ барои ҷисман зинда мондан, барои осори маданиашро ҳифз намудан, барои ҳаққу ҳуқуқи маънавияшро барқарор намудан пайваста мубориза бурда омадааст. Ба қавли комили академик Акбари  Турсон, он асарест, ки худи ҳозир ба китоби рӯимизии ҳар як фарди тоҷик табдил ёфтааст, онро аллакай мардум дар мағозаҳо кофта мегарданд, якбора чанд нусхагӣ харида, ба фарзандон ва хешовандонашон тақдим мекунанд. Пас, китоби «Тоҷикон» худи ҳозир ҳамчун як навъ муқаддасоти миллӣ пазируфта шудааст. Магар инро пешбинӣ кардан мумкин набуд? Бешубҳа, мумкин буд, вале аз чӣ сабаб бошад, ки ҳамаи он мураттибу муҳаррирони китоби Бобоҷон Ғафуровро ба масъулиятшиносӣ водор накард, онҳоро аз саросемагӣ ва саҳлангорӣ бознадошт ва амсоли он[2].

  Академик Акбари Турсон тазаккур медиҳад, ки боре зимни мулоқоте бо устод Б. Ғафуров, мавзуи ба ҳамин монанд дар миён омад. Камина суол кардам, ки оё ҳангоми нигоштани «Тоҷикон» ягон душворие пеш наомадааст, ки ҳаллу фасли бояду шояди он аз имкон берун бошад? Устод аз рӯи одат якбора ҷавоб надоданд, хеле фикр карда монданд. Баъди чанде оҳиста ба гап сар карданд:

-“Душвориҳое, ки ҳангоми таҳқиқоти илмӣ умуман пеш меоянд, аз рӯи он ки ҳаллу фасли онҳо ба худи муҳаққиқ вобаста аст, ё не, ду навъ мешавванд: объективӣ ва субъективӣ. Албатта, вақте кас ба нигоштани «Тоҷикон» барин асари калонҳаҷм, серсоҳа ва бисёрҷанба шурӯъ мекунад, вай бояд барои бархӯрдан бо душвориҳои сершумори кӯчаку бузург худро омода созад, ҳарчанд, ки ӯ миқдори миқёси онҳоро аз оғоз тасаввур карда наметавонад. Азбаски ман ба тадқиқи таърихи халқи тоҷик бештар аз сӣ соли умри худро сарф кардаам, гуё дар худи ибтидои иншои монографияи нав душвориҳои имконпазирро, ки сурати сирф илмӣ, методологӣ ва ҷамиятию сиёсӣ доштанд, бо тамоми ҷузъиёт ва нозукиҳояшон мефаҳмидам ва роҳҳои рафъи онҳоро медонистам. Аммо дар ҷараёни  кор, хусусан баъди анҷоми он маълум шуд, ки ҷоо ман тушбераро хом шумурдаам,- ба таври ҷиддӣ гуфтанд устд Б. Ғафуров. Аз афташ, шумо, аз он иғвою ғавғое, ки баъди интишори китоб ба амал омадааст, бехабар ва ё хабар ёфта бошед ҳам, мақсаду миқёси онро ба ҳадде, ки буд, пурра тасаввур карда наметавонед. Охир, кор ба дараҷае расид, ки дар маҷаллаи «Вопросы истории» як тақризи калони пуриддао ва ҳангомталабона ба чоп ҳозир шуд. Он вақт ман дар Душанбе будам. Хайрият, ки Б. А Литвинский бохабар шуда, ба ман телефон кард, вагарна, ба осиёби иштибоҳ оби касифе сар дода мешуд. Фақат ба туфайли дахолату далолати саривақтӣ ва олиҳимматонаи Кумитаи Марказии ИҶШС пеши ин фитнаҷӯиҳо гирифта шуданд[3].

-Пас он душворие, ки изҳор намудаед, душвории сирф объективӣ гуфтан мумкин аст?- суол медиҳад  А. Турсунов.

-На чандон! Маънии «омили субективӣ» аз оне, ки ману шумо гумон мекунем, васеътар ва ҳам нуфузаш амиқтар будааст... Аслан сабаби ба ду китоб ҷудо кардани »Таджики»  танҳо омили  техникӣ (полиграфӣ) набуд. Ман гумон карда будам, ки қисми аввал назар ба қисми сонӣ шомили масъалаҳои баҳсноки сиёсатомез нест ва аз ин рӯ, онро пештар чоп кардан салоҳтар аст.  Дар қисми дуюми таърихнома бошад, мебоист воқеаҳои нимаи дуввуми асри ХlХ, маорифпарварӣ ва наҳзати ҷадидия барин проблемаҳои дандоншикан акс меёфтанд, ки барои ҳаллу фасли бояду шояди онҳо танҳо материали даркориро андӯхтан ва онро ҳамаҷиҳата таҳлилу хулоса карда тавонистан хеле кам аст[4].

Дар шоҳасари «Тоҷикон»-и Бобоҷон Ғафуров қисматҳои баҳснок, мураккаб ва дандоншикан ниҳоят зиёд мебошанд, ки муаллиф онҳоро эҷодкорона  сайқал ва такмил додааст.Масалан, дар боби «Ҳаёти тоҷикон дар ҳайати Аморати Бухоро ва давлати хонии Хӯқанд (аз миёнаҳои асри ХVlll то миёнаҳои асри Х1Х), муаллиф таърихи сиёсии ин давраро тасвир намуда, ба хулосае  меояд, ки ин солҳо мушкилтарин ва вазнинтарин давраҳои таърихи халқи тоҷик ба шумор мерафтанд. Бино бар андешаи комили муҳаққиқи эҷодкор, «маҳз дар ҳамин давра  дар байни давлатҳои мухталиф тақсим шудани халқи тоҷик анҷом меёбад»[5].

 Зимни омӯзиши таърихи халқи тоҷик дар нимаи аввали асри ХIХ, Бобоҷон Ғафуров нисбат ба таҳқиқотҳои пешинаи худ дар масъалаи найрангу дасисаҳои Англия дар Осиёи Миёна, вусъати муносибатҳои  хонигариҳои Осиёи Миёна бо Руссия, болоравии ҷунбишҳои халқӣ дар ҳудуди ин хонигариҳо як қатор тавзеҳоти комили илмӣ ва афкори навро илова карда, ба асари хеш ворид намудааст, ки шоёни таҳсин аст. Мушоҳидаҳои ихтисосӣ собит мекунанд, ки дар шоҳасари Б. Ғафуров "Тоҷикон" навгониҳои пурарзиш ва навпардозиҳои илмиву эҷодӣ ниҳоят зиёд  мавриди амал қарор дода шудаанд. Масалан, академик Б. Ғафуров дар асоси асарҳои К. Маркс, Ф. Энгелс ва В. И. Ленин бори нахуст дар илм нуқтаи назари доир ба аҳамияти прогрессивии таърихии ба Руссия ҳамроҳ карда шудани Осиёи Миёнаро баён намуда буд, ки он дар натиҷа, дар илми таърихшиносии Шуравӣ мавриди эътирофи ҳамагон қарор мегирад.

  Дар китоби "Тоҷикон", муаллиф дар мавқеи худ пойдор монда, ақидаи худро бо далелу бурҳонҳои нав ва хулосаҳои тозаи илмӣ комилан пурра менамояд. Бар замми он, дар ин қисмат муаллиф раванди инкишофи дохилии Тоҷикистони тоинқилобиро (бо якҷоягии аморати Бухоро) баъд аз истилои ин сарзамин аз тарафи Руссия бо санаду бурҳонҳои ҳаётӣ нишон медаҳад, ки он ҷолибу писандида буда метавонад. Зимнан муаллиф бо дарназардошти охирин дастовардҳои илми таърихшиносӣ муайян намудааст, ки ноҳияҳои шимоли Тоҷикистон нисбат ба ноҳияҳои марказӣ, ҷанубу шарқӣ ва Бадахшон бештар ба ҳаёти иқтисодии Туркистон бевосита саҳми намоён доштанд. Инчунин охирин қисмати китоби "Тоҷикон" ба таърихи халқи тоҷик дар охири асри XIX ва ибтидои асри ХХ бахшида шудааст. Хусусияти ин давра аз он иборат аст, ки ҳаракатҳои инқилобие, ки саросари Руссияро фаро мегирифтанд, ба Осиёи Миёна низ паҳн ва интишор мегардиданд. Мардуми ситамдида таҳти роҳбарии синфи коргари рус ва ҳизби болшевикон барои сарнагун намудани режими мутлақият ва аз байн бурдани сармоядорӣ шӯру қиём намуданд. Муаллиф ба ҷиҳатҳои алоҳидаи таърихи ҷунбишҳои халқӣ аҳамияти махсус дода, онро бо дарназардошти вазъи ҳамон замон ба таври марксистӣ арзёбӣ намудааст, ки он бемуҳобот аҳамияти бузурги илмиву амалӣ дорад.

Чунонки ҳамзамонон таъкид месозанд, ки Бобоҷон Ғафуров дар шоҳасари «Тоҷикон»  тарзу усули нигориши ҷаззоб ва дилфиребро  куллан риоя намудааст ва асари мазкур ҷанбаи пурқуввати илмии академиро соҳиб мегардад, вале бо вуҷуди он, вай  бевосита ба тариқи оммафаҳм нигошта шудааст ва шахси андак босавод онро мутолиа  намуда, аз он пурра баҳраманд шуда метавонад. Зимнан тарҷумаи  тоҷикии асар (нашри солҳои 1983,1985) бори  дигар равонии  тарзу усули нигориши онро собит менамояд[6].

  Бешаку шубҳа, хусусияти хоси таҳқиқоти олими мумтоз Бобоҷон Ғафуров дар он таҷассум  меёфт, ки ӯ аз сарчашмаҳои хаттӣ, манбаъҳои сершумори таърихӣ, санаду ҳуҷҷатҳои нодир, асноди бойгонӣ ва амсоли он васеъ ва бамавқеъ истифода мебурд.  Масалан, муҳаққиқи  заҳматкаш ва тозакор танҳо дар ҷараёни таълифи нашри тоҷикии «Тоҷикон»  беш аз 1900  номгӯй асарҳо, монографияҳо ва таҳқиқотҳоро истифода бурддааст, ки аз онҳо 367  ададашон  ба қалами олимони хориҷӣ  мутааллиқ мебошанд[7] (9,496). Чуноне дигар тадқиқотҳо собит мекунанд, ки академик Б. Ғафуров ҳангоми навиштану коркарди шоҳасараш "Тоҷикон" зиёда аз 2000 сарчашмаҳои ватаниву хориҷӣ, монографияҳо, брошюра ва мақолаҳои илмиро самаранок истифода бурдааст, ки барои дастрас намудани баъзе аз онҳо худаш махсус ба хориҷа сафар карда, онҳоро бо машақатҳои зиёд мутолиаву коркард намудааст.

  Китоби"Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров дар ҳаёти илмиву фарҳангии кишварамон ҳодисаи намоёне гардид ва дар саҳифаи рангини таърих-шиносии Шуравӣ бо хати заррин сабт ёфтааст. Аҳамияти илмию амалии асари ҷамъбастии академик Б. Ғафуров танҳо бо он, ки вай яке аз таҳқиқотҳои бунёдӣ ва мӯҳташам доир ба таърихи халқҳои Осиёи Миёна мебошад, маҳдуд намегардад. Асари мазкур умуман дар таҳқиқу баррасии таърихи иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангии тамоми Машриқзамин  саҳми бориз ва арзанда мегардад. Далели аз тарафи аҳли илм эътироф шудани маҳсули меҳнати олими тоҷик аз он иборат аст, ки ба "Тоҷикон"-и Б. Ғафуров  таърихшиносон, бостоншиносон ва ховаршиносони номии Шуравӣ, аз қабили академикҳо Б. Б. Пиотровский, А. П. Окладников, М. П. Ким, Е. М. Жуков, И. И. Минс, М. А. Коростовсев, А. Л. Нарочнитский ва олимони шинохтаи тоҷик, академикҳо Б. Искандаров, С. А. Раҷабов, аъзо-корреспон-денти АИ Тоҷикистон А. Мухторов, бостоншиноси номӣ В. А. Ранов, адабиётшиноси маъруфи тоҷик Х. Мирзозода, файласуфи кайҳоншиноси сатҳи ҷаҳонӣ А. Турсунов ва дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ иншо намуда, ба он баҳои баланд додаанд. Чунончӣ, дар тақризи худ ба ин асар, академикҳо А. П. Окладников ва Б. Б. Пиотровский чунин навиштаанд: "Мо дар даст таҳқиқоти нави ҷамъбастии олимро дар ҳудуди 60 ҷузъи чопӣ дорем. Ин асари Бобоҷон Ғафуров натиҷаи заҳмат ва таҳқиқотҳои бештар аз 30 солаи ӯ дар ин мавзуст, барҷастатарин қисми фаъолияти илмии вай аст... Бобоҷон Ғафуров дар асари худ соҳиби истеъдоди фавқулодаи ба роҳбарӣ гирифтани методологияи марксистӣ-лениниро собит менамояд"[8]. Яке аз бостоншиносони барҷастаи Шуравӣ, академики АИ ИҶШС, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, лауреати Мукофоти Давлатии ИҶШС А. П. Окладников, ки дар таҳқиқи таърихи бостонии халқҳои Осиёи Миёна, аз ҷумла тоҷикон саҳмгузорӣ намудааст, дар рӯзномаи "Известия" доир ба "Тоҷикон" чунин навишта буд: "Рисолаи мӯҳташаму бунёдии Б. Ғафуров дониши моро доир ба таърих ва анъанаҳои яке аз халқҳои қадимтарини мамлакати мо-тоҷикон ғанӣ мегардонад ва ҳиссаи арзанда дар омӯзиши таърихи Ватан аст"[9].

  Зимнан, оид ба китоби "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуров ховаршиносони машҳури ҷаҳон, ба монанди  Ричард Фрай,  Иржи Бечка, Манфред Лоренс, Шоши  Бушан,  Нурул  Ҳасан, Файз Аҳмади  Файз, Ҳасани  Донӣ,  Сайид  Муҳаммади  Ҳаким ва чанде дигарон тақризҳои илмиву эҷодӣ ва ихтисосӣ таълиф намуда, арзиши баланд ва бебаҳои онро мавриди баҳс ва баҳогузорӣ қарор додаанд. Аз ин боис, китоби "Тоҷикон" дар хориҷи кишвар низ шуҳрат ёфта, дар байни шарқшиносони маъруфи хориҷа бо истиқболи гарм пазируфта шуд. Ба ин китоб дар ИМА, Олмон, Чехословакиё, Ҳиндустон, Афғонистон, Покистон ва дигар кишварҳо тақризҳои мусбати илмиву эҷодӣ ба чоп расиданд. Яке аз донишмандони маъруфи таърих ва фарҳанги Шарқ, муаллифи асарҳои "Мероси Эрон", "Бухоро" проффесори Донишгоҳи Гарвард Ричард Фрай (ИМА) дар маҷаллаи "Америка ҳисторик-эл ревью" ("Ахбори муаррихони Амрико") мақолае таҳти унвони "Академик Бобоҷон Ғафуров ва "Тоҷикон" навишта, ба китоб чунин баҳои баланд медиҳад: "Беназирии академик Ғафуров дар таҳқиқи масъалаҳои марбут ба Осиё на танҳо аз он аст, ки ӯ фарзанди миллати тоҷик аст. Ӯ директори Институти шарқшиносии АИ ИҶШС--бузургтарин маркази ховаршиносие мебошад, ки таҳти раёсаташ дар кӯтоҳтарин муддат муваффақиятҳои гӯшношунидро ноил гаштааст. Агар зарурати тарҷумаи инглисии ягон асари русии оид ба мавзуи Осиёи Марказӣ пеш ояд, бешак, он "Тоҷикон" аст"[10]. Бесабаб нест, ки зумраи зиёди олимони маъруф ва мутафаккирони барҷастаи ҷаҳон ба хидматҳои бузург ва кору пайкори беназири аллома Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд додаанд. Чунончӣ, ховаршиноси маъруфи чех, доктор Иржӣ Бечка ба шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров баҳои баланд ва ҳаққонӣ медиҳад:"Тоҷикон" на танҳо ҳудуди имрӯзаи Тоҷикистон, балки таърихи тамоми тоҷикони Осиёи Миёна, ҳамчунин қисмати бузурги Афғонистони имрӯзаро фаро гирифтааст. Аз ин лиҳоз, асар на танҳо барои халқи тоҷик, инчунин барои донистани таърихи рушду такомули тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти басанда дорад". Инчунин муаррих ва муҳаққиқи намоёни Афғонистон, профессори риштаи таърихи Донишгоҳи Кобул, доктор Ҷалолиддин Сиддиқӣ ба мазмун ва мӯҳтавои шоҳасари "Тоҷикон"-и Бобоҷон Ғафуров эътибори бевосита равона намуда, саҳми барҷастаи  муаллифро нишон медиҳад, ки шоистаи гуфтор ва таҳсин буда метавонад: ”Китоби "Тоҷикон" дар воқеъ асарест, ки дар он муборизаи халқи тоҷик бо халқҳои дигари бародари Хуросонзамин ва Мовароуннаҳр зидди ситам ва бедодгариҳои низомҳои гуногуни феодалӣ ба хубӣ акс ёфтааст. Ва фарозу дурудҳои ин халқро аз адвори хеле куҳан то асри ҳозир ба хубӣ ва диққати олимона баён доштааст"[11]. Президенти Анҷумани покистонии "Ҳамдард Нэшил фаундейшен" Ҳалим Муҳаммад Саид нақши илмиву адабии академик Бобоҷон Ғафуровро дар фарҳанг ва тамаддуни ҷаҳонӣ эътироф намуда, чунин иброз медорад: "Б. Ғафуров дар таҳқиқоти тамаддуни Осиёи Марказӣ-Покистон, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Муғулистон ва қисме аз ҳудуди Иттиҳоди Шуравӣ аз зумраи нахустин муҳаққиқон аст. Фаъолияти ӯ дар омӯзиши ин масъалаҳо сабаби дар ЮНЕСКО ташкил ёфтани бастҳои (секцияҳо) алоҳида гардидааст. Бесабаб нест, ки саҳми бузурги илмӣ Б. Ғафуровро бо олимони бомаҳорати ҷаҳонӣ дар як қатор мегузорад"[12]. Фарзанди фарзонаи қирғиз, мутафаккири сатҳи ҷаҳонӣ Чингиз Айтматов дар бораи шуҳрату шаҳомати ҷаҳонии  академик Бобоҷон Ғафуров чунин андешаронӣ  намудаст, ки он самимонаву  ҷасоратмандона аст:“Бобоҷон Ғафуров  базургтарин симоҳои илми ҷаҳонӣ буда, бо ҷустуҷӯҳои доманадор, бо ғурури баланди худшиносӣ ва талошу орзуҳо тавонист миллати соҳибфарҳангу соҳибтамаддуни  хеш-тоҷиконро  дар сафҳаи таърихи ҷаҳониён  муаррифӣ созад.Дар солҳои  фаъолияти ӯ (дар давраи интерат-сионализми байналхалқӣ) навиштани китоби"Тоҷикон", бешак қаҳрамонист. Ман гумон мекунам, ки на ба ҳама муҳаққиқ  таълифи чунин шоҳасар насиб мегардад”[13].

  Академики АИ ҶШС Тоҷикистон М. С. Осимӣ перомуни хизматҳои арзандаи ин марди пурхирад ва мутафаккири барҷастаи Машриқзамин чунин ибрози ақида намудааст, ки ҳақ бар ҷониби ӯст: "Тақдири миллат ва ҳифзи шаъну шарафи он то нафаси вопасин Бобоҷон Ғафуровро ором намегузошт. Ҳар гоҳ, ки дар бораи хизматҳои шоистаи Бобоҷон Ғафуров дар назди миллати худ сухан меравад, пеш аз ҳама, шоҳасари ӯ "Тоҷикон" пеши чашмамон ҷилвагар мешавад. Як худи ҳамин асар кофист, ки номи Бобоҷон Ғафуров дар саҳифаҳои таърихи халқамон бо ҳарфҳои заррин сабт шавад. Ва ҳол он ки тамоми фаъолияти бошууронаи Бобоҷон Ғафуров дар роҳи ҳифзи шаъну шараф, баланд бардоштани обрӯю эътибори миллати тоҷик равона шуда буд"[14]. Муаррихи намоёни тоҷик Амиршоҳ Ёрмуҳаммадов дар бораи душвориҳои дастрас намудани шоҳасари академик Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" чунин ибрози ақида мекунад, ки он инъикоскунандаи ҳақиқати ҳол аст. Мавсуф таъкид месозад, ки дар "соли 1972 асари машҳури академик Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон: Таърихи қадимтарин, қадим ва асрҳои миёна" (ба забони русӣ) аз чоп баромад. Китоб дар байни зиёиёни тоҷик як инқилоби фикриро ба вуҷуд овард. Ҳама кӯшиш мекарданд, ки он китобро дастрас кунанд, аммо ин на ба ҳама муяссар мегашт. Ман аз ноҳияи Колхозобод як нусхаи онро дастрас кардам ва бо ин худро хушбахт ҳисоб мекардам ва аз ин шоҳасар куллан баҳраманд гаштаам"[15].Зикри он саривақтӣ аст, ки чӣ муҳаққиқону муаррихон, адабиётшиносону фарҳанг-шиносони дохилӣ ва чӣ  хориҷӣ ба шоҳасари академики Академияи илмҳои ИҶШС, алломаи замон Бобоҷон Ғафуров тақризҳои илмию адабӣ иншо намуда, онро падидаи нави замон ва навгонии беамсоли даврон арзёбӣ мекарданд. Боиси тазаккур аст, ки саргузашти рангин ва қадамҳои ҷасуронаи шоҳасари "Тоҷикон"-и академик Бобоҷон Ғафуровро ёдрас намудан боиси ифтихори тоҷикон аст[16].

  Воқеан, соли 1972 дар шаҳри Ашқободи Туркманистон симпозиуми байналмилалии ховаршиносони ҷаҳон доир мегардад, ки дар кори он олимони бештар аз 20 мамлакати ҷаҳон иштирок намуданд, масъалаҳои мубрами таърихи нав ва навтарин, таҳлили инкишофи иҷтимоиву мадании мамлакатҳои Осиёи Марказиро дар асрҳои XIX-XX мавриди муҳокима қарор медиҳад. Иштирокчиёни форуми байналхалқии Ашқобод аввалин касоне буданд, ки бо монографияи фундаменталии Б. Ғафуров "Тоҷикон" шинос шуданд. Китоби мазкур дар ҳаёти илмии мамлакати мо ҳодисаи намоёне мегардад ва дар саҳифаҳои рангини таърихшиносии Шуравӣ инъикоси худро ёфтааст. Зимнан дар назди даромадгоҳи толори конференсия ин китоб ба фурӯш гузошта шуда буд, ки аксарият онро бо қаноатмандӣ мехариданд ва аз он бомаром хушнуд буданд. Устод ба бисёр шахсони ба конференсия даъватшуда, дӯстону ҳамкорони худ, китобро бо соядасташон туҳфа мекарданд. Чуноне Аҳрор Мухторов ёдоварӣ кардааст, ки ба рӯйи нусхаи ба ӯ туҳфакардаи Б. Ғафуров чунин навишта шудааст: "Моему большому другу профессору Мухтарову от Гафурова Б.Г., 27 сентября 1972 г.". Ин нусхаи табаррукиро ӯ дар ҷои намоёни китобхонааш нигоҳ медорад. Он вақт Мухторов ҳанӯз унвони профессорӣ надошт, КОА-и ИҶШС ҳанӯз рисолаи докториашро тасдиқ накарда буд. Вале дар пеши назари устод, Аҳрор Мухторов ин унвонро аллакай соҳиб буданд[17].

  Дар кори ин конфренсия олимони Ӯзбекистон бо сарварии президенти Академияи улумашон О. Содиқов ширкат варзиданд. Ҳис карда мешуд, ки директори Институти ховаршиносии Ӯзбекистон С. Азимҷонова як нусхаи "Тоҷикон"-и Ғафуровро дар рӯи курсии паҳлӯяш гузошта, ба тарафи О. Содиқов, ки дар президиуми маҷлис менишаст, ишораҳо мекард. Ӯ гуфтанӣ мешуд, ки "Бинед, Ғафуров боз чӣ кор кардааст?! Ин китоб "Тоҷикон" номида шудааст[18].  Моҳи апрели соли 1977 ноиби президенти АИ Ӯзбекистон Нурмуҳаммадов дар Душанбе бо Б. Ғафуров дучор омада, иброз медорад, ки "Домулло! Мо ба муқобили китоби шумо "Тоҷикон" ягон эроде надорем. Фақат мехоҳем, ки шумо номи онро дигар кунед". Дар ҷавоб устод бо ифтихор ба ӯ изҳор намуданд, ки "Сизлар ҳам "Ӯзбеклар" деб битта китоб чиқоринглар", яъне,"Шумоён ҳам бо номи "Ӯзбекҳо" чунин як китоб нашр кунетон!"[19]. Вале бо чунин унвон нашр кардани чунин шоҳасар  танҳо ба Бобоҷон Ғафуров муяссар шудаасту халос, ба дигарон ин кор мутлақо  дастнорас буд.

  Умуман, асари Бобоҷон Ғафуров аз ҷониби аҳли илм якхел қабул карда нашуд. Якчанд нафари олимон, ки ақаллиятро ташкил медоданд, доду фарёд бардоштанд. Ҳатто ба муаллиф туҳмат карда, дар саҳифаи матбуот баромад карданӣ шуданд. Яке аз ин қабил олимон бостоншиноси ленинградӣ Вадим Массон буд. Зимнан Ғафуров ба ин қабил олимон ҷавоби сазовор дода, асарашонро муҳофизат карда тавонистанд. Аксарияти олимони нотавонбин ва худхоҳу такаббур аз устод ҳарос мекарданд. Устод ба Аҳрор Мухторов боре гӯшзад карда буданд, ки ман боре бо В. Массон дар роҳрави Институт рӯ ба рӯ омада будам. Ӯ аз наздикшавӣ бо ман ҷуръат накарда, ба кадом як утоқи корӣ сар халонида, даромада, худро аз ғазаби ман халос намуд[20].

  Ибрози он андеша мусаллам аст, ки доир ба шоҳасари Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" дар баробари бештар тақризҳои мусбӣ, инчунин  баъзе фикру андешаҳои манфӣ низ нашр гардиданд. Масалан, доир ба асари Бобоҷон Ғафуров дар маҷаллаи "Гулистон" (органи расмии Ҳизби коммунисти Ӯзбекистон) тақриз ба забони ӯзбекӣ таҳти унвони "Таърих ва замон" нашр мегардад. Муаллифи он дар тақриз ақидаҳои таърихии Бобоҷон Ғафуровро ақидаи буржуазӣ ном бурда, ҳадафи танқид қарор медод. Вале Бобоҷон Ғафуров маҳсули эҷодӣ ва офаридаҳои худро ҳама вақт бо санаду далелҳои эътимоднок ҳимоя мекард[21]. Чуноне маҳаққиқон таъкид месозанд, ки "ба миён омадани асари бебаҳои Бобоҷон Ғафуров "Тоҷикон" дар илми замон  такони наверо ба вуҷуд оварда буд. Вале баъзе олимони таҳрифкор аз эҷоди чунин асари пурарзиш доду фарёд ва валвалаҳои беасос бардошта, онро бепоя нишон доданӣ мешуданд. Вале тавоноии олими дақиқназар даъвои беасоси даъвогарони бефакту далелро дарун шинонида, ба оташи ғазабашон оби сард рехт..."[22].      

  Воқеан, ин асари нодир ба аксарияти олимони шарқшиноси ватанӣ ва ховаршиносони хориҷӣ таассуроти оламшумул бахшида, Тоҷикистонро ба худаш ва берун аз он шинос намуд. Ин асар бо теъдоди 10 ҳазор нусха дар Маскав нашр шуда, мутаассифона, теъдоди ками он ба Тоҷикистон мерасад. Вале дӯконҳои китобфурӯшӣ ин китобро "зери остин" фурӯхтанд. Баъзе дигарон ба он китобҳои дигари аз фурӯшмондаро ҳамроҳ карда, бо нархи дучанду сечанд ба харидорон пешкаш мекарданд. Нархи китоб 4 сӯму 17 тин буд. Абдуллобек Муродов, бародари ҳофизи маъруфи тоҷик Ҷӯрабек Муродов ба А. Мухторов боре нақл карда буд, ки "Китоби Ғафуровро ман албатта, хонда намебароям, вале ин асар дар хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ ҳатман бояд ҷой дошта бошад. Вай зимнан таъкид месозад, ки "Ман ин китобро кофта пайдо намудам. Лекин танҳо як нусхаи онро дастрас карда, 30 сӯм дода харидам"[23]. Ҳамин тариқ, шоҳасари Б. Ғафуров мухлису ҳаводори зиёде пайдо карда, дар фурӯш тухми анқо мегардад ва онро мардум аз нархаш ҳам баланд харидорӣ менамуданд. Феълан Бобоҷон Ғафуров ба ин омилҳо диққат дода, боре суоломез изҳор медоранд: "Аҳрорҷон! Нисбат ба оне, ки китоб дар рафҳои дӯкон чанг зер карда, хобад, ҳамин хел тала шавад,  беҳтар не мӣ?”[24]. Дар воқеъ, ин шоҳасар ба баъзе мухлисону ихлосмандони ашаддӣ  чун доруи ҷонбахш ва бедармон мегардад, ки аз он рӯҳу равон ва ҳаловат мебурданд. Ҳамзамон, дар ин хусус санаду бурҳонҳои ҳаётӣ кам нестанд. Бино бар нақли доктори илмҳои таърих Гулрӯз Наврӯзов, мавсуф ба ватанаш Ишкошим меравад ва зимнан ба аёдати ҳамсояаш мӯйсафеди 82 сола рафта, ба тааҷҷуб мемонад. Ҳамсояи пираш гарчанде бемори бистарӣ бошад ҳам, вале дар даст "Тоҷикон"-и Ғафуровро нигоҳ медошт. Сониян, Г. Наврӯзов тааҷҷуб намуда, сабаби китобдории беморро мепурсад. Мӯйсафед посух медиҳад, ки "Агар ҳамин китобро аз дасти худ дигар ҷо гузорам, дарди ман боло мегирад". Бале, "Тоҷикон" давои бедармони  дарди чандинасраи тоҷикон гардида будааст[25] .

  Хизматҳои шоён ва назарраси академик Б. Ғафуров баҳри илму адаб, ватану миллатҳои дунё (Шарқ) бепоёну беназиранд. Бо қалами академик Б. Ғафуров зиёда аз 400 асару мақолаҳо дар бораи таърихи халқи тоҷик, таърихи умумиҷаҳонӣ ва дигар мавзуъҳо навишта ва илова бар ин, онҳо бо забонҳои гуногун дар нашрияҳои гуногуни дунё аз чоп баромадаанд. Асару корҳои илмии олим бо забонҳои ҳиндуӣ, итолиёвӣ, форсӣ, арабӣ, юнонӣ, чинӣ, фаронсавӣ, урдуӣ, полшагӣ, русӣ ва ғайра бо теъдоди зиёд ба табъ расидаанд. Аввалин маротиба бо ёрии академик Б. Ғафуров гурӯҳи бонуфузи муаллифон, китоби "Таърихи халқи тоҷик"-ро дар се ҷилд ва панҷ китоб таълиф намуда, солҳои 1963-1965 нашриёти "Наука"-и шаҳри Маскав аз чоп бароварданд. Бо ташаббус ва зери таҳрири олим танҳо бо забони англисӣ зиёда аз 30 асар дар мавзуъҳои муҳими таърихи кишварҳои Шарқ ба табъ расиданд. Лекин аз ҳама заҳмату машаққат ва хизматҳои шоёну беназири академик Бобоҷон Ғафуров ин китобҳои "Таърихи халқи тоҷик" ва "Тоҷикон" дар чанд ҷилд мебошанд, ки онҳо ному нишони миллати тоҷикро дар тамоми ҷаҳон  интишор намуда, шуҳратманд мегардонад.

  Муаррихи номии тоҷик, доктори илми таърих Давлатхоҷа Довудӣ ба истеъдоди бузург ва фавқулоддаи аллома Бобоҷон Ғафуров баҳои ҳаққонӣ дода, чунин ибрози ақида намудааст: “Ба қалами ин бузургмард асарҳои зиёде тааллуқ доранд, аммо саҳми бузурги ӯ дар таърихшиносии тоҷик таълифи китоби бунёдии “Тоҷикон” мебошад. Аз тарафи як муаллиф дар чунин поя навиштани асаре, ки давраи калони таърихиро аз қадимтарин ҷамоаҳои ибтидоӣ то давраи нав дарбар мегирад, корест басо мушкил. Дар таълифи ин асар сарчашмаҳои сершумори хаттӣ, бостоншиносӣ, забонши-носӣ, мардумшиносӣ ва ғайраро мавриди таҳқиқу таҳлил қарор додан зарур буд, вале бо вуҷуди он, Бобоҷон Ғафуров аз ӯҳдаи ин кори заҳматталаб сарбаландона баромада, асари “Тоҷикон”-ро ба забонҳои русӣ, тоҷикӣ (минҷумла бо ҳуруфоти арабӣ), англисӣ ва ғайра нашр намуда, дар олами илм баҳои баланду сазоворро соҳиб гардид, бо  ин кори наҷиби хеш, аҳли оламро мусаххар  намуд. Бояд таъкид кард, ки китоби “Тоҷикон” ва асарҳои дигари муҳаққиқ бо сабки хос навишта шудаанд. Донишманд тамоми сарчашмаҳои мавриди истифодааш қарордоштаро амиқу дақиқ омӯхта, ба хулосаҳои муҳими илмӣ омадааст, аз изҳори хулосаҳои шитобкорона худдорӣ кардааст[26].

  Набояд фаромӯш кард, ки дар чунин замон ва муҳити идеологие, ки шоҳасари“Тоҷикон”офарида шудааст, имконияти таърихнигорону ҷомеаши-носон ниҳоят маҳдуд буд. Дар он шароит “Тоҷикон” барин асареро навиштан ва нашр кардан дониши қавӣ ва ҷасорати хосаеро талаб мекард. Албатта, дар доираи як асар  ҳамаи масъалаҳои таърихи тӯлонии халқро ҳаллу фасл  кардан аз имкон берун аст. Ҳалли баъзе аз ин гуна масоил маъхазҳо ва таҳқиқотҳои иловагиро тақозо мекунанд. “Дар ҳар сурат, масъалаҳои асосӣ ва бунёдии таърихи халқи тоҷик дар ин асар воқеъбинона инъикос ёфтаанд. “Тоҷикон”, ки соли 1972 нашр шудааст, то имрӯз беҳтарин ва мукаммалтарин асар доир ба таърихи тоҷикон ва мардуми Осиёи Миёна ба шумор меравад”[27]. Агар “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров асари фундамен-талӣ намебуд, ба чандин забонҳои олами мутамаддин тарҷума ва нашр намешуд. Шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума ва нашр шуда, шуҳрати ҷаҳонии он боз ҳам афзун мегардад. Чунончӣ, дар соли 1977 “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ба забони ҷопонӣ ва дар соли 1978 бошад, дар Варшава ба забони полякӣ аз чоп баромад. Соли 1984 дар Кобул “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуровро муаррихи маъруфи Афғонистон Ҷалолиддин Сиддиқӣ аз рӯи китоби якуми чопи Душанбе ба нашр ҳозир намуд. Баъд бо саъю кӯшиши ин олим китоби дуюми “Тоҷикон” омодаи нашр шуда, ба хонандагон ва ҳаводорони арҷманди тоҷики ҶИА дастрас мегардад. Мутафаккири машҳури афғон, собиқ раиси Китобхонаи Академияи илмҳои Афғонистон Дӯстмуҳаммад Парвонӣ ба хидматҳои профессор Ҷалолиддин Сиддиқӣ, ки “Тоҷикон”-ро ба ҳуруфи  арабӣ бо сифати баланд баргардон намудааст, ба он баҳои ҳаққонӣ медиҳад. «Зимнан “Тоҷикон”, ки бо эҳтимоми олими шинохтаи мо Ҷалолиддин Сиддиқӣ танзим ва ба ҳуруфоти арабӣ баргардонида шуда, чоп гардид, воқеаи бузурге буд дар ҳаёти илмию фарҳангии Афғонистон. Асаре, ки ба забони хеле фаҳмо иншо гардидааст, ба хонандаи афғон перомуни таъриху фарҳанги муштараки мо сарчашмаи бебаҳои дониш аст»[28].

  Муҳаққиқи тавоно ва муаррихи барҷастаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров  шоҳасари “Тоҷикон”-ро на танҳо барои тоҷикон ва мардуми Осиёи Марказӣ, балки ба тамоми тоҷикони ҷаҳон ҳамчун ғизои пурғановат ва оламафрӯзи маънавӣ пешниҳод намудааст. Аз ин хотир, муҳаққиқон  оид ба  доираи амал ва  таъсиру нуфузи  ин шоҳасари безавол  чуннин ақидаи баҳснок ва ҳалталабро арзонӣ медоранд, ки  он мувофиқи матлаб аст. Чунончӣ, бино бар андешаҳои муҳаққиқон, Ғафуров хуб тасаввур мекарданд, ки ҳангоми тақсимоти миллӣ дар умури марзбандиҳои миллӣ-давлатии Осиёи Марказӣ ба хатогиҳои фоҳиш роҳ дода шудааст. Аз ҳисоби бадбахтии тоҷикон халқҳои кӯчии орӣ аз тамаддун мутамаддин карда шудаанд. Ғафуров хуб  медонистанд, ки гаҳвораҳои тамаддуни халқи тоҷик - Самарқанд ва Бухоро ба бегонагон дода шудаанд, тоҷик дар деҳаи  хурдакаки  Душанбе пойтахти навини худро  эълон кард. Ғафуров хуб тасаввур мекарданд, ки қисмати бофарҳанги халқи тоҷик асосан берун аз ҳудудҳои Тоҷикистони имрӯза мондааст. Ба ҳамин хотир, он кас номи китобашонро “Тоҷикон” монданд ва бо ин васила тамоми тоҷикони ҷаҳонро бо таърихи тамаддуни қадимаашон фаро гирифтанд. Дар ҳақиқат ҳам, ин китоб дар фикру зикри тоҷикони ҷаҳон инқилоби худшиносии миллиро ба вуҷуд овардааст...[29]. Бесабаб иловатан профессор Усмонҷон Ғаффоров зикр намесозад, ки Бобоҷон Ғафуров  дар пайи таснифи ин шоҳасари комиле, ки ба 15 милён тоҷикони ҷаҳон аз муқаддастарин таснифот маҳсуб  ёфта, беш аз сӣ соли умри азизу пурбаракати худро ба харҷ додааст, таърихи пайдоиш, рушду такомул ва талошу пайкорҳои халқи тоҷикро дар рафоқату муттафиқӣ, робитаҳои қавӣ ва устувор бо халқҳои соири Осиёи Марказӣ собитқадамона ва умедбахш ба қалам  медиҳад[30].   Тазаккур ба ёдоварист, ки ба туфайли таҳқиқотҳои қавӣ ва доманадори муҳаққиқи мумтози тоҷик, профессор Мансур  Бобохонов дар солҳои аввали истиқлолият теъдоди тоҷикони ҷаҳон 29 милён нафар[31], аммо пажуҳиши солҳои охир бошанд, собит месозанд, ки миқдори тоҷикон дар ҷаҳони мутамаддин беш аз 50 милён нафарро ташкил медиҳанд[32]. Феълан ҳақиқат он аст, ки  шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” на  ба 15 милёне, ки муҳаққиқон иброз медоштанд, балки ба беш аз 50 милён тоҷикони ҷаҳон  мояи ифтихор мебошад. Имрӯз мо бо сарбаландӣ ва ифтихори баланд таъкид менамоем, ки ин шоҳасар пас аз Авестои муқаддас, Қуръони Маҷид, ”Шоҳнома”-и Ҳаким Фирдавсӣ, “Ёддоштҳо”-и аллома Садриддин Айнӣ ва амсоли он таснифоти оламшумул маҳсуб меёбад, ки ба ин ҳақиқати кулл  ҳеҷ гоҳ ҷойи шубҳа нест ва нахоҳад буд!!!

  Шуҳрати бепоёни шоҳасари академик  Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон”-ро ин далели воқеӣ кофист, ки он дар муддати кутоҳ ба 83 забони дунё тарҷима ва нашр  мегардад[33]. Аҳамияти илмиву амалии шоҳасари “Тоҷикон аз он иборат аст, ки он на танҳо ба тоҷикон ва форсизабонони олам, балки ба халқҳои гуногуни ҷаҳон намунаи ибрат буда метавонад. Бесабаб нест, ки донишмади барҷаста ва муаррихи машҳури Ҳиндустон Нурул Ҳасан дар ин бора чунин таъкид месозад, ки “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар омӯхтани таъриху тамаддуни Шарқ, инчунин ҳаматарафа таҳлил намудани олами табиату наботот ва халқҳои Осиё нақши бузург бозидааст”[34]. Ба ибораи оламшумули Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон,”Арзиши илмии “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров бениҳоят бузург аст  ва ӯ бо заҳмати чандинсолаи худ мо ва мардуми ҷаҳонро бо саҳифаҳои рангини миллатамон ошно кард”[35]. Оре, ба қавли Президенти ҷумҳуриамон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, “ин асар аз тарафи маъруфтарин мутахассисони тамаддуни халқҳои  Шарқ,  аз ҷумла,  Осиёи Марказӣ  эътироф шуд ва ба таври сазовор арзёбӣ гардид. Китоби «Тоҷикон» барои болоравии худшиносӣ ва худогоҳии миллии халқи мо дар ҳақиқат такони ҷиддие гардид”[36]

  Зикри он  мувофиқи матлаб аст, ки хушбахтона, пас аз чанд даҳсолаҳо аз вариантҳои русиву тоҷикии шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров, ба қарибӣ бори нахуст ба забони ӯзбекӣ,  аз ҷониби рӯзноманигори хушсалиқа ва тарҷумони варзидаи ӯзбек Ҳасан Бердиқулов бо маҳорати баланд тарҷума ва нашр шуда, ба хонандагони ӯзбекзабон дастрас мегардад. Китоби “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров дар тарҷумаи Ҳасан Бердиқулов дар ду ҷилд, дар ҳаҷми 1523 саҳифа ва қариб 300 аксҳои гуногуни таърихӣ нашр шудааст. Бино бар таъкиди тарҷумони нашри ӯзбекии ин шоҳасар-Ҳасан Бердиқулов, “тарҷумаи асар ба забони ӯзбекӣ аслан  дар такя ба нусхаи русии он сурат гирифтааст, он аз ҷониби  аҳли зиёи кишвар, хусусан олимони маъруфи ҷумҳурӣ якдилона пазируфта шудааст. Алалхусус даҳ нафар муҳаққиқони варзида ва намоёни Ватанӣ ба ин шоҳасар тақриз навишта, нашри онро якдилона ҷонибдорӣ намуданд”[37].

  Зимнан саросари мундариҷаи китоби Б.Ғ.Ғафуров бо рӯҳу нияти ғояи дӯстии халқҳои Осиёи Миёна саршор аст. Дар ин асар натиҷаи тамоми таҳқиқотҳои олимон ва муаррихони Шуравӣ ва илми пешқадами хориҷа, ки то ибтидои солҳои 70-уми асри ХХ дастрас буданд, дурандешона ҷамъбаст карда шудаанд[38]. Пас аз чопи “Тоҷикон” ба забони русӣ, Бобоҷон Ғафуров аз ин нашр қаноатманд нашуда, ба китоби худ иловаҳо ворид мекарданд, норасоиҳо ва нуқсонҳои бударо ислоҳ менамуданд ва онҳоро барои ворид кардан ба нашри тоҷикӣ омода мекард. Илова бар он, муаллиф дар нашри тоҷикӣ манбаъҳо ва тадқиқотҳои олимонро то ибтидои соли 1977 дастрасбударо ҳамроҳ намудааст[39]. Албатта, орзуи Бобоҷон Ғафуров, доир ба нашри тоҷикии“Тоҷикон” баъзе мураккабиву душвориҳо дошт, ки дар ин хусус муҳаррири нашри тоҷикии он, академик Аҳрор Мухторов дар хотираҳо ва ёддоштҳои худ таҳти унвони “Қадамҳои “Тоҷикон” баъдтар бо самимият сухан рондааст[40].Маҳз дар даврони Шуравӣ ба асарҳои худ гузоштани унвони “Тоҷикон” кори бениҳоят душвору мураккаб ва иҷронашаванда маҳсуб меёфт, вале фарзанди фарзонаи халқи тоҷик, академик Бобоҷон Ғафуров ин кори наҷиб ва сангинро бо фахри баланди миллӣ анҷом дода, ба шоҳасари хеш номи “Тоҷикон”-ро мегузорад, ки онро ҷасорати беҳамто ва қаҳрамонии нотакрор номидан мумкин аст. Бесабаб нест,ки Президенти муҳтарами ҷумҳуриамон, Эмомалӣ Раҳмон нашри “Тоҷикон”-ро дар он давра ҷасорату матонати бузург номида, ба он чунин баҳои ҳаққонӣ медиҳанд: «“Тоҷикон” воқеан шиносномаи миллат аст. Ин шоҳасари безавол, ки самараи меҳнати сисолаи олим аст, аз ҷумлаи таҳқиқоти бунёдӣ ва фарогирандаи таърихи халқҳои Осиёи Марказӣ ба шумор меравад. Ин асар, барҳақ, китоби рӯимизии ҳар як фарди соҳиб-маърифати тоҷик мебошад ва барои худгоҳии миллӣ ва рушди тафаккури таърихии мардуми мо чун обу ҳаво зарур аст»[41].  Зимнан, академик Бобоҷон Ғафуров ба осори пурмӯҳтаво ва рангини худ, хусусан бо шоҳасари “Тоҷикон” дар таърихи миллати мо ному насаби ин шахсияти бузург ба хатти заррин сабт мегардад. Бесабаб нест, ки ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ бо номи ин абармарди миллат сидқан фахр мекунанд ва номи оламгири  ӯ бо шоҳасараш “Тоҷикон” вирди забони на танҳо халқи тоҷик, балки тамоми мардуми олами мутамаддин гирдидааст. Академики АИ ИҶШС Г. М.Бонград-Левин оид ба ҷуръату матонати бузурги академик Бобоҷон Ғафуров ишора карда, чунин ибрози ақида менамояд:”Таърих кам андар кам олим ва сиёсатмадореро медонад, ки ба андозаи Бобоҷон Ғафуров ҷуръат ва матонати комил дошта бошад... Нуфуз ва эътибори байналмилалӣ пайдо кардани Институти шарқшиноосӣ самараи бемонанди ҷуръат, вусъати назар, сиёсатмадорӣ ва истеъдоди баланди созмондиҳии  Бобоҷон Ғафуровро намоиш медиҳанд”[42].

  Ҳамин тариқ, роҳи тайкардаи шоҳасари “Тоҷикон” ба муаллифи он осон  набуд, маҳз ӯ дар ин роҳ, сӣ сол заҳмати бепоён  кашида, маҳбуби халқи худ гаштааст.Шоҳасари безаволи Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” меҳрномаи ӯ нисбат ба халқи азизаш буда, номи ин муаррихи барҷастаро абадӣ ва ҷовидонӣ гардонидааст. Дар ҳақиқат ҳам, шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” ҳамчун машъали пурҷилое саҳифаҳои торику ниҳонии таърихи миллати тоҷикро равшанӣ андохт ва падидаҳои худшиносиву ифтихори миллиро дар зеҳну шуури ҷавонони тоҷик такмил ва тақвият медиҳад. Ин шоҳасари Бобоҷон Ғафуров-“Тоҷикон” номи халқи тоҷикро поянда ва абадан зиндаву ҷовидон гардонидааст.

Шодипур ЮСУФИ  

н. и. т., дотсенти кафедраи

таърихи халқи тоҷики ДМТ

[1] Мухторов А., Шарифов Ш. Академик Бобоҷон Ғафуров.-Душанбе: Ирфон,1989.-С.134-135.

[2]Турсунов А.Пояафрози миллат: (Шамае чанд аз рӯзгори Бобоҷон Ғафуров) // Акбар Турсунов. Қирони Саъд: (Се очерк).-Душанбе: Ирфон,1986.-С.139.

[3] Турсунов А. Пояафрози миллат: (Шамае чанд аз рӯзгори Бобоҷон Ғафуров).-С.176.

[4] Дар ҳамон  ҷо.-С.177.

[5]Дар ҳамон  ҷо.-С.176.

[6]Ғаффоров У. Сарчашмаҳо ва омилҳои шуҳрати Бобоҷон Ғафуров // Академик Бобоҷон Ғафуров- муҳаққиқи таърих ва тамаддуни мардумони  Осиёи Марказӣ  (Маҷмӯаи мақолоти таҳқиқӣ).- Душанбе: Ирфон,1999.- С.486.

[7]Ғаффоров У. Сарчашмаҳо ва омилҳои шуҳрати Бобоҷон Ғафуров.- С.496.

[8]Окладников А.Т., Пиотровский Б. Б. Тақриз ба шоҳасари “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров //Вопросы истории.-1974.-№12.-С.144.

[9] Академик А. Окладнинов. Из глубины веков// Известия.-1973. - 22 феврал; Мухторов А., Шарифов Ш. Академик Бобоҷон Ғафуров.-Душанбе: Ирфон,1989.-С.138-139.

[10] Ҳамдамов Ш. Олим будан, одил будан аст:Саҳифае аз рӯзгори академик Бобоҷон Ғафуров// Газетаи муаллимон.-1983.-5 ноябр.

[11]Номбардори миллат: Назари донишмандон ва арбобони давлатӣ дар бораи Бобоҷон Ғафуров.- С.140.

[12]Номбардори миллат:Назари донишмандон ва арбобони давлатӣ дар бораи Бобоҷон Ғафуров.- С.139.

[13] Тоҷикистон.-2018.- № 43.- 24 октябр.- С.12.

[14] Осимӣ М.С. Марди хирад ва дилсӯзи миллат// Мухторов А. Бобоҷон Ғафуров:(Хотираҳо). Душанбе: Дониш, 1992.- С.118.

[15] Ёрмуҳаммадов. А. Хотироти пурарзиши ҳаёти ман// Маорифи Тоҷикистон.-2020.-№3.- С.20.

[16] Ёрмуҳаммадов. А. Хотироти пурарзиши ҳаёти ман// Маорифи Тоҷикистон.-2020.-№3.- С.20.

[17] Мухторов А. Қиссаи“ Тоҷикон”//Мухторов А. Бобоҷон Ғафуров: ( Хотираҳо).-С.49.

[18] Дар ҳамон  ҷо.

[19] Мухторов А. Қиссаи“ Тоҷикон”.-С.48.

[20]Мухторов А. Қиссаи“ Тоҷикон”//Мухторов А. Бобоҷон Ғафуров: ( Хотираҳо).-С.49.

[21]Ёрмуҳаммадов. А. Хотироти пурарзиши ҳаёти ман// Маорифи Тоҷикистон.-2020.-№3.- С.20.

[22] Саъдуллоҳи Ҳайдар. Хотираи некаш дар ёдҳо// Нидои ранҷбар.-1994.-№28.-10 декабр.

[23]Мухторов А. Қиссаи“ Тоҷикон”.-С.50.

[24] Мухторов А. Қиссаи“ Тоҷикон”.-С.50.

[25]Дар ҳамон  ҷо.

[26]Довудӣ Д. Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар сиккашиносии тоҷик //Академик Бобоҷон Ғафуров- муҳақ-қиқи таърих ва тамаддуни мардумони  Осиёи Марказӣ  (Маҷмӯаи мақолоти таҳқиқӣ).- Душанбе: Ирфон, 1999.- С. 251-252.

[27]Довудӣ Д. Саҳми Бобоҷон Ғафуров дар сиккашиносии тоҷик.- С. 253.

[28]Номбардори миллат: Назари донишмандон ва арбобони давлатӣ дар бораи Бобоҷон Ғафуров// Аҳрор Мухторов. Бобоҷон Ғафуров: (Хотираҳо).- Душанбе: Дониш, 1992.- С.139-140.

[29]Дӯстзода Ҳ.Фарзанди барӯманди халқи тоҷик // Бобоҷон Ғафуров--муҳаққиқи барҷастаи таърихи Осиёи Марказӣ: Маводи конфронси илмии байналхалқӣ.-Душанбе, 2009.-С.211-212.

[30]Ғаффоров У. Сарчашмаҳо ва омилҳои шӯҳрати Бобоҷон Ғафуров // Академик Бобоҷон Ғафуров- муҳаққиқи таърих ва тамаддуни мардумони  Осиёи Марказӣ  (Маҷмӯаи мақолоти таҳқиқӣ).- Душанбе: Ирфон,1999.- С.486.

[31] Бобохонов М. Тоҷикони ҷаҳон чанд нафаранд?//Минбари халқ.- 1996.-7 сенябр.

[32] Бобохонов М.Таърихи тоҷикони ҷаҳон: (Тоҷикон ва ирреденту диаспораҳои онҳо).- Қисми аввал.-  Душанбе,2011.- С.8.

[33] Осидова Ш.“Тоҷикон”-и безавол// Паёми Душанбе.-2020.-№91-92.-31 октябр.-С.13.

[34] Восидова Ш.“Тоҷикон”-и безавол// Паёми Душанбе.-2020.-№91-92.-31 октябр.-С.13.

[35] Раҳмон. Э. Бобоҷон Ғафуров олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлатӣ // Чеҳраҳои монда-гор.- Душанбе, 2016.- С.331-333.

[36]Дар ҳамон  ҷо.

[37] Тарҷумае дар партави дӯстӣ// Ба қуллаҳои дониш.-2019.-№6.-15 апрел.

[38]Мухторов А. Қадамҳои “ Тоҷикон”.-С.59-60.

[39] Дар ҳамон  ҷо.-С.60.

[40]Мухторов А. Қадамҳои “ Тоҷикон”.-С.56-66.

[41]Раҳмон. Э. Бобоҷон Ғафуров олими тавоно ва арбоби барҷастаи сиёсиву давлаитӣ.- С.333.

[42] Охунзода   Н. Андар шинохти Бобоҷон Ғафуров // Омӯзгор. -2019.-№14.- 4 апрел .- С.13.

Хондан 1604 маротиба