JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Августи 2023 04:11

Дар пайи хидмат ба миллат ҷоннисорӣ мекунӣ! (Паёми шодбошӣ ба ифтихори зодрӯзи журналисти номдори тоҷик Раҷаби Мирзо)

Муаллиф:

 Дӯсту бародари гиромӣ, Раҷаби Мирзо!

     Ҷомеаи маданӣ ва қишри рӯзноманигории ватанӣ солҳост Шуморо минҳайси журналисти баистеъдод, ҳирфаӣ ва бофарҳангу баномуси миллӣ мешиносанду эътироф мекунанд. Бидуни тардиду таоруф, ҳар қадар синнусолатон боло меравад, ҳамон қадар огоҳтар, донотар, мушоҳидакортар, ҷиддитар, баҳавсалатар, шоистатар ва фарҳехтатар мешавед. Ин навъ нишонию аломотро на дар ҳама инсонҳо ва шахсиятҳои варзида метавон мушоҳида кард. Аммо Шумо бо ҷустору такопуҳои бардавом, саъю талошҳои фаровон ва руҳияи интиқодгарию интиқодпазирии мудавом сол ба сол дар бозсозию худсозии фардӣ саҳм мегиред ва дар ин масир аз чизеву касе намеҳаросед. Гузашта аз ин, дар нигоштаву назароти Шумо мутлақгаройӣ ва яксӯянигарӣ мушоҳида намешавад ва ҳар нуқтаназареро, ки бар мабнои далелу арқом дар шакли катбию шифоҳӣ ироа медоред, қобили радду бадал, баҳсу ҷадал ва нақду баррасӣ мешуморед. Ин аст, ки ҷомеаи рӯзноманигорӣ ва институтҳои мадании ватанӣ Шуморо  сидқан дӯст медоранду эҳтиром мекунанд.

     Муҳимтар аз ҳама, Шумо аз ҷумлаи чеҳраҳои саршиноси журналистикаи ватанию миллӣ маҳсуб  мешавед, ки аз соли 1991 инҷониб бо ташаббусоти фардӣ ва ибтикороти сирф ихтисосию миллӣ дар фазо ва муҳитҳои иттилоотӣ, расонаӣ ва матбуотӣ фаъолед. Зиёда аз ин, фаъолияти Шумо дар доираи расонаҳо ва кори расонаӣ маҳдуд намешавад, балки хеле густардатар аст. Мутолеоти густарда, мушоҳидоти рӯзмарра, диққатмадории шоиста, часбу талошҳои пайваста, такмили ҳирфа, савобиқу таҷриба, умқи андеша ва ҷуръату ҷасорати арзанда минҳайси вежагиҳои ҳувиятӣ ва шахсиятӣ Шумо -- Раҷаби Мирзоро миёни қишри журналистӣ ва ниҳоди қаламбадастӣ соҳибмартаба кардааст. Матолиби таҳлилӣ ва гузоришоти таҳқиқии Шумо даҳсолаҳост, ки матбуоти даврӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва фазои маҷозиро обуранги махсус медиҳанд. Махсусан, таъсиси Маркази таҳқиқоти сотсиологии “Бозтоб”(соли 2011), ки Шумо муассис ва раҳбари он ба шумор меравед, заминаи мусоиде барои тарбияи рӯзноманигорони ҳирфаӣ ва қаламбадастони миллӣ дар шароити соҳибистиқлолӣ фароҳам овардааст.

     Дар зимн, Шумо ба ҳаводису воқеаҳо ва падидаю зуҳурот аз дидгоҳи ихтисосӣ ва манофеи миллӣ бархурд мекунед, ки аз паҳнои дониш, сабки пажуҳиш, жарфои биниш, вусъати нигариш ва муҳтавои гироишатон дарак медиҳад. Мунтахаботи мавзуӣ, бардоштҳои ҳирфаӣ, сатҳи таҳқиқӣ, шеваи таҳлилу баррасӣ, тариқаи бозрасию бозбинӣ, тозакориҳои эҷодӣ, ҷолибияти хулосаю натиҷагирӣ ва ҷасорати иҷтимоию маданӣ мушаххасоти ҳунарӣ ва ихтисосии Шуморо ҳамчун журналисти миллӣ ташкил медиҳанд. Ба ин далел, матолибу гузоришот ва мақолаю мусоҳиботи Шумо мавриди писанди корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва хонандагони соҳибзавқи рӯзномаву ҷароиди ватанӣ мегарданд.

    Раҷаби Мирзои гиромӣ, имрӯз – 10 август зодрӯзи Шумост ва аз фурсати мусоид истифода намуда, ин рӯзи хуҷастаро бароятон самимона шодбош гуфта, дар фаъолияти минбаъдаи ҳирфаӣ, эҷодӣ, иҷтимоӣ ва мадании Шумо комёбиҳои беназирро таманно мекунем. Тандурусту сиҳатманд ва пирӯзу муваффақ бошеду солҳои тулонӣ бо руҳу равони қавӣ ва тавонмандии бебадали ҷисмию баданӣ ба миллат хидмат намоед. Хидматҳои беғаразонаи Шуморо миллат қадр карда ва мекунад. Воқеан, Шумо шахсияти шоиста ва арзандаи халқу миллат ҳастед. Ба ин маънӣ:

            Дар масири зиндагонӣ устуворӣ мекунӣ,

             Аз барои зиндагӣ шабзиндадорӣ мекунӣ,

             Ҳар киро дастат расад, бевақфа ёрӣ мекунӣ,

             Ҳар чиро дар даст дорӣ, хайри ҷорӣ мекунӣ,

             Хидмат андар роҳи миллат ихтиёрӣ мекунӣ,

             Бо Ватан шоду гаҳи ғам ғамгусорӣ мекунӣ,

             Бо тавонат ҷамъи душманро фирорӣ мекунӣ,

             Дар пайи хидмат ба миллат бурдборӣ мекунӣ,

             Ай Раҷаб Мирзо, дар ин раҳ ҷонсупорӣ мекунӣ,

           Ҷоннисорӣ мекунӣ!

          

           

 

Бо эҳтиром,

аъзои маҳфили “Ҷаҳони андеша”

ш. Душанбе,

10 августи соли 2023

Хондан 1759 маротиба