JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 28 Августи 2023 04:40

Шахсияти комил ва маорифпарвари беназир Садри Зиё

Муаллиф: Зоҳид АБДУЛҲАЕВ

  (Ба муносибати 158 - солагии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё)

  Ташаккули шахсияти инсон, ин раванди ба даст овардани сифатҳои шахсӣ ва иҷтимоӣ буда, он дар ҷараёни фаъолиятҳои гуногун сурат мегирад. Раванди ташаккул ва рушди шахсият мунтазам ба амал омада, то интиҳои умри одамӣ идома меёбад.

  Ҳеҷ як инсон дар ҷаҳон ташаккулёфта таваллуд намешавад. Зиндагии ӯ ин худ ташаккулёбӣ ва ба камолот расидан аст – гуфтааст В.Г. Белинский.

  Омилҳои асосии ташаккули шахсият, ин хусусиятҳои генетикӣ, муҳити зист, таъсири фарҳангӣ, таъсири иҷтимоӣ ва таҷрибаи шахсии инсон мебошад. Омезиши ин омилҳо дар ташаккули шахсият, ҳамеша натиҷаи беназир дар пай дорад.

Шарифҷон-махдуми Садри Зиё (1865-1932) низ аз ҷумлаи чунин шахсонест, ки хусусиятҳои зикргардидаро дорост. Ӯ ҳам аз падари худ – Абдушшакури Оят донишу фазилат, ҷасорату матонат ва хислатҳои баланди инсониро ба ирс гирифта буд. Ҳамчунин муҳити зист – Аморати Бухоро, таъсири фарҳангӣ – адабиёти пурғановати тоҷик, таъсири иҷтимоӣ – равшангарӣ ва таҷрибаи шахсӣ аз дигар омилҳое буданд, ки ба ташаккули шахсияти ӯ таъсир бахшида, ӯро шахсияти таъсиргузор ва ҳамагонӣ гардониданд.

Сарчашмаҳои адабии нимаи дувуми асри XІX ва ибтидои асри XX муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву таърихӣ ва равандҳои эҷодии ин давраро дар худ таҷассум кардаанд. Аз ҷумла осори С. Айнӣ барои омӯзиш ва таҳқиқи чеҳраҳои тобноки аҳли илму адаб, равшанфикрону тараққихоҳон сарчашмаи муътамад ба шумор рафта, ба мо маълумоти пурқимат дода метавонанд.

Асарҳои С. Айнӣ дар шинохти ҳаёти адабии замон нақши равшане доранд. Ҳаёти адабӣ дар ин давра ба тағйирот ва дигаргунии куллӣ дучор омад, ки авомили асосии он наҳзати маорифпарварӣ ё ба истилоҳи дигар ислоҳотхоҳӣ аст. Бино ба таъкиди адабиётшинос С.Амирқулов «равияи нави адабиёти нимаи дувуми асри XІX падидаи мушобеҳи типологии адабиёти дигар халқҳои туркнажоди Осиёи Миёна намебошад, балки ҳамчун падидаи адабӣ ва зеҳнии хоси тоҷикон зуҳур кард» [9, с.109].

Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ бошад, ин «падидаи адабӣ ва зеҳнии хоси тоҷикон»-ро худшиносии тоҷикон номида, онро «аз шартҳои асосии ҳаёти огоҳонаи таърихӣ ва муборизаи роҳи сарнавиштсозӣ» [15, с.5] унвон кардааст.

Дар адабиётшиносии тоҷик нахустин касе, ки оид ба шахсият ва фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё муфассалтар маълумот додааст, С. Айнӣ мебошад. Зеро С. Айнӣ худ аз зумраи маорифпарварон ва равшанфикрони раддаи аввали Бухоро ба ҳисоб рафта, дар масири шинохти арзишҳои инсонӣ, дарки моҳияти оламу одам, баррасии масоили муҳимму мубрами иҷтимоӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, адабӣ ва маданӣ гомҳои устувор бардоштааст. С. Айнӣ бо такя ба иттилоот ва манобеи дастрас, лаҳзаҳои муҳимтарини зиндагӣ ва фаъолияти маорифпарварии Садри Зиёро дар асарҳои худ инъикос намуда, даҳҳо маротиба номи ин шахсиятро зикр кардааст.

Аз миёни мансабдорони руҳонии амир якчанд нафар ба ҷунбиши маорифпарварӣ ҳамроҳ гардида буданд, ки машҳуртаринашон қозӣ Шарифҷон-махдуми Садри Зиё мебошад. Аз ин лиҳоз, дар қисми «Қайдҳо ва эзоҳот»-и нашри ҷудогонаи «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», ки ба қалами тартибдиҳандагони китоб Р. Ҳодизода ва К. Айнӣ мансуб аст, дар қатори дигар шахсиятҳо номи Шарифҷон-махдуми Садри Зиё низ шарҳ ёфтааст. Муаллифони қайду эзоҳот дар аҳди ду амири охири Бухоро – Абдулаҳад (1885-1910) ва Олимхон (1910-1920) вазифаҳои давлатӣ ва маъмурӣ иҷро кардани Садри Зиёро махсусан қайд намуда, дар айни ҳол «мухлис ва тарафдори бисёр маорифпарварон, шоир ва нависандагони пешқадами охири асри XІX ва аввали асри ХХ» [3,с.331] будани ӯ ва барои омӯхтани ҳаёти адабии он давр аҳаммияти бузург доштани хотираҳои вайро таъкид кардаанд.

Дар ин мақола, мо дар мавриди фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё аз назари С. Айнӣ сухан ронда, паҳлуҳои гуногуни ҳаёт, фаъолияти маорифпарварӣ ва ақидаҳои пешқадами ин марди донишманд ва равшанфикри гениалиро мавриди таҳқиқу баррасӣ қарор медиҳем.

Пеш аз он ки фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё мавриди баррасӣ қарор гардад, мафҳуми маориф, маорифпарварон ва омилҳои пайдоиши ҷараёни маорифпарварӣ бояд шарҳ ёбад, ҳамчунин шахсияти Садри Зиёро бар пояи он муайян намудан ва хулосабарорӣ кардан яке аз авлавиятҳои таҳқиқ ба ҳисоб меравад, зеро шаҳомати ахлоқӣ, фаросати адабӣ ва хулқу атвори инсонӣ аз ҷузъҳои муҳимми ногусастании хусусиятҳои маънавии маорифпарварӣ ба ҳисоб рафта, жарфандешию пухтакорӣ ва хислатҳои олии гуманистиро ба вуҷуд меоранд.

Дар «Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ» (ҷ.2,2008) мафҳуми маориф ба маънои ҷамъи маърифат омада, соҳаест, ки маҷмуи корҳои оид ба таълиму тарбия ва муассисаҳои таълимию тарбиявиро дар бар мегиранд. Маорифпарвар бошад, фаъолияти маърифатпарварӣ ва ё маърифатгустарӣ дар назар дошта мешавад.

Маорифпарварӣ ҷараёни адабию фарҳангӣ ва иҷтимоию сиёсиест, ки пайравони он дар ҷаҳлу нодонӣ ва дар хурофот мондани оммаро сабабгори асосии рӯзгори бади халқ ҳисоб мекарданд ва роҳи наҷотро танҳо дар баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, бо роҳи тарғиби ғояҳои хайр, илму маърифат, ҷорӣ кардани адолат ва бо ҳамин иллатҳои сохти муайяни ҷамъиятиро барҳам зада, сиёсати онро тағйир додан мехост[25,с.758]. Асоси ҷаҳонбинии ин таълимоти намояндагони маорифпарварӣ бар пояи ақидаҳои идеалист. Пайравони маорифпарварӣ шуурро омили ҳалкунандаи тараққиёти ҷамъият, бемаърифатии одамонро сабабгори иллатҳои иҷтимоӣ медонистанд.

Қафомонии иқтисодию маданӣ, қашшоқию бенавоии омма, ҷаҳолат, ҳукмронии зулм, маҳрумияти сиёсӣ, истибдоди феодалӣ, истисмори мустамликавӣ дар аморати Бухоро омилҳои асосии пайдоиши ҷараёни маорифпарварӣ гардиданд. Махсусан, шиносоии қишри андешаманди ҷомеа, ба мисли Аҳмади Дониш бо маданияти рус заминаҳое буданд, ки маорифпарвариро ба майдон овард.

Барои ҳалли масъалаҳои ҳаётӣ дар байни қувваҳои прогрессивӣ – унсурҳои демократӣ, маорифпарварон, аз як сӯй ва қувваҳои иртиҷоии куҳнапарвари феодалию ҷоҳилони динӣ, аз сӯйи дигар, муборизаи оштинопазир ҷараён дошт. Дар ин муборизаи давраи аввали намояндагони равшанфикри маорифпарварии тоҷик пешвои маорифпарварон – Аҳмади Дониш, инчунин Возеҳ, Шоҳин, Савдо, Садри Зиё, Ҳайрат, Асирӣ ва дигарон фаъолона ширкат доштанд.

Охири садаи XІX ва ибтидои садаи XX дар Бухоро давраи муборизаҳои сахти ғоявию маслакӣ авҷ гирифта буд. Дар ин миён равшанфикрону донишмандони қаламрави Бухоро, ки худро дар рафъи буҳрони амиқи фикрӣ масъул медонистанд, бар он кӯшиданд, ки бо фаъолияти густардаи фикрию фарҳангӣ ин мушкилоти саросариро ҳаллу фасл намоянд. Яке аз ин пешгомони ҷараёни ба истилоҳ маорифпарвар ва ҳувиятсозу созанда Садри Зиё мебошад, ки бо фаъолияти илмию адабӣ ва амалиёти ҷамъиятии хеш дар пешрафти илму адаб хидмати шоёне кардааст.

Дар арсаи таърих шахсиятҳо ва чеҳраҳои таъсирноке арзи ҳастӣ намудаанд, ки бо донишу хирад ва заковати худ барои баланд бардоштани дониш, ҳувият ва рушди маданию маънавии ҷомеаи хеш худро дар маърази хатар гузошта, ҷонбозиҳо кардаанд. Тавре ки Муҳаммад Иқбол мегӯяд:

Хок гаштан мазҳаби парвонагист,

Хокро аб шав, ки ин мардонагист...

Дар ҷаҳон натвон агар мардона зист,

Ҳамчу мардон ҷон супурдан зиндагист...

Имтиҳони покмардон аз балост,

Ташнагонро ташнатар кардан равост [14,с.483].

Садри Зиё яке аз чунин шахсонест, ки роҳ ва равиши мардонагию равшангарӣ ва донишгустариро пеш гирифта, барои рушди ҷомеаи худ хидмат кардааст. Устод Айнӣ дар асарҳои худ, дар ҳар мавриде ки аз Садри Зиё ном мебарад, ӯро боиси ифтихори хеш ва миллати тоҷик меҳисобад. Зеро таъсири афкору ақидаҳои пешқадами Садри Зиё ба сифати яке аз уламои тозафикру навназар ва тараққихоҳ нисбат ба С. Айнӣ ва дар ташаккули ҷаҳонбинии ӯ ниҳоят бузург аст. Аз ин ҷост, ки устод Айнӣ Садри Зиёро «аввалин тарбиятгари маънавии худ» медонад[8, с.296].

Он солҳо, ки Аҳмади Дониш ҳанӯз дар қайди ҳаёт буд, марказе пайдо шуд, ки низ як идда пайравони ӯро ба ҳам пайваст. Ин марказ маҳфили адабии Садри Зиё буд. С. Айнӣ ошноии худро бо чеҳраҳои маорифпарвари рӯзгор ба маҳфили адабии хонаи Шарифҷон-махдум марбут донистааст. Устод Айнӣ аз соли таҳсили 1891-1892 (то охирҳои моҳи сентябр) ба хонаи Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, ки таҳти таъсири Аҳмади Дониш чанд асари насрӣ таълиф карда, дар якҷоягӣ онро «Наводири Зиёия» номидааст, меояд ва аз ин ҷо бо аъзои маҳфили адабӣ ошно мегардад. Садри Зиё равшанфикрони озодандеш ва ҷасоратмандони Бухороро дар маҳфили худ гирд оварда, бо баррасии муҳимтарин масъалаҳои ҳаёти иҷтимоӣ ва фарҳангиву адабӣ, бо музокираву мубоҳисаҳо ҷасоратмандонро ба ҷаҳду ҷадал руҳбаландӣ мебахшид. Вай на танҳо нигоштаҳои парокандаи Аҳмад-махдумро ҷамъоварӣ кард, балки бо таблиғи омӯзаҳои ӯ фикри як идда ҷавононро ба ҷунбиш овард ва барои ин ки ба гуфти С. Айнӣ «як инқилоби фикрӣ» [2, с.55] ба вуҷуд биёяд, мусоидат намуд.

Садри Зиё воқеан, маорифпарвар, равшанфикр ва тараққихоҳ буд. Сарчашмаҳои зиёде мавҷуданд, ки фаъолияти равшангарии ӯро дар худ таҷассум намуда, аз ӯ ҳамчун як симои барҷастаи сиёсию адабӣ ба некӣ ёдоварӣ кардаанд: «Шарифҷонмаҳдум бешубҳа, аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд»[4,с.44]. «Зиё аз ҷумлаи уламои тараққипарвар ба шумор меравад»[1,с.240]. «Бо Шарифҷон-махдум, ки фозили машҳури замони мо буда, ҳавлии ӯ мактаби адабиёти ҳамин давра аст, алоқа бастан ва шинос шудан бад нест»[8,с.410]. «...маълум шуд, ки қозии мазкур яке аз раисони тараққипарварон будааст»; [13,с.45-46].«Муҳаммад Шарифҷон-махдуми Садри Зиё яке аз намояндагони интеллигентсияи пешқадами замони худ буд»[3, с.331].

Аввалин иқдоми Садри Зиё ба сӯйи маорифпарварӣ ин созмондиҳии маҳфили адабӣ дар хонаи худ дониста мешавад. Солҳое, ки Шарифҷон-махдуми Садри Зиё дар мадраса таҳсили илм мекард, ӯ ҳавлии хешро ба маҳфилгоҳи адабӣ табдил дода, аз шарикдарсонаш гурӯҳеро дар атрофи худ ҷамъ карда буд. Яъне Садри Зиё аз замони донишҷӯйӣ тарҳи дарозмуддати маҳфили адабии тафаккурсоз ва равшангарои хешро кашида, бо вуҷуди он ки ӯ дар ин вақт бояд аз пайи тақвияти илму дониш мешуд, ё орзуи дар ҷое қозӣ шуданро мекард, баръакс дар пайи эҷоди маҳфил ва шаклдиҳии он бо руҳияи равшанфикрона ва ғояҳои башардӯстонаи Аҳмади Дониш пардохт. Аз ин ҷо метавон пай бурд, ки ин «толибилми барушд» аз давраи донишҷӯйии хеш заминагузори аҳдофи бузурге буд, дарозмуддат. Фарзанди Садри Зиё – Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар ин бора барҳақ гуфтааст: «Аз чанд ҷиҳат метавон гуфт, маҳфили адабии Садри Зиё ба мактаби адабии маорифпарварӣ табдил ёфта буд, ки шаклгирии завқу салиқаи зебошинохтии (эстетикии) ҷавононро ба самте, ки созгор ба марому маслаки нави замон, ба хостаҳои ҷараёни маорифпарварӣ бошад, равон месохт, барои қувват додани равандҳои адабии тоза ва умедбахш мусоидат мекард»[17, с.15-16].

 Аз сабаби он ки Садри Зиё ба ҳайси як равшанфикр ва оянданигар дар хонаи худ маҳфили адабӣ созмон дод, муҳаққиқ Нозим Нурзода чунин созмондиҳии равшанфикриро вокуниши саривақтӣ ба воқеияти давр ва бархӯрд ба он медонад: «Аз ин ҷост, ки равшанфикр бо фарогирии доираи донишҳои амиқ ва диду биниши воқеӣ бо масоил ва мушкилоти башарӣ бархурд мекунад ва сари вақт вокуниш нишон медиҳад. Аз ҷониби дигар, равшанфикр воқеиятҳои давру замонро бо дарки амиқи масъулият бозгӯ месозад ва ҷиҳати ислоҳи камбуду навоқиси иҷтимоӣ, фикрӣ, ахлоқӣ, сиёсӣ, динӣ ва фарҳангӣ, ки пеши роҳи рушду тараққиро банд мекунанд, ҷиддӣ иқдом менамояд. Ба сухани дигар, равшанфикрон дар ҳар давру замоне дар раддаи пеши мубориза қарор дошта, бо ҷавҳари мушкилот дасту панҷа нарм мекарданд»[20, с.49].

Воқеан, давру замон равшанфикрон ва озодихоҳони миллии худро ба вуҷуд овардааст ва он равшанфикрону озодихоҳони миллӣ барои бурунрафт аз мушкилот ва пешрафти кишвари худ, гоҳе бо қувваи бозу, мисли Муқаннаъ, Темурмалик, Восеъ, гоҳе бо қувваи қалам ва илму маърифат, монанди Аҳмади Дониш, Садри Зиё ва дигарон талошҳо намудаанд.

«Таҳкурсии маънавии ҷустуҷӯҳои фикрии аҳли маҳфили адабии Садри Зиёро омӯзаҳои Аҳмади Дониш устувор карда буд. Аҳмади Дониш, ки сардафтар ва пешвои равшангарони тоҷик буд, дар маҳфили Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ҳамеша ғоибона ҳузур дошт»[18, с.12] ва инро С. Айнӣ бараъло мушоҳида карда гуфтааст: «Як каси ғоибе, ки зикри ӯ дар маҷлисҳо диққати маро ба худ бисёр мекашид, ҳамин Аҳмади Дониш буд. Ҳар кадоми аҳли он маҷлисҳо ин зоти бузургро дар ғайбаш ҳам «шумо-шумо» гуфта, ном мебурданд ва дар ҳаққи ӯ бо эҳтиром гап мезаданд... қисми дигараш ӯро дар некӣ ба дараҷаи фаришта мебаровард»[8, с.283]. Ин гуфтаҳои С. Айнӣ баёнгари он аст, ки Аҳмад-махдуми Дониш то чи андоза аз эҳтиром бархурдор буд.

Маҳфили адабии Садри Зиё аз масъалаҳои иҷтимоии замон дур набуда, балки дар он доғтарини масъалаҳо ба баррасӣ гирифта мешуд. Чунонки С. Айнӣ мегӯяд: «Дар маҷлисҳое, ки дар хонаи Шарифҷон-махдум барпо мешуд, чунонки аз бадкирдориҳои роҳбарони ҳукумат ва калонони ҳамон замон шикоят мерафт...», [8, с.281] инчунин онҳо «ҳамеша як навъ ҳаракатҳои оппозитсионӣ нишон медоданд»[2, с.34].

Чунин шикоятҳо кардан аз бадкориҳои ҳукумат ва сохторҳои фасодпешаи зертобеи ӯ, ба назари С. Айнӣ, як навъ «ҳаракатҳои оппозитсионӣ» нишон додан аст. Аз сабаби он ки «С. Айнӣ ва ҳамкорони ӯ дастпарвари мактаби равшангарии Аҳмади Дониш мебошанд ва нуфузи омӯзаҳои ӯ нахуст ба воситаи маҳфили адабии Шарифҷон-махдуми Садри Зиё ва баъд бевосита аз осори Аҳмади Дониш гузашта, онҳоро бо роҳи маорифпарварӣ ва ислоҳталабӣ равон кардааст»,[18,с.13-14] мавқеъгириҳои аҳли маҳфили Садри Зиёро бисёр дуруст таҳлил намудааст, то ин ки ба характери кори онон баҳо диҳад. Дар ояндаи наздик дида мешавад, ки ин ҳаракатҳои дар ҳоли ташаккулёбии хомӯшонаи оппозитсионӣ, ба «ҳаракати худшиносии миллӣ», «ҳаракати тараққиталабӣ», «ҳаракати муқовимат» ё худ «ҳаракати ислоҳотхоҳӣ» мубаддал мегарданд.

Дар зимн бояд қайд кард, ки «шикоятҳои дарборӣ» ва «ҳаракатҳои оппозитсионӣ»-и хонаи Садри Зиё барои ин ки С. Айнии ҷавон моҳияти воқеаҳои атрофро амиқан ва бо диди башардӯстӣ бубинаду бифаҳмад, барои ташаккули назариёти иҷтимоиву сиёсии ӯ бағоят аҳаммият дошт. Аз ин рӯ, Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ дар ин бобат дуруст қайд кардааст: «Садри Зиё дар маҳфили адабии худ, бо ин, ки маҳфили ӯ «мактаби адабиёти давра» шуд, барои ташаккули адабиёти маорифпарварии тоҷикон дар оғози садаи бист хидмат кардааст... Маҳфили адабии Садри Зиё нуфузи андешаи маорифпарвариро дар ҷомеа густариш дод, бо парвариши озодандешони ҷавони фаъол ва барои домангустарии маорифпарварӣ дар ду даҳаи аввали садаи бист ба сифати яке аз омилҳои пурзӯр имкон фароҳам овард»[17, с.16].

Дар баробари ин, бо шунидани хубиҳои баъзе аз шахсони муайяни маҳфили адабии Садри Зиё, дар дили С. Айнӣ нисбат ба онҳо меҳр пайдо мешавад: «инчунин хубиҳои баъзе касони намоён ҳам зикр меёфт, ки ман ғоибона ба он гуна одамҳо муҳаббат пайдо карда будам»[8, с.281].

Дар идома С. Айнӣ мегӯяд, ки одамони аҳли он маҷлисро дурусткирдор мешумурд ва аз суҳбатҳои онон бисёр хушаш меомад: «ман аз рӯйи дарёфти худ аҳли маҷлисҳои Шарифҷон-махдумро одамони дурусткирдор медонистам» [8,с.283]. Натиҷагириҳои С. Айнӣ аз маҳфилҳои адабии Садри Зиё ба тариқи зайл аст: «Ана ҳаминҳо буданд гули сари сабади маҷлисҳои Шарифҷон-махдум, ки ман аз суҳбати онҳо бӯйи хушеро мешамидам»[8, с.281].

Ба гуфтаи Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ, суҳбатҳои хонаи Садри Зиё ба ҷанбаи иҷтимоии рӯйдодҳо маҳдуд нагардида, он заминаи густурдаи маънавӣ дошт: «Гуфтугузори аҳли суҳбатҳои маҳфили Садри Зиё танҳо бо ҷанбаи иҷтимоии рӯйдодҳои рӯз маҳдуд намегардид, балки заминаи густурдаи маънавӣ дошт. Аксари озодфикрони ин маҳфил аҳли фарҳанги маънавӣ буданд ва одитарин масъалаҳои ҳастии маънавии инсонро ба доираи андеша ва мизони хеш мекашиданд» [16, с.12].

Бо назар ба он ки ҳавлии Садри Зиё ба гуфтаи устод Айнӣ «ҳар ҳафта се шаби таътил – сешанбе, чоршанбе ва панҷшанбе одатан ранги анҷумани шоирон, шеършиносон, латифагӯён ва ширинкоронро мегирифт»  [8, с.271] ва онҳо бо шеърхонию аз назаргузаронии шеър, танқиди ашъори якдигар ва дар бораи навиштаҳои тозаи нависандагони замон изҳори ақида мекарданд, С. Айнӣ онҳоро «доираи зиндадилон» [2, с.33] ном мебарад.

Аз суханони С. Айнӣ маълум мегардад, ки аҳли маҷлисҳои Садри Зиё шахсони фозилу донишманд ва дар айни замон адибони пешқадам буданд, ки дар асарҳои худ нуқсону қабоҳатҳои замонро ҳаҷву танқид мекарданд. Ҳатто Садри Зиё дар бораи он гуна одамон асари ҷудогонаи ҳаҷвии «Тазкирату-л-ҳумақо»-и худро таълиф намудааст. Ин аст қадами аввалини Садри Зиё дар роҳи маорифпарварӣ, ки заминаи ғояҳои он башардӯстӣ ва инсонпарварӣ буд ва он дар хонаи худи ӯ ташаккул меёфт.

Устод Айнӣ аввалин нафарест, ки на танҳо ба шахсият, балки ба фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё баҳои баланд дода, ӯро «тараққихоҳ», яъне нафаре, ки бо дидгоҳи амиқи илмию фалсафӣ, рушди иҷтимоиву сиёсӣ, маданию ахлоқӣ ва зерсохториро бо як биниши хоси «модерн» дар он фазои ҷаҳолатгустар медид, баён намудааст: «Шарифҷон-махдум бешубҳа, аз ҷумлаи маорифпарварон ва тараққихоҳони замони худ буд»[4, с.44]. Суоли матраҳ ин аст, ки чунин баҳодиҳӣ аз куҷо сарчашма мегирад ва бо кадом натиҷагирӣ анҷом меёбад. Барои посух ба ин, фаъолияти маорифпарварии Садри Зиёро бояд аз назар гузаронид ва дидгоҳи воқеъбинонаи С.Айниро дарёфт.

Дар боло то ҳадде оид ба фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё посухи зарурӣ ба суоли матраҳшаванда дода шуд, дар идома бошад, мо онро тақвият мебахшем.

Барои тақвияти калом, суханони Муҳаммадсиддиқи Ҳайратро оид ба маҳфили адабии Садри Зиё ва шахсияти ӯ аз иқтибоси С. Айнӣ овардан бисёр баҷост: «Бо Шарифҷон-махдум, ки фозили машҳури замони мо буда, ҳавлии ӯ мактаби адабиёти ҳамин давра аст, алоқа бастан ва шинос шудан бад нест»[8, с.410].

Агар ба умқи ин сухани Ҳайрат назар андозем, пас мефаҳмем, ки ӯ ба шахсият ва фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё на танҳо холисона баҳои сазовор додааст, балки воқеъбинона ва объективӣ ба ҳайси як сокини Бухоро хулосаи шахсии худро нисбат ба ӯ баён кардааст.

Ғайр аз ин, С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» низ такроран ва таъкидан Садри Зиёро маорифпарвар ва аз ҷумлаи уламои тараққихоҳ номидааст: «Зиё аз ҷумлаи уламои тараққипарвар ба шумор меравад»[8, с.240].

С. Айнӣ дар «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам» оид ба Садри Зиё фикрҳои ҷолиби дикқат овардааст. Муаллиф дар ин асар, оид ба Садри Зиё, маълумоти басо муҳим оварда, соданависии ӯро махсусан қайд кардааст, ки ин дар «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо дида намешавад: «Шарифҷон-махдум аз иншонависони машҳури замони худ буда, аз мухлисони Аҳмади Дониш ва Сомӣ буда, иншо, мактуб ва хотироти худро (нисбат ба он ду шахс – З. А.) боз ҳам содатар ва оммафаҳмтар карда менавишт» [2, с.59]. Вале аз чи бошад, ки таърихнигор Раҳим Масов ин суханони С. Айниро нодида гирифта, ин содакунӣ ва оммафаҳмкунии забонро эҳсос ва мушоҳида накарда, баръакси он иттиҳомоти нодурустро нисбат ба Садри Зиё бастааст, ки дар ягон меъёр қобили қабул нест. Ӯ бар хилофи воқеият гуфтааст, ки Садри Зиё «Тазкори ашъор»-и худро бо забони арабӣ навишта, бо ин забони модарӣ ва ҳувияти хешро ба нестӣ бурдааст: «Последний кази Бухарского эмирата писал свои мемуары «Тазкару-л-ашъор» в форме стихотворной антологии на арабском языке... потерял свой родной язык и самобытность»[11, с.17-18].

Ба ҳар ҳол дар худ чӣ маъно доштани суханони Раҳим Масов номуайн боқӣ мемонад, зеро он ба ҳақиқати воқеӣ рост намеояд.

Пешвои миллат, Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди ба нобудӣ рафтани забон ва ҳайсияти миллат ишораҳои зиёде доранд: «Таърих бисёр мисолҳоро медонад, ки дар баробари аз байн рафтани забон, миллат низ аз байн меравад. Ба ибораи дигар, фанои забон, фанои миллат аст» [23, с.165].

Ҳамчунин чи тавре ки сиёсатшиноси варзида С. Ятимов дар тадқиқоти хеш мегӯяд: «Забон ҳамчун зуҳуроти ҷамъиятӣ, натиҷаи фаъолияти интеллектуалӣ, вокуниши одам ба ҳодисаҳои табиат, ҷамъият ва тафаккур аст. Он хотираи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миллат мебошад. Нурест, ки қудрат ва тавоноии худро дар ҷараёни ниҳоят мураккабу пурпечу тоби таърихӣ, ки аз муборизаҳо, бурду бохтҳо ва садоқату хиёнатҳо иборат аст, ба намоиш мегузорад»[31, с.10].

Аз гуфтаҳои Раҳим Масов чунин бар меояд, ки он кас аз услуби нигориш, соданависӣ ва бо забони шевои тоҷикӣ навишта шудани «Тазкори ашъор» бехабар монда, ин китобро надидаанд, дар акси ҳол чунин сухан нисбат ба маорифпарвар Садри Зиё гуфта намешуд. Зиёда аз ин чи тавре ки маълум аст, таърихнигор осори худро на бо забони модарии хеш – тоҷикӣ балки бо забони русӣ навиштаанд ва он суханони гуфташуда нисбат ба Садри Зиё як иттиҳоме беш нест.

Ҳамзамон дар баробари ин равшанфикрони нимаи дуюми асри ХIХ Қорӣ Раҳматуллоҳи Возеҳ, Шамсиддин Шоҳин, Абдулмаҷиди Зуфунун, Яҳёхоҷа, Содиқхоҷаи Гулшанӣ, Абдулкарими Офарин, Дилкаш, Исо Махдум, Музтариб, Мирзо Ҳайити Саҳбо, Симо, Мирзо Азими Сомӣ, Ҳайрат ва дигарон дар ҳавлии Садри Зиё ҷамъ омада, бештар ба оммафаҳм ва сода кардани забони адабӣ хизматҳои бузургу беназирро ба ҷо овардаанд.

С. Айнӣ дар «Ёддоштҳо» гуфтааст, ки «Шарифҷон-махдум ошиқи асарҳои Аҳмадмахдум буд» [4, с.444]. Аз ин хотир, Садри Зиё «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Донишро нусхабардорӣ намудааст.

Замоне ки С. Айнӣ ва Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат (1878-1902) аз Садри Зиё супориш гирифтанд, ки нусхаи дастнависи Мунзимро бо «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш муқобала ва тасҳеҳ кунанд, С. Айнӣ таъкид мекунад, ки пас аз хондани «Наводиру-л-вақоеъ» «ба ман ва баъзе шариконам инқилоби фикрӣ рӯй дод», [2, с.55] «назари мо ба амиру вазир, ба муллоҳо ва ба зиндагонии онрӯза қариб тамоман дигар шуд» [2, с.56].

Он «инқилоби фикрӣ», ки ба С. Айнӣ рӯй дод, натанҳо дигаргуниро дар ақидаҳои иҷтимоиву сиёсии ӯ ба вуҷуд овард, балки назари танқидии ӯро нисбат ба воқеияти атроф ва ҳукумати муфсиди манғития ба вуҷуд овард.

Бояд гуфт, ки Садри Зиё аз нусханависии «Наводиру-л-вақоеъ»-и Аҳмади Дониш бо хатти Абдулвоҳиди Мунзим чанд ҳадафро дар пай дошт. Аввалан, ӯ мехост, ки бо нусханависӣ хатари нобудшавии ин китоб пешгирӣ шавад ва он паҳн гардад, зеро дар он замон хондан ва интишори «Наводиру-л-вақоеъ» ҷурм ба ҳисоб мерафт. Сониян, аз сабаби он ки «Наводиру-л-вақоеъ» асоси ғоявии таълимоти маорифпарварӣ ва маҳфили адабии Садри Зиёро ташкил мекард, ин китобро дар маърази маҳфил гузоштан ва сари он мубоҳисаҳо оростан аҳаммияти зиёд дошт. Солисан, бо вуҷуди он ки Садри Зиё худ хаттот ва хушнавис буд, ӯ мехост бо зебонависии Абдулвоҳиди Мунзим ва тасҳеҳу муқобалаи С. Айнӣ ҳамроҳ бо Муҳаммадсиддиқи Ҳайрат шогирдони худро аз марому мақсади ин китоби «прогрессивӣ» огоҳ созад ва дидгоҳу зеҳни онҳоро такони ҷиддӣ бахшад, то атрофу ҳаводиси рӯзро бо диди нав бубинанд.

Аз фаъолияти баъдии устод Айнӣ маълум мешавад, ки дарунмояи маънавии ақидаҳои пешқадами Аҳмади Дониш ва маҳфили адабии Садри Зиё ба афкори С. Айнӣ таъсири амиқ гузоштаанд.

Зимнан бояд гуфт, ки то он вақт С. Айнӣ чун аҳволи замонро мушоҳида мекард, худро бо ин байти Бедил тасаллӣ медод:

Зиндагӣ дар гардан афтодаст, Бедил, чора чист?

Шод бояд зистан, ношод бояд зистан[4, с.445].

Ҳангоме ки С. Айнӣ «Наводиру-л-вақоеъ»-ро хонд, дар бораи «аҳволи фалокатиштимоли»-и охири қарни нуздаҳ ба чунин натиҷа омад, ки: «Ин аҳволро ислоҳ кардан лозим аст, модоме ки ман ислоҳ карда наметавонам, аз вай нафрат кардан зарур аст» [4, с.446].

Соли 1903 мулло Абдулқодири Шакурӣ (1875-1943) дар Самарқанд мактаби усули нав кушод ва муваффақ шуд, ки талаба дар шаш моҳ хатту савод барорад ва сипас аз ҳисоб, ҷуғрофия, таърих ва ғайра маълумоти ибтидоӣ пайдо кунад. Бинобар ин, ҷавонбухориён аз ин илҳом гирифта, шоирони намоёни замон Мирзо Абдулвоҳиди Мунзим, ки низ аз дастпарвардаҳои Садри Зиё буд, Садриддини Айнӣ, Аҳмадҷони Ҳамдӣ (1884-1946) ва Ҳомидхоҷаи Меҳрӣ (ки 9-и марти соли 1918 аз дасти ҷаллодони амир кушта шуд) соли 1908 дар Бухоро мактаби нав кушоданд. Садри Зиё ва ду се нафари дигар барои харҷи ин мактаб ва таблиғоти равшангарон ҳар моҳ маблағи муайян медоданд ва таъминоти моддии ҷамъияти «Тарбияи атфол»-ро ба дӯш гирифта буданд. Устод Айнӣ ба ин ишора намуда мегӯяд: «Ионаҳое, ки баъзан ҷавонон ва ҷавонфикрон мекарданд, аз тарафи аъзои ҷамъият ба хазинаи ҷамъият супурда мешуд. Аъзои ҷамъият сирри онро накушода, аз чанд нафар маорифпарварон ҳар моҳ маблағе ба тариқи иона мегирифтанд. Мирзо Муҳиддин Мансуров, қозӣ Шарифҷони Садр, қозӣ Саидҷон ва боз чанд нафаре, ки номашон дар хотирам намондааст, ҳар моҳ маблағи муайяне медоданд»[5, с.133].

Аз гуфтаҳои боло маълум мегардад, ки шогирдони Садри Зиё қадамҳои аввалини худро дар роҳи маърифатгустарӣ аз таъсиси мактаби усули нав оғоз бахшида, ин орзуи деринаи худ ва устоди хешро ҷомаи амал пӯшониданд. Вале набояд фаромӯш кард, ки ин ташаббус бевосита аз ҷониби Садри Зиё дастгирӣ меёфт ва ӯ дар раъси чунин иқдомот қарор дошт. Зеро замоне ки бо эҷоди фитна ин мактаби навтаъсиси тараққипарвари миллӣ баста шуд, амир Абдулаҳад на ба каси дигар, балки ба Садри Зиё нома фиристода, масъалаи мактабро пурсид ва худро моил ба тарафдории чунин макотиб нишон дод. Ин ҳолатро С. Айнӣ дар «Таърихи инқилоби Бухоро» бисёр возеҳ баён медорад: «Абдулаҳад мустабидди мунофиқ ва риёкоре буд. Дар сурате ки барои бастани мактаб то Тошканд муроҷиат мекард, дар назари ҷавонон худро ба мактаб бетараф ва ҳатто моил ба қалам доданӣ мешуд. Барои ҳамин пас аз бастани мактаб ба қозӣ Муҳаммадшариф, ки бо ҷавонон робита дошт, дастхате фиристода, масъалаи мактабро пурсид ва ба тарафдории худ аз мактаб ишорате кард»[5, с.84].

Чунонки бараъло мушоҳида гардид, амир Абдулаҳад бо он риёкорӣ, худ тарафдори мактаби усули нав набуда, мехост бо ҳар роҳ монеи басташавии мактаби равшанфикрӣ гардад ва баъдан бо дасти рӯҳониёни мутаассиб онро баст.

Шарифҷон-махдуми Садри Зиё дар ҷунбиши ҷадидон бевосита ширкат надошт, лекин ҷадидон ҳамеша аз дастгирии ӯ бархӯрдор будаанд ва ӯ иртиботи худро бо онон қатъ намекард. Ҳамон тавре ки С. Айнӣ гуфтааст: «қозӣ Муҳаммадшариф бо ҷавонон робита дошт»[5, с.84].

Вале Ибни Қурбон дар китоби худ «Фавоҳиш ва раҳоиш» гуфтааст, ки пас аз ташкил гардидани Иттиҳоди Шуравӣ Садри Зиё ҳеҷ гоҳ худро тарафдори маорифпарварӣ нишон намедод ва инро як беҷуръатӣ меҳисобад: «Садри Зиё баъдан дар замони Шӯравӣ, ҳангоме ки ҷадидон ба азаматталабии туркгароӣ сахт гунаҳгор карда шуданд, пайваста исрор мекард, ки бар ӯ туҳмат бастанд, ки ҷадид буд»[10, с.29-30]. Албатта, Садри Зиё ҳам дар замони Бухорои амирӣ ва ҳам дар замони Шуравӣ ошкоро худро саркарда ва тарафдори маорифпарварӣ нишон намедод ва ба забон ҳам намеовард. Чаро? Ба тавзеҳи худи Ибни Қурбон «пеш аз ҳама, барои моён саводи сиёсӣ лозим аст, зеро бе омӯзиши он худшиносии миллӣ даст намедиҳад»[10, с.48]. Ин «саводи сиёсӣ»-и гуфтаи Ибни Қурбонро ба инобат гирифта, мавқеъгирии Садри Зиёро метавон аз се ҷиҳат шарҳ дод. Аввалан, бо сабаби он ки Садри Зиё саводи фавқулодаи сиёсӣ дошт ва сароҳатан медонист, ки агар шахсияти ӯ ошкор мегашт, ҳам дар замони амирӣ ва ҳам Шуравӣ на танҳо ҷони ӯ дар хатар буд, балки кулли нақша ва тарҳҳои сиёсии маорифпарварӣ фош мегардид, беш аз ин, ҷони аъзоёни он низ таҳти хатари ҷиддӣ қарор мегирифт. Дуюм, агар ӯ худро ошкор мекард, хавфи он буд, ки асарҳои такроран бо хуни ҷигар навиштаи ӯ мисли гузашта нобуд гардад. Сеюм, ӯ сиёсати боздоранда (политика сдерживания)-ро пеш гирифта буд, то ин ки «ҳам лаъл ба даст ояду ҳам ёр наранҷад» [10, с.22-23]. Аз ин хотир, баъдан С. Айнӣ аз Садри Зиё ибрат гирифта, дар замони Шуравӣ бо роҳи миёнаи муътадили замон амал кард, то ин ки барои ояндаи миллати хеш дар шароити нав ва фазои созгор хидматҳои беназир анҷом бидиҳад.

Садри Зиё дар нахустин соли таъсиси мактаби тараққихоҳон фарзанди худ Зарифро ба ин мактаб дод ва бо ин амал эътибори мактаби усули навро баланд бардошт: «Ба ҳамин тариқ, дар 10 моҳи шавволи соли 1326 ҳ. (октябри соли 1908) дар дохили шаҳри Бухоро, дар гузари Саллоҳхона, дар ҳавлии Мирзо Абдулвоҳид, махсус барои бухориён ба забони форсӣ аввалин мактаби усули навро кушодем.

Шогирдоне, ки дар ин мактаб дар навбати аввал қайд шуданд, инҳо буданд: Абдурраҳмонбек писари Абдуллобек, Абдуғанӣ хизматгори вай, Афзал ва Акрам – писарони Аҳмадҷонмахдум, Абдурраҳим писари Ҳоҷӣ Абдусаттор, Зарифҷон – писари қозӣ Шарифҷон, Муҳаммадамин писари Саидҷонмахдум, Абдуқайюм писари Абдушшукур. То иди Қурбон, дар муддати ду моҳ шумораи шогирдон ба 12 расид» [5, с.33].

Дар осори Шарифҷон-махдуми Садри Зиё, ки «чеҳраи шукуҳманди як равшанфикри барҷаста ва маорифпарвари фаъол» [17, с.3] дар адабиёти охири асри XІX ва ибтидои асри XX ба шумор меравад, «идеалҳои олии маорифпарварии тоҷикӣ аз баъзе ҷиҳатҳо хеле мукаммал ифода ёфтааст» [17, с.3]. Дар эҷодиёти ӯ нукоти муҳимми маорифпарварии тоҷикӣ баррасӣ шуда, онҳо барои равшан шудани масъалаҳои асосии таърихи маънавии миллат судманд мебошанд.

Садри Зиё ба сифати тарафдори ислоҳот ва идомадиҳандаи афкори маорифпарварии Аҳмади Дониш дар роҳи татбиқсозии ормонҳои мактабу маориф ба таҷрибаи таърихии кишварҳои ҷаҳон бо чашми ибрат нигариста кӯшиш ба харҷ додааст, ки дар баробари масъалаҳои ислоҳи мактабу мадраса ва муборизаи зидди ноинсофиву беадолатиҳо паҳлуҳои гуногуни масъалаи пешрафти кишварро бо овардани мисолҳо аз тараққиёти кишварҳои Ғарб дар «Рӯзнома»-и худ хеле васеъ нишон диҳад. Мақсади асосии пешрафти кишвар аз шарофати фарҳангу маънавият ба ҳисоб мерафт. Ба таъкиди Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ Садри Зиё: «эътимод дошт, ки равшангарӣ ва ислоҳоти куллии фарҳангӣ кишварро ба эҳёи маънавӣ хоҳад овард...ва маорифпарварони тоҷик барои эҳёи маънавии миллат мубориза мекарданд» [16, с.26].

С. Айнӣ дар «Намунаи адабиёти тоҷик» дар бораи тазкираи шеърии Садри Зиё ишора менамояд: «дар назм асари намоёнаш «Тазкирату-ш-шуаро»-и манзума аст, ки дар он шуарои муосирро ба тариқи интихоб дарҷ намуда»[1, с.240].

«Тазкори ашъор» гӯё ҳамон маҳфили адабии Садри Зиёро идома дод ва бархе маорифпарваронро як ҷо гирд оварда, ба аҳли ҷомеа муаррифӣ намуд ва бар хилофи бадгӯиҳои доираҳои расмӣ ҳастии воқеии равшангаронро ба ҷомеа шиносонид. «Тазкори ашъор»-и Садри Зиё ҳимоятномаи маорифпарварӣ, адабиёти ҷадида ва шеъри нав буд»[17, с.54].

Садри Зиё китобҳои худро бо руҳи ҳаракати маънавии ҷадид тадвин намуд ва навишт, зеро дар замони нав, яъне оғози қарни бист дар ин ришта тақозои таҷдиди назар дошт. Доштани ҳофизаи қавӣ дар тадвин, таҳия ва таълифи дубораи осори хеш «алайҳи таассубҳои фархангии он замон кӯшиши беназир, амали махуф ва ҷасорати вокеӣ ба шумор мерафт»[6, с.10].

Садри Зиё дар миёни мардуми Бухоро бо инсонияти баланд, шафқату меҳрубонӣ, инсофу масъулиятшиносӣ, саховату адолат обрӯ ва нуфузи баланд касб карда буд. Аммо ин хислатҳо ба амир ва доираҳои муфтхури ӯ мақбул набуд ва ӯ Садри Зиёро азл карда, ба Қаршӣ бадарға намуд: «Чун амир аз фармони нашркардааш нузул намуд, Зиёро низ маъзул карда, зоҳиран дар Қаршӣ қозӣ, ҳақиқатан аз Бухоро табъид намуд» [1, с.401-402].

Тақдири минбаъдаи Садри Зиё аз «Таърихи инқилоби Бухоро» ба мо маълум мегардад: «Бо сар шудани ҷанг қозикалон Бурҳониддин аз қушбегӣ Усмонбек ба ҳокими Қаршӣ хат фиристод, қозӣ Мирзо Шарифро ҳабс кунонида, ҷиянаш Абдувакилро куштанд» [5, с.218].

Оқибат, тақдир чунин шуд, ки  «қозӣ Шарифҷон барин шахсе, ки дар Бухоро қозикалон шуда буд, дар ҳабсхона мехобиданд» [5, с.232] ва орзуву умеди ин  равшанфикр ва ғамхори миллат барбод рафт.

Ҳамин тариқ, аз ин ҳама маълумоти пурқимате, ки С. Айнӣ оид ба маорифпарвари беназир – Садри Зиё овардааст, симои барҷастаи ходими сиёсиву иҷтимоии як равшанфикри фидоии миллат, ки худ маорифпарвари фаъол ва ҷонибдори афкору ақидаҳои пешқадами маорифпарварӣ мебошад ва дар фаъолияти ӯ олитарин ормонҳои маорифпарварӣ инъикос ёфтаанд, намоён гардид.

Дар асарҳои С. Айнӣ таҷассуми бештар пайдо кардани шахсият ва фаъолияти маорифпарварии Садри Зиё, ин худ далел бар он аст, ки Садри Зиё аз ҷойгоҳи хосса ва эҳтироми баланд назди устод Айнӣ дар ҳама давру замон бархурдор буд. Нуфузи афкор ва андешаи Садри Зиё то ҳадде таъсиррасон буд, ки ягона шахсияте, ки беш аз сад маротиба номи ӯро дар осори худ зикр намудааст, С. Айнӣ мебошад.

Ҳамин тариқ, С. Айнӣ дар рисолаҳои илмӣ ва асарҳои таърихии худ тамоми паҳлуҳои ҳаёт, шахсият ва алахусус фаъолияти маорифпарварии Садри Зиёро зикр намуда, бо баҳои сазовор додан ба эҷодиёти ӯ ҳамчунин хизматҳои ӯро дар инкишофи муҳити адабӣ, бо далелҳои раднопазир зикр намудааст. С. Айнӣ ғояҳои пешқадами Садри Зиёро дар ҷодаи кишвардорӣ, бунёдкорӣ, маърифатпарварӣ, илмдӯстиву фарҳангдорӣ ва хештаншиносӣ мояи ибрат ба дигарон дониста, чун баҳри пургавҳар арзишимандии онро таъкид намудааст.

Осори С. Айнӣ сарчашмаи муҳим барои бозёфти ақидаҳои пешқадами маорифпарварӣ буда, зикр гардидани Садри Зиё, ҳамчун яке аз пешвоҳои маорифпарварон, барои пажуҳишгарон даст медиҳад, ки зиндагиномаи ин шахсиятро ба таври илмӣ-муқоисавӣ таҳқиқ намуда, ҳақиқат ва адолати таърихиро дар ҳама давру замон дар нисбат ва ҳаққи ӯ воқеъбинона инъикос намоянд.

Умед аст, ки моҳи феврали соли 2025 дар сартосари ҷумҳурии азизамон 160-умин солгарди ин чеҳраи фарҳангӣ, ходими сиёсӣ ва адиби нотакрор – Садри Зиё бо як тантана ва бо баргузор намудани конференсияи сатҳи байналмилалӣ ҷашн гирифта шавад ва кӯчаву боғҳо ба муносибати ин шахсияти комил ва ватандӯсту маорифпарвари асил номгузорӣ гардад.

Зоҳид АБДУЛҲАЕВ

Донишгоҳи миллии Тоҷикистон

Адабиёт

  1. Айнӣ С. Намунаи адабиёти тоҷик / С. Айнӣ. – М.: Чопхонаи Нашриёти Марказии халқи Иттиҳоди Ҷамоҳири Шӯравии Сусиёлистӣ, 1926. – 626 с.
  2. Айнӣ С. Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам / С. Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик., – – 128 с.
  3. Айнӣ С. Куллиёт, ҷ. 1. (Ба чоп тайёркунандагон: К. Айнӣ ва Р. Ҳодизода) / С. Айнӣ. – Сталинобод: Нашрдавтоҷик., 1958. – 327 с. + 19 с.
  4. Айнӣ С. Куллиёт, ҷ. 7. – (Ба чоп тайёркунандагон: К.Айнӣ ва Р.Ҳодизода) / С. Айнӣ . – Душанбе: Нашрдавтоҷик., 1962. – 644 с.
  5. Айнӣ С. Таърихи инқилоби Бухоро (Баргардонанда аз ӯзбекӣ ба тоҷикӣ ва мураттиб: Р. Ҳошим) / С.Айнӣ. – Душанбе: Адиб, 1987. – 240 с.
  6. Айнӣ С. Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро. // Куллиёт, ҷ. 14. (Бо кӯшиш ва муқаддимаи Камолиддин Садриддинзода Айнӣ. Таҳиякунандаи матн, мураттиби вожанома ва муҳаррири масъул: Муҳаммадҷон Умаров) / С.Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2005. – 272 с.
  7. Айнӣ С. Куллиёт, ҷ. 15. – (Ба кӯшиш ва муқаддимаи К. Айнӣ) / С. Айнӣ. – Душанбе: Матбуот, 2007. – 220 с.
  8. Айнӣ С. Ёддоштҳо (Чаҳор қисм). Иборат аз як китоб / С. Айнӣ. – Душанбе: Сарредактсияи илмии Энтсиклопедияи миллии тоҷик, 2009. – 680 с.
  9. Амирқулов С. Нигоҳе ба инкишофи таърихии адабиёти тоҷик дар Мовароуннаҳр (қарни ХIХ). (Мунтахаби мақолаҳо) / С. Амирқулов. – Душанбе: Ирфон, 2010. – 160 с.
  10. Ибни Қурбон. Фавоҳиш ва раҳоиш / Ибни Қурбон. – Душанбе: ЭР-граф, 2003. – 195 с.
  11. Масов Р. Наследие мангытской власти или о предательстве, трусости, лицемерии и безпринципности как позорных явлениях нашей истории / Р. Масов. – Душанбе: Национальный музей древности, 2002. – 30 с.
  12. Маҳмадаминов А. Адабиётшиносӣ ва худогоҳии миллӣ (Тазкираи С.Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик») / А. Маҳмадаминов. – Душанбе: Сино, 2008. – 211 с.
  13. Муҳаммадалӣ бинни Муҳаммадсайиди Балҷувонӣ. Таърихи нофеъ. (Ба эҳтимом, тасҳеҳ, ҳавошӣ ва пешгуфтори Аҳрор Мухторов). – Душанбе: Ирфон, 1994. – 173 с.
  14. Муҳаммад Иқболи Лоҳурӣ. Куллиёти форсӣ. – Душанбе: Паёми ошно, 2008. – 778 с.
  15. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Истиқлол ва худшиносии иҷтимоиву маънавӣ. – Душанбе: Интишороти бунёди Оли Сомон. Ройзании фарҳангии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, 1999. – 160 с.
  16. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Садриддин Айнӣ – равшангари бузурги таърихи тоҷикон. – Хуҷанд: Нури маърифат, 2001. – 104 с.
  17. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Садри Бухоро. Чопи дувум (Бо тасҳеҳ, такмил ва иловаҳо). – Душанбе: Деваштич, 2005. – 186 с.
  18. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Равшангари бузург. – Душанбе: Адиб, 2006. – 340 с.
  19. Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ. Нигоҳе ба адабиёти тоҷикии садаи бист. – Душанбе: Чопхонаи «Пайванд», 2006. – 456 с.
  20. Нурзода Н. Симои равшанфикрони миллӣ дар «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ / Н. Нурзода // Илм ва ҷомеа. – – №3 (11). – С. 48 – 63.
  21. Садри Зиё «Тазкори ашъор» (Ба тасҳеҳи Саҳобиддини Сиддиқӣ, ба кӯшиши Муҳаммадҷони Шакурии Бухороӣ) / Зиё Садр. – Теҳрон: Суруш, 1380. – 428 с.
  22. Сиддиқ С. Садри Зиё ва тазкираҳои ӯ /С. Сиддиқ. – Душанбе: Ройзании фарҳангии сафорати Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон, 2010. – 200 с.
  23. Суханҳои ҳикматомӯзи Президенти Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон. – Душанбе: ҶДММ «Контраст», 2017. – С. 165.
  24. Табаров С. Зиндагиномаи Садриддин Айнӣ (1875 – 1899) / С. Табаров. – Душанбе: Матбуот, 2008. – 479 с.
  25. Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ. Ҷилди Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ. – Душанбе, 2008. – 950 с.
  26. Хади-заде Р. Источники к изучению таджикской литературы второй половины XІX века / Р. Хади-заде. – Сталинабад: Издательство Академии наук Таджикской ССР, 1956. – 140 с.
  27. Ходжаев Ф. К истории революции в Бухаре / Ф. Ходжаев. – Ташкент: Узб. гос. изд-во, 1926. – 77+55 с.
  28. Ҳодизода Р. Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри XІX / Р. Ҳодизода. – Душанбе: Ирфон, 1968. – 294 с.
  29. Ҳодизода. Р. Адабиёти тоҷик (асрҳои ХVI-ХIХ ва ибтидои асри ХХ): Китоби дарсӣ барои мактабҳои олӣ / Ҳодизода Р., Каримов У, Саъдиев С. – Душанбе: Маориф, 1988. – 416 с.
  30. Шукуров М. Хусусиятҳои ғоявию бадеии «Ёддоштҳо»-и устод С. Айнӣ / М. Шукуров. –Душанбе: Дониш, 1966. – 260 с.
  31. Ятимов С. Масъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат / С. Ятимов // Адабиёт ва санъат. – 2020.– 15 октябр. – №42. – С. 10.
Хондан 1887 маротиба