JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Равшанфикр

Равшанфикр

Панҷшанбе, 15 Феврали 2018 07:40

Компютерҳои квантӣ

  Рушди бесобиқаи сатҳи техникаи рақамӣ ва дастовардҳои назаррас махсусан дар технологияи татбиқи амалии натиҷаҳои назариявии физикаи квантӣ дар интиҳои асри XX ва ибтидои асри XXI бевосита имконпазир будани яке аз лоиҳаҳои бемисли маҳсули тафаккури инсони – таҳияи компютерҳои квантиро исбот намуд. Ҳоло намунаҳои шартии компютерҳои квантӣ аллакай истеҳсол шуда, мавриди истифода қарор доранд. Вале, дар назар аст, ки ояндаи наздик кор карда баромадани намунаи мукаммали он – ба ҷаҳиши бузурги глобалӣ ва илмиву технологии тамаддуни инсонӣ оварда мерасонад.

Барои таҳлили мавзуи мазкур, дар ибтидо ба таври мухтасар оид ба рушди соҳаи компютерҳои анъанавӣ ёдрас мешавем.

Чоршанбе, 14 Феврали 2018 11:20

Равобити илмӣ дар ҷаҳони муосир

Дар барномаи навбатии «Фарҳанги муосир», ки дар шабакаи телевизионии «Сафина» ҳар ҳафта пахш мегардад, кормандони Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмӣ АИҶТ Меҳрдод Қурбониён ва Меҳр Собириён иштирок намуданд. Мавсуф бо ҳамроҳи муҷрии барнома номзади илмҳои фалсафа, Исомиддин Шарифзода мавзӯи «Равобити илмӣ дар ҷаҳони муосир» -ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Фаъолияти инноватсионӣ фаъолияте мебошад, ки ба истифода ва тиҷоратигардонии натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ ва коркардҳои илмӣ барои беҳтар кардани сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда (молҳо, хизматрасониҳо), такмили технологияҳои тайёр намудани онҳо бо минбаъд татбиқ ва амалисозии самарабахши онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва берунӣ нигаронида шудааст. Дар ин маврид истифодаи амалии натиҷаи илмӣ, илмӣ-технологӣ ва нерӯи зеҳнӣ имкон медиҳад, ки  маҳсулоти истеҳсолшавандаи нав ва технологияҳои истеҳсоли он ба даст оварда шуда,  талаботи истеъмолкунандагон ба  молу хизматрасониҳои баландсифат қонеъ гардонида шавад ва  хизматрасониҳои иҷтимоӣ такмил ёбад.

Сешанбе, 13 Феврали 2018 04:49

Ҳидроген ҳомили ояндадори энергия

Яке аз омилҳои асосие, ки дараҷаи пешрафти ҷомеаро муайян мекунад, бо энергия таъмин будани он мебошад. Энергетикаи муосир сӯзишвориистифодабаранда буда, ба истифодаи маъданҳои табиӣ аз қабили нафт, газ, ангишт ва маҳсулоти коркарди онҳо,  ки захираашон дар замин ва сайёра беохир нест, асос ёфтааст. Аз ин сабаб ҷустуҷӯи манбаъҳои нави энергия ва дар асоси онҳо ба даст овардани сузишвории синтетикӣ тақозои замон мебошад. Бузургтарин сарчашмаи энергия Офтоб маҳсуб мегардад.