JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

Муқаддима

  Ҳазор сол аз ин муқаддам ниёгони бузурги мо донишро дар дил чароғи равшан ва аз ҳама бад дар тани инсон ҷавшан гуфтаанд, аз қаъри гили сияҳ то авҷи Зуҳал ҳама мушкилоти гетиро ҳал кардаанд, аммо ҷойи тааҷҷубу таассуф аст, баъди ҳазору чанд сол, ки инсоният ба асри бистум – асри пуршўру пуровозаи инқилобҳои илмию фикрӣ ва оғози асри бистуякум – асри инқилобҳои технологию техникӣ расид ва мо шоҳиди он будем, ки инсони донишпажӯҳ на танҳо нақши пояшро дар рўйи Моҳ ба ёдгор гузошт, балки сафинаҳои худкорашро ба моварои мадори Зуҳал фиристода, ҳатто аз ҳудуди манзумаи Офтоб ҳам берун баровард ва ба омӯхтани мустақими сайёраҳои фаразан маскуни ситораҳои дигар (ба ғайр аз Офтоб) шурӯъ намуд… дар пасманзари ин ҳама ҷаҳишҳои илму фан, дар пеши чашми муосирону шоҳидони чунин комёбиҳои фавқулодаи ақлу фаросати одамӣ воқеоти аҷибу ғарибе сурат мегирад, ки бар асари он ҷомеаи пешрафта зарар мебинаду оммаи пасмонда ба он бовар мекунад. Яъне, манзурам ин аст, ки имрўз навъҳои гуногуни хурофоту найранги аз аҳди Дақёнус монда – аз тилисму азоимхонӣ гирифта то фолбинию (рамл) саноати танҷим (астрология) – аз нав ҷон мегиранд ва торафт ақлу ҳуши мардумро рабуда онҳоро ба доми худ медароранд: на фақат ховариёнро, балки фарангиёнро ҳам, на танҳо мардуми авомро, балки бархе аз аҳли саводро низ!

  Наврӯзи   имсолаи  Ватан бо    суханронии таърихии Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат 18 марти соли 2020 оғоз гардид. Ба назари мо, мазмуну мӯҳтавои ин суханронии  Сарвари давлат,  бешубҳа,   ҳамчун самти стратегияи миллӣ оид   ба ташаккул ва таҳкими ҷаҳонбинии илмӣ ва тафаккури техникӣ дар ҷомеа   пазируфта шуд.

Чуноне ки  Президенти мамлакат зимни суханрониашон барҳақ зикр  намуданд, “асри ХХI замони пешрафти бесобиқаи илм ва техникаву технологияҳои навин мебошад. Дар чунин шароит рушди минбаъдаи ҳар кишвар аз дастгирӣ ва дар истеҳсолот ҷорӣ кардани дастовардҳои илмӣ вобастагии амиқ дорад.

 “Агар панди маро бипазиред камтар ба Суқрот ва бисёр бештар ба ҳақиқат меандешед” (Суқрот).

  Суқрот яке аз файласуфони номдори Юнони бостон буд. Номи Суқрот ба забони юнонӣ чунин навишта мешавад: Σωκράτης. Талаффузи номи ӯ ба забони юнонӣ ингуна аст: /soˈkra:ti:s/. Суқрот файласуфи классики Юнон  ва аз аҳли Афина буд. Ӯро яке аз бунёдгузорони фалсафаи Ғарб медонанд.  Суқротро аввалин файласуфи ахлоқ дар Ғарб мешуморанд. Ӯ дар соли 470-и пеш аз мелод таваллуд шуда ва дар соли 399-и пеш аз мелод кушта шуд. Суқрот навиштае аз худ ба ҷо нагузошт. Ӯ аз тариқи нависандагони бостон ба монанди Антисфен, Аристип, Аристофан ва шогирдонаш ба монанди Афлотун ва Ксенофон ба ҷаҳон муаррифӣ шуд.

 Наврӯзро ба арсаи таърих хидмат аст,

Умраш баробари қидами умри миллат аст,

Мероси боасолати деринаҳикмат аст,

Пайғоми аҳли донишу илму фазилат аст,

Китобҳо