Дар мақола моҳияти физикии муҳимтарин фаҳмишҳо оиди хосиятҳои физикӣ-механикии ҷисмҳои сахт, бо таври сода пешниҳод ва муҳимияти илмӣ-амалии онҳо нишон дода шудааст. Зимни таҳлили натиҷаи ҳисобкунии мустаҳкамии назариявӣ бо усулҳои мухталиф ба даст омада ва муқоиса бо мустаҳкамии воқеӣ, актуалӣ будани омӯзиши сабабияти ин фарқият бо мақсади идора кардани раванди вайроншавӣ ва баланд бардоштани савияи мустаҳкамии воқеии ҷисмҳои сахт нишон дода шудааст.
(1)
Муҳаққиқони осори Фридрих Нитше (1844-1900) бештар аз ҳама урупоиён, дар таҳқиқотҳои худ доир ба солҳои муҳим ва ҳодисасози зиндагии Нитше, таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамоянд. Ин таҷрибаи мусбат аст. Чаро ки доир ба мутафаккир ва файласуфе чун Нитше, намешавад дар ҳаҷми як мақола ва ё китобе ихтисосӣ, хонандагонро қонеъ кард. Пас, зарурате пеш меояд, ки муҳимтарин ҳодисаҳои зиндагии шахсӣ ва эҷодии ӯро ба таври мухтасар ва феҳраствор ба хонандагони фозил пешкаш намоем.
Яке аз хусусиятҳои зотии инсон хирадгароиву маърифати олам аст, вале дар тӯли замон на ҳамаи масоилро инсон аз роҳи ақлу хирад ҳал намудааст. Зеро шинохти воқеияти олам ба инсон якбора ба даст намеояд, балки зина ба зина ва насл ба насл пурратару комилтар шуда, ба ифодаи воқеияти олам баробар мешавад. Дониш инъикоси олам буда, нахуст дар шакли тасаввуроти ибтидоӣ зуҳур мекунад. Донишҳои инсонӣ метавонанд дониши илмӣ ва ё дониши ғайриилмӣ бошанд. Инсоният то ба марҳилаи донишҳои илмӣ расидан раванди тӯлониеро пушти сар намудааст.
Решаи аслии хурофот нодонӣ ва бовармандӣ мебошад. Инсон дар баробари ҳаводиси рӯзафзуни табиат ҳамеша дучори мушкил аст. Асли ин мушкил аз он маншаъ мегирад, ки агарчи инсон пайваста бо табиат вуҷуд дорад ва берун аз он вуҷуд дошта наметавонад, лекин боз ҳам дар мутобиқшавӣ бо равандҳои табиӣ нисбат ба дигар намудҳои зинда осебпазир аст. Инсонҳо дар шароитҳои гуногун вобаста аз вазъиятҳои бавуҷудомада роҳҳои гуногуни ҳалли мушкилро меҷӯянд. Он гоҳ ки эҳсос кунанд, роҳи ҳалли мушкил тариқи ақлу хирад ва таҷриба дар дасташон нест, ба хаёлпардозӣ рӯ меоранд. Воқеан баъзе одамон сахт эҳсосӣ мешаванд.