JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 06 Майи 2020 04:43

Сано бодо ба табибони ҳозиқ, ба ворисони ҳақиқии Синову Розии бузург!

Муаллиф: Исомиддин Шарифзода

  Яке аз  муҳимтарин пешаҳои инсонӣ, ки дар таърихи фарҳанги башарӣ  ҷойгоҳи хосса доштааст, ин пешаи пизишкӣ мебошад. Пизишкон аз нафаронеанд, ки ҳамеша инсоният ба онҳо ниёз доштааст. Зеро инсон ба ҳайси мавҷуди зиндаи ҳушманд дар дарозии зиндагии хеш ҳамеша осебпазир будааст ва ин осебпазириву маргро дарку фаҳм намудааст. Ин хатарпазирӣ муҷиби он гардидаст, ки одамӣ ба хотири пояндагӣ ва раҳо ёфтан аз бемориҳои вогир ҳамеша дар ҷӯёиву пӯёӣ қарор бигирад. Ҳазорон навъи рустаниву наботӣ ва ҷимодиву ҳайвониро озмоиш намояд ва ҷиҳати раҳоии хеш аз вазъиятҳои вахими пешомада тадбирҳои воқеӣ андешад. Ҳамин аст, ки пешаи пизишкӣ яке аз куҳантарин ва муҳимтарину мондагортарин пешаи инсонист. Табибон дар тамоми давраи зиндагии башар, махсусан дар давроне, ки бемориҳои вогири кушанда ба ҷони инсоният таҳдид мекунад, ҳамчун қаҳрамонони ҳақиқӣ пай ҷустани тадбир ва кашфу тазйиқи доруву даво будаанд. Ҳазорн маврид ҷони хешро дар хатар гузоштаву ҷони дигаронро раҳоӣ бахшидаанд.

  Имрӯз ҳам вабои КОВИД- 19, ки дар ҷаҳон бедод мекунад, бори дигар собит намуд, ки пизишкон қаҳрамонони ҳақиқии ҷомеаи башарианд ва муҳимияту авлавияти ин пешаро  назди башарият дар миён гузошт.  Онон баҳри рафъи ин маризии ҳамагир ҷони хешро дар хатар гузошта, ҷиҳати наҷоти ҷони дигарон бар алайҳи маргу нобудӣ мубориза мебаранд. Садҳо мавриде дар замони ин маризии ҳамагир иттифоқ афтодааст, ки пизишкон ба хотири наҷоти ҳамзамонону ҳаммеҳанони хеш ҷисми хешро олуда нумада, бар дигарон ҷон бахшида ҷони хешро аз даст додаанд.

  Дар фарҳанги миллии мо низ пешаи пизишкӣ аз муҳимтарин ва пурнуфузтарин пешаҳо будааст, ки он ҳануз дар даврони қабл аз исломӣ дори мақоми иҷтимоии хоса будааст. Бештари муҳаққиқон ба он назаранд, ки тибби ориёӣ бо тибби ҳиндиву чинӣ ва юнонӣ дар иртиботи ҳамешагӣ қарор дошт ва шояд ҳам зиёд аз усулҳои пизишкиро ба ин мардумону фарҳангҳо интиқол дода бошанд ва далели ин гуфтаҳоро дар ном ва мафҳуми бемориву давоҳои зиёде меоваранд, ки аслан решаи ориёӣ доранду дар фарҳанги тибии ҳиндиву чиниву юнонӣ мавриди истифодаанд. Пас аз омадани Ислом низ тиб ва илми пизишкия назди гузаштагони мо касбу пешаи пурифтихоре буд, ки шахсиятҳои ҷаҳониеро ба мисли Муҳамад Закариёи Розӣ ва Абуалӣ Сино ва дигарон ба миён овард, ки ин бузургмардон дар рушди тибби ҷаҳонӣ саҳми босазое дошта, осори гаронмояи онҳо ва шеваву усулҳои дармонбахшиашон садсолаҳо ҷиҳати таълиму тадриси пизишкон дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон мавриди омӯзишу мутолиа қарор гирифтааст. Имрӯз ҳам мафҳуми “медидсина”, ки бахши бузурге аз илмро ташкил медиҳад низ баргирифта аз ибораи тоҷикӣ – форсии мадади Сино аст. Яъне ба тарзи дигар илми тиб ва пешаи пизишкӣ дар бунёди фарҳанги мо қаро гирифта, решаҳои ҳазорсолаҳоро дорост ва он дар генҳои афроди ин миллат ҷойгоҳи хосаеро доштааст. Далели ин гуфтаҳо он аст, ки дар даврони Шўравӣ низ пешаи пизишкӣ ва мутахассисони ин соҳа аз Тоҷикистон ҳамчун пайравони Синои бузург ҷойгоҳ ва мақоми хосса доштанд ва садҳо олимону пажуҳишгарони шинохтаву баркамол дар қаламрави илми тибби Шӯравиву ҷаҳон ба вуҷуд омаданд. Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон яке аз донишгоҳҳои беҳтарини тибии собиқ Шӯравӣ маҳсуб буд, ҳамасола онро садҳо донишҷӯёни хориҷӣ хатм мекарданд.

  Дар солҳои Истиқлолият пизишкони тоҷик дар даҳҳо кишвари ҷаҳон кору фаъолият намуда, шуҳрати тибби тоҷикро ба он кишварҳо бурдаанд. Онҳо на танҳо дар кишварҳои амну осоиштаи ҷаҳон, балки дар кишварҳои ҷангзадаву ноамне аз қабили Афғонистон ва Яману Сурия фаъолияти касбии мувафақона анҷом додаанд ва садҳо маризу корафтодаро аз чанголи маргу мир наҷот додаанд. Пизишкони тоҷик ҳамеша дар қасами ёд кардаи хеш устувор монда, барояшон арзиши инсонният ва наҷоти инсон аз ҳама чизи дигар боло будааст, ки ин қобили таҳсину ифтихор аст.

  Имрӯз ки мардуми азизи кишвари мо низ бо вабои ҳамагир афтодаву дармонда аст, бори асосии масъулият ва наҷоти миллату табааи кишвар дар дасти пизишкони мо аст. Имрӯз қаҳрамонони асили ин корзор пизишконанд, зеро танҳо онҳо бо донишу тахассус ва ҷасорату диловарии хеш метавонанд баҳри ҷони азизони мубталогардида мубориза баранд ва мардуму миллатро аз ин вартаи нобудӣ бираҳонанд. Мутмаинем, ки пизишкони асили мо, ки ифтихори Ватану Миллатанд ва ворисони ҳақиқии Синову Розианд, сарбаландонаву ҷасоратмандона ин вазифаи муҳим ва сарнавиштсози хешро барои миллату мардум бо масъулияти том, қаҳрамонона анҷом хоҳанд дод. Имрӯз арсаи корзор ва муборизаву муқовимат асосан бар души табибон аст. Танҳо умеди тамоми аҳли ҷомеа новобаста аз дороиву мақоми иҷтимоӣ, мансаб ва салвату сарват ба сӯи қаҳрамонони асили Ватан -пизишкон аст. Мо бовар дорем, ки пизишкон ва пажуҳишгарони илми тиб дар саросари ҷаҳон ба ин маризии вогиру ҳамагир пирӯз хоҳанд шуд ва башариятро аз ҷанголи ин гирифторӣ берун хоҳанд овард.

  Пизишкони арҷманд, Шумо азизон гумон накунед, ки танҳоед ва маҳкум ба иҷрои ин амал. Ҳаргиз чунин набуд ва чунин ҳам нест. Так таки мардумони сайёра амали қаҳрамонии Шуморо медонанду қадр мекунанд ва ба он арҷ мегузоранд. Тамоми мардуми кишвар ва сайёра дар маҷмуъ дар паҳлуи Шумо азизонанд. Ин балои ҳамагир ҳам бо саҳми зиёди шумо қаҳрамонон як рӯз поён хоҳад пазируфт ва рушаноӣ аз охири ин нақб берун хоҳад омад.  Ному кори қаҳрамонии онҳое, ки ҳамарӯза баҳри наҷоти инсоният ҷон рӯи каф гузошта диловарӣ мекунанд, махсусан табибони ҳозиқу ҷасур, дар саҳафоти таърихи миллатҳо ва дар маҷмуъ башарият сабт хоҳад гардид. Сано бодо ба табибони ҳозиқ, ба ворисони ҳақиқии Синову Розии бузург!

Исомиддин Шарифзода

 

Хондан 961 маротиба