JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 07 Майи 2020 05:27

Ирредентизм ва буҳрони ҳувияти миллӣ дар шароити Тоҷикистони муосир

Муаллиф: Виркан Музаффарпур

  Пеш аз баёни асли матлаб мехоҳам ба мафҳуму истилоҳҳои ирредентизм ва ҳувияти миллӣ рӯшанӣ андозем ва баъд ба баррасии буҳрони он пардозем. Ирредентизм[1] (аз калимаи итолиёии irredento – «ҷуброннашуда», «озоднашуда») – сиёсати давлат, ҳизб ё ҳаракати сиёсие мебошад, ки барои муттаҳид намудани халқ, миллат, қавм (этнос) дар чорчӯбаи давлати ягона равона карда шудааст. Дар он зоҳир меёбад, ки мардумро барои ҳамроҳ намудани ҳудудҳои маскунии ирредента ба давлате, ки дар он аксарияти намояндагони миллат зиндагӣ мекунанд, сафарбар мекунад. Дар аввалҳо ҳаракати миллии Италияро дар охири асри XIX -ибтидои асари XX, ки барои ба Италия ҳамроҳ кардани ҳудудҳои наздисарҳадии Австро-Венгрия бо аҳолии итолиёвии Триеста, Трентино ва дигарон равона гардида буд, ирредентизм меномиданд. Ба ақидаи муҳаққиқи амрикоӣ Ҷ. Брейли ирредентизм шакли фаръии миллатгароӣ аст.[2] Ҳамчун ҳаракати ҷамъиятӣ-сиёсӣ давоми солҳои 1870-80 ташаккул ёфтааст. Аниқтараш, соли 1878 Менотти Гарибалди иттиҳоди Ирредентаро бо ҳадафҳои дар боло зикргардида ташкил дод.

   Дар ҳоли ҳозир ирредента гуфта қисме аз қавм ё миллатро мегӯянд, ки дар давлати муайяне ҳамчун ақаллият, вале дастаҷамъона зиндагӣ дорад ва маҳалҳои зисташон бо давлати ҳамсоя, ки дар он қавм ё миллати ба ӯ наздик ё ҳамсон аксариятро ташкил медиҳад дар наздикии бевосита қарор дорад. Фарқи ирредента аз диаспора дар наздикии ҷуғрофӣ ва зиндагӣ дар таҷаммуъ (дастаҷамъона, компактӣ) мебошад.[3] Ирредентизм идеологияи худро дорад, ки бар асоси миллатгароӣ сохта шудааст. Мисолҳои вуҷуд доштани ирредентизмро мо метавонем дар Чин, Россия, Олмони тоҷангию баъдиҷангӣ, халқи курд ва ғ.-ҳо мушоҳида кунем, ки тафсилоти он дар ин маърӯза аз имкон берун аст.

   Дар мавриди ҳувияти миллӣ ҳаминро бояд зикр намуд, ки он модарзодӣ нест, аз таассуроти бадастомада роҷеъ ба умумияти фарҳанг, таърих ва забон бо гурӯҳи муайяни одамон шакл мегирад. Ба ин метавонад эҳсоси мансубият ба давлати муайян, садоқати ӯ ба ҳувияти давлатӣ, андешаи миллӣ ва рамзҳои давлатӣ илова карда шавад. Баёни мусбӣ ва созандаи эҳсосоти вобаста ба ҳувияти худии миллӣ патриотизм ва миллатдустӣ (натсионализм), манфӣ ва ба ифрот расонидани он бошад, шовинизм номида мешавад.[4]

   Барои паст кардани шиддати ирредентизм ё роҳ надодан ба амалҳое, ки метавонад боиси муноқишаҳои байни давлатҳо шавад, кӯчиши аҳолӣ ё аъзои як миллат ба давлате, ки дар он ҳаммиллатонашон аксариятро ташкил медиҳанд, дар амалия гоҳо истифода мешавад. Масалан, барномаи «Переселение соотечествен-ников»-и Федератсияи Россия. Ҳамин таҷриба дар солҳои аввали ташкилёбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷой дошт, ки аз Самарқанду Бухоро аҳли зиё ва фарҳанг ба Душанбе омада буданд. Дар шароити Тоҷикистони кунунӣ, ки бо ташкилёбиаш ҳамчун ҶШС аз қисматҳои асосӣ ва марказҳои фарҳангию сиёсии тоҷикнишинаш маҳрум шуд, ин раванд гоҳ-ногоҳ, ба таври ғайрирасмӣ ва ғайримуташаккил сари забонҳо меояд ва бештар мардуми водии Зарафшон, ки бо он сарзаминҳо пайванди наздиктар доранд, ба ёди шаҳрҳои аздастрафта меафтанд ва ин гувоҳи ҳувияти болои миллӣ мебошад.

   Вале гоҳо баръакси ин ҳам метавонад ҷой дошта бошад. Пайванди ирредентизм бо буҳрони ҳувияти миллиро дар як мусоҳибаи хубе, ки бо Алексей Миллер – доктор илмҳои таърих, профессори Университети аврупоӣ дар Санкт-Петербург, узви Шӯрои ҷамъиятӣ дар назди Агентии федералӣ оид ба миллатҳои Федератсияи Россия анҷом дода шудааст мебинем.[5] Дар ин мусоҳиба ӯ ҳамчун аксуламал ба буҳрони ҳувияти миллӣ шиддат гирифтани шиорҳои ирредентиро имконпазир медонад. Барномаҳои гуногуни тарғибкунандаи фарҳанги ин ё он миллат барои бартараф намудани буҳрони ҳувият ва минбаъд тақвият бахшидани худшиносӣ ва пешбурди ҳадафҳои дигари миллат имкон медиҳанд. Масалан, дар Россия мо лоиҳаҳои «Русский мир», «Святая Русь», «Бессмертный полк», «Лентаи георгӣ» ва ғайраҳоро медонем, ки барои боло бурдани ҳувият ва пур кардани халои пас аз пошхурии Шӯравӣ ба вуҷудомада таҳия шудаанд ва дар ин самт то андозае саҳми арзанда гузоштаанд. Ҳамин гуна ҳадафҳоро марказҳои гуногуни давлатҳои гуногун, аз қабили Институти Ҳётеи Олмон, Бактрияи Фаронса, Маркази Конфутсии Чин, Ройзании фарҳангии ҶИЭ ва ғайраҳо пайгирӣ мекунанд.

   Дар Тоҷикистон бошад, ба ҷуз аз лоиҳаи «Ҳаракати эҳё ва ваҳдати миллӣ» ва эълон намудани «Соли тамаддуни ориёӣ» ба андешаи мо дигар лоиҳаи таъсиргузоре, ки барои боло бурдани худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ хизмат намояд, вуҷуд надорад. Куҳна шудани асаргузории лоиҳаҳои дар боло зикргардида, талабот ба коркарди як андешаи муассири миллӣ ва як қатор омилҳои дигар имрӯзҳо то андозае буҳрони ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистонро нишон медиҳад. Бархилофи ин тоҷикони Афғонистон имрӯз то андозае дар талоши баргардонидан ё ҳифзи ҳувияти миллии худ ҳастанд ва талошҳои бештаре анҷом медиҳанд. Намояндагони фаъоли миллати мо дар Афғонистон Латифи Пидром ва Атомуҳаммади Нур, фаъолияти сиёсию иҷтимоии онҳо гувоҳи он гуфтаҳост.

  Роҷеъ ба буҳрони ҳувияти миллӣ муҳаққиқони зиёде дар кишварҳои пасошӯравӣ пажӯҳиш анҷом додаанд. Ю. А. Кожевникова дар таҳқиқоте бо номи «Буҳрони ҳувияти миллӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ» ҳувияти миллиро ҳамчун падидаи иҷтимоӣ мавриди баррасӣ қарор додааст ва рушду мушкилоти ҳувияти миллиро таҳти таъсири равандҳои иқтисодӣ, ҷаҳонишавӣ, демократикунонӣ, асри иттилоот, меъёрикунонии фарҳангӣ, арзишҳои умумиҷаҳонӣ, муҳоҷирати глобалӣ, гуногунфарҳангӣ ва ғайра баррасӣ менамояд.

  Ба ақидаи муаллиф ҳувияти миллиро метавон ҳамчун ҳолати якпорчаи мувофиқати ботинии фард ва гурӯҳ бар асоси дарки мансубият ба як миллат ва аз муштарак донистани аксарияти хусусиятҳое, ки онҳоро аз дигар миллатҳо фарқ мекунонанд, таъриф дод.[6]

  Аз мавҷудияти як қатор мушкилоти ҳам иқтисодиву ҳам иҷтимоӣ ва маънавию маърифатӣ гоҳо чунин мувофиқати фард бо гурӯҳро дар Тоҷикистон намебинем. Оммаи мардум ба ин кам аҳамият медиҳанд, гуруҳҳои болоии ҷамъият, интеллегенсияи фарҳангӣ, элита, бомонди ҷамъият бошанд, ҳувияти худро бо ҳувияти миллатҳои рус ва аврупоӣ ҳамсон карданӣ ҳастанд, ки поёнтар муфассал бо мисолҳо аз ин воқеият ёдовар хоҳем шуд.

  «Зери мафҳуми ҳувияти миллӣ бояд симои устувори давлат ва миллатро дар шуури оммавӣ фаҳмид, ки афрод тасаввурот дар бораи мансубият ба ин ниҳодҳоро бо ҳам қисмат мекунанд ва нисбати онҳо ботаҳаммул ҳастанд» - мегӯяд Т.Г. Чекменёва.[7]

  Аксаран, ҳам беадолатиҳои таърих ва ҳам дигаргуниҳову тағйироти иҷтимоӣ, номуназзамӣ дар ҷомеа буҳрони ҳувиятро ба вуҷуд меорад: «... дар шароити дигаргуниҳои бунёдии иҷтимоӣ ва аксаран ба ҳамроҳ будани номуназзамӣ дар ҷомеа бо онҳо буҳрони ҳувият ба вуҷуд меояд. Онро метавон ҳамчун вазъи хосаи шуури оммавӣ (ва ба таври табиӣ шуури фарди алоҳида) таъриф кард, ки дар он аксарияти категорияҳои иҷтимоӣ, ки ба воситаашон инсон худ ва мақоми худро дар ҷомеа муайян мекунад, сарҳадот ва арзишҳояшро гумкарда ба назар менамоянд».[8]

  Дар ибтидои чунин тағйирот дар Тоҷикистон эҳёи худшиносии миллиро мо дар марҳилаи солҳои 1985-1991 мушоҳида мекунем. Яъне, гоҳо буҳронҳои иҷтимоӣ натанҳо ба буҳрон, балки ба пурзӯр шудани ҳувияти миллӣ сабаб шуда метавонад.

  Аммо, агар ба буҳрони ҳувияти миллӣ дар Тоҷикистони муосир назар афканем, ҳолатҳои зиёдеро метавон мисол овард, ки ба назари мо далеле аслиашон бегонапарастии мост. Ҳоло, гузашта аз ҳама, дар омӯзишу маориф, муошират ва тарзи зист ба забону анъанаҳои миллатҳои дигар афзалият додан ё тақлид кардан ба онҳо, вобастагӣ аз муҳитҳои фарҳангии бегона, таъсири абарқудратҳои ҷаҳониву минтақавӣ дар тасмимгириҳои фарҳангӣ ва сиёсӣ, нақши геополитика дар ин раванд муассир аст. Дар шаҳрҳои азими мо аксари чорабиниҳои хусусии фарҳангӣ муошират ва коргузории ширкатҳо, элитаи ҷамъият,  ному муҳтавои сайтҳо ва ғайра русӣ аст. Мо бо ин роҳ мехоҳем худамонро ба оламиён муаррифӣ кунем, вале баръакс, агар асарҳои мо, таҳқиқот ва ихтирооти мо агар аҳамияти минтақавӣ ва байналмилалӣ дошта бошанд, худи миллатҳои дигар онро ёфта, тарҷума хоҳанд кард. Аз ҷониби дигар, дар муқоиса бо афроде, ки тарзи зисти дунявӣ доранд, нафарони гароиш ба дину мазҳаб дошта баръакс, рӯй ба самти фарҳанги дигари бегона, арабгароиву идеологияҳои зиддидунявӣ дилбастагӣ доранд ва бештар бо муқаддасоти миллӣ ва таърихи пурифтихори гузаштаамон хусумат доранд. Дар ин миён ҷойи зиёиёни сирф миллатдӯсту ватандӯст назарногир ё камранг аст.

  Вобаста ба ин баррасии як масъалаи таносуби шаҳр-музофот хеле ҷолиб аст. Дар давоми солҳои баъди 90-уми асри ХХ ва даҳсолаи аввали асри ХХI нафароне, ки аз деҳот ва музофот ба шаҳрҳо ва пойтахт омада буданд, ба мушоҳида мерасид, ки дорои худшиносии бештари миллӣ буданд. Ҳатто ҳолатҳое буд, ки дар Шӯрои дифои КОА-и Федератсияи Россия дар Тоҷикистон диссертант ҳуқуқи бо забони тоҷикӣ ҳимоя карданро ба даст оварда буд. Вале, мутаассифона, имрӯзҳо ин тоифа мардум низ бо муҳити ғайримиллии шаҳрӣ ассимилятсия шуда, ифтихороти миллиашон камранг ба назар мерасад. Омили инро мо дар боқӣ намондани шаҳрҳои зиёди қадимии мо – ҳамчун маркази тамаддуну фарҳангӣ медонем. (махсусан набудани чунин пойтахт дар мо). Омили дигари бегонашавии фарҳангӣ ин муҳоҷират мебошад. Муҳити фарҳангӣ ва миллии бегона ба эҳсоси миллии муҳоҷирон ва хонаводаҳои онҳо таъсир мерасонад, вале аҷибтар ин ки маҳз муҳоҷират барои боло рафтани эҳсоси худшиносии дурӯғини динӣ, ифротгароӣ, ки боз ҳам барои ҳувияти миллӣ бегона аст, ба мушоҳида мерасад. Хатарҳои муҳоҷират ба ҳувияти миллӣ ин пеш аз ҳама ба таври манфӣ муаррифӣ кардани миллати мо дар берун аз кишвар буд ва дар саргаҳи ин амал худи мо меистем, ки бо ибораҳои маъмулгардидаи «тоҷикиш кун», барои миллатҳои дигар имкон додем, ки моро ҳамчун Равшану Ҷумшут муаррифӣ кунанд. Имрӯзҳо барномаи «Переселение соотечественников» -и Россия, фирори аҳолӣ ва мағзҳо низ ба ин раванд таъсиргузор ҳастанд.

  Ҳисси нобоварӣ байни давлатҳои ҳамзабон, мухолифатҳои мазҳабию сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоӣ, геополитикӣ байни ин давлатҳо ба гусастагии таърихӣ ва муштаракоти фарҳангӣ низ меоварад. Дар охир ишорае ба баҳсҳои марзӣ мекунем, ки он ҳам бо ирредентизм ва ҳам бо ҳувияти миллӣ иртибот дорад ва аз чигунагии ҳаллу фасли он эҳсоси миллӣ вобастагӣ хоҳад дошт. Ҳодисаҳои ахир дар марз бо Қирғизистон нишон дод, ки то кадом андоза ва дар кадом маврид бояд таҳаммулпазир буд, ё дар кадом маврид бояд ҷавоби қатъӣ дод. Ҳамчунин иттилоърасонии саривақтӣ ва дақиқ аз чунин ҳодисот нақши муассир дар шаклгирӣ ё таҳаввули ҳувияти миллӣ дорад.

  Албатта, барои шинохти кишвар, давлат ва миллат нақши рамзҳои давлатӣ – суруди миллӣ, парчам, нишон муҳим аст ва садо додану боло бардоштани онҳо дар сатҳи байналмилалӣ боиси ифтихор мегардад ва барои он кӯшишу талош бояд кард. Дастгирии патриотизми давлатӣ ва ҷустуҷӯи «идеяи миллӣ» аз ҷониби давлат бояд тақвият ёбад, зеро сарфи назар намудан аз ҳувият ва худшиносии миллӣ барои ояндаи худи давлат хатарбор хоҳад буд.

Виркан Музаффарпур

ходими калони илмии шуъбаи масъалаҳои фалсафии дини ИФСваҲ АМИТ

Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (20), 2020  

[1]https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%98%D1%80%D1%80%D0%B5%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8%D0%B7%D0%BC

[2] Соловьёв А. И. Политология: Политическая теория, политические технологии: Учебник для студентов вузов. — М.: Аспект Пресс, 2001. — 559 с.

[3] Чепиницкая П. Р. Категория «соотечественники за рубежом» в модусе этносоциологии // Теория и практика общественного развития. Научный журнал. Вып. 8. Краснодар: ИД «Хоре», 2011.

[4]https://ru.wikipedia.org/wiki/%D0%9D%D0%B0%D1%86%D0%B8%D0%BE%D0%BD%D0%B0%D0%BB%D1%8C%D0%BD%D0%B0%D1%8F_

%D0%B8%D0%B4%D0%B5%D0%BD%D1%82%D0%B8%D1%87%D0%BD%D0%BE%D1%81%D1%82%D1%8C

[5] Ирредентизм и кризис национальной идентичности. (Беседа с А. Миллером). //журн. «Россия в глобальной политике». №5, 2017. https://globalaffairs.ru/number/Irredentizm-i-krizis-natcionalnoi-identichnosti-19125

[6] Кожевникова Ю.А. Кризис национальной идентичности в глобализирующемся мире. Диссертация на соискание ученой степени кандидата философских наук. –М. 2012г.

[7] Чекменёва Т. Г. Кризис национальной идентичности в постсоветской России и пути его преодоления // Вестник ВГТУ. 2010. №10. URL: https://cyberleninka.ru/article/n/krizis-natsionalnoy-identichnosti-v-postsovetskoy-rossii-i-puti-ego-preodoleniya (дата обращения: 22.04.2019.

[8] Андреева Г.М. Психология социального познания / Г.М. Андреева. М., 2001. С. 187.

Хондан 1320 маротиба