JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 08 Майи 2020 06:08

Мирзо Турсунзода адиби сулҳпарвар ва пайвандгари халқҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Миёна

Муаллиф: Мирсаид Раҳмонов

Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,

  Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад. (М.Турсунзода)

  Тоҷикон бо сарзамини зебоманзару мусаффояшон аз қадим чун миллати донишманд, бомаданият, босавод, ҷасуру тавону паҳлавон, косибу ҳунарманду деҳқон ва меҳмоннавозу меҳмондор  шӯҳрат доштанд. Бештари муаррихону нависандагон, гардишгарону тоҷирони дохиливу хориҷӣ аз ҷумла Роберт Мидлетон ва Ҳав Томас  тоҷику Тоҷикистонро дар китобе зери унвони "Тоҷикистон ва қуллаҳои баланди Помир" ба таври хос зикр карда, хотироташонро муфассал баён кардаанд, ки хонанда метавонад аз онҳо истифодаи маънавӣ пайдо кунад. Чунонеки дар ҳикмати халқӣ омадааст,"Бузургон шиносанд қадри бузургон" масалест, ки ишора ба он мекунад, ки "қадри зар заргар шиносад, қадри ҷавҳар ҷавҳарӣ". Барои миллати тоҷик ифтихор ва шарафмандист, ки ин миллат аз гӯзаштаи қадим дорои фарзандоне буд ва ҳаст, ки таърих онҳоро ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад кард ва набояд кунад.Зеро онҳо касоне буданд, ки  тамаддун ва адабу фарҳанги миллати моро ба авҷи камол расонданд ва  ба ҷаҳониён онро низ нишон доданд.

  Дар байни  ин фарзандони асили миллат боз касоне буданд, ки бо истифода аз неруи сӯхан тамаддуну фарҳанги моро ба ҷаҳониён шиносонданд ва исбот карданд, ки миллати тоҷик ҳамеша муқобили зулму ситам буда, озодихоҳӣ ва сулҳпарвариро дӯст медорад. Дар мисоли ин метавон устод Мирзо Турсунзодаро масал зад, ки то имрӯз хадамот ва кӯмакҳои башардӯстии ӯ дар таърих сабт аст. Ва ба қавли шоир...

Зиндаву ҷовид монд ҳарки накуном зист,

Аз ақибаш зикри хайр бедор кунад номро.

  Мавриди зикр аст, ки чун шоир фаъолияти эҷодияш аз солҳои 30-ум маншаъ гирифта, Ватан ва ватандӯстиро аз пояҳои асосии худшиносӣ медонист ва онро дар шеърҳояш мудовим тарғибу ташвиқ кардааст.

  Вале дертар тағйирёбии вазъияти геополитикӣ даврони пасоҷангӣ ва густариши ноадолатӣ ва  чашмпӯшӣ аз ҳимояи ҳуқуқи мазлумону бечорагон рағбати эҷодии шоирро ба сӯи  муноқишаҳову чолишҳои қораи Осиё овард, ки  онро бо  як раҳму дилсӯзӣ ва меҳру дӯстӣ дар зери садои Сулҳ тасвирбардорӣ карда халқиятҳову мардумонро ба тарафи озодии ҳақиқӣ роҳнамоӣ кардааст.Ҳамин меҳрубонияш буданд, ки имрӯз чун шоири сарояндаи сулҳу амонӣ ва дӯстии халқҳо ном баровард.Ӯро чун мунодии ҷаҳони безулму истисмор, беҷангу хунрезӣ, ҷаҳони инсонпарвар ва хоҳони хушбахтии инсон эътироф кардаанд, зеро марому мақсади аслиаш ҳимоя ва рияои ҳуқуқи мардумони мазлуму бечора буд, ки зери чархаи зулму ҷаҳолат ва бераҳмии ғосибону истеъморгарон қарор мегирифтанд.

  Ин абармарди таърихро на фақат дар Тоҷикистони имрӯза, балки дар тамоми дунё хусусан манотиқи Осиё ва Африқо мешиносанд ва то имрӯз номи некашро ба ёд меоваранд. Зеро ӯ тавассути нерӯи сӯхан тавонист дар дили мардуми  кишварҳои  олам ҷой гирад ва бо ҳар нафаре бо забону  фаҳми ӯ сӯҳбат кунад ва ҳар сӯханеро дар  мақоми хеш  ба мардум расонад.Ҳамин ҷасорату фасоҳати ӯ буд, ки дӯстони хуберо аз тамоми кишварҳои олам кашф кард, то ҷаҳонро ба чашми хирад бубинанду бисозанду бироҳанду бигзаранд. Ана ҳамин хирадмандон тавонистанд барои  васл кардани аҳли башар камари ҳиммат банданд. Бо ҳамин орзуву ҳавас ин абардмарди таърих бо чунин дурдонаҳои ақлу нақл  сари суфраи пур аз ганҷу ҳикмат зери шиори озодӣ, ободӣ, оромӣ ҷамъ шуда,  барои васли наслҳои қораи Осиё ва Африқо бедорхобиҳо ва ранҷу заҳматҳо кашид то ноумедиҳои мардумони инҷоро ба хуршедҳои тобон роҳ кушояд ва ба қавли Мавлоно,

Эй басо коро ки аввал саъб гашт,

Баъд аз он бикшода шуд сахтӣ гузашт.

Баъди ноумеди басе уммедҳост,

Аз паи зулмат басе хуршедҳост.

  Бо ҳамин азму иродаи матин вориди саҳнаи  муборизаҳо шуда, ба мардуми олам ва алалхусус Осиё паёми сулҳу оромиро меоварад ва ба онҳо хитоб менамояд, ки бо ҳамин силоҳ метавон тухми ҷаҳлу ҷангро решакан кард ва ғолибиятро ба даст овард.Чунон ки мефармояд,

Менависам ман суруди сулҳро бо хуни дил,

Бо тапиданҳои беороми рӯзафзуни дил.

То яроқи тез гардида  ба дасти дӯстон,

Ҷангҷӯёнро кунад шармандаи рӯи ҷаҳон.

Сулҳу амният таваллуд ёфт чун дар мулки ман,

Дӯст медорем  мо онро ба монанди Ватан.

  Ин паёми сулҳу озодӣ дар ҳоле садо медод, ки тамоми аҳли олам навакак аз садоҳои тубу туфанг ва чанкҳои вирусмонанди ҷанги ҷаҳонии дуввум дар ҳоли халосӣ буданд. Бояд зикр кард, ки солҳои 1941-45 башарият зери зулму ситами ғоратгарон ва нафстпарастон қарор дошт, ки чу наҳанги даҳшатноку ваҳшатнок  ҳамаро фӯру мебурд ва бӯи бади даҳонаш ҳанӯз ба машоми мардум мерасид.

  Дар воқеъ баъд аз солҳои 1941-1945 вазияти ҷаҳон куллан дигаргун шуда буд ва олам ба ду қисмат тақсимбандӣ шуд, ки ба  истилоҳи дигар ҷаҳони  ду қутбӣ, ки  дорои ғояҳои мутафовит аст, ки ҳар як бо дидгоҳи худ нооримоҳои он даврро баррасӣ мекард. Он замон ҳамаи ҷаҳонро ваҳшату даҳшат фаро гирифта буд,ки таҳдиду хатарҳои пай дар пай мардуми сайёраро ба хатару ноамниҳо дучор мекард ва ҳеч кас тасаввур намекард,ки дар чунин ҳолоти сахту душвор касоне пайдо шаванду ба дарду захмҳои дили мардум давои оромбахш бахшанд.

  Ҳамин солҳо Ҳиндустону Покистон барои озодихоҳӣ бархоста буданд ва барои расидан ба қувваҳои неруи солиму созанда бо ташаббуси Ҷавоҳирлол Неҳру  дар Деҳлӣ конгресси  байналхалқии халҳои Осиё даъват карда шуд, ки устод Турсунзода низ иштирок доштанд.  Бештар ӯ дар сӯханрониҳояш иқтибосҳо аз  андарзҳои Саъдӣ, Ҳофиз ва Хайём меовард ва ба сӯхани  машҳури Саъдии ширинкалом "Бани одам аъзои якдигаранд" ҳамаро мутаасир мегардонид ва чунонеки омадааст,

Ту к-аз меҳнати дигарон беғамӣ,

Нашояд, ки номат ниҳанд одамӣ,  

калому ҳадафашро ба шунаванда исбот мекунонд.Барои мубориза ва пешгири аз хатарот ва роҳ надодан ба фоҷиаҳои навбати ташкилоте бо номи кумитаи умумиҷаҳонии муҳофизати Сулҳ таъсис дода шуд, ки намояндагони асосии онро олимон ва равшанфикрони тамоми дунё ташкил медоданд, ки Мирзо Турсунзода  дар он чун узви фаъол интихоб шуда, то охири умр мунсифона бо дилу ҷон ва муваффақияти том хизмати пурсамар адо намуд.

Дар чунин лаҳзаҳои фоҷиавор  барои башар суруди Сулҳи Турсунзода бо Садои Осиё пахш шуд ва бонги бедориро ба мардуми қораи Осиё  меовард,

Осиё гӯяд сӯхан овози онро бишнавед,

Мавҷи дарё, ғӯрриши баҳри ҳамонро бишнавед.

Осиё бедор шуд, бедор тарки хоб кард,

Ростиву дӯстиро оқибат дарёб кард.

Аз Хитою Ҳинду Чин то мамлакатҳои Араб,

Менамояд Осиё сулҳу амониро талаб.

  Воқеан агар ба рӯзгори эҷодии устод Турсунзода инсофона назарсанҷӣ кунем, бештари талошу мароқаш ба васлу ҳамгироии мардумони Осиё ва дӯстиву рафоқати халқиятҳои олам бахшида шудааст, ки натиҷаи ниҳоиаш сабабу омили рушди ҳамгироӣ ва пайдо кардани ёрону дӯстони меҳрубону бовафо барои васлу рабти аҳли башар гардид ва ба қавли худи шоир,

Бингар он чун бо ҳақиқат ёр шуд,

Дӯсташ ҳам дар ҷаҳон бисёр шуд.

  Мавриди зикр аст, ҳамин заҳамоти устод Турсунзодаро дӯсташ Файз  Аҳмад Файз, шоир ва нависандаи машҳури покистонӣ  чунин менигорад: "Ӯ қайд мекунад, ки аввалин бор Турсунзодаро дар Ҳиндустони соли 1949 дидам ва баъдҳо дар Москва ва Тошкент  вохӯрдем.Турсунзода шахсияте буд, ки бо ҳама инсонҳо чи коргар чи адиб муносибати дӯстона мекард, зеро ӯ бо одамон бо чашму дил сӯҳбат мекард. Ёд дорам, боре ӯ дар яке аз шаҳрҳои Покистон бо коргарону дӯкондорон ба забони форсӣ-тоҷикӣ сӯҳбат менамуд ва онҳо ӯро мефаҳмиданд, зеро ӯ бо онҳо бо чашму дил сӯҳбат мекард. Мирзо Турсунзода на фақат шоири бузурги тоҷик, балки муътабартарин ва азизтарин намояндаи халқи тоҷик буд. Дар ҳама ҷо ӯро дӯст медоранд.Ӯ Ватани худро халқи худро дӯст медошт. Ҳарчанд ӯ бо забони классикии тоҷикӣ  ғазал меофарид, лекин мавзӯҳои онҳо рӯзмарра ва муосир ва марбут ба сиёсат буданд, ки ин корро устод Лоҳутӣ шурӯъ карда буд". Бо ҳамин қадршиносӣ ва меҳрубонӣ Файз Аҳмад Файз дар як ғазалаш бо каломи ширини форсии тоҷикӣ Турсунзодаро чунин васф кардааст,

Биё ёрам, ки чашмам  музтариб баҳри тамошоят,

Куҷо рафтӣ, ки ёрон дар  талоши омаданҳоят.

Зи мо рафти валекин пеши олам дар миён ҳастӣ,

Ва бо мардум ки мерақсанд дар тарзи суханҳоят...

Зи ту омухтам халқи ҷаҳонро ҳифзи ҷон  кардан,

Китоби дӯстиро дилнишин кардам ба имоят.

Ба ёд овардаам як шеъри Бедил аз барои ту,

Ҳамин як армуғон овардаам баҳри тамаанноят.

"Нафас дар сина накҳатошёни хулди тавсифат,

Нигаҳ дар дида шабнампарвари боғи тамошоят".

  Мирзо Турсунзода дар ибтидои муборизаҳояш баҳри сулҳу дӯстӣ дар яке аз мақолааш соли 1951 чунин баён карда буд: "Миллионҳо одамони тамоми қитъаҳои дунё бо чашми умед ба мо менигаранд ва мо ҳеҷ як қувваи худро дареғ надошта, дар оянда ҳам байрақи муборизаи сулҳро дар дастамон маҳкам медорем....ва бо тамоми одамони софдили дунё дасти дӯстӣ дароз мекунем".

  Бо ҳамин хотир дар  эҷодиёти Мирзо Турсунзода саҳифаи хоссае ба кишварҳои Ҳиндустон ва Покистон  тасвир ёфтааст, ки дар рушд ва нумуи адабу фарҳанг ва робитаҳои таърих кумак мерасонад ва аз ҳар дуи ин миллати бузург даъват мекунад, ки роҳи сулҳу амниятро пеша карда, мардуми худро ба суи фардои нек роҳнамоӣ кунанд.

  Чи тавреки зикр шуд адабу забони кишварҳо ва шахсиятҳои адабу фарҳанги онҳо, омили рафту омад ва рушди равобити мардумони сайёра  буда, мукотиба ва дӯстии онҳоро нигоҳ ва ҳифз менамоянд. Зеро  онҳо муаррифгар ва таблиғгари асосии  рушд ва равобит ба шумор рафта, дар таҳкими адабӣ ва фарҳангӣ масъулият умда  доранд. Лизо шинохт ва қадрдонии онҳо муҳим арзёбӣ мешавад, то чароғи дӯстии инсонҳо канда нашавад. Ҳамаи ин бузургони адабро метавон чун ифтихорнома ва санади дипломатияи мардумӣ донист, зеро  онҳо ҳастанд, ки  заминаи равобитро истеҳком бахшида, миёни кишварҳо қарордоди ҳасанаро  барқарор месозанд.

  Мавриди зикр аст, ки Тоҷикистон ва кишварҳои Ҳиндустону Покистон аз гӯзаштаи қадим робитаи адабӣ ва фарҳангӣ дошта,  дар замони истиқлол муаррифгарони адабӣ ва ходимони ҷамъиятии онҳо заминаи рушди равобити ин кишварҳоро ба вуҷуд оварданд. Мисоли онро метавон дар корномаҳои эҷодиёти адабии адибони ҳамин кишварҳо мушоҳида кард.

  Ходими ҷамъиятии Ҳиндустон Модан Моханлал Атал ва нависандаи он Навтеҷ Сингх корнамоҳои устод Турсунзодаро замони дидорашон аз Тоҷикистон ҳамчун хотираи нодир ёдоварӣ карда, ширинзабонӣ ва сӯҳбати озодонаашро мавриди накӯҳиш қарор дода, онро аз тамаддун ва меҳмоннавозии хоси  мардуми тоҷик  эътироф мекунанд.

  Турсунзода дар вақти сафарҳояш ба Ҳиндустону Покистон  хотироташро чун намунаи адаб  ҷамъоварӣ карда, ба шакли китоб чоп мекунад, то мардумони олам аз ҳаёту зиндагии халқиятҳо ва орзуҳову омолҳои онҳо огаҳӣ пайдо кунанд. Зеро ӯ дар тамоми сафарҳояш ва вохӯриҳояш иродаи мардуми сулҳҷӯро дар Ҳиндустону Покистон ба чашми худ дидаву баён кардааст. Ҳамаи инро дар достони "Ҷони ширин" соли 1959 бо ёду зикри дӯстонаш ба мисли Николай  Тихонов ва Файз Аҳмад Файз ба риштаи тасвир кашондааст.

Ҷони ширин, дар ҷавонӣ сохтем,

Хонае ҳарду ба ӯ дил бохтем.

Бингар он то рафт чун дигар шавад,

Хонаи тоҷик равшантар шавад.

Бингар он оғӯш чун во мекунад,

Во ба сӯи халқи дунё мекунад.

Во ба сӯи  халқи дунё мекунад.

  Аз қаҳрамониҳои  Мирзо Турсунзода ин  силсилаи шеърҳои «Садои Осиё» соли 1957 мебошад, ки дар он устод муҳимтарин воқеъаҳои ҳаёти байналхалқӣ дар давраи бедорӣ ва марҳалаи нави ҳаракатҳои озодихоҳии миллӣ, давраи бедорӣ ва шикасти бунёди мустамликадорӣ, ба истиқлолият соҳиб шудани бисёр халкҳои мазлуми Осиёву Африқо тасвир кардаст. Устод Турсунзода оиди масъалаҳои гуногуни адабиёт ва  мавзӯъҳои сулҳу амният ва дӯстии халқҳо як қатор мақолаҳои публитсистӣ навиштааст, ки дар шаклу қолабҳои гуногун интишор ёфтаанд.

  Дертар дар соли 1958 созмони байналхалқии адабӣ зери номи Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо бунёд гардид, ки устод Турсунзода аз ташаббускорони аслии он буданд.Таҳлилу баррасиҳои дақиқ нишон медиҳад, ки мақсаду ҳадафи асосии ин созмон инкишоф додани муносибатҳои дӯстона ва рафоқату бародарӣ байни халқҳои Осиё ва Африқоро ташкил медод. Ва бо ҳамин  иродаи матин устод Турсунзода азми сафар мекард ва аз одамони сайёра, вазъи пурпечутоби онон, нобаробаробарии ҳуқуқи онон ва муборизаҳои онон баҳри озодиву истиқлол содиқона суханпардозӣ мекард, ки то ҳол дар таърих ҳамаи ин заҳамоту бедорхобиҳо бар ҳимояи инсон зинда ва ҷовидон мондааст. Ӯ дар соли 1967 бо адиби урду забон Кришан Чандар мулоқот мекунад ва  бо вай муяссар мешавад, ки Алӣ Сардор Ҷаъфарӣ, Роҷендра Сингҳ Бедӣ ва Маҷрӯҳи Султонпӯрӣ дар маҳфили "Мушоира"  аз наздик сӯҳбат карда, шеърхонӣ кунад.

  Бояд зикр кард, ки ин фарзанди фарзонаи миллати мо аз соли 1946 то рӯзи вафоташ раиси Иттифоқи нависандагони ҷумҳурӣ буд. Дертар дар соли 1951 ӯ чун академики АИ РСС Тоҷикистон интихоб шуд. Вале фаъолияти адабияш аз соли 1929 оғоз ёфта буданд.
  Дар ибтидо устод Турсунзода дар жанри наср фаъолияти адабӣ мекард, ки дар саҳифаҳои матбуоти даврӣ бештар очерку ҳикояҳояш интишор меёфтаанд.Вале сабки махсуси суханварии шоир силсилаи шеърҳои «Қиссаи Ҳиндустон» мебошад, ки аз таассуроти сафараш ба Ҳиндустон нақл мекунад. Ин ҳама заҳамоту шаҳомати устод Турсунзода буданд, ки эшон соли 1948 барои «Қиссаи Ҳиндустон», «Рӯди Ганг», «Меҳмони мағрибӣ», «Тара Чандри», «Боғи муаллақ», «Дар ёди кас»  сазовори Ҷоизаи давлатии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гардид.

  Ин шоири маҳбубу сулҳпарвар аввалин маротиба ба сарзамини бостонии Ҳиндустон дар рӯзҳое ворид шуд. ки мардуми он бори ғуломии чандинсоларо аз дӯши худ дур андохта, ба исиқболи шафақи озодӣ қадам мегузошт.Бояд қайд кард, ки аваллин бор устод Турсунзода соли 1947 дар арафаи ҷашни истиқлоли Ҳиндустон барои ширкат дар Конфронси "Халқҳои Осиё" ба шаҳри Деҳли сафар кард. Вай дар ин бора дар муқаддимае, ки ба маҷмӯаи ашъори шоирони асри 20-и Ҳиндустон таҳти унвони "Назми дӯстони Ҳиндӯстонӣ" навиштааст, хотироташро чунин баён кардааст: "Бароям бори нахуст дар меҳмонии халқи ҳинд будан дар рӯзҳои таърихӣ ва хотирмон, ки ин мамлакати бузург ба озодии солиёни зиёд чашмдоштааш ноил мешуд, муяссар гардид."

  Устод Турсунзода бо чунин корнамоиҳо шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо карда, солҳои 1960 ва 1963   сазовори мукофотҳо гардид. Барои  корномаиҳои адабиву иҷтимоиаш ӯ сазовор ба ордену ҷоизаҳо гардид ва   ба хотири таҳкими сулҳ ва озодихоҳаш ӯ мушарраф ба Барандаи Мукофоти байналхалқии Ҷавоҳирлол Неҳру сазовор шуд, ки аз тарафи сарвазири  Ҳиндустон хонум Индира Гандӣ дар соли 1967 ба устод Турсунзода супорида шуд.

  Ин фарзанди фарзонаи миллати тоҷик дар давоми умри пурбаракаташ ба бисёр кишварҳои олам алалхусус ба  Осиё, Африқо, Аврупо, Амрико сафар карда, дар чандин форуми конгрессу конфронсҳои бонуфузи байналхалқӣ фаъолона иштирок карда, суханронӣ кардааст.
Дар  соли 1961  сазовори унвони ифтихории Шоири халқии Тоҷикистон ва барои хизматҳои бузург ва олӣ дар бунёди пояҳои Ватан ва ватандӯстӣ, инкишофи адабу фарҳанг ва тарғиби сулҳу дӯстии халҳои олам соли 2001 "Қаҳрамони Тоҷикистон" шарафёб гардид. 

  Бояд зикр кард, ки устод Мирзо Турсунзода 2 майи соли 1911 дар деҳаи Қаратоғи шаҳри  Шаҳринав таваллуд ёфта, соли 1930 Дорулмуаллимини (Донишкадаи омӯзгорӣ) Тошкандро ба итмом расонд. Дертар ӯ ба ҳайси мудири шуъбаи умумӣ ва котиби масъули рӯзномаи «Комсомоли Тоҷикистон» онвақта ва муддате роҳбари қисми адабии Театри давлатии мазҳакаю мусиқии Ленинобод ба номи А.С.Пушкин адои вазифа кардааст. 

  Дар соли 1935 ӯ ба Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба кор оғоз карда дар вазифаҳои мудири шуъбаи ташкиливу оммавӣ ва роҳбари шӯрои драманависон кору фаъолият кардааст. Ҳамин тавр устод Турсунзода дар соли 1939 раиси Сарраёсати ҳифзи сирри давлатӣ  ва дертар соли 1943 сардори Раёсати санъати ҷумҳурӣ таъин гардид.Ин марди наҷибу сулҳпарвар аз соли 1934 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, ки бо амри тақдир дар санаи
24 сентябри соли 1977   ин ҷаҳони ҳастиро падруд гуфт ва
дар оромгоҳи «Лучоб»-и шаҳри Душанбе ба хок супорида шуд.

  Хулоса ин фарзанди фарзонаи миллат шахсияте буд, ки бо матонату ҷасорати олиаш дар  қалби ҳамаи кишварҳои олам ҳамчун адиб ва  шори озодихоҳ ва сулҳпарвар ҷой гирифта,  то ҳол  дар замири мардуми манотиқи Осиёи Ҷанубӣ аз ҷумла Ҳиндустон ва Покистон таҷассум ёфтааст.

Худи устод Турсунзода натиҷаҳои сафарҳои си солаашро  возеҳу ошкор баён карда, чунин ёдоварӣ мекунад,

Бо ҳамин ният ба Ҳиндустон  сафар кардем мо,

Осиёро бо ҳамин ният назар кардем мо.

Бо ҳамин ният садои Осиё ояд ба гӯш,

Хуни халқи Осиё омад ба ҷӯш, омад ба ҷӯш.

Таҳлилу барасиҳои осору фаъолиятҳои устод Мирзо Турсунзода ба мо имкон медиҳад то онҳоро чунин хулосабандӣ кунем:

1.Ашъори Турсунзода дорои аҳамияти таърихӣ мебошанд, зеро худи шоир шоҳиди бевосита ва иштирокчии аксари онҳо буд ё аз шахсоне ном мебарад, ки дар воқеаҳо ҳузур доштанд.

2.Дар асарҳои Турсунзода маълумотҳои дуруст ва дақиқ дар бораи ҳунару фарҳанги мардуми он замон ва маҳфилу мушоираҳо ва муборизаҳои онҳо зикр шудааст.

3.Достонҳои "Ҷони ширин", "Садои Осиё" ва " Қиссаи Ҳиндустон" аз асарҳои барҷастаи таърихии ӯ ба шумор мераванд, ки кишварҳои Ҳиндустону Покистон ва қораи Осиёро ба тасвир кашидааст.

4.Ӯро метавон аз  мубаллиғони фаъоли роҳи озодии Ҳиндустону Покистон ва Осиёву Африқо шуморид.

5.Ашъори дар мавзуъҳои иҷтимоӣ-ахлоқӣ эҷодкардаи Турсунзода барои омӯхтани таърих, ҳаёти сиёсӣ, маданӣ ва адабии мардумони Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ аҳамияти арзишманд дорад.

  Бо чунин назарсанҷиҳо метавон устод Мирзо Турсунзодаро  мунодии  сулҳ, вассофи дӯстӣ, беҳтарин намунаи намояндаи мардумӣ донист, ки сазовор ба тамоми ҷоизаву нобелҳои ҷаҳонӣ мебошад. Зеро ҳамаи талошу хидматҳои ин марди адиб барои аз байн бурдани чолишҳову кашмакашҳо ва ноадолатии иҷтимоӣ буданд, ки ҳанӯз ҳам падидаҳои номатлуби он мушоҳида мешаванд. Шоири маҳбуби Тоҷикистони навин  Муҳаммад Ғоиб устод Тусунзодаро шоири ширинбаён, вассофи сулҳ ва ҳомии тифлакону мазлумон шинохта, меҳрубонона чунин мегӯяд :

Ту меҷӯстӣ ба дарди бенизоми даври худ дармон,

Ту мебахшидӣ аз нав зиндагӣ бар тифлаки армон.

Ӯ дар ҷои дигар садои Сулҳи устод Турсунзодаро калид ва бонги  хотимаи ҳамаи ҷангҳои аҳли башар  дониста,  ба инсоният чунин  баён мекунад,

Шавад осудагӣ, монад ба ҳар ҷо сулҳ агар пояш,

Ҳама ҷанги ҷаҳонро менишонад сулҳ дар ҷояш.

  Хулласи калом мо фарзандони Тоҷикистон ва аҳли башарро зарур аст, то аз дастурот ва роҳнамоиҳои устод Турсунзода кору пайкори худ гирифта, бо дуои неки нависандаи бузурги Қирғизистон Чингиз Айматов ба хотири шоири бузург, Мирзо Турсунзода, ки роҳи моро дар адабиёт бо нури илҳом ва эъҷозӣ сухан мунаввар кардааст, сари таъзим фуруд оварем. Зеро имрӯз мо ҳама аҳли сайёра дар деҳкадаи хурди ҷаҳонӣ зиндагӣ ва фаъолият мекунем, ки фазлу мақому манзалат ва меҳру вафову дӯстиву ҳамгироиро бояд қадрдонӣ кард, онро ба чашми хирад нигарист ва сокинонашро озоду ободу ором нигоҳ дошту ҳеҷгоҳ мардумозорӣ накард. Ба қавли устод Турсунзода,

Ошён гар мегузорӣ, дар дили инсон гузор,

Аз раҳи меҳру вафову аҳди бепоён гузор.

 

Мирсаид Раҳмонов

Шуъбаи Осиёи Ҷанубу Шарқ

Институти Омӯзиши давлатҳои Осиё ва Аврупои АИҶТ

 

Адабиёт

  • Маҷаллаи Шарқи Сурх солҳои 1948, 1949, 1950, 1951, 1952, 1953, 1954 1955
  • Муҳаммад Ғоиб, Офтоби ифтихор,Душанбе, "Эр-граф", 2019
  • Қурбонов Ҳ, Ҳаёт ва эҷодиёти Ҳафиз Ҷоландҳарӣ, Душанбе, Истеъдод, 2017
  • Роберт Миддлетон, Ҳав Томас, Тоҷикистон ва қуллаҳои баланди Помир, Австралия, 2012
  • Мирзо Турсунзода, Куллиёт, Мақолаҳо, Душанбе, Ирфон, 1985
Хондан 1654 маротиба