Ҳарчанд дар оғози муборизаҳои геополитикии кишварҳои ғарбӣ минтақаи Осиёи Миёна ба майдони бозиҳои онҳо ворид карда нашуда буд ва давлатҳои ин минтақа танҳо гирифтори кашмакашҳои сиёсӣ ва низоъҳои мазҳабии минтақавӣ буданд, вале дар замони авҷи ин муборизаҳо дар асри нуздаҳум Осиёи Миёна низ ба объекти муборизаҳои геополитикии абарқудратҳо, ба вижа Британияи Кабир ва Русияи подшоҳӣ мубаддал гашт. Маҳз дар ҳамин давра буд, ки сарзаминҳои тоҷикнишин тақсимбандӣ шуданд. Русия аз шимол ва Британия аз ҷануб дар рӯ ба рӯи ҳам истода, вориди муборизаҳои геополитикӣ шуда буданд ва саранҷом рудхонаи Панҷро сарҳади манофеи худ муқаррар карданд, ки ин шояд барои ҳамеша тоҷикони ду тарафи соҳилро аз ҳамдигар ҷудо кард. Дар ғарби Эронзамин бошад, Ҳирот аз Эрон ҷудо карда шуд ва ҳатто тибқи Тавофуқномаи Санкт-Петербург дар соли 1907 худи қаламрави Эрони имрӯза миёни Бритониё ва Руссия тақсим шуд ва тибқи он қисмати шимолии Эрон ҳавзаи нуфузи Руссия ва қисмати ҷанубу-шарқии он ҳавзаи нуфузи Бритониё шинохта шуд, ки ҷонибҳои имзокунанда наметавонистанд дар ҳавзаҳои нуфузи якдигар дахолат кунанд. Ҳукумати шоҳии Эронро дар мавриди имзои ин Тавофуқнома ва тақсими қаламраваш ҳатто даъват накарданд. Ин эътирози онҳоро ба бор овард, аммо таваҷҷуҳи касеро ба худ ҷалб накард, чунки қудрати баробарвазни абарқудратҳо набуд.
(манбаи расм: https://ru.wikipedia.org/wiki/Англо-русское_соглашение_(1907)#/media/Файл:Map_Iran_1900-en.png)
Бо пайдо шудани давлати муқтадири ИҶШС ва ба ҳайати он даромадани минтақаи Осиёи Миёна ин минтақа дигар майдони муборизаҳои геополитикӣ набуд. Балки расман ҳамчун аъзои баробарҳуқуқи ин иттиҳод ба қисмати таркибии яке аз субъектҳо ё худ бозингари бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ мубаддал шуд, аммо дар амал миллатҳои ин минтақа то чӣ ҳад тавонистанд дар бозии мазкур шарик шаванд, масъалаи дигар аст ва баҳси он берун аз доираи мавзӯи ин мақола мебошад. Вале далелҳо нишон медиҳанд, ки дар ин марҳилаи замонӣ миллатҳои ин минтақа муваффақ нашуданд, ки фарҳанги сиёсии худро ба он сатҳе расонанд, ки ҷавобгӯи талаботи замон бошад ва заминаи табдили онҳоро дар ин муборизаҳои геополитикӣ ба субъекти сиёсӣ ба вуҷуд оварад. Аз ин буд, ки кишварҳои ин минтақа дарҳол баъди шикасти Шӯравӣ боз ба объекти бозиҳои геополитикии кишварҳои абарқудрат табдил ёфтанд. Танҳо фарқият ин ҷо буд, ки нақши Британияи Кабир дар баробари Руссия дигар камранг шуда буд ва ба ҷойи он ИМА ва Чин бозигарони асосӣ буданд. Баҳсҳо сари ин, ки чаро онҳо бозингар шуданду мо объекти бозии онҳо, на баръакс, дар доираҳои илмӣ зиёданд. Аммо дар ин ҷо мо сари ин масъала баҳс нахоҳем кард. Танҳо ин вақеиятро дар назар гирифта, манофеи геополитикии кишварҳои бозингарро дар Осиёи Миёна мавриди баррасӣ қарор медиҳем.
Аҳамияти мавзӯъ. Сиёсати геополитикии кишварҳои абарқудрати таъсиргузор ба кишварҳои Осиёи Марказӣ дар амри шиддат гирифтани раванди ҷаҳонишавӣ дар ин минтақа саҳми бузург доранд. Барои ба манфиати худ равона кардани ин раванд кишварҳои Осиёи Марказиро зарур аст, ки аз аҳдоф ва амалкардҳои ин кишварҳои таъсиргузор огоҳ бошанд ва дар тасимгириҳои худ онро дар назар гиранд. Бо ин роҳ метавон рақобати онҳоро барои рушди минтақа истифода бурд. Масъалаи ҳувияти миллӣ низ аз дар инҷо истисно нест. Ин воқеият аҳамияти омӯзиши мавзӯи геополитикаро, дар доираи омӯзиши таъсири манфии ҷаҳонишавӣ ба ҳувияти миллӣ, ба миён мегузорад.
“Минтақаи меҳварӣ”-и Ҳалфорд Макиндер
Дар омӯзиши масоили геополитикии минтақаи Осиёи Марказӣ муҳаққиқон дар аксар маврид назарияи олими бритониёӣ Ҳалфорд Макиндерро, ки дар тадқиқоти худ бо номи “Меҳвари ҷуғрофиёии таърих” (The Geographical Pivot of History) дар соли 1904 пешниҳод карда буд, ёдовар мешаванд.
Тибқи назарияи мазкур минтақаи Осиёи Марказӣ ва Сибир, дар муборизаҳои геополитикӣ, “минтақаи меҳварӣ” (Pivot area) унвон гирифта, як минтақаи калидӣ дар бозиҳои геополитикии ҷаҳонӣ мебошад. Тибқи ин назария ҳар кишваре, ки ин минтақаро зери тасарруфи худ дошта бошад, кулли дунёро идора хоҳад кард. Дар расми зерин “минтақаи меҳварӣ” (Pivot area) бо ранги сабз нишон дода шудааст.
(манбаи расм: https://en.wikipedia.org/wiki/The_Geographical_Pivot_of_History#/media/File:Pivot_area.png)
Бо ду сабаб ин назарияро мо дар мақолаи худ мавриди баррасӣ қарор намедиҳем. Пеш аз ҳама дар ҳоли ҳозир ин “минтақаи меҳварӣ” пурра вориди бозиҳо нашудааст. Қисми азими он ба қаламрави Руссия дохил мешавад ва ин кишвар яке аз бозигарони асосии арсаи геополитикии ҷаҳон буда, ҳаргиз нахоҳад гузошт, ки қисме аз қаламраваш майдони бозиҳои мазкур бошад. Пас, аз ин “Минтақаи меҳварӣ” танҳо кишварҳои Осиёи Марказӣ боқӣ мемонанд, ки онҳо як қисми хурде аз ин қаламравро ташкил медиҳанд. Баъдан таҷрибаи Иттиҳоди Шӯравӣ нишон дод, ки назарияи мазкур асоси воқеӣ надорад. Чунки Иттиҳоди Шуравӣ ин минтақаи меҳвариро пурра аз худ карда буд ва тақрибан 70 сол аз ҳама имкониятҳои он истифода кард, аммо натавонист идоракунандаи асосии ҷаҳон бошад. Баръакс, саранҷом бо сабаби ақибмондагии технологӣ ва иқтисодӣ худ шикаст хурд.
Қудратҳои таъсиргузор дар Осиёи Марказӣ ва манофеи онҳо
Дар асри XXI-ум, баъди дубора ба майдони бозиҳои геополитикӣ табдил шудани Осиёи Миёна, ҳам кишварҳои бозингар ва ҳам манофеи геополитикии онҳо нав шудаанд. Агар то даврони Шӯравӣ ҳадафи асосии объектҳои геополитикӣ мустамлика кардани минтақа ва бо ин роҳ ба манбаи ашёи хом ва бозори фурӯши маҳсулоти саноатӣ табдил додани он буд, пас дар замони нав ҳадаф мустамликадорӣ набошад ҳам, дастрасӣ ба бозори минтақа ва муҳимтар аз ҳама дастрасӣ ба захираҳои табиии он ҳадафи асосӣ мебошад. Ҳарчанд манофеи бозингарон фарқ мекунад ва дар баробари ин ду ҳадаф манофеи амниятӣ ва инфрасохторӣ барои баъзе кишварҳои ҳамҷавор аз аҳамияти махсус бархурдор ҳастанд.
Кишварҳое, ки ҳамакнун дар минтақаи Осиёи Миёна дар бозиҳои геополитикӣ вориди амал ҳастанд, зиёд нестанд. Бозингарони асосӣ ИМА, Иттиҳоди Аврупо, Руссия ва Чин мебошанд, ки бо аҳдофи муайян вориди минтақа мешаванд. Дар баробари ин кишварҳо Туркия, Эрон, Ҳиндустон, Покистон ва Британия низ саҳми камранг доранд, ҳарчанд кӯшишҳои онҳо назаррас аст, вале имкониятҳои молиявӣ ва мавқеи ҷуғрофияшон иҷоза намедиҳад дар баробари чор бозингари асосӣ нақшофаринӣ кунанд. Ҳарчанд Туркия ва Эрон бо такя ба наздикии фарҳангӣ ва забонӣ бо кишварҳои минтақа кӯшиш мекунанд манфиатҳои худро дар инҷо пиёда созанд, вале бо вуҷуди пешравиҳои андак ин ду кишвар натавонистааст рақиби баробарвазни чор абарқудрати мавриди назари мо бошанд. Баръакс, худи онҳо мавриди таъсири абарқудратҳо қарор гирифта, дар шаклҳои мутафовит ба объекти бозиҳои геополитикӣ табдил ёфтаанд. Ҳиндустон бо сабаби пайванди заминӣ ва баҳрӣ надоштан ба Осиёи Миёна натавонистааст пурра вориди бозӣ шавад.
Руссия. Федератсияи Руссия бо такя бар таърихи 200 соли охир минтақаи Осиёи Миёнаро ҳавзаи нуфузи худ медонад ва дар бозиҳои геополитикии минтақа фаъол аст. Ҳарчанд баъди пошхурии Иттиҳоди Шӯравӣ “дар тайи марҳилаи ба истилоҳ “моҳи асал бо Ғарб”, Маскав минтақаро нодида гирифт ва дар айни ҳол умед дошт мавқеи худро ин ҷо ҳифз кунад”[2]. Вале раванди ҳаводис Маскавро маҷбур кард, ки пас аз танаффуси кӯтоҳ дар солҳои 90-уми асри гузашта ба минтақа баргардад ва бо услубҳои натиҷабахштар таъсиргузориро ба кишварҳои минтақа шурӯъ намояд. Аз ин буд, ки Федератсияи Руссия барои ба аҳдофи худ расидан созмонҳои гуногуни минтақавиро ташкил дода, кишварҳои минтақаро ба он пайванд сохт. Дар баробари вуҷуд доштани ИДМ дар солҳои баъдӣ Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ (СААД), Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой (СҲШ) ва Иттиҳоди Авруосиё ташкил карда шуд, ки дар онҳо Руссия мавқеи баландтар аз кишварҳои Осиёи Миёнаро касб карда, сиёсати ин созмонҳоро бо аҳдофи худ мутобиқ месозад. Махсусан Иттиҳоди Авруосиё пурра таҳти идораи ин кишвар қарор дошта, дар навбати аввал манофеи онро пиёда месозад. Албатта, дигар кишварҳои узв ҳам бе манфиат намемонанд, вале мавқеи баробар бо Руссияро надоранд. Танҳо дар доираи СҲШ Чин рақиби баробарвазни ин кишвар мебошад. Бо вуҷуди ин, кишварҳои Осиёи Марказӣ бо сабаби пайвастагии зиёди иқтисодиву амниятӣ доштан бо Руссия аз ҳамкориҳои зич бо ин кишвар рӯ намегардоданд.
Манофеи иқтисодии Руссия дар Осиёи Миёна аз дастрасии имтиёзнок ба захираҳои табиии минтақа, интиқолгари ягонаи манобеи энергетикии минтақа ба Иттиҳоди Аврупо боқӣ мондани ин кишвар, дастрасии имтиёзнок доштан ба бозорҳои Осиёи Миёна ва ғайра иборат мебошанд. Ин ба манофеи дигар бозингарон дар таззод аст, ки боиси тунд шудани муборизаҳо мегардад. Аз ҷумла, дар ростои дастрасии бевосита доштан ба захираҳои табиии минтақа Иттиҳоди Аврупо ва Чин лоиҳаҳои худро рӯйи даст доранд, ки Чин дар амалӣ сохтани онҳо бартарӣ дорад. Чунки бевосита ба ин кишварҳо ҳаммарз аст ва метавонад аҳдофи худро зудтар амалӣ созад. Барои мисол, зиёда аз даҳ сол аст, ки хатти лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон то Чин мавриди истифода қарор дорад ва дар ин муҳлат ба воситаи ин хат зиёда аз 15 дарсади ҳаҷми истеъмоли умумии гази табиии Чин таъмин карда мешавад.[3]
Дар масоили амниятӣ мавқеи Руссия дар минтақа нисбат ба дигарон устувортар аст. Чунин шакл гирифтани вазъият пеш аз ҳама ба он вобаста аст, ки манофеи амниятии Руссия бо манофеи амнияти кишварҳои ин минтақа мувофиқ мебошанд. Руссия марзҳои ҷанубии Осиёи Миёнаро марзи амнияти худ дониста, кӯшиш мекунад амнияти нисбиро дар инҷо нигаҳ дорад. Ягона мушкил ин аст, ки худи Руссия намехоҳад кишварҳои минтақа то он дараҷа қавӣ шаванд, ки худ аз уҳдаи хатароти мавҷуда баромада тавонанд ва муҳтоҷи дигарон (Руссия) набошанд. Ин муносибати Руссияро аз кӯмакҳои ҳарбии ин кишвар ба Тоҷикистону Қирғизистон, ки аз таҷҳизоти куҳна иборатанд ва ҷавобгӯи талаботи замони нав намебошанд, метавон мушоҳида кард. Ба тафовут аз манофеи иқтисодӣ дар ин масъала ҳадафҳои Руссия бо аҳдофи абарқудратҳои дигар дар таззод нест ва онҳо ҳам бо сабабҳои муайян аз амнияти минтақа манфиатдор ҳастанд. Чунки дар ҳоли ноамн шудани Осиёи Марказӣ лоиҳаҳои рӯйидастдоштаи онҳо низ амалӣ шуда наметавонанд.
Бо вуҷуди ин ҳама кӯшишҳо Руссия натавонистааст, мавқеи худро пурра дар Осиёи Марказӣ нигаҳ дошта, нуфузи кишварҳои дигарро маҳдуд кунад. Бозингарони дигар тадриҷан мавқеи худро мустаҳкам мекунанд ва ин аз ҳисоби кам шудани нуфузи Руссия ба даст меояд. Иқтидори нисбатан пасти иқтисодӣ ва технологии Руссия халоҳоеро барои ишғол шудан аз ҷониби дигарон эҷод месозад. Ин раванд дар ояндаи наздик яқинан ба манфиати Руссия нахоҳад буд.
Чин. Ҷумҳурии мардуми Чин низ манофеи баробар бо Руссияро дар минтақаи Осиёи Марказӣ дорад. Иқтисоду тиҷорат, амният ва интиқоли молу коло масъалаҳое мебошанд, ки мавриди таваҷҷуҳи ҳукумати Чин дар муносибат бо кишварҳои минтақа қарор мегиранд. Аллакай дар соли 2009 ҳаҷми умумии тиҷорати ҶМЧ бо панҷ кишвари Осиёи Миёна ҳаҷми тиҷорати умумии ин кишварҳо бо Руссияро гузашта буд.[17]
Имрӯз Чин бузуртарин шарики тиҷоратӣ ва сармоягузор барои кишварҳои минтақаи мо мебошад. Бартарии нисбии ин кишвар дар истеҳсоли маҳсулоти гуногун ва ҳамсоягии он ба минтақа имкон фароҳам овардааст, ки ширкатҳои ин кишвар дар бозори кишварҳои Осиёи Марказӣ саҳми бештаринро дошта бошанд. Дар баробари ин, рушди босуръати иқтисодии Чин талаботи онро ба ашёи хом ва захираҳои табиӣ зиёд мекунад ва ин кишвар бо сармоягузориҳои ҳангуфт инфрасохтори интиқоли зихоири табииро аз Осиёи Марказӣ ба Чин сохта истодааст, ки қисме аз ин лоиҳаҳо аллакай ба анҷом расидаанд ва ашёи хоми минтақаро ба Чин интиқол дода истодаанд. Шоҳроҳҳои гуногун ва лӯлаи интиқоли газ аз Туркманистон ва лӯлаи интиқоли нафт аз Қазоқистон ба Чин, ки ҳоло фаъол ҳастанд далели ин гуфтаҳо буда метавонанд. Бартарии асосии Чин дар рақобат барои ба даст овардани захираҳои энергетикии Осиёи Миёна нисбат ба Руссия ин аст, ки Чин худаш бевосита истеъмолкунанда аст, вале Руссия худ содиркунанда аст ва танҳо миёнарав буда метавонад. Дар расми зерин лӯлаи нафт бо ранги сабз ва газ бо рангии сурх нишон дода шудаанд.
(манбаи расм: http://caspianbarrel.org/en/2019/08/central-asia-delivers-23-bcm-of-gas-to-china/)
Дар соҳаи иқтисод Чин бе шубҳа бо имкониятҳои фаровоне ки дорад, метавонад ҷойгоҳи шоиста дошта бошад. Дар баробари ин, ҳамчун истеъмолгар барои таъмини бехатарии дастрасӣ ба захоири энергетикӣ ва маъданҳои кӯҳӣ ин кишвар омодааст миллиардҳо доллари амрикоиро дар Осиёи Миёна маблағгузорӣ кунад. Истифодаи ин минтақа барои дастрасии заминӣ ба бозори ҷаҳонӣ омили дигари ҳавасмандии Чин барои иштирок дар муборизаҳои геополитикии минтақа мебошад. Қарзҳои имтиёзнок барои сохтмон ва азнавсозии роҳу нақбҳо дар кишварҳои минтақа баёнгари ин гуфтаҳо шуда метавонанд. Ин ҳадаф дар доираи лоиҳаи “Ҷодаи абрешим” амалӣ мегардад.
Хатти тиҷоратии “Ҷодаи абрешим” шароити расидани маҳсулоти чиниро ба бозорҳои Осиёи Миёна, Федератсияи Руссия, Қафқоз осон мегардонад ва Чин метавонад ашёи хом ва нафтро аз ин минтақаҳо дастрас кунад. Дар шароити пайдо шудани мушкилот дар роҳи баҳрӣ “Ҷодаи абрешим” аҳамияти чандкарата пайдо карда, Чинро аз инҳисори иқтисодӣ раҳо мекунад. Бинобар ин, Чин бо сарфи миллиардҳо доллари амрикоӣ барои сохта ба истифода додани шоҳроҳи мазкур мусоидат карда истодааст.
Бозори истеъмолии Осиёи Марказӣ бо тақрибан 72 миллион аҳолӣ, низ барои Чин аҳамияти вижа дорад. Солҳо пеш молу маҳсулоти ин кишвар бозори минтақаро ишғол карда буданд ва Чин мехоҳад мавқеи худро боз ҳам устувортар кунад. Дар ростои тиҷорат бо кишварҳои рӯ ба рушд Чин сиёсати махсусеро пеш гирифтааст, ки бо харидани захоири табиии онҳо ва содироти молу маҳсулоти тайёри саноатӣ ба ин кишварҳо баланси тиҷории худро дар аксар ҳолат мусбат нигаҳ медорад. Кишварҳои Осиёи Миёна низ дар амалӣ сохтани ин стратегияи Чин мувофиқ маҳсуб меёбанд. Илова бар ин, кишварҳои минтақа имконияти маҳдудсозии молу колоҳои чиниро надоранд ва монанди ИМА наметавонанд дар якҷоягӣ Чинро таҳдид намуда, тавофуқномаҳои муфид барои кулли минтақаро ба даст оваранд. Аз дигар сӯ, чун минтақа баромади бевосита ба уқёнуси ҷаҳониро надорад, аз ҳисоби хароҷоти нақлиётӣ молу маҳсулоти чинӣ дар бозори ин ҷо бартарии нисбиро ба худ касб кардаанд. Ҳатто Ҳиндустон имкони бо роҳи заминӣ расонидани молу маҳсулоташ ба Осиёи Марказиро то он ҳадде надорад, ки тавонад рақиби баробарвазни ин кишвар бошад. Бо назардошти ин ҳама воқеиятҳо Чин ба бозори минтақа аҳамияти вижа дода, дар сиёсати хеш роҳҳои нигаҳдорӣ ва густариши мавқеи худро ҷустуҷӯ мекунад.
Дар масоили амниятӣ Чин ҳадафҳои муайянеро дар минтақа думбол мекунад, ки асоситарини онҳоро “се бадӣ” номгузорӣ кардаанд. Бо роҳи ҳамкориҳои амниятӣ дар доираи Созмони ҳамкориҳои Шанхай Чин мехоҳад бо ин се мушкил мубориза барад. Ин се бадӣ терроризм, сепаратизм ва экстремизм мебошанд [17], ки хатари бузург барои Чин буда, дуи аввалаш барои кишварҳои Осиёи Миёна низ хатар доранд.
ИА. Иттиҳоди Аврупо дар баробари стратегияи гуногунсозии сарчашмаҳои энергетикии худ ва кам кардани вобастагӣ аз минтақаи ноамни халиҷи Порс ва Федератсияи Руссия Осиёи Марказиро ҳамчун алтернативаи онҳо интихоб кардааст. Тибқи лоиҳаи “Nabucco” хати интиқоли газ, ки аз Осиёи Миёна ва Озарбойҷон, тариқи Гурҷистон ба Туркия мераванд, ба ИА расонида бояд шаванд, ки дар ҳолати қатъ шудани интиқоли нафту газ аз халиҷи Порс бо сабабҳои амниятӣ ва Руссия бо сабаби сиёсӣ кишварҳои ИА тавонанд аз ин сарчашма истифода бурда, амнияти энергетикияшонро таъмин намоянд. Дар ҳоли ҳозир танҳо гази Озарбойҷон ба истеъмолгарони Туркия меравад. Лулаи гази Транс-Хазар (Trans-Caspian Gas Pipeline) сохта нашудааст, вале яке аз роҳҳои алтернативӣ дар сиёсати энергетикии ИА дар назар дошта мешавад. Аммо аз сабаби иштироки кишварҳои зиёд дар ин лоиҳаҳо иҷрои он мушкил гаштааст ва то ҳол пурра амалӣ нашудааст. Дар баробари ин, коркарди манобеи энергетикии назди баҳри Хазар ҳазинаҳои ҳангуфтро талаб мекунанд ва “дар тавсеаи иқтисодии манобеи энергетикии ин минтақа қимати нафту газ дар бозорҳои ҷаҳонӣ омили бисёр муҳиме маҳсуб мегардад, зеро ки поин будани қиммати нафт ба ҳамроҳи ҳазинаи интиқоли он, имкони тавсеаи босуръати манобеи энергетикии баҳри Хазарро душвор месозад”.[4]
(манбаи расм: https://qz.com/99054/russia-won-the-long-battle-of-pipeline-politics-but-now-what-does-it-do/)
Дар масъалаҳои тиҷорат ва интиқоли молу коло бошад ИА ба Осиёи Миёна камтар таваҷҷуҳ дорад. Чунки маҳсулоти баландсифати онҳо бо ҳар роҳ дар бозор пайдо мешавад ва Осиёи Миёна минтақаи транзитии муҳим барои онҳо маҳсуб намеёбад. Донишманди тоҷик Ҳафиз Бобоёров низ дар баррасии Стратегияи нави Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Миёна чунин хулоса мекунад, ки “ИА ҳамкориҳои худро дар минтақа ба бахши ташкилу тақвияти зерсохтори нақлиёт барои интиқоли молу коло, бахусус нафту газ ба Аврупо маҳдуд нигаҳ медорад” [5]. Ба ин хулоса танҳо ҳаминро илова кардан мумкин аст, ки ИА танҳо ба зерсохторҳои интиқоли нафту газе таваҷҷуҳ дорад, ки аз тариқи Руссия убур намекунанд. Ҳадафи асосии онҳо коҳиши вобастагӣ аз зерсохторҳои русҳо мебошад.
Дар бахшҳое, ки ИА солҳои пеш онҳоро дар мавриди роҳандозии муносибатҳои худ бо кишварҳои собиқ Шӯравӣ, аз ҷумла кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчун масъалаҳои афзалиятнок медонист, яъне ислоҳоти демократӣ ва иқтисодӣ, дигар пофишорӣ намекунад. Дар Стратегияи нави худ ИА таъкид мекунанд, ки аз кишварҳои алоҳидаи минтақа вобаста аст, ки дар ин самтҳо ҳамкорӣ кунанд ва ё не. “...Миқёси муносибатҳои ИА ба омодагии кишварҳои алоҳидаи Осиёи Марказӣ барои гузарондани ислоҳот, тақвияти демократия, ҳуқуқи башар, волоияти қонун ва истиқлоли додгустарӣ вобаста аст.” [5]
ИМА. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар минтақаи Осиёи Миёна аз солҳои аввали истиқлоли ин кишварҳо ҳузур пайдо карда буд. Дар аввал бо ҳадафҳои густариш додани демократия ва принсипҳои иқтисоди бозаргонӣ ин кишвар мехост шароити хуберо барои ворид шудани ширкатҳояш ба минтақа фароҳам оварад ва он ширкатҳо дар навбати худ тавонанд дар раванди истихроҷ ва интиқолу фурӯши захираҳои табиии минтақа саҳми бузург дошта бошанд ва ба ин восита ба буҷа ва аҳолии Амрико даромадҳои иловагӣ ворид созанд. Аммо кишварҳои минтақа омодаи чунин тағйироти амиқ набуданд ва дар баробари оғози ҷанг бо терроризм дар Афғонистон, ИМА ба хотири ҳамкориҳои амниятӣ бо ин кишварҳо таваҷҷуҳро ба демократиякунонии минтақа кам кард ва муносибатҳои амниятӣ нақши асосиро дар давоми тақрибан даҳ сол мебозиданд. Аммо масъалаи иштироки ширкатҳои амрикоӣ дар тарҳҳои интиқоли нафту газ аз минтақа ба Аврупо ҳамеша дар мадди назари ИМА буд. Дар баробари он баъзе лоиҳаҳои дигар, ки имрӯз амалӣ карданашон душвор ба назар мерасад мавриди назари амрикоиҳо буд, ки тибқи ин лоиҳаҳо ширкатҳои амрикоӣ дар интиқоли захираҳои энергетикии минтақа ба кишварҳои Осиёи Ҷанубӣ, махсусан Покистон ва Ҳиндустон, бояд саҳмгузор мебуданд. Аммо бо назардошти ноамнии Афғонистон ин лоиҳаҳо хавфҳои зиёд доранд ва дар амал татбиқ шуданашон дар гумон аст. Танҳо хатти интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон тибқи лоиҳаи “КАССА-1000” аст, ки дар амал татбиқ мешавад, вале аз нигоҳи тиҷоратӣ барои ширкатҳои амрикоӣ қобили таваҷҷуҳ нест.
Стратегияи нави ИМА бо номи “Стратегияи ИМА барои Осиё Марказӣ барои солҳои 2019-2025: Тавсиаи Худсолорӣ ва Шукуфоии Иқтисодӣ” дар авоили соли ҷорӣ эълом шуд. Дар стратегияи мазкур омадааст, ки аҳдофи аслии ИМА дар минтақа иборатанд аз эҷоди (1) Осиёи Марказии босубот ва шукуфое, ки тавонад манофеи сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятияшро бо дигарон худ дунбол кунад, (2) Осиёи Марказии ба бозори ҷаҳонӣ пайвандбуда ва барои сармоягузориҳо боз ва (3) Осиёи Марказии дорои ниҳодҳои демократии қавӣ, ки дар он ҳокимияти қонун ва ҳуқуқи башар таъмин аст. Ҳарчанд дар ин стратегия онҳо таъкид мекунанд, ки минтақаи Осиёи Марказӣ новобаста аз даргирии ИМА дар Афғонистон, аҳамияти геостратегӣ дорад [6], вале аз шаш принсипҳои меҳварии он бармеояд, ки бештари амалкардҳои дар он овардашуда ба густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Афғонистон равона карда шудаанд. Шаш принсипи меҳварии дар стратегияи мазкур овардашуда инҳо мебошанд:
- Ҳимоят ва тақвияти ҳокимият ва истиқлоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, дар алоҳидагӣ ва ба унвони як минтақа;
- Коҳиши хатароти террористӣ дар минтақа;
- Густариш ва ҳифзи пуштибонии кишварҳои минтақа аз субот дар Афғонистон;
- Ташвиқи иртибот миёни кишварҳои Осиёи Миёна ва Афғонистон;
- Ташвиқи ислоҳот дар қонунҳо, ҷиҳати мустаҳкам кардани волоияти қонун ва эҳтироми ҳуқуқи башар;
- Ҷалби сармояи амрикоӣ ба иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ. [6]
ИМА лоиҳаи “Ҷодаи абрешими нав”-ро низ маҳз барои густариши ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Миёна ва Осиёи Ҷанубӣ, аз ҷумла Афғонистон ироа карда буд.[14] Аммо боз ҳам, бо сабабҳои амниятӣ, ин лоиҳа иҷро нашуда мондааст ва бо лоиҳаи чинии “Ҷода абрешим” рақобат карда наметавонад. Ба ҳар ҳол ИМА барои пиёда кардани ҳадафҳои геополитикии худ лоиҳаҳои зиёдеро рӯйи даст дорад, ки дар муборизаҳои геополикии худ бо дигар абарқудратҳо дар ҳолатҳои зарурӣ аз онҳо истифода мекунад.
Хулоса. Аз таҳлили сарчашмаҳои дастрас доир ба мавзӯъ пайдост, ки минтақаи Осиёи Марказӣ тайи 200 соли охир мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои абарқудрат қарор гирифта, ҳамчун объекти бозиҳои геополитикии онҳо истифода шудааст. Кишварҳои минтақа, дар алоҳидагӣ ё ба унвони як минтақа, натавонистанд бо чор абарқудрати номбаршуда баробарвазн бошанд ва худро ба субъекти ин муборизаҳо табдил диҳанд. Бо вуҷуди ин, наметавон ояндаи минтақаро якранг дид. Ин аз тасмимгириҳои имрӯзи раҳбарони кишварҳои минтақа вобаста аст, ки дар оянда низ минтақаи мо ҳамчунон объект боқӣ мемонад ё бо ислоҳоти бунёдӣ ва ҳамкориҳои зич ниҳоде месозанд, ки ба унвони як минтақа дар сиёсати ҷаҳонӣ ворид шаванд. Танҳо дар ин сурат имкон доранд баробарвазни кишварҳои абарқудрат шаванд ва дар якҷоягӣ манофеи худро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳифз кунанд. Таҷрибаи чунин ниҳоди қудратмандро мо дар Иттиҳоди Аврупо мебинем. Баъди Ҷанги Дуюми Ҷаҳонӣ онҳо диданд, ки дар алоҳидагӣ наметавонанд қудрати сиёсӣ ва иқтисодии баробарвазн бо абарқудратҳои ҷаҳонӣ бошанд. Пеш аз ҳама оҷизии худро дар баробари онҳо эътироф карданд ва баъдан бо ташкили ниҳоди қудратманд (ИА) вориди сиёсати ҷаҳонӣ шуданд ва имрӯз шоҳиди муваффақиятҳои онҳо ҳастем.
Осиёи Марказӣ ҳама имкониятҳоро дорост, ки тавонад як ниҳоди қудратманд ташкил карда, ба унвони як минтақа ба сиёсати ҷаҳонӣ ворид шавад ва аз муборизаҳои геополитикии абарқурбатҳо манфиати бештаринро ба даст оварад. Захираҳои зиёди табиӣ, аҳолии ҷавони қобили меҳнат ва бозори бузургӣ истеъмолии минтақа заминаи хубе барои истифода дар гуфтушунидҳои сатҳи ҷаҳонӣ буда метавонад. Дар якҷоягӣ метавон тавоффуқномаҳои иқтисодиву тиҷории беҳтарро бо кишварҳо ва иттиҳодҳои дигар ба имзо расонид, ки дар алоҳидагӣ дастрасӣ ба онҳо ғайримумкин аст. Албатта, дар алоҳидагӣ ҳам то имрӯз кишварҳои минтақа тавонистаанд бо кишварҳо ва ташкилотҳои хориҷӣ муносибатҳои муайянеро ба роҳ монда, манфиатҳои худро пайгирӣ кунанд, вале иқтидори минтақа ба маротиб бештар аз он аст, ки ҳоло дорем.
Дар масоили иқтисодии худ кишварҳои Осиёи Марказӣ пеш аз ҳама бояд ба якдигар такя карда, ҳамкориҳои зичро ба роҳ монанд ва дар ҳамоҳангӣ бартариятҳои нисбӣ ва бартариятҳои куллии ҳар кишварро муайян карда, тибқи он истеҳсоли молу маҳсулотро ба роҳ монанд. Чунин корро дар Иттиҳоди Аврупо ва Амрикои Шимолӣ кайҳо ба роҳ мондаанд ва аз имкониятҳои он солҳо боз истифода мекунанд. Аммо дар минтақаи мо бошад ҳар кишвар мехоҳад ҳама чиро худаш истеҳсол кунад, ки дар натиҷа молҳои истеҳсолкарда, дар бозори ҷаҳонӣ, рақобатпазир нестанд ва дар тӯли қариб сӣ сол ҳеҷ кишваре натавонист дар алоҳидагӣ дар бозори ҷаҳонӣ ҷойгоҳи хос пайдо кунад. Дар ҳолати ба вуҷуд омадани бозори ягонаи Осиёи Марказӣ имкониятҳо нав пайдо хоҳад шуд, ки истифодаи дурусти онҳо мушкилоти зикршударо бартараф мекунад.
Дар масоили амниятӣ манофеи кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Руссия ва Чин мувофиқ омадаанд, ки ин ба манфиати ҳарду ҷониб мебошад. Аз як тараф, кишварҳои минтақа дар пешорӯи хатароти беруна танҳо нестанд, аз тарафи дигар, онҳо имрӯз вобастаи танҳо як кишвар набуда, алтернативае дар симои Чин доранд. Ҳарчанд ин воқеият амнияти минтақаро мустаҳкамтар мекунад, вале боз ҳам такяи бештар кардан ба қувваҳои худӣ дар дохили минтақа зарур аст. Чунки мабодо дар ҳолати ба вуқуъ пайвастани ягон ҳуҷуми террористӣ агар дар он кишвар артиши қавӣ бошад метавонад то расидани кумакҳои дигарон онҳоро дар марз нигаҳ доранд ва ҷанг берун аз ҳудудҳои аҳолинишин ба амал ояд. Дар акси ҳол бо омадани кумакҳо душман вориди як қисми минтақаи аҳолиниш шуда, ҷанг дар дохил сурат мегирад, ки ҳатто дар ҳолати шикасти душман ҳам хисороти зиёди моливу ҷонӣ дар пай мегузорад. Ҳеҷ як ҷомеае чунин оқибатро намехоҳад.
Масъалаҳои фарҳангӣ дар муборизаҳои геополитикӣ коромад ба назар намерасанд. Кишварҳое, ки танҳо дар заминаҳои фарҳанг вориди мубориза мешаванд, натиҷаҳои хуб ба даст оварда наметавонанд. Дунёи имрӯз дунёи иқтисоду амният аст, ки танҳо кишварҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ ва ҳарбӣ қавӣ имконият пайдо мекунанд, ки дар ин бозиҳо ҳамчун субъект нақшофаринӣ кунанд. Аммо барои расидан ба пешрафтҳои назарраси иқтисодиву ҳарбӣ илму фарҳанг нақши муҳим доранд. Бинобар ин, барои таъмини рушди устувор дар кишварҳои минтақа истифода аз омилҳои фарҳангӣ лозим аст. Миллатҳо дар заминаи расидан ба сатҳи баланди худшиносии милливу фарҳангӣ метавонанд босуръат рушд кунанд. Яъне омили фарҳанг дар сиёсати дохилӣ коршоям буда, дар муборизаҳои геополитикӣ нақши кам дорад.
Новобаста аз он, ки нақшофаринони асосии майдони манофеи геополитикии Осиёи Марказӣ дар рақобатҳои хеш зоҳиран аз омилҳои фарҳангиву тамаддунӣ истифода намекунанд, ё ҳадди ақал то имрӯз истифода накардаанд, ин омилҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ нақши муҳим доранд ва дар таҳлили оянда онҳоро баррасӣ хоҳем кард. Дар доираи мавзӯи “Бархурди тамаддунҳо” мо масъалаҳои бархоста аз зиддиятҳои тамаддуниву фарҳангӣ дар минтақаро баррасӣ хоҳем кард, ки дар ин арса теъдоди кишварҳои асосии нақшофар афзунтар мешаванд ва хатароти бархоста аз гурӯҳҳои мазҳабӣ рӯйи кор меоянд. Ҳатто эҳтимоли истифода шудани ин гурӯҳҳои хатарзо аз ҷониби абарқудратҳо дар оянда вуҷуд дорад, ки ин аҳамияти мавзӯъро боз ҳам зиёдтар мекунад.
Меҳр Собириён
Маҷаллаи академии илмию оммавӣ "Илм ва Ҷомеа"-№2 (20), 2020
Сарчашмаҳо
- John Agnew, “Geopolitics. Re-visioning world politics”, (Second edition), New York 2003
- Włodkowska-Bagan, “Russian Foreign Policy towards Central Asia”, Lublin 2012, p. 11–32.
- “China-Central Asia gas pipeline transports 47.9 billion cubic meters in 2019”, ( https://www.hellenicshippingnews.com/china-central-asia-gas-pipeline-transports-47-9-billion-cubic-meters-in-2019/ )
- “Геополитикаи меҳвари Осиёи Марказӣ-Қафқоз”, С. Ҳесейнӣ, ( http://ensani.ir/file/download/article/20120329103341-2076-5.pdf )
- “Назари интиқодӣ ба Стратегияҳои нави Иттиҳоди Аврупо ва ИМА барои кишварҳои Осиёи Марказӣ”, Ҳафиз Бобоёров, ( https://www.facebook.com/groups/2216374458685236/permalink/2777481789241164/ )
- “United States Strategy for Central Asia 2019-2025: Advancing Sovereignty and Economic Prosperity (“ https://www.state.gov/united-states-strategy-for-central-asia-2019-2025-advancing-sovereignty-and-economic-prosperity/?fbclid=IwAR3mnQhU_mPxDdlWPIxKPUQy7DOYg4A62OLF1d20nYPbqsAGWxO7fjVrXmg ”)
- “The Geopolitical Role of the Main Global Players in Central Asia”, Marat Tazhin, American Foreign Policy Interests, 30: 63–69, 2008
- “Sino-Russian Geopolitical Interests in Central Asia and South Caucasus”, David Pipinashvili, Bulletin Of The Georgian National Academy Of Sciences, vol. 5, no. 2, 2011
- “Central Asia: Governance, geopolitics and development challenges”, Verena Fritz, ODI Research Fellow, 2007
- “New Great Game in Central Asia: Conflicts, Interests and Strategies of Russia, China and United States”, Musharaf Iqbal & Manzoor Khan Afridi, International Islamic University Islamabad.
- “India’s role and interests in Central Asia”, Ivan Campbell, 2013
- “U.S. Policy Toward Central Asia 3.0”, Eugene Rumer, Richard Sokolsky, Paul Stronski, January 25, 2016
- “Таҳлили ҳувияти геополитикии Осиёи Марказӣ бо истифода аз назарияи ситемаи геопотикаи ҷаҳонӣ”, Алиакбар Дабирӣ, Донишгоҳи Фирдавсии Машҳад, Фаслномаи Осиёи Марказӣ ва Қафқоз, шумораи 76, 2011
- “Геополитические Bнтересы России D Центральной Азии”, Сыздыкова Жибек Сапарбековна, Теория и практика общественного развития, № 8, 2013
- “Revisiting the Pivot: The Influence of Heartland Theory in Great Power Politics”, Margaret Scott and Westenley Alcenat, Macalester College, 2008
- “Mackinder’s Geopolitical Perspective Revisited”, Leonard Hochberg and Geoffrey Sloan, Foreign Policy Research Institute, 2017
- “China’s economic penetration into Post-Soviet Central Asia and Eastern Europe”, Konstantinas Andrijauskas, Vilnius, Institute of International Relations and Political Science.