Озодбахт бо ҳарорати махсус дасташро такон медод ва мегуфт:
- Аз Халифа ҳарчӣ бигӯед бармеояд, ман аз аввал дар садоқати ӯ шак доштам. Ва ҳоло эҳтиёҷе ба мо надорад, зиддияти худашро ошкор хоҳад кард.
Гашвод гуфт: - Чизе ки бар зарари мо тамом шуд, нифоқест, ки миёни Ҷаъфар ва падару бародаронаш афтода. Ҷаъфар аз рӯи девонагӣ нақшаи моро хароб кард. Он ҳикояти ишқбозии ӯ бо Аббоса занакаи чиҳил сола! Баъд ҳам ҳамдаст шудани ӯ бо Абдумалики Солеҳ, ки бар зидди Халифа иқдом карда буд ва маблағи газофе, ки аз хазона бардошт, ба ӯ доду мучаш боз шуд (сираш фош шуд – О.Х.). Ҳамаи ин корҳои Ҷаъфар буд, ки Ҳорунро нисбат ба Бармакиён бадгумон кард. Дар сурате, ки иқдоми Яҳё ва Фазл санҷидаву аз рӯи фикр аст.
Барзон гуфт: - Ҳоло ҳам муддатест, ки Халифа нисбат ба Ҷаъфар сард шуда ва Заррот бен Муҳаммадро рафиқи кайфу маҷолиси базми худаш карда. Ва аз қароре, ки Мӯсо дар қоғази худаш ба ман навишта буд, Ҳорун Яҳё бен Абдуллоро, ки бо Ҷаъфар сохта буд (созиш карда буд - О.Х.), ҳабс мекунад ва Фазл бен Робеъ ин хабарро ба Ҳорун медиҳад ва ҳамин бештар боиси кудурати байни халифа ва Бармакиён шуда.
Озодбахт: - Ман имрӯз субҳ қосид аз Бомиён доштам, мегуфт, ки дар Балх марази вабо омада ва аҳолии он ҷо, ки тоза мусалмон шуда буданд, чун (чунин - О.Х.) нохуширо ғазаби Худо тассавур кардаанд, ду бора ба дини буддоӣ баргаштаанд. Албатта ин хабар, ки ба Халифа бирасад, гумон мекунанд ба таҳрики Бармакиён аст.
Барзон: - Ба изофа ҳеҷ медонед, ки Ҳорун бе ҷиҳат аз Анис бен Абӣ Шайх муншии Ҷаъфар баҳона гирифт ва сарашро бурид? Ин қазияро Фазл ба фоли бад гирифта ва муқаддимаи муборизаи халифа ба Бармакиён медонад.
Гашвод: -Ин тақсири худамон буд, ки тарзи мамлакатдориро ба арабҳо омӯхтем, қоида барои забонашон дуруст кардем,фалсафа барои оинашон тарошидем, барояшон шамшер задем, ҷавонҳои худамонро ба куштан додем, фикр, рӯҳ, санъат, соз, улум ва адабиёти худамонро ду дастӣ тақдим онҳо кардем , то шояд битавонем рӯҳи ваҳшӣ ва саркаши онҳоро рому мутамаддин бикунем. Вале афсӯс! Аслан, нажоди онҳо ва фикри онҳо аз замин то осмон бо мо фарқ дорад ва бояд ҳамин тавр бошад. Ин қиёфаҳои даранда, рангҳои сӯхта, дастҳои кӯра (чирк - О.Х.) баста барои сари гардангирӣ (роҳзанӣ - О.Х.) дуруст шуда. Афкоре, ки миёни шошу пушгили (саргин - О.Х.) шутур нашъунамо карда, беҳтар аз ин намешавад. Тамоми сохтмони бадани онҳо гувоҳӣ медиҳад, ки барои дуздӣ ва хиёнат дуруст шуда. Ин арабҳое, ки то дирӯз пои бараҳна думболи сусмор медавиданд ва зери сиёҳчодар зиндагӣ мекарданд, набояд ҳам беш аз ин аз онҳо мутавақеъ буд (тавақӯъ дошт - О.Х.). Ва агар зоҳиран Ҳорун рӯи хуш ба мо нишон медод ва изҳори лутф мекард, дар хафо (ботин - О.Х.) кинаи нажоди моро дар дилаш мепарваронид ва ташна ба хуни эрониён буд. Ва ҳоло, ки ба мақсуди худашон расиданд ва фикри араб мисли дунбуле (думмал, чипқон – О.Х.), ки сар боз бикунад, дунёи мутамаддинро мулаввас (ифлос - О.Х.) карда, возеҳ аст, эҳтиёҷе ба мо надорад.
Озодбахт: - Холид, Яҳё, Фазл ва Ҷаъфар ҳамаи ҷавоҳирҳои гаронбаҳо ва пулҳои саршоре, ки садҳо сол дар буткадаи Навбаҳор ҷамъ шуда буд, мисли рег нисори ин арабҳои мушхор карданд. Ва дар натиҷа буғзу кинаву ҳасодати як даста шутурчаронро барои худашон хариданд. Аслан, Ҳорун ба даму дастгоҳ , ба пул, ба фикр, ба ҷоҳу ҷалол ва, ҳатто ба тарзи одоби зиндагии мо ҳасад мебурд,ба коромадии онҳо ҳасад мебурд.
На ӯ, балки ҳамаи арабҳое, ки даври мо кор мекунанду тамаллуқамонро мегӯянд, ҳама душмани хунии мо ҳастанд ва мунтазири як ишора ҳастанд, то интиқоми нажоди худашонро бигиранд.
Рӯзбаҳон: - Иштибоҳ аст, Бармак ва писаронаш бо Халифа сохтанд ва ба оини онҳо гаравиданд, то битавонанд дар афкору аъмоли онҳо нуфуз пайдо кунанд ва дини онҳоро заиф бикунанд ва хурда- хурда (кам- кам - О.Х.) аз байн бибаранд аз нав парастишгоҳи Навбаҳорро бисозанду мардумро ба кеши Буддоӣ даъват кунанд ва ба халифа бишӯранд.
Барои ҳамин буд, ки онҳо кӯшиш карданд, итминони хотири арабҳоро ба даст биёранд ва ба мақсудашон ҳам расиданд. Ҳамаи хулафои араб монанди арӯсакҳои хаймаи шаббозӣ, дастнишондаи Бармакиён буданд ва дар ҳақиқат ҳанӯз ҳам онҳо ҳастанд, ки фармонравоӣ доранд. Аммо он чӣ ки марбут ба низоми мамлакат аст, агар арабҳо худашонро аз кӯмаки Бармакиён бе ниёз медонанд, иштибоҳ мекунанд. Чун ҳар дақиқа, ки онҳо аз кор канора бигиранд, низоми мамлакат аз ҳам гусехта хоҳад шуд. Ва агар кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ аз тарафи мо ба арабҳо шуд, он ҳам барои пешрафти мақсуди худамон буд. Араб чӣ мехоҳад? Як мушт тиллову нуқра ва як ҳарамсарои пур аз зан! Ин мунтаҳои орзу ва омоли онҳост. Аслан, пешрафти арабҳо ҳам барои ҳамин буд ва ин биҳишти мавъуд барояшон муҳайё шуд. Бояд натиҷаи заҳамоти онҳоро дунбол бикунем ва он қатли оми арабҳо ва истиқлоли Эрон аст.
Барзон: - Фазл дар қоғази ахири худаш навишта буд, ки мувозиби худатон бошед. То метавонед бо арабҳо камтар омезиш бикунед ва онҳоро ба худатон роҳ надиҳед. Ва, махсусан, қайд карда буд, ки ман ҳамаи умедам ба Хуросон аст, чун нуфузи мо дар он ҷо бештар асту дур аз мақарри Халифа уфтода. Тавре бояд кард, ки Хуросон то ҳудуди Балх ба Халифа бишӯранд ва ӯ мустаъсал (ноилоҷ - О.Х.) бишавад ва маҷбур бишавад, то яки аз моро барои саркӯбии аҳолии Хуросон бифиристад. Он вақт лашкари Халифаро бар зидди ӯ иғво мекунем ва ҳамаи арабҳоро аз миён мебарем ва Хуросонро мустақил мекунем. Ҳар гоҳ дар ин кор ғафлат бишавад, ҳастии мо ба бод хоҳад рафт, ҳамаи васоил муҳайё аст. Вале қайд карда буд, ки мунтазири коғази ман бошед, чун ҳанӯз вазъият маълум нест ва наметавонем тасмими қатъии худамро бинависам.
Озодбахт ба Гашвод гуфт: - Оё шумо итминони комил ба лашкари худатон доред ва мавқеаш авомирро анҷом хоҳанд дод?
Гашвод: - Аз ин ҳайс мутмаин бошед. Ба як ишораи ман тамоми сарони сипоҳ бар зидди Халифа мешӯранд ва қатли оми арабҳо дар Хуросон амалӣ мешавад. Вале фақат мунтазири Фирӯзи чопори (пайкрасон – О.Х.) Фазл ҳастам.
Озодбахт : - Дар ин сурат пеш аз ин ки Эсо писари Моҳон баргардад бояд ин корро анҷом дод.
Рӯзбаҳон: - Ғайри мумкин аст, ахбори мо ҳамеша ду рӯз пеш аз қосиди Халифа ба Тӯс мерасад. Чун беҳтарин чопор, чопори Бармакиён аст.
Вале дар ин байн Рӯзбаҳон аз ҷаъбаи (қуттии) тиллоии кӯчаке ҳаббе берун овард, дар даҳанаш гузошту рӯяш як ҷом шароб нӯшид ва аз ҷояш буланд шуд. Озодбахт, Барзон ва Гашвод агарчӣ ба ҳузури ӯ мӯҳтоҷ буданд, вале одат ба ин ғайбати мармузу ногоҳони Рӯзбаҳон доштанд ва ҷуръат накарданд, ки ӯро аз рафтан боз доранд. Зеро ки мавзӯи сӯҳбаташон беандоза муҳим ва вуҷуди Рӯзбаҳон, ки ба истиқомати (қотеияти - О. Х.) ройи ӯ имон доштанд, дар он ҷо лозим буд. Рӯзбаҳон хеле оҳиста аз дар хориҷ шуд, дами дар ду ғуломбача, ки фонус дар даст доштанд, ҷулӯи ӯ роҳ уфтоданд.
Шаҳри Тӯс бо масҷидҳо, боғҳо ва кӯшкҳояш дар торикӣ ва хомӯшӣ фурӯ рафта буд.Танҳо оҳанги дурдасти занги шутуру садои овози хонандае хомӯширо фосила ба фосила мешикаст ва насими мулоиме , ки мевазид бӯи гули ақоқиё (акатсия - О.Х.) -ро дар ҳаво пароканда карда буд.
Рӯзбаҳон мисли ин ки дар ҳоли табиӣ набуд, аз ду- се кӯчаи тангу торик гузашта, чашмҳояш ба рӯшноии ларзони фонус хира шуда буд, бидуни ин ки ба атрофаш нигоҳ бикунад. Ҳамин, ки дами дари хонааш расид, нӯкаронаш таъзим карданд ва дари боғ боз шуд. Садои обшору ҳавои намнок аз берун омад. Зарринкамар, ғуломи махсуси Рӯзбаҳон ҷулӯ рафт ва бе он ки чизе бигуяд,қоғази бастае ба дасти ӯ дод. Рӯзбаҳон қоғазро гирифт ва монанди ин ки фикраш ҷои дигар буд, ҳаминтур рафт ва Заррикамар ба дунболаш уфтод (равон шуд – О.Х.). Аз долонҳои печ дар печ гузашт, ҷулӯи дари оҳанине расид. Зарринкамар онро боз кард.
Дари сангини (вазнини - О.Х.) оҳанин, ки рӯи он нақшу нигорҳо ва кандакории ҳиндӣ буд, боз шуд. Рӯзбаҳон дохили толор шуд ва Зарринкамар низ пушти сари ӯ ворид шуда, дарро аз пушт баст.
Ӯтоқи бузурге монанди ҳавзхона падидор шуд, ки бо чанд қандили аз оҷ, ки шишаҳои рангин дошт, рӯшан буд. Қандилҳои бузургу кӯчак бо рӯшноии хафаву мармуз ва рангҳои гуногун ҳолате бошукӯҳе ба ин ҷо дода буд.
Болои ӯтоқ муҷассамаи бузурге аз мифрағ(биринҷӣ - О.Х.) ба баландии ду газ гузошта шуда буд, ки Буддоро ба ҳолати нишаста нишон медод ва чашмҳои ӯ, ки аз ёқут буд, бо ранги оташин медурахшид. Сурати ӯ тудор (ҷиддӣ - О.Х.), мураттаб ва шабеҳи ҳаҷҷориҳои (муҷассамаҳои - О.Х.) ҳиндӣ, ки чаҳорзону нишаста буд, бо шиками бузурги ҷулӯомада ва дастҳояшро рӯи зонуяш гузошта буд. Абрӯҳояш борик, бинии кӯчак ва ҳолати чашмҳояш мисли ин буд, ки дар фазои туҳӣ (холӣ - О.Х.) нигоҳ мекард. Ва лабханди тамасхуромез, лабханди фалсафӣ рӯи лабҳояш хушк шуда буд. Мисли ин буд, ки лаҳзаҳои хуши зиндагиҳои пешини худро ба ёд меовард ва ду шёри гӯвд (хати амиқ - О.Х.) канори лабҳояш уфтода буд. Аз тамоми сурати ӯ ҳолати оромиш, итминон, тамасхур ва таҳқир ҳувайдо буд. Ҷулӯи онро пардае аз тӯри нозуки абрешумӣ кашида буданд ва ду бухурдон ду тарафи муҷассама гузошта шуда буд, ки аз миёни он ҳалқаҳои оташ берун меомад ва дуди муаттаре дар ҳаво пароканда мекард.
Даври баданаи девор тасвири Буддо, фариштаҳову ходимон ва пардаҳои наққошии марбут ба “Зиндагии Буддо”: мулоқоти Буддо бо Туппо – номзадаш, мулоқоти ӯ бо гадо, бо муртоз (зоҳид, парҳезкор- О.Х.) мурдаву ғайра кашида шуда буд. Ва поёни девор сурхи ҷигарӣ ва ба ранги ва бо лессаи (милки- О.Х.) дандон буд. Аз миёни ин муҳаввата чашмаи кӯчаке меҷӯшаду дар ҷӯи паҳне ба шакли обнамо (ҳавз- О.Х.), ки аз санги рангин тарошида шуда буд, об мавҷ мезаду мегузашт. Канори ҷӯй, ҷулӯи чашма як душаки (бистари- О.Х.) бузург аз пари қу уфтода буд, ки рӯяш болишҳои кӯчаки ранг ба ранги қуллобдӯзиву аз порчаҳои абрешумӣ уфтода буд.
Рӯзбаҳон ҳамин ки ворид шуд, рафт рӯи душак чорзону нишаст ва ба сурати Буддо хира нигоҳ мекард. Мисли ин ки мехост афкори худашро ҷамъ бикунад. Гулӯи ӯ хушк ва маззаи самғи коҷ (қатрони сафед - О.Х.) дар даҳанаш гирифта буд. Афкораш мағшуш ва эҳсоси хушҳолии ногаҳонӣ дар ӯ пайдо шуд, ба тавре ки аз шиёри тавиле (дарозе - О.Х.), ки канори лабҳои ӯ андохт, дида мешуд. Дар ин байн духтари бачасоли (навраси - О.Х.) хушгиле бо либоси буланди (дарозу - О.Х.) сафед, чашмҳои дурушт (калон - О.Х.), мӯҳои мишкӣ, ки ба сараш часпонида буд, бо бозуи лӯхт, буланд боло, гӯшвораи ҳалқаии бузург ба гӯшаш бо кашфҳои нарм ва поҳои кӯчакаш монанди соя ё парӣ, кӯзаи шароберо, ки дар даст дошт, овард канор душак гузошту нишаст. Баъд ҷоме шароб рехту ба дасти Рӯзбаҳон дод. Зарринкамар рафт пардаи шаффофро аз ҷулӯи муҷассамаи Буддо пас дод, баъд сози зарифе, ки шабеҳи сетор буд бо худаш оварду поини душак нишаст.
Гулчеҳру Зарринкамар ҳар ду аҳли Суғд ва монанди ду мавҷуде буданд, ки мумкин аст аз миёни абру дуд дар омада (баромада - О.Х.) бошанд. Ҷулӯи рӯшноии хафаи қандил бо вазъи мармузи ин сардоба, бештар афсунмонанд ба назар меомаданд. Сурати онҳо хушгил, зарифу муаддаб буд. Зоҳиран ором, бидуни фикру эҳсосот ва бесару садо буданд. Монанди ду фаришта, мисли он фариштаҳое, ки рӯи девор кашида буданд.
Зарринкамар шурӯъ кард ба соз задан. Лабханди гузарандае рӯи лабҳои нима бозаш мавҷ мезад, мисли ин ки ёдгориҳои дуру хуше ҷӯлӯаш нақш баста буд.
Ин як оҳанги суғдӣ буд, ки нахуст оҳистаи мулоиму бурида - бурида буд ва кам - кам буланд, тунду муҳайяҷ (ҳаяҷонангез - О.Х.) мешуд ва як мартаба фурӯкаш мекард. Навое буд, ки танҳо нутҳои (нотаҳои - О.Х.) аслии онро дастчин карда буданд ва барои гӯшҳои маъмулӣ маънии хориҷӣ надошт. Вале ҳар захмае, ки ба торҳои соз мезад барои Рӯзбаҳон пур аз эҳсосоту нуқоти мӯшикоф буд. Мисли ин ки пардаву мақоми муфассалеро дар ин нағма то андозае, ки мумкин буд, мухтасар карда буданд ва фақат ба нуқоти аслии он як ишора мешуд ва шунаванда боқии онро дар фикри худаш такмил менамуд. Дар сурате ки Гулчеҳр пушти ҳам ҷоми шаробро аз кӯза пур мекард ва ба дасти Рӯзбаҳон медод, ки ба як ҷуръа менӯшид. Оҳанги соз беш аз пеш мулоиму мармуз шуда буд. Мисли ин ки ин оҳанг барои гӯшҳои ғайримоддӣ, барои гӯшҳои осмонӣ дуруст шуда буд.
Нигоҳи Рӯзбаҳон ба сурати Буддо хира шуда буд ва гоҳе бармегашту ба амвоҷи об менигарист. Нақшҳои рӯи девор ба назараш ҳама ҷон гирифта буданд, чун ин оҳанг ба онҳо рӯҳи махсусе дамида буд. Ларзиши торҳои соз дар ҳаво мепечид, мисли ин буд, ки тамоми зарроти ҳаво аз он мутаассир мешуд ва, ҳатто оби чашма ва муҷассамаи Буддо ва нақшҳое, ки ба девор кашида буд, бо оҳанги соз лабханд мезаданд.
Оҳанги дуру осмонии соз ҳамаи зарроти вуҷуди Рӯзбаҳонро бо амвоҷи об оғуштаву мамзуҷ (омехта- О.Х.) мекарду яке мегардонид. Мисли ин буд, ки дар ин дақиқаҳо зиндагии ӯ бо ин амвоҷ ҷӯру ухт (якҷо - О.Х.) шуда буд.
Як зиндагии тозаву асроромез дар худаш ҳис менамуду асрори хилқатро месанҷид. Ва ба амвоҷи об нигоҳ мекард, ки ба оҳанги соз печу хам мехурду рӯи сатҳи об нопадид мегардид. Дар ин соат ба қадре ба афкори худаш оғушта буд, мисли ин ки дар барзах мобайни адаму (нестиву- О.Х.) вуҷуд воқеъ шуда ва ҳамон дамро зиндагӣ мекард. Бе он ки ба гузашта, оянда ва замону макони худаш огоҳ бошад. Як навъ холати халса ва аз худ бехуд шудан буд, ки ба ҳеҷ ҷиз ҳатто зиндагӣ ва марги худаш ҳам вақъе (эътиборе -О.Х.) намегузошт.
Гулчеҳр ҳамин тавр, ки ба ӯ шароб медод, мувозиби ҳаракатош буд, то бибинад кай ба одати ҳар шаб ӯро кофист ва онҳоро мураххас мекунад. Вале бо тааҷҷуб медид, ки Рӯзбаҳон беш аз ҳар шаб менӯшид ва ӯ бо дилрабоии махсусе ҷомҳои майро пай дар пай ба дасти Рӯзбаҳон медод ва худашро ба ӯ мечаспонид. Ногоҳон дар ин байн банди рӯи шонаи Гулчеҳр пора шуд, либосаш поин уфтод, сина ва як пистонаш берун омад. Агарчӣ ба назар меомад, ки Рӯзбаҳон мутаваҷҷеҳи ӯ нест, вале ивази ин ки, ин дафъа ҷоми шаробро аз ӯ бигирад, даст андохт камари Гулҷеҳра гирифт ва ба сӯи худаш кашониду лабҳояшро наздики лабҳои ӯ бурд. Вале ду бора, мисли ин ки кӯшиши фавқулоддае карда бошад, Гулчеҳрро ақиб зад,ҷоми шаробро гирифт ва бо ҳараркати даст Гулчеҳру Зарринкамарро мураххас кард. Ҳамин ки аз дар берун рафтанд, Рӯзбаҳон гарде аз ҷайбаш дар овард, дар шароб рехту нӯшид ва боз ба сурати Буддо хира шуд.
Рӯзбаҳон Бармакӣ ва хонаводааш ҳама буддоӣ буданд, ҷаддаш (бобоаш - О.Х.) Бармак писари Ҷолеосп аз хонаводаҳои бузурги эронӣ ва пушт дар пушт аз замони Ашкониён ба нигаҳбонии парастишгоҳи буддоии “Навбаҳор” дар Балх иштиғол доштанд. Рӯзбаҳон наваи (набераи - О.Х.) бародари Холид Бармакӣ ва модараш духтари Муғподшоҳи Чағониён буд. Буткадаи “Навбаҳор” ба исми “нав ваҳа ваҳора”, ки ба забони санскрит “Парастишгоҳи нав” маънӣ дошта ва ба форсӣ “Навбаҳор” меномиданд, яке аз бузургтарин маобиди буддоӣ ба шумор меомада, ки аз Чину Ҳиндустон ва, ҳатто бештари шоҳони Хуросон дар аҳди сосонӣ ба зиёрати он ҷо мерафтанд. Ва ҷӯлӯи бути бузурги Буддо курниш (таъзим - О.Х.) мекарданду дасти мутаваллии он ҷоро мебӯсиданд. Дар санаи 42 ҳиҷрӣ (655 мелодӣ - О.Х.) Абдуллоҳ бинни Умар бинни Қурайш ба Қайс бинни Ҳайтони Асламӣ ҳукм кард ва ӯро фиристод то шаҳри Балхро фатҳ ва маъбади “Навбаҳор”- ро хароб кард. Сарвати он ҷоро чопиданд (тороҷ карданд - О.Х.) ва се дари оҳанину як дари нуқраи он ҷоро бурданд. Бармакиён сурати зоҳир ба ислом гаравиданд, вале дар ботин алоқа ба кеши қадими худ доштанд. Дар замони иқтидори худашон ду бора маъбади будоиро марамат (таъмир – О.Ҳ.) карданд, ки бояд мисли “ Оташкада” маъруф шуд, агарчи Бармакиён зоҳиран бо арабҳо сохтанд. Вале дар хифо бар зидди хулафои араб канкош (машварат- О.Х.) мекарданд ва мунтазири мавқеи мусоид буданд, то Эронро ду бора аз чанги арабҳо берун биёранд. Ва кам кам ба қадре нуфуз пайдо карданд, ки ҳама корҳои умдаи лашкарӣ ва кишварӣ ба дасти онҳо идора мешуд. Ҳарчанд Ҳорун чандин бор корҳои муҳим ба Рӯзбаҳон таклиф кард, вале ӯ шона холӣ кард. Тамоми рӯзро машғули кору иқдом буд, вале ҳар шаб сари соати муайян, наздики нисфи шаб, ҳама корҳои рӯзона ва мулоқотҳои тӯлониву хастакунандае, ки аз ӯ мекарданд, тарк менамуд ва ба кӯшки зерзаминии худаш мерафт. Вале субҳ , ки аз он ҷо берун меомад, зиндагии пурошӯбу пурмашғала ва корҳои пурзаҳматеро дар ӯҳда дошт. Чӣ ӯ (зеро ӯ - О.Х.) тарафи итминони Яҳёву Фазлу Мусо ва Муҳаммад Бармакӣ буд ва иҷрои нақшаи онҳоро, ки истиқлоли Хуросон то Балху Бомиён ва,ҳатто то назидикии Ироқ буд, ба ӯҳда гирифта буд, то амалӣ бикунад. Рӯзбаҳон кордону донишманд буд ва пайваста бо уламо, фуқаҳо ва шуарову донишмандони бараҳмоӣ, буддоӣ, зардуштӣ, монавӣ, маздакӣ, исавӣ ва атеббойе (табибоне – О.Х.), ки аз Гондишопур меомаданд, маҷолиси мубоҳиса дошт. Вале шабҳо баъд аз он ки ҳабби махсусеро, ки нигаҳбони маъбади “Навваҳа санғо –рома” барояш аз Балх мефиристод, мехӯрд ҳолаш иваз мешуд ва эҳтиёҷ ба кӯшки зерзаминии худаш дошт. Ба тавре ки зиндагии ӯ ду ҳолати мутазоду мутағайир пайдо карда буд. Рӯзҳо пур аз кору ҷиддият ва шабҳо осоишу истироҳат ва он ҳам ба тарзи махсусе дар кӯшки Хомӯши худаш паноҳ мебурд. Ва ин исмро рӯи он гузошта буд, чунки дар он ҷо ҳарф задан мамнӯъ буд.
Вақте ки шабҳо сари соати муайян як шахси сонавӣ монанди соя ё як рӯҳи дигар ба ӯ ҳулул мекард, дар афкори фалсафии худаш ғӯтавар мешуд. Аммо Рӯзбаҳон бештар аз лиҳози завқӣ ва ҳунармандӣ мутамоил ба дини буддоӣ буд ва, ҳатто аз худаш дар усули дини Буддо дахлу тасарруф карда буд ва рангу рӯи эронӣ ба он дода буд. Яъне аз риёзату хушкиву гузашти мазҳаби Буддо коста буд. Масалан, дар он шаробро ҷоиз медонист ва дар мавзӯи гузашту парҳез ақидаи махсусеро иттиҳоз карда буд. Зеро парҳезу риёзатро дар маҳрум мондан аз лаззат намедонист, вале бар акс мехост бо доштани ҳама васоил аз кайфу тафреҳ худдорӣ ва парҳез бикунад. Аз ин ҷиҳат дар кӯшки Хомӯшии худаш ҳар гуна васоили хуширо омада карда буд. Суратҳои зебо, бодаҳои гуворо, созҳои хуб, таркибҳои комили зарофат, таносубу ҷавонӣ, ки дар нолаи соз, нашъаи шаробу бӯи атр, дунёи ҳақиқиву афкори рӯзонаи худро фаромӯш мекард ва дар як ришта хобҳову рӯъёҳои фалсафӣ фурӯ мерафт. Инро риёзату парҳези ҳақиқӣ мепиндошт ва ба ин васила мехост майлу хоҳишро дар худаш бикушаду маъдум (нест- О.Х.)бикунад ва аз ҳама эҳтиёҷоту лаззати дунё чашм бипӯшад, то ба дараҷаи саодати Буддо бирасад. Ин калиди хушбахтӣ, ки мардуми маъмулӣ аз он бе хабар буданд! Вале чизе, ки бештар аз ҳама дар мазҳаби Буддо барояш кашишу гирандагӣ дошт, муҷассамаи худи Буддо ва ба хусус лабханди сахт, лабханди тамасхуромези тудор ва ногуфтании ӯ буд, монанди амвоҷи торҳои соз, монанди мавҷи об, ин оби дурахшоне, ки партаве шишаҳои рангини қандилҳо дар он мунъакис шуда буд ва дар обнамои миёни кӯшк рӯиҳам мелағзиду рад мешуд. Фалсафаи Рӯзбаҳон тақрибан аз ҳамин амвоҷи обу лабханди Буддо ба ӯ илҳом шуда буд ва фалсафааш фалсафаи мавҷ буд. Чун ӯ дар ҳама ҳастиҳо, дар ҳама шаклҳо ва дар ҳама афкору чизҳо як мавҷи гузарандаи дамдамие беш намедид. Ва сар то сари офариниш ба назари ӯ як сатҳи оби ором буд, монанди сатҳи обнамои худаш, ки боди бе мавқеи рӯи он вазида буду чину шиканҷҳои муваққате рӯи он андохта буд. Ва аз замоне, ки ин бод ором мегирифт, ду бора ҳама ҳастиҳо ба асли худашон дар нирване, дар нестии ҷовидон ғутавар мешуданд. Зиндагӣ, марг, хушӣ ва нохушӣ ҳамаи инҳо як мавҷи дамдамӣ, як мафҳуми гузарандаву пули гузаргоҳе буд, ки дар нестии нирване мамзуҷ мешуд. Як вазиши бод буд, аз рӯи ҳавову ҳавас рӯи сатҳи об гузашта буд. Зиндагӣ ба назараш масхараи ғамангез буд ва ӯ доруи ғамро на танҳо дар куштани майлу хоҳиш медонист, балки ин андӯҳро дар ҷомҳои бода фурӯ мешинонд. Вале дар айни ҳол мехост майлу алоқа ба зиндагиро дар худаш бикушад. Чун бар тибқи қавонини Буддо ҳамин майлу рағбат буд, ки ҳулулу нашъати рӯҳро рӯи замин идома медод ва ҳар касе метавонист, ин майлро бикушад, дар нестиву адам мерафт ва ин худаш саодати абадӣ буд.
Ба назари Рӯзбаҳон лабханди Буддо ҳам фалсафаи мавҷи ӯро тайид мекард. Чун лабханди ӯ монанди як мавҷи гузаранда буд, ки рӯи сураташ нақш баста буд. Муддатҳо буд, ки Рӯзбаҳон кӯшиш мекард, то ҳолати Буддоро ба худаш бигирад ва ҳар шаб ҳамин кораш буд, ки тақлиди лабханди ӯро мекард. Лабханди тудор, башшош (шод - О.Х.) ва ғамноку бузургманиш. Ӯ мехост тақлиди ин лабхандро бикунад ва ҳолати саодати Буддоро дар худаш ҳис бимонад. Вале чун имшаб майли шаҳват нисбат ба Гулчеҳр дар худаш ҳис кард, ин буд, ки гарде дар ҷоми шароб рехту нӯшид ва ба сурати Буддо хира шуд. Оё ин доруи марг ва ё доруи хоб буд?
Пеш аз ин ки нақшаи Рӯзбаҳон иҷро шавад, дар ҳамон шаб, ки 13 сафари 187 (29.01.803 мелодӣ - О.Х.) буд, чопори халифа расид ва ҳукми қатли оми ҳама Бармакиёнро доданд. Дар ин шаб ҳазору дивист (дусад - О.Х.) нафар зану бачаву касон ва бастагону ғуломон ва тарафдорони Бармакиёнро қатли ом карданд. Фардояш, ҳангоме ки чанд нафар араб дари оҳанини кӯшки Хомӯширо шикастанду ворид шуданд, қандилҳо хомӯш шуда буд, танҳо оташ аз даҳонаи бухурдон забона мекашид ва ба тарзи тарсноке муҷассамаи Буддоро бо лабханди тамасхуромезаш рӯшан карда буд. Рӯзбаҳон рӯи душак чаҳорзону яла дода (такя зада - О.Х.) буд ва сари ҷояш хушк шуда буд. Паҳлӯи ӯ созе шабеҳи сетор ва як кӯзаи шароб буд ва дар дасти чапи ӯ коғази мачола (ғиҷим - О.Х.) шуда буд. Яке аз арабҳо ҷулӯ рафт қоғазро аз дасташ берун овард. Мӯҳри Фазл писари Яҳёи Бармакӣ рӯи он буд ва дар он ҳукми қатли оми арабҳо ва истиқлоли Хуросон навишта буд. Сурати Рӯзбаҳон хам ва дар об мунъакис шуда буд, чашмҳояш бо рӯшноии кабуд ва беҳаракат медурахшид ва лабханди тамасхуромез, лабханди фалсафии Буддо рӯи лабҳояш нақш баста буд. Ин лабханд, ки дар амвоҷи обнамо мунъакис шуда буд, тарснок ба назар меомад, мисли ин ки мехост бигӯяд:
“Ин ҳам як мавҷ беш нест, ин ҳам як мавҷи масхараомезу гузаранда аст. Мисли мавҷи об, мисли лабханди Буддо “. Ва ин пешомадҳо ҳам ба назараш дамдамӣ ва гузаранда буд ва марг ҳам охирин дараҷаи масхараву охирин мавҷи он ба шумор меомад!
Таҳияи Олимҷон Хоҷамуродов