JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Дар охири асри XX ва ибтидои асри XXI дар таърихи сиёсии тоҷикон саҳифаи нав кушода шуд. Тоҷикистон давлати соҳибистиқлол гардид. Дар ҳаёти сиёсию фарҳангӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ тағйиротҳои куллӣ ба амал омад, ки имкониятҳои навро ба миён овард. Вобаста ба ин дар таърихнигории ватанӣ зарурати аз нав таҳлил намудани асарҳои илмие, ки ба масъалаҳои баҳсталаби он замон бахшида шуда буданд, пайдо гардид.
Тадқиқотчии рус И. Кастане чунин меорад: Ҳануз пеш аз пайдоиши Хуҷанд Уротеппа бо номи “Зара”(аз калимаи зар-тилло) машҳур буд. Аз байни шаҳр рӯде ҷорӣ мешуд, ки қаъри он қуми тилло омехта дошт. Бинобар ин шаҳрро “Зара” ва баъдтар бо номи Истаравшан ном мебурданд, ки маънияш “ситора рахшон” мебошад.
Дар саргаҳи рӯдаки Басмандасой деҳаи ниҳоят бузурги минтақа Басманда мавҷуд аст. Мувофиқи баъзе аз маълумотҳо то инқилоби 1917 ин деҳаро “қалъаи Миразиз”- низ ном мебурданд. Аз ин деҳа роҳи ба Оббурдон ва Камадони масчоҳи кӯҳӣ мегузарад. Дар сарчашмаҳои хаттӣ омадааст, ки дар наздикии рустоӣ минк шаҳри Марсманда қарор дорад. Н.Неъматов нигоштааст, ки Марсманда – ин шаҳрест дар кӯҳистон, ки дар соҳили руди паноён қарор дорад, ки дар зимистон ях мебандад.
Саҳифа аз 1 то 3