JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 Душанбе ҳафтаи гузашта, дақиқтараш, рӯзҳои 14-21 апрел шаҳри Душанбе мизбони чорабинии муҳимми маърифатӣ ва фарҳангӣ-фароғатӣ -- Фестивал-озмуни театрҳои касбии ҷумҳурӣ Парасту – 2025 буд. Тайи як ҳафта ҳаводорону ихлосмандону муштариёни ҳунари театрӣ, ки мутаассифона, дар ин шабу рӯз ангуштшуморанд, дар театрҳои касбии пойтахт намоишномаҳои озмуниро тамошо карда, ғизои лозимаи маънавӣ бардошта, тиҳигоҳи фикрию маданиашонро комил намуда, сатҳи завқи бадеӣ-эстетикии худро боло бурданд.

     Дар умри ҷавони хеш устодону донишмандони ватанию хориҷиеро вохурдаву мулоқот кардаам, ки  барои шогирдон улгӯ ва намуна буда, дар ташаккулу рушди шахсияти ахлоқӣ, илмӣ, ихтисосӣ ва иҷтимоии шогирдон нақши калидӣ доштаанд. Дар феҳрасти ин гуна устодони саршинос, ки ҳамеша дар фикри боло рафтани сатҳи донишу маърифат ва касбияту одамияти шогирдонаш будаву ҳаст, устод ва профессори Донишгоҳи Акитаи Ҷопон ҷаноби Инагаки Фумиаки қарор дорад. Дар мавриди ин гуна устодони сахтгир ва дар айни замон, меҳрубону ғамхор нанавиштану саҳифаеро сиёҳ накардан, фикр мекунам, гуноҳ аст, чаро ки маҳз тавассути роҳнамоиву заҳмату талошҳои ҳамин гуна устодон насли ҷавон роҳи худро дармеёбад ва масири дурусти омӯзишу таҳқиқу пажуҳишу фаҳмишу донишро мепаймояд. Ин аст, ки дар арафаи ҷашни мелоди устод Инагаки Фумиаки, ки як соли ахир барои мо – шогирдони тоҷиктабори Донишгоҳи Акитаи Ҷопон на танҳо ҳукми устодӣ доранду пушту паноҳ шудаанд, балки дар рушду ташаккули шахсиятамон аз ҳар ҷиҳат кумак мерасонанд, навиштани матлаби кутоҳи ҷашнӣ амри зарурист. Зимнан, 16 апрели соли ҷорӣ устод Инагаки Фумиаки зодрӯз доранд ва ба синни 55 мерасанд. Қаблан устодро ба ҷашни мелод шодбош мегӯем ва таманно мекунем, ки бахту саодати зиндагӣ ҳамеша ҳамсафарӣ умрашон бошаду доимо тандурусту солим бошанду бо неруи қавии илмию ихтисосӣ тайи солиёни тулонӣ дар рушду нумуи илми башарӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси сатҳи ҷаҳонӣ саҳмгузорӣ намоянд.

  Рӯзи илми тоҷик ҳамасола 14-уми апрел ҳамчун рамзи арҷгузорӣ ба аҳли илму дониш, рушди тафаккури илмӣ ва саҳми олимон дар пешрафти кишвар таҷлил мегардад. Ин рӯз на танҳо санаи идона барои муҳаққиқон ва донишмандон, балки барои тамоми ҷомеа – ҳамчун ёдоварӣ аз аҳамияти илм дар замони муосир мебошад. Дар даврони истиқлоли давлатӣ, соҳаи илм дар кишвар рушд ёфта, мақоми муҳим касб намудааст. Боиси хушбахтии мо ҷавонон аст, ки Пешвои муаззами миллат доимо ба рушди илм ва қадршиносии олимон таваҷҷуҳи пайваста ва хоса зоҳир менамояд.

Панҷшанбе, 10 Апрели 2025 06:49

Наврӯз ва тамаддуни башарӣ

Муаллиф:

(матни гузориши илмӣ дар маҳфили илмӣ-фарҳангӣ таҳти унвони “Наврӯз ва ҳамбастагии тоҷикони ду сӯйи Ому”, 5 апрели соли 2025, ш. Душанбе, маҷлисгоҳи Раёсати АМИТ)

Бо саломе аз бӯйи хуши баҳор.

Ба фармоиши гардонандагони ин маҷлиси Наврӯзӣ ман бояд перомуни “Робитаи Наврӯз бо тамаддуни башарӣ” суҳбат кунам. Ҳангоме ки Наврӯзро ба масобаи “мероси тамаддун башарӣ” дар назар дорем, ногузир онро дар миқёси густардатар ва фаротар аз як падидаи хосе марбут ба як минтақа ва ё фарҳанги хос бояд дар назар дошта бошем, яъне фаротар аз мероси бостонии мардумони ду сӯйи Ому.

Саҳифа аз 6 то 289

Китобҳо