Ростӣ, тайи як ҳафтаи баргузории Фестивал-озмун аз ҳузури фаъоли ҷавонон ва муштариёну ҳаводорони санъати театрӣ хеле хушнуд шудем ва аз баҳсу мунозираҳои сарироҳие, ки бо чанд тан аз фарҳангиёну тамошобинон доштем, ба ояндаи ин ҳунари ба истилоҳ, аз қатора дурмондаи миллию ҷаҳонӣ боварманд ҳам гардидем. Дар ҳоле ки таваҷҷуҳи ҷомеа ба театр ва намоишномаҳои театрӣ камранг шудааст, дидану мушоҳидаи ҳолати ҷалби ихтиёрии сокинони пойтахт ва меҳмонони шаҳр ба тамошои намоишномаҳои театрӣ як навъ хушбинии муваққатиро бароямон эҳдо намуд. Дар 7-8 намоишномае, ки ҳузур доштем, пур шудани толорҳои театрро ба чашми сар дида, хушҳолию хушнудиамон меафзуд. Мутаассифона, пас аз анҷоми Фестивал-озмун боз сукуту оромиши ҳамешагӣ фаро мерасад ва маъракаи театрравию тамошобинии намоишномаҳои театрӣ мутаваққиф мешавад. Ин аст, ки дар фикри ҷалби ҷомеа, махсусан, ҷомеаи пойтахт ба театр ва намоишномаҳои театрӣ бояд шуд ва холигаҳи маънавиро аз тариқи сафарбарии табақаҳои гуногуни иҷтимоию мадании шаҳрию музофотӣ ба театр комил бояд сохт. Дар акси ҳол, ба ҷойи маърифати театрӣ, ки инсонро ба сӯйи озодию истиқлоли фикрию ҳувиятӣ раҳнамун месозад, хушкандешӣ дар ҷомеа таҳкиму тасаллут ёфта, ҳамчун саратон баданаи иҷтимоиро аз дарун хурдаву аз кор мононда, ба ҳалокати тадриҷӣ мерасонад. Аз ҳама муҳим, фориғболию бепарвоию бетарафию саҳлангорию хунукназариҳои мо боиси пойин рафтани сатҳи завқи ҷомеа гардида, шӯри безавқию кӯрзавқӣ дар фазои ватанӣ ҳангомапароканӣ мекунад. Аз сӯйи дигар, камтаъсирӣ, номуассирӣ ва билохира нокоромадии барномарезиҳои алтернативӣ-гузинавии адабӣ, бадеӣ, маърифатӣ, илмӣ, ҳунарӣ ва маданӣ боиси бетаваҷҷуҳӣ ба фарҳанги миллӣ ва аз ҷумла санъати театрӣ гардида, роҳро барои фарогир шудани буҳронҳои фикрию ҳувиятию иҷтимоию ақидатию маърифатӣ ҳамвор сохтааст. Аз ин ҷост, ки хушкандешии динию дунявӣ, аз як тараф ва таассубу хурофазадагӣ, аз тарафи дигар, масуният-иммунитети ҷомеаро сусту заиф намуда, насли наврасу ҷавонро осебпазир сохтааст.
Бигзарем, мо ҳам мисли соири муштариёну ҳаводорони санъати театрӣ аз ин маъракаи дархури маърифатӣ-фарҳангӣ бебаҳра намондем ва чанд намоишномаи озмуниро бозавқ тамошо кардем (албатта, бар асари масруфиёти корӣ кулли барномаҳои озмуниро дидан натавонистем). Ба ин тартиб, дар рӯзҳои ахирӣ намоишномаҳои озмунии “Ривояти суғдӣ” (аз рӯйи қиссаи “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода) дар таҳияи коргардони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара С. Алимов (16 апрел), “Парный танец в одиночку”-и Елена Кузнецова дар таҳияи коргардони Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон Раъно Раҳматуллоева (16 апрел), “Ахтаре дар Хатлонзамин” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб Р. Одиназода (17 апрел), “Келини ҷойдорӣ” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи К. Хуҷандии шаҳри Хуҷанд С. Шеров (17 апрел), “Зангирӣ ё дамгирӣ” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Ш. Қурбонмуҳаммад (19 апрел), “Бозгашт” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Фарҳод Ғаффорпур (20 апрел), “Достони Сиёвуш” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) дар таҳияи коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Баҳром Қурбонзода ва намоишномаи ғайриозмунии донишҷӯёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҳти унвони “Заҳҳок” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) дар таҳияи омӯзгорони кафедраи маҳорати актёрии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Б. Қурбонзода ва М. Ёрова (21 апрел)-ро тамошо кардем.
Дар маҷмуъ, намоишномаҳо хуб буданд ва аз ҷониби ҳунармандон дар сатҳи зарурӣ пешниҳод гардиданд. Албатта, дар ҳар намоишнома ва умуман, ҳар кору умуре ғалату иштибоҳот роҳ меёбанд. Баъзан уфту иштибоҳоти соҳавию ихтисосӣ ва ба истилоҳ, нопайвандию ноҳамгуниҳои мундариҷавию мантиқӣ дар намоишномаҳои озмунӣ ба назар расиданд, ки арзиши асари саҳнавиро пойин бурданд, вале камбуду навоқиси саҳнавӣ-ихтисосӣ, аз ҷумла маҳорати коргардонӣ, интихоби мавзуи саҳнавӣ, ҳирфавияти ҳайат-персонали бозигарӣ, танқисии молиявӣ, камомади ҳунармандони ҳирфаӣ, муҳтавои миллӣ, заъфи лаҳнӣ-овозӣ, норасоии анҷому асбоби саҳнавӣ ва амсоли инҳо дар ҳама театрҳои ватанӣ ба назар мерасанд. Бовар дорем, ки бо даст додани имконот камбуду навоқиси ҷойдошта тадриҷан рафъ мегарданд ва театри ватанӣ мақому ҷойгоҳи аслии худро дармеёбад. Аз ҳама муҳим, ғалату иштибоҳот ҷиддӣ набошанд ва бинандаву тамошобинро ба роҳи ғалат набаранд ва аз масири дурусти ҳаракат мунҳариф насозанд. Дар робита бо мазмуну муҳтавои намоишномаҳое, ки шахсан тамошо кардем, чанд нуктаро манзур месозем.
Якум. Намоишномаи озмунии “Ривояти суғдӣ” (аз рӯйи қиссаи “Ривояти суғдӣ”-и Сотим Улуғзода) дар таҳияи коргардони Театри ҷумҳуриявии мусиқӣ-драмавии ноҳияи Данғара С. Алимов аз лиҳози мазмуну муҳтаво, мавқеъгирии миллӣ ва самти мафкуравӣ ба дарди миллату давлат мехурад. Дар намоишнома, ҳарчанд ки ба лиҳози техникаи бозигарӣ, амалиёти саҳнавӣ, интихоби ҳайат-персонали ҳунарӣ, таъсиррасонии бадеӣ-эстетикӣ суст буд, мавзуи меҳварӣ ва ғояи асосӣ – муқовимат ва муборизаи беамон алайҳи душмани ғаддор дар сатҳи зарурӣ бозтоб дода шуд. Маҳз бозтоби дурустҳисобии ғояи марказӣ, ки дар қолиби мафкураи миллӣ-давлатӣ зуҳур кард, сатҳи намоишномаро боло бурда, кулли камбуду навоқиси намоишномаро фурӯгузор намуд. Албатта, мудир-омилони Театри Данғара сари камбуду навоқиси техникӣ-фаннӣ ва ихтисосӣ-ҳунарии намоишнома фикр карда, дар қиболи навоқиси ҷойдошта чораву тадобири зарурӣ хоҳанд андешид. Вале дуруст расонидани ғоя-идеяи асосӣ намоишномаро ҳадафрас кард ва тамошобинонро мутақоид сохта тавонист. Пас аз анҷоми намоишномаи “Ривояти суғдӣ” дар толори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов шоҳиди гуфтугӯйи телефонии як нафар ҷавонмард шудам, ки бо наздиконаш суҳбат мекард. Дар ҷараёни суҳбати телефонӣ ҳаяҷонӣ дар хитоб ба хешовандон изҳор медошт, ки “чаро ба театр наомадеду намоишномаро надидед, ҳунармандон ончунон хуб нақш офариданд, ки аз гиря кардан хаста шудем”. Суҳбати телефонии ҷавонмард бо хешовандонаш, ки имкони тамошои намоишномаро наёфтанд, хеле отифӣ буд. Ин навъ отифияту самимияти фардию ҷамъӣ ба театру намоишномаҳои театрӣ маънои онро дорад, ки мардум ҳанӯз ба театр ихлосу иштиёқ доранд, танҳо он ихлосу иштиёқро бедор бояд кард ва ба маҷрои дуруст равона бояд сохт.
Дуюм. Намоишномаи “Парный танец в одиночку”-и Елена Кузнецова дар таҳияи коргардони Театри драма ва мазҳакаи русии ба номи А.С.Пушкини шаҳри Бӯстон Раъно Раҳматуллоева низ ҷолиб буд. Як ҳунарманд дар симои Раъно Раҳматуллоева бо забони ноби русӣ ҳамзамон чанд образ (бехоназан, хидматгорзан, савдогарзан, малика, шаманзан ва зан-бону)-ро ончунон зебо ва касбӣ офарид, ки бинандагон дар тааҷҷуб монданд. Ҳунарманд аз тариқи васила-приёми эҷодӣ – ҳаракату амалиёт, имову ишора, такаллуму сухангӯӣ ва соири техникаи ҳунарӣ дар як они воҳид аз як ҳолат ба ҳолати дигар гузашта, симои хешро дигаргун сохта, ҳиссиёту ҳаяҷони инфиродии қаҳрамононашро дуруст ифода намуда, ҳадафро ба бинанда расонида тавонист. Мутаассифона, намоишномаи “Ахтаре дар Хатлонзамин” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи С. Вализодаи шаҳри Кӯлоб Р. Одиназода ба лиҳози мавзуӣ, фарогирии маводи маърифатӣ, сатҳи иҷроӣ ва соири техникаи ҳунарӣ суст буд ва дар атрофи намоишномаи мазкур суҳбатро ба вақту фурсати дигар вомегузорем.
Сеюм. Намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ” дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар Ш. Қурбонмуҳаммад дар сатҳи баланди касбӣ намоиш дода шуд. Махсусан, иҷрои зинда ва бидуни фонограммаи суруду мусиқиҳо аз ҷониби ҳунармандони Театр сатҳи мусиқавию эҷодии намоишномаро боло бурд. Тими навозандагию ромишгарӣ пушти саҳна қарор гирифта, лаҳзаву пораҳои мусиқавии намоишномаро дилкашу гуворо иҷро карданд. Ҳамзамон, овозхонии қаҳрамонони актҳои саҳнавӣ бахши овозӣ-рақсӣ ва эҷодии намоишномаро муассир ҷилва дод. Бовар кунед, намоишҳои ҳаҷвии бисёре аз гурӯҳҳои ҳунарии ватаниро бо шумули “Лаҳзаҳои гуворо”, “Ғарибшо-компания”, “Арабшо”, “Хандинкамон” ва амсоли инҳоро тамошо кардаем, вале дар бисёр маворид ба сатҳи пешниҳоди маводу матолиби хандадори ин гурӯҳҳо шармам меояд ва аз пойин будани завқи бадеӣ-эстетикии ин гуна ҳаҷвнигорон нигаронӣ ҳам менамоем. Аммо дар намоишномаи “Зангирӣ ё дамгирӣ”-и Театри мусиқӣ-мазҳакавии ба номи А. Муҳаммадҷонови шаҳри Бохтар ба ин далел лаззату кайфияти хосса бардоштам, ки тими ҳунарии Театр ҳаҷву ҳазли баҷои миллӣ-маҳаллиро дар сатҳи ҳирфаӣ ба намоиш гузошта, дили тамошобинонро ба даст овард. Ин Ҷо ҳазлу ҳаҷви сатҳию кӯчагӣ набуд (чуноне ки дар бисёр намоишҳои гурӯҳҳои ҳаҷвӣ мушоҳида мекунем): ҳар ҳаракату амали қаҳрамонону персонажҳо дар доираи мавзуъ ва мотиви асар чарх мезад ва камтарин ҳаракати нобаҷое, ки фазои умумии намоишномаро халалдор месозад, ба назар нарасид. Албатта, уфту лаҳзаҳое буданд, ки метавон онҳоро ба сифати камбуду нуқси эҷодию ҳунарӣ вонамуд, аммо ғояи куллии намоишнома ва ҳадафи асосии тими ҳунарӣ ончунон равшану возеҳ ифода ёфт, ки тамошобинро дар маҷмуъ, қонеъ сохт. Ин буд, ки дар ҷараёни тамошо тими ҳунариро тамоми толор аз тариқи кафкӯбиҳои бардавом истиқболу пазироӣ кард.
Чаҳорум. Намоишномаи “Бозгашт”-и Комил Ёрматов дар таҳияи коргардони Театри мусиқӣ-драмавии ба номи Туҳфа Фозиловаи шаҳри Конибодом Фарҳод Ғаффорпур ҳангомаи дигари Парасту-2025 буд. Толори Театри давлатии ҷавонони ба номи М. Воҳидов пуртамошобин ва хеле шулуғ буд. Бисёриҳо, бар асари набуди ҷойи нишаст намоишномаро тамошо карда натавонистанд. Коргардони ҷавон Фарҳод Ғаффорпур аз тариқи намоишномаи “Бозгашт” таърих ва сарнавишти пурмоҷарои Театри шаҳри Конибодомро ба таври солномавӣ-хронологӣ аз ибтидо (соли 1922) то имрӯз (соли 2025) ба намоиш гузошта тавонист. Намоишномаи “Бозгашт” таърихи зиндаи на танҳо Театри шаҳри Конибодом аст, балки сарнавишту қисмати соири театрҳои касбию халқию мардумию маҳаллию музофотии ватанӣ низ ҳаст. Элитаи тими ҳунарӣ, қатъи назар аз солмандӣ, аз як тараф ва ҳунармандони ҷавон, аз тарафи дигар, намоишномаи “Бозгашт”-ро муассиру ҳадафнок ба ҷилва дароварданд, ки аз эшон самимона сипосгузорӣ мекунем. Иҷрои зиндаи навозишу сурудҳо сатҳи касбият ва тақвияти бахши мусиқавии намоишномаро таъмин намуд. Муҳимтар аз ҳама, хатти машйи намоишномаи “Бозгашт” ва ҳадафгирӣ-ориентатсияи калидии он – шикастани урфу одати нодаркору зарарноки маҳаллию мардумӣ, мубориза алайҳи хурофоту таассуби мазҳабӣ, расидан ба сатҳи озодию истиқлоли миллию мардумӣ дар қолиби муборизаву муқовимати саросарӣ буд, ки тими ҳунарӣ ва персонали иҷроӣ дуруст ба намоиш гузошт. Дар намоишномаи “Бозгашт” кирдори разилонаи қишри босмачигарӣ ва неруҳои зиддимиллие дар симои фурсатталабону муллоёни мутаассибу ҷоҳили маҳаллӣ бо диду мавқеъгирии миллӣ фош карда шуд. Воқеан, ин навъ иқдоми миллӣ, ки мутаассифона, тарафдорону ҷонибдорони кам дорад, сазовори таҳсину офарин аст. Дар зимн, дар доираи намоишномаи “Бозгашт” метавон камбуду мушкилоти ҷиддии театрӣ, аз ҷумла: бар асари камбуди молиявию хонаводагӣ аз кори театрӣ дур шудани мутахассисони ҷавони ватанӣ, сатҳи нокифоя ва ноқиси тарбияи кадрҳои соҳаи театрӣ, тасаллути яъсу навмедӣ дар фазои театрӣ, корсоз набудани барномарезиҳои алтернативӣ-гузинавӣ, аз байн рафтани дилгармӣ дар миёни персонали ҳунарӣ, бетаваҷҷуҳии дастандаркорони соҳавӣ дар қиболи дастгирию ҳавасмандсозии ҳунармандони ҳирфаӣ, заъфи тими бозигарӣ, мудирият-менеҷери нодурусти самти ҳунарӣ, ҳамчун ниҳоди мафкурасозӣ пойин рафтани эътибору нуфузи театри касбӣ, корсозу муассир набудани машина-дастгоҳи театрӣ ва амсоли инҳоро мушоҳида кард. Ба ин маъно, намоишномаи мазкур хеле ҷолиб ва дар айни замон, саривақтию зарурӣ ва модерну имрӯзӣ мебошад. Онро зиёд бояд тамошо ва сари мушкилоти ҷойдошта тамаркуз кард.
Панҷум. Дар ду рӯзи ахир (20-21 апрел) намоишномаи “Достони Сиёвуш” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) дар таҳияи коргардони Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ Баҳром Қурбонзода ва намоишномаи ғайриозмунии донишҷӯёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода таҳти унвони “Заҳҳок” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) дар таҳияи омӯзгорони кафедраи маҳорати актёрии ДДФСТ ба номи М. Турсунзода Б. Қурбонзода ва М. Ёрова (21 апрел)-ро тамошо кардем. Ҳар ду намоишнома бар мабнои достонҳои безаволи “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ таҳия гардида, аз зовияи манофеи миллӣ ва мафкурасозии давлатӣ саривақтӣ, ҷолиб ва дархуранд. Коргардон-таҳиягари ҷавон Баҳром Қурбонзода дар намоишномаи “Достони Сиёвуш” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) ва ҳам дар намоишномаи ғайриозмунии донишҷӯёни ДДФСТ ба номи М. Турсунзода “Заҳҳок” (аз рӯйи достонҳои “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ) батамом ҳадафи миллиро аз оғоз то ба охир дунбол кард, ки дар шароити феълии бархурдҳои сиёсию тамаддунӣ кори бузург аст.
Шашум. Дар ниҳоят, ба кулли дастандаркорон, ҳунармандон ва ҳайат-персонали театрӣ, ки ҷиҳати ба намоиш гузоштани асарҳои хуби саҳнавӣ (бо риояти меъёрҳои мафкуравӣ ва авлавиятбахшии манофеи миллӣ) талош меварзанд, ташаккур мегӯем ва чанд нуктаи иҷмолиро ба унвони авомили заъфи ҳунарӣ ва мушкилоти соҳавӣ ироа медорем, аз ҷумла:
а) иллату сабаби нарафтани ҷомеа ба театр;
б) бетарафию саҳлангории раҳбарияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба соҳаи театрӣ;
в) бетаваҷҷуҳӣ ба мазмуну муҳтавои намоишномаҳои озмунӣ;
г) рақобатнопазирии ҳунари театрӣ дар баробари анвои дигари ҳунарӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
ғ) набуди нақди қавии театрӣ;
д) камбуди драматургияи миллӣ;
е) фароравӣ аз колбадшикофиҳои фикрӣ, канор задани мушкилоти асосӣ ва дар ин замина таҳияи намоишномаҳои сатҳию рӯякӣ;
ё) тарки мавқеъи ҳангомасози “ҳунар барои ҳунар, санъат барои хосон”, дур шудан, пайгирӣ намудан ва роҳандозӣ кардани барнома-ориентатсияи “ҳунар барои омма ва иҷтимоъ”;
ж) ба сифати пружа ва сангар-фронти асосии миллӣ-мафкуравӣ-идеологӣ шинохтану арҷ гузоштани театрҳои касбии ҷумҳурӣ;
з) тақвияти руҳияи миллӣ дар намоишномаҳои озмунӣ;
и) дар меҳвари таваҷҷуҳи ихтисосӣ қарор додани мушкилоту муаммоҳои ҳувиятӣ ва низоми давлатдории секулорӣ-дунявӣ ва дар ин замина офаридани намоишномаҳои сирф миллӣ ҳамоно ногуфта ва дар зеҳнҳо монд. Ҳатто масъулини пружа ва як идда аз ҳозирин, ки то охири ҷаласа миқдоран хеле кам монда буданд, ҳавсалаи шунидани суханони якдигарро надоштанд. Бо ин гуна аҷала ва шитобкорӣ, ки ба амали рӯзмарра дар чорабиниҳои гуногуни илмӣ, фарҳангӣ ва ҳунарӣ табдил ёфтааст, ба ҳадаф дар сад соли дигар намерасем.
Ҳафтум. Тарбияи миллии кадрҳои соҳаи театрӣ ба мушкили рақами яки соҳавӣ ва дар маҷмуъ, давлатӣ табдил ёфтааст. Бо дарназардошти он ки ҳунари театрӣ ба унвони ҳаста-ядрои сиёсӣ-идеологӣ шинохта мешавад, таҳкиму тақвияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва мадании он ҳамчун дастгоҳи муқтадири мафкурасозии миллӣ амр ва талаботи замон аст. Ин дастгоҳи пурқудрати мафкурасозии миллӣ, ки онро ба унвони “машинаи сиёсӣ-идеологӣ” таъриф кардаанд, дар роҳи бозшиносии мушкилоти ҳувиятӣ, ташхиси уқдаҳои равонию иҷтимоӣ ва билохира муаррифии миллату давлат хидмати бузурге анҷом дода метавонад. Пас, аз ин машинаи мафкуравӣ васеъ истифода бояд бурд ва нагузошт, ки ҳар кӣ бо таваҷҷуҳ ба завқу дидгоҳи ҳошиявии худ аз он истифодаи абзорӣ карда, миллатро ба бунбасти ҳувиятию фикрию маданӣ бирасонад.
Нозим Нурзода
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон