JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

 (гузориш аз маросими кушодашавии Маркази ҷопоншиносӣ дар ДМТ)

Омӯзиши ҷуғрофиё, сиёсат, иқтисод, фарҳанг, забон, адабиёт ва таърихи кишварҳову миллатҳои мутараққии ҷаҳон яке аз роҳкорҳои шинохт ва дарёфти масири рушди миллатҳоест, ки мехоҳанд ҳамқадами ҷомеаи пешрафтаи башарӣ бошанд. Дар заминаи ин шинохти дуруст давлатҳои алоҳида муносибати худро бо дигар кишварҳои ҷаҳон ба роҳ монда, аз муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷониба манфиат мегиранд. Талошҳои илмӣ дар ростои кишваршиносӣ ва минтақашиносӣ дар Тоҷикистон низ вуҷуд дорад ва ниҳодҳои илмиву олимони алоҳида солҳо боз кишварҳои хориҷиро меомӯзанд ва барои густариши ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиву адабӣ корҳои зиёдеро ба анҷом расонидаанд. Дар ин росто бояд ба эътибор гирифт, ки ҷаҳон ва кишварҳои мутараққӣ бо суръат пешравӣ доранд ва сатҳу сифати омӯзиши онҳо низ бояд баробар ба суръати  рушди онҳо  дар ҳоли таҳаввул қарор дошта бошад.

Ҷумъа, 07 Феврали 2025 12:44

Навиди маърифатӣ

Муаллиф:

         Ахиран китоби донишманд ва шоири матраҳи миллӣ устод Беҳрӯзи Забеҳулло таҳти унвони “Адабиёт ва ҳувияти миллӣ” (ниг.: Саидхоҷа, Забеҳҳуло Беҳрӯз. Адабиёт ва ҳувияти миллӣ (Маҷмуаи мақолот). -Душанбе: “Шоҳин-С”, 2025. -288 с.) ба нашр расид. Китоб бо сарсухани Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ, доктори илмҳои филологӣ Аскар Ҳаким оғоз шуда (С.3-5), 28 матлаби илмӣ-таҳқиқӣ ва илмӣ-оммавиро, ки ба муҳимтарин масъалаи ҳар давру замон – ҳақиқати адабӣ ва тақвияти ҳувияти миллӣ дахл доранд, фаро гирифтааст. Аз ин шумора, 10 матлаби аввалӣ фарогири мавзуоти адабиёти классикӣ буда, 18 матлаби баъдӣ ба масоили адабиёти муосири тоҷик, ки муаллиф худ аз пажуҳишгарони матраҳу муваффақи ин давраи таърихист, иртибот мегиранд.

 (Муруре иҷмолӣ ба маҷмуаи “Садои хандаи гулҳо”-и шоир ва донишманди тоҷик Назрӣ Асадзода)

         24 январ ҷашни мелоди яке аз дӯстони донишмандону фарҳехтаи миллӣ – Назрӣ Асадзода аст. Асадзода аз ҷумлаи сиёсатмадорон, донишмандон, шоирон, фарзонагон ва меҳанпарастонест, ки солҳо боз бидуни вақфаву фосила дар масири боло бурдани сатҳи худогоҳию худшиносӣ ва ҳувияти миллӣ гомҳои устувор бармедорад. Дар баробари соири василаҳои муассир аз шеър ба унвони абзори муҳимми мафкурасозии миллӣ васеъ истифода мебарад. Ин аст, ки дар ҳошияи зодрӯзи Асадзода аз ҳунари шоирии ӯ иҷмолан ёдовар мешавем.

  LLM ба модели пешрафтае аз шабакаҳои асабӣ амиқ гуфта мешавад ки метавонад корҳои шигифтангезеро бароятон анҷом диҳад. Ба таври мисол, агар аз онҳо дар заминаи хосе суол бипурсед, ба шумо посух медиҳанд. Агар масаълаеро бо онҳо дар миён бигзоред, роҳкори муносиберо дар ихтиёри шумо мегузоранд. Дар сурате ки ба муҳтавое ниёз дошта бошед онро ба шакли бисёр табиӣ бароятон тавлид мекунанд ва бисёре вазоифи шабеҳи инсонии дигар, ки дар кулл боиси ҳайрати шумо мешаванд. Дар ин матлаб аз маҷаллаи Фародарс саъй шуда, то ба забони сода ва то ҳадди мумкин ба таври комил ба шумо бигӯем ки модели забонии бузург ё LLM чист ва чӣ нақше дар зиндагии диҷиталии (рақамии) мо дорад.

Китобҳо