(Бардоштҳои муқаддимотӣ)
Дар ибтидо, сари мафҳум ва истилоҳи “синергия” мухтасаран таваққуф мекунем, то ин ки баҳс рӯшан шавад. Истилоҳи “синергия” (“synergeia”) аз вожаи юнонӣ баргирифта шуда, маънои ҳамафзоӣ, ҳамнерузоиро дорад. Дар маҷмуъ, таҳти мафҳуми “синергия” кумаку ёрию мададгории ҳамдигар ва ҳамкорӣ ба хотири боло бурдани сатҳи натиҷагириҳо дар ҳамаи соҳаҳо фаҳмида мешавад. Мусалламан, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ, синергия дар доираи илмҳои гуногун мавриди мутолеа қарор гирифтааст. Аз ҷумла, дар соҳаи фарҳанг ва омӯзиши мероси фарҳангӣ синергия ҳамчун унсури ҳамафзоию нерубахшии ҳамагонӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, маънои истифодаи нерую энержии гурӯҳҳо ба хотири афзудани натиҷаи кору умур дар самти натиҷагирии заруриро далолат мекунад. Ба сухани дигар, ҷамъи ду ва ё чанд инсон, ки барои расидан ба ҳадафе муштарак якдигарро ёриву кумак мекунанд, ҳамафзоӣ ва ба истилоҳ , синергия номида мешавад.
Дар ин рӯзҳо, яъне 22-24 октябр, дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шаҳри Қазон ҳамоиши бузург, бо ҳузури намояндагони боломақоми кишварҳои аъзои BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) ва чандин кишвари дигар, баргузор шуда истодааст. Дар маҷмуъ, раҳбарони 36 кишвари ҷаҳон дар ҳамоиши мазкур ширкат менамоянд. Ин аввалин форуми сатҳи баланди ин созмон баъди васеъшавӣ мебошад, ки соли ҷорӣ 5 кишвари дигар ба он пайваст шуданд. Ин кишварҳо Эрон, Миср, Эфиопия, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Кишвари Озарбойҷон низ барои пайвастан ба он дархости худро ирсол намудааст. Ин ҳамоиш бо ҷалб кардани кишварҳои зиёд диққати коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.
Дар силсилаи ойину ҷашнҳои миллию мардумӣ ҷашни Меҳргон ҷойгоҳи вежа дорад. Дар зимн, номи ҷашни Меҳргон дар сарчашмаҳои бостонӣ ба гунаи “Митракона” зикр шудааст (ниг.: Раҳимов Дилшод. Фолклори тоҷик. –Душанбе: «Эҷод», 2009. -С.196). Бар илова, Меҳргон рӯзи таваллуди дубораи Меҳр аст ва тибқи назари Абурайҳони Берунӣ, ин рӯз дар айёми куҳан рӯзи аввали зимистон будааст (ниг.: Берунӣ, Абӯрайҳон. Осор-ул-боқия. Тарҷумаи Акбари Доносиришт. –Теҳрон: Амири Кабир, 1362. –С.339). Бинобар ин, бо Ялдо мутобиқ мешавад, ки ҷашни мелодии Меҳр аст (ниг.: Шамисо Сирус. Крисмас ва шаби Чилла. //Кайҳони фарҳангӣ, шуморати 9, Озари 1368. –С.32). Чун дар ин матлаби маҳдуди ҷашнӣ маҷоли тавзеҳи мушаххасоти Эзади Меҳр ва нуфузи он дар паҳнои фарҳанги бумию минтақавӣ ва башариро надорем, ногузир ба масъалаи ҷашни Меҳргон мепародозем.
(матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад)
Рафиқон!
Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...