JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Октябри 2024 13:15

Суханронии раҳбари Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравии Сотсиалистӣ  И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик дар кохи Кремл - 22 апрели соли 1941

Муаллиф:

 (матни суханронии И.В. Сталин дар маросими пазироии ширкаткунандагони Даҳаи санъати тоҷик ба ифтихори Рӯзи таъсисёбии Ҷумҳурии Мухтори Шуравии Сотсиалистии Тоҷикистон, ки 14 октябри соли 1924 иттифоқ афтода, аз он рӯзи таърихӣ ҳамакнун 100 сол сипарӣ мегардад, манзур мешавад)

 Рафиқон!

Мамнун аз эътимод, ҳамдардӣ ва орзуи шумо. Аммо мардум як одати бад доранд, тамҷид аз зиндаҳо ва фаромӯш кардани гузаштагон. Ҳамон тавр ки дар қадим мегуфтанд бутҳо ё ба қавли имрӯзӣ, раҳбаронро то замоне ки зинда ҳастанд, меситоянд ва пас аз марг гоҳҳо фаромӯш мекунанд. Ба назари ман, ин як фазилат нест ва бо суннатҳои болшевикӣ мутобиқат надорад...

Ман мехоҳам чанд калима дар мавриди тоҷикҳо бигӯям. Тоҷикҳо мардуми хосе ҳастанд. Инҳо на узбек ҳастанд, на қазоқ ва на қирғиз, инҳо тоҷик ҳастанд – қадимтарин мардуми Осиёи Марказӣ. Тоҷик ба маънои тоҷдор аст, ки эрониҳо ба онҳо мегуфтанд ва тоҷикҳо ба ин ном сазовор ҳастанд.

Аз миёни тамоми мардуми мусулмони ғайрирус дар қаламрави Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ тоҷикҳо танҳо мардуми ғайритурк ҳастанд – мардумони эронитабор. Тоҷикҳо мардуме ҳастанд, ки равшанфикронашон шоири бузург Фирдавсиро ба дунё оварданд ва беҷиҳат нест, ки тоҷикҳо суннатҳои фарҳангии худро аз ӯ мегиранд. Ҳатман дар ин Даҳаи санъат эҳсос кардаед, ки онҳо ҳисси ҳунарии зарифтаре доранд, фарҳанги куҳан ва завқи ҳунарии хоси онҳо дар мусиқӣ, овозхонӣ ва рақс таҷассум ёфтааст.

Гоҳе руфақои руси мо ҳамаро бо ҳам омехта мекунанд. Тоҷикро бо узбек, узбекро бо туркман ва арманиро бо гурҷӣ. Ин, албатта, иштибоҳ аст. Тоҷикҳо мардуме хос ва бо фарҳанге бостонӣ ҳастанд ва дар шароити Шуравии мо ояндаи бузурге доранд. Ва кулли Иттиҳоди Ҷамоҳири Шуравӣ бояд дар ин амр ба онҳо кумак кунад. Ман дӯст дорам ҳунари онҳо мавриди таваҷҷуҳи ҳамагон қарор бигирад.

Ман, ин қадаҳро ба хотири ҳунари тоҷик, халқи тоҷик, ба ин хотир, ки мо маскавиҳо ҳамеша омодаи кумак ба онҳо дар ҳар сурате бошем, бармедорам!

 Манбаъ: Сталин И.В. Cочинения. – Т. 18. – Тверь: Информационно-издательский центр «Союз», 2006. С. 211–212.

 Тарҷума ва таҳияи Беҳрӯзи Забеҳулло

Хондан 619 маротиба