JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 14 Октябри 2024 05:46

Фирдавсӣ ва Нозим

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 Зи гуфтори шеърам кунун, гўш дор,

Хирад ёд дору ба дил ҳуш дор.

                              Фирдавсӣ

          Мусаллам аст, ки Нозим достони «Юсуф ва Зулайхо» – и худро дар пайравии достони «Юсуф ва Зулайхо» – и Ҷомӣ навиштааст. Худ дар ин боб дар оғози маснавии «Юсуф ва Зулайхо», дар бахши «Интизоми сабаби назми китоб», чунин гуфта:

Сари афсонаҳои ростмазмун,

Ки гуфташ аҳсани ҳар қисса бечун.

Мусалсал қиссаи «Юсуф Зулайхост»,

К – аз он як зулф бар рухсори дунёст.

Биё, соқӣ, ба дасти орзуям

Бидеҳ ҷоме, ки гардам масту гўям:

Чу ин паймонаи номӣ гирифтам,

Ба тоқи абрўи Ҷомӣ гирифтам.1

          Аммо ў дар ҳамин бахш аз Фирдавсӣ низ ҳамчун устоди мусаллами достонсароӣ ёд менамояд:

Ба ҳар давре зи Фирдавси забоне

Рақам мешуд ҳумоюн достоне.

Ки номи номдорони замона

Шавад з – он қисса дар олам фасона…

Намемонад ба кас ҷовид ёре,

Чӣ беҳтар з – ин ки монад ёдгоре…2

          Зимнан, Нозим ғайр аз ин ёдкард аз Фирдавсӣ, ки дар сабаби назми китоб кардааст, боз чанд бори дигар низ дар достони хеш аз ў сухан дар миён овардааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Нозим аз «Юсуф ва Зулайхо» –е, ки ба номи Фирдавсӣ бастаанд, на танҳо огоҳӣ дошта, балки онро хонда будааст. Лиҳозо, ў дар бахши «Тазҳиби мусҳафи достон ба мелоди Юсуф» аз номи Фирдавсӣ чунин мегўяд:

Зи Фирдавсӣ шунидам, к – андар он дин,

Биҳишти шаръро буд обу ранг ин.

Ки «ҳар касро гирифтандӣ дар ин дор

Ба дуздӣ, асли нангу решаи ор»…3

Дар воқеъ, Нозим дар бахши «Хоб дидани обдор ва суфрагустарии малики Миср ва арз намудани Юсуф ва аз таъбири хушу нохуш натиҷа дидан…» аз Фирдавсӣ ба номи Ҳакими Тус ёд мекунад ва аз ў сухан шуниданро ба миён мегузорад. Ба қавли ў:

Ҳакими Тўс мегўяд дар ин боб,

Ки Юсуф офтоби мардумитоб,

Зи маҳбусон чунон озорчин шуд,

Ки дарди куфрашон дармони дин шуд…4

          Ў бори чаҳорум аз Фирдавсӣ дар бахши «Шарафи ислом ёфтани Малик Райён ва аҳли Миср аз анфоси Юсуф…» ёд мекунад:

Хатиби хомакаш минбарбаён аст,

Зи Фирдавсӣ бад – ин сон хутбахон аст!5

Ниҳоят, вай бори панҷум аз Фирдавсӣ дар поёни бахши «Дохил шудани Зулайхо ба боргоҳи марҳамат ва дуои Юсуф аз ҳусни ҷавонӣ ва назари биноӣ баҳраманд гардидан» ба унвони «суханпардози Тўс» ёд мекунад ва аз гуфтораш суд меҷўяд:

Суханпардози Тўсӣ гўяд он дам,

Ки бино шуд Зулайхо, навҷавон ҳам…

Ба ваҳдатхонае ҷо чун дилам дод,

Дараш басту дуоро даст бикшод.

Зи таъсири дуои он ягона

Бурун омад бад – он хубӣ зи хона,

Зулайхоро чу ин ҳоҷат раво шуд,

Ба пои шукри Юсуф ҷабҳасо шуд…6

Хулоса, Нозим дар достони «Юсуф ва Зулайхо»-и хеш, ки дар пайравии Ҷомӣ навиштааст, танҳо ба ў назар надошта, балки аз «Юсуф ва Зулайхо» –и мансуб ба Фирдавсӣ низ фоида бурдааст. Инро мо аз ёдкардҳое, ки аз номи вай карда, бармало боздид менамоем. Ба ҳарфи дигар, Нозим панҷ маротиба аз Фирдавсӣ ба унвонҳои «фирдавсизабон», «Фирдавсӣ», «Ҳакими Тўс», «суханпардози Тўс» ёд менамояд, ки ин далели ошноӣ ва судҷўии ў аз «Юсуф ва Зулайхо» –е, ки аз они Фирдавсӣ медонанд, метавонад буда бошад. Ногуфта намонад, ки Нозим дар ин достон аз Низомӣ низ мустафид будааст. Воқеан, ду бор аз ў ёд менамояд. Якум, дар фасли «Дар ситоиши хоқони сухан»:

Тавонам кардан аз муъҷазкаломӣ,

Сухан бо ҳар кӣ бошад, ҷуз Низомӣ.

Каломи дигарон гар ваҳй донӣ,

Заминӣ бошаду з – ў осмонӣ.

Сухан мехоҳӣ, ўро пайравӣ кун,

Хуми инсоф машкан, хусравӣ кун…7

Дувум, дар фасли «Ҳаракат намудани Зулайхо аз он хароба ба таҳрики беқарорӣ ва бар сари роҳи Юсуф хонае аз най сохтан ва дар он ҷо ба қонуни дигар ба кори ишқ пардохтан»:

Низомӣ, к – аз  қалам мерехт парвин,

Муҳаррик ишқ шуд, на ҳусни Ширин.8

Тавре ки мебинем, Нозим дар иншои достони «Юсуф ва Зулайхо» на танҳо ба Ҷомӣ, балки ба Фирдавсӣ ва Низомӣ низ назар доштааст. Мо инро аз ишораҳои худи шоир, ки дар боло овардем, ба вузуҳ дида метавонам.

Аз ин ёдкарду истинодҳои Нозим, ки дар достони «Юсуф ва Зулайхо» –и худ аз Фирдавсӣ кардааст, маълум мешавад, ки дар замони Нозим достони «Юсуф ва Зулайхо» –и ҷаълие ба номи Фирдавсӣ машҳур будааст. Аммо бо сабаб сустии абёт ва ибтизоли гуфтор аст, ки Нозим низ чандон зиёд ба «Юсуф ва Зулайхо» –и дурўғин таваҷҷуҳ зоҳир накардааст. Танҳо бо зикри ному овардани матлабе бо номи ў иктифо намудааст. Бо ин ҳама, ҳамагон ин асарро аз Фирдавсӣ мепиндоштанд. Танҳо дар аввали асри гузашта маълум шуд, ки ин асар аз Фирдавсӣ набуда, ба Шамсӣ ном шоире тааллуқ дошта, онро ба Туғоншоҳ – бародари Маликшоҳи Салҷуқӣ бахшидааст. Шарафиддин Алии Яздӣ бошад дар муқаддимаи «Шоҳнома» –и Бойсанғурӣ онро аз они Фирдавсӣ ба қалам додааст. Ба қавли Муҳаммадамини Риёҳӣ, «то чаҳор қарн баъд аз Фирдавсӣ дар китобҳое, ки зикре аз ў кардаанд, ҳатто дар афсонаҳое, ки ин ҷову он ҷо дар бораи ў пардохтаанд, сухане аз чунин манзумае дар миён набуд. То ин ки дар муқаддимаи Бойсунғурии «Шоҳнома», ки дар соли 829 беш аз чаҳор қарн баъд аз Фирдавсӣ, навишта шуда, зимни як ришта афсонаҳои беасос омадааст, ки Фирдавсӣ аз тарси Маҳмуд ба Табаристон ва аз он ҷо ба Бағдод рафт ва дар он ҷо қиссаи Юсуфро ба назм овард. Дурўғ будани афсона равшантар аз он аст, ки ниёзе ба радди он бошад. На Фирдавсӣ бо он ҳама нафрат аз хилофати арабӣ ҳозир буд ба Бағдод биравад ва на халифаи Бағдод форсӣ медонист, ки чунин манзумаеро бифаҳмаду биписандад».9 Ҳамин муаллиф дар ҷои дигар чунин мегўяд: «Шарафуддини Яздӣ «Зафарнома» - и худро дар соли 828 ҳиҷрӣ дар ситоиши ҷангҳову хунрезиҳову тороҷгариҳои амир Темури Курагонӣ таълиф карда, як сол баъд дар соли 829 ҳиҷрӣ муқаддимаи «Шоҳнома» - и Бойсанғурӣ таҳрир шудааст ва дурўғе, ки дар бораи назми «Юсуф ва Зулайхо» ба қасди чоплусӣ ба бозмондагони Темур дар «Зафарнома» ҷаъл шуда буд, дар он муқаддима бо тафсили бештар ҷой гирифта, ки хулосаи онро меоварем: «Чун Фирдавсиро назди халифа оварданд, ҳазор байт дар мадҳи халифа изофаи «Шоҳнома» карда, ба арз расонид (!). Халифа мисол фармуд, ки шаст ҳазор динору хилъате ба ў доданд(!). Чун Фирдавсӣ дар Бағдод рахти иқомат биандохт ва китоби «Шоҳнома» - ро халифа ва аҳли Бағдод, ба ҷиҳати он ки мадҳи мулуки Аҷам буду эшон оташпарасту маҷус буданд, айб мекарданд, Фирдавсӣ қиссаи «Юсуф ва Зулайхо» - ро, ки дар Қуръони Маҷид дар як сура мазкур аст, ба назм даровард… Чун қиссаи Юсуф ба арз расонид, халифа ва аҳли Бағдодро бағоят хуш омад ва ба тарбияти ў бияфзуданд».10

Агарчи интисоби «Юсуф ва Зулайхо» ба Фирдавсӣ аксари муҳаққиқонро ба шубҳаю гумон андохта буд, аммо,  тавре ки гуфтем, то аввали асри гузашта, дар радду қабули он имтиноъ меварзиданд. «Саранҷом маълум шуд, ки «Юсуф ва Зулайхо» аз Фирдавсӣ нест. Бад – ин гуна, ки нахуст дар соли 1922 – и милодӣ Маҳмуди Шеронӣ– шоҳномашиноси тезбини ҳиндустонӣ бо муқоисаи сабку забону арзиши ҳунарии шоҳкори Фирдавсӣ бо «Юсуф ва Зулайхо» ва санҷиши азамати шахсияту қудрати андешаву ҷаҳонбинии донои Тўс бо ибтизоли фикру рўҳи гўяндаи ношинохтаи он маснавӣ ва баррасии намунаҳое аз шеваи баёну авсофу мазомину таъбироту таркиботу киноёту ташбеҳоту истиорот дар ду манзума натиҷаи қатъӣ гирифт, ки он маснавии хому беарзиш аз офарандаи шоҳкори ҷовидонии Эрон наметавонад бошад. Дар Эрон ҳам нахустин бор дар соли 1318-и шамсӣ (1939м) устод Абдулазими Қариб бо баррасии муқаддимаи дастнависе аз он манзума эълом кард, ки «Юсуф ва Зулайхо» аз Фирдавсӣ нест. Дар соли 1324-и ҳиҷрӣ (1945м) зиндаёд устод Минавӣ бо баррасии куҳантарин дастнависи китоб, ки орӣ аз афзудаҳои котибон буд, зимни мақолаи муфассали дақиқи дилпазире, натиҷаи қатъӣ гирифт, ки «ин манзумаи сусту сахифу ракику хому пастро нозими бемояе ба номи Шамсӣ барои эҳдо ба Шамсуддавла Абулфавориси Туғоншоҳ – бародари Маликшоҳи Салҷуқӣ баъд аз соли 476 ба назм даровардааст».11

Бояд гуфт, ки дар адабиёти мо Абулмуайяди Балхӣ нахустин касест, ки иқдом ба навиштани достони «Юсуф ва Зулайхо» намуда буд. Пасон, шоир Бахтиёрӣ ин кори ўро идома додааст. Шаҳобиддин Амъақи Бухороӣ (асри 12), Масъуди Ҳиротӣ (дар асри 13), Шоҳини Шерозӣ (дар асри 14) низ ин қиссаро ба назм дароварданд. Ҷомӣ ин кори эшонро дар асри 15 идома медиҳад. Баъд аз Ҷомӣ низ адибон ба навиштани достони «Юсуф ва Зулайхо» ҳиммат мегуморанд. Бадрӣ, Маҳмудбек Солими Табрезӣ, Тазарви Абҳадӣ, Муллошоҳи Бадахшонӣ, Лутфалибеки Озар, Шуълаи Гулпойгонӣ, Ҷавҳари Табрезӣ, Муҳаммад Ширини Балхӣ, Абдусамад Котиби Бухороӣ, Ҷунайдуллои Ҳозиқ ва ғайраро метавон ном бурд, ки ин қиссаро ба риштаи назм кашидаанд. Нозими Ҳиротӣ низ яке эшон аст, ки ин достонро бо фармони Аббосқулихон – ҳокими Хуросон дар пайравии «Юсуф ва Зулайхо» - и Ҷомӣ иншо менамояд. Ин андешаи донишманди муҳтарамро гуфтори Абубакр Зуҳуриддинов низ низ тасдиқ менамояд. Ба андешаи ў, «Юсуф ва Зулайхо»-и Нозим дар таърихи баъдинаи адабиёти тоҷик нақши муҳим бозидааст. Баъди ба вуҷуд омадани як силсила шоирон, ки дар Осиёи Миёнаву Эрон ва чи дар Ҳиндустон монанди Ҷавҳарӣ, Табрезӣ, Ҷунайдуллоҳи Ҳозиқ, Салоҳиддин ва дигарҳо дар пайравии ў достони «Юсуф ва Зулайхо» ва Мулҳами Бухороӣ «Лайлию Маҷнун» навиштаанд, ки дар ин маснавиҳо ҳамон услуби Нозим дида мешавад. Гурўҳи дигари шоирон, монанди Фитрати Зардўзи Самарқандӣ дар «Толибу Матлуб», Исои Бадахшонӣ дар «Мавзун», Масеҳои Бойсунӣ дар «Раъно ва Зебо» Нозимро хеле бо эҳтиром ном бурда, истеъдоди баланди вайро дар маснависароӣ эътироф кардаанд».12

Тавре ки мебинем, пеш аз Ҷомию Нозим ва пас аз онҳо низ шоирони зиёде достони «Юсуф ва Зулайхо» - ро қаламӣ кардаанд, аммо ҳеҷ кадоми эшон ба дараҷаи Ҷомию Нозим шуҳрат наёфтаанд. Бад – ин маънӣ Бертелс дар китоби «Таърихи адабиёти форс – тоҷик» чунин нигоштааст: «Манзумаҳои дигар дар бораи ҳамин мавзуи қуръонӣ, ки аз миёни онон, ба вижа сурудаҳои Ҷомӣ ва Нозими Ҳиравӣ, дар Осиёи Миёна овозае ҳосил кардаанд, ҷоеро бар ин манзума танг карда ва онро дар раддаи дувум қарор додаанд».13

Ногуфта намонад, ки агарчи Нозим дар достони «Юсуф ва Зулайхо» - и худ аз Фирдавсӣ ёд мекунад, гоҳе аз сухани ў мустафид буда нашро ба намоиш мегузорад, аммо дар ҳеҷ ҷои достони худ аз пайравии мустақими худ ба Фирдавсӣ ва достони «Юсуф ва Зулайхо» - и ў хабар намедиҳад, баръакс, дар  пайравии достони Ҷомӣ навишта шудани онро, яъне аз дасти ў «паймонаи номӣ» гирифтани хешро таъкид менамояд. Бад – ин маънӣ, муҳаққиқони осори Нозим низ сареҳан ишора кардаанд. Чунончи, Абўбакр Зуҳуриддинов, ки ба муқоисаи достонҳои «Юсуф ва Зулайхо» - и Фирдавсӣ ва Нозим пардохтааст, гўяд: «Инро бояд қайд кард, ки баъзе олимон, аз ҷумла Эте, Кримский, чунин мешуморанд, ки гўё «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим, асосан дар пайравии маснавии «Юсуф ва Зулайхо» - и Фирдавсӣ сароида шуда бошад, ки мо ба ин фикри муаллифон ҳамроҳ шуда наметавонем. Зеро, чӣ навъе ки дар боло дидем, гуфтаҳои худи шоир инро тасдиқ мекунанд. Дуруст аст, ки Нозим аз «Юсуф ва Зулайхо» - е, ки ба Фирдавсӣ нисбат медиҳанд, хабар дошта, бо  мазмуни достон ҳам шиносо будааст. Аз ин ҷост, ки муаллиф дар се ҷои асараш (на се ҷо, балки панҷ ҷо – Ҷ.С.) Фирдавсиро бо эҳтиром ном мебарад. Аммо шоир дар ҳеҷ ҷои «Юсуф ва Зулайхо» - и худ дар хусуси ба Фирдавсӣ назира гуфтанаш ишорае намекунад».14

Албатта, Нозим аз Фирдавсӣ ва асари ў на танҳо дар достони «Юсуф ва Зулайхо», балки дар осори дигараш, аз ҷумла ғазалу қасидаҳояш низ ба ин ё он сабаб ном мебарад, ишора менамояд. Ин мисолҳо аз ғазалиёти ўянд:

Фирдавсии гулзор, ки булбул лақаби ўст,

Дар хондани «Шаҳнома» - и гул нағмафишон шуд.15

 

Кайхусрави хирад шуда таҳсиннисори мо,

«Шаҳнома»-и сифоти ту ҳар ҷо ки хондаем.16

Гузашта аз ин, Нозим дар қасидаи зер аз авзои бади хеш ва замона сухан дар миён оварда, аҳволи худро ба аҳволи Фирдавсӣ ва ноқадрдонии султони замон аз ў қиёс менамояд ва зимнан аз бемеҳрии «падари хоки Хуросон» даст ба шиква мезанад ва мегўяд:

Гавҳарафрўзи сухан – Нозими баҳрайни хаёлам,

Ки хазафрезаи нутқам кунад иншои ҷавоҳир…

Чӣ аҷаб қадр надонанд гар абнои замонам,

Зеҳни атфол чӣ лаззат барад аз шеъри акобир?

Дар ватан Рустами иқболи сухан зўр надорад,

Дорам ин байт зи «Шаҳнома»-и осор ба хотир.

В – арна ҳар субҳ суӣ шом зи фирдавси Хуросон

Мешавад баҳри чӣ Фирдавсии хуршед мусофир?.. 

Ватан аз ман шуда ганҷинаи анфоси Масеҳо,

Ман дар он лек чу дар бодия ғоратзада тоҷир.

Падари хоки Хуросон ба касе меҳр надорад,

Рашкам ихвони Ҳариро зи чӣ дорад мутағайир.

Насақи мазрааи фитрати ин тоифа ин аст,

Ки фаромўш кунад аз абр, шавад сабза чу носир…17

Ў дар қасидаи дигараш низ, зимни шикоят аз замона ва таъкиди мақоми худ дар суханварӣ на танҳо аз Фирдавсию «Шоҳнома»,балки Анварию Заҳир низ бо тафохур ёд менамояд:

Шамими шаҳпари «Шаҳнома»-и хаёлотам,

Рабуда ҳуш зи Фирдавсиёни хулди барин.

Гирифта аз сухани равшанам забонаи нур

Чароғи Анвариёни сипеҳри иллийин.

Хаёли маънии Маҳмуд чун Заҳирам нест

Чаро намешавадам Санҷари камоли муин…18

Бояд гуфт, ки Нозим яке аз шоирони бузурги миллии мост, ки мисли ҳазорон суханварони дигари тоҷик – форс баъд аз фурупошии давлати миллии Сомониён ҷабру ҷафои чарх, ба вижа аъробу атрокро кашида, дар номуродию нокомӣ бар сар бурда, ҳуқуқи инсонию миллиаш поймолу зери по гардидааст. Лиҳозо, ҳамвора дар саросари осораш аз ғаму андуҳу бахти нагуни худ ва ҳаммиллатонаш нола сар медиҳад, аз абнои замону ҳокимону аҳли ҷабру ҷафо шикоят менамояд. Аз ин рў, Нозим на танҳо руҳи қавии миллӣ дорад, аз аҳли меҳнату бечорагону фақирон дифоъ ва ҳимоят мекунад, яъне мисли Фирдавсӣ аз руҳи шуубӣ бархўрдор аст, балки пайваста ба бегонагону золимону ҳокимони замонаш, ба вижа аъробу атрок, ки кишварашро истило ва халқашро ғулому барда сохта, ба онҳо нописандӣ, беинсофӣ менамоянд, метозад, ба муқовимату набард бармехезад. Ба ин шикоятҳои ў, ки аз аъроб ҳангоми сафари ҳаҷ карда, далел шуда метавонанд. Мо барои намуна қасидаи «Дар мадҳи  ҳокими Басра ва шикояту сахтиҳои сафари Макка» - ро меорем:

Зиҳӣ, номдоре ба номат мусаҷҷал,

Зи номи ту шарҳи бузургӣ мутаввал.

Бар Афросиёбе кашӣ чун балораг

Набинӣ раги гардани Рустами ял…

Маро сайд рўзе, ки дар Басра кардӣ,

Ба эҳсони комил, ба лутфи мукаммал.

Гумон доштам, ки ин шараф дур дорад

Аз ин мухтасар кайдҳои мутаввал.

Зи бими ту бар ман натозад ҳаводис,

Чи бар рўи саҳро, чи бар синаи тал.

Маро баъд аз он золимон «ҳамладор»-е,

Ки кардӣ рухаш рўзро лайлилайл.

Сиёҳдудӣ аз шиддати дузах, аммо

Мулаққаб ба Абдуллоҳ оли Машъал.

Зи ман ноҳифозиш медошт пинҳон

Чу сандуқи бетаҳ, ки бошад муқаффал.

Ба ҳифзаш супурдам ман асбоби худро,

Худи ў кард коре, ки оташ ба ҷангал.

Тиҳӣ кард бо мардумаш хонаамро,

Ки дар хонааш оташ афтад чу манқал.

Маро кард урён ба ҷое ки шайтон

Кунад ҷома он ҷо ба тақвӣ музайял.

Мусулмону сайди ҳарам, ҳошалиллаҳ,

Намеояд аз кофар ин макри муҳийял.

Худо бас, ки маҳрам туро дида, карда

Ба ҳифзи дари хонаи худ муваккал.

Макун раҳзанонро дар ин роҳ раҳбар,

Мадеҳ хоинонро дар ин кор мадхал.

Ғами хоксорон хуру сарварӣ кун,

Ки аълои нахл аст қоим ба асфал.

Дар ин коргаҳ ғофил аз кори давлат

Машав, то расонӣ ба такмили акмал.

Ғараз, давлати туст з-ин гуфтугўям,

Ки бошад ҳусули давомаш муҳассал.

Мабодо ба арзи шаҳи мо расонад

Насими хабар муҷмале з-ин муфассал,

На баҳри ду динор нуқсони молӣ

Задам сикка бар шикваҳои мутаввал,

Ки дуди дили мардуми зулмдида

Димоғи шикеби маро карда мухтал.

В – агарна, ба Қуръони ҳиммат, ки пешам

Чи сад хуша гавҳар, чи як дона хардал.

Дар айвони базми ту ҳангоми рафтан,

Ки шамъаш занад ханда бар ҳафт машъал.

Чу ин сар бароварда будам, ки созам

Ба мадҳи ту тоҷи суханро мукаллал.

Задам нақши ин назму шарманда кардам

Аҷамро зи Саъдӣ, арабро зи Ахтал.

Ба диққат, ба сабр ин ҳумоюн чаманро

Расондам, ки бинӣ биҳишти мухайял.

Зи гулгунаи хуни золимнажодон

Шавад то арўси адолат мушаккал.

Муваффақ ба он шева бошӣ, ки гўяд:

Сипеҳрат сари мулкдорони аъдал.

Расонӣ ситамдидагонро ба мақсад,

Давонӣ ситампешагонро ба мақтал.19

Шоир дар шеъри «Дар мадҳи шоҳ Аббоси дувум ва шикоят аз ситамҳое, ки дар сафари ҳаҷ бар ў рафта» низ аз аъроб ба шоҳ Аббос шиква менамояд:

Дар олами шариати пайғамбар омада,

К–аз роҳи Басра ҳар кӣ ба ҳаҷ меравад, хатост.

Роҳе, ки кас дар ў натавонад намоз кард,

Дар миллати кӣ солики ин раҳ шудан равост?

Арбоби Басра аввал аз инсоф дам зананд,

Бозӣ махўр, ки даъвиашон маҳзи иддаост.

Иқрорашон ба байати инкор додааст,

Паймонашон ба роҳи дурустӣ шикастапост.

Нақди вафои аҳд, ки хушсикка дин аз ўст,

Дар Басраи басирати ин қавм норавост.

З – ин пеш будааст арабро муруввате,

Имрўз дар қабилаи маъдуми кимиёст.

Саршори шири фосиди хавф аст обашон,

Аз донаи шарораташон хок фитназост.

Деги фалак зи мошу биринҷи сабоҳу шом

Холӣ кунанду гурснаанд, ин чӣ иштиҳост?

Гар мири ҳоҷ ҳаҷҷи таматтуъ қазо кунад,

Аз «ҳамладор» ҳамлаи туркона дар қафост.

Гиранд молу теғи ситам бар Аҷам кашанд,

Саҳл аст мол, душмани ҷонанд, ин балост

Ноҳақ нигар, ки аз фуқарои Аҷам ба зўр

Гиранд, ҳар чӣ дораду гўянд ҳаққи мост…

Бечорагони мулки Аҷамро дар ин муҳит

Аз дасти нохудоияшон кор бо Худост.

Танҳо на з – ин гурўҳ дили ман сиёҳ шуд,

Пайғамбар он кашид, ки ойинаи Худост.

Қуръон хабар диҳад зи нифоқи шадидашон,

Беҳуда нутқи ман ба шикоят сухансарост.

Ин аст агар сулуки араб, баъд аз ин ба ҳоҷ

Гулдастаи маносики ҳаҷ бар сари адост.

Имсол ин ситам, ки араб кард бар Аҷам,

Бурҳони норизоиии фарзанди Муртазост.

Аббос-шоҳи аъзами шоҳон, ки дар умур

Як дасти давлаташ қадару дигаре қазост…

Дорам умеди он ки мусаххар шавад туро

Мағрибзамин, ки машриқи анвори анбиёст.

Ҳукмат тиҳӣ кунад зи арфа роҳи Каъбаро

К –ин роҳи дур дарҳам аз ин қавми каҷадост...20

Лозим ба ёдоварист, ки Нозим руҳи шуубии худро на танҳо нисбат ба аъроб, балки атрок низ дар осораш мунъакис карда. Ў аз туркисароии удабою вазъи ноҳиҷор ва фазои номуносиби шеъру адаби тоҷик – форс, ба вижа забони тоҷикӣ, дар асри хеш чунин изҳори нигаронӣ мекунад:

Шоир акнун ғайри туркӣ нашнавад аз шеърсанҷ,

Гар кунад иншои феъли тозӣ аз ҳарфи дарӣ.21

Зимнан, Нозим дар осораш борҳо аз турку тоҷик сухан мегўяд. Хусусан дўстию ҳамкории эшонро мутаранним мешавад:

Қадимӣ маҳрамон аз турку тоҷик

Қадамфарсо ба хидматҳои наздик.22

                       ***

Зи гесўяш димоғи шона торик,

Чу дар шеъри Навоӣ фикри тоҷик.23

Хулоса, Нозим дар достони «Юсуф ва Зулайхо» - и хеш панҷ бор аз Фирдавсӣ ва «Шоҳнома» ёд менамояд. Лиҳозо, зоҳиран чунин менамояд, ки ў дар ин асараш ба «Юсуф ва Зулайхо» - е, ки ба номи Фирдавсӣ бастаанд, пайравӣ кардааст. Аммо мутолиа ва муқоисаи достони «Юсуф ва Зулайхо» - и Ҷомӣ бо «Юсуф ва Зулайхо» - и Нозим ва иқрори худи шоир нишон медиҳад, ки ў ин маснавиро асосан дар пайравии Ҷомӣ навиштааст. Аммо бо ин ҳама, вай ба «Юсуф ва Зулайхо» - е, ки мансуб ба Фирдавсӣ медонистаанд, ошноӣ доштааст ва дар чанд маврид аз ин достон суд ҷустааст. Гузашта аз ин, Нозим аз «Хамса»-и Низомӣ низ бехабар ва бебаҳра набудааст. Хусусан аз достонҳои ишқии ў – «Хусраву Ширин», «Лайлӣ ва Маҷнун» дар ин маснавӣ фоида бурдааст. Мо инро аз гуфтори худи шоир, ки дар достони «Юсуф ва Зулайхо» - и худ овардааст, мефаҳмем ва эҳсос менамоем. Ниҳоят, Нозим ба «Шоҳнома» - и Фирдавсӣ на танҳо ошно, балки алоқаи хос доштааст. Воқеан, ёдкардҳои ў аз Фирдавсӣ, «Шоҳнома» ва қаҳрамонону паҳлавонону шахсиятҳои он дар девонаш шоҳиди гуфтаҳои мо метавонанд буда бошанд. Ба ин абёт мутаваҷҷеҳ шавед:

Ба иқболи ў Зол Рустамшукуҳ,

Зи тамкини ў пушти Эрон ба куҳ.24

                       ***

Гар тавонӣ Рахши ҳиммат тохт дар майдони фақр,

Шаст бар Доро гушоӣ, теғ бар қайсар кашӣ.25

                         ***

Дафъи Заҳҳоки фитна чун накунад,

Шоҳи машраб кам аз Фаридун нест.26

 

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

адабиётшинос

Пайнавиштҳо:

  1. Нозими Ҳиротӣ. Осори мунтахаб. –Душанбе: Адиб, 1987. –С. 243 – 244.
  2. Ҳамон ҷо. –С.241.
  3. Ҳамон ҷо. –С.246.
  4. Ҳамон ҷо. –С.371.
  5. Ҳамон ҷо. -С.382.
  6. Ҳамон ҷо. –С.393.
  7. Ҳамон ҷо. –С.235.
  8. Нозими Ҳиротӣ. Ашъори мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1967. –С.329.
  9. Муҳаммадамини Риёҳӣ. Фирдавсӣ. – Душанбе: Шуҷоиён, 2010. –С.138.
  10. Ҳамон ҷо. –С.141 – 142.
  11. Ҳамон ҷо. –С. 139.
  12. Нозими Ҳиротӣ. Осори мунтахаб. –С.21.
  13. Евгений Эдуардович Бертелс. Таърихи адабиёти форс – тоҷик. –Душанбе: Эр – граф, 2015. –С.268.
  14. Абдураҳмони Ҷомӣ. Маҷмуаи мақолаҳо. –Душанбе: Ирфон, 1965. –С.162.
  15. Девони Нозими Ҳиротӣ. –Машҳад, 1374. –С.240.
  16. Ҳамон ҷо. –С.330.
  17. Ҳамон ҷо. –С.799 – 801.
  18. Ҳамон ҷо. –С.748.
  19. Ҳамон ҷо. –С.809 – 812.
  20. Ҳамон ҷо. –С.813 – 816.
  21. Ҳамон ҷо. –С.763.
  22. Нозими Ҳиротӣ. Ашъори мунтахаб. – С.163.
  23. Ҳамон ҷо. –С.138.
  24. Девони Нозими Ҳиротӣ. – С.551.
  25. Ҳамон ҷо. –С. 398.
  26. Ҳамон ҷо. –С. 139.
Хондан 326 маротиба