JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 10 Октябри 2024 12:56

Адабиёт – виҷдони бедори худшиносии миллӣ

Муаллиф: Шодимуҳаммад Суфизода

   Истиқлоли давлатӣ ҳамчун оғози марҳалаи нави ташаккули миллати тоҷик муҳаққиқону мутахассисони соҳаи илму фарҳангро водор менамояд, ки арзишҳову суннатҳои  миллиро ҳифз намуда, дар роҳи эъмори ҷомеаи пешрафтаи дунявӣ тамоми талошу кӯшиши худро садоқатмандона сарф намоянд. Барои устувор кардани пояҳои давлати миллӣ бояд аз мероси гузашта ва имрӯзаи фарҳанги пурбору куҳани тоҷикон ончунон кор гирифт, ки андешаи ваҳдати миллӣ, муҳаббат ба Ватан, ҳифзи дастовардҳои истиқлол, ваҳдату худшиносии миллӣ дар саросари ҷомеа таъмин гардад. Ба таъбири Пешвои муаззами миллат, «ин рисолати бузурги ҳамаи афроди бедори Ватан ва қабл аз ҳама, зиёиёни кишвари азизамон мебошад. Аз ин рӯ, зиёиёни моро зарур аст, ки пайваста дар сафи пеши созандагӣ, эҳёи арзишҳои милливу инсонӣ ва густариши илму маърифат қарор дошта бошанд. Зиёиёни мо бояд ифтихор намоянд, ки замона ба дӯши онҳо вазифаи боифтихори ташаккул ва рушд додани афкори ҷомеаро гузоштааст» [4].

  Мафҳуми «адабиёт» ба ҳама осори навишташуда гуфта мешавад – аз матнҳои адабӣ то асарҳои илмии техникию табиатшиносӣ ва улуми ҷамъиятшиносӣ. Аммо ин истилоҳ маъмулан дар робита ба асарҳои бадеии манзум ва мансур, драма, очерк ва анвои дигари мутун, ки натиҷаи тахайюли бадеӣ ва оганда аз забони ҳунариянд, ба кор бурда мешавад. Ҳар асаре, ки дар он баёноти эҳсосӣ дар бофтаҳои бадеӣ бартарӣ дорад, моли адабиёт аст. Сарчашмаи адабиёт зиндагист, аз воқеият ва ҳастӣ илҳому ғизо мегирад ва достони зиндагиро тасвир мекунад. Майдони таҷаллии адабиёт ҳаёти ҷомеа, урфу одатҳо, фарҳанг, муносибатҳои иҷтимоӣ ва ҳамаи он чиро, ки ба ҳастии инсон пайванд мехӯрад, фаро мегирад. Адабиёт ҳамчун оинаи тамомнамои воқеият ва бозтобдиҳандаи ҳодисаҳоест, ки дар дохили ҷомеа рух медиҳанд. Зуҳури ҳар асари адабӣ тасодуфӣ нест, ба замони худ пайванди мустақим дорад.

Пайваста ошӯбзадаву бурҳонӣ шудани муҳити сиёсию иҷтимоии сайёра ва бархӯрди харобиовари арзишҳои фарҳангӣ тақозо мекунанд, ки битавонем бо роҳи омӯзиши амиқи мероси адабию фарҳангии гузаштаву имрӯза ҳама гуна эҳтимолоти зиёну зарар ва хавфу хатару таҳдидҳоеро, ки боиси изтиробу нооромии ҷомеа мешаванд, ба осонӣ бартараф бикунем.

Адабиёт бо ҷомеа ҳамеша дар робитаи наздику устувор будааст. Адиб як мавҷуди иҷтимоист, ки дар ҷомеа тарбияву таълим гирифта, бузург шудааст ва дар осори ӯ воқеаҳои рӯзгор рангу бӯйи хос дорад. Пайванди адабиёт бо ҷомеа чунин маъно дорад, ки аз як сӯ, ҳаёти воқеии ҷомеа адабиётро ба вуҷуд меоварад ва аз сӯйи дигар, адабиёт ба зиндагию ҷаҳонбинии афроди ҷомеа таъсир мерасонад, зеро ҷаҳонбинии адиб ва афкори ӯ мутобиқ ба муҳит ва ҳолоти ҷомеа  шакл мегирад ва дар сурати ҳунарӣ дар осори ӯ бозтоб меёбад.

Адабиёти беш аз панҷҳазорсолаи мо ҳамвора ҳамчун виҷдони бедори худшиносии миллию фарҳангии мо будааст. Дар ҷаҳонбинии тоҷикон адабиёт, бавежа шеър, ҳамеша аз густараи зебоишиносии хеш берун рафта, ҳамаи соҳаҳои зиндагиро фаро гирифтааст. Шеъри порсии тоҷикӣ дорои донишҳои фалсафӣ, асотирӣ, таърихӣ, сиёсӣ, ҳунарӣ ва ирфонист. Ҳамин пурбории адабиёти порсии тоҷикист, ки таърихи пурифтихори гузаштаи моро ба ояндагон интиқол додааст. Аз ин рӯ, адабиёт авроқе хомӯшу беҷони иборат аз каломи бадеъ нест. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Адабиёт инъикос-кунандаи фарозу нишебҳои иҷтимоию фарҳангии ҷомеа, бозтобкунандаи бовар ва расму оини мардумони он дар давраҳои гуногун будааст. Авзои иҷтимоии ҳар марҳалаи таърихиро  дар адабиёти он давра метавон омӯхт.

Инсон ҳамвора пеши худ суол мегузошт: Зиндагӣ чӣ маъно дорад? Ман барои чӣ зода шудаам? Ишқ чист? Мақсад аз офариниши чист? Ва суолҳои бешумори дигар. Агар ба замони пайдо шудани ин гуна пурсишҳо дар таърихи башарият нигоҳе иҷмолӣ афканем, хоҳем дид, ки ниёзҳои отифию маърифатӣ, печидагию душвориҳо ва хастагиҳову хостаҳои равонии инсон онҳоро ба вуҷуд овардааст. Адибони барҷастае чун Абулқосими Фирдавсӣ, Носири Хисрав, Умари Хайём, Ҷалолиддини Балхӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Уилям Шекспир, Виктор Ҳюго, Лев Толстой, Фёдор Достоевский, Габриэл Маркес ва даҳҳо адиби дигар заҳамоти зиёде кашиданд, то аз умқи андешаву эҳсосот ва нохудогоҳи инсон арзишҳои бунёдиеро кашф намуда, тавассути он ба бисёре аз суолоти мушкилоти муҳимми аҳли башар посух гӯянд. Адиб ва суханвар дар натиҷаи ба тасвири бадеӣ кашидани саргузашту рӯзгори инсонҳо ба гӯшаҳое аз ҷаҳони ботинии онон даст меёфт, ки ҳатто улуми инсоншиносӣ ба дарёфти он муваффақ нашудааст. Кашфиёте, ки Мавлоно дар «Маснавии маънавӣ», Саъдии Шерозӣ дар «Гулистон», У. Шекспир дар «Ҳамлет» ва «Шоҳ Лир», Ф. Достоевский дар романҳои «Бародорон Карамазовҳо», «Аблаҳ», Лев Толстой дар ««Анна Каренина», «Ҷангу сулҳ», Содиқи Ҳидоят дар «Буфи кӯр», устод Айнӣ дар «Марги судхӯр», «Одина», «Ёддоштҳо», Эрнест Ҳемингвей дар «Мӯйсафед ва баҳр» ва даҳҳо суханвари дигар заҳамоти зиёде кашиданд ганҷинаи бебаҳои маънавии аҳли башар аст. Аз ин рӯ, бо қотеият метавон гуфт, ки осори адабӣ васила ва сомонаи гаронмояву нафисест, ки дар тамоми тули таърих ба ҷамъияти башарӣ хидматҳои беназире кардааст. Бавежа дар замони муосир таҷрибаҳои андӯхтаи суханварон аз анъанаҳои адабии пешин, такомули равандҳои адабӣ, густариши зарфиятҳои забонӣ ва жарфоиши андешаи инсони муосир адабиётро ба дигаргуниҳои моҳиятӣ дучор кардааст. Хонандаи муосир, бо вуҷуди саргармиҳову сардаргумиҳои рӯзгор ҳанӯз ишқу алоқа ба адабиёт дорад, ҳамвора дасти ниёзу иштиёқ ҷониби он дароз мекунад ва ба умеди хондани осоре ҳаст, ки машъалу роҳнамои фурӯзон ва ёру ёвари некуи ӯ дар роҳи пурпечутобу камошнои замони пасомодерн бошад. 

Адабиёти бадеӣ беҳтарин ва таъсирбахштарин маҷмуаест, ки метавонад таърихи пурмоҷарои миллатро бо тамоми пирӯзиҳову нокомиҳо ва ситаму озорҳое, ки дар тӯли таърихи хеш кашидааст, таҷассум карда, арзиши воқеии истиқлол ва ҳувияти миллии имрӯзаи кишварро ба тасвири бадеӣ бикашад ва ба ин васила дар қалбу андешаи ҳар фарди ин зодбуми куҳан оташи ишқу алоқаро ба бунёдитарин арзишҳои муқаддаси ватандорӣ барафрӯзад.

Дар замони муосир, махсусан, дар шароите, ки бархӯрди арзишҳои гуногуни фарҳангӣ торафт шиддат мегирад, шоиста нест, ки мо мазмуни асосии адабиётро, ки инсон аст, нодида бигирем, зеро танҳо ҷаҳони густардаву пуртазоди инсони муосир аст, ки сатҳи ҷаҳонбинии адиб ва тавоноиҳои халлоқияти ҳунарии ӯро месанҷад. Адиб чӣ гуна воқеияти имрӯзро ҳунармандона тасвир кунад, ки ба завқу дарки хонанда мувофиқ бошад? Зиндагӣ комилан дигар шудааст, сабки шеваи зистан тағйир пазируфтааст. Мантиқан ин дигаргунӣ сабку шеваи ҷадиди шоирӣ ва ҳикоят карданро бояд дигар бикунад. Оё адиби имрӯзаи тоҷик дигар шудааст ё ҳамон «Аҳмади порина» аст?  То чӣ андоза нубуғи табиии суханвар, ки дар мактаби адабии пешиниёни хеш ҳунари сухангустарияш сайқал хӯрдааст,  ӯро ба сӯйи навпардозию тозаҷӯӣ савқ медиҳад ва ҷасорат мебахшад, то чаҳордевори баланду мустаҳками суннатҳои адабиро бишканад ва бо диде ва сабке тоза ба ҷаҳони нави инсон ва ҷомеаи ӯ ворид гардад ва онро воқеъбинона, ҳамон гуна ки ҳаст, бозофаринӣ кунад. Дар чунин вазъият аҳли адаб наметавонад тағйиротеро, ки дар арзишҳои инсонӣ, муҳити иҷтимоӣ, робитаи рӯйдодҳо бо замону макон, таҳаввулоту дигаргуниҳо дар адабиёти ҷаҳон, ки амалан пайомад ва инъикоси муносибату вобастагии инсон ва ҷаҳон аст, нодида бигирад.

Агар ба таърихи адабиёти порсии тоҷикӣ аз ибтидо то имрӯз назари гузаро афканем, хоҳем мушоҳида кард, ки дар замони тасаллути саросарии забони арабӣ дар сарзамини мо ба эҷоди ҳамосаи беҳамто – «Шоҳнома» иқдом намудани Абулқосим Фирдавсӣ беҳикмат набудааст. Ин донишномаи тамомнамои корзори боифтихори миллат, аз як тараф, саргузашти пурифтихори тоисломии миллат, расму оину асотир, тасвири фазои иҷтимоию таърихии замон ва аз ҷониби дигар, муҳити отифию ҳассоси ҷомеа, муҳаббат ба меҳан ва забони модарӣ, худшиносии миллӣ, руҳия ва диди зебоишиносонаи онро дар замоне ба намоиш гузошт, ки ҷунбишҳои миллии мардумони Хуросони Бузург бар зидди истилогарон сартосари он марзу бумро фаро гирифта буд. Ҳар саҳифаи он саршор аз шинохти хосу зебоишиносона ва донишҳоест, ки аз қалби ҳассосу чашми нозукбину андешаи латифу зарифи суханвар берун омадааст. Ин гуна маълумотро аз осори илмӣ, рисолаҳои таърихӣ ё фалсафӣ наметавон пайдо кард. Бозтоби равшани авзои иҷтимоии ҳар давраро дар адабиёти бадеии он давра метавон дарёфт.

Адиб як мавҷуди иҷтимоист, ки таҳти таъсири ҷомеа қарор мегирад ва ин таъсир дар осори ӯ ранг бӯйи хосе дорад. Пайванди адабиёт бо ҷомеа чунин маъно дорад, ки аз як тараф, ҳаёти воқеии ҷомеа адабиётро ба вуҷуд меоварад ва аз ҷониби дигар, адабиёт ба зиндагию ҷаҳонбинии афроди ҷомеа таъсир мерасонад, зеро ҷаҳонбинии адиб ва афкори ӯ мутобиқ ба муҳит ва ҳолоти ҷомеа  шакл мегирад ва дар осори ӯ инъикос мешавад.

Аз ин рӯ, адабиёти бадеиро метавон бо риояи усулҳои шинохтгароии адабӣ (Literary Cognitivism) ҳамчун санади илмӣ ва таърихӣ ҳисоб кард. Тапиши қалби ҷомеа дар матни бадеӣ таҷассуми бештар меёбад. Cарфи назар аз он ки матни адабӣ дар чӣ навъу шаклу ҷинси адабие офарида шудааст, дониш, биниш ва бардошти муаллифи онро аз воқеияти рӯзгор инъикос мекунад. Дар ин навъ матн вожагон ончунон аз назари ҳунарӣ ороставу пероста ҳастанд ва дебои зебои ҳунарӣ ба бар кардаанд, ки то ҳамеша дили хонандаро мерабоянду руҳу завқашро шодию оромиш мебахшанд ва ба донишу таҷрибаҳои андӯхтааш чанд баробар меафзоянд.

Адабиёт дар тарбияи инсон, такомули шахсияти вай, шинохти ӯ аз неку бад, сайқал додани завқи зебоишиносии ӯ аҳаммияти вежа дорад. Адабиёт ба шахс имкон медиҳад, ки аз нигоҳи дигар ба ҳақиқати зиндагӣ бинигарад, аз ҷаҳони мутанаввеъи одамон огоҳ гардад, ахлоқро биомӯзад, аз таҷрибаи дигарон баҳра бигирад. Адабиёт дарвозаеро бар рӯйи инсон боз мекунад, ки бо гузаштан аз остонаи он ба ҷаҳоне комилан дигари саршор аз таҷормуби зиндагии дигаргуна ва саргузашти пурмоҷарои инсонҳо ворид шуда, шинохти ӯро аз ҳаёт бештар мекунад.

Адабиёт мактаби бузурги таълиму тарбия аст, инсонро аз падидаҳои зиште мисли хушунат, ифротгароӣ, душманӣ бо тамаддуни муосир, бегонаситезӣ, ифротгароии динӣ, инсонбадбинӣ ва дигар олудагиҳои фикрӣ бо змедорад. Тухми зиёновари нафрат ва бадбинӣ, азхудбегонагӣ ва тангназариҳои диниро, ки аз тарафи ҳар гуна ҳаракатҳои ба ном «динӣ» ва «мазҳабӣ» ба воситаи шабакаҳои ҷаҳонии таблиғотии гурӯҳҳои исломии ифротгаро дар тафаккури инсонҳо кошта мешавад, метавон аз тариқи бакоргирии дурусти мероси адабӣ дар фаъолиятҳои фарҳангӣ  барчид.

Адабиёт ба монанди рӯзгори мо падидаи зиндаву доим дар таҳаввулу ташаккул аст. Аз ин рӯ, он ҳамвора сухани тоза аз рӯзгори рангини мардум мегӯяд. Чун рӯзгорони гузашта  бидуни тағйироте бунёдӣ оҳиста-оҳиста ҷараён дошт, адабиёт низ дар қолабҳои суннатии хеш такомул ва ташаккул меёфт. Аммо ҷаҳони имрӯз дигар аст. Технологияҳои муосири пешрафтаи иттилоотӣ, ки қаблан касе тасаввурашро надошт, чунон рангу рӯзгорони моро дигар кардаанд, ки дар як они воҳид садҳо хабару иттилоъ, навоварию навпардозӣ вориди зиндагии ҷомеа мешаванд ва диду дарёфт, шинохту маърифати инсонро вусъате бештар мебахшанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш пайваста таъкид мекунанд, ки «дар баробари ифтихор доштан бо ин мероси пурғановат ба ҳар яки мо зарур аст, ки онро амиқ омӯзем, ҳамаҷониба таҳқиқ кунем ва барои тарбияи ахлоқию фарҳангии наврасону ҷавонон васеъ истифода намоем. Зеро омӯзишу таҳқиқ ва тарғиби эҷодиёти ниёгони некноми мо беҳтарин восита ва пули пайвандкунандаи гузашта бо имрӯз мебошад. Ба имрӯзиён фаҳмонидани моҳияти аслӣ ва арзиши офаридаҳои ҷовидонии гузашта роҳи бисёр муассири ба камол расонидани насли ояндаи бедору ҳушманд ва худшиносу худогоҳ ба ҳисоб меравад» [6].

Ҳақиқатан, варақ андар варақи осори адабии гузашта ва имрӯзаи мо афкори муфиду судбахше роҷеъ ба ҷанбаҳои фалсафӣ, фарҳангӣ, равонӣ ва иҷтимоии худшиносии миллӣ ва муҳаббат ба Ватан пайваста таъкид шудааст. Метавон гуфт, ки адабиёти порсии тоҷикӣ аз оғози пайдоиш то имрӯз ҳамвора дар тавлид, парвариш ва тақвият бахшидан ба худшиносии миллӣ хидмат кардааст. Аз ин рӯ, адабиётро метавон ҳамчун воситаи асосии таблиғи арзишҳои асили инсонӣ ва абзори муассире барои эҳёи ҳувияти миллӣ истифода бурд, зеро дар он расму ойинҳо, боварҳо, ақидаҳои фалсафию динӣ, андеша ва ғояҳои миллат инъикос ёфтаанд. Омилҳои ташкилкунандаи ҳувияти миллӣ беш аз манобеи дигар дар осори адабӣ инъикос ёфтаанд. Истифодаи чунин мазомин метавонад нақши  бузургу таъсирбахшандае дар бедор кардан ва тақвият бахшидани ҳувияти миллӣ иҷро намояд. Ин бахши муҳимму пурбори фарҳанг макони тавлиди андешаҳои бузургу сутурги суханваронест, ки бо мантиқи қавии баён ва сеҳрофаринию дилнишинии каломи хеш падидаҳои иҷтимоию сиёсии миллатро дар анвоъу қолабҳои гуногуни адабӣ арза доштаанд. Ин шоҳкорҳои ҷаҳонии арзишманд, ки дар жанрҳои ғиноӣ, таълимӣ ва ҳамосӣ офарида шудаанд, дорои матолиб ва мадорики муҳимми ҳувиятсозе мебошанд. Агар дар жанрҳои ғиноӣ ҳувияти «ман»-и фардӣ бозтоб ёбад, дар осори таълимӣ шинохт ва бозсозии ҳувияти иҷтимоии шахс сурат мегирад ва дар осори ҳамосӣ, ки таърихи пурмоҷарои муборизаҳову қаҳрамониҳои миллиро фаро мегирад, муҳаббат ба хоку буми ватан, эҷоди ҳувияти миллию фарҳангӣ инъикос ёфтааст. Ба ин маънӣ «Шоҳнома»-и Фирдавсиро метавон дастур ва роҳнамои асосӣ барои таҳкими андешаи миллӣ ва густариши афкори фарҳангию иҷтимоӣ ва фалсафию таърихи миллат шумурд.

Бо вуҷуди он ки дар тӯли таърих минтақаҳои мухталифи сарзамини паҳновари мо бо номи Варазрӯдон пайваста таҳти ҳукуматҳои бегона буда, мардумони он равобити хубе бо ҳам надоштанд, ҳамбастагӣ ва ягонагии миллии хешро ба воситаи забони ягонаи тоҷикӣ ва адабиёту фарҳанги ягона ҳифз намуданд. «Ба ин маънӣ, забони давлатӣ, бешубҳа, таҷассумгари таърихи пуршебу фарози халқи куҳанбунёди тоҷик мебошад. Зеро забони ҳар қавму миллати дунё ёдгории маънавиест, ки дар тӯли асрҳо ҳамроҳ бо наслҳои худ аз мушкилоту монеаҳои гуногун гузаштааст» [3]. Танҳо мероси адабӣ ба забони ягона буд, ки сарфи назар аз мансубияти он ба ҳукуматҳои алоҳида, ҳамчун арзишмандтарин мероси адабию миллӣ аз ҷониби тамоми халқияту миллатҳои қаламрави забони порсии тоҷикӣ пазируфта мешуд. Ҳар падида ва навоварие, ки дар заминаи шеъру адаб рух медод, фавран дастраси тамоми қалаврави фарҳанги порсии тоҷикӣ мешуд, ки далели боэътимоду раднопазири ягонагӣ ва ҳувияти миллии халқи тоҷик буд. Бар ин мабнӣ адабиёти форсии тоҷикӣ комилтарин ва дақиқтарин манбаест, ки ҳувияти миллии моро дар худ хеле равшану возеҳ инъикос кардааст. Дар маҷмӯъ, метавон изҳор дошт, ки афкори баландпояву инсондӯстонаи суханварону андешамандони гузашта, ки дар жанрҳои манзуму мансур сабт гардидааст, дар бозшинохти ҳувияти милии мо нақши боризе дорад. Ҳамон тавр, ки С. Ятимов дар мақолаи пурбори хеш таъкид меварзад: «Моҳияти ҳақиқии адабиёт ва фарҳанги асил тараннум ва ҳимояи манфиатҳои миллат аст. Адабиёти тоҷик – дар тӯли асрҳо комилан адабиёти майдони мубориза буд. Ҳатто дар асарҳои лирикии он оҳанги иҷтимоии озодандешӣ, хирадпазирӣ, ақлсолорӣ, хурофотситезӣ, мазаммати шадиди тавбафармоёни дурӯяи хилватамал бо қотеият садо медод. Хусусияти озодманишии ин адабиёт тавонист принсипи миллии тоҷикиятро дар ниҳоди мардум ҷой кунад, ба воя расонад, ҳифз намояд. Муносибати аслии мардумиро ба тарзи ҷаҳонбиние, ки нафаси андешаро дар қафас ҳам гулӯгир мекунад, муайян кард. Дар гаҳвора нигоҳ доштани девонҳои Ҳофиз, Бедил, »Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолиддини Румӣ ҳамчун китобҳои муқаддас – умеди нигаҳдорӣ ва тарбияи ҷигарбанди одамӣ, бо тарзи тафаккури озодагӣ, маърифатпарварӣ ва адолатхоҳӣ аз анъанаҳои воқеии иҷтимоии ин адабиёт буд» [7, 23].

Дар байни ин аҷноси адабӣ ҳамоса ҷойгоҳи хосе дорад. Ҳамоса сурудаест, ки дар худ рӯҳ ва андеша, орзу ву ормонҳои миллии халқро инъикос мекунад. Дар ин гуна осор таърихи куҳани қаҳрамониҳову фидокориҳои миллат барои марзу буми хеш ҷомаи бадеӣ ба бар карда, падидаҳои ахлоқии низоми иҷтимоӣ, ҳаёти сиёсӣ ва дидгоҳҳои фалсафию эътиқодии гузаштагонро инъикос кардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ – ҳамосаи миллии моро чун беҳтарин дастур барои тарбияи ҳувияти миллии ҷомеа метавон истифода кард. Ба гуфтаи Исломии Надӯшан: «Агар «Шоҳнома» намебуд, як диди ҷаҳоншумул нисбат ба зиндагӣ, ки фориғ бошад аз ифтироқҳои қавмию забонию оинӣ, дар тафаккури эронӣ роҳ намеёфт, ки инсоният инсонро ба доду диҳиш бишиносад ва бигӯяд: «Ту доду диҳиш кун, Фаридун туӣ» ва он гоҳ ба Мавлавӣ бирасад, ки бигӯяд: «Ҳамдилӣ аз ҳамзабонӣ беҳтар аст» ва сипас ба Саъдӣ, ки ёдоварӣ кунад: «Банӣ одам аъзои якдигаранд»… вақте Ҳофиз гӯяд: «Мабош дар паи озору ҳар чӣ хоҳӣ, кун // Ки дар тариқати мо ғайр аз ин гуноҳе нест» ва бад-ин гуна қалами бутлон мекашад бар ҳамаи амру наҳйҳо...» [2, 27-32]. Воқеан, «Шоҳнома» донишномаи таъриху фарҳанг ва адаби пурифтихори тамоми ақвоми ориёӣ буда, ҳамаи марҳалаҳои зиндагонии ориёиёнро, ки саршор аз шодию нишот, орзуву ормон, шигифтию андӯҳ, муҳаббат ба меҳану нафрат ба душман, поси некию нописандии зиштӣ ва ғайра будааст, дар достонҳову қиссаҳои худ инъикос кардааст. Ин ҳамосаи  беназир бар иловаи тасвири шуҷоату далерии қаҳрамонони миллӣ, ки ҳамвора дар ҳимояи марзу буми ватани хеш будаанд, маҷмуи расму оини мардумони Хуросони бузургро бо ҳарорати баланди ватандӯстона ва маҳорати бемисли шоирона ба риштаи назм даровардааст. Аз ин рӯ, «Шоҳнома» шоҳасарест, ки ягонагӣ ва иттиҳоди рӯҳии мардумонро дар мубориза бар зидди ақвоми истилогар барои ба даст овардани озодӣ ва истиқлол бо тамоми шукӯҳмандию ҷалолати сухан ба тасвир кашида, дар паҳлӯи ин мазомин расму оинҳои мардумию динӣ ва иҷтимоию ахлоқии гузаштагони моро бо тамоми ҷузъиёти он ба тасвир кашидааст. Ҳамзамон дар ин ҳамосаи пурмоя беҳтарин лаҳзаҳои шодию сурур, айшу нишот ва мубоҳисаҳои пурдоманаи фалсафию динии гузаштагон таҷассум гардидааст. Ин китоби мумтозу беқиёсро метавон чун беҳтарин сарчашма ва дастури раҳнамо барои ташаккули ҳувияти миллӣ мавриди омӯзиши васеъ қарор дод. Бефоида нахоҳад буд, агар аз ёд донистани як ё якчанд достони «Шоҳнома» дар рӯйхати адабиёти тавсияшаванда дар ҳамаи номинатсияҳои озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» шарти асосӣ бошад.

Адабиёти давраи истиқлол то андозае зодаи вазъи таърихии замони хеш аст. Тағйироти сиёсию иҷтимоие, ки дар ҷомеа ба вуҷуд омад, сабаб шуд адибоне, ки қаблан дар бораи масъалаҳои иҷтимоию сиёсӣ наменавиштанд, ба чунин мавзуъҳо рӯй биоваранд. Як идда адибон ба навиштани осори адабӣ дар жанрҳои таърихӣ пардохта, дар бораи гузаштаи таърихии миллӣ асарҳо офариданд. Ба ин васила адабиёт вазифаи иҷтимоии худро, ки ба ҳеч ваҷҳ наметавонад фурӯ гузорад, аз нав ба уҳда гирифт. Чунон ки Жан Пол Сартр мегӯяд «навиштан шакли сонавии амал аст», адибон тибқи мантиқи раванди адабиёт мебоист камари ҳиммат баста, ба инъикоси воқеияти давр мепардохтанд.

Чунонки пештар ишора шуд, ҳар асари бадеӣ қабл аз он ки баёнгари ҳолоти ботинии муаллифи он бошад, дар бештари мавридҳо вазъияти иҷтимоию фарҳангии ҷомеаеро инъикос мекунад, ки адиб дар он парвариш ёфтааст. Баррасии тамоми равандҳои адабӣ дар робита бо вазъияти замон кори хеле тӯлонист, ки равшан кардани он дар доираи мақолаи мазкур ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, танҳо ба чанд мисоли мухтасар роҷеъ ба давраҳои шукӯҳманди таърихи худшиносии тоҷикон, ки дар устувор кардани пояҳои забону адабиёти миллии мо саҳми беназир гузоштаанд, ишораи гузаро мекунем.

Ин ҳаракат бо талошҳои пайгиронаи Имом Абуҳанифа дар роҳи ворид кардани забони форсии тоҷикӣ ба русумот ва маносики дини ислом оғоз ёфт, ки минбаъд яке аз асосҳои сиёсати давлати Сомониён гардид. Бо амри амирони миллатдӯсту меҳанпарвари сомонӣ тарҷима шудани рисолаи «Ас-саводу-л-аъзам»-и Абулқосим Исҳоқ ибни Муҳаммад Ҳакими Самарқандӣ, машҳур ба Ҳакими Самарқандӣ ва Абулқосим Ҳакими Самарқандӣ (874-956), ки дар усули ақоид ва каломи мазҳаби ҳанафӣ нигошта шуда, яке аз қадимтарин намунаҳои насри порсии тоҷикӣ маҳсуб мешавад. Ҳамчунин тарҷимаи рисолаи машҳури Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ бо номи «Таъриху-р-русул-ва-л-мулук» («Таърихи паямбарон ва подшоҳон») ба забони порсии тоҷикӣ  ба амри Мансур ибни Нӯҳи Сомонӣ аз ҷониби Абуалӣ Муҳаммад ибни Муҳаммади Балъамӣ (ваф. байни солҳои 992-997) – муваррих, адиб ва ҳамчунон вазири хонадони Сомониён, бино бар ахбори «Муҷмалу-т-таворих» соли 963 оғоз гардида, ҳудудан даҳ сол идома ёфт [1], ки ба унвони «Тарҷимаи Таърихи Табарӣ» ё «Таърихи Табарӣ» шинохта шуд. Чун Балъамӣ матолиби бисёреро аз манобеи гуногун ба тарҷимаи хеш илова кард, таҳрири наве аз он рисола падид омад, ки баъдан бо номи «Таърихи Балъамӣ» шуҳрати густардае ёфт. Ин таърихнома аз қадимтарин замон оғоз гардида, то даврони муаллифи он идома меёбад. Китоби дигари арзишманди Муҳаммад ибни Ҷарири Табарӣ «Ҷомеъу-л-баён ан таъвили-л-Қуръон» яке аз куҳантарин ва ҷомеътарин тафосири Қуръон ба забони араби аст. Тарҷимаи порсии тоҷикии он ҳамчунон ба амри амир Мансур ибни Нӯҳ ва дар асоси фатвои як гурӯҳ олимону фақеҳони мовароуннаҳрӣ ва ҳамкории бевоситаи Абулфазли Балъамӣ сурат гирифт, ки бо номи «Тафсири Табарӣ» ё «Тафсири Кабир» дар қаламрави забони порсии тоҷикӣ маъруф аст. Ба ин тартиб нубуғи фикрию фарҳангии Сомониён барои бедории миллӣ ва эҳёи фарҳанги куҳани аҷдодӣ мисли нӯшдоруи ҳаётбахше буд, ки тани аз дасти тохтутозҳои аъроб хаставу бемор ва пур аз ҷароҳати миллатро марҳаме гашта, онро бар ҳолати пешини фараҳбори хеш бозгардонд  ва ба ин васила наҳзати азими илмию фарҳангии бемисле дар қаламрави он сарзамин падид омад. Ин амали некӯ Абурайҳони Беруниро (973-1048) ба амалҳои сутурге дар ин соҳа барангезонд. Ӯ бо шӯру шавқ ва талошу кӯшиши зиёд дар осори илмии хеш ба ҷои истилоҳоти роиҷи илмии арабӣ муродифоти форсии онҳоро мавриди истифода қарор дод. Масалан, дар рисолаи «Ат-тафҳим», ки дар илми нуҷум ва риёзиёт аст, ба ҷойи «зовияи мунфарриҷа» «зовияи гушода», дар баробари «зовияи ҳода» «зовияи тез», дар муқобили «мутасовию-л-азлоъ» «ростпаҳлӯ», ба ивази «устурлоб» «ситораёб» ва даҳҳои истилоҳи дигари порсии тоҷикиро вориди забони илмӣ кард. Ин навпардозиҳо аҳли илму адабро чунон ба шавқ оварданд, ки ҳар олиме мекӯшид тавоноиҳои забони модарияшро ба намоиш гузорад[1]. Дар идомаи ин қиём ва ҷунбиши фарҳангие, ки яке аз пояҳои мустаҳками худшиносии миллӣ гардид, Абуалӣ Ибни Сино (980-1037) «Донишномаи алоӣ»-и хешро ба забони модарияш – порсии тоҷикӣ нигошт ва ҳамчунин рисолаҳое дар сарфу наҳви забони порсии тоҷикӣ ба таҳрир даровард, то қудрату нерӯи онро дар баробари андешаҳои носолиме, ки гӯё забони порсии тоҷикӣ тавони баёни масъалаҳои илмиро надорад ва танҳо ба ин забон мешавад осори адабӣ офарид, ба исбот расонид. Илова бар анбуҳи истилоҳоту ибораҳои илми мантиқу фалсафа ба забони порсии тоҷикӣ «Донишномаи алоӣ» як давраи комили фалсафаи машшоъ ва такмилаи фалсафаи Арастуро дар бар гирифтааст. Тавассути ин асари мондагор Абуалии Сино андешаи диниро ба хирад ва фалсафа омезиш дода, шинохти вежаеро аз ҳастӣ матраҳ намуд, ки бо дидгоҳҳои суннатии динии он даврон созгор науфтод  ва ба ин сабаб ҳамвора аз ҷониби диндорони мутаассиб мавриди такфиру таҳқир қарор гирифт. Душманони сарсахту ҳасуду нотавонбинаш бар сари ӯ пайваста туҳматҳо бор карданд, ки сурудаҳои зер дар посух ба иттиҳомоти онҳост:

Куфри чу мане газофу осон набувад,

Муҳкамтар аз имони ман имон набувад.

Дар даҳр чу ман якю он ҳам кофар!?

Пас, дар ҳама даҳр як мусулмон набувад!

Дар рубоии дигар Абуалии пури Сино ногузир бо шигифту дареғи зиёд аз намодҳои манфӣ ҳунармандона кор мегирад, то ба падидае номатлуби замонааш, ки ба аҳли донишу хирад эҳтиром қоил набудаанд, бо шӯру ситез фарёд бизанад: 

Бо ин ду-се нодон, ки чунон медонанд

Аз ҷаҳл, ки донои ҷаҳон эшонанд

Хар бош, ки ин ҷамоат аз фарти харӣ

Ҳар к-ӯ на хар аст кофараш мехонанд.

Матлаби сазовори гуфтан ин аст, ки рӯ овардан ба омӯзиши осори адабию илмии Ибни Сино дарвозаҳои хирадгароиро ба рӯи инсон боз мекунад. Гарчанде аз назари замонӣ байни мо ва ин нобиғаи беназир беш аз ҳазор сол фосила аст, вале осори пурбору арзишманди ӯ ҳанӯз таваҷҷуҳи аҳли илму адабро ба худ мекашад.

Адабиёти шукӯҳманди даврони шукуфоии давлатдории Сомониён саршор аз осори гаронмояи адабию илмиест, ки зиндагии он рӯзгоронро бо тамоми шаҳомату шукӯҳаш тасвир кардааст. Оғози нигоштани «Шоҳнома»-и Абулқосимми Фирдавсӣ ба даврони наҳзатҳои худшиносӣ ва истиқлоли миллӣ ва ҳамчунин эҳёи забони модарӣ рост меояд. Ин шоҳкори беназир ба ғайр аз достонҳои асотирию таърихии пурмазмун манзумаҳои бузурге монанди «Достони Эраҷ», «Достони Рустам ва Суҳроб», «Достони Исфандёри Рӯинтан», «Достони Сиёвуш» ва ғайраро дорад, ки дар онҳо рӯҳи миллӣ, муҳаббат ба меҳан, ифтихор аз кешу оини ниёкон ва орзуву ормонҳои инсон барои зиндагии осудаву шукӯҳманд бо забони ниҳоят ҷаззобу шево тавассути хомаи тавонову сеҳрофарини шоир тасвир ёфтаанд. Арзишҳое, ки дар ин ҳамосаи бемисл бозгӯ шудаанд, дар рӯзгорони мо аз аҳаммияти бештаре бархӯрдоранд. Барои Фирдавсӣ мафҳуми «ватан» бештар аз хоку буми обоист, ҳастии шоир аст, бе ватан худашро ҳеч мешуморад:

Чу Эрон набошад тани ман мабод!

Дар ин буму бар зинда як тан мабод!

Воқеан яке аз мавзуъҳои меҳварии «Шоҳнома» ишқ ба сарзамини обоию аҷдодии ҳаст. ин мазомин пайваста дар тӯли асар  бо авотифу эҳсосоти нишотангез ва сӯзу гудози пуршӯр садо медиҳанд. Шоир ҳимоят аз ватанро, ки бо ифтихор онро «Озодбум», «Шаҳри озодагон» мехонад, вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд мешуморад ва мардумро ба хотири пуштибонию ҳифозат аз бару буму хонаву фарзанди хеш ба пойдорию ҷасорат ва устуворию муқовимат дар баробари душманон даъват мекунад:

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем!

Барои ҳакими фарзона аз ҳама азизтар ватан аст. Дар саросари «Шоҳнома» бар гиромӣ доштани ватан таъкид мекунад ва ҳаммеҳанони хешро даъват мекунад, ки бар ободу осуда нигоҳ доштани меҳан бикӯшанд ва пойдории истиқлол ва посбонии озодию оромиши сарзаминро муқаддастарин вазифаи хеш донанд:

Намонем, к-ин бум вайрон кунанд,

Ҳаме ғорат аз шаҳри Эрон кунанд!

Нахонанд бар мо касе офарин,

Чу вайрон бувад буми Эронзамин!

Дар саросари ин ҳамосаи пуразамат рӯҳу андешаи миллӣ ва ҷаҳонбинии воҳиди меҳанпарастӣ партав афкандааст. Аз ин паёми ваҳдатофарини Фирдавсии бузург барои барангехтани муҳаббат ба арзишҳои миллӣ бояд пайваста истифода кард. Бо ин роҳ дар замири мухотабон меҳру дилбастагӣ ба хоку буми сарзамин парваронидан лозим аст. Номҳои қаҳрамонони «Шоҳнома» дар ҳамаи хонаводаҳои тоҷикон дида мешавад, ки нишонае аз ишқу алоқаи тоҷикон ба гузаштаи пурифтихори хеш аст. Аз ин рӯ ин ҳамосаи бузург метавонад дар таҳкими ҳувияти миллӣ хеле муфид бошад.

Беш аз ҳазор сол аст, ки сухани пур аз ҳикмати Абулқосимми Фирдавсӣ бар инкишоф ва пешравии илму адаби башарият афзудааст. Дар тӯли таърих дурустӣ ва азамати ин каломи мондагори Ҳакими Тӯсиро аҳли башар дарёфт ва дар заминаи он назарияҳои вобаста ба танзим ва мудирияти донишро тавлид намуд.

Метавон хулоса кард, ки адабиёти порсии тоҷикӣ, бавежа дар қаламрави шеър, аз қадимтарин ва тавонотарин адабиётҳои ҷаҳон аст. Ба сабаби густардагию ғанои зеҳнию маърифатӣ ва адабию фарҳангии худ, адабиёти порсии тоҷикӣ метавонад ба ҳаёти шахсию ҷамъиятии инсон, ба қасду ният ва азму иродаи ӯ таъсири бениҳоят калон расонад. Адабиёти ҳамосӣ рӯҳияи миллӣ ва муҳабббат ба ватанро тавассути тасвири шукӯҳу азамати ва корномаҳои сазандаву ситоишбарангези ниёкон дар кори ҳимоят аз марзу буми меҳан дар инсон тақвият мебахшад.

 

Шодимуҳаммад Суфизода

адабиётшинос

Бознашр аз Маҷаллаи “Суханшиносӣ”,

№ 2(46), 2024. С. 69-80

КИТОБНОМА

  1. Khaleghi-Motlagh, Dj. Amīrak Balʿamī [Electronic Resource] / Dj. Khaleghi-Motlagh // Encyclopædia Iranica. I/9. – Р. 971-972. – available online at http://www.iranicaonline.org/ articles/amirak-balami (accessed on 16 March 2021).
  2. Надӯшан, И. Агар «Шоҳнома» намебуд... / Исломии Надӯшан // Фаслномаи Бож. Соли аввал. Шумораи ҷаҳорум, зимистони соли 1387. – С. 27-32.
  3. Паёми табрикии Пешвои миллат, Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ // Ҷавонони Тоҷикистон. – 2016. – 5 октябр.
  4. Раҳмон, Э. Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи Осорхонаи миллии Тоҷикистон ва мулоқот бо зиёиёни кишвар [Манбаи электронӣ] / Э. Раҳмон // Осорхонаи миллии Тоҷикистон. – 2013. – 20 март. – Низоми дастрасӣ: www. URL:http://newnmt.tj/tj/home-4/167-dar-marosimi-iftito-i-osorkhonai-millii-tojikiston-va-mulo-ot-bo-zijoijoni-kishvar
  5. Султонов, Мирзоҳасан. Становление и развитие персидско-таджикской научной терминологии. На материале научного наследия IX-XI вв. / Мирзоҳасан Султонов. – Palmarium Academic Publishing, 2015. – 444 с.
  6. Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 700-солагии Камоли Хуҷандӣ [Манобеи электронӣ]. – Низоми дастрасӣ: URL:http://gst.tj/tj/navidho /item/sukhanronii-peshvoi-millat-emomal-ra-mon-darsimpoziumi-bajnalmilal-ba-iftikhori-700-solagii-kamoli-khu-and.html
  7. Ятимов, С. Адабиёт ва диалектикаи ҳаёт / С. Ятимов // Илм ва Ҷомеа. – 2018. – №4 (12). – С. 5-39.

 [1]. Дар бораи ташаккул ва такомули истилоҳоти илмии порсии тоҷикӣ ниг.: [5].

Хондан 492 маротиба