JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 09 Октябри 2024 09:09

Фирдавсӣ – шоири паёмрасон

Муаллиф: ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

 Ба номи накӯ гар бимирам, равост,

Маро ном бояд, ки тан маргрост.

Фирдавсӣ

«Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигаҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал бикунем, баҳри оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем», 1 – мегӯяд Президенти кишвар – Эмомалӣ Раҳмон. Ва ба қавли Ризошоҳ Паҳлавӣ, «эй кош, ҳазорҳо аз қабили Фирдавсӣ дар ин мамлакат пайдо мешуданд, имону ишқ ба ватанро дар мардуми ин мамлакат дар тули аъсору қурун эҷод мекарданд ва чун мамлакати мо ба хотири ҳамин ашъору ривоёту достонҳои таърихӣ зинда аст ва мардум бо шунидани онҳо ба ваҷду сурур дармеоянд ва худро ба аҷнабӣ намефурушанд ва миллияти худро аз ёд намебаранд».2 Воқеан, Ризошоҳ ин абёти Фирдавсиро ҳамвора ва ба таваҷҷуҳи хос гӯш мекардааст:

Чу Эрон набошад, тани ман мабод,

Бад – ин буму бар зинда як тан мабод!

  ***

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.3

Мусаллам аст, ки Фирдавсӣ шоири паёмрасон аст. Лиҳозо, мо дар «Шоҳнома» ба паёмҳои гуногуни ӯ рӯ ба рӯ мешавем. Ба қавли худи шоир:

Ҳам аз оштӣ рондаму ҳам зи ҷанг,

Сухан гуфтам аз ҳар даре ранг – ранг.4

Дар ҳақиқат, Фирдавсӣ ҳазорон мавзӯъро дар «Шоҳнома» ҷой додааст. Бино бар ин, Файёзи Хуҷандӣ мегӯяд:

Зи «Шаҳнома» он кас, ки дорад хабар,

Бубинад дар он ҷо ҳазорон ҳунар.5

Аммо нахустин паёми Фирдавсӣ аз хирад аст, яъне беҳтарин неъмате, ки Худованд ба инсон арзонӣ доштааст ва раҳнамои ӯ дар ин сарою он сарой аст. Ба андешаи ӯ:

Хирад раҳнамою хирад дилкушой

Хирад даст гирад ба ҳар ду сарой.6

Воқеан, «Шоҳнома» бо васфи хирад шурӯъ мешавад:

Ба номи Худованди ҷону хирад,

К – аз ин бартар андеша барнагзарад.7

Агар мо хирадномаҳои Фирдавсиро дар як ҷо ҷамъ оварем, афзун аз як ҷилд мешавад, аммо мо дар ин мавқеъ бо овардани як намуна иктифо менамоем:

Хирад афсари шаҳриёрон бувад,

Хирад зевари номдорон бувад.

Хирад зиндаи ҷовидонӣ шинос,

Хирад мояи зиндагонӣ шинос.8

Албатта, васфи хирад дар илму адабу фарҳанги мо суннати дерина дорад. Мо ин мавзӯъро дар осори паҳлавӣ, ба вижа «Пандномаи Бузургмеҳр», «Пандномаи Анӯшервон», «Андарзи Хусрави Қубодон», «Аҳди Ардашери Бобакон», «Минуи хирад» ва ғайра, боздид менамоем. Аммо авҷи хирадситоиро мо дар «Шоҳнома» мебинем. Он хирадномаҳо имрӯз барои сохтани як ҷомаи хирадсолор бароямон маводи фаровон медиҳанд. Бино бар ин, мутолиаи «Шоҳнома», ҳифзи хирадномаҳои Фирдавсӣ ва дар амал тадбиқ кардани онҳо вазифаи ҷонии мо, ба вижа ҷавонон ва дастури зиндагии эшон, маҳсуб мешавад. Беҳуда Фирдавсӣ нагуфтааст:

Ҳамеша хирадро ту дастур дор,

Бад – ӯ ҷонат аз носазо дур дор!9

Аммо, хирад аз таҷрибаи зиндагӣ ба камол мерасад. Ба гуфтаи шоир:

Ақл комил мешавад аз гарму сарди рӯзгор,

Обу оташ мекунад соҳиббуриш шамшерро.10

Дигар, маҳз ақлу хирад нафси саркашро мусаххар ва мутеъ месозад ва зиндагии инсонро сару сомон мебахшад:

Нафси саркашро мусаххар ақли пуртадбир кард,

Саг чу шуд девона, ӯро метавон занҷир кард.11

Пас аз хирад мо мерасем ба дониш, ки Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» тараннум кардааст. Дар ин замина ӯ идомадиҳанда ва ба авҷрасонандаи ин мавзӯъ дар осори Рӯдакӣ, Абӯшакур ва дигар шоирони пеш аз худ мебошад. Рӯдакӣ гӯяд:

То ҷаҳон буд аз сари одам фароз,

Кас набуд аз роҳи дониш бениёз.12

Абӯшакуррост:

Биёмӯз, то зиндаӣ, рӯзу шаб,

Чунин гуфт доно, ки бикшод лаб.13

Аммо авҷи донишситоиро мо дар ин байти машҳури Фирдавсӣ пайдо менамоем, ки ҷанбаи фалсафӣ пайдо кардааст:

Тавоно бувад ҳар ки доно бувад,

Ба дониш дили пир барно бувад.14

Аз ин хотир, аҳли қалам бедониширо, ки ҷаҳл аст, бадбахтӣ эҷод менамояд ва нокомӣ ба бор меорад, дар осорашон маҳкум кардаанд. Эроншоҳи Абулхайр, ки яке аз пайравони  муваффақи Фирдавсист, дар «Баҳманнома», ки дар пайравии «Шоҳнома» навиштааст, нодониро сабаби ба осонӣ гӯл задани инсон медонад:

Накӯ гуфт дастури бо фарру зеб,

Ки нодон сабуктар пазирад фиреб.15

Носири Хусраврост:

Ба дониш шод гардӣ аз дилу ҷон,

Ки бедониш бувад ҷовид ҳайрон.16

Мисолҳои дигар аз осори адибон, ки аз паёми Фирдавсӣ моя мегиранд:

Ҳеҷ нисбат варои дониш нест,

Дониш омӯз, то касе бошӣ.17

Адиб Собир

Хоҳӣ, ки ҳамеша шоду хуррам бошӣ,

Ҳар ҷо ки равӣ азизу маҳрам бошӣ.

Покиза шаву рост бизӣ, илм омӯз,

То тоҷи наберагони Одам бошӣ.18

Мавлавӣ

Аз шукуҳи подшоҳӣ ҳурмати илм аст беш,

Он ки мири корвон бошад, мутеи раҳбар аст.19

Калим

Баъди хираду дониш мо дар «Шоҳнома» ба васфи сухан ва суханварӣ рӯ ба рӯ мешавем, зеро сухан ҷон аст, аслиҳаи набард аст, мекушад, зинда мекунад, яъне чун шамшер аст. Лиҳозо, дар сухан гуфтан бояд эҳтиёт кард, аз неку бади он андеша намуд. Ба қавли Фирдавсӣ:

Пажӯҳиш намою битарс аз камин,

Сухан ҳар чӣ бошад, ба жарфӣ бубин.20

Зеро:

Сухан бифканад минбару дорро,

Зи сӯрох берун кашад морро.21

Абушакур

Оламеро як сухан вайрон кунад,

Рӯбаҳони мурдаро шерон кунад.22

Мавлавӣ

Дар мақоме ки кунад рӯи киноят ба аду

Зарби шамшер надорад асари зарби масал.23

Урфӣ

Салим, аҳли суханро безабонӣ айб мебошад,

Ки воҷибтар зи ҳар чиз аст шамшере сипоҳиро.24

Салими Теҳронӣ

          Аммо асоси «Шоҳнома» – ро паёми ватандӯстӣ ташкил медиҳад. Воқеан, ин абёти Фирдавсӣ ба масобаи гимн дар ин асар садо медиҳад. Бино бар ин, зиёда аз 1000 сол аст, ки дар фазои зиндагии мо танинандоз аст. Ба мо, ба вижа ҷавонон, ҷасорат, далерӣ, меҳандӯстӣ, садоқат, силаҳшурӣ, пайкорҷӯӣ, родмардӣ, паҳлавонӣ, қаҳрамонӣ меомӯзад:

Нигаҳ кун бад – ин лашкари номдор,

Ҷавонони шоистаи корзор.

Зи баҳри бару буму фарзанди хеш,

Зану кӯдаки хурду пайванди хеш.

Ҳама сар ба сар тан ба куштан диҳем,

Аз он беҳ, ки кишвар ба душман диҳем.25

          Ногуфта намонад, ки аз ин абёти ватандӯстонаи Фирдавсӣ адибони мо дар тули таърих илҳом гирифта, осори зиёди пурарзиши ватандӯстона эҷод кардаанд ва бад – ин тартиб дар парвариши руҳи ватандӯстии ҳаммиллатонамон саҳми бориз гирифтаанд. Хусусан, дар асри гузашта шоирони мо ашъори зиёде дар ин замина эҷод намудаанд, ки мутолиаи онҳо ҳамон шеъри болои Фирдавсиро фарёди мо меоранд:

Зи ишқи Ватан ҷӯш дорад дилам,

Ба ҳарфи Ватан гӯш дорад дилам.

Ватанро бинозам маро дар канор,

Чу модар гирфту намуд бахтёр.

Ватан ҷони ман ҳам ҷаҳони ман аст,

Ватан боғ ҳам бӯстони ман аст.

Ба роҳи Ватан ҷон фидо мекунем,

Ватан ҳар чӣ гӯяд, адо мекунем.26

Ҳабиб Юсуфӣ

Танида ёди ту дар тору пудам, Меҳан, эй Меҳан,

Бувад лабрез аз ишқат вуҷудам, Меҳан, эй Меҳан.

Ба ҳар маҷлис, ба ҳар зиндон, ба ҳар шодӣ ба ҳар мотам,

Ба ҳар ҳолат, ки будам, бо ту будам, Меҳан, эй Меҳан.

Агар мастам, агар ҳушёр, агар хобам, агар бедор,

Ба сӯи ту бувад рӯи суҷудам, Меҳан, эй Меҳан.

Ба дашти дил гиёҳе ҷуз гули рӯят намерӯяд,

Ман ин зебозаминро озмудам, Меҳан, эй Меҳан.27

Лоҳутӣ

Ҳар киро меҳри Ватан дар дил набошад кофар аст,

Маънии ҳуббулватан фармудаи пайғамбар аст.

Гар бибояд мурд, боре хезу дар майдон бимур,

Марг дар майдон беҳ аз марге, ки андар бистар аст.28

                                              Маликушшуаро Баҳор

Ба гунае, ки боздид менамоем, ҳамаи ин ашъор як навъ такрори сухани Фирдавсӣ аст дар замони нав ва ба тарзи дигар, аммо мақсад як аст, васфи Ватан, тарғиби ватандӯстӣ, парвариши ишқи ватан ва ҷони худро дар роҳи ҳифзи он дареғ надоштан… Мисолҳои дигар аз Фирдавсӣ дар ҳамин мавзӯъ:

Бигӯяш, ки дар ҷанг мурдан ба ном

Беҳ аз зинда, душман ба – ӯ шодком.29

***                

Маро марг беҳтар аз ин зиндагӣ,

Ки солор бошам, кунам бандагӣ.30

***

Ба Эрон туро зиндагонӣ бас аст,

Ки тоҷу нигин баҳри дигар кас аст.31

***

Чу Эрон набошад тани ман мабод,

Бад – ин буму бар зинда як тан мабод.32

           Тавре ки дар боло гуфтем, «Шоҳнома» мавзуъҳои гуногунро фаро мегирад ва Фирдавсӣ дар он паёмҳои мухталиф ба инсонҳо, хусусан ҳамватанони худ, медиҳад. Аз сулҳу оштию адлу инсоф сар карда, то ба озор нарасондан ба мӯри донакаш:

Маро оштӣ беҳтар ояд зи ҷанг,

Набояд гирифтан чунин кор танг.33

     ***

Маёзор мӯре, ки донакаш аст,

Ки ҷон дораду ҷони ширин хуш аст.34

          Возеҳ аст, ки Фирдавсӣ як шоири шуубист ва ба бадхоҳони миллат, душманони Эронзамин нафрат дорад. Лиҳозо, ӯ дар «Шоҳнома» бо сароҳат чунин эълом менамояд:

Зи шири шутур хурдану сусмор

Арабро ба ҷое расидаст кор

Ки тахти Каёнро кунад орзу,

Туфу бар ту, эй чархи гардон, туфу!35

          Зимнан бояд гуфт, ки Фирдавсиро аҳли илму адаб дар дарозои таърих фаровон сутудаанд ва ҷойгоҳашро баланду рафеъю дастнорас ба қалам додаанд. Намунаҳои зер андаке аз бисёранд:

Офарин бар равони Фирдавсӣ,

Он ҳумоюннажоди Фархунда.

Ӯ на устод буду мо шогирд,

Ӯ худованд буду мо банда.36

         Анварии Абевардӣ

Сиккае, к – андар сухан Фирдавсии Тӯсӣ нишонд,

Лоҷарам, гар ҳеҷ кас аз зумраи фурсӣ нишонд.

Аввал аз боли курсӣ бар замин омад сухан,

Ӯ суханро боз боло бурду бар курсӣ нишонд.37

Ибни Ямин

          Аммо, ба қавли устод Айнӣ, касе мисли худи ӯ натавонистааст «Шоҳнома» – ро васф намояд. Дар ин замина фахрияи ӯ дар шеъру адаби  мо беназир аст:

Биноҳои обод гардад хароб,

Зи борону аз тобиши офтоб.

Пай афкандам аз назм кохе баланд,

Ки аз боду борон наёбад газанд.

Бад – ин нома бас умрҳо бигзарад,

Бихонад, ҳар он кас, ки дорад хирад.

Намирам аз ин пас, ки ман зиндаам,

Ки тухми суханро парокандаам.

Ҳар он кас, ки дорад ҳушу рою дин,

Пас аз марг бар ман кунад офарин.38

          Бино бар ин, мо бояд имрӯз беш аз ҳар вақти дигар рӯ ба «Шоҳнома» биёрем, шоҳномахонӣ кунем, зеро «Шоҳнома» ёдгори беназир, бегазанд ва ҷовидонии миллати тоҷик аст. Фирдавсӣ шоири беҳамто ва нобиғаи адабиёти мост. Ӯ шоири ҳувиятсоз, ифтихорофарин, зиндакунандаи Аҷам ва аҳли он аст. Ӯ худ бад – ин маънӣ гуфта:

Басе ранҷ бурдам дар ин сол сӣ,

Аҷам зинда кардам бад – ин порсӣ.39

          Инро ҳам бояд донист, ки мо баъд аз 1000 сол орзуҳои Фирдавсиро дар як гӯшаи Эронзамин – Тоҷикистон  ҷомаи амал пӯшондем. Аз ин хотир, мо бояд аз миллати худ, кишвари хеш дифоъ бинамоем, онро дӯст дорем, худшиносу худогоҳ бошем, дасти бадхоҳонро аз ватанамон кӯтоҳ намоем. Тавре ки шоир ҳазор сол қабл ба мо дастур додаву васият карда буд:

Биё, то ҷаҳонро ба бад наспарем,

Ба кӯшиш ҳама дасти некӣ барем.40

       ***

Набошад ҳаме неку бад пойдор

Ҳамон беҳ, ки некӣ бувад ёдгор.41

          Аз ин лиҳоз, мо, пеш аз ҳама, бояд худи «Шоҳнома» – ро  бихонем, баъдан, тадқиқотҳоеро, ки дар кишвар ва хориҷ аз он дар бораи он кардаанд, ба даст оварем, биёмӯзем, то битавонем ба дигарон биёмӯзонем. Дар он сурат мо қарзи фарзандии худро дар пеши ин хуршедсавори сухан ва қаламкаши бузург ба ҷо меорем. Аммо мо бояд аз «Шоҳнома» афкореро биҷӯем ва корбаст намоем, ки мутараққӣ бошанд, ба дарди имрӯзи мо ва кишварамон бихуранд. Шоир беҳуда ба мо дастур надодааст:

Қиссаи Заҳҳок, ҳамэдун, бихон,

Номаи Ҷамшеду Фаридун бихон!

Неку бад аз дафтари эшон биҷӯй,

Нек ба хотир куну бадро бишӯй!42

Ва:

Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,

Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.43

Лозим ба ёдоварист, ки миллати мо танҳо дар асри гузашта шоирони миллии худ, аз ҷумла Фирдавсиро шинохт, зеро баъди фурӯпошии давлати миллии Сомониён шоирони миллиамон дар мактабу мадрасаҳо омӯхта намешуд. Шоҳону амирони бегона, шоирони маддоҳ фирдавсисезӣ мекарданд, монеи хондани осораш мешуданд. Аввалин касе, ки бунёди шоҳномаситезиро гузошт, Султон Маҳмуди Ғазнавӣ буд. Ӯ баъд аз хондани «Шоҳнома», ки ғояи он дар муқобили сиёсати ӯ буд, гуфт: «Ҳамаи «Шоҳнома» худ ҳеҷ нест, магар ҳадиси Рустам ва андар сипоҳи ман ҳазор мард чун Рустам ҳаст». Дар ҳамин замон буд, ки асарҳое чун «Маҳмуднома», «Тоҷулфутуҳ», «Давлатнома», «Умарнома» навиштанд, то мардум «Шоҳнома» нахонанд. Аммо, баръакс, мардум «Шоҳнома» мехонданд, ҳатто султонҳои Салҷуқӣ дар майдон разм байтҳои «Шоҳнома» – ро мехонданд ва ҷон ба ҷонофарин медоданд… Аммо, ба ҳар ҳол, Фирдавсӣ маҳз дар асри гузашта зинда шуд. Номаш вирди забон гардид, осораш ба барномаҳо ворид шуд. Ба қавли устод Турсунзода:

Суруди Рӯдакӣ шуд зинда акнун,

Расида авҷи Фирдавсӣ ба гардун.44

Ниҳоят, маҳз ба шарофати истиқлол ва дастури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба олимон супориш дода шуд, ки матни  «Шоҳнома» – ро омодаю чоп намоянд ва ройгон дар дастраси мардум қарор бидиҳанд. Ин бузургтарин рухдод барои миллати мо маҳсуб мешавад, зеро дар таърихи мавҷудияти миллати мо бори аввал «Шоҳнома» ба ҳар хонадон тақдим мегардад. Лиҳозо, мо ҳақ дорем, ки аз забони шоир ба зодгоҳи Фирдавсӣ, ба Тӯс паём бифиристем ва бо сари баланд бигӯем, ки, эй пайғамбари сухан, Фирдавсии сеҳрофарин, орзуҳоят маҳз дар кишвари мо баъд аз 1000 сол бароварда шуд, руҳи миллӣ ғалаба намуд, адолат тантана кард ва дар фазои зиндагиамон танинандоз гардид:        

Аё бод, бигзар суви хоки Тус,

Пур аз нофа кун мағзи ҷонро зи бӯс.

Ба Фирдавсӣ аз ман расон ин паём,

Ки имрӯз гетӣ туро шуд ба ком.

Ба боғат пас аз ҳазору нуҳсаду анд сол

Баромад гулу борвар шуд ниҳол…45

                           

ҶАМОЛИДДИН САИДЗОДА

адабиётшинос

 

Пайнавиштҳо:

  1. Эмомалӣ Раҳмон. Чеҳраҳои мондагор. –Душанбе: Эр – грф, 2016. –С. 232.
  2. Ризошоҳ Паҳлавӣ. «Аз Олшутур то Олошт». –Ниёи Ризошоҳ. –Теҳрон, 1385. –С.667.
  3. Ҳамон ҷо. –С.661.
  4. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.4. –Душанбе: Адиб, 1988. –С.181.
  5. Файёзи Хуҷандӣ. Ашъори мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1984. –С.27.
  6. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.1. –Душанбе: Адиб, 1987. –С.13.
  7. Ҳамон ҷо. –С.25.
  8. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –Душанбе: Адиб, 1990. –С.13.
  9. Ҳамон ҷо. –С.14.
  10. Соиб. Мунтахабот. – Душанбе: Ирфон, 1980. – С.102.
  11. Миробид Сайидои Насафӣ. Асарҳои мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1977. –С.266.
  12. Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ. Ашъор. –Душанбе: Адиб, 2007. –С.329.
  13. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. –Душанбе: Адиб, 2007. –С.156.
  14. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.1. – С.26.
  15. Ҷамолиддин Саидзода. Фирдавсӣ шоири паёмрасон. –Душанбе, 2022. –С.40.
  16. Носири Хусрав. Куллиёт. Девони ашъор. –Душанбе: Эр – граф, 2003. –С.842.
  17. Адиб Собири Тирмизӣ. Осори мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1981. –С.333.
  18. Гулшани адаб. –Ҷ.2. –Душанбе: Ирфон, 1975. –С.85.
  19. Калими Кошонӣ. Гули хуршед. –Душанбе: Ирфон, 1985. –С.237.
  20. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.1. –С.205.
  21. Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. –С.152.
  22. Маснавии маънавӣ. –Теҳрон: Нашри замон, 2001. –С.56.
  23. Куллиёти Урфии Шерозӣ. –Ҷ.2. –Теҳрон, 1378. –С.226.
  24. Девони комили Салими Муҳаммадқулии Теҳронӣ. –Теҳрон, 1349. –С.19.
  25. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –С.60.
  26. Ҳабиб Юсуфӣ. Сатрҳои нотамом. Китоби 1. –Душанбе: Адиб, 1987. –С.18.
  27. Абулқосим Лоҳутӣ. Ашъори мунтахаб. –Душанбе: Ирфон, 1984. –С.56.
  28. Гузинаи ашъори Баҳор. –Теҳрон, 1370. –С.49 – 50.
  29. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.9. –Душанбе: Адиб, 1991. –С.433.
  30. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.5. –Душанбе: Адиб, 1989. –С.25.
  31. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.9. –С.427.
  32. Ҷамолиддин Саидзода. Фирдавсӣ шоири паёмрасон. –Душанбе, 2022. –С.209.
  33. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –С.78.
  34. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.1. –С.165.
  35. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.9. –С.428.
  36. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –С.4.
  37. Гулшани адаб. –Ҷ.2. –Душанбе: Ирфон, 1975. –С.339.
  38. Абулқосим Фирдавсӣ. Шоҳнома. –Ҷ.1. –С.5.
  39. Шоҳбайтҳои «Шоҳнома». –С.205.
  40. Ҳамон ҷо. –С.72.
  41. Амир Хусрави Деҳлавӣ. Осори мунтахаб. –Ҷ.3. –Душанбе: Ирфон, 1973. –С.302.
  42. Ҷамолиддин Саидзода. Фирдавсӣ шоири паёмрасон. –С.164.
  43. Дурдонаҳои наср. –Ҷ.1. –Душанбе: Ирфон, 1987. –С165.
  44. Мирзо Турсунзода. Шеърҳо. –Ҷ.1. –Душанбе: Ирфон, 1981. –С.190.       
  45. Мирзо Муллоаҳмадов. Лирикаи Адибулмамолики Амирӣ. –Душанбе: Дониш, 1985. –С.122.
Хондан 326 маротиба