JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 07 Октябри 2024 05:58

Ҳамкории мутақобилаи судманд ба хотири муқовимат бо хатароти муосир

Муаллиф: Меҳр Собириён

(бардошти иҷмолӣ аз мулоқот бо садорати Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ)

Ҳар даврае бартариву камбудӣ ва хатароти ба худ хосро дорад. Бо вуҷуди он ки ҳадафи умумии гурӯҳҳои манфиатхоҳ дар ҳама давру замон як аст ва он ҳам бо роҳҳои ғайриқонунӣ ба даст овардани қудрату сарват мебошад, роҳу усулҳои расидан ба ин аҳдоф дар ҳар давра тағйир меёбанд. Ин аст, ки ҷомеаву давлат низ бояд пайваста роҳу усулҳои мубориза бо хатаротеро, ки дар давраи нав бар сари ҷомеаву фарзандонашон меоянд, бознигарӣ намуда, ҳамкориҳоро барои пешгирӣ кардани хатарҳо бештар намоянд. Мулоқоту гуфтугӯи декани Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии Донишгоҳи Миллии Тоҷикистон Насимҷон Абдулмуминзода бо падару модарони донишҷӯёни курсҳои 1-и ихтисоси 40010202-Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт ба ҳамин хатароти муосире, ки ба донишҷӯёни ҷавон таъсир расонида метавонанд нигаронида, шуда буд.

Ростӣ, вақте ба ман ҳамчун падари донишҷӯи факултети мазкур даъватнома омад, ки дар он “Маҷлиси падару модарон” навишта шуда буд, хеле дар тааҷҷуб афтодам. Гуфтам, ки ин чӣ маҷлисе аст? Наход барои донишҷӯён, ки аллакай болиғ ҳастанд, ба монанди мактаби миёна маҷлиси падару модарон ташкил шавад? Рафтан ба чунин маҷлис чӣ манфиате оварда метавонад? Бо ҳамин пурсишҳо бо омӯзгорони пуртаҷрибаи ДМТ Фирдавс Ниёзӣ ва Одина Сафар суҳбате доштам. Онҳо гуфтанд, ки замона дигар шудааст ва хатароте, ки имрӯз фарзандони шуморо ҳамчун донишҷӯ ва умуман, ҳамчун ҷавон таҳдид мекунанд, хеле зиёд шудаанд, ки худи шумо ҳамчун пажуҳишгари масоили иҷтимоӣ медонед. Барои муқовимат бо ин хатарҳо бояд падару модарон бо раҳбарияти донишгоҳҳо ҳамкории бештар дошта бошанд. Аз ин рӯ, шумо ҳатман рафта иштирок намоед ва муносибатро бо раҳбарияти факулта ба роҳ монда ҳамкорӣ кунед, то дар якҷоягӣ тавонем дар баробари таҳдиду хатароти муосир истодагарӣ намоем. Гузашта аз ин, афзуданд дӯстонам, муқовимат ба бисёре аз ин хатарҳо ба вазифаи ихтисосии худи шумо низ дахл доранд.

Бо назардошти маслиҳати дӯстон рӯзи муқарраршуда ба Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ рафтем. Падару модарони зиёде дар маҷлис иштирок доштанд ва маълум аст, ки онҳо барои ҳамкорӣ бо садорати факулта омода буда, мехоҳанд саҳми худро дар устувор намудани сулҳу субот дар ҷомеа гузоранд.

Қабули падару модарон дар Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ дар сатҳи баланд ба роҳ монда шуда буд. Сарпарасти гурӯҳ устод Неъматулло Мирзоев меҳмононро истиқбол гирифта, дар утоқи Шурои олимони факулта ҷамъ намуд. Баъди пурсупоси муқаддамотии сарпарасти гурӯҳ декани факулта устод Насимҷон Абдулмуминзода ворид шуда, маҷлисро оғоз кард. Ӯ аз давомот ва фаъолнокии донишҷӯён суханро оғоз намуда, таъкид кард, ки баъзе донишҷӯён ба дарс дер меоянд ва ё дарсгурезӣ мекунанд. Бо падару модарони онҳо қаблан суҳбат ороста будаанд ва дар маҷлис номи онҳоро нагирифта, аз ҳама хоҳиш намуданд, ки дар масъалаи назорат аз болои донишҷӯён бо садри факулта ҳамкорӣ дошта бошанд. Чунки бо вуҷуди боодобу масъулиятшинос будани аксари ҷавонон боз қувваҳое ҳастанд, ки метавонанд онҳоро бероҳа кунанд. Донишгоҳ дар танҳоӣ то як дараҷаи муайян ин хатарро кам карда метавонад, вале барои пурра бартараф кардани он назорати бардавоми падару модар низ зарур мебошад. Декани факулта роҳҳои назорат аз болои фарзандон ва роҳу усулҳои самараноки иштирок дар раванди омӯзиши онҳоро ба аҳли маҷлис ироа дошт.

Масъалаи дуюм хатароти бархоста аз таҳоҷуми гурӯҳҳои муайяни ифротӣ-террористии диниву сиёсӣ буд, ки тамоми сайёраи Заминро дар замони муосир ба ташвиш овардааст. Декани факулта бо овардани мисолҳои мушаххас (бе гирифтани ному насаб) хатарҳоеро, ки дар ин шабу рӯз ба ҷавонон таҳдид мекунанд, номбар карда, имкониятҳои ҳамкории донишгоҳ бо падару модарони донишҷӯёнро номбар намуд ва роҳу усулҳои чунин ҳамкориҳоро ба аҳли нишаст ироа дошт. Ӯ таъкид кард, ки қувваҳои бадхоҳ дар ҳар замону макон метавонанд ба фарзандони шумо таъсири манфии худро расонанд. Агар ин раванд имрӯз назорат карда нашавад, фардо дер хоҳад шуд. Раҳбарияти ДМТ дар ҳама сатҳ дар ҳамкорӣ бо мақомоти марбута кӯшиш мекунанд, ки аз таъсиррасонӣ ва ба доми гурӯҳҳои ифротии диниву сиёсӣ афтидани донишҷӯён пешгирӣ карда шуда, ояндаи ҷавонони ватан ҳифз карда шавад. Боз ҳам такрор намуданд, ки дар ин кори хайр ва ҳамзамон мушкил ҳамкории зич бо падару модарон зарур мебошад. Маълум шуд, ки чандин донишҷӯ ба доми гурӯҳҳои ифротӣ афтида, ба корҳои ғайриқонунӣ даст зада будаанд ва ояндаи худро сӯзонида ба зиндон афтидаанд. Дар баробари ин, ҷиҳати ҳалли мушкил садорати факулта чораҳои пешгирикунандаро пурзӯр намуда, чандин ҷавони дигарро аз вартаи фалокат наҷот дода, ояндаи дурахшони онҳоро ҳифз ва обрӯи падару модарашонро нигаҳ доштанд. Маҷлиси мазкур низ барои тақвият додани чунин корҳои нек ташкил шуда, гарави он буда метавонад, ки донишҷӯёни имсол дохилшуда, бо сари баланд донишгоҳро хатм намоянд.

Як масъалаи дигар хунукназарии донишҷӯён нисбат ба дарсҳо буд. Махсусан, донишҷӯёне, ки аз литсею гимназияҳои бонуфуз омадаанд, дар баъзе маврид бо баҳонаи ин ки мо ин мавзуъҳоро медонем, хунукназарӣ мекунанд, ки дар натиҷа пас аз як давраи муайян аз дигарон ақиб мемонанд. Декани факулта иброз дошт, ки донишҷӯёни аз ноҳияҳои дурдаст омада, чунин мушкилро надоранд. Барои мисол донишҷӯеро аз деҳаи Ғеши ноҳияи Муъминобод ном бурд, ки ҳоло яке аз донишҷӯёни пешқадам мебошад. Ӯ таъкид кард, ки ин масъала низ аз ҷониби падару модарон бояд пайгирӣ шавад, то рафти донишомӯзии фарзандон бо бардоштҳои ғалат халалдор нагардад.

Садри факулта, ҳамчунин аз муваффақияту комёбиҳои донишҷӯён дар самти тарғибу ташвиқи арзишҳои миллӣ ва сиёсати давлатӣ сухан ба миён оварда, ба модарони донишҷӯдухтароне, ки дар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ фаъолона ширкат варзиданд, дар фазои тантанавӣ сипосномаву ифтихорномаҳои садорати факултаро тақдим намуд. Ин навъи ҳавасмандӣ боиси ҳарчи бештар таваҷҷуҳ намудани донишҷӯён ба корҳои ҷамъиятӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ мегардад.

Баъди суханронии декани факулта, падару модарон низ дар гуфтугӯ фаъол шуда, омодагии хешро барои ҳамкорӣ ҷиҳати пешгирии хатароти муосир, ки ба фарзандон ва ҷомеа таҳдид карда истодаанд, изҳор дошта, ваъда карданд, ки аз ҷониби худ корҳои заруриро иҷро хоҳанд кард. Декани Факултаи Баҳисобгирӣ ва иқтисоди рақамии ДМТ Насимҷон Абдулмуминзода бо муовинони худ ва сарпарасти гурӯҳи 40010202-Технология ва низоми иттилоотӣ дар иқтисодиёт устод Неъматулло Мирзоев рақамҳои телефонҳои худро ба падару модарон дода, изҳор доштанд, ки ҳар вақт омодаи суҳбат ҳастанд.

Хулоса, бардошти нахустини ман аз баргузории Маҷлиси падару модарон дар донишгоҳҳо нодуруст будааст. Маълум шуд, ки дар замони муосир, ки хатарҳо зиёд шудаанд, донишгоҳ дар танҳоӣ наметавонад дар баробари онҳо истодагарӣ намояд. Ҳадафи аслии раҳбарияти ДМТ пешгирии афтидани ҷавонон ба доми гурӯҳҳои манфиатхоҳи  ифротӣ-террористӣ ва сиёсӣ мебошад. Ин ҳадафро мақомоти дахлдор ва падару модарон низ пайгирӣ мекунанд ва яқин аст, ки ҳамкории зич кардан ва ба ҳам овардани қувваҳо натиҷаи бештар дода, ҷавонон, ҷомеа ва давлати моро аз хатароти мазкур эмин нигаҳ медоранд. Дар воқеъ, душманони сулҳу пешрафти Тоҷикистони азизи мо ҳамеша дар ҳолати ҳуҷум кардан ҳастанд ва аз ҳама тараф метавонанд зарба зананд. Вақте падару модар, раҳбарияти донишгоҳ ва мақомоти марбутаи давлатӣ бо ҳам дар тамоси доимӣ буда, чораҳои пешгирикунанда мебинанд, хатари чунин ҳуҷумҳо бамаротиб кам мегардад. Аз ин рӯ, мо пурра ин ташаббуси раҳбарияти ДМТ, яъне ба роҳ мондани ҳамкории бештар барои муқовимат бо хатароти муосирро ҳамаҷониба дастгирӣ намуда, омода ҳастем, ки саҳми худро дар таъмини амнияти ҷомеа гузорем. Мо танҳо дар якҷоягӣ метавонем пирӯзӣ ба даст оварем.

Меҳр Собириён

пажуҳишгар, АМИТ

 
Хондан 497 маротиба