JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 03 Октябри 2024 12:50

Забони давлатӣ-муаррифгари миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ

Муаллиф: Файзуллаева Нигора

Ҳар ки к-аз забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забонаш осон гардад.

  Забони модарии мо — забони ширину шево ва шоиронаи тоҷикӣ, ки донишу маърифати дар тӯли ҳазорсолаҳо андӯхтаи мардумро дар худ нигоҳ доштааст, гӯётарин далели ҳастии миллати тоҷик буда, мақоми он дар сарнавишти мардуми мо хеле баланд аст.

  Забон- яке аз рукнҳои асосии давлатдорӣ ва пойдор нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ, инчунин муаррифгари мардуми куҳанбунёди тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Маҳз тавассути забон ҳар як халқу миллат арзишҳои миллии хешро ҳифз менамоянд. Халқи тоҷик таърихи қадима дошта, маҳз тавассути забони модариаш тавонист арзишҳои миллӣ, фарҳанги бойи нотакрори худро аз замони қадим то ҳол ҳифз намояд. Бояд зикр намуд, ки маҳз шоирону олимони бузурги халқи тоҷик бо забони модарии хеш шеърҳову достонҳо ва асарҳои беназиру нотакрор эҷод намудаанд, ки дар замони муосир дар арсаи байналмилалӣ миллати тоҷикро машҳуру маъруф гардонидааст.

  Мавриди зикр аст, ки аввалин маротиба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минбари  Созмони Миллали Муттаҳид бо забони модарии худ суханронӣ намуда, халқу миллати тоҷикро дар арсаи байналмилалӣ муаррифӣ намуданд. Маҳз ташаббусҳои беназир ва кӯшишу талошҳои  Пешвои миллат буд, ки имрӯз халқи тоҷикро дар тамоми ҷаҳон ҳамчун як халқи мутамаддин ва дорои таърихи куҳанбунёд ва бофарҳанг мешиносанд.

Дар замони муосир ва пуршиддат гардидани рақобатҳои геополитикӣ,  нигоҳ доштани арзишҳои миллӣ басо кори мушкил аст, вале халқи тоҷик маҳз бо талошу кӯшишҳои Асосгузори Сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тавонистанд арзишҳои миллӣ ва анъанаҳои фарҳангии хешро ҳифз намуда, дар майдони сиёсӣ устуворона қадам гузоранд. Сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, дар майдони сиёсӣ як усули нотакрор ба шумор меравад, махсусан таҷрибаи “сулҳи тоҷикон” як дастоварди боарзиш на танҳо барои тоҷикон, балки барои тамоми ҷаҳон мебошад, ки имрӯзҳо як намунаи хос барои дигар кишварҳо буда, тамоми кишварҳои ҷаҳонро ба ҳайрат овардааст. Аз ин рӯ, метавон гуфт, ки дар пурзӯр намудани давлатдорӣ ва пешбурди сиёсат низ забони давлатӣ саҳми арзандаи худро дорад.  

Мавриди зикр аст, ки  аввалин маротиба 22-юми июни соли 1989 дар кишвари мо қонуни забон қабул карда шуд. Вале бо гузашти вақт, баъзе аз меъёрҳои қонуни мазкур дар давраи соҳибистиқлолӣ, ки пурра ба талаботи замон ҷавобгӯ набуданд, иваз карда шуданд. Зарурати тағйиру иловаҳо ворид намудан ба қонуни забон пеш омад ва барои рушду такмил додани забони модарӣ қонуни нави забон таҳия ва қабул гардид. Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани забони давлатӣ 5-уми октябри соли 2009 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон  “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ” қабул гардид ва расман 5-уми октябрро “Рӯзи забони давлатӣ” эълон намуда, ба феҳристи ҷашнҳои давлатӣ ва миллӣ ворид намуданд. Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқӣ ва доираи истифодабарии забонро муайян намуда, дурнамои рушди забонро дар замони истиқлолият дар шароити таҳаввулоти бузурги сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ба танзим медарорад.

Ҳамзамон метавон гуфт, ки саҳми бузургон, олимону шоирони миллати тоҷик дар таҳкими забони давлатӣ назаррас аст. Дар замони истиқлолият эҷодиёти олимону шоирони тоҷик бо забонҳои мухталифи хориҷӣ тарҷума гардида, ба нашр мерасанд, ки бо ин восита робитаҳои илмӣ-фарҳангии дуҷониба ва бисёрҷониба бо кишварҳои ҷаҳон  густариш меёбад. Метавон гуфт, ки забони давлатӣ поягузори давлатдорӣ ва рушди робитаҳои илмӣ-фарҳангӣ мебошад, зеро тавассути забони давлатӣ гуфтушунидҳо, музокиротҳо ва тамоми вохӯриҳо дар сатҳи давлатӣ гузаронида мешавад, ки яке аз рукнҳои асосии робитаҳои дипломатӣ мебошад.  

Ҳамин тариқ, бояд тазаккур дод, ки забони давлатӣ асоси тамоми пешравиҳо ва дастовардҳои беназири миллати тоҷик дар замони истиқлолият  ба шумор меравад. Аз гуфтаҳои боло чунин бармеояд, ки  забони давлатӣ дар шинохту муаррифии миллати тоҷик саҳми босазо ва назаррас гузоштааст. Забон воситаи муошират миёни одамон мебошад, ки тавассути забон шахс фикру андеша ва пешниҳодҳои худро баён менамояд. Ҳамзамон метавон гуфт, ки дар робитаҳои гуногунҷабҳа бо дигар кишварҳои ҳамзабон маҳз тавассути забони давлатӣ музокироту нишастҳои сарони кишварҳо баргузор мегардад ва нақши забон  дар густаришу таҳкими робитаҳои сиёсиву дипломатӣ бештар густариш меёбад. Таҳкими забони давлатӣ ва арҷ гузоштан ба арзишҳои миллӣ яке аз самтҳои афзалиятноки рушди давлатдории миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Ҳамин тавр забони давлатӣ дар шинохту муаррифии миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ хидмати шоён ва беназирро анҷом додааст.

Файзуллаева Нигора

ходими илмии Шуъбаи

Осиёи Ҷанубӣ ва Шарқии ИОМДОА-и АМИТ

 

 
Хондан 548 маротиба