JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 23 Октябри 2024 13:42

BRICS ва ҷаҳони муосир

Муаллиф: Меҳр Собириён

  Дар ин рӯзҳо, яъне 22-24 октябр, дар пойтахти Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия шаҳри Қазон ҳамоиши бузург, бо ҳузури намояндагони боломақоми кишварҳои аъзои BRICS (Brazil, Russia, India, China, South Africa) ва чандин кишвари дигар, баргузор шуда истодааст. Дар маҷмуъ, раҳбарони 36 кишвари ҷаҳон дар ҳамоиши мазкур ширкат менамоянд. Ин аввалин форуми сатҳи баланди ин созмон баъди васеъшавӣ мебошад, ки соли ҷорӣ 5 кишвари дигар ба он пайваст шуданд. Ин кишварҳо Эрон, Миср, Эфиопия, Амороти Мутаҳидаи Араб ва Арабистони Саудӣ мебошанд. Кишвари Озарбойҷон низ барои пайвастан ба он дархости худро ирсол намудааст. Ин ҳамоиш бо ҷалб кардани кишварҳои зиёд диққати коршиносон ва расонаҳои ҷаҳонро ба худ ҷалб намудааст.

Барои Федератсияи Русия аҳамияти ҳамоиши мазкур пеш аз ҳама дар он аст, ки тавонист танҳову дар инзиво набудани худро ба кишварҳои ғарбӣ ва ҳампаймонони онҳо дар Шарқу Океания нишон диҳад. Дар воқеъ, маҳз равобити наздики сиёсиву иқтисодӣ доштан бо кишварҳои аъзои BRICS буд, ки зарбаи таҳримҳои вазнини кишварҳои ғарбиро ба иқтисоди Русия кам кард ва ин кишварро аз шикасти иқтисодӣ наҷот дод. Дар баробари канда шудани робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои муайяни Аврупо, ки шарикони асосии Русия маҳсуб меёфтанд, тиҷорати ин кишвар бо кишварҳои аъзои BRICS, махсусан бо Чину Ҳиндустон, ба маротиб зиёд гардид. Бо вуҷуди мушкилот дар ҳисоббаробаркунӣ, ки асосан тавассути шабакаҳои молиявии ИМА сурат мегирифт, тиҷорат миёни кишварҳои мазкур дар ду соли гузашта ба таври назаррас зиёд гардида, воситаҳои ҳисоббаробаркунӣ дигаргун шуданд, ки тибқи нишондодҳои ҷониби Русия ҳамакнун то 95 дарсади ҳисоббаробаркуниҳо миёни ин кишвар бо кишварҳои аъзои BRICS бо асъори миллии ин кишварҳо ба роҳ монда шудааст. Аммо мушкили фарқияти маблағҳои тиҷоратӣ то ҳол боқӣ мондааст. Барои ин мушкил дар ҷаҳони муосир асосан доллари ИМА истифода гардида, тавассути он кишварҳо фарқияти тиҷории худро баробар месозанд. Вале истифода шудани он аз ҷониби ИМА ҳамчун фишанги сиёсӣ дар солҳои охир кишварҳоро маҷбур сохтааст, ки роҳҳои алтернативии ҳисоббаробаркуниро дарёбанд. Ин масъала яке аз мавзуъҳои асосии баррасишаванда дар ҳамоиши BRICS дар шаҳри Қазон мебошад.

BRICS як созмони ҳамгироии иқтисодие ба монанди Иттиҳоди Аврупо нест. Ин як майдони гуфтушунидҳои судманд барои кишварҳоест, ки манфиатҳои муштараки сиёсӣ, иқтисодӣ ва амниятӣ доранд. Муносибатҳои кишварҳои аъзои он дар асоси принсипҳои баробарӣ ва дахолат накардан ба корҳои дохилии якдигар ба роҳ монда шуда,  бардоштани монеаҳои табииву сунъӣ дар муносибатҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ миёни кишварҳои аъзо ҳадафи асосии он мебошад. Сиёсатмадорон ва коршиносон аз кишварҳои аъзои BRICS пайваста таъкид менамоянд, ки ин созмон дар муқобили ҳеҷ як созмони байналмилалии дигар намеистад. Баръакс пуркунандаи халоҳоест, ки дар доираи СММ, Бонки Ҷаҳонӣ, Созмони Умумиҷаҳонии Тиҷорат ва ғайра пур кардани онҳо имконпазир нест. Масъалаи дедолларизатсия низ ба маънои пурра даст кашидан аз доллари ИМА дар тиҷорати ҷаҳонӣ нест. Агар кишварҳои BRICS тавонанд воситаи алтернативие барои ҳисоббаробаркунӣ миёни якдигар ёбанд, ин ба он маъно нест, ки онҳо дигар ба доллари ИМА ниёз надоранд. Доллари ИМА ҳамоно дар ҳисоббаробаркуниҳо миёни аксари кишварҳои ҷаҳон, махсусан кишварҳои сарватманду пешрафта, ки ҳиссаи бузурги тиҷорати кишварҳои BRICS ба онҳо рост меояд, истифода хоҳад шуд. Албатта, саҳми доллари ИМА дар тиҷорати ҷаҳонӣ камтар хоҳад шуд, вале ҳамоно асъори асосии ҷаҳонӣ дар ояндаи наздик боқӣ хоҳад монд.

 Дар ҳақиқат бузургтарин кишварҳои BRICS Чину Ҳиндустон бо кишварҳои Ғарбӣ ва шарикони онҳо дар Осиёву Океания муносибатҳои зиёди иқтисодиву тиҷоратӣ доранд, ки онҳоро бо ҳамдигар вобаста намудааст. Ин вобастагӣ ва манфиатҳои бузурги муштарак иҷозат намедиҳад, ки онҳо бар зидди созмонҳои дигари ҷаҳонӣ ва махсусан ғарбӣ созмоне сохта бошанд. BRICS низ аз ҷумлаи онҳост ва ҳеҷ гоҳ бар зидди кишварҳои номбурда амал карда наметавонад. Агар масъала ин бошад, ки ин ду кишвари бузург миёни BRICS ва Ғарби мутаҳҳид бо сарварии ИМА якеро интихоб намоянд, ба эҳтимоли зиёд онҳо Ғарбро интихоб мекунанд. Чунки манфиатҳои иқтисодиву тиҷоратии бештар мегиранд. Аммо чунин масъалагузорие ҳеҷ гоҳ нахоҳад шуд ва кишварҳои аъзои BRICS ҳамҷун давлатҳои соҳибистиқлол, кӯшиш мекунанд дар баробари нигаҳдориву густариш додани муносибатҳои гуногунсамта бо кишварҳои ғарбӣ, бо дигар кишварҳои ҷаҳон, ки нисбаташон таҳримҳову маҳдудиятҳои гуногун ҷорӣ гаштааст, ҳамкориву тиҷорати озод дошта бошанд. Майдони гуфгушунидҳои BRICS барои онҳо имкониятҳои амалӣ кардани чунин ҳадафҳоро таъмин менамояд ва онҳо аз ин имконият истифода бурда истодаанд. Илова бар ин, кишварҳои аъзои BRICS дар занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ саҳми хеле зиёд доранд ва кишварҳои ғарбӣ низ аз ҳамкорӣ бо онҳо даст кашидан намехоҳанд. Онҳо дар баробари қудрат гирифтани кишварҳои аъзои BRICS ва бисёрқутба шудани ҷаҳон коре карда наметавоанд.

Ҷаҳони бисёрқутба дар асри ҷаҳонишавӣ дигар ба он маъно нест, ки қутбҳо дар муқобили ҳам истода ҷанги сарди навро ба роҳ монанд. Ҷаҳонишавӣ бо ба вуҷуд овардани тақсимоти меҳнати нисбатан дурусттар самаранокии меҳнат ва сармояро ба таври назаррас боло бурда, кишварҳои ҷаҳонро ба ҳам вобаста сохтааст. Занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ чунон устувор аст, ки баркандани як ҳалқае аз он нархҳоро боло бурда, мушкилоти зиёзеро барои кишварҳои муайян ба бор меорад. Кӯшишҳои берун кардани Русия аз ин занҷира ва мушкилоти бархоста аз он барои кишварҳои Аврупо далели ин буда метавонанд. Дар асри нав бисёрқутба шудани ҷаҳон маънои онро дорад, ки кишварҳои бузург дар ҳар минтақа сиёсати мустақилро пеша карда, дар тасмимгириҳои сатҳи ҷаҳонӣ саҳми бештар мегиранд. Дигар ҷанги сарди наве имконпазир нест. Чунки кишварҳое, ки аз ҷониби Ғарб таҳрим шуда, зери фишорҳои вазнин қарор доранд ва мехоҳанд дар муқобили онҳо як қутби мустақил бошанд, чунин қудрати сиёсиву иқтисодиро надоранд. Аммо кишварҳое, ки қурдату имкони як қутби муқобил дар баробари Ғарб шуданро доранд, ба ҳамон занҷираи таъминотии ҷаҳонӣ пайваст буда, барои нигаҳдории мавқеи худ маҷбуранд бо ҳама кишварҳои ҷаҳон муносибати хубро ба роҳ монанд. Дуруст аст, ки дар ин миён нофаҳмиҳо пайдо мешаванд, вале онҳо дер ё зуд ҳалли мусолиматомези худро ёфта, ба тиҷорату сармоягузорӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ монеа эҷод намекунанд. Дар форумҳои BRICS низ масъалаи бардоштани монеаҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзои он мавриди муҳокима қарор мегирад.

Форумҳои BRICS таваҷҷуҳи дигар кишварҳои рӯ ба рушдро ба худ ҷалб намудааст. Чунки ин кишварҳо барои ба даст овардани рушди босуръату устувор ба сармоягузорӣ ва тиҷорати бештар ниёз доранд.  Кишварҳои BRICS, махсусан Чин, АМА ва Арабистони Саудӣ солҳои охир аз сармоягузорони асосӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ маҳсуб меёбанд. Дар ҳамоишҳои BRICS кишварҳои дигар метавонанд лоиҳаҳои ҷолиби худро ба намоиш гузошта, сармояи мустақили кишварҳои мазкурро ба даст оваранд. Ин аст, ки дар ҳамоиши навбатии BRICS дар шаҳри Қазон дар баробари 10 кишвари аъзои он 26 кишвари дигар, аз ҷумла Тоҷикистон, иштирок карда истодаанд. Ин таваҷҷуҳи зиёд ба ин ҳамоиш аз боло рафтани мавқеи BRICS дар сатҳи ҷаҳонӣ гувоҳӣ медиҳад.

Хулоса, ҳамоиши навбатии BRICS дар шаҳри Қазон бо иштироки намояндагони боломақоми 36 кишвари ҷаҳон баргузор шуда, мустақил будани сиёсати ин давлатҳоро ба намоиш гузошт. Кишварҳои аъзои он ва дигар кишварҳое, ки ба он таваҷҷуҳ доранд тайи се рӯз сари масъалаҳои мубрам дар сатҳи ҷаҳонӣ гуфтушунидҳои дуҷонибаю биёрҷонибаро роҳандозӣ намуда, барои ҳалли саривақтии онҳо тасмимҳои муштарак хоҳанд гирифт. Акнун вақт ниҳон медиҳад, ки то куҷо ин имкониятҳо аз ҷониби кишварҳои иштироккунанда истифода мегарданд ва BRICS ба ҷаҳони муосир манфиат оварда, мақоми аслии худро дар он муайян менамояд. Ба ҳар ҳол, метавон гуфт, ки новобаста аз натиҷаҳо, ин ҳамоиш нишон дод, ки Федератсияи Русия дар сатҳи ҷаҳонӣ ҳоло ҳам шарикони зиёд дорад ва танҳо нест.

 

Меҳр Собириён

пажуҳишгар

ИОМДОА-и АМИТ

 
Хондан 438 маротиба