JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Баҳори имсола бо баргузор шудани конфронси муҳими сатҳи байналмилалӣ, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳи подшоҳии Нидерланд ҳамраисии онро ба уҳда доштанд, оғоз шуд. Бинобар ин, 21-24 март диққати ҷаҳониён ва махсусан олимону коршиносони сиёсӣ дар ҷумҳурии мо ва берун аз он ба қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Ню-Йорки Иёлоти Муттаҳидаи Амрико  нигаронида шуда буд.

  Инак, чанд рӯз аст, ки Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамбастагӣ бо баҳори дилфурӯз фазои сарзамини моро муаттар ва музайян мекунад. Асотири паҳлавӣ ва асримиёнагии форсии тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми мантақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд.

  Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳз дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 мебошад. Роҳандозӣ ва дастгирии иқдоми мазкур ба мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ нерӯи мусбӣ мебахшад. Пеш аз ҳама барои илм омӯхтан шароити хуби таълиму тадрис бояд амалӣ карда шавад, ки толибилмон бе мушкилӣ ба омӯзиш машғул шаванд. Ин нукта низ дар партави сиёсат ва дастгириҳои ғамхоронаи президенти мамлакат баръало намоён аст. Исботи ин гуфтаҳо таъсиси мактабҳои типи нав ва ба хориҷа сафарбар намудани мутахассисон барои такмил ва сайқал додани дониш буда, моро маҷбӯр месозад, ки кӯшишҳои худро ҳамаҷониба равона карда барои амалӣ гаштани нақшаҳои мазкур замина устувор фароҳам оварем.

   Муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстӣ дар шахс аз куҷо оѓоз меёбад? Албатта ин ҳолат аз он вақте шурӯъ мегардад, ки шахс дар аёми кӯдакӣ бо эҳсос олами гирду атрофро дарк менамояд. Ин марҳила як равандест, ки дар таълимоти ҷомеашиносӣ онро «иҷтимоишавии шахс» меноманд. Дар навбати худ «иҷтимоишавии шахс ин раванди ҳамгироии шахс ба низоми иҷтимоӣ тавассути азхудкунии меъёрҳо, қоидаҳо, малакаҳо ва донишҳое мебошад, ки ӯ дар ҷомеа онҳоро ба таври мӯътадил қабул мекунад ва дар фаъолияташ истифода мебарад». Ҳамин тариқ, шахс субъект ва объекти муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, яке аз омилҳои муҳимтарини муайянкунандаи ҷомеа мебошад.[2]

Китобҳо