JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 17 Марти 2023 13:11

Нақши Пешвои миллат ва ниёгони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ

Муаллиф: Каримов Х. Ш., Холмуродов Ф.

  Рӯй овардан ба илмомӯзӣ, хусусан ба илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисодии кишвар дар арсаи ҷаҳон дар шароити имрӯза бисёр зарурӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави ҷаҳонишавӣ нақш ва рушди тафаккури илмҳои табиӣ-риёзӣ дар ҳалли масъалаҳои сиёсӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст. Махсусан дар ин замина дастгириҳои ҳамаҷониба ва аҳамияти махсус зоҳир намудани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита хидматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон саривақтист. Муҳтарам Пешвои муаззами миллат қариб дар ҳама баромад ва суханрониҳои худ дар баробари омӯхтани илмҳои гуманитарӣ, забонҳои хориҷӣ азхудкунии илмҳои табиӣ-риёзӣ ва ҳамқадами замон бо технологияи навро таъкид месозанд. Далели ин гуфтаҳо эълон гардидани солҳои 2020-2040 “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” маҳз дар Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии кишвар аз 26.12.2019 мебошад. Роҳандозӣ ва дастгирии иқдоми мазкур ба мутахассисони илмҳои табиатшиносӣ нерӯи мусбӣ мебахшад. Пеш аз ҳама барои илм омӯхтан шароити хуби таълиму тадрис бояд амалӣ карда шавад, ки толибилмон бе мушкилӣ ба омӯзиш машғул шаванд. Ин нукта низ дар партави сиёсат ва дастгириҳои ғамхоронаи президенти мамлакат баръало намоён аст. Исботи ин гуфтаҳо таъсиси мактабҳои типи нав ва ба хориҷа сафарбар намудани мутахассисон барои такмил ва сайқал додани дониш буда, моро маҷбӯр месозад, ки кӯшишҳои худро ҳамаҷониба равона карда барои амалӣ гаштани нақшаҳои мазкур замина устувор фароҳам оварем.

  Дастгириҳои Пешвои миллат барои пешрафт дар самти мазкур ва ҳавасмангардонии мутахассисон боиси таҳсин ва дастгириҳо аст. Аз ҷумла Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олӣ аз 26.01.2021 барои ҳавасманд гардонидани донишмандони соҳаҳои мухталифи фанҳои табиатшиносӣ чунин супориш доданд: “Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳамасола озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад [1].

  Бояд тазаккур дод, ки миллати тоҷик дар гузашта низ ба омӯзиш ва густариши илмҳои табиӣ-риёзӣ аҳамияти ҳамаҷониба ва аввалиндараҷа зоҳир менамуданд. Дар ҷаҳони илм ва маданият саҳми Зардушт,  Хусрави Парвиз, Абулвафои Бузчонӣ, Абумаҳмуди Хуҷандӣ, Абурайхони Берунӣ, Абуалӣ ибни Сино, Умари Хайём, ва дигар олимону донишмандон бисёр назаррас аст.

  Дар китоби муқадасси дини Зардушт, Авесто, осмон ба 5 ноҳия ҷудо карда шудааст шимолӣ, ҷанубӣ, шарқӣ, ғарбӣ ва марказӣ. Зардушт масофаи байни замину моҳро муайян карда мафҳуми арзу тули ҷуғрофиро ба илм дохил кардааст. Батлимус (Птолемей асри II) дастовардҳои он замонро дар (Алмаҷаст) ҷамъбаст карда, назарияи “Заминмаркази”-и оламро ба миён овард. Агарчи Манзумаи заминмарказии Батлимус дуруст набуд бо вуҷуди ин имкон дод, ки мавқеи сайёраҳо муайян карда шавад. Илмҳои табиатшиносӣ дар давоми якуним ҳазор сол ба таълимоти Батлимус такя карда, бо бунёд шудани Манзумаи офтобмарказии олам ба давраи нави пешрафт расид.

  Дар замони Сосониён дар дарбори шоҳии Хусрави Парвиз 360 мунаҷими варзида фаъолияти нуҷумӣ мебурданд. Замоне ки Шарқ ба омӯзиши имлҳои табиӣ рӯ оварда буд ҳанӯз имли Аврупо ба ин дараҷа нарасида буд.

  Соли 827 бо амри хилофати Аббосӣ, Маъмун (786-833) Алмаҷаст аз забони юнонӣ ба арабӣ тарҷума шуд. Дар Бағдоду Ракка расадхонаҳо сохта шуданд. Абулвафои Бузҷонӣ (940-998) дар расадхонаи Бағдод яке аз номуназамиҳои ҳаракати моҳро муайян кард. Ахтаршиноси машҳури тоҷик Абумаҳмуди Хуҷандӣ дар расадхонаи шаҳри Рай нахустин бор тағйирёбанда будани қимати тӯли авҷ (апогей)-и Офтобро ва тамоюли дойратулбурҷро муайян кард, ки ҳали ҷолиби қазияи синусҳоро барои секунҷаи куравӣ муайян намуд [2]. Секстанти ӯ дар таърих бо номи (Сутси фахрӣ) машҳур аст. Дар пешбурди илмҳои табиатшиносӣ саҳми олим Абурайҳони Берунӣ бениҳоят зиёд аст. Ӯ беш аз 40 асар эҷод кардааст “Қонуни масъудӣ”, “Китоб-уд-тамдид, ниҳоят-ил-амокин-ли-тасҳии масофат-ил-масокин”, “Китоб-фи-таҳқиқи мол-ил-Ҳинд”, “Осор-ул-боқия” ва ғайра. Абурайҳони Берунӣ (973-1048) аз гармӣ васеъшавии ҷисмҳо ва аз хунуки фишурдашавии онҳоро шарҳ додааст [3]. Умари Хайём шоири шинохта, олими барҷаста, ситорашинос ва аввалин шахсе мебошад, ки лоиҳаи тақвимеро пешниҳод кард, ки асоси онро даври 33 сола (аз он 8 солаш кабиса) ташкил медод. Тақвими Хайём дар 5000 сол ба як шабонарӯз саҳв дошт. Насриддини Тӯсӣ (1201-1274) дар расадхонаи Марого бо “Зичи элхонӣ” ном асар дар Шарқу Ғарб машҳур  буданд. Тараққиёти илм дар Шарқ дар асри XV бо фаъоляти расадхонаи Улуғбек зич алоқаманд аст. Асари асосии ахтаршиносони Самарқанд, ки бо номи “Зичи Улуғбек” машҳур аст ва соли 1648 дар Оксфорд бо забони англисӣ нашр гардид, аз баёни асосҳои назарии ахтаршиносӣ ва зичии 1018 ситора иборат мебошад. Дар тартиб додани зичи мазкур муҳаққиқони тоҷик аз ҷумла Ҷамшеди Кошонӣ, Қозизодаи Румӣ ва Алоуддини Коши нақши бузург доранд [4]. Аз тарҷума ва нашр шудани асарҳои “Сувар-ул-кавокиб-ас-собита”-и Абдурраҳмони Суфӣ ва “Муқаддима”-и Абумашҳари Балхӣ соли 1489 дар ахтаршиносии Аврупо нақши муҳим гузоштааст.

  Аз гуфтаҳои боло бармеяд, ки ниёгони тоҷик дар пешрафти илмҳои табиатшиносӣ аз қадимулайём саҳмгузор буда, донишмандони замони имрӯза давомдиҳандаи фикру ақидаҳои онҳо мебошанд.

 

Каримов Х. Ш. 

магистранти соли якуми Институти физика

ва техникаи ба номи С.У.Умарови АМИТ

Холмуродов Ф. 

ходими пешбари илмии Институти

физика ва техникаи ба номи С.У.Умаров.

Адабиёт

  1. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26.01.2021.
  2. Абдулозода Х. “Абумаҳмуди Хуҷандӣ ва таърихи астрономияи халқи точик асри Х". Душанбе. 2005.
  3. Рахимӣ Ф., А.А. Абдурасулов, К.Комилов, А.К. Зарифов, “Физика” (китоби дарсӣ барои синфи 8). Душанбе. 2021.
  4. Кононович Э.В., Мороз В.И. "Общий курс астрономии". Москва. 2004.

 

 

Хондан 2273 маротиба