JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Шанбе, 18 Марти 2023 12:21

Наврӯзи Ҷамшедӣ минҳайси фарҳанги вежаи миллӣ (дар партави таҷлилоти Наврӯзӣ)

Муаллиф: Нозим Нурзода

  Инак, чанд рӯз аст, ки Наврӯзи оламафрӯз дар ҳамбастагӣ бо баҳори дилфурӯз фазои сарзамини моро муаттар ва музайян мекунад. Асотири паҳлавӣ ва асримиёнагии форсии тоҷикӣ гувоҳи онанд, ки Наврӯз ба Ҷамшед  ва Ҷамшед бо Наврӯз тамъаманд ва дар муколимот ва танзими зиндагӣ яке дигареро комил месозад. Мардуми тоҷик аз бомдоди таърихи инсонӣ миёни мардуми мантақаҳои гуногун аз аввалинҳо шуда, ба парастиши аносири табиӣ ва заминӣ, мисли Офтоб, Борон, Оташ, Хок ва Бод даст задаанд.

  Дар қолаби тафаккури устурии мардуми мо унсурҳои табиӣ, ки инсон ҷузъи ҷудонопазири онҳост, ҷойгоҳи асосӣ доштааст.  Ин буд, ки ҳангоми муколамаи Аҳурамаздо бо Ҷамшеди Пешдодӣ дар фаргарди дуюми «Вандидод»-и «Авасто» Шаҳриёри Ориёӣ  аз Аҳурамаздо танҳо Заминро хостор мегардад ва сохтмони биҳишти рӯйи заминро бо таҷлили Наврӯз шурӯъ мекунад. Бар асоси он,  Наврӯз ҷашни пирӯзии хирад бар ҷаҳолат, рӯшанӣ бар торикӣ, некӣ бар бадӣ, покӣ бар беолоишӣ, озодӣ бар бардагӣ, истиқлол бар беистиқлолӣ, созандагӣ бар харобкорӣ, тавоноӣ бар нотавонӣ ва ҳувият бар беҳувиятист. Муҳимтар аз ҳама, Наврӯз номи Зиндагӣ ва пирӯзии Зиндагӣ бар Нозиндагист. Наврӯз бо омадани худ зиндагиро бар марг тарҷеҳ медиҳад ва ҳукумати ҳастӣ бар нестӣ пирӯз мешавад. Ба ин маънӣ фармудаанд:

 Ин ки номи Зиндагӣ Наврӯз шуд,

Зинда бар Нозиндагӣ пирӯз шуд.

   Дар асотири марбут ба Наврӯзу Ҷамшед бемаргӣ ва тасаллути инсонӣ бар нестӣ аз авлавиятҳои хосса маҳсуб меёбад. Фирдавсӣ дар абёти 56-58-и Достони Ҷамшед ҷаҳони Наврӯзии Ҷамшедиро, ки орӣ аз дарду ранҷу беморию пирӣ будааст, чунин тасвир намудааст:

Чунин сол сесад ҳамерафт кор,

Надиданд марг андар он рӯзгор.

Зи ранҷу зи бадшон набуд огаҳӣ,

Миён баста девон ба сони раҳӣ.

Ба фармон мардум ниҳода ду гӯш,

Зи ромиш ҷаҳон пур зи овою нӯш.

  Гузашта аз ин, Наврӯз ҷашни эътидоли шабонарӯзӣ, киштукори баҳорӣ, кашоварзию заҳматдӯстӣ ва билохира тавозун ва таодули зиндагист. Чун мардум, табиатан, аз сардию сармои тӯлонӣ ранҷ мебаранд, омадани гармӣ ва хуршедро ба унвони эҳёи зиндагии нав дар қолаби Наврӯз ҷашн мегиранд ва аз зиндони торикию ҷаҳолат раҳиданро фоли нек дониста, таври худогоҳ ва нохудогоҳ бад-ин мазмун садо дармедиҳанд:

Сардӣ гузашту гармии деринтизор расид,

Дайфасли зиндагӣ ба сар омад , баҳор расид.

Зиндони ҷаҳлро бираҳону биё, кунун,

К-айёми ақли мардуми худихтиёр расид.

  Наврӯз ҷашни созандагӣ, офарандагӣ, ва ҳувиятсозист ва аслан, бо ҷаҳлу нодонӣ даргир аст. Чун Ҷамшеди Пешдодӣ бо илму хиради зинда мусаллаҳ буд, рӯзи хирадсолориро Наврӯз унвон карда, ба сифати ҷашни ҳамагир ва фарогир миёни мардум ва табақоти гуногуни иҷтимоӣ интишор дод. Ҷамшед оварандаи Наврӯз ва ситоишгари хиради инсонист, кинахустин маротиба фазои ҳамбастагӣ, ҳамгиройӣ ва баҳамоии мардумиро новобаста аз тааллуқоти динӣ, мазҳабӣ, миллӣ, нажодӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ, ахлоқӣ, қавмӣ, табақотӣ-каставӣ заминагузорӣ карда буд ва ҳамин иқдоми наҷибона ва инсонсолорона умри Наврӯзро бардавом сохта, аз маҳдудаю марзҳои таърихӣ ва ҷуғрофӣ гузаронида, то ба замони мо овардааст. Махсусияти калидии Наврӯз ба сифати ҷашни фарогир ва ҳамагир дар воқеиятгаройӣ, инсонсозӣ ва таъйини таодул ва баробарӣ миёни инсонҳо зоҳир мегардад ва ин вижагӣ тайи асрҳои мутамодӣ ойини миллиро на танҳо тарк накард, балки таҳкиму тадовум бахшид. Ин аст, ки Наврӯз пайванди наслҳои инсониро дар имтидоди тӯлонии замонӣ нигаҳ дошта, ин риштаро, бо ҷаҳонӣ шуданаш ба дарозо мекашад ва ҷуғрофиёи ҷаҳонӣ ва башариро  тасаллут мекунад.

  Айёми наврӯзӣ ва баҳорӣ замони бедоршавӣ, эҳёи табиат, эҳсос, отифат ва фикру андешаи инсонҳост. Воқеан, замони фарорасии Наврӯз як навъ гармония ё симфонияи табиӣ дар олами вуҷудӣ ба амал меояд. Маҳз ҳамин ҳолат ва вазъи хуби равонӣ (настроение) аст, ки мардум вуҷуди худро аз ғаму ғусса, кину адоват, бадию бадандешӣ, зулму ситам, ҷаҳлу разолат пок намуда, танҳо аз покии вуҷуд ва андеша дам мезананд ва ин гуна фазоро то Наврӯзи дигар ба якдигар орзу мекунанд:    

Наврӯз даррасиду ғам аз дил бурун шавад,

Шодии мардумӣ ҳамагонӣ фузун шавад,

Аз покии вуҷуд бигӯ з-он, ки бегумон,

Нопокию палидию дун сарнагун шавад.

  Воқеан, Наврӯз аз оғоз ҷашни мардумӣ ва хирадгаройӣ будааст ва аз ин ҷост, ки ҳаста ва ядрои онро ҳамсипосӣ, худшиносӣ, мардумпарастӣ, зебоиписандӣ, адолатпарварӣ ва дунёмадорӣ ташкил мекунад.  Ногуфта намонад, ки  марҳилаи худшиносии миллии мо бо Наврӯз ва маросимоти наврӯзӣ меоғозад ва ба ин далел, он ба унвони  шиноснома, ҳамоса ва тамаддуни пурбори миллӣ дар хотираи таърихии мо маҳфуз мондааст.  Ба ин маънӣ:

Наврӯз, ки ҷашни ҳамсипосӣ бошад,

Дар силсилаи русум асосӣ бошад,

Ҷашне, ки на динӣ, на сиёсӣ бошад,

Дар сархатти ҷадвали қиёсӣ бошад,

Чун зубдаи осори ҳамосӣ бошад,

Фарҳанги шукӯҳу худшиносӣ бошад!

  Дар зимн, Навруз бо худии худ як фарҳанг ва тамаддун аст ва дар гузашта, ҳангоми савгандёдкунӣ дар баробари номи Яздону шаҳриёр номи Наврӯзро мегирифтанд ва ба номи он қасам ёд мекарданд. Фирдавсӣ аз забони қаҳрамонони “Шоҳнома” чунин навъи савгандро, ки бо Наврӯз алоқаманд буд, ба ёд меоварад:

  Ба Яздону номи ту, эй шаҳриёр,

  Ба Наврӯзу Меҳру ба хуррам баҳор!

   Аз сӯйи дигар, Наврӯз минҳайси падидаи ҳувиятӣ дар шаклгирии ҳувияти қавмӣ-миллӣ дар паҳнои таърихи аҷдодӣ нақши калидӣ дошта, аз байн рафтани он ба маънии аз байн рафтани ҳувияти миллӣ муаррифӣ шудааст. Ин аст, ки Фирдавсӣ таҳдид ба ҷашнҳои миллии Наврӯзу Садаро таҳдид ба миллат ва давлат талаққӣ карда, аз забони қаҳрамонони иронӣ мефармояд:

                               Кунад бо замин рост оташкада,

                               На Наврӯз монад, на ҷашни Сада!

         Ё ин ки:

                              Ҳам оташ бимирад ба оташкада,

                              На Наврӯз монад, на ҷашни Сада.

  Ба ин тартиб, Наврӯз дар мақоми хирадномаи миллӣ ва тамаддуни вежаи миллӣ дар арсаи зиндагӣ ҳазорсолаҳо (умри Наврӯзро бархе ба умри миллат баробар дониста, баъзеҳо даҳ ҳазор ва иддае панҷ ҳазор сол муқаррар кардаанд) боз ҷавлон мекунад ва таҷдиду навсозиро бар куҳнапарастию вопасгаройӣ тарҷеҳ медиҳад. Бо он ки аҷнабиёну мутаассибони ҳамаи давру замонҳо бо Наврӯз ҷанг эълом доштанд, аммо рӯҳияи ҷашнӣ ва тамаддуни вежаи Наврӯзиро аз байн бурда натавонистанд ва ночор андаруни ин тамаддуни пурбор ҳазм шуданд. Чун Наврӯз ба унвони фарҳангу тамаддуни вежа бо навӣ, навсозӣ ва навпарастӣ тавъам аст (Наврӯз – рӯзи нав), фарсудагию куҳнагиро қабул надорад ва танҳо дар масири навию навпардозӣ ҳаракат мекунад. Ба сайри таърихии манзуми Наврӯз ҳамчун фарҳанги вежаи миллӣ таваҷҷуҳ мекунем, ки чӣ шебу фарозеро пушти сар кардааст ва пиндоштани он ки як ҷашну русуми содаест, ҳаргиз ба дард намехурад:

Аҷнабӣ бар ин замин гарчи ҳазорон сол тохт,

Ҷабру зулму хешро бар курсии давлат нишохт,

Гарчи миллат борҳо дору надорашро бибохт,

Ҳамчу оҳан хеш андар оташи тафсон гудохт,

Бо ҷасорат хешро аз нав шинохт,

Бо хирад манзумаи Наврӯз сохт,

Сози пирӯзӣ навохт!

 

Пас, бубин, Наврӯз ҷашну иду расми сода нест,

Базми шодию нишоту айшу нӯши бода нест,

Ибтикори мардумони пешипоуфтода нест,

Достону қисаву афсонаву сарвода нест,

Ҷуз паёми ҳикмати озода нест,

Ҷуз ризои хотири дилдода нест,

Ғайри некуҷода нест!

 

  Ҷаҳонӣ шудани Наврӯз, қабл аз ҳама, маънои ҷаҳонӣ шудани фарҳанги мардумӣ аст. Бо таваҷҷуҳ ба ин, моро зарур аст, ки ин ҷашни бостонии миллиро ба карнавали умумимиллӣ, умумимардумӣ ва умумиҷаҳонӣ табдил диҳем. Бо таваҷҷуҳ ба ин, роҳандозӣ кардани тадбирҳои зайл ба манфиати кор хоҳад буд:

  Якум. Бо такя ба неруи олимон, коршиносон, зиёиён ва равшанфикрон омода намудани тарҳи карнавали наврӯзӣ.

  Дуюм. Бо рӯйи даст гирифтани иқдомоту ташаббусот ба вуҷуд овардани фазои табии идӣ ва ҷашнӣ дар имтидоди фарвардинмоҳ (нимаи аввали март ва ибтидои моҳи апрел).

  Севум. Ҷалби соҳибкорони ватанӣ ва сармоягузорони дохилӣ ҷиҳати бунёд ва ба талаботи замон мутобиқ кардани инфрасохтори наврӯзӣ.

  Чаҳорум. Ҷилавгирӣ аз сохтаву сунъӣ баргузор намудани маросими наврӯзӣ ва ба ҳолати табиӣ ва муътадил баргардонидани ойинҳои миллӣ (расмиятчигӣ ва сохтакорӣ дар таҷлили ҷашнҳои миллӣ, аз ҷумла Наврӯз боиси дилбазанӣ ва нокоромадии силсилаи ҷашнҳои миллӣ мегардад).

  Панҷум. Дарёфт, омӯзиш ва эҳёи суннатҳои наврӯзӣ, ки дар баъзе манотиқи кӯҳистонии ҷумҳурӣ, мисли навоҳии Масчоҳ, Айнӣ, Панҷакент, Дарвоз, Ванҷ, Рӯшону Шуғнон, Ишкошим ҳанӯз миёни доираҳои маҳдуди аҳолӣ фаъоланд.

  Шашум. Тавассути ВАУ, минҷумла телевизион, радио, расонаҳои хабарии расмӣ ва мустақил, пойгоҳ ва сомонаҳои иттилоотӣ-таҳлилии интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ саросарӣ тарғиб намудани суннат ва ойинҳои миллию мардумӣ, ихтисос додани вижабарномаҳои наврӯзӣ, сабту пахши ҷараёни баргузории сайрҳои идона, гаштугузорҳои оммавии наврӯзӣ, ба намоиш гузоштани манзараҳои дилошуби кӯҳистон, гулгашту хиёбонҳои ватан раванди гардишгарии ватаниро таҳкиму тақвият мебахшад.

  Ба ин монанд тадобири фаровонеро метавон амалӣ кард, ки ҷашни Наврӯз ва соири ойинҳои миллиро ба сатҳи карнавали ҳақиқӣ хоҳанд расонд ва фарҳанги миллию мардумиро ба таври зарурӣ дар миқёси байналмилалӣ муаррифӣ хоҳанд кард.

            Зиндаву поянда бод, Наврӯз ва тамаддуни Наврӯзӣ!

           Бо эҳтироми Наврӯзӣ,

           Нозим Нурзода

Хондан 2192 маротиба