JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Ҷумъа, 17 Марти 2023 12:57

Зарурати воқеии ҷомеаи муосир

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода,

   Муҳаббат ба Ватан ва эҳсоси ватандӯстӣ дар шахс аз куҷо оѓоз меёбад? Албатта ин ҳолат аз он вақте шурӯъ мегардад, ки шахс дар аёми кӯдакӣ бо эҳсос олами гирду атрофро дарк менамояд. Ин марҳила як равандест, ки дар таълимоти ҷомеашиносӣ онро «иҷтимоишавии шахс» меноманд. Дар навбати худ «иҷтимоишавии шахс ин раванди ҳамгироии шахс ба низоми иҷтимоӣ тавассути азхудкунии меъёрҳо, қоидаҳо, малакаҳо ва донишҳое мебошад, ки ӯ дар ҷомеа онҳоро ба таври мӯътадил қабул мекунад ва дар фаъолияташ истифода мебарад». Ҳамин тариқ, шахс субъект ва объекти муносибатҳои ҷамъиятӣ буда, яке аз омилҳои муҳимтарини муайянкунандаи ҷомеа мебошад.[2]

  Ҳисси муҳаббат ба модар, муҳаббат ба аҳли хонавода ва зодгоҳе, ки шахс дар он зиндагӣ мекунад, маҳз дар ҳамин овони кӯдакӣ дар ӯ ба вуҷуд меояд. Ин муҳаббат рафта-рафта дар баробари фаро расидани дигар марҳилаҳои зиндагӣ таҳким гардида, ташаккул меёбад. Макон ё маҳалле, ки шахс дар он зода шуда, ба воя расидааст яке аз сарчашмаҳои амиқи эҳсоси ватандӯстӣ мебошад. Вале ин эҳсосот аз падидаи ногувори «маҳалгароӣ» ба куллӣ фарқ мекунад. Аз ин рӯ, эҳсоси дуруст ва воқеии сарзамини аҷдодӣ бояд имрӯз дар шуури ҳар яке аз мо дар зери мафҳумҳои Тоҷикистони ягона ва тоҷикистонӣ тақвият ва ташаккул ёбад. Дар ҳақиқат, ҳар деҳ, ноҳия, минтақа дар шуури мо аз ҷавон то бузургсол бояд дар якҷоягӣ як қаламрави ягонаи кишвари сарсабзи мо –Тоҷикистони азизро ташкил диҳад.

  Имрӯз моро зарур аст, ки ҳисси ватандӯстиямон, танҳо дар асоси гиромидошти манфиатҳои миллии давлат ташаккул ёбад. Бо назардошти сабақҳои талхи таърихие, ки халқи тоҷик, дар бозиҳои ноҷавонмардонаи таърих чашидааст ва дарки воқеии вазъи ноустувори ҷаҳони муосир, моро зарур аст, ки ватандӯстии худро дар мафҳуми давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони ягона - Ватани маҳбуби мо ташаккул ва тақвият диҳем. Ватандӯстии мо ифодакунандани истиқлолияти давлатӣ, тамомияти арзии кишвар, эҳтирому арҷгузорӣ ба таърих, фарҳанг, арзишҳои моддиву маънавӣ ва дар маҷмӯъ манфиатҳои миллии кишвар бояд бошад.

  Имрӯз, ки ҷомеаҳо ба таври суръатнок дар зери таъсири ҷанбаҳои манфӣ ва мусбии раванди ҷаҳонишавӣ қарор гирифтаанд, таъсири ин падида ба тамоми соҳаҳои ҳаёти маънавии ҷомеа, аз ҷумла ба шуури ватандӯстӣ низ мерасад. Чунки шуури ватандӯстӣ ҷузъи шуури ҷамъиятӣ мебошад. Баъзан равандҳои манфии ҷаҳони муосир ба арзишҳои умумиинсонӣ мухолифат намуда, дар паи нобуд кардани он мебошанд. Ин дар ҳолест, ки ҷомеаи ҷаҳониро ҳаракатҳои миллатгароӣ, нажодпарастӣ, террористӣ, экстремистӣ ва дигар падидаҳои номатлуб фаро гирифтаанд, ки ба арзишҳои умумибашарӣ ва манфиатҳои миллии кишварҳои алоҳида таъсири манфӣ мерасонанд. Инчунин иддае аз ҷавонони ноогоҳро пойбанди ақидаҳо худ намуда, онҳоро бар зиди ин арзишҳо равона мекунанд. Ҳамин тариқ, ин равандҳо ва падидаҳои номатлуб ба асл ва бунёди ҷомеаҳо хатар ворид намуда, аз он ҷумла ба арзишҳои маънавӣ ва милливу фарҳангӣ, ки ватандӯстӣ низ ба онҳо алоқаманд аст таъсири ногувор мерасонанд.

  Аз ин рӯ, чунин зарурат пеш омадааст, ки барои бунёди воқеан ҷомеаи мутамаддин ва ҳалли бисёр масъалаҳои ҳаётии кишвар, бевосита ватандӯст будан ва арҷ гузоштан ба ин сарзамин, интихоби дурусти мавқеи фард-фарди ҷомеа зарур ва ҳатмист. Дар ҳоле, ки «Тоҷикистонро кишвари ҷавонон мегӯянд ва 70% аҳолии кишварро ҷавонони то 35 сола ташкил медиҳад».[4] Аз ин лиҳоз, тарбияи ватандӯстии насли наврас ва ҷавонон бояд самти афзалиятнок ва ҷузъи ҷудонашаванда кору фаъолияти мо қарор гирад. Бо итминони боварӣ ба  ин насли фаъоли ҷомеа, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсола чунин қайд намуданд: «Мо ба ҷавонони кишвари худ ифтихор дорем, зеро онҳо дар рушди давлат ва ободии Ватан фаъолона  саҳм  мегузоранд, марзу буми  сарзамини аҷдодиро ҳимоя  мекунанд, ватандӯсту  ватанпараст, бонангу номусанд ва ба халқу давлати Тоҷикистон содиқ мебошанд».[3]

  Вобаста ба такмил бахшидани раванди тарбияи ватандӯстӣ, дар таърихи 16 декабри соли 2022 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон қабул гардид. Дар асоси қонуни мазкур барои баланд бардоштани дарки воқеӣ ва тақвияти шуури ватандӯстии шаҳрвандон ба роҳ мондани тарбияи ватандӯстӣ зарур аст. Тарбияи ватандӯстӣ бошад, чуноне дар «Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон» омадааст, ин фаъолияти мураттаб ва мақсаднок мебошад: «тарбияи ватандӯстӣ - фаъолияти мураттаб ва мақсадноки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои (иттиҳодияҳои) ҷамъиятӣ, оила ва шаҳрвандон, ки барои ташаккули дарки баланди ватандӯстӣ дар тафаккури шаҳрвандон, ҳисси садоқат ба Ватан, омода будан ба адои қарзи шаҳрвандию уҳдадориҳои конститутсионӣ барои ҳимояи манфиатҳои Ватан нигаронда шудааст».[1] Аз ин ҷо бармеояд, ки дар ташаккул ва тақвияти ватандӯстии шаҳрвандон тамоми ниҳодҳои давлативу иҷтимоӣ ва ҷамъиятӣ бояд иштироки фаъолана дошта бошанд.

  Ватандӯстӣ ва ватандӯст будан нисбат ба Ватан бештар ѓамхорӣ кардан, дар бораи ободӣ ва беҳбудии диёри худ дар канор набудан, барои ҳифзи ҳар ваҷаб хоки он фидокор буданро талаб мекунад. Яъне ба таври содда агар иброз кунем, шахси ватандӯст мавҷудияти Ватани худро тасдиқ мекунад, бо  он фахр мекунад ва барои рушду гулгулшукуфии он талош меварзад.

  Дар раванди ташаккули шуури ватандӯстӣ се ҷанбаи муҳим аст, ки он бояд ташаккул ёбад. Якум, ғамхор будан нисбат ба халқу диёри худ ва тақдири имрӯзу ояндаи он. Дуюм, масъулиятшинос будан нисбати ҷомеа ва кишвар дар дар ҳамаи сатҳу мақом. Сеюм, эҳтиром гузоштан нисбат ба ҳамаи бурду бохтҳо, дастовардҳо ва камбудиҳо, ки имрӯз кишвари мо, ҷомеаи мо бо он рӯ ба рӯ аст. Ҳамин  тариқ, эҳтирому муқаддас шуморидани табиати зебои кишвар, таъриху фарҳанг ва забони зебои тоҷикӣ, ки он ҳама дар зери мафҳуми Ватан муттаҳид гардидааст. Ба қавли шоир, «Тоҷикистон сари ҳар санги ту бар ман Ватан аст».

  Бино ба назари ҷомеашиносон, ватандӯстӣ, ҳамчун шуури ҷамъиятӣ дар ҷомеа вазифаҳои муайянро иҷро  мекунад. Пеш аз ҳама, ватандӯстӣ вазифаи идентификатсионӣ ё ҳаммонандкунии (ҳувиятшиносӣ) дорад. Яъне шахс худро ба ҷомеа, гурӯҳи иҷтимоӣ ё этникие нисбат медиҳад, ки барои вай наздик аст ва  ба  он  таалуқ дорад. Маҳз чунин нисбатдиҳӣ дар замони муосир дар натиҷаи таҳдидҳои раванди ҷаҳонишавӣ каме буҳронӣ шудааст. Аз ин рӯ, дар раванди тарбияи ватандӯстӣ ин вазифа бояд такмил дода шавад, то ки шаҳрвандони кишвар худшиносу ҳувиятшинос бошанд ва эҳтиром ба таъриху фарҳанги миллат дошта бошанд.

  Вазифаи дуюм, ташкилӣ ва сафарбаркунандагӣ, мебошад, ки шахсро барои фаъолияти ватандӯстӣ сафарбар мекунад. Хусусияти асосии ин падида аз он иборат аст, ки он ҷанбаи арзишшиносӣ дорад. Маҳз дар ин ҷо метавон қайд намуд, ки ватандӯстӣ дар доира ва низоми арзишҳо ташаккул меёбад. Барои мисол фарзандони фарзонаи халқи тоҷик дар тӯли таърих барои ҳимояи ватан, забон, фарҳанг ва нангу номус ҷонбозиҳо намуда, қаҳрамониҳо нишон додаанд, имрӯз ин омил барои насли муосир ҳамчун намунаи ибрат метавонад хидмат намояд. Дуруст аст, ки ин вазифаи ватандӯстиро мо метавонем барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ ва ҳифзи марзу бум истифода барем.

  Вазифаи сеюми ватандӯстӣ, ҳамгироикунандагӣ ё интегратсионӣ мебошад. Маҳз дар таҳти шиори ватандӯстӣ метавон муттаҳидӣ ва ҳамгироии ҷомеаро таъмин намуд ва барои рушди кишвар қадамҳои устувор гузошт. Якдилию ваҳдати аҳли ҷомеа унсури муҳимми ватандӯстӣ мебошанд.

  Ҳамин тариқ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ дар таърихи муосири кишвар ба марҳалаи нав дохил гардид. Гарчанде, ки дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ кишвар ба буҳрони шадиди ақидативу идеологӣ ва иқтисодиву сиёсӣ рӯ ба рӯ гардида буд, бо дарки воқеият ва истифодаи хиради бузурги мардуми шарифи тоҷик ҳамаи он мушкилиҳо паси сар гардид. Пас, имрӯз барои тақвияти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва арзишҳои милливу фарҳангӣ, инчунин раҳоӣ аз буҳронҳои идеологиву бегонапарастӣ зарурат пеш омадааст, ки тарбияи ватандӯстӣ таҳким бахшида шавад. Аз ин рӯ, вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар аст, ки ватандӯсту хештаншинос бошем ва барои рушди Тоҷикистон саҳми худро гузорем.

Нусратулло Зокирзода,

номзади илмҳои  фалсафа

  1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон. 16 декабри соли 2022, № 332.
  2. Нурышев Г.Н., Бразевич Д.С. Социология: Учеб. пособие. СПб.: СПбГУНиПТ, 2010. С.180.
  3. Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ».
  4. Сколько в Таджикистане молодых людей и чем они заняты? https://asiaplustj.info/ru/news/tajikistan/society/20210523/skolko-v-tadzhikistane-molodih-lyudei. Рӯзи муроҷиат: 04.03.2023.

 

Хондан 2213 маротиба