JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Панҷшанбе, 16 Марти 2023 16:14

 Наврӯз оҳангу таронаҳо дорад...

Муаллиф: Аслиддин Низомӣ

  Ҷаҳонишавии иди Наврӯз дар даврони Истиқлолияти давлати Тоҷикистон иқдоми басо рамзӣ ба шумор меравад. Замоне ин суннати бузурги фарҳангиро маҳз аҷдодони мо аз ҷиҳати илмӣ собит сохтанд, соати тавлиди табиати навро муқаррар намуданд ва гардиши фалакро дақиқа ба дақиқа, соату рӯзу моҳ тақсимбандӣ намуданд. Яъне муқаррар гардид, ки  маҳз дар ҳамин лаҳзаи оғози гардиши тозаи чархи фалак табиат аз нав бедор мешавад, сабзаву райҳон зи нав сар аз хок берун мекунанд, фасли навбаҳор мерасаду дили ҳасратзадаи Одам низ саршори фараҳу шодӣ ва умедҳову ниятҳои тоза мегардад.

  Шубҳае нест, аслан ватани таҷлили Наврӯз ҳамин сарзамини зебову фараҳангези аҷдодони мардуми Тоҷикистон ба шумор меравад, зеро падидаҳои дилангези табиат маҳз дар ҳамин иқлиму дар ҳамин фазои зебо таъсири ҳарчи бештару қавитар ба зеҳну тафаккури инсон дошт. Аз қазову қадар ба мо ҳадяе фуруд омадааст, ки дар натиҷаи он ҳамин замини чашмасору ҳамин кӯҳҳои сар ба фалак, ҳамин чаманзори мафтункунандаи Тоҷикистон дар соатҳои аввали баҳор бо либоси нав ва зиннати тоза барои мушоҳидаи дилу дидаи инсон омода мегарданд. Шукр аз ин тақдири нек мекунем, зеро маълум аст, ки соатҳои аввали баҳорро одамон дар бисёр манотиқи олам ҳатто мушоҳида карда наметавонанд, аз ҷурми он ки табиати фарохдоман на дар ҳама мавзеъи беканораш аломати зиндашавии худро дар ин айём ошкор месозад.

  Имрӯз аҳли олам, сокинони сайёраи зебои Замин бо истифода аз имкониятҳои беназири иттилоотӣ ба ҳамдигар пайвандии бузурги иттилоотӣ, фарҳангӣ ва илмӣ пайдо карданд, лаҳзаи дар водиҳои Тоҷикистон шукуфтани Гули сияҳгӯшро метавон бемалол дар Амрикову Канада мушоҳида намуд. Аҳли олам кайҳо инҷониб дарак аз он доранд, мардуми қадиминажоду фарҳангофарини тоҷик садсолаҳо инҷониб суннатҳои бузурги тамаддуни Наврӯзро дар дӯши худ ҳифз намуда имрӯз онро ба ҷаҳониён пешкаш менамоянд. Аз ин лиҳоз маъракаи ҷаҳонишавии Наврӯз – ин амалест табиӣ ва маҳсули ҳаракатҳои ҳазорсолаи аҳли башар ба сӯи ваҳдати насли одам, истиқрори сулҳу осоиштагӣ.

  Ҷаҳонишавии «Наврӯз» бешубҳа  вобаста ба зарурат ва эҳтиёҷоти кулли аҳли башар амалӣ гардид, зеро мутаассифона, дар оғози қарни 21 баногоҳ садои пурдаҳшати табли ҷангу ҷидол хеле баланд гардид, парокандагиву раҳгумзанӣ расми нави манотиқи Шарқу Ғарб гардид, суруди вафо наздик ба фаромӯшӣ расид, дарки маъниҳои бузурги суннати Наврӯз – ҳаракат ба сӯи маърифат, созандагиву ободӣ,  зебоӣ, ба қадри зиндагӣ расидан душвортар шуд. Дар ин лаҳзаҳои ҳассоси таърихи навини башар ташаббуси фарҳангии асри нав – ҷаҳонишавии Наврӯз бешубҳа барои ба ҳам овардани мардуми олам, устувор шудани эҳсоси якдиливу бародарӣ  миёни аҳли башар мадад хоҳад расонид.

  Як замоне, садсолаҳо қабл аз давраи мо, мардуми тоҷик дар мавриди ифодаи мушоҳидаҳои хеш аз ҳаводиси айём чунин месуруданд:

                             Наврӯзу навбаҳорон шуд, мавсими гул омад,

                              Дар шохи гул нишаста хониши булбул омад.

                              Бар кӯдакони мактаб файз бидеҳ, худоё,

                              Аз илм баҳра бурдан бисёр мушкил омад.

  Мо – аҳли башар, ҳама кӯдакони мактаби зиндагӣ мебошем ва пайваста – ҳар соату ҳар лаҳза илми зиндагиро аз бар менамоем. Дар душвориҳо, дар муборизаҳо, дар ҷаҳду ҷидоли рӯзмарра баҳри дарёфти қути лоямут ва дар ҳифзу устувор гардонидани мақоми одамии худ.

  Наврӯзи ҷаҳонӣ кунун қадамҳои нахустини худро дар таърихи олам оғоз менамояд ва ин муқаддима шарафу шуҷоати кулли мардуми оламро бояд бедор кунад. Наврӯз дар маҷмӯъ ду падида ё худ ду ҷанбаи асосии худро соҳиб аст, яке таъин намудани соатҳову рӯзҳои дақиқи солшуморӣ ва дигаре – бо истифода аз васоити пурғановати ҳунарҳои мухталифи бадеӣ, яъне шеъру мусиқӣ, достонҳои асотириву мусаввараҳои рӯи санг ифода намудани бузургиву зебоии Наврӯз.

  Дар байни ин падидаҳои ҳунарӣ маҳз оҳангҳои мусиқии наврӯзӣ бештару аниқтар мазмуну мундариҷаи ин ҷашни қадимиро таҷассум кардаанд. Ба ҳамагон маълум аст, ки масалан шеърҳои наврӯзӣ, ки дар ҳазорсолаҳои аввали давраи ҷашнгирии Наврӯз офарида шуданд то ба замони мо омада нарасиданд. Ё худ на ҳамаи мусаввараҳои дорои манзараҳои рақсу таровати наврӯзӣ дар рӯи сангҳову деворҳои қасрҳо боқӣ монданд. Вале бо камоли итминон метавон гуфт, ки риштаи ҷараёни ташаккули кулли системаи оҳангҳои Наврӯзӣ – бахшида ба ҳар рӯзу моҳу сол аз қадимтарин айёми пайдоиш то ба имрӯз гусаста нагардидааст, зиёда аз ин, маҳз тавассути суруду таронаҳои мардумӣ ва системаи оҳангҳои классикӣ ҷашни Наврӯз симои маънавӣ ва моҳияти иҷтимоии худро ҳифз намуда то ба имрӯз расидааст.

  Дар таърихи тамаддуни ҷаҳонӣ ин гуна мисолҳо хеле зиёданд ва мо метавонем дар муқоиса бо онҳо хулоса барорем, ки маҳз таронаву навоҳои Наврӯзӣ пайкари ин ҷашни азизи моро ба таври азалӣ мустаҳкам намудаанд.

  Расидани рӯзи навро шоҳ Ҷамшед дар тахти нав пешвоз мегирифт ва мунаҷҷимон дақиқан расидани соати онро муқаррар намуда буданд, аммо на ба ҳамагон маълум аст, ки ин расм, яъне эълони Рӯзи нав маҳз тавассути тантанавор иҷро гардидани оҳангҳои махсус тавассути оркестри дарбории ҳамондавра – шайпуру таблҳо, садои созҳои нодиру овози хуши муғанниён сурат мегирифт. Фирдавсӣ дар «Шоҳнома» аз мавриди таҷлили Наврӯз чунин ёдовар шудааст:

 

                              Ба Ҷамшед пур гавҳар афшонданд,

                              Мар он рӯзро «Рӯзи нав» хонданд.

 

                              Бузургон ба шодӣ биёростанд,

                              Маю ҷому ромишгарон хостанд.

  Маълум мешавад, ки шукӯҳу шаҳомат ва назокату таровати Наврӯзро қабл аз ҳама аҳли мусиқӣ – ромишгарони дарбор баён месохтанд ва пайдост, ки ин наво ва ин таронаҳо дар ҳеҷ сурат омиёна ва содда набуданд, баръакс ҳар як ҳунарманди асил кӯшиш мекард ки баҳри таҷассуми бузургии Наврӯз асари тозаи  ҳирфаӣ омода созад. Борбади Марвазӣ барои ҳар рӯзи айёми Наврӯз суруду навоҳои махсус офарида буд ва муҳтавои ин навоҳо қабл аз ҳама дорои рамзҳои идона буданд: яке барои шоҳон, дуввумин барои кишоварзон, саввумин барои сарбозон, мӯбадон ва ғ.

Ҳамин тавр, метавон тасаввур намуд, ки шояд аз ҳамон замон оҳанги маъруфи «Наврӯзи Бузург» боқӣ мондааст, ҳамон навое, ки  имрӯз, яъне бо мурури якуним ҳазор сол, дар силсилаи «Шашмақом» танинандоз аст. Ин ҷо бояд шукр ва ифтихор аз он намуд, ки Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри эҳёи ин шоҳасраи мусиқии ҷаҳонӣ фармони таърихӣ оид ба рушди минбаъдаи  мусиқии классикии Шашмақом ба тасвиб расонида буданд. Дар Тоҷикистони соҳибистиқлол мақоми давлатӣ гирифтани ҳунари мусиқии классикӣ – силсилаи Шашмақом ва суннати волои фалаксароӣ барои тазйину такомули равзаҳои фарҳангиамон омили басо пурқудрат гардид.

Сурудҳои силсилаи наврӯзӣ таърихи хеле қадим доранд. Ҳанӯз Абу Бакр Наршахӣ (қ.10 м.), муаллифи «Таърихи Бухоро» ба номгӯи суруду таронаҳои замони худ таваҷҷӯҳи махсус зоҳир намуда чунин навишта буд: «Ва мардумони Бухороро навҳаҳо аст чунон, ки дар ҳама вилоятҳо маъруф аст ва мутрибон онро суруд хонанд… ва ин сухан зиёда аз се ҳазор сол аст».

 Маълум аст, ки ин ҷо сухан аз тафсири ҳолати дар Бухорои Сомонӣ маъмул будани сурудҳои қадимии зиёда аз се ҳазорсола – силсилаи сурудҳо  меравад. Таваҷҷӯҳ фармоед: Наршахӣ махсусан таъкид кардааст, ки ин сурудҳо «дар ҳама вилоятҳо маъруф аст», яъне мо бояд ба эътибор гирем, ки дар қарни 10 милодӣ дар ҳамаи вилоятҳои Бухоро – аз ҷумла албатта дар Суғду Хатлон ва Раштонзамину Хатлон суруду таронаҳои се ҳазорсола маъруф будаанду онҳоро ромишгарон месурудаанд.

 Пас бо такя би ин маълумоти муаррихи маъруф бо итминони комил метавон гуфт, ки айнан бо ҳамин минвол сурудҳои қадимии Наврӯзӣ низ дар ҳамон замон дар кулли манотиқи Бухоро маъруф будаанду минбаъд вориди ҷараёни ташаккули силсилаи Дувоздаҳмақом гардиданд. Ёдовар бояд гардид, ки Абубакр Наршахӣ дар ҷойи дигар оҳангҳои наврӯзиро низ ба алоҳидагӣ зикр намудааст ва ин гуна маълумоти  ӯ дар таҳқиқи таърихи мусиқии наврӯзӣ сарчашмаи боэътимод шуда метавонанд.

 Ҳамчунин доир ба бозори деҳаи қадимии Варахша («қадимтар аз Бухоро будааст») Наршахӣ зикр намудааст, ки  «чун бозори охирини сол бошад, бист рӯз бозор кунанд ва бисту якум рӯз Наврӯз кунанд ва онро Наврӯзи кишоварзон гӯянд». Наршахӣ яке аз аввалинҳо шуда ба Наврӯзи мардуми оддӣ, яъне ҷашни кишоварзон таваҷҷӯҳ намудааст. Ӯ қайд намудааст, ки кишоварзони Бухоро маҳз аз ҳамин рӯз «ҳисобро нигоҳ доранд ва бар он эътибор кунанд». Ҳисобро нигоҳ доштан – яъне оғози корҳои деҳқонӣ мебошад ва маълум мешавад, ки Наврӯзро дар  Бухоро айнан дар оғози соли нав ҷашн мегирифтанд.

Дар мундариҷаи силсилаи бузурги оҳангҳои Шашмақом наврӯзиҳои зиёд мавҷуданд ва яке аз маъруфтарини онҳо – «Наврӯзи Хоро» (ё худ «Наврӯзи Бухоро») мебошад. Муайян аст, ки ин оҳанги қадимӣ дар пайравӣ ё худ дар тазмини силсилаи оҳангҳои наврӯзии маъруф – «Наврӯзи Ҳиҷоз», «Наврӯзи Араб», «Наврӯзи Кабир» офарида шудааст ва дар баробари оҳангҳои машҳури «Наврӯзи Аҷам», «Наврӯзи Сабо», «Наврӯзи Баёт» маҳсули дастранҷи эҷодии ромишгарони манотиқи Бухорои Шариф  мебошад.

 Маълум аст, ки тақрибан дар асрҳои 9-10 милодӣ ҷашни Наврӯз бинобар хеле дилкаш ва фараҳангез буданаш, аз ҷониби халифаҳои араб низ пазируфта шуда буд, ки ин амал  натиҷаи таъсири бисёрасраи тамаддуни мардуми эронинажод ба арабҳо ба шумор меравад. З-ин сабаб баъдан дар аҳди Аббосиён – ҳангоме ки Бағдод пойтахти халифат эълон мешавад, иддаи хеле зиёди падидаҳои фарҳангӣ, аз ҷумла мусиқӣ мавриди эҳё қарор мегиранд.

 Ёдовар мегардем, ки қаблан маҳз дар Бағдод (ҳанӯз дар замони Сосониён) суннатҳои бои мусиқии Наврӯзӣ маъмул гардида буданд, ки яке аз бунёдгузорони онҳо устоди мусиқӣ Борбади Марвазӣ ба шумор мерафт. Ин маврид набояд фаромуш кард, ки Борбад  дар айёми ҷавонӣ дар Марв зиндагӣ мекард, ҳамон ҷо ба  марҳилаи устодӣ расида шуҳрат пайдо намуд, яъне тору пуди сурудаҳои Борбад комилан аз суннатҳои хуросонӣ иборат буд. Танҳо пас аз ба дарбори Хусрави Парвизи Сосонӣ даъват шуданаш ӯ кулли суннатҳо ва осори зиндаи мусиқии Хуросонро  тавассути ҳунари волои хеш ба Бағдод интиқол додааст.

Ҳамин аст, ки дар давраи шукӯҳи салтанати Аббосиён ва ҳатто аснои парокандашавии он (қарнҳои 9-12 м.) расму оини маъмул гардидаи Наврӯзиҳои тоҷикона дар Бағдод аз байн нарафтанд. Дар асоси ҳамин далелҳо метавон гуфт, ки дар байни арабҳо дақиқан силсилаи оҳангҳо зери унвони «Наврӯзи Араб» ( дар пайравӣ ва тазмин ба «Наврӯзи Аҷам») ташаккул ёфтанд.

 Созанда ва эҳёгари ин оҳангҳо низ устодони мусиқии эронитабор буданд, ки онҳоро арабҳо аз ҳама гӯшаву канори хилофат ба Бағдод даъват мекарданд. Масалан, Абулфараҷ Исфаҳонӣ (а.9) дар асари «Китоб-ул-оғонӣ» (Китоби сурудҳо) доир ба ин масъала маълумоти хеле дақиқ меорад ва қайд мекунад, ки он замон  арабҳо ғуломони зиёдеро ба Бағдод аз эронзамин меоварданд ва ин муҳоҷирон дар кӯчаву бозорҳо «сурудҳои Фаҳлабодиро бо зарбҳои форсӣ тараннум мекарданд» (айнан: «ғанайна ғино Ал-фаҳлабадийа ва зарабна зарбан форсийан, яъне: мо таронаҳои фаҳлабодӣ месароем бо зарбҳои форсӣ»).

Ин маълумоти  нодир дарак аз он медиҳад, ки дарвоқеъ мусиқии суннатии арабҳо решаҳои форсӣ – тоҷикӣ доранд ва ин решаҳо то имрӯз дар мазмуни мусиқии суннати арабҳо умри пурсамар доранд. Ҳаминро зикр намудан кофист, ки ҳатто дар ҳоли ҳозир, дар оғози қарни 21(!) дар суннатҳои мусиқии як қатор мамолики Мағриб – Алҷазоир, Марокаш ва Тунис аксари кулли номи оҳангҳои мусиқии классикиашон дақиқан тоҷикӣ мебошанд (ба мисоли мақомҳои «Расд-ад-дил», яъне «Рости дил», «Ҷарқа» (Чоргоҳ) «Сика» (Сегоҳ) ва ғ.).

Яъне метавон хулоса баровард, ки  суннатҳои Наврӯзӣ ба Бағдод тавъам бо мусиқии Наврӯз интиқол дода шудаанд ва зимнан арабҳои бодиянишин онҳоро дар кори устувор намудани тамаддуни ҷадид аз дастовардҳои фарҳангии мардумони эронинажон хеле васеъ истифода намудаанд.

Аз ривоятҳо ва махсусан аз мазмуни достонҳои «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ бармеояд, ки маҳз Борбад дар таърих аввалин шуда оҳангҳоеро офарид, ки ҳар яки онҳо ба ин ё он рӯз, моҳи сол бахшида шуда буданд, яъне ӯ нахустин офарандаи як намуд «тақвими мусиқӣ» маҳсуб меёбад.

 Аз қиссаву ривоятҳои бахшида ба эҷодиёти Борбади Марвазӣ бармеояд, ки дар дарбори шоҳони сосонӣ ромишгарон яз қабили нафарони хоса, яъне наздикони шоҳ ба ҳисоб мерафтанд ва дар дарбор сарвари онҳоро «Хуррамбошӣ» меномиданд. Вазифаи асосии «хуррамбошӣ» иборат аз он буд, ки ӯ аснои маҷлисҳои шоҳона ба сарояндагону мутрибон иҷрои ин ё он оҳанги муносибро фармоиш медод, яъне муҳтавои ҷараёни фарҳангиро идора менамуд.

Катибаҳои таърихӣ гаштаву баргашта нақл мекунанд, ки шоҳони Сосонӣ, масалан Баҳроми Гӯр ва Хусрави Парвиз ба ҳунари мусиқӣ ва рақс таваҷҷуҳи хоса доштанд. Масалан, Ҳамзаи Исфаҳонӣ, шояд андаке бо иғроқ, вале даъво дорад, ки Хусрави Парвиз гӯё дувоздаҳ ҳазор канизакони мусиқинавоз доштааст. Дар дигар сарчашмаҳо низ бо чунин маълумот дучор меоем, ки тибқи онҳо дар ҷашнҳои наврӯзӣ шоҳони сосонӣ аз Чину Ҳиндустон ҳазорон раққосаву мутрибонро ба дарбор даъват мекардаанд.

Дар сарчашмаҳои таърихӣ, ба хусус дар осори бузургони назми классикӣ ва олимони маъруф - Рӯдакӣ, Низомӣ, Фирдавсӣ, Умари Хайём, Ибни Хурдодбеҳ,  Манучеҳрии Домғонӣ оид  ба ҳунари мусиқӣ, созҳои маъруфи замон ва суннатҳои фарҳангии Наврӯз, инчунин бахшида ба одоби истифодаи ҳунар дар аснои таҷлил ҷашни Наврӯз иттилооти зиёдеро дучор омадан мумкин аст. Масалан, устод Рӯдакӣ, ки аз ҷониби муҳаққиқон ҳамчун нахустин офарандаи жанри Тарона эътироф гардидааст, маҳз дар ҳамин вазни соддаву омиёна ва зарби рақсӣ васфи баҳор менамояд:

 

Гули баҳорӣ, бути таторӣ,

Набиз дорӣ, чаро наёрӣ.

Набизи рӯшан, чу абри баҳман,

Ба назди гулшан,  чаро наборӣ.

   Баъдан, маҳз дар пайравии устод Рӯдакӣ таронаҳои мардумӣ вориди матни силсилаи Шашмақом гардиданд ва ҷолиби зикр аст, ки таронаҳои Шашмақом ҳамеша (ҳатто пас аз давраи омехташавии матнҳо бо ашъори туркӣ)  танҳо ба забони  тоҷикӣ суруда мешуданд. Вале дақиқан маълум аст, ки Рӯдакӣ дар офаридани жанри Тарона аз вазну оҳангҳои таронаҳои мардумӣ васеъ истифода кардааст. Ҳамчунин ёдовар мешавем, ки дар офаридани силсилаи баҳория низ устод Рӯдакӣ хеле моҳир будааст:

                

Омад баҳори хуррам, бо рангу бӯйи тийиб,

Бо сад ҳазор нузҳату ороиши аҷиб.

   Сад ҳазор нузҳат ва рангу бӯйи хуш доштани баҳорро дар як байт тасвир намудани шоир бешубҳа аз маҳорати баланд ва истеъдоди волои ӯ дарак медиҳад. Дар баҳорияҳо Рӯдакӣ аз санъатҳои шеърӣ низ (ташбеҳ, тазод) хеле нозукона истифода намудааст:

                    Бихандад лола дар саҳро,

                    Ба сони чеҳраи Лайло.

                    Бигитряд абр дар гардун

                    Ба сони дидаи Маҷнун.

  Боиси фараҳмандист, ки дар даврони мо – дар замони  эҳёи асолати фарҳангӣ  ин шоҳбайтҳои наврӯзии маликушшуаро баъди ҳазор сол дар валси маъруфи композитори тоҷик Фозил Солиев («Бихандад лола дар саҳро» бо садои сарояндаи маъруф – Туҳфахон Фозилова») арғушти духтарони Тоҷикистонро дар айёми наврӯз ҳамовозӣ менамояд.[1]

  Устоди дигари назм, шоири шаҳир Манучеҳрии Домғонӣ дар васфи оҳангҳои Наврӯзӣ чунин овардааст:

                               «Наврӯзи Бузургам бизан, эй мутриби наврӯзӣ,

                              Зеро ки бувад навбати Наврӯз ба Наврӯз».

 

  Дар шарҳи ин байт баъзан иштибоҳ меравад, махсусан дар мавриди истилоҳи «навбати Наврӯз». Ин ҷо бояд гуфт, ки истилоҳи «навбат» худ хоси мусиқии суннатии қадимии мо ба шумор меравад ва муродифи ҳамон истилоҳи «мақом» аст. Аҷиб аст, ки дар фарҳанги мусиқии мо зери таъсири забони арабӣ танҳо дар асрҳои 13-14 иҷборан истилоҳи «мақом» (ба ивази парда, навбат, дастон) қабул карда шуд, вале дар айни замон, арабҳои мамолики Мағриб (Алҷазоир, Марокаш, Тунис), ки дар ҳунари мусиқиашон таъсири зиёде аз оҳангҳои қадимии тоҷикӣ-форсӣ дучор мегардад, то имрӯз дар номгузории бахшҳои мусиқии анъанавӣ истилоҳоти сирф хоси тоҷикӣ – Сегоҳ, Чоргоҳ, Рост, Даромад, Сарахборро маҳфуз доштаанд ва онҳоро тибқи услуби мовароуннаҳрӣ «навбат» (ба шеваи мағрибӣ – «нуба») меноманд.

  Аз байти болотар зикр гардидаи Манучеҳрӣ аён аст: шоир ба он даъват менамояд, ки дар рӯзи Наврӯз «навбати, яъне мақоми Наврӯз» навохта шавад. Воқеан, мувофиқи маълумоте, ки Абдулқодир Мароғаӣ – устоди мусиқии дарбори темуриён дар китоби «Мақосид-ул-алҳон» меорад, навбатхонӣ (нӯбахонӣ) ҳамон давра дар Самарқанд низ маъмул будааст. Ачиб аст, ки банду басти нӯбаҳои асримиёнагӣ, ки Мароғаи зикрашон намудааст, айнан ба композитсияи фалакхонии имрӯзаи тоҷикон шабоҳат дорад.

  Масалан, ба ҳамагон маълум аст, ки сохтори фалакхониҳои тоҷикӣ аз истифодаи рубоиёту таронаҳои мардумӣ инчунин байтҳои ҷудогонаи ғазалҳои классикӣ сурат мегирад ва ҳатман бо оҳанги шӯху рақсии «Уфар» хотима меёбад. Дар ин маврид қайд намудан зарур аст, ки қисми интиҳои фалакхониҳо – Уфар айнан ҳамон «Фурудошт»-и нӯбаҳоро ба хотир меорад.

  Ин ҷо бояд ёдовар шуд, ки баъзан муҳаққиқон мусиқии фалакхониҳоро ба фолклор нисбат медиҳанд ва зимнан мазмуну мундариҷаи онро   бештар ба инъикоси ҳаводиси ғуссаангези зиндагӣ мансуб мешуморанд. Ин ақида чандон саҳеҳ нест, зеро сарчашмаҳо шаҳодат медиҳанд, ки мусиқии фалакхонӣ ҳам мисли Шашмақом ба таҷлили ҷашну маросимҳои Наврӯзӣ алоқамандии зич дорад ва як қисми бузурги фалакхониҳо чи аз лиҳози мазмуни байтҳо ва чи аз  хусусиятҳои лаҳниву зарбӣ таҷассумгари рӯҳияи фараҳангези наврӯзӣ мебошанд. Зиёда аз ин, шояд метавон тасаввур намуд, ки фалакхониҳо – ин идомаи ҳамон суннатҳои мусиқии «Наврӯзи кишоварзон» аст, чунки дар муҳтавои овозхониҳои фалакӣ васфи бадеии манзараҳои дилфиреби дашту саҳро, гулу чаманзор, боғу киштзор мавқеи хоса дорад.

  Дар мусиқии Шашмақом низ даҳҳо бахшҳое мавҷуданд, ки маънии навоҳои онҳо бевосита ба муаммои Наврӯз вобастаанд. Болотар зикр намуда будем, ки яке аз рамзҳои ниҳонии Наврӯз – ин кашфи асрори эҳёи  табиат мебошад. Инсон дар тӯли ҳазорсолаҳо таи мушоҳидаҳо пай бурда буд, ки кулли мавҷудоти оламро ибтидову интиҳо фаро мегирад. Масалан, табиати гул-гул шукуфон рӯзе хазон мешаваду  гӯё муддате ба олами нестӣ фурӯ меравад, аммо дере нагузашта тибқи таъсири мӯъҷизае аз қабати хоки сиёҳ боз гуле мерӯяд, боз олам ранги дигар мегирад, боз нури гармиву ризқу рӯзӣ фаровон мешавад. Тафаккури инсон замоне ин тимсоли пурмуамморо на танҳо фарогир шуд, балки ба истиқболи бозгашти ҳамасолаи он дили пуршори шодиву фараҳро боз намуд.

 Инсон бо илҳом аз мушоҳидаи навсозии табиат эҳсосоти худро тавассути байту таронаҳо, нағмаву сурур баён мекард, то рӯзе расиду муҳтавои рамзи вазидани Боди Саборо шоирон ба ҳикояҳои муқаддас табдил дода вориди маснавиҳо ва ривоятҳо гардониданд. Ҳамин тавр, аз нав зинда шудани табиатро инсон рамзи зинда гардонидани хеш пиндошт ва ин гуна бузургтарин ва наҷотбахштарин муаммоҳои ҳастӣ баъдан вориди олами орзуҳои ниятҳои ӯ гардид. Ҳофизи бузург,  донандаи «лисон-ул-ғайб» дар тараннуми васфи Боди Сабо чунин фармудааст:

                     «Сабо ба лутф бигӯ он ғизоли раъноро,

                    Ки сар ба кӯҳу биёбон ту додаӣ моро…

                    Дар осмон на аҷаб, гар ба гуфтаи Ҳофиз,

                    Суруди Зӯҳра ба рақс оварад Масеҳоро»

   Таваҷҷуҳ фармоед: дар зери садои суруди Зӯҳра рақс кардани Масеҳо – образи хеле пуртаъсир ва пурмуаммо мебошад, зеро ин маврид Масеҳо – пайғамбар дар осмон ба падидаи Зебоӣ таъзим мекунаду мерақсад, ин аст тараннуми Ҷамол ва Ҷалол. Аз мазмуни ҳамин ғазали олии ирфонӣ  замоне   ромишгарони олимақоми Бухоро илҳом гирифтанду онро мӯшикофона ба доираи алҳон ворид намуданд ва ҳамин буд, ки оҳанги маъруфи «Наврӯзи Сабо» - офарида шуд.

   Устодони силсилаи Шашмақом баъдан онро ба доираи мақоми «Рост» ворид намуданд, садҳо ромишгарон онро дар рузҳои Наврӯз ба самъи мардум расониданд. Муаммои боди Сабо, ё худ расидани боди Наврӯзӣ дар ин оҳанги дилангез чунон таровате пайдо намудааст, ки зери таъсири он шунаванда беихтиёр як муддат хешро фориғ аз ормонҳои рӯзмарра ва муҳимаш, дур аз сифлиҳо эҳсос менамояд.

  Оҳанги машҳури дигар, ки «Наврӯзи Аҷам» ном дорад, шояд қадимтарин порае аз силсилаи мақомҳои тоҷикӣ ба шумор равад. Ин навои асили дилангез дар қарни гузашта аз ҷониби мутриби чирадаст, устоди мактаби исфарангии Шашмақом Мирзоқурбон Солиев аз нав эҳё гардид. Шунавандагони радио садҳо карат ин оҳангро дар иҷрои Мирзо ака  бо ғижжак шунидаанд, зеро қироати зебои устоди сухан Абдуқодир Маниёзов ҳамеша бо ҳамовозии ҳамин наво пахш мегардид.

  Имрӯз дақиқан собит гардидааст, ки оҳанги «Наврӯзи Аҷам» таърихи қариб ду ҳазорсола дорад! Маҳз дар мактаби мақомхонии ҳавзаи Исфара ҳифз ва эҳё шудани ин навои қадимӣ дарак аз он медиҳад, ки дар умқи эҳсосоти мардуми фарҳангофарини тоҷик ҳанӯз мисли ин садҳо падидаҳои нодир маҳфузанд. Дар мулки Аҷам – дар сарзамини Тоҷикистони соҳибистиқлол Наврӯз эҳё гардиду ҷаҳонӣ шуд ва имрӯз таронаи «Наврӯзи Аҷам» ба самъи ҳамаи ҷаҳониён муждаи тозаи баҳорро мерасонад. Ва ин лаҳза бо ифтихору фараҳ метавон сатрҳои илҳомбахши устод Мирзо Турсунзода  такрор намуд:

 Замини тоҷикон гул кард, боғи тоҷикон гул кард,

Дили хуррам, сари сабз аз баҳори тоҷикон дорам.

Аслиддин Низомӣ,

доктори илмҳои санъатшиносӣ

  

[1] Аҷоиботи даврро бинед: фарзанди Туҳфа Фозилова, ҳунарманди мардумии Тоҷикистон Марат Орипов дар филми «Қисмати шоир» нақши Рӯдакиро бо маҳорати олӣ иҷро намудааст. Модар суруди Рӯдакиро ба самъи мо расонидааст, писар – симои Рӯдакиро дар экран чунон таҷассум кардааст, ки то имрӯз маҳз ҳамин симои гарми актер дар тасаввуроти мо Рӯдакиро ифода мекунад.

Хондан 2242 маротиба