JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Чоршанбе, 15 Марти 2023 12:58

Тоҷикистон - Ватани Наврӯз аст

Муаллиф: Нусратулло Зокирзода

 Ё СУХАНЕ ЧАНД ОИД БА ФАЛСАФАИ ИНСОНДӮСТӢ ВА СОЗАНДАГИИ НАВРӮЗ

  Дар таърихи башарият расму ойинҳо ва анъанаҳо нақши муҳимро ифода менамуданд. Анъанаҳо ҳамчун ниҳодҳои иҷтимоии фаъолияти ҷомеа дар низоми танзими тарзи ҳаёти халқу миллатҳо нақши калидӣ мебозиданд. Анъанаҳо бо инкишофи ҷомеа ва метавон гуфт бо диалектикаи ҳаёт сахт алоқаманд будаанд. Мондагор будани ҷашну маросимҳо аз ду ҷанба дорои аҳаммият мебошад. Якум, расму оинҳо ва анъанаҳои мардумӣ ифодагари хотираи таърихии як халқ будааст, ки бо воситаи он мо имрӯз метавонем аз рӯзгори пешини миллати худ огоҳ шавем. Ҷанбаи дуюм он аст, ки анъанаҳои мардумӣ бо маънавиёти миллати мо алоқаманд буда, ҷузъи шуури ҷамъиятӣ ва ҳамчун арзишҳои маънавӣ ва миллианд. Аз ин рӯ, анъанаҳо ва расму оинҳо унсури муҳимми ҳастии иҷтимоӣ ва фарҳанги маънавӣ буда, дар натиҷаи фаъолияти якҷоя дар ҷомеаи инсонӣ ба вуҷуд омадаанд, ки воситаи муҳимми робитаи гузаштаи як халқ бо имрӯз аст.

  Яке аз чунин анъанаҳо ва ҷашнҳои миллӣ, ки гузаштаро бо имрӯз рабту пайванд медиҳад, ҷашни Наврӯз аст. Наврӯз яке аз куҳантарин ва мондагортарин ҷашнҳои миллӣ ба шумор меравад. Наврӯз дар мардумони форс, ё дар асоси тақвими ҳиҷрӣ-шамсӣ рӯзи якуми соли нав мебошад ва тибқи солшумории мелодӣ аввали баҳор аст, яъне ба таърихи 21-22 моҳи март рост меояд. Аксари муҳақкиқон ба ин назаранд, ки ҷашни Нарвӯз аз аҳди Ҷамшед оғоз гардидааст, аммо иддае онро аз он ҳам пештар медонанд.

  Дар ҳақиқат, Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои миллист. Сабаби мондагории ин ҷашн дар дарозои таърих, ки ҳукуматҳо ва сиёсатҳои гуногун дигар шудаанд, аммо ин ҷашн боқӣ мондааст дар чист? Пеш аз ҳама ин ҷашн, мардумӣ буда, ифодагари ғояҳои табиатдӯстӣ, ободкорӣ, инсондӯстиву гуманистӣ мебошад. Сабаби мондагор буданаш ҳамин аст, ки бо табиат, бо инсон наздик аст. Дигаргуншавии табиат ба вуҷуди инсон низ таъсир мерасонад, чунки инсон дар баробари мавҷуди маънавӣ будан, мавҷуди биологӣ низ ҳаст.

  Қобили зикр аст, ки доир ба таърихи пайдоиш, хусусиятҳо ва суннатҳои Наврӯз дар сарчашмаҳои илмиву адабӣ аз он ҷумла, дар осори Абурайҳони Берунӣ, Умари Хайём, Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Мавлоно, Ҳофиз, Мирзо Бедил ва дигар адибону мутафаккирон маълумоти гуногунро метавон пайдо намуд. Дар асоси асарҳои мутафаккирон ва адибони номбурда метавон ҳаминро қайд кард, ки аҷдоди мо солро ба чор қисм ё фасли сол тақсим менамуданд. Маҳбубтарини фасли сол барои ниёкони мо – баҳор будааст, ки аввали рӯзи он Наврӯз, яъне «рӯзи нав» мебошад. Суннатҳое, ки дар ҷашни Наврӯз аҷдоди мо ба иҷро мерасонданд, бевосита ба табиат вобастагии зич доштааст. Аз ҷумла, сабзондани гандум, ки гӯё аз сарсабзу хуррам намудани табиат, обод намудан ва барои таъмини ризқи фаровон дар аввали баҳор мебошад. Инчунин, сабзиши гандум, ки аз як тараф аз обод кардан гувоҳӣ диҳад, аз дигар ҷониб, барои кишоварзон ба таъбири имрӯза «чанд фоиз сабзидани тухми гандум аст». Яъне, ниёкони мо аввал тухмиро месабзониданд ва бо ин роҳ таҷриба мегузарониданд, то муайян намоянд, ки сабзиши он чӣ хел асту чӣ гуна ҳосил медиҳад.

  Бояд қайд кард, ки дар ҳар як суннати наврӯзӣ фалсафаи амиқ нуҳуфтааст. Яке аз суннатҳои он дар рӯзи Наврӯз бояд душманиҳо, кинаву адоватҳо аз байн бардошта шаванд ва бо чеҳраҳои тозаву хурсандона ба истиқболи ҳамдигар бароянд, ба гуфтаи Ҳаким Абулқосим Фирдавсӣ:

Сари соли нав Ҳурмузи Фарвардин,
Баросуда аз ранҷ – тан, дил зи кин,
Бузургон ба шодӣ биёростанд,
Маю ҷому ромишгарон хостанд.
Чунин ҷашни фаррух аз он рӯзгор,
Ба мо монд з-он хусравон ёдгор.

  Омадани Наврӯз баъда аз сардиҳо ва сахтиҳои зимистон воқеан ҳам қобили ҷашн аст. Тамоми табиат аз нав зинда мешаванд ва дар дашту чаман садои парандаҳои хушилҳон садо медиҳад ва мавсими зоғу заған пушти сар мешавад. Вобаста ба ин, Мавлоно аз забони мурғон чунин меорад:

Бунафша пеши нилуфар даромад, ки муборак бод,
Ки зард рафту хушкӣ рафту умри пойдор омад.
Ҳамезад чашмак он наргис ба сӯйи гул, ки хандонӣ,
Бад-ӯ гуфто, ки хандонам, ки ёр андар канор омад…

 Аз таърихи пойдории Наврӯз метавон ба чунин хулоса омад, ки он ба ҳеҷ як дину ойин рабт надошта, балки ба табиат ва зиндашавии табиат алоқаманд будааст.

  Ҳамин тариқ, чанд ҷанбаи инсондӯстӣ, табиатдӯстӣ ва мондагори ҷашни Наврӯзро метавон зикр кунем, ки иборат аст:

– инъикоскунандаи хотираи таърихӣ, фарҳанги ободкорӣ ва сарсабзиву хуррамӣ;

– ифодагари фалсафаи бузурги созандагӣ, ахлоқӣ ва умеди созанда ба зиндагӣ доштан ва дар маҷмӯъ тамаддунсоз будани як халқ;

– барҳам задани кинаву адоват, тарғибкунандаи дӯстиву якдигарфаҳмӣ, ки аз ҷанбаҳои муҳимми фалсафаи инсондӯстӣ аст, аз ҷумлаи хусусиятҳои муҳимми суннатҳои наврӯзи аст ва ғ.

  Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон таваҷҷуҳ ба гиромидошти ҷашнҳои миллӣ зиёд гардид. Дар партави сиёсати маорифпарваронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, расму оинҳои миллӣ аз нав эҳё гардиданд. Ҳамчунин воқеаи фараҳбахш дар даврони соҳибистиқлолӣ он буд, ки бо ташаббуси бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҷонибдории як қатор кишварҳои дигар 23 феврали соли 2010 Қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ қабул гардид, ки дар он 21 март рӯзи таҷлили ҷашни Наврӯз ба унвони ҷашни байналмилалӣ эътироф гардид. Баъд аз ин воқеаи фараҳбахш, Наврӯз, ҳамчун иди байналмилалӣ эътироф гардида. Истилоҳе акнун роиҷ гардид, бо номи «кишварҳои ҳавзаи Наврӯз», ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳо он таҷлил карда мешавад.

  Албатта, Наврӯз бо Тоҷикистон ва мардуми он алоқамандии зич дорад ва ин падида боқӣ мемонад. Имрӯз баъд аз соҳибистиқлол гардидан, аз лиҳози кишоварзӣ кишвар пеш рафта истодааст. Кишоварзони мамлакат маҳсулоти хушсифат ва аз лиҳози экологӣ тозаи ватаниро на танҳо барои бозори дохилӣ, балки барои содирот истеҳсол мекунанд. Талу теппаҳои сарзамини кишварро дарахтони мевадиҳанда рӯпӯш кардаанд, ки гувоҳ аз бунёди боғҳои нави интенсивӣ ва анъанавӣ мебошад. Роҳраву гулгаштҳои кӯча ва хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳо пур аз гулҳои сабзу хуррам ва лолаву садбаргҳо мебошанд. Маҳз дар ин рӯзҳои баҳорӣ бо омадани «насими боди наврӯзӣ» ҳар касе ба ин манзараҳои дилфиреб назар мекунад, бевосита далел аз ободкориву созандагӣ ва тамаддунофарии мардуми шарифи мо аст. Танҳо бояд ба ин гулҳо назар кард ва дилу ниятро барои ободии Ватан – Тоҷикистони азизи соҳибистиқлол сафарбар намуд. Танҳо аз бӯйи баҳор, ки тавъам бо гулҳои зебои шукуфои кишвар аст, метавон ҳаловат бурд ва назора кард. Чуноне Абулмаонӣ Мирзо Бедил гуфтааст:

Мунтазирони баҳор, бӯйи шукуфтан расид,
Мужда ба гулҳо баред, ёр ба гулшан расид…
З-ин чаманистон кунун бастани мижгон хатост,
Оина сайқал занед, дида ба дидан расид.

Нусратулло Зокирзода,
номзади илмҳои фалсафа,

Боз нашр аз сомонаи Маркази  тадқиқоти стратегӣ 14.03.2023.

https://mts.tj/to%d2%b7ikiston-vatani-navr%d3%afz-ast-3/

Хондан 3478 маротиба