JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Марти 2023 11:41

Вижагиҳои ҳастишиносӣ (ҷаҳоншинохтӣ), зебоишиносӣ ва ирфонии Наврӯз

Муаллиф: Муҳаммадсалом Махшулов

  Ҳар халқу ҳар даври таърихи он шинохти вижаи худ аз мушахасоти табиат дорад ва он манзараи ба худ хоси ҷаҳони маърифати атрофро ба вуҷуд меорад. Дар ин миён ҳар гуна тағйиру такмил дар табиату дар таърих фарҳанги рангоранд ва мухталиф меофарад ва он салиқаи махсуси бардошт аз зиндагӣ ва эҳсоси мадоро дар вуҷуди шахсият тарбия менамояд. Қавми тоҷик, ки ба унвони яке аз мутамаддинтарин ақвоми ҷаҳон ва намояндаи бузургтарин ва қадимтарин тамаддуни қораи Авруосиё, ки дар илм чун тамаддуни ориёӣ эътироф шудааст, тайи таърихи чандҳазорсолаи ташаккули хеш шебу фарозҳои зиёдеро пушти сар намуда, фарҳангу тамаддуни вижаи бумиро офарида ва дар айни замон зарбаҳои ҷонкоҳеро мутаҳаммил шудааст, ки ҳар кадом метавонист як қавми томеро аз миён бубарад. Албатта то ба арсаи таърих омадани қавми ориёӣ ё эрониёни шарқӣ дар қораи Авруосиё қавму қабилаҳои кӯчӣ тамаддуни ба худ хоси кӯчӣ доштанд. Ҳамзамон бархурди ин ду тамаддун он замон оқибатҳои пешбининашавандаеро дар бар доштанд. Зимнан  дар асри шашуми ҳазораи аввали баъд аз мелод тайи садсолаҳо ақвоми нисбатан дур аз фарҳанги бумӣ ва хашину хуношоме аз Саҳрои Қипчоқ, минтақаи Олтой ва Сибир мукарраран ба сарзамини аллакай мутамаддини тоҷикон- Мовароуннаҳр ва Хуросон - ҳамлавар гардида, барои васеъ намудани чарогоҳои нав тамаддуни шаҳриву шаҳрҳоро вайрон, ҷую корезҳо  ва киштзорҳоро хароб менамуданд, теъдоди зиёди мардумро нобуд мекарданд ва ё ба асорат (ғуломӣ) мебурданд. Аммо алорағми ин таҳоҷуму зарбаҳои хонумонсӯз тоҷикон дар ин зодбуми аҷдодии хеш то кунун ба унвони қавми мутамаддин ва равшангари зулмоти башар побарҷо мондаанд. Гузашта аз он, онҳо тайи садсолаҳо он муҳоҷимони хуношомро нармхӯтар намуда, ба онҳо аз лиҳози моддию, маънавӣ ва фарҳангӣ таъсири боризе расониданд.  

  Тақдири фарҳангҳои гуногунанд, вале фарҳанги пешрафта рушду нумӯъ мекунанд, аз байн намераванд. Мақоми қавмҳои мутамаддин ҳам ҳархела аст. Мантиқист саволе матраҳ шавад, ки далели чунин «сахтҷонӣ» ва пояндагӣ, ки аз вижагиҳои боризи қавми тоҷик маҳсуб мешвад, дар чист?

  Дар ин росто ба таври фаровон ва густурда ибрози назар шудааст. Ба унвони чунин иллатҳо мухаққиқон аз омилҳои муассире  монанди вижагиҳои фарҳангӣ ва бартарии фархангии тоҷикон аз дигар ақвоми муҷовир, минҷумла аз муҳоҷимону ғосибон; наҳваи шаҳрмеҳварии зиндагии тоҷикон; таҷрибаи таърихии мунҳасир ба фард  ва ғайра ёдовар мешаванд.  Дар ин росто бояд инчунин аз як омили тавоно ва муассир, яъне аз силислаҷашнҳои ориёӣ мисли Шаби Ялдо, Сада, Навруз ва Меҳргон  ёдовар шуд, ки ба таври куллӣ дар таҳкими худшиносии миллӣ ва мондагории тоҷикону дигар ақвоми эронитабор нақши муҳиме  доштаанд.

  Зеро дар тасаввури ақвоми ориёӣ ва бавижа пас аз зуҳури Зартушт инсон на танҳо офаридаи худованди некию некуманишӣ Аҳуро Маздо, балки анбози Ӯ дар муборизаи беамон алайҳи нирӯҳои аҳриманӣ маҳсуб мешуд.   Ва ҳар кадоме аз ҷашнҳои мазбур василае буданд барои инъикоси ҳамин шарокат ва ҳамнабардӣ бо Офаридгор. Чунончи дар шаби Ялдо, ки тӯлонитарин шаб дар сол ва мазҳари торикӣ, сардӣ ва ба таври худ намоди боло гирифтани нируи аҳриманӣ буд,  инсонҳо таҷаммуъ намуда, шодиву хурсандӣ мекарданд ва бадин васила хамбастагӣ ва иттиҳоди худро бо Аҳуро Маздо иброз медоштанд.

  Чун ҷашни Сада фаро мерасид, инсонҳо  онро бо шодмонию сурури дастаҷамъона  дар атрофи гулханҳои бузург истиқбол менмуданд. Зеро ин гулханҳо аз ҳамон шуълаи оташе барафрухта мешуданд, ки онро барои инсонхо Худованди некӣ ба унвони подош барои ҳамрайъияшон бо Ӯ арзонӣ дошьа буд.  Ва инсонҳо аз ин тариқ ҳамраъйии худро бо Яздони Додор баён менамуданд.

  Аммо ҷашни Наврӯз, ки дар оғози баҳору шукуфоӣ таҷлил мегардад, ба таври дигар баёни пирӯзии Худованд ва инсон бар нерӯҳои аҳриманӣ аст.  Ва дар ин силсилаи чашнҳо Меҳргон ба унвони давроне ҷихати шукргузорӣ ба Офаридгор ва ибрози хамраъи бо ӯ талакки мешуд.

Тамоми ин ҷашнҳо намоди болидагии рӯҳи ориёӣ буда, дар тӯли таърих то ҳадди зиёде ба унвони василае чиҳати тақвияти рухи миллӣ барои мондагории қавми тоҷик аз аҳамимяти зиёде бархурдор будаанд.

Дар ин миён  бавижа Навруз бо шукӯҳу ҷалоли хосае  зуҳур мекард.

Ин ҷашни маъруфи ориёӣ бар решаҳои амиқи фалсафӣ ва ҷаҳоншинохтие устувор гаштааст, ки ҳар кадом намоди  давом ва бақои кавми тоҷик ва дигар ақвоми ориёитабор махсуб мешавад. Ҷолиб аст, ки ақвоми зиёди муҷовир аз дуру наздик: аз марзи  Чин ва ақсои Ҳинд то савоҳили уқёнуси Атлас ва аз арозии Сибириё то Халиҷи Форс ин ҷашнро ба унвони ҷашни миллӣ ва қавмии худ пазируфта, ва бо шукӯҳу шаҳомати хосае онро таҷлил мекунанд, ки ин худ далели возеҳу раднопазирест роҷеъ ба таъсири фарҳангии тоҷикону дигар ориёинажодон бар сокинони ин марзу бум ва куллан тамоми ақсои олам.

 Инъикоси тасаввуроти ҷаҳоншинохтӣ ва боварҳои ниёгонамон дар ин ҷашни куҳан ва шукӯҳманд, ки бештар дар назми оламгири форсӣ ба назар мерасад.  

Масалан, Одамушшуаро Абу Абдуллоҳи Рудаки тасаввури роиҷро дар мавриди характи даврии олам  ба риштаи тасвир мекашад:

Ҷаҳон ҳамеша чунин аст, гирдгардон аст,

Ҳамеша то бувад, ойин-ш гирдгардон буд.

Бар асари хамин чунбишиу тағййири даврӣ аст, ки:

Куҳан кунад ба замоне ҳамон куҷо нав буд,

Ва нав кунад ба замоне ҳамон ки халқон буд.[1]

Ва дар ин миён Наврӯзу баҳор нуқтаи тавассуле дар чунин ҳолати гирдгардонӣ ва мубаддал шудани куҳна ба на нав маҳсуб мешавад. Дар ҳамин рӯз аст, ки аз диди шоир:

Шояд ки марди пир бадин гаҳ шавад ҷавон,

Гетӣ бадил ёфт шубоб аз паи машиб.

Дигар ин, ки дар тасаввури Одамушшуаро, Наврӯз худ ба масобаи пизишкест ҷиҳати муолиҷаи ҷаҳони бемору дардманд ва василаест барои ба эътидол овардани олами хастӣ дар сатҳи ҷомеа ва кайҳон:

Якчанд рӯзгор ҷаҳон дардманд буд,

Беҳ шуд, ки ёфт бӯи суман бодро табиб.[2] 

Аз ин дидгоҳ Наврӯз василаву намоди эътидол аст, зеро он замони тавозуни шабу рӯз ва оштиву сулҳу салоҳ миёни инсонхо, дур афкандани кинаю кудуратҳо, пушти сар гузоштани сардию хушунат ва рӯй овардан ба меҳрубонию каромат меобошад.  Аммо эътидол ба гуфтаи Унсуралмаолии Кайковус «ҷузвест аз Ақли Кулл». Ба хамин далел метавон гуфт, ки Наврӯз тибқи тасаввури ниёконамон намоди тантанаи Ақли Кулл низ маҳсуб мешавад. 

Хаким Фирдавсии Тусӣ, ки дар ситоиши Наврӯз доди сухан додаст,   бо ишора ба тасаввуроти қадимии ақвоми ориёӣ Наврӯзро инчунин замони вонамудани рози оламу одам медонад. Чунончи дар  «Достони Бежану Манижа», замоне ки Гев дар ҷустуҷӯи Бежан оҷиз мемонад, ва ба чораҷуӣ назди Кайхусрав меравад, ва аз у барои дарёфтани гумшудааш ёрӣ мехоҳад,   шоҳи каёнитабор ба ӯ мегӯяд, ки то замоне, ки Наврӯз фаро нарсидааст, Ҷоми Ҷам наметавонад асрор ҳувайдо созад. Чунки танҳо дар айёми Наврӯз ҷаҳонро тағййироти боризе фаро мегирад, ва биниши фитрӣ ба бор меояд.

Ва чун Наврӯз фаро мерсад, Кайхусрав бар ҷом назар меандозад ва ба гуфти Ҳаким Фирдавсӣ:  

Замону нишони сипеҳри баланд,

Ҳама кард пайдо: чиву чуну чанд.[3]

Яъне Наврӯз намоди кушудани рози ҷаҳон аз лиҳози чистию чунию чандии он аст.

Ба ғайр аз ин дар «Шоҳнома» Наврӯз на танҳо  ҳангоми фаро расидани баҳору шукуфоӣ, балки нуқтаи оғозини замони шаҳриёрии шоҳони даврони бостон низ ҳаст. Яъне аз ин лиҳоз низ Наврӯз оғози даврони ҷадиди эътидол ва назму низоми навинест дар зиндагии мардум, дар миқиёси кишвар ва дар кулли рубъи маскун.

Аз дидгоҳи Ҳаким Умари Хайёми Нишопурӣ мафҳуми ғанимат донистани даврони зиндагонӣ бо баракати Наврӯз мазмуни тозае пайдо мекунад, зеро ин давронест, ки олами ҳастӣ бо нафосату наҷобати тозае зуҳур намуда чеҳраи навин пайдо мекунад.

Чун абр ба Наврӯз рухи лола бишуст,

Бархезу ба ҷоми бода кун аҳд дуруст.

К-ин сабза, ки имрӯз тамошогаҳи туст,

Фардо ҳама аз хоки ту бархоҳад руст.[4]

 Дар ин маврид шуста шудани рухи лола тавассути абр (бо истифода аз борон) ҳадафи нозуке ба дунбол дорад. Ва хадаф инҷо он аст, ки Наврӯз худ намоди покию сафост ва шуста шудани рухи лола дар ин рӯз маънии барқарории зебоию сафо ва ростию растагориро дорад. 

Дар тасаввури Хайём хониши булубул навъе аз баёни савтии нафосати Наврӯз аст:

Рӯзест хушу ҳаво на гарм асту на сард,

Абр аз рухи гулзор ҳамешӯяд гард.

Булбул ба забони паҳлавӣ бо гули зард,

Фарёд ҳамекунад, ки май бояд хвард.[5]

     Дар инҷо манзур аз паҳлавӣ хамон забони порсии дарӣ (тоҷикист), ки бо зебоию шевоии худ гунае аз хониши пррандагони биҳиштиро ба ёд меорад.  Яъне бо ин забон, ки навъе аз тобиши садоии Наврӯз аст, мардум ба ғанимат донистани ҳар лаҳзае а зиндагонӣ хонда мешаванд. 

  Хоҷа Ҳофизи Шерозӣ дар мавориде аз Наврӯз ба унвони накҳати чонбахше ад ҷониби Дӯст ёд мекунад ва онро василае ҷихати барангехтани шуру шавқи солик (ориф) дар паймудани роҳ ба суи Ҳақ медонад:

Зи кӯи ёр меояд насими боди наврӯзӣ,

Аз ин бод ар мадад хоҳӣ, чароғи дил барафрузӣ.[6]

 

 Ҳофиз низ мисли Одамушшуаро боди Наврӯзиро бо накҳати ҷонбахши он василае чиҳати ҷавон сохтани олами пир медонад:

Нафаси боди сабо мушкфишон хохад шуд,

Олами пир дигарбора ҷавон хоҳад шуд.[7]

Яъне танҳо як нигоҳи гузаро ба осори ниёгони шуҳратёрамон кофист, то дарк намоем, ки чашнҳои ориёӣ ва қабл аз ҳама Наврӯз таййи даврони мутамодӣ ҳамчун василаи муътамади фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ барои таъмини бақои қавми тоҷик хидмат намудаанд.  

 

Муҳаммадсалом Махшулов

ходими пешбари илмии Маркази синошиносии

Институти фаласафа, сиёсатшиносӣ ва ҳуқуқи АМИТ

 

 

[1] Девони Рудакии Самарқанадӣ, Теҳрон, интишороти «Амири Кабир», 1376 ҳичрии шамсӣ, с. 76.

[2] Ҳамон ҷо, с. 136.

[3] Фирдавсӣ, Абулқосим . Шоҳнома, Теҳрон, интишороти «Суруш», 1381 ҳичрии шамсӣ, с. 201. 

[4] Шинохти рубоиёти Умари Хайём, ба кӯшиши Гулрухсори Сафӣ, Душанбе, Пажуҳишгоҳи фарҳанги форси-тоҷикӣ, 2000, с. 133.

[5] Ҳамон ҷо, с. 139.

[6] Ғазалҳои Ҳофиз, тадвини доктор Салим Нисорӣ, Теҳрон, интишороти «ал-Ҳудо», 1371 хиҷрии шамсӣ, с. 394.

[7] Ҳамон ҷо. С. 91

Хондан 2009 маротиба