JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Сешанбе, 14 Марти 2023 11:26

Наврӯз - фариштаи покманиш ва пайғоме аз Наврӯзи ҷаҳонӣ

Муаллиф: Давлиёрова Сафаргул

  Имрӯз ба сарзамини мо қадами зиндагисози баҳори нозанин! - Наврӯзи дилнишин фаро расидааст. Ин рӯзи саид ба ҳамаи мову шумо муборак бошад. Ба кӯҳандиёри мо, ба кӯҳу водиҳои мо нафаси тозае омадааст, Худо кунад, ки ин нафаси ободӣ, озодӣ, сулҳу салоҳ ва бахту саодати мулкамон бошад.            Эмомалӣ Раҳмон

  Дар ҳақиқат таърих охири қарни 20 ба мо мардуми фидокору ҷонфидову тамаддунпарвару фарҳангсолори тоҷик неъмати бебаҳоеро бо номи Истиқлолият ато намуд. Бо шарофати ин тӯҳфаи нодири тақдирсоз мардуми сарбаланди тоҷик тавонист бори дигар аз минбарҳои баланди ҷаҳони мутамаддин овоз рӯшан намояд. Акнун заминаи муфиду мусоид барои эҳёи арзишҳои волои миллию мардумӣ, ки аз аҷдодонамон ба мо мерос мондааст, фароҳам гардидааст. Чун имрӯз дар остонаи Наврӯзи оламафрӯз қарор дорем, бояд гуфт, Наврӯз аз зумраи ҷашнҳое мебошад, ки аҳамияти оламшумул пайдо намуда, ҷаҳонӣ гардидааст.

  Лозим ба тазаккур аст, ки Ватани асосии Наврӯз Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Таҷлилу ҷашнгирии бошукӯҳи Наврӯз ба мардуми фарҳангсолори тоҷику тоҷикистониёну тоҷиктаборон ба ҳукми анъана даромада, сол аз сол ба рангу буйю таровати тоза дар шаклҳои муосиртарин мақоми хосса пайдо намудааст. Эҳёи суннату анъанаҳои аҷдодӣ ва ҷашнгирии расму оинҳои миллӣ, пас аз Истиқлоли давлатӣ падидаи нодиртарине мебошад, ки он дар тафаккуру шуури насли ҷавону ояндадори даврони соҳибистиқлоли Ватан ҳисси баланди меҳру муҳаббат ба Ватан-Модар, сарзамини аҷдодӣ, худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллиро боз ҳам дар сатҳи баландтар  инъикос намуда, рушду инкишоф медиҳад. Бинобар ин ҳар инсони соҳибфарҳанг таърихи халқу сарзаминашро бояд амиқу муфассал донад. Онҳое, ки таърихи халқи худро намедонанд, аз лаззати ҳисси ифтихори миллӣ маҳрум мешаванд ва зуд асири фарҳангҳои дигар мегарданд. Бояд гуфт, ки насли ҷавони даврони соҳибистиқлоли Ватан аз ин падидаю омилҳои зиндагиафрӯз ормонҳои офарандасоз доранд, чунки насли ҷавону ояндасоз, бомаърифату тарбиятдида, дорои ҷаҳонбинии васеи илмию рӯзмара буда, метавонанд идомадиҳандаи кору афкори аҷдодону ниёгони хеш бошанд. 

  Наврӯз воқеан, ҷашни куҳану ҳамешаҷавон буда, бо шукуҳи шаҳомат, бузургиву покманишиаш ба мардуми сарзамини Тоҷикистон хуррамию некрӯзӣ, сулҳу сафову амният ва фаровони рӯзафзунро ато намуда, ормонҳои воқеан миллии насли замони истиқлолро дар асл амалӣ мегардонад.

  Мо хушбахт ҳастем, ки давлати соҳибистиқлол дорем ва халқи эҷодгару бунёдкорамон таърихи навини худро бо дасти худ бунёд мекунад, Ватани маҳбубамон пайваста обод мешавад. Мо ҳамеша саъю талош меварзем, ки сарзаминамон, таърихамон ва муқаддасоти халқу давлатамонро аз ҳама гуна таҳдидҳои ин ҷаҳони пурмоҷаро ва пурталотум солиму эмин нигоҳ дорем.

  Мо бо тамоми ҳастиамон кӯшишу талош хоҳем кард, ки кохи истиқлолияти давлати Тоҷикистон дар ҳама давру замонҳо пурҷилову муҳташам ва устувору бегазанд бошад. Бе иштибоҳ метавон гуфт, ки барои ноил гардидан ба ин ормонҳои миллӣ ва дар сатҳи шоиста таҷлил намудани ҷашнҳои миллӣ ба монанди Наврӯз, Сада, Тиргон, Меҳргон, Шаби ялдо ва ғайраҳо нақши калидӣ мебозанд. Мардумро муттаҳид намуда, ҳисси ифтихори миллӣ, ҳувияти миллӣ, хислати миллӣ, худшиносии миллӣ, худоогоҳии миллӣ, худбаҳодиҳии миллиро боз ҳам аз ҳарвақта дида, мустаҳкамтару қавӣ месозад. Мардумро сари хони пурнозу неъмати Наврӯзӣ, ки бо таомҳои гуногуни миллӣ ва ҳафт сину ҳафтшин (ҳафт мим) бо нозукиҳои тоҷиконаи аҷдодӣ ороста шуда, ба умеди фаровонҳосилӣ, пурфайзу баракат омадани соли нав ва фардои дурахшон сарҷамъ месозад, ки ин танҳо хоси Наврӯзи покманиш аст.

  Наврӯзи ҳуҷастапайк бо пайғому армуғони эҳёкунандаи табиат меҳру муҳаббатро дар дилҳо меафзояд. Наврӯзи оламафрӯз ҳамчун фариштаи покманиш падидаю пайғоме мебошад, ки бо омад - омади баҳор тамоми зангҳои рӯзгорро аз дилҳо зудуда, ба ҷисму  руҳи инсон ҷон мебахшад. Метавон гуфт, ки риояву дар ҳаёт татбиқ намудани расму оинҳои Наврӯзӣ барои ояндаи миллат ва бақои инсоният дастури беназир аст.  Чуноне, шоир Лоиқ Шералӣ дар “Хони наврӯзӣ” мефармояд:

Дар гирди хони Наврӯз хешу табору ёрон,
Дуранд ё ки наздик, бояст ҷамъ оянд.
Бошад ки сер бинанд соли дароз ҳамроҳ,
Бо ҳамдигар бисозанд, бо ҳамдигар бипоянд.

Дар рӯйи хони Наврӯз бояд ки боз бошад
Ҳам шохаи гули тар, ҳам неши сабзи гандум.
Бошад ки бахти одам бошад чу гул шукуфон,
Бошад ки сер бошад аз нон тамоми мардум.

Дар рӯйи хони Наврӯз рамзи баҳори дунё,
Ё ҳафт син бибояд ё ҳафт навдаи он.
То боғи ҳафт иқлим рӯйи хазон набинад,
То боғи умр бошад то ҷовидон гулафшон.

  Хусусияти покманишии Наврӯз он аст, ки кулли инсоният ҳатман поку тамизу озода бошанд, аз ғубори сияҳдилӣ дар хонадону кишвар асаре боқӣ намонад. Чунки Наврӯз ҳамчун ҷашни миллии тоҷикон - саропо пур аз ҳикмат, пур аз иззат, пур аз лаззат, пур анво, пур аз меҳру садоқат, пур аз ишқу сафо буда, пойдевори ҳастии миллат маҳсуб меёбад.

  Дӯстон, фасли дилафрӯз муборак бошад,
  Ҷашни фархундаю фирӯз муборак бошад.
  Ҳама ҷо хуррамию тозаҷавонӣ бинам,
  Нафаси тозаи Наврӯз муборак бошад!

               Наврӯз барои ҳамдиёрони азизам, ҳуҷаста бод! 

                                                       Давлиёрова Сафаргул Тешаевна

                                                        ходими пешбари илмии Шуъбаи

                                                       Осиёи Марказии ИОМДОА АМИТ

Хондан 2187 маротиба