JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс

  Ба ҳамагон маълум аст, ки имрӯзҳо дар ҷаҳони муосир муносибатҳои бисёрҷониба миёни давлатҳо ва минтақаҳо ҳарчи бештару фарохтар тавассути омилҳои сиёсӣ ва фарҳангӣ сурат мегиранд. З-ин сабаб сиёсатшиносон ва мутахассисони соҳаи фарҳанг эътироф намудаанд, ки имрӯз муборизаҳо баҳри дарёфти манфиатҳои сиёсӣ, ҳарбӣ, геополитикӣ ва иқтисодӣ асосан дар фазои падидаҳои фарҳангӣ –шинохти таърих, забон, ҳунарҳои миллӣ, адабиёт ва мусиқӣ, расму оинҳои миллӣ, дину мазҳаб ва дигар намудҳои тамаддун амалӣ карда мешаванд.

Бо ҳамин мақсад дар марказҳои бузургтарини илмӣ ва таълимии кишварҳои абарқудрат ҳар сол садҳо нафар мутахассисони соҳаи фарҳанг   – шевашиносон, санъатшиносон, мусиқишиносон, мардумшиносон, антропологҳо ба таҳсилоти махсус фаро гирифта мешаванд ва онҳо минбаъд барои боз ҳам амиқтар ва мукаммал омӯхтани ҳувияти миллӣ, тафаккури ҷомеа,  одоби зиндагӣ, расму оинҳои мардумони мамолики саввум сафарбар мегарданд.

   Мусаллам аст, ки таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба захираҳои об ба пайдоиши муаммоҳое, чун афзоиши ҳарорати ҳавои наздизаминӣ дар садаи охир, ки боиси коҳишёбӣ ва азбайнравии захираҳои об, аз ҷумла пиряхҳо гардидааст, мушкилоти экологии инсонро боз мураккабу афзун намуда, дар ин замина офатҳои фоҷиаборро ба бор овард. Аз ҷумла, мувофиқи Нишондиҳандаҳои рушди ҷаҳонӣ давоми 60 соли охир ҳарорати ҳаво дар сатҳи сайёра аз 0,5°С то 1,0°С афзуда, боиси таъсири амиқ ба захираҳои об, махсусан пиряхҳо гардидааст. Дар баробари ин, коршиносон арёзбӣ мекунанд, ки ин раванд ҳамасола ба иқтисодиёти ҷаҳон то 2 трлн доллари амрикоӣ хисорот ворид намуда, бо рушди демографӣ ҳиссаи замини кишти ба ҳар сари аҳолӣ ва таъмини аҳолӣ бо оби тозаи нӯшокӣ тадриҷан коҳиш меёбад. Азбаски дар тамоми манотиқи кураи арз қисми зиёди захираҳои об аз пиряхҳо сарчашма мегиранд, бинобар ин, таъсироти манфии гармшавии иқлим қабл аз ҳама дар коҳишёбии ҳаҷм ва майдони пиряхҳо мушоҳида мешавад.

Чанде қабл, 13 июн дар саҳнаи театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ бузургтарин театри  пойтахти кишварамон, бо иштироки Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маъракаи хеле муҳимми фарҳангӣ, яъне нахустин ҳунарнамоии  коллективи навтаъсиси ҳунарӣ оркестри симфонии кӯдакон ва наврасони назди Дастгоҳи иҷроияи Президенти Тоҷикистон баргузор гардид.

    Дар шароити пуртазоди геосиёсии муосир сатҳи ташаккули шуури миллӣ омили аслии ҳифзи бақову рушди миллатҳо ва таъйини ҷойгоҳи онҳо дар арсаи байналмилалӣ аст. Барои рушди давлат ва қудратманд кардани он шинохти дурусти заминаҳои ташаккули миллат, шакли ҷаҳонбинии он ва коркарду корбурди роҳкорҳои зеҳниятсозии миллӣ  хеле муҳим ва зарур мебошанд.

  Мафҳуми миллат дар ҳавзаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои илмии Ғарб аз диди фарогирӣ ҳадди ақал ду тарзи ташреҳ дорад: 1) миллат ҳамчун мафҳуми этнофарҳангӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта гурӯҳи иҷтимоиеро дар назар мегиранд, ки он этногенез, хостгоҳи генетикӣ, ҷуғрофиёи зист, забон, фарҳанг, таърих, ғояҳову ормонҳо, ҳувийяти ягона дорад. 2) миллат ҳамчун мафҳуми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта одамонеро мегӯянд, ки дар қаламрави як давлат ҳамчун шаҳрванд зиндагӣ мекунанд (новобаста ба этногенез, забон, ҳувийят ва фарҳанг ва ғ.). Ин мафҳумро бо таъбири "давлат-миллат" низ ифода мекунанд.

Саҳифа аз 2 то 288

Китобҳо