Имрӯз дар аксари кишварҳои бузурги Ғарб доир ба тамаддун ва услуби зиндагонии аҳолии Осиёи Марказӣ доираҳои махсуси илмӣ таъсис дода шудаанд ва кормандони онҳо доир ба кулли масоили иҷтимоӣ ва фарҳангии тоҷикон, ӯзбекҳо, қазоқҳо ва дигар халқҳои Осиёи Миёна ҳазорон намуд маълумоти заруриро ҷамъоварӣ намуда, барои таҳлил ва хулосабарорӣ пешниҳод менамоянд. Яъне маълум мегардад, ки манфиатҷӯён баҳри иҷрои мақсадҳои стратегии хеш қабл аз ҳама тамоми назокати фарҳангии мардуми кишварҳои ба «нақша» гирифтаашонро бо диққат меомӯзанд.
Дар чунин шароит барои ҳифзи арзишҳои миллӣ, пайдо намудани қудрати муқовимат ба чунин намуд муносибат, қабл аз ҳама моро зарур аст, ки аз моҳияти асосии идеологияҳои сиёсӣ ва аз омилҳои зоҳириву ниҳонии он амиқтар огоҳ гардем. Дар олами мутамаддин муколамаи фарҳангҳо кайҳост, ки ба таври хеле фаъол оғоз гардидааст ва сиёсат низ ба хубӣ вориди ҳамин ҷараёни бузург шудааст.
Имрӯз дар Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи давлат ва ҷомеа – ин ба даст овардани амнияти фарҳангӣ ва баланд бардоштани сатҳи хештаншиносии мардум ба шумор меравад. Сарвари давлатамон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Э.Раҳмон аз марҳилаҳои нахустини бунёди давлати нави миллӣ ба ин масъала эътибори хеле ҷиддӣ зоҳир намуда, чи дар асарҳои ба масоили таърихи тамаддуни миллатамон бахшидашуда ва чи дар суханрониҳои хеш, пайваста таваҷҷуҳи аҳли ҷомеаро ба ҳамин муаммо ҷалб намудаанд. Хусусан ин намуд ҳидоятҳои хирадмандонаи Президенти кишварамон дар мулоқотҳои таърихӣ бо намояндагони қишрҳои гуногуни ҷомеа – аҳли илму маориф ва ходимони дин таҷассуми тоза пайдо карданд.
Бори дигар маълум гардид, ки дар марҳилаи кунунӣ зарурати таҳлили воқеъбинонаи вазъияти сиёсӣ ва фарҳангии мамлакат, инчунин далерона фош кардани асрори баъзе амалҳои ниҳонии зиддиҷамъиятӣ ба миён омадааст. Сарвари давлат бевосита ба аҳли илму маориф муроҷиат ва талаб намуданд, ки бо донишу далелҳои илмӣ аҳли ҷомеа, хусусан ҷавононро аз тахрибкориҳои баъзе қудратҳои дохиливу хориҷӣ, аз тарзу услуби амалиёти мардумфиребии онҳо огоҳ созанд.
Яке аз самтҳои хеле муҳимми чунин таҳлилҳо – ин амиқтар муайян намудани ҷанбаҳои асосии манфиатҳои миллӣ ва роҳҳои дақиқи мубориза бо ақидаҳои хурофотпарастӣ маҳсуб меёбад.
Дар ин ҷода, рисолаи доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С.Ятимов зери унвони «Идеология ва манфиати миллӣ» маводи хеле хуб, дастрас ва барои таҳкими ҷаҳонбинии кулли ҷомеа дастурамали муфид ба шумор меравад.
Аслан гирем, дар шароити имрӯзаи ҷаҳонишавӣ шарти асосии солимии ҳамаи кишварҳо ин огоҳӣ пайдо кардани аҳли ҷомеа аз кулли ҷанбаҳои мусбиву манфии ҷараёнҳои мутақобил ба шумор меравад, зеро ҳар рӯзу ҳар соат тавассути расонаҳои иттилоотӣ ба зеҳни мардум, хусусан ба тафаккури насли наврас садҳо намуд омилҳои ҳаракатдиҳандаи зеҳнӣ ворид карда мешаванд. Барои ба маъниву мантиқ ва моҳияти асосии онҳо сарфаҳм рафтан ҳар як фарди ҷомеа бояд ба ин ё он сарчашмаи эътимодноки илмӣ ва назариявӣ такя карда тавонад. Бузургтарин давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон бо мақсади таъмини амнияти миллӣ истифодаи интернетро ба андозае маҳдуд мекунанд, зеро яқинан медонанд, ки дастраси омма гардидани иттилооти бемаҳдуд қодир аст афкори ҷомеаро вайрон созад. Саволе ба миён меояд, ки оё ба амнияти миллии мо барномаҳои бемаҳдудияти интернетӣ ва маҳвораҳо, ки дар баробари иттилооти мусбӣ дорои ҳазорон навъи гузоришҳои зараровар мебошанд, ягон намуд таъсири манфӣ намерасонанд?
Муаллиф дар асари мазкур ҳамин гуна вазъиятро таҳлил намуда, чунин ба хулосаи саҳеҳ омадааст, ки бар зидди ҳама гуна идеологияи зараровар на танҳо панду насиҳат, ё худ ибрози нияти нек, балки ҳатман ба воситаи идеологияи пурқудрат ва муқовиматкунанда мубориза бояд бурд. Ӯ дар ин маврид аз суханҳои нависандаи бузурги фаронсавӣ Оноре де Бальзак иқтибос меорад, ки чунин гуфта буд: «идеяҳоро метавон танҳо ба воситаи идея безарар кард».
Гуфтан мумкин аст, ки шарҳи ҳамин ақида, яъне тавассути идеологияи солим ҳифз намудани фазои маънавии кишвари навбунёди тоҷик дар ин асар мавқеи марказиро ишғол намудааст. Муаллиф бо ин мақсад ба таҳлили ҳама намуд масъалаҳои мубрами рӯз, ки боиси нигаронии аҳли ҷомеа гардидааст камар баста, доир ба хусусият ва моҳияти онҳо ибрози ақида намудааст.
Муаллиф муаммои фалсафии муносибати инсон ва воқеиятро мавриди назар қарор медиҳад ва бори дигар зикр менамояд, ки «агар муайян сохтани ченакҳои геометрӣ танҳо аз иродаи инсон вобаста мебуд, дар он сурат одамон худи ҳамин ченакҳоро низ таҳриф мекарданд». Ин мисолро иқтибос оварда муаллиф исбот намудааст, ки дар сатҳи идеология низ шуури инсон метавонад ҳама гуна воқеияти объективиро бо майли хеш таҳриф намояд. Ҳамин гуна таҳрифкориҳо, ғалат шарҳ додани воқеияти мавҷуда, ба гумроҳӣ кашидани мардум ва хусусан ҷавонон, дар ҳамаи мамолики навбунёд ҷой дорад. Аммо имрӯз, ки хушбахтона, қудрати давлат, ҳисси рӯшанбинии мардум хеле афзун гардидааст, минбаъд бояд мо ба он роҳ надиҳем, ки ягон намуд идеологияи вайрон ва харобовар вориди фазои маънавии кишвари мо гардад.
С. Ятимов қайд намудааст, ки таърихан мафҳуми идеология бо мақсади ба танзим даровардани муносибатҳои ҷамъиятӣ пайдо шуда, асосан ҳамчун назарияи пешқадам ва омили рушди ҷомеа хидмат намудааст. Аммо аз сабаби он, ки на ҳамеша ва на ҳама ҷонибдори ба таври ҳаққонӣ ба тафаккури мардум расонидани идеологияи пешқадам буданд, манфиатҳои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва ҳарбӣ, ҷоҳталабиву ҷаҳди кишваркушоӣ ба он оварданд, ки дар баробари ҳама гуна идеологияи пешқадам фавран як намуд идеологияи зоҳиран гӯё мусбӣ, вале моҳиятан мутлақо зараровар пайдо мегардид.
Ӯ дар ин маврид масъалаи мазкурро чунин шарҳ медиҳад, ки дар ҳеҷ сурат ва ҳеҷ кас идеологияро ҳамчун шакли шуури ҷамъиятӣ қудрати нодида гирифтан, манъ кардан ё дар як рӯз нобуд карданро надорад, яъне барои расидан ба ин мақсад бояд ҳатман воситаеро таҳти унвони «деидеологизатсия» истифода бурд.
Барои исботи ин ақида муаллиф аз таҷрибаи садсолаи истифодаи ин доктрина мисол меорад ва зикр мекунад, ки кӯшиши барҳам задани идеологияи коммунистӣ, ки доираҳои мамолики капиталистӣ дар қарни гузашта ба амал оварда буданд, «аз интизориҳояшон низ бештар ба онҳо даст дод». Яъне дар ин сурат мухолифони коммунизм бо истифода аз мақсадҳои манфиатноки хеш тамоми қувваро ба кор бурда, тавре ки мегӯянд, «бидуни истифода аз тиру туфанг ғолиб омаданд».
Гарчанде ин факти таърихӣ асосан дар муносибатҳои байниҳамдигарии ду кишвари абарқудрати олам сурат гирифта буд, вале дар ҳар сурат барои мустаҳкам гардонидани сохти давлатӣ ва солим намудани тафаккури ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ин таҷриба бояд ибратомӯз бошад. Мо низ кунун манфиатҳои миллии хешро доро ҳастем ва барои ҳифзи ин манфиатҳо бояд аз тамоми васоити ақлонӣ, аз ҷумла аз идеологияи сиёсии худӣ истифода барем. Хушбахтона, дар ин масъала миллати тоҷик, давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар пеши назари ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун субъекти озод ва орӣ аз ҳама гуна манфиатҷӯиҳои таҳрифкорона қарор гирифтааст. Бо ифтихор метавон зикр намуд, ки тоҷикон дар тӯли саргузашти зиёда аз ҳазор соли давлатдории худ ҳеҷ замон манфиати ягон миллат ё давлатро поймол накардаанд, яъне идеологияи кунунии миллии мо дар варақи покизаи таърихи давлатдориамон сабт хоҳад гардид.
Бахши дигари рисола ба мавзӯи «Идеология ва геополитика» бахшида шудааст. Ин ҷо муаллиф ҷанбаҳои байналмилалии идеологияро ҳамчун яке аз ҳолатҳои муҳими амалкарди он тафсир додааст. Маҳз дар сатҳи байналмилалӣ интиқол ё худ импорти ғояҳои манфиатовар воситаи асосии таъсиррасонӣ ба давлатҳои дигар ва ноил гардидан ба мақсадҳои стратегии абарқудратон ба шумор меравад. С.Ятимов дар ин бора менависад, ки «амалисозии ҳама гуна манфиатҳо аз ҷониби бозигарони сиёсати ҷаҳонӣ маҳз аз ворид сохтани ғояҳои вайрон, ё худ ба ифодаи дигар аз «тирандозии тӯпҳои идеологӣ» оғоз гардида, ин амал то марҳилаи расидан ба мақсадҳои ниҳоӣ ва ҳадафи асосӣ идома меёбад».
Дар чунин маврид метавон баръало манзараеро тасаввур намуд, ки дар ду даҳсолаи охир ба фазои маънавии кишвари навбунёди тоҷик чӣ қадар ақидаву ғояҳои бегонаи фарҳангӣ – забонӣ, мазҳабӣ, ахлоқӣ бо роҳҳову воситаҳои мухталиф ворид карда шуданд.
Сиёсати берунии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон аз оғози давраи истиқлолият характери гуногунсамтӣ ва услуби дарҳои кушодро соҳиб гардида буд ва ин албатта ба шуҷоат ва умедвории собиткоронаи Сарвари давлатамон вобаста буд. Дар андаке муддат он қудратҳои берунае, ки халқи тоҷикро аз нуқтаи назари сиёсат «каммаърифат» ва «соддалавҳ»[1] мепиндоштанд ва талоши онро доштанд, ки ҳарчи зудтар лаҷоми корро ба дасти худ бигиранд, ба муқовимати нерӯи бузурги миллати соҳибмаърифат дучор гардиданд.
Президенти мамлакат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон такрор ба такрор тамоми мардуми тоҷикро ба дарёфти ҳушёрии сиёсӣ даъват намуда, кушиш ба харҷ медиҳанд, ки ҷомеаро аз вартаи парокандагӣ ҳифз намояд. Дар натиҷа маҳз тафаккури баланди ҷомеа имкон фароҳам овард, ки сиёсати ваҳдати миллӣ дар замири мардуми тоҷик комилан маъво гирад.
Ин масъала ба таври ҳаққонӣ хулосаи сиёсии хешро пайдо намудааст ва он ба таври зерин ифода меёбад: «Барои ҳар миллат он ҳолатҳое фоҷиабор муқаррар мешаванд, ки агар ниятҳои бозигарони минтақавӣ ё геополитикӣ бо мақсадҳои ғаразноки шахсиятҳо ва гурӯҳҳои дохилидавлатӣ мувофиқ карда шаванд, зеро дар ин сурат охиринҳо ҳамин гуна манфиатҳои нопоки худро ҳамчун ормонҳои миллӣ вонамуд месозанд».
Муаллиф таъкид месозад, ки мисли анъана, дар ин маврид иттиҳодияҳои махсуси сиёсигардонидашуда таъсис дода мешаванд ва фаъолияти онҳо бо маблағгузориҳои беруна тариқи институтҳои легалӣ ва ғайрилегалӣ сурат мегиранд. Ӯ дар ин хусус чунин хулоса пеш меорад: «Ҳамин тариқ, амалҳое тақозо мегарданд, ки ба таври куллӣ ба манфиатҳои амнияти идеологӣ ва фарҳангии давлати миллӣ мухолиф мебошанд».
Табиист, ки дар чунин рисолаи муҳим шарҳи масъалаи аз омилҳои диниву мазҳабӣ истифода кардани қудратҳои беруна низ аз мадди назар дур нарафтааст. Муаллиф ин масъаларо хеле мӯшикофона таҳлил намудааст ва қабл аз ҳама аз таҷрибаи кишварҳои бузурги Ғарб – яъне айнан аз рӯзгори ҳамонҳое, ки имрӯз фактори исломро дар мамолики Шарқ ба бозӣ дароварданӣ мешаванд, мисолҳои хеле эътимоднок меорад. Масалан, ӯ менависад: «аҷоибиаш дар он аст, ки Ғарб ба дарки зарурати бунёди давлатҳои миллии секулярӣ (дунявӣ) зиёда аз сесад сол (!) қабл расида буд… Ғарб пушаймон нашуд, зеро дар ин сурат захираҳои давлатӣ бештар ба самти рушди иқтисодӣ-иҷтимоии худи миллат равона мегардад, на ин ки ба муҳофизат аз терроризм, экстремизм ва идеологияи онҳо».
Бояд гуфт, ки дар худи ҳамин ҳолат, боз ҳам сесад сол инҷониб айнан ҳамин доираҳо «талош меварзанд, ки теъдоди ҳарчи ками кишварҳо аз шаклҳои давлатдории клерикалӣ (динӣ) дур шаванд, бахусус дар нимкурраи шарқӣ – мусулмоннишин». Дарвоқеъ, агар хонанда бори дигар ба харитаи Шарқи Наздик ва Миёна таваҷҷуҳ намояд, баръало мебинад, ки қариб дар аксари мамолики ин минтақаи олам режимҳои пуриқтидори клерикалӣ амал мекунанд, ки ҳайратовар аст, ки онҳо пайваста дар зери «ғамхории» абарқудратони Ғарб қарор доранд. Маҳз дар доираи фаъолияти ҳамин режимҳо ҳар замон ҷараёну равияҳои нав ба нав «эҷод» карда мешаванд, ки муридонашон фавран ба кишварҳои Осиёи Миёна сафарбар карда мешаванд.
Мисоле, ки муаллиф доир ба ин ҳаракатҳо меорад, хеле боэътимод аст. Ӯ менависад, ки соҳибони ин ҷараёнҳои нави мазҳабӣ дар кишварҳои мусулмоннишини Осиёи Миёна «на олимону академикҳо, шоирону нависандагони маъруф, ё худ аҳли заҳмат, ки аз меҳнаташон миллат маърифату рӯзӣ мегирад, балки ҳатман ва асосан намояндагони иттиҳодияҳои диниро таҳти таваҷҷуҳ ва парастории махсуси бозигарони геополитикӣ қарор додаанд».
Бале, доираҳои манфиатҷӯи Ғарб на танҳо ба пешқадамони маърифати замони мо таваҷҷуҳ зоҳир наменамоянд, балки оид ба зиндагии имрӯзаи ҷомеаи мо филму қиссаҳои дурӯғин меофаранду ба фазои фарҳангии мо мепартоянд. Дар баробари ин, чанде аз ҳангомаҷӯён, ки садову симояшон дар ватанашон чандон обрӯву эътибор надорад, бо андаке оҳанги хиррӣ дар минбарҳои бузурги илмӣ ва сиёсии Ғарб васвасахонӣ мекунанд.
Мусаллам аст, барои ба мақсади худ расидан, яъне барои ҳарчи бештар намудани таъсири дин ба сиёсати давлатдорӣ доираҳои Ғарб харҷи ҳама гуна маблағро дареғ намедоранд. Имрӯз бояд ҳар як фарди ҷомеаи мо амиқ дарк карда тавонад, ки меъёрҳои демократӣ, озодии сухан ва матбуот дар кишвари мо дар бисёр мавридҳо ҳатто зиёдтар аз баъзе мамолики тараққикардаи Ғарб риоя карда мешаванд. Инро коршиносони расмии хориҷа эътироф намудаанд.
Имрӯз бо ифтихор метавон гуфт, ки ба сохту услуби риояи арзишҳои дини мубини ислом, ки Тоҷикистон ба он ноил гардидааст, баъзан ҳаваси меҳмонони ҳатто кишварҳои исломӣ меояд. Ин дар ҳолест, ки мо давлати дунявӣ ҳастем ва мутлақо ба он роҳ нахоҳем дод, ки бо истифода аз арзишҳои дурӯғин ва нав эҷод гардида аҳли мусулмонони кишвари моро саргарми сиёсатбозиҳо созанд.
Масъалаи дигаре, ки бевосита ба падидаҳои имрӯзаи фазои фарҳангии кишвари мо тааллуқ дорад – ин муносибати ҷомеа бо хурофотпарастӣ ба шумор меравад. С.Ятимов ин масъаларо дар боби «Дар бораи муносибати идеология ба устура (мифология)» хеле муфассал таҳлил намудааст. Ӯ сараввал зикр менамояд, ки «ҳама гуна ғоя, ҳатто пешқадамтарин дидгоҳ, дар сурати риоя нашудани ҳадди муқарраргардида, метавонад ба сафсата табдил гардад».
Ба ақидаи муаллиф, ғояҳо ҳеҷ вақт дар ҷои холӣ пайдо намешаванд ва ҳамеша «дар паси онҳо қувваҳои воқеӣ меистанд». Ана ҳамин қувваҳо бо часпу талоши азим кӯшиш мекунанд, ки ақидаҳои хешро ба мафкураи мардум ҷой кунанд ва оммаро ба гӯё ҳаққонияти ин идеология бовар кунонанд. Дар ҳамин маврид муъҷизаҳо, қиссаҳои ғайризаминӣ, соҳибони «каромат» пайдо мешаванд, гарчанде дар ин сурат созандагони ин идеологияҳо аз истифодаи истилоҳи устура дурӣ меҷӯянд, яъне бисёр мехоҳанд, ки афсонаи онҳо ҳақиқатро монад. Муаллиф доир ба ин муаммо хулосаи дурустро пешниҳод менамояд: «Ҷараёнҳои сиёсӣ идеологияи худро аз шаклҳои хурофотӣ, яъне транссендентии шуури ҷамъиятӣ иқтибос мекунанд».
Дар натиҷаи ҳамин хулоса С.Ятимов навиштааст, ки чунин мафҳумҳо ва ғояҳои догматикӣ, ки ба сифати асосҳои консептуалии ҳизбҳои сиёсӣ хидмат мекунанд, дар шароити имрӯза барои ҷамъият нафъе надоранд. Онҳо ба доираҳое, ки мехоҳанд фишангҳои ҳокимияти давлатиро ба даст гиранд, манфиатбахш ҳастанд, аммо мусаллам аст, ки ин кӯшиш бисёр хатарнок аст – оғозаш фоҷиавӣ ва анҷомаш бадбахтона.
Доир ба пайдо шудани баъзан гумроҳиҳо миёни аҳли ҷомеа муаллифи рисола мисолҳои зиёдеро аз осори классикони илми фалсафа ва ҷомеашиносӣ (аз ҷумла аз Ф.Бэкон ва Г.Лейбнитс) иқтибос оварда бори дигар таъкид менамояд, ки аслан гумроҳӣ дар натиҷаи камбудиҳои маънавии одамон пайдо мешавад. Яъне шахси бемаърифат, нодон хеле зуд ба гумроҳӣ гирифтор мегардад ва шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки имрӯз даҳҳо институтҳои сармоягузори хориҷӣ ба соҳаи маорифи Тоҷикистон часпу талош доранд, бо ҳама гуна восита мехоҳанд услубу барномарезиҳои навро ба он ворид намоянд.
Падидаҳои гумроҳӣ махсусан баъзан дар тафаккури динии омма дучор мегарданд ва дар аксари ҳолат онҳо ба ақидаҳои кайҳо кӯҳна гардидаву догматикӣ такя мекунанд. Муаллифи рисола огоҳ намудааст, ки «мавқеъ ва кӯшишҳои ходимони мутаассиби динӣ ҷиҳати монополиякунонӣ ва тафсири «ҳақиқат», ки ҷаҳонро аз нигоҳи ривоятҳои динӣ тавзеҳ медиҳанд, феълан моро ба ваҷд оварда наметавонад». Ӯ хеле мақсаднок зикр намудааст, ки албатта ва бечунучаро шукуфоии маънавии миллатҳо комилан аз он вобаста аст, ки то кадом андоза ин ё он миллат ба тафсирҳои маҳз илмии воқеияти ҳаёт ва амалиёти зиндагӣ такя мекунад.
Дар рисола доир ба ин мавзуъ номи чандин бузургони миллат – Рӯдакиву Сино, Аҳмади Дониш ва устод Айнӣ ба сифати тимсоли бузурги таърихии хидмати содиқона ба миллату Ватан оварда шудааст. Муаллиф таъкид намудааст, ки ин нобиғаҳо дар шароити вазнинтарини замони ҷаҳолат аз таъқиби мутаассибон наҳаросида бузургтарин асарҳои илмиву бадеӣ офариданд ва халқро ба сӯи озодӣ ва тараққиёти ҷамъиятӣ ҳидоят намуданд. Дарвоқеъ, масалан маҳз устод Айнӣ аз саҳифаҳои таърих образи яке аз шуҷоътарин писарони халқамон – Темурмаликро «кофтанду ёфтанд» (ибораи устод Лоиқ) ва ба зеҳни хонандаи ҷавони тоҷик намунаи бузург ва ибратбахши қаҳрамониро ворид сохтанд.
Дар маҷмӯъ бояд зикр намуд, ки таи садсолаҳо маҳз ҳамин гуна фарзандони бузурги миллат тавонистанд рӯҳия солим ва арзишҳои маънавии моро ҳифз кунанд ва афзун созанд. С.Ятимов менависад, ки «имрӯз – давоми дирӯз аст», яъне мо бояд қудрати онро дошта бошем, ки даҳҳо карат зиёдтар аз дирӯза барои ободонии ҷаҳони маънавӣ ва устувории рӯҳи миллат ҷаҳду талош намоем. Дар ҷаҳони муосир фактори омилҳои инсонӣ дар муборизаҳои фарҳангӣ нақши асосиро иҷро менамояд, з-ин сабаб Пешвои муаззами миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо таваҷҷуҳ ва дастгирии хоса соҳаи маориф ва фарҳангро мавриди ғамхорӣ қарор додаанд. Дар мамлакати мо тамоми заминаҳо барои иштироки фаъолонаи зиёин дар рушди маърифати миллат фароҳам оварда шудааст ва минбаъд бояд зиёиёни тоҷик мавқеи худро муайян сохта, наслҳои ояндаи дӯстдорони асили Ватанро ба воя расонанд. Яқин аст, ки амнияти миллӣ минбаъд низ бидуни таъмини бехатарии арзишҳои бузурги маънавӣ, ки аҷдодон ва ҳамасрони мо офариданд ва дақиқан муқаррар намудани самтҳои афзалиятноки рушди кишвар вуҷуд дошта наметавонад.
Дар ин кор аҳамияти идеология дар роҳи ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, рушди бемайлони демократия дар асоси таҷрибаи мамолики мутараққӣ басо арзанда ба ҳисоб меравад. Имрӯз аён аст, ки ҷараёни ҷаҳонишавӣ ба идеологияи мо низ ҳама гуна таъсироти мусбиву манфӣ мерасонад. Мусаллам аст, ки ваҳдат ва пирӯзии сулҳи тоҷикон – яъне ин дастоварди бузурги фарҳангии миллати мо, имрӯз мутаассифона, на ба ҳама мефорад. Муаллифи рисолаи мазкур, доктори илмҳои сиёсатшиносӣ С.Ятимов дар хулосаи асари хеле пурмазмуни хеш бори дигар таъкид менамояд, ки «мо бояд ҳама қудрату ғайратро ба он равона созем, ки ҳеҷ қуввае натавонад мардумро аз нав ба шакли тафаккури вайрон ва ғайриилмӣ баргардонад ва минбаъд бадхоҳони миллат натавонанд моро ба соддагиву ноогоҳӣ муттаҳам созанд».
Имрӯзу фардо бояд, ки дар паси ҳар гуна шиору ваъдаҳо, даъвату пешниҳодҳо қабл аз ҳама мутобиқати онҳоро бо манфиатҳои асосии миллӣ муайян намуд. Ҳамин омили бузург метавонад рушди бемайлони кишвари соҳибистиқлоли Тоҷикистонро такягоҳи бузурги маънавӣ гардад.
Аслиддин Низомӣ,
доктори илмҳои санъатшиносӣ, мудири шуъбаи санъатшиносии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон
[1] Ниг. Ф.Старр. Маърифати гумшуда. Д.2017