JM Free Ebooks - шаблон joomla Форекс
Душанбе, 02 Июни 2025 03:54

Робитаи мутақобила ва диалектикии падидаҳои миллат ва давлат. Нақши ҷаҳонбинии миллат дар пойдорӣ  ва рушди давлати миллӣ

Муаллиф: Асадзода НАЗРӢ

    Дар шароити пуртазоди геосиёсии муосир сатҳи ташаккули шуури миллӣ омили аслии ҳифзи бақову рушди миллатҳо ва таъйини ҷойгоҳи онҳо дар арсаи байналмилалӣ аст. Барои рушди давлат ва қудратманд кардани он шинохти дурусти заминаҳои ташаккули миллат, шакли ҷаҳонбинии он ва коркарду корбурди роҳкорҳои зеҳниятсозии миллӣ  хеле муҳим ва зарур мебошанд.

  Мафҳуми миллат дар ҳавзаҳои илмӣ, аз ҷумла ҳавзаҳои илмии Ғарб аз диди фарогирӣ ҳадди ақал ду тарзи ташреҳ дорад: 1) миллат ҳамчун мафҳуми этнофарҳангӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта гурӯҳи иҷтимоиеро дар назар мегиранд, ки он этногенез, хостгоҳи генетикӣ, ҷуғрофиёи зист, забон, фарҳанг, таърих, ғояҳову ормонҳо, ҳувийяти ягона дорад. 2) миллат ҳамчун мафҳуми сиёсӣ-ҳуқуқӣ дар назар гирифта мешавад, яъне миллат гуфта одамонеро мегӯянд, ки дар қаламрави як давлат ҳамчун шаҳрванд зиндагӣ мекунанд (новобаста ба этногенез, забон, ҳувийят ва фарҳанг ва ғ.). Ин мафҳумро бо таъбири "давлат-миллат" низ ифода мекунанд.

Давлат  муҳимтарин дастгоҳи ҳифзи бақо ва рушди миллат аст. Дар байни давлати миллӣ ва миллат муносибати диалектикии дуҷониба вуҷуд дорад, яке он, ки миллат бо назардошти манфиатҳои худ ба таъсис ва таҳкими давлати миллӣ боис мегардад, дигар ин ки давлат барои ҳифзи бақо, манфиатҳо ва ташаккули миллати давлатсоз шароити муносиб фароҳам оварда, рушди онро таъмин месозад. Танҳо дар пайвастагӣ бо ҳамдигар ташаккул ва такомули ин ду падидаро тасаввур намудан имконпазир аст. Ташаккули миллатҳои аврупоиро иддае аз муҳаққиқон натиҷаи мустақими чунин раванди сиёсӣ ва фарҳангӣ медонанд.

Аз таърих маълум аст, ки дар Аврупо то давраи Ренесанс ва ҷунбиши ислоҳи мазҳабӣ (реформатсия) ҳувийяти динӣ бар ҳамаи ҳувийятҳои дигар, аз ҷумла ҳувийяти милливу қавмӣ афзалият дошт, вале баъдан дар заминаи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва шинохти манофеи миллӣ ҳувийяти динии мардуми Аврупо заиф шуда, ҷойгоҳи худро ҳамчун абзори зеҳниятсозии ҷомеа ба тадриҷ аз даст дод.  Тарроҳи равандҳои сиёсӣ ва таъйинкунандаи хатти машйи ақидатии ҷомеаҳои аврупоӣ дар давраи нав на калисоҳову ҳавзаҳои динӣ, балки давлатҳои миллӣ буданд, ки бар асоси манофеи миллатҳои давлатсоз фаъолият ва мавқеъгирӣ мекарданд. Дар ин марҳила дар Ғарб давлатҳои миллӣ рӯи кор омаданд ва “давлат-миллат”-ҳои модерн низ шакл гирифтанд. Ин давлатҳо бо ангеза додани эҳсосоти миллӣ сатҳи масъулиятшиносии иҷтимоӣ ва шаҳрвандии мардуми қаламрави худро боло мебурданд. Ҳувийят ва эҳсосоти миллии мардуми аврупоӣ маҳз дар заминаи бархурди манофеи онҳо бо якдигар ва алалхусус тавсеаталабӣ ва тамомиятхоҳии калисои Рим  ташаккулу тақвият ёфт.  Агар ба таърихи ташаккули миллат ва рушди давлат дар замони муосир нигоҳ кунем, яке аз хусусиятҳои он пайванди қавии миллату давлат аст. Ин шохисро иддае аз ҷомеашиносон ҳамчун падидаи то андозае нави таърихи башарӣ бозтоб медиҳанд.

Дар давраи нав шикасти асосиро ба низомҳои суннатӣ ва динсолори давлатӣ инқилоби Фаронса ворид кард. Ин инқилоб, ки аз андешаҳои Жан-Жак Руссо(1712-1778) илҳом мегирифт, бо таблиғи ҳокимияти мардум мафҳуми миллатро пеш гузошта, машруъияти давлат ва вобастагии мардумро ба сулолаҳои ҳукмрон аз байн бурд. Дар ин замина ҳукуматҳои мутлақа тадриҷан ба давлатҳои миллии демократӣ табдил шуданд. Ин раванд дар заминаи ташаккули фарҳанги дунявият, ки ин давлатҳоро фаро гирифта буд, анҷом шуд. Дар фазои фарҳанги дунявият (секуляризм) намодҳою арзишҳои миллӣ ва ғайримазҳабӣ тавонистанд дар низоми арзишҳои ҷомеа ҷойгоҳи меҳвариро касб кунанд. Дар ташаккули ҳувийят ва эҳсосоти миллӣ ҷангҳои Наполеон низ таъсири зиёд дошт. Он раванди ташаккули миллатҳои дигарро суръат бахшид, алалхусус миллатҳоеро, ки дар муқобили таҷовузи фаронсавиҳо иттиҳоду якпорчагии худро таҳким доданд ва муқовиматашон дар баробари истилогарон боиси бедории ҳисси миллии онҳо гардид. Дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX ин тамоил хеле қавӣ шуд. Дар нимаи аввали асри XX муборизаҳои миллӣ-озодихоҳӣ бар зидди мустамликадорӣ авҷ гирифтанд ва иттиҳоду худшиносии миллатҳои мазлумро ба вуҷуд оварданд, ки ин гироиш низ ба раванди ташаккули давлатҳои муосири миллӣ таъсиргузор буд. Шинохти  арзишҳо ва манофеи миллӣ, боло рафтани сатҳи худшиносӣ ва худогоҳии миллатҳои мазлум боиси ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ ва авҷи муборизаи онҳо барои раҳоӣ аз тасаллути бегонагон шуд. Дар ин давра бо назардошти афзудани нақши миллатҳо дар шаклгирии равандҳои байналмилалӣ баъзе мутафаккирон ҳар як миллатро ҳамчун як низоми мустақили иҷтимоӣ, ки забону фарҳанг, ҳувийят ва рисолати хос дорад, маънидод мекарданд.

Маълум аст, ки миллат ҳамон вақт ба таъсиси давлати худ алоқаи бештаре  нишон медиҳад, ки дар масъалаи ҳифзи бақо ва манфиатҳои худ ноамнӣ ва хатар эҳсос кунад. Ин омил ба қавли муҳаққиқи муосири амрикоӣ Марк Тейлор “ноамнии офаринанда” ном дорад. (MARK ZACHARY TAYLOR, The Politics of Innovation Why Some Countries Are Better Than Others at Science and Technology, Oxford University Press, New York, 2016, 449 p.) Аммо дар ин замина ҳамеша бояд дар назар гирифт, ки метавонад шовинизм ва миллатпарастии ифротӣ низ ба вуҷуд ояд. Миллигароии воқеӣ аз ин тамоюлоти нописандида фарқ дорад. Ҳадафи миллигароӣ ва миллатдӯстон фақат ҳифзи бақову манофеъ ва рушди миллӣ аст, на таъкиди афзалияти генетикиву интелектуалии як миллат бар миллатҳои дигар ва дар ин замина тавсеаталабиву тамомиятхоҳӣ кардан чун миллатпарастон.

Дар ҳар сурат, ҷанбаи мусбати миллигароӣ дар таърихи навини башарӣ ва алалхусус асри ХХ ин аст, ки он ҳувийяти миллиро тақвият бахшида, нақши ҳувийяти динӣ ва суннатҳоро дар бахши азиме аз қаламрави ҷаҳон ва ба вижа дар Ғарб коҳиш дод ва барои ҳар фард анҷом додани умури эътиқодиро амре ихтиёриву инфиродӣ дониста, хештаншиносиро аз тариқи шинохти масъулияти худ дар назди миллат ва Меҳан ба яке аз заруратҳо ва арзишҳо ва ҳатто маънии зиндагӣ табдил дод. Миллатҳои пешрафта дар замони нав тасаллути дин ва сиёсӣ шудани онро омили вопасгароӣ ва боздорандаи рушд медонанд.

Ҳаракатҳои миллӣ-озодихоҳӣ дар дигар минтақаҳои ҷаҳон, аз ҷумла кишварҳои Шарқи исломӣ низ ба тадриҷ ба вуқуъ омаданд, аммо бинобар  сабаби нуфузи таълимоти диниву мазҳабӣ ва динмеҳвар будани шуури ҷамъиятӣ ин ҳаракат дар аксар кишварҳои мусулмоннишин ба дингароии ифротӣ мубаддал шуд. Дар давлатҳои тозабунёди миллӣ раванди эҳёи миллию ташаккули ҳувийяти миллӣ ба муқовимати шадиди рӯҳониёни ифротӣ дучор шуд, ки дар такя ба ҷаҳонбинии динии омма ҳар гуна навгароӣ ва дигарандеширо саркӯб мекарданд. Онҳо ба равандҳои тозаи иҷтимоӣ ва пешрафти иқтисодию фарҳангии муосир ҳамеша суннатҳои гузаштаи дури исломӣ, давраи ибтидои ислом ва асримиёнагиро муқобил мегузоранд ва монеи раванди рушди миллӣ мешаванд, ки ин ҳаргиз ба нафъи кишварҳои мазкур нест. Исломиёни сиёсӣ ва ифротӣ мехоҳанд ин кишварҳоро аз роҳи пешгирифтаи миллии мустақилашон маҳрум сохта, ба ақиб, ба асрҳои миёна баргардонанд ва маҳз ҳамон давраро ҳамчун намунаи беҳтарини  маъмурияти ҷомеа ҷилва диҳанд. Чунин амали вопасгароёна  хоҳ-нохоҳ хатти сайри ин кишварҳоро дар масири рушду пешрафти илмиву технологӣ кунд карда, онҳоро тобеи ҷаҳони пешрафтаи иқтисодию технологӣ мегардонад. Дар чунин ҷомеаҳои суннатӣ ҷаҳонбинии аксарияти мардум ҳамчунон динӣ боқӣ хоҳад монд, ки он монеи ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ ва эҳсосу ҳувийяти миллӣ хоҳад шуд.  Дар ҷаҳони муосир чунин ҷомеа ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад ба пешрафти иҷтимоию иқтисодӣ ва фановарӣ ноил шавад. Илова бар ин, дар сурати динмеҳвар будани дидгоҳи ҷомеа, ба сабаби мавқеъгирии худпарастонаи пайравони динҳову мазҳабҳои мухталиф, ки ҳар яке аз онҳо танҳо роҳи худро ягона роҳи ҳақиқат медонанд,  вазъи иҷтимоӣ мудом осебпазир ва ташаннуҷзо хоҳад монд.  Ҳамчунин  дидгоҳи манфӣ ва ҳатто такфирии пайравони равияҳои динӣ нисбат ба ҳамдигар ва аҳли илм, дигарандешон ва озодманишон дар ҷомеа заминаи табъизро ба вуҷуд оварда, эҷоди ваҳдати воқеии миллиро номумкин мегардонад. Дар натиҷа миллат моҳиятан  парешону пароканда шуда, давлат заифу нотавон мегардад.

Дину мазҳабпарастони бунёдгаро наметавонанд бипазиранд, ки замони кунунӣ замони дигар аст, дигар бо мавқеъгирии  мазҳабмеҳвар, татбиқи аҳкоми динӣ ва табъизу султагароӣ наметавон заминаи рушди устувор ва рақобатпазирии миллиро дар сатҳи байналмилалӣ ба вуҷуд овард. Султаи сиёсии мазҳабӣ, ки замоне мардуми як кишвару минтақаро ба иҷбор бо ҳам пайванд месохт, ҳоло дигар он нақшро наметавонад дар дарозмуддат иҷро кунад. Дар замони ривоҷи илму фарҳанги дунявӣ ҷои пайванди мазҳабро пайванди миллӣ гирифтааст. Ҳатто мазҳаб дар бисёр кишварҳо тафсири миллӣ ба худ пайдо кардааст, масалан, динҳои миллӣ, мазҳабҳои гуногуни масеҳият ва ғайра. Албатта, дар ҷомеаи динзада эҳсоси милливу мансубияти миллӣ ва пазириши масъулият дар назди миллати худ заиф аст. Аммо бо мурури замон дар заминаи дарки мантиқи воқеияти ҷаҳон, ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ бешак ҳувийяти миллӣ  рушду тақвият хоҳад ёфт. Истиқлолу озодии кишварҳо, бархурди манофеи миллатҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ ва муборизаҳои рӯзафзуни геополитикӣ ба тадриҷ боиси ташаккули тафаккури миллӣ хоҳад шуд.

Афроди огоҳ ҳатто дар ҷомеаҳои суннатӣ ва динзада низ  бо назардошти вазъи мураккаби геосиёсии ҷаҳон ва корбурди абзории дину мазҳаб аз тарафи тарроҳони равандҳои байналмилалӣ ба тадриҷ рӯ ба арзишҳои миллӣ ва мавқеъгирӣ бар асоси манофеи миллӣ меоваранд. Ҳоло дар дунё он кишварҳое муваффақанд, ки дину боварҳои диниро ба кори фардӣ табдил дода, мухолифати онро бо манофеи миллиашон аз байн бурдаанд.

Агар масъалаи миллат ва гироишҳои миллиро дар таърихи тоҷикон аз назар гузаронем, пас ба давраҳои гуногуну мутазоде дучор мешавем, ки гоҳе такомулу гоҳе  таназзули  ифтихороту ғурури миллиамонро мушоҳида мекунем. Дар  ҷуғрофиёи  зисти тоҷикон дар тӯли таърих ҳам ҳукуматҳои миллӣ ҳукмфармоӣ кардаанд ва ҳам ҳукуматҳо аз ақвому нажодҳои бегона. Даврони пуршаҳомати абардавлатҳои Ҳахоманишиён, Ашкониён, Сосониён ва давлатҳои Саффориёну Сомониён, Дайламиёну Ғуриён ва Сарбадорон давраҳои  ифтихорбарангези таърихи миллати тоҷик аст. Аммо дар баъзе  марҳилаҳои таърихие, ки дар сарзамини аҷдодии мо сулолаҳои юнонию мақдунӣ, арабӣ ва туркию муғулӣ ба сари қудрат омаданд, низоми арзишҳои миллии мо ба садама дучор шуд.  Дар он марҳилаҳои тӯлонии бедавлатӣ забон, илм, адабиёт, ҳунар, ахлоқ, ҳофизаи таърихӣ ва дар маҷмӯъ фарҳанги миллиамон  василаи ҳифзи ҳувийяти миллии мо буданд. Вале бо вуҷуди ин, азбаски давлат дар дасти бегонагон буд, фарҳанги миллии мо ва дар зимн ҳувийяту худшиносӣ ва огоҳии сиёсии мардуми тоҷик заиф шуд. Бинобар ин, бо эътибор ба чунин саҳнаҳои  ҳувийятшикани миллат бояд гуфт, ки ташкил шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати миллии мустақил бояд чун як фурсат ва имкони бисёр муносиб, ё ба таъбири маъмул шонси  таърихӣ барои дониста шавад. Бо истифода аз ин фурсат мебояд фарҳанги миллиро, ки шаклдиҳандаи менталитет ва ахлоқи миллист, бозбинӣ ва ислоҳ кард, зеро нуқтазаъфҳои менталитети миллии мо маҳсули фарҳанг ва меъёрҳои тарбиятии мост. 

Давлатҳои миллии тоҷикон, ки пас аз истилои араб ба вуҷуд омаданд, аз ҷумла давлатҳои Саффориёну Сомониён ва Дайламиён, маҳз дар заминаи эҳё ва устувор шудани мавқеи унсурҳо ва арзишҳои миллӣ, бахусус фарҳанг ва забони тоҷикӣ ва ҳамчунин хотираи ифтихорбарангези давлатдориҳои бузурги пешазисломии мардуми ориёитабор таъсис ёфтанд. Мавҷудияти кунунии тоҷикон ба ҳайси як миллат ва воҳиди мустақили этнофарҳангӣ низ маҳз ба зинда мондани ҳамин хусусиятҳо ва арзишҳо вобаста аст. Бинобар ин, пояи ҳастӣ ва меҳвари маънавию фарҳангии миллат ва давлатдории миллии тоҷикон на дин, балки арзишҳои миллӣ, забон ва фарҳанги бостонӣ, муқаддасот, ҳофизаи таърихӣ, расму оинҳои миллӣ, ба вижа таърихи давлатдориҳои пуршукуҳи аҳди бостони мардуми ориёитабор аст. Аммо дар тӯли таърих бинобар зеҳниятсозиҳои диниву мазҳабӣ дар низоми арзишҳои мардуми мо  арзишҳои миллӣ ҷойгоҳи худро аз даст дода, арзишҳои динӣ авлавият пайдо кардаанд. Дар натиҷа дидгоҳ, меъёрҳои қазоват ва ҷаҳонбинии мардуми мо бештар хусусияти динӣ касб намуданд ва ин вазъият то ба имрӯз идома дорад. Чунин ҳолат боиси осебпазирии миллӣ шуда, имрӯз заминаи мафкуравиро барои пазириши ақидаҳои бегона, худбаҳодиҳии манфии миллӣ ва ҳатто худситезӣ фароҳам овардааст. Ислоҳи чунин вазъияти барои амнияти миллӣ ва бақои миллат таҳдидовар низ ниёз ба  татбиқи сиёсати ягонаро дар ин самт дорад. 

Дастёбӣ ба истиқлоли сиёсӣ, эҳёи дигарбораи давлатдории тоҷикон ва таъсиси Ҷумҳурии Тоҷикистон  тақозо мекунад, ки мо аз ҷанбаҳои мусбати таърихи гузашта самаранок истифода бурда, аз нуқтазаъфҳо ва саҳнаҳои фоҷеабори он сабақ гирем. Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони давлати миллии мустақил бояд ҳамчун муҳимтарин дастоварди таърихӣ ва омили бақои миллати тоҷик эътироф гашта, ҳифзу тақвияти он вазифаи муҳими ҳар шаҳрванди кишвар ҳисоб шавад.

Инак, ба равшанӣ пайдост, ки шароити замони муосир ба хотири ҳифзи бақо ва рушди миллӣ тақозо мекунад, ки рӯҳониёни кишвари мо низ  шинохти дақиқтари ҷаҳону муборизаҳои геосиёсӣ ва роҳҳои дурусти рушди кишварҳои худро дарк намуда, дидгоҳҳои куҳна ва ба ҷаҳони имрӯза номувофиқро бозбинӣ кунанд ва бо назардошти манофеи миллӣ мавқеъгирӣ намоянд, на  бар асоси таассуби диниву мазҳабӣ. Вале рӯҳониёни мо, мутаассифона, нисбат ба арзишҳову манофеи миллӣ  аксаран мавқеи бетарафона мегиранд ва ҳатто дар баробари онҳо мухолифат низ  нишон медиҳанд.

Дар таълимоти исломӣ мафҳуми “миллат” маънои динию идеологӣ дошта, ба мазмуни этно-фарҳангӣ ва ҳуқуқӣ-сиёсии имрӯзаи он мувофиқат намекунад. Таърих гувоҳ аст, ки шикасти давлати Сомониён, тақсимоти миллӣ-ҳудудӣ дар солҳои 20-уми садаи ХХ аз ҷониби давлати Шӯравӣ ва вазъияти мураккаби имрӯзаи тоҷикони бурунмарзӣ дар сатҳи минтақа аслан пайомади заъфи ҳувийяти миллӣ  ва  шуури сиёсии миллат  мебошад. Ин тарзи ҷаҳонбинӣ дар зеҳни оммаи тоҷик нуфуз кардааст ва дар шароити кунунӣ низ метавонад бар зарари манфиатҳои миллӣ бианҷомад.

Дар вазъияти мураккаби геосиёсии кунунӣ давлатҳои абарқудрату тавсеаталаб дар қаламрави давлатҳое, ки ҷаҳонбинии мардумаш динист, аз дин ва идеологияи динӣ ҳамчун абзори зеҳниятсозӣ ба нафъи худ истифода мекунанд. Таърихи гузаштаву имрӯзи миллати мо исбот мекунад, ки аксари ходимони динӣ дар лаҳзаҳои барои миллат ҳассос мавқеъгирии миллӣ надоштаанд ва аз арзишҳову манофеи миллӣ ҳимоят накардаанд. Воқеаҳои охири садаи гузаштаи кишварамон низ далели ин гуфтаҳост. Чунин мавқеъ гирифтани рӯҳониёну ходимони дину мазҳаб ва пайравонашон дар воқеъ  омили осебпазирии амнияти миллӣ ва дар зимн истиқлоли сиёсии давлати миллии мост. Такягоҳи асосии истиқлоли сиёсии миллат истиқлоли зеҳнӣ ва ақидатии он аст.

Ҳар миллате, ки зеҳнияту ҳувийяти онро дигарон бо назардошти манофеи худ сохтаанд, бидуни ҳеҷ шакке бар хилофи манфиатҳои миллии худ амал мекунад. Муқобилгузории арзишҳои миллӣ ва динӣ ва авлавият додани дувумӣ нисбат ба аввалӣ аз тарафи рӯҳониён буҳрони ҳувийятиро дар шуури ҷамъиятии мо ба вуҷуд овардааст, ки бартараф кардани он яке аз вазифаҳои муҳими нухбагони миллат баҳри таъмини амнияту ваҳдати ҷомеа ва сарҷамъ кардани потенсиалҳои миллист. Авлавият додан ба арзишҳои миллӣ ва татбиқи сиёсати ҳадафмандона дар ин самт кори хеле муҳимест, ки бояд аз тарафи давлат анҷом дода шавад.

Дину мазҳаб бо хусусияти ғайримиллӣ ва консервативӣ доштанашон наметавонанд василаи ҳифзи бақо ва рушду таҳаввули ҳамешагии миллат бошанд. Аз ин ҷиҳат дар замони муосир маҳз миллат ва ғояи миллӣ аст, ки махсусияти гурӯҳи иҷтимоие, ки дорои як забон, сарзамин, давлат ва  эҳсоси шаҳрвандӣ мебошанд, нишон медиҳад.

Институти шаҳрвандӣ зуҳуроти нави таърихии миллат буда, яке аз нишонаҳои ҳастии миллат дар давлати муосир аст. Чунин фаҳмишро ҳам зарурати таърихиву талаботи ҷомеаи муосир ва ҳам таҳқиқоти илмӣ муайян мекунанд. Давлат барои миллат унсури муайянкунанда аст. Беҳуда нест, ки яке аз назарияпардозони шинохта М.Вебер миллатро ҷомеаи инсоние донистааст, ки дар асоси умумияти забон, одатҳо, сарнавишти муайяни таърихӣ барои сохтани давлати худ талош мекунад. Дар замони муосир, ки муборизаҳои геосиёсӣ дар ҷаҳон беш аз ҳар вақти дигар афзудаанд, ҳар давлате ба иттиҳоду ваҳдати бештари шаҳрвандонаш ниёз дорад. Намунаи барҷастаи ин гуна иттиҳоди афрод гурӯҳи иҷтимоиест, ки ба миллат табдил шудааст.

Давлати миллӣ ва этникӣ шакли давлатдориест, ки собиқаи хеле куҳан дорад, намунаи антиқии ин гуна давлатдориҳо давлати Мисри бостон, Эронзамин, Ошур, Бобил, Чин, Ҳинд, Юнону Мақдуния, Ҷопон, Мая ва амсоли инҳост. Ин навъи давлат хоси миллати муайян аст ва барои рушду нумуъ, иқтидору иззатмандии миллат, иқтисоду фарҳанги он мекӯшад. Маҳз давлати миллӣ таконбахши рушд, нигоҳбони миллати худ аст. Ба таъбири дигар, давлат васила ва дастгоҳи ҳифзи манофеи миллатест, ки онро таъсис додааст. Энтони Гидденс (с.т.: 1938) - ҷомеашиноси англис, ки яке аз мутафаккирони шинохтаи муосир аст, мегӯяд, ки давлати муосир ва шакли ниҳоии давлат  давлати миллӣ аст ва он вазифаи миллатсозиро  ба уҳда дорад. (Энтони Гидденс, Сотсиология. М.1999. с.28) Мақоми давлатро баъзе мутафаккирон ба ҳадде бардоштаанд, ки ҳатто пайдоиши миллати тамомаёрро ба пайдоиши он вобаста донистаанд. Ба фикри онҳо миллати воқеӣ он вақт пайдо мешавад, ки агар гурӯҳҳои этникӣ сарҷамъ гашта, барои бунёди давлати миллии соҳибистиқлол мубориза баранд ва онро ташкил диҳанд. Маҳз дар замони ба истиқлоли сиёсӣ расидани  қавм (халқ, миллат) ва расмиву давлатӣ гаштани забони он омилҳое ба вуҷуд меоянд, ки гурӯҳи этникӣ ва қаламрави зисти онро (ба шумули ақаллиятҳои миллии дигар) ҳамчун сарзамин ва давлате муттаҳид карда, заминаи ташаккули миллатро фароҳам месозад.  Маҳз ҳамин омил василаи ба раванди сиёсӣ табдил шудани андешаи миллӣ мегардад. (Геллмер Э. Нации и национализм. М.1991. с.89)

Чунонки қаблан гуфтем, давлати миллӣ низоми мустақили давлатдориест, ки чун ташкилоти олии сиёсии як миллат ташаккул ёфта, ормонҳову арзишҳои миллат, манфиатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва моддию маънавии онро ифода ва ҳимоя мекунад. Давлати миллӣ абзори ҳифзи манофеи миллӣ буда, бо ҳимояи арзишҳову манфиатҳои миллат бақои этнофарҳангӣ ва ҳувийяти онро таъмин менамояд.

Сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик ва аз ҷумла  масъалаи бақои сиёсӣ, миллӣ ва тамаддунии он маҳз ба ҳифзу тақвияти давлати миллӣ вобаста буда, дар ин раванд давлат ҳамчун шароити сиёсию таърихӣ ва зарфи нигоҳдорандаи миллат аҳаммияти ҳаётӣ пайдо кардааст. Бинобар ин, ҳифзу тақвияти давлати миллӣ муҳимтарин манфиат ва вазифаи миллати тоҷик дар замони муосир ба ҳисоб меравад. Зеро дар сурати заиф шудан ё аз даст рафтани давлатдории миллӣ худи мавҷудияти миллати тоҷик бо хатари ҷиддӣ дучор мешавад. Дарки ҳассосияту аҳаммият ва дарёфти роҳҳалҳои ин масъала бояд бо воситаи татбиқи идеологияи миллӣ ба унсури муҳимми ҷаҳонбинии ҳамаи қишрҳои ҷомеа табдил дода шавад.

Давлати миллӣ дар зеҳни шаҳрвандон бояд ҳамчун сарпаноҳ, такягоҳ ва ҳимоятгари ҳуқуқу озодиҳояшон нақш баста, барои таҳкими ҳамдилии мардум ва давлат тамоми мақомоти давлатӣ бояд ба вазъи иҷтимоии зиндагии аҳолӣ, таъмини зиндагии шоистаи шаҳрвандон ва ҳимояи ҳуқуқҳои онҳо дар дохил ва хориҷи кишвар таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд. Дар ин самт бояд  ҳама гуна амалкардҳои номатлуби хизматчиёни давлатӣ, аз ҷумла сӯиистифода аз ваколатҳои хидматӣ, фасодкорӣ, тамаъҷӯӣ, таассуби динию хурофотӣ, маҳалгароӣ ва ғ., ки дар байни мардум ва давлат фосила эҷод карда, боиси худӣ эътироф нашудани давлати миллӣ аз тарафи миллат мешаванд, ба таври қатъӣ пешгирӣ карда шаванд. 

Аксари равияҳои ғоявии Ғарб, хусусан модернизм дуршавӣ аз дингароӣ ва секуляризмро барои ташаккули миллат муҳим мешуморанд. Бисёр муҳаққиқон ин нуктаро таъкид мекунанд, ки ҳудуди давлат бояд ба ҳудуди фарҳангӣ ва забонӣ, яъне ба ҳудуди миллати унвонӣ мутобиқ ояд. (Геллмер Э. Нации и национализм. М.1991. с.89) Азбаски динҳои тавсеаталаб, ё ба таъбире “ҷаҳонӣ“ динҳои уқбогаро ва инкоркунандаи миллатанд, дар миллатсозӣ онҳо наметавонанд, таъсири мусбат дошта бошанд. Миллатсозӣ кори дунявӣ аст, ба сиёсат, фарҳанги дунявии миллат, ба фаъолияти давлати миллӣ алоқаманд аст. Адёни тавсеаталаб, ё ба таъбире ҷаҳонӣ (ва ба вижа ислом) на фақат масъулияти миллатсозиро ба зимма намегирад, балки онро усулан инкор мекунад. Аммо динҳои миллӣ дар ин самт метавонанд таъсири мусбат дошта бошанд, ба мисли дини яҳудӣ, динҳои чинӣ, дини ҷопонӣ ва ғайра, зеро дар онҳо дин ва манофеи миллӣ бо ҳам созгоранд. Дини ислом  барои арабҳо дини миллӣ мебошад ва барои ҳифзи асолату манфиатҳои онҳо, алалхусус ҳифзу тарғиб ва интишори забону фарҳанги араб метавонад мусоидат кунад. Он аз рӯи моҳияти худ наметавонад омили муассири миллатсозӣ барои тоҷикон бошад. Бинобар он, барои тоҷикон ва ташаккули ҳувийяти миллӣ дар Тоҷикистон арзишҳои миллӣ, ҳофизаи таърихӣ, таърихи пурифтихори давлатдориҳои бостонии тоҷикон, урфу одату расму оинҳо ва дигар унсурҳои  фарҳанги асили миллиамон метавонанд ҳамчун омили бунёдӣ хизмат кунанд. Аз дигар тараф, мо бояд ҷаҳонбинию ҷаҳонфаҳмии худро бар асоси илм, хусусан илми муосир бино кунем ва пеши роҳи интишори ҳама гуна таассуби диниеро, ки монеи рушди миллат мегардад, бигирем.

Абзори муҳиме, ки барои мо дар миллатсозию давлатсозиямон метавонад хизмат кунад, осори адибону мутафаккирони гузашта мебошад. Муҳимтарини он осори адибону мутафаккироне  аст, ки мавқеъгирии илмӣ, миллӣ ва хирадмеҳвар доштанд. Рӯдакиву Фирдавсӣ, Асадии Тӯсӣ, Синою Абубакри Розӣ, Абурайҳони Берунию Ибни Ровандӣ намунаи барҷастае аз ин қабил адибону мутафаккирони миллатанд.

Дар баробари ин, бояд заминаҳои муосири рушди миллиро бино сохт. Ин заминаҳо  иқтисодию сиёсӣ ва  маънавию фарҳангӣ мебошанд. Тарбияи насли ҷавони миллатдӯсту ватанпарвар дар асоси ин заминаҳо аз муҳимтарин вазифаи мост. Низоми маорифи ҷумҳурӣ, ки аз рӯи Конститутсия низоми дунявӣ ва миллӣ аст, бояд тамоми кори худро мувофиқи ҳамин талабот сохта, дар зеҳни хонандагону донишҷӯён ҷаҳонбинии илмӣ ва андешаи миллиро ташаккул диҳад, шуури онҳоро дар ҳамин замина ташаккул дода, маводу барномаҳои таълимиро ба он мувофиқ созад. Китобҳои дарсиро аз  хурофот ва идеологияе, ки бо андешаи миллӣ номувофиқ аст, поксозӣ намояд. Мутаассифона, ҳоло низоми маорифи кишварамон ин вазифаи бошарафи худро дар сатҳи зарурӣ иҷро накарда истодааст. Барои иҷрои ин кор ҳар чӣ зудтар  ислоҳоти лозимаро амалӣ сохтан зарур аст.

Дар замони ҳозира бисёр миллатҳое ҳастанд, ки аз қавмҳои гуногун иборат буда, дар муҳити ҷуғрофӣ, сиёсию фарҳангӣ миллати ягонаро ташкил додаанд. Аз ин ҷо метавон хулоса баровард, ки миллат мавҷуди биологӣ нест, ташаккули миллат ҳодисаи иҷтимоӣ-таърихӣ аст. Дар воқеъ,  бисёр миллатҳои муосир на танҳо аз қавмҳои ҳамхун ташкил наёфтаанд, балки баъзеи онҳо ҳатто аз нажодҳои гуногун, мисли миллати амрикоӣ, иборатанд. Миллатҳои гуногун метавонанд дар дохили як давлат зиндагӣ кунанд, мисли Россия.  Маҳз ягонаи забон, қаламрави зист, низоми иқтисодию сиёсӣ, анъана ва суннатҳои фарҳангӣ, психология ва ғайра умумияти миллиро ба вуҷуд меоваранд.

Ташаккули миллат ба хусусияти замон ва давраи таърихӣ алоқаманд аст. Барои ҳамаи миллатҳо дар ҳар сурат он чиз хос аст, ки онҳо  бо ҳам дар асоси ҳадафҳо ва ғояҳои умумӣ муттаҳид шудаанд.  Ҳувийяти  миллии теъдоде аз миллатҳои Осиёю Африқо дар мубориза бо кишварҳои тавсеаталабу истеъморгари замони худ шакл гирифтааст ва заминаи иттиҳоду ҳамбастагии онҳо амалан хусусияти сиёсӣ дорад. Ин пеш аз ҳама ба он марбут аст, ки чунин миллатҳо давлати худро дар натиҷаи муборизаи зидди мустамликадорӣ ва омилҳо вобаста ба он ташкил додаанд. Онҳоро ғояҳои озодӣ ва истиқлолталабӣ муттаҳид сохтааст. Дигар он ки ин миллатҳо дар ҳудуди собиқ метрополияҳо ташаккул ёфтаанд, ки асоси муттаҳидшавии онҳо гузаштаи мустамликавии онҳост ва ҳувийяти миллии онҳо вобастаи давлати миллии онҳост, ҳол он ки миллатҳои аврупоӣ дар асоси ҳувийяти миллӣ давлати миллӣ сохтаанд. Яъне дар чунин мавридҳои истисноӣ бунёди давлатҳои мустақили миллӣ, ки ҳатто дар баъзе ҳолатҳо барои сурат гирифтани ин кор омилҳои хориҷӣ низ таъсиргузор буданд, заминаи ташаккули миллат гардидааст. Пас, яке аз шартҳои ташаккули миллат дар ин кишварҳо истиқлол ва таъсиси давлат будааст.

Истиқлол чун омили худшиносии миллӣ дар илм дер боз маълум аст. Ҳанӯз Жан Боден (1530-1596) истиқлолро ҷузъи ҳокимияти расмӣ донистааст. Ин мафҳум ҳам дар нисбат ба давлатдорҳои аҳди бостон ва ҳам муосир ҷой дорад. Мустақилият бо мафҳуми “машруият” пайваст аст. Азбаски моҳияти “зӯроварӣ”–и  давлатро машруияти он ташкил мекунад ва ба фикри Макс Вебер монополияи “зӯроварӣ”–и  машруъ (легитимный)–ро дорад, пас сатҳи машруияти зӯроварии давлати миллии муосир аз дараҷаи машруият ва пазириши он давлат дар сатҳи умумимиллӣ вобастааст.

 Миллатдӯстӣ ва меҳанпарастӣ моҳияти  идеологияи давлати миллиро ташкил мекунад. Дар ин маврид умумияти иҷтимоӣ ба назар гирифта мешавад, ки давраҳои гуногуни рушди худро аз сар гузаронидааст. Масалан, дар асри XVIII мафҳуми “миллат” дар таҳқиқоти зиёде таърифи худро пайдо кардааст. Таърифи нисбатан аниқи онро И. Кант баён кардааст ва фарқияти “халқ”–у “миллат”–ро додааст. Ба гуфтаи ӯ, зери мафҳуми “халқ” (populus) умумияти одамони зиёде, ки бо ҳам муттаҳиданд, фаҳмида мешавад ва қисмате аз он, ки худро ба ҳам пайваст ва як умумияти томи шаҳрвандӣ дониста, дар назди ҳамдигар масъулият мепазиранд, миллат мебошанд. Он қисматеро, ки худро берун аз ин мансубият ва масъулияти шаҳрвандӣ медонанд, “тӯда”-анд, инҳо рафторе доранд, ки сазовори шаҳрвандӣ нест.

Жан Жак Руссо ин ғояро такмил дода, миллатро бо давлат мушобеҳ медонад. Дар ин замина миллат ҳамчун “ҷомеаи сиёсӣ” дониста шудааст. Ин тағйироти демократӣ тағйироти амиқеро дар ҳувийяти аҳолӣ ба вуҷуд овард. Минбаъд зери таъсири инқилоби Фаронса миллат чун халқи дорои истиқлол фаҳмида мешавад. Инқилобиёни фаронсавӣ вафодории худро бо ватан таъкид кардаанд. Ҳарчанд забони фаронсавӣ забони тамоми аҳолии Фаронса набуд, вале онро чун забони расмии давлатӣ қабул карданд ва маҳз аз ин сабаб баъдан он фарогир шуд. Аксари деҳқонон қаламрави Фаронсаи кунунӣ худро фаронсавӣ намедонистанд, танҳо дар асри XX онҳо фаронсавӣ шуданд. Ин ҳодиса танҳо хоси Фаронса нест. Дар Италия ҳам баъди муттаҳидшавии кишвар дар соли 1870 забони давлатиро қисми ниҳоят ками аҳолӣ истифода мекарданд. Муттаҳидшавии қисматҳои гуногуни Италия бо зиёдшавии истифодаи забони давлатӣ (итолёвӣ) ҳамроҳ буд ва ин кор дар асри XX ба анҷом расид. Айнан ҳамин ҳолатро дар  марҳилаи мазкури таърихӣ дар Русия низ метавон мушоҳида кард. Раванди русификатсия (русикунонӣ) дар ин кишвар асосан дар ҳамин даврон оғоз шуда буд.

 Жозеф Эрнест Ренан(1823-1892) , ки аз муҳаққиқони маъруфи соҳаи миллатшиносист, вижагиҳои равонии миллатро муҳимтарин унсури миллатсоз донистааст. Ӯ таҳқиқоти худро дар ростои шинохти миллат чунин натиҷагирӣ мекунад: "Мо дидем, ки нажод, забон, манфиатҳо, ҳамтабории динӣ, ҷуғрофиё ва талаботи ҳарбӣ барои бунёди чунин принсипи маънавӣ (яъне миллат) нокифоя аст. Боз чӣ лозим аст?" Ренан дар посух ба ин суол чунин мегӯяд: "Миллат рӯҳ ва принсипи маънавист. Ин ду моҳияти ягона доранд ва рӯҳу моҳияти маънавиро ташаккул медиҳанд...  Гузаштаи пурифтихор, одамони бузург сармояи муҳимест, ки дар асоси он идеяи миллӣ ташаккул меёбад”.  Дар идома ин намояндаи машҳури мактаби конструктивизм мегӯяд: "Миллат на гурӯҳест, ки бо ҷуғрофиёи зист муайян карда мешавад, балки принсипи рӯҳӣ ... ва оилаи рӯҳӣ мебошад". (Эрнест Ренан "Что такое нация?"// Ренан Э. "Собрание сочинений в 12-ти томах. Перевод с французского под редакцией В.М.Михайловского. Т.6. Киев, 1902. стр.101.)

Мафҳумҳои “миллат” ва “рушди миллӣ” бо мафҳуми “давлат” иртиботи мустақим дорад. Дар Олмон миллат органи давлат дониста шуда, он ба давлат тааллуқ дошт. Фаронсавиҳо бошанд муҳимтарин нишонаи “миллат – давлат”-ро соҳибихтиёрӣ медонистанд. Агар барои фаронсавиҳо миллат дар муборизаи сиёсӣ шакл гирифта бошад, дар Олмон он падидае дониста мешуд, ки дар асоси умумияти забону фарҳанг бунёд шудааст. Баъзе назарияпардозони муосир миллатро умумияти таърихии дорои забони умумӣ, сарзамини муайян, ҳаёти иқтисодӣ ва психологияи хос, ки дар фарҳанги онҳо инъикос шудааст, донистаанд ва ҳеҷ як аз ин хусусиятҳо ба таври алоҳида, ба қавли онҳо, барои миллат шудани гурӯҳи иҷтимоӣ кофӣ нест.

Дар шуури одамон миллат ҷомеаи ягона, сарфи назар аз нобаробарии иҷтимоие, ки дар он ҳаст ва ҳамчунин чун ҷомеаи сиёсӣ намоён мешавад ва худро ба воситаи институтҳои иҷтимоӣ, ки барои ин ҷомеа хизмат мекунанд ва муҳимтарини он давлат мебошад, нишон медиҳад. Дар ин маврид метавон миллатро чун ҳодисаи мураккаби дорои омилҳои фарҳангӣ, тамаддунӣ, сиёсӣ ва психологӣ донист, ки ҳар яке аз ин омилҳо хусусияти худро доранд:

  • аз нигоҳи фарҳангӣ миллат умумияти одамоне аст, ки дорои одатҳо, забон ва сарнавишту ҳофизаи умумии таърихӣ мебошанд. Яъне аз назари объективӣ миллат умумияти фарҳангие аст, ки бо як забон гуфтугӯ мекунад ва анъанаву  одатҳо ва таърихи умумӣ дорад;
  • аз нигоҳи сиёсӣ миллат умумияти одамоне аст, ки худро чун ҷомеаи муттаҳидшудаи сиёсӣ дониста, пайваста барои ташкил, ҳифз ва рушди давлати худ талош доранд ва ин ҷомеа худшиносиву масъулиятшиносии шаҳрвандии худро дорост. Яъне аз назари субъективӣ миллат иборат аз одамоне аст, ки ихтиёран худро ба як гурӯҳи иҷтимоӣ мансуб дониста, ҳадафҳои ягонаи сиёсиро пайгирӣ мекунанд;
  • аз нигоҳи психологӣ миллат умумияти одамонест, ки бо ҳам алоқаманд буда, дорои характер ва менталитети ягона мебошанд.

Пас, миллат ягонагии омилҳои объективӣ ва субъективӣ, пайванди нишонаҳои фарҳангиву таърихӣ, иҷтимоиву сиёсӣ ва психологӣ мебошад.

Ғояи он ки миллат амалан умумияти сиёсӣ аст, на умумияти этникӣ, аз ҷониби гурӯҳе аз назарияпардозони муосир дастгирӣ мешавад. Масалан Эрнест Хобсбаум(1917-2012)-муаррихи англис давлатро барои миллат зарур шумурда, рамзҳои давлатӣ, аз ҷумла суруди миллӣ, парчам ва ниҳодҳои маъмурии миллиро муҳим мешуморад. Ин қабил муҳаққиқон бештар ба он такя мекунанд, ки миллат агар организми сиёсӣ бошад, пас он кушода аст,  маҳдуд нест ва аз нигоҳи талабот ба баъзе вижагиҳои ягонаю умумӣ,  аз ҷумла дин ва  мансубияти этникӣ вобаста намебошад. Муҳимтарин ҷанбаи шуури миллӣ талаби сиёсии миллат барои бунёди давлати худ ва ҳифзу рушди он аст.

Пас, хулоса баровардан мумкин аст, ки миллату сиёсат (давлат) бо ҳам пайванди зич доранд ва ҳам барои миллат ва ҳам барои давлат забон, фарҳанг, сарнавишти ягонаи таърихӣ ва психологияи умумӣ ё менталитети миллӣ  зарур будааст.

Миллати тоҷик имрӯз давлати миллии худро дорад ва баҳри таҳкими он талош мекунад. Таърихи давлатдориҳои тоҷикон марҳилаҳои пурпечутоби таҳаввулу ташаккулро аз сар гузаронидааст, ки онҳо барои миллат ҳам сабақомӯз ва ҳам воситаи ангезабахши рушд мебошанд.

Ибтидои ташаккули он ба бунёди давлатҳои соҳибиқтидор алоқаманд будааст, ки аз рӯи ривоятҳо ва низ сарчашмаҳои таърихӣ  ба аҳди бостон рафта мерасад ва аз давлатдории Ҷамшеди устуравӣ ва Бохтари таърихӣ (Пешдодиёну Каёниён) оғоз меёбад. Қобили зикр аст, ки давлати устуравии Ҷамшед, ки аз он дар яке аз қадимтарин осори хаттии мардуми ҷаҳон-Авасто ёд шудааст, аз аввалин намунаҳои давлатдории дунявӣ дар фарҳанги башарист. Намунаи таърихии давлати дунявӣ низ дар фарҳанги миллии мо собиқаи хеле тӯлонӣ дорад ва ҳадди ақал аз замони ҳукмронии Куруши Бузург шурӯъ шудааст. Маншури ҳуқуқи башари Куруш, ки кафолати озодии эътиқод, баробарии ҳуқуқи халқҳо ва манъи бардадориро медод, на фақат дар қиёс ба фарҳанги мардумони аҳди антиқаи ҷаҳон, балки дар муқоиса ба муқаррароти байналмилалии ибтидои асри XX низ хеле пешрафта аст. Аз ин рӯ, бояд дар назар дошт, ки яке аз падидаҳо ва арзишҳои муҳими тамаддуни миллии мо, ки дар таърихи башар камназир аст,  фарҳанги дунявият мебошад. Аз ин аст, ки миллати тоҷик баъди ба даст овардани истиқлоли давлатӣ аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ бо қабули Конститутсияи худ барои навъи давлати мардумсолору ҳуқуқбунёди дунявӣ раъй дод.  

Шакли дунявии давлатдорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи таҷриба ва махсусиятҳои рушди таърихӣ, сиёсӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, арзишҳо ва ормонҳои миллати тоҷик ва амалияи пешрафтаи  ҷаҳонӣ дар ин самт интихоб шудааст. Пойдевори давлати дунявӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси раъйи мардум ба воситаи Конститутсия гузошта шуда, дар моддаи 1-уми он дунявӣ будани сохтори давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт гаштааст. Хусусиятҳои дунявии давлат дар бандҳои 5, 8, 17, 26, 28 ва 100-уми Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври меъёрӣ муайян шуда, тағйирнопазирии он дар моддаи 100-ум таъкид мегардад. (Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳ. 3-21)

Давлати дунявӣ низоми сиёсию ҳуқуқии давлатдориест, ки дар он сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ худи халқ буда, муносибатҳои ҷамъиятӣ дар асоси раъйи умум, қонунҳо ва меъёрҳои ҳуқуқии дунявӣ танзим мегарданд. Дар низоми давлатдори дунявӣ арзишҳо, таълимот ва иттиҳодияҳои динӣ дар фаъолияти ҳокимияти сиёсӣ, мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори он, низоми маориф ва соҳаҳои дигари ҳаёти ҷамъиятӣ таъсир ва мақоми муайянкунанда надорад. Шаҳрвандон новобаста ба мансубияти динӣ ва пайравӣ кардан ё накардан ба ягон дин дар назди қонун баробарҳуқуқанд ва иттиҳодияҳои динӣ аз давлат ҷудо буда, ҳаққи мудохила ба кори онро надоранд.

Дар давлати дунявӣ муносибати дин ва давлат дар асоси меъёрҳои шаҳрвандӣ танзим мегардад ва қарорҳои мақомоти давлатӣ асосноккунии диниро талаб намекунанд. Давлати дунявӣ ба дин, фаъолияти иттиҳодияҳои динӣ ва пайравони дин мухолифат надорад ва дар доираи қонунгузорӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои эътиқодии шаҳрвандон имкон ва шароит медиҳад.

Ҷудо будани иттиҳодияҳои динӣ аз давлат монеи ҳамкории мутақобилаи онҳо нест ва ҷудоии дин аз ҳаёти ҷомеа маънои бетарафии диндоронро нисбат ба ҳифзи бақои миллату давлат ва рушди миллӣ надорад. Низоми дунявӣ тафовути байни вазифаҳои давлат ва ташкилотҳои диниро муқаррар менамояд.

Дар давраҳои ҳукмронии шоҳигариҳои миллӣ, хусусан давраҳои Ҳахоманишиҳою Сосониҳо  иттиҳоди мардуми ориётабори қаламрави Эронзамини таърихӣ, ки тоҷикон низ бахше аз он буданд, хеле устувор гардид ва ин боиси ягонагию рушди маънавиёти онҳо шуд. Давлатҳои соҳибиқтидори аҳди бостони ниёгонамон ба таҳкими иттиҳоди мардуми ориёитабор чун мардуми соҳибмаърифату соҳибтамаддун кумак кард. Давраи ҳукмронии Куруши Кабир-императори бузурги эронитаборон (тоҷикон) давраи авҷи шукуфоии тамаддуни мардуми эронитабор буд. Он на танҳо намунае аз тамаддуни пешрафтаи ин мардум, балки нишонаи ташаккули низоми давлатдории дунявии миллати мо мебошад, ки баъдҳо дар тамоми  тӯли таърихи ин сарзамин аслҳои низоми мазкур  намунаи пайравӣ дар умури давлатдорӣ будааст, новобаста ба он ки дар сари қудрат намояндагони мардуми мо буданд ва ё бегонагон. (Ксенофонт, «Киропедия», Москва, издательство «Наука», 1976.–С.240, стр.7-10)

Ҳувийяти этникии гузаштагони мо дар  хислатҳои психологиву тарбиятие чун ватандӯстӣ, шуҷоату силаҳшӯрӣ, ростгӯиву росткорӣ, шарофатмандиву масъулиятшиносӣ ва ғайра ифода меёфт.

Аммо ин рушду нумуъ баъди ҳуҷуми Искандари Мақдунӣ ва аз ҷониби юнониҳову мақдуниҳо истило шудани Эронзамини таърихӣ то муддате аз байн рафта, рукуди маънавию иқтисодӣ ин сарзаминро фаро гирифт. Дар ин марҳилаи таассуфбори таърихӣ давлати қудратманди Ҳахоманишиён, ки тамоми мардуми эронитаборро муттаҳид мекард, завол ёфта, фарҳанги ориёӣ рӯ ба таназзул ниҳод, то замоне, ки дубора ин мардумон қомат рост карда, аз тасаллути юнониҳову мақдуниҳо озод гардиданд ва давлатҳои худро бо унвони Порт(Парфия,Паҳлавӣ) ва Кушониён бунёд намуданд. Баъди бунёди давлатҳои худӣ иттиҳоди  мардуми ориёнитабор боз қувват пайдо кард. Дар давраи шоҳаншоҳии Сосониён, ки аксари сарзаминҳои  зисти ниёгони мо таҳти як низоми сиёсиву маъмурӣ фаро гирифта шуданд, рушди фарҳанг, забон, маънавиёти мардуми эронитабор дигарбора авҷ гирифта, шуҳрати азбайнрафтаи онҳо  барқарор гардид. Шаҳрҳо бунёд шуда тамаддуни ин мардум аз нав шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кард, ки то кунун боиси ифтихори мо-ворисони онҳост. Ибни Халдун маҳз ҳамин воқеиятро дар назар гирифта, мегӯяд, ки “низоми сиёсии эрониён ин сиёсате бар ваҷҳи ҳикмат аст, яъне низоме аст, ки мутобиқ бо таълими фалсафаи сиёсӣ бошад1”. Дар солҳои охири шоҳаншоҳии Сосониён омили муҳими ҳифзкунандаи ҳувийяти этникӣ, ки давлат ба шумор мерафт, ба тадриҷ заиф шуд. Ин давлати дар гузашта мутамарказу муқтадир бинобар ҷангҳои тӯлонии хориҷӣ ва низоъҳои дарбориву дохилӣ қудрату тавоноии худро аз даст дода, ба парешонию заъф дучор гардид. Ҳокимони қисматҳои гуногуни он аз итоат ба марказ саркашӣ мекарданд, қисме аз онҳо худро мустақил медонистанд. Дар натиҷа қудрату тавоноии давлат хеле коҳиш ёфт. Маҳз дар робита ба ин вазъи нобасомони давлати Сосониён арабҳо тавонистанд, ки Эронзаминро марҳила ба марҳила аз соли 636 то соли 730, яъне дар муддати қариб 100 сол тасарруф кунанд. Сарзамине, ки халқи мутамаддине дошт ва яке аз марказҳои тамаддуни ҷаҳонӣ ба ҳисоб мерафт, зарбаи ҳалокатбореро  таҳаммул кард.   Фотеҳон илова ба дини нав ҳамчунин фарҳанги худро низ ба дӯши мардуми бумӣ таҳмил мекарданд. Ба ҳамаи осори фарҳангии мардуми ориёитабор, аз ҷумла ба забони тоҷикӣ низ хатари нобудшавӣ таҳдид мекард. Арабҳо мехостанд на фақат дини нав, балки расму оинҳо ва забонашонро низ ба мардуми кишварҳои забткардаи худ таҳмил намоянд ва ин кор ба онҳо қисман муяссар шуд. Тамаддуну  забонҳои мардуми Шимоли Африқо, Бобул, Ошӯр, ки аз ҷумлаи мутамаддинтарин мардумони аҳди бостон буданд, ба куллӣ аз сафҳаи таърих зудуда шуданд. Ба забону фарҳанги мардуми эронитабор низ чунин хатар таҳдид мекард, вале татбиқи барномаи фарҳангзудоӣ ва ғайримиллӣ кардан (декултуратсия ва деэтнизатсия)  дар мулки Эронзамин ба муҳоҷимон ба таври пурра муяссар нашуд. Бо вуҷуди ин муҳоҷимин бо баҳонаи интишори дини ислом қариб ҳамаи осори фарҳангии ин қавми мутамаддинро аз байн бурданд ва аз ҷиҳати идеологию арзишӣ  ба онҳо на фақат дини нав, балки тадриҷан андешаю ҷаҳонбинии худро низ таҳмил  карданд. Аммо чуноне ки далелҳои таърихӣ гувоҳӣ медиҳанд, арабҳо низ аз бисёр ҷиҳат таҳти таъсири фарҳанги форсӣ-тоҷикӣ монданд. Алалхусус дар самти маъмурияти ҷомеа ва пешбурди умури сиёсӣ онҳо мудели давлатдории эронитаборонро пазируфтанд ва ҳатто барои пешбурди умури давлатдорӣ ҳамеша аз нерӯи интеллектуалии мардуми форсу тоҷик истифода мекарданд. Дар самтҳои дигар, аз ҷумла дар умури диниву мазҳабӣ ва таҳияи асноди марбут ба он низ нақши фарзонагони эронитабор хеле муассир буд. Ба ҳамин сабаб бисёре аз муҳаққиқони ғарбию  шарқӣ, аз ҷумла Эрнест Ренан(1823-1892) ва М. Иқбол(1877-1938) чунин мешуморанд, ки ислом иборат аз дини сомӣ ва фарҳанги эронӣ мебошад. Ҳувийят ва худшиносии қавии этникӣ сабаб гардид, ки мардуми мо баъди истилои араб чун мардуми қибтиву бобулӣ ва даҳҳо қавмияту халқиятҳои Осиёи Ҷанубу Ғарбиву Шимоли Африқо бо вуҷуди табъизу фишори чандсадсолаи сиёсиву фарҳангӣ декултуратсия ва деэтнизатсия нашуданд.   Ин ҳувийят ва худшиносии қавии этникӣ сабаби ҳаракату ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳонаи тӯлонии мардуми мо алайҳи тамомиятхоҳиҳои ғосибон шуда буд.  Эътирозу муқовиматҳои мазкур ҷанбаҳои мухталиф дошт ва дар ҳама арсаҳои ҳаёти иҷтимоиву сиёсӣ, фарҳангӣ ва идеологӣ ифода шуда, тақрибан 200 сол давом кард ва оқибат боиси таъсиси давлатҳои нимамустақил ва мустақили Тоҳириён, Саффориён, Дайламиён, Сомониён ва Ғӯриён гардид. Дар маъхазҳои таърихӣ ва адабии форсиву арабии асрҳои миёна аз ин муқовимат ва ҷунбиши мардумию озодихоҳонаи ниёгонамон, ки дар вокуниш ба истилову истисмор ва табъизу тамомиятхоҳии аъроб сурат гирифта буд, ба унвони ҳаракати шуубия ёд мешавад. Чунонки дар боло ишора кардем, ҳаракати шуубия чандин самтро, аз ҷумла самти идеологӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, фарҳангӣ, адабӣ ва ғайраро дарбар мегирифт. Шӯришҳои Абумуслими Хуросонӣ(719-755), Синбоди Муғ(соли вафот: 755),  Устод Сис(соли вафот: 766), шӯриши Сапедҷомагон ё исёни Муқаннаъ(776-783), Мозёри Коран(800-840), Бобаки Хуррамдин(795-838), Родмон пури Моҳак машҳур ба Яъқуби Лайси Саффорӣ(840-879), Мардовиҷи Дайламӣ(890-934) ва ғайра намунаҳои барҷастае аз шуубияи сиёсӣ буданд.  Ба қавли муҳаққиқи рус Беляев Е.Н. ҷунбиши шуубия муборизаи иҷтимоию идеологии эронитаборон бар зидди арабҳо буда, таъкиди афзалияти  мардуми Аҷамро бар арабҳои бадавӣ шиори худ қарор дода буд.(Беляев Е.Н. Арабы, ислам и арабский халифат в средневековый Иран. М. 1966. С. 19) Ин ҷунбиш ҷиҳати фарҳангӣ низ дошт. Асарҳои зиёде доир ба нақш ва ҷойгоҳи шоистаи фарҳангии мардуми эронитабор дар муқоиса ба фарҳанги араб ба вуҷуд омад, аз ҷумла “Интисор-ул-аҷам мин-ал-араб”, “Фазл-ул-аҷам ала-л-араб”, “Масолиб-ус-сағир”, “Масолиб–ул-кабир”, “Ахбор-ул-фурс” ва ғайра. Ҳакимону донишмандоне, мисли Ибни Муқаффаъ, Ибни Ровандӣ, Аллома Шуубӣ, Абуубайда, Асмаъӣ, Абузайд Ансорӣ, Абуҳайён Тавҳидӣ, Исмоил бинни Ясори Нисоӣ, Дақиқӣ, Фирдавсӣ, Суҳравардӣ ва дигарон аз ҷумлаи шуубиёне буданд, ки дар арсаи ҳикмату каломи бадеӣ осори арзишманде аз худ боқӣ гузошта, дар зимн аз фарҳанг, арзишҳо, таърих, ҳувийят ва манофеи мардуми худ дифоъ карданд.  Дар ин миён аз онҳое ҳам ёд бояд кард, ки бар зидди арабҳо ва табъизу тамомиятхоҳиҳои онҳо ба таври ошкоро мубориза накарда бошанд ҳам, бо пайравӣ аз мактабҳои гуногуни ғоявию фалсафӣ аз пуштибонӣ ва таблиғи фарҳанги ғайр худро дар канор гирифтанд. Аз ҷумла пайравони равияҳои фалсафии машшоия, риндия, асҳоб-ул-ҳаюло ва ғайра. Мутафаккирони бузурги  эронитабор Закариёи Розӣ, Абунасри Форобӣ, Абуалии Сино, Ибни Мискавейҳ, Абурайҳони Берунӣ, Ал-Хоразмӣ, Умари Хайём ва дигаронро метавон мутааллиқ ба ҳамин гурӯҳ донист.

Дар ин давра осори адабиву таърихии зиёде ба вуҷуд омад, ки мазмунан мардуми эронитабор, тамаддуни онҳо, таърихи давлатдориҳо, корномаҳои қаҳрамонону паҳлавонон ва шоҳони бузурги онро васф менамуд. “Худойнома”, “Тоҷ”, “Корванд”, “Андарзҳои Бузургмеҳр”, “Аҳди Ардашер”, “Ҷовидон хирад”, “Фаҳлавиёти ҳазор афсона”, “Таронаи хусравонӣ”, “Ақовили  маздоӣ”, “Гаршоспнома”, “Форснома” ва ғайра намунаҳое аз чунин осор аст. Дар ин росто бузургтарин шоҳкорӣ ва кохи пуршукуҳи фарҳанги эронитаборон “Шоҳнома”–и Фирдавсӣ мебошад, ки ғояи меҳварии он меҳанпарастӣ аст.

Аз дидгоҳи муҳаққиқону таърихнигорони пешину муосир мафҳуми «тоҷик» бо мафҳумҳое чун «эронитабор», «форс», «ориёитабор» мазмунан айният дорад. Ҷуғрофиёи зисти тоҷикон хеле васеъ буда, он бо қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд намешавад. Муаллифи китоби машҳури «Таърихи табиии олам»  Пичард, ки ҳанӯз соли 1844 нашр  шуда буд, менависад, ки «дар Эрон, дар шаҳрҳо ва атрофи он асосан халқи аслии эронӣ сукунат доранд, ки дар ҳама ҷо на форс, балки тоҷик номида мешаванд. Тоҷикон хеле зебосимо мебошанд» (с.69-90).  Дар сарчашмаҳое, ки сухан дар бораи форс меравад, аз ҷумла тоҷикон низ дар мадди назаранд ва арбоби фарҳанги ҷаҳонӣ тоҷиконро ҳамчун  як мардуми фарҳангиву тамаддунсоз шинохтанд, ки  аз зеҳнияти баланди созанда доштани онҳо дар гузашта  шаҳодат медиҳад.

Донишманди аврупоӣ Карл Ясперс тоҷиконро ба шарофати  ҳамон фарҳанги тоисломӣ, ба хусус таълимоти фалсафӣ-ахлоқии зардуштия, аз мардумони созанда ҳисобида, фарҳанги қадими онҳоро дар қатори панҷ «Фарҳанги меҳвар» ном бурдааст, ки дар қаламрави Осиёи Миёнаи кунунӣ ташаккул ёфтааст.  Ба андешаи ӯ, дар заминаи фарҳанги тоҷикон-эрониён фарҳангҳои халқҳои дигар ғизо гирифта, ташаккул ёфтаанд.

Асри IX-XII давраи шукуҳи фарҳангии минтақаи исломӣ ҳисоб меёбад, ки обу ранги он шукуҳмандиро мардуми тоҷик(эронитаборон) ба он бахшидаанд. Ин шукӯҳмандии фарҳангӣ бо эҳёи дигарбораи тамаддуни мардуми Эронзамини таърихӣ алоқаманд буд. Осори илмиву адабии бузурге, ки дар ин давра офарида шуд, дар қиёс ба фарҳанги қибтиву бобулӣ ба таври инкорношуданӣ пойдориву мондагории забону фарҳанги форсӣ-тоҷикиро дар муқобили таҳоҷуми фарҳангии араб ба намоиш гузошт. Маҳз ҳамин дастовард яке аз омилҳои аслии ҳифзи бақои миллати мо ҳамчун воҳиди мустақили этнофарҳангӣ шуд.  Пас, метавон гуфт, ки ин давра марҳилаи муҳими рушди  ташаккули ҳувийяти этникии тоҷикон мебошад. Мутаассифона, аз он ба баъд раванди заиф шудани ҳувийяти этникӣ, фарҳангу ифтихороти халқи тоҷик ба вуҷуд омад, мистикаю таассуби динӣ ҷои хирадгароиро  гирифт, тақлид ва рукуди фикрӣ ҷойгузини он гардид ва танҳо аз нимаи дуюми асри XIX сар карда як андоза эҳёи фикрӣ пайдо шуд.

Дар асри XIX ҷунбишҳои миллӣ-озодихоҳӣ бар зидди мустамликадорон дар кишварҳои ба ном исломӣ шурӯъ шуданд. Дар муқобили нажодпарастӣ ва дағдағаи бузургдавлатии мустамликадорон ба тадриҷ миллатгароӣ ва панисломизм ба вуҷуд омад. Миллатгароӣ дар аксари кишварҳои мусулмоннишин, ки аҳолиашон зери нуфузи ислом ва рӯҳониёни мутаассиб  қарор доштанд, ба тадриҷ тамоили панисломистӣ ба худ гирифт. Дар ҳоле, ки панисломизм ҳеҷ гоҳ наметавонад орзую омоли миллиро бароварда ва манофеи  миллату давлати миллиро ҳифз кунад. Он бо хусусияти консервативии худ ҳатто дар кишварҳои арабӣ низ наметавонад омили рушди устувор, пешрафти илмиву технологӣ ва таҳаввулу таҷаддуди ҳамешагӣ бошад. Панисломизм чун идеологияи миллӣ хизмат карда наметавонад, балки бо ғояи хаёлии “иттиҳоди мусулмонон” ва он ҳам бар асоси таассуби бунёдгароёнаи динӣ, яъне бозгашт ба  исломи ибтидоӣ ба рушди эҳсоси миллӣ ва ифтихороти миллӣ таъсири манфӣ мерасонад. Бедорӣ ва худшиносии миллӣ дар минтақаҳои мусулмоннишин на фақат ба муқобилияти сиёсию фарҳангии мустамликадорон, балки  ба панисломизм барин идеологияи иртиҷоӣ низ дучор гардид. Ҳарчанд муборизаи  ин халқҳо дар ниҳоят сабаби озодшавии онҳо аз юғи мустамликадорон, ташкили давлатҳои мустақили миллӣ шуда бошад ҳам, аммо таассуби исломгароёни ифротӣ раванди вопасгароӣ ва заминаи ташаннуҷу нооромиро дар ин кишварҳо ба вуҷуд овард. Давлатҳои тозаистиқлоли миллӣ ба амалиёти зиддимиллии идеологиву сиёсӣ ва ҳатто аъмоли террористию ифротгароёнаи панисломистӣ рӯ ба рӯ шуданд. Ин ҷараёни тундрави ақидатӣ то ҳанӯз имкон намедиҳад, ки вазъи ин кишварҳо ором шуда, заминаҳои таҳаввулу рушди устувор дар он ҷомеаҳо ба вуҷуд ояд.

Бояд  дар назар гирифт, ки заминаҳои асосии ташаккули миллат пеш аз ҳама  фарҳанг ва навъи ҷаҳонбинии он мебошад. Пас,  барои ноил шудан ба рушди миллӣ пеш аз ҳама бояд  фарҳанг ва ҷаҳонбинии ҷомеаро ҳамчун омили муайянкунандаи амалкардҳои ҷомеа мавриди  бозбинӣ ва ислоҳот қарор дод. Дар ҷомеаҳое, ки ҷаҳонбинии мардум ва шуури ҷамъиятӣ ғайриратсионалӣ аст (мутаассифона, ҷомеаи мо низ аз ҳамин қабил аст), бидуни инқилоби фарҳангӣ ва тағйири зеҳнияти мардум ҳаргиз наметавон заминаи устувори рушди миллӣ ва ниҳодина кардани ин ҷараёнро ба вуҷуд овард.

Баъзе ба ном коршиносон дар мавриди решашиносии мушкилоти миллии мо яке аз омилҳои онро ба “пиршавӣ”-и миллати тоҷик рабт медиҳанд. Ин ҷо бояд таъкид дошт, ки фарзияи “пиршавӣ”-и миллатҳо, ки онро баъзе назарияпардозони соҳаи миллатшиносӣ, алалхусус примордиалистҳо пеш гузоштаанд, асоси илмӣ ва воқеияти таърихӣ надорад. Тибқи ин фарзия миллатҳо ҳам мисли тамоми мавҷудоти биологӣ ба вуҷуд меоянд, ташаккулу такомул меёбанд ва баъдан аз байн мераванд. Ба қавли ин фарзиясозон, тӯли “умр”-и миллатҳо гӯё аз 1300 то 1700 сол будааст.  Ин навъи муқоисаву арзёбӣ ва дар зимн фарзияе, ки аз он натиҷагирӣ шудааст, воқеъбинона нест. Миллатҳо низ чун ҳар мавҷуди биологӣ метавонанд дар ҳоли таҳаввули ҳамешагӣ қарор дошта бошанд ва дар низоми ҳамеша такомулёбандаи ҳастӣ худро ба шакли беҳтар аз он, ки ҳастанд, табдил диҳанд.  Яъне миллатҳо низ чун мавҷудоти биологӣ агар ба шароити доимо тағйирёбандаи муҳити зисти худ пайваста мутобиқ шаванд, он гоҳ на фақат завол намеёбанд, балки метавонанд беҳтар аз он шаванд, ки ҳастанд. Бисёре аз миллатҳои куҳанбунёд дар замони нав рӯҳи тоза ба худ гирифтаанд. Барои исботи нодурустии фарзияи “пиршавӣ”-и миллатҳо кофист, ки ба таърихи дерин ва мудернизатсияи кунунии кишварҳои Чин ва Ҳинд назар афканем. Ин миллатҳои ба қавле “пиршуда”, ки на 1300-1700 сол, балки сечанди он “умр” доранд, на фақат завол наёфтаанд, балки бо пӯёиву навгароии худ ба қудратҳои сатҳи байналмилалӣ табдил шудаанд. Чунонки қаблан гуфтем, дар шароити кунунӣ миллати  куҳанбунёди тоҷик баҳри таҳкими истиқлол, устувор кардани пояҳои давлатдории хеш ва рушди миллӣ ҳатман бояд ба таҷаддудгароӣ ва модернизатсия рӯ орад ва худро аз нав созад. Барои анҷом додани ин кор ногузир ҳама гуна қолабҳову муқаррароти фарҳангу расму одатҳо ва оини худро, ки бунёдгароёнаву фаталистӣ ва догматикӣ буда, дар роҳи таҷаддудгароиву навҷӯӣ ва ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ монеа эҷод мекунанд, бояд ислоҳ кунем ва ба шароити замони муосир созгору рақобатпазир созем.  Инқилоби фарҳангӣ пешоҳанги ҳама гуна ислоҳот дар ҷомеаҳои рӯ ба рушд аст. 

Назарияи нодурусти аз байн рафтани миллатҳо ба таълимоти коммунизми илмӣ низ алоқаманд аст ва аз назарияи муборизаи синфҳо сарчашма мегирад. Аз рӯи ақидаи тарафдорони ин назария дар ҷомеаи коммунистӣ бинобар аз байн рафтани синфҳо ва омехташавии халқҳо умумияти иҷтимоие ба вуҷуд меояд, ки ҷои миллатро мегирад. Тибқи ин назария дар ҷомеаи инсонӣ ба тадриҷ давлат низ аз байн рафта, ҷои худро ба худидоракунии ҷамъиятӣ хоҳад дод. Таҷрибаи сохтмони ҷомеаи сотсиалистӣ дар ИҶШС мафҳуми “халқи шӯравӣ”-ро дар нақшаҳои дарозмуддати худ ба ҷои миллат пеш гузошта буд, ки он аслан чизе ҷуз деэтнизатсияи миллатҳои нисбатан хурдтари ҳайати ИҶШС ва ба қисмати таркибии миллати давлатсози ин империя табдил додани онҳо набуд. Аз ин буд, ки дар марҳилаи заиф шудан ва фурӯпошии давлати Шӯравӣ истиқлолхоҳии миллатҳои қаламрави он ба ҳадде қувват гирифт, ки дар баъзе ҷойҳо барои носозгориҳои ҳудудҳои миллӣ низоъҳои миллиро ба вуҷуд овард. Тамоми ин кишварҳоро авҷи истиқлолхоҳӣ ва эҳёи миллӣ фаро гирифт. Дар натиҷа ҳамаи ҷумҳуриҳои собиқ Шӯравӣ ба кишварҳои мустақил табдил ёфтанд.  

Шуури миллӣ таъйинкунандаи сарнавишти миллат аст. Шуури миллӣ заминаи маънавии бунёди давлати миллиро аз тарафи миллат ба вуҷуд меоварад, давлате,  ки бар пояи манфиатҳои миллӣ ба вуҷуд меояд. Тасаввур дар бораи ягонагии этникӣ ва дарки манофеи умумӣ аз тарафи аксарият дар сатҳи як гурӯҳи таърихан ташаккулёфтаи иҷтимоӣ ҷавҳари шуури этникиро ташкил медиҳад. Шуури миллӣ ҳадафҳои сиёсиро дар сатҳи миллат ба вуҷуд меорад, ки метавонад давлати миллиро бунёд гузошта, омили барангезандаи рушд ва таҳкими он бошад. Он ҳадафу мақсадҳои куллӣ ва ояндаи миллатро таъйин мекунад. Шуури миллӣ маҷмӯи тасаввурот, дидгоҳҳо ва эътиқодоти фарогирест ки аксарияти афроди миллат дар бораи масъалаҳои ҷаҳоншиносӣ, фалсафӣ, ахлоқӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, оянданигарӣ ва ғайра доранд. Шуури миллӣ сатҳи рушди маънавии миллатро нишон медиҳад.

 Худшиносии миллӣ асоси шуури миллӣ мебошад. Худшиносии миллӣ шароити муҳими мавҷудият ва инкишофи  миллатро ба миён меоварад. Он дар заминаи хотираи таърихии миллат ба вуҷуд омада, заминаи аслии ташаккули ҳувийяти миллист. Яъне он сатҳи огоҳии миллат аз гузаштаи воқеӣ, решаҳои таърихӣ, арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ, эҳтиром ба  фарҳанг, забони миллӣ, Ватан, дарки нақш, ҷойгоҳ ва рисолати  миллӣ мебошад. Аз ин ҷиҳат рушду фаъол будан ва масъулиятшиносии миллат дар самти ҳифзи манофеи худ ба дараҷаи худшиносии миллӣ вобаста аст. Пас, худшиноси миллӣ омили ангезабахши миллат дар ростои ҳифзи ҷойгоҳ ва манофеи худ аст.  

Тоҷикон миллати куҳанбунёд ва мутамаддин ҳастанд, ки ҳам ифтихороти сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ доранд. Миллати мутамаддин аслан миллатҳое дониста мешаванд, ки гузаштаи пурифтихору созандаи таърихӣ ва фарҳангӣ доранд. Инчунин дорои эҳсосу ифтихори миллӣ ва  ваҳдату ягонагӣ мебошанд. Миллати мутамаддин ҳамчун субъекти бузурги иҷтимоии тамаддунсоз тасаввур мешавад. Ҳамчунин таҳти таъбири миллати мутамаддин миллатҳое дар назар гирифта мешаванд, ки  соҳибдавлатанд ё ҳадди ақал дар гузашта давлати худро доштаанд. Миллатҳои мутамаддин давлатҳои миллии худро дар асоси  умумиятҳои этникию миллии худ бино карда, ҳамзамон дар такя ба зарфияти интеллектуалӣ, таҷриба ва талоши худ нақши мондагоре дар таърихи башарият гузоштаанд.

Фарҳангу тамаддуни бузурге, ки тоҷикон дар тӯли таърих офаридаанд, на танҳо боиси ифтихори ин миллат, балки тамоми башарият  аст. Падидаҳои  барҷастаи фарҳанги миллии мо дастоварди тамаддуни башарӣ дониста мешаванд. Кофист суханони муҳаққиқи рус Е.Э.Бертелсро мисол оварем, ки фармудааст: “Ҳамаи он сифатҳое, ки хоси халқҳои Аврупо мебошанд, хоси эронитаборон низ ҳастанд. Касе онҳоро “фаронсавиҳо”-и Шарқ номидааст. Агар хусусияти фаронсавиҳо бедории ақлӣ, фаросат, зеҳни тез бошад, чунин муқоиса дуруст аст. Вале ... аз рӯи ҳақиқат бояд гуфт, ки эронитаборон дорои бисёр афзалиятҳои дигар будаанд, ки фаронсавиҳо онҳоро надоштанд”. (Е.Э. Бертельс. История литературы и культуры. М.1988. с.412)

Шуури миллии тоҷикон ва худшиносии онҳо бояд бар пояи арзишҳои асили ин фарҳанги бузург шакл гирад, то ин ки ифодагари ҳувийяти миллат бошад. Гузашта аз он, бояд зикр кард, ки шуури миллӣ, он таҳкурсие метавонад бошад, ки нерӯи миллатро барои озодӣ, пешрафт, навовариву фановарӣ ва ободонии кишвар сафарбар намояд.

Шуури миллӣ аз ҳама гуна ҷанбаҳои ғайриратсионалӣ, хурофот, аносири бегона ва гироишҳои бегонапарастонае, ки ба пешрафти миллат халал меоварад,  бояд озод бошад. Ин ҷо сухан фақат аз зарари хурофоти динӣ намеравад, ҳарчанд, ки он монеаи ҷиддӣ барои пешрафти иҷтимоӣ, фарҳангию техникӣ аст, балки сухан аз бегонагиву бегонапарастӣ, масъулиятношиносии афроди миллат дар ростои ҳифзи манфиатҳои миллӣ меравад. Пас, вақти он расидааст, ки ҳар як фарди тоҷик дар бораи тақдири миллати худ ҳамчун дар бораи тақдири худ фикр кунад, дар андеша ва талоши он бошад, ки  чӣ тавр метавон ба пешрафту рушди ҳамаҷонибаи ин миллат мусоидат кард, зеро саодати фардӣ наметавонад бидуни саодати ҷамъӣ ба даст ояд. Нуфузу обрӯи миллат обрӯи ҳар фарди он низ ҳаст ва баръакс,  нуфузу обрӯи ҳар як фард  обрӯи  миллатро меафзояд.  Миллат ҳам бояд бузургмардони худро қадрдонӣ кунад, барои такомули шахсӣ ва ошкор шудани тавонмандиҳояшон мусоидат намояд.

Давлати миллӣ, ки нишонаи истиқлоли сиёсии миллат аст, дар шароити имрӯза, зери хатари равандҳои ҷаҳонишавӣ қарор дорад. Ин хатарҳо ҳам ба омилҳои иқтисодию сиёсӣ ва ҳам фарҳангӣ алоқаманданд. Ташаккули давлатҳои миллӣ дар шароити кунунӣ ба рушди саноат вобастааст ва тавоноии давлатҳои миллӣ ба иқтидору тавсиаи иқтисод ва сатҳи рушди илму технологияи онҳо алоқаманд мебошад. Дар замони ҳозира, ки ҷомеаи пасазиндустриалӣ бунёд шудаву роҳ ба сӯи ҷомеаи иттилоотӣ дорад, тағйироти азиме дар ҳама соҳаҳои ҳаёти башарӣ, алалхусус иртибототи байниҳамдигарӣ ба вуҷуд омадаанд, ки бештаринашон хусусияти умумиҷаҳонӣ доранд. Ин ҷараён ба вижа дар соҳаи иттилоот ва иқтисодиёт бараъло намудор аст. Муносибатҳои иқтисодӣ ба таври кулл хусусияти ҷаҳонӣ пайдо кардаанд ва ё дар ҳоли хислати умумиҷаҳонӣ пайдо кардан мебошанд. Албатта, масъалаҳои иқтисодӣ хеле пурпечутоб буда, таҳлили таъсири онҳо ба давлатҳои миллӣ мавзӯи баҳси доманадор аст. Аммо дар ин ҷо он нуктаро бояд ёдовар шуд, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҷомеаи Тоҷикистон ҳоло дар ҳоли рушд қарор дорад ва барномаҳову иқдомҳои созандае барои саноатикунонии кишвар  дар ҳоли татбиқ  шудан аст.  Вале ин маънии онро надорад, ки давлати миллии мо ва миллати тоҷик аз таъсири манфии равандҳои хатарбори имрӯза эмин бошанд. Баръакс, ҷомеаи мо дар вазъияти имрӯзаи иқтисодӣ ва иттилоотӣ нисбат ба кишварҳои постиндустриалӣ ва пешрафта бештар ин хатарро эҳсос мекунад.

Арзишҳои меҳварӣ ва асили миллию фарҳангии кишварамон, ки пойдевори миллат ва муносибатҳои миллиро ташкил мекунанд, ҳадафи аслии таҳоҷуми иттилоотиву фарҳангӣ ва идеологии гурӯҳҳои тавсеаталаби сатҳи минтақа ва байналмилалианд.

Дар ҷараёни ин муборизаҳову рақобатҳои ҳамешагии байналмилалӣ давлатҳои миллии рӯ ба рушд низ метавонанд худро ба шароити ҷаҳонишавӣ мутобиқ сохта, фарҳанги миллии худро ҳамчун қолаби зеҳниятсозии ҷомеа бозбиниву ислоҳ ва ба талаботи замон мутобиқу рақобатпазир созанд.

Чигунагии фарҳанги миллӣ дар шаклгирии ҷаҳонбинӣ, менталитет, мавқеъгириву амалкардҳои ҷомеа ва дар зимн фаъолияти давлати миллӣ таъсири мустақим дорад. Маҳз ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ҷомеа ҳамчун бахши муҳими фарҳанги миллат хатти машйи миллиро ба вуҷуд меоваранд. Аз ин нигоҳ дар шароити кунунӣ вазифаи муҳимми соҳаҳои илму маориф, дигар сохторҳои фарҳангӣ ва табақаи худогоҳи ҷомеа ташаккули ҷаҳонбинии илмӣ, худшиносиву ҳувийяти миллӣ ва ҳифзи арзишҳои давлатӣ аст. Вазъияте, ки имрӯз Тоҷикистон дар он қарор дорад, талаб мекунад, ки Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ, сохторҳои фарҳангӣ, олимону равшанфикрон ва масъулони бахши идеологии кишвар барои ташаккули ҷаҳонбинии илмиву ҳувийяти миллии насли наврас аз тамоми воситаю имконот истифода кунанд, зеро пешрафту рушди ҷомеа бидуни рушди илму технологияи муосир ғайриимкон аст ва ҷаҳонбинии илмӣ заминаи ғоявӣ ва воситаи муҳимми ин пешрафт ба ҳисоб меравад.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ҳамчун ниҳоди ҳамоҳангсоз вазифадоранд, ки дар самти пешбурди корҳои идеологӣ, зеҳниятсозӣ, таблиғу фарогир кардани арзишҳои миллӣ, таъмини авлавияти онҳо, пешгирии нуфузи ақидаҳои ифротию зиддимиллӣ, муқовимат бо таҳоҷуми иттилоотӣ, ташаккули ҳувийяти устувори миллӣ, риояти ин меъёрҳо дар тамоми идораю муассисаҳо ва ғ. фаъолияти тамоми дастгоҳи идеологии кишварро аз ҷиҳати мазмун ва шакл ҳамоҳанг ва роҳандозӣ намоянд.

Барои  анҷом додани ин кори созанда фарҳанги ҷомеаи мо, ба шумули қисматҳои таркибии он аз ҷумла ҷаҳонбинӣ, меъёрҳои рафтору ахлоқи миллӣ, шеваҳои тарбиятӣ, арзишҳову ормонҳои фардиву ҷамъӣ бар асоси манфиатҳои миллӣ ва алалхусус ҳифзи бақову рушди миллӣ  бояд шакл дода шавад. Мутаассифона, маҳз дар ҳамин масъала, яъне носозгор будани ҷаҳонбинӣ, арзишҳо, ахлоқи миллӣ, ҳадафҳову ормонҳои зиндагиамон бо манофеи миллӣ фарҳанги мо нуқтазаъфҳои зиёде дорад. Сабаби ба чунин тарз шакл гирифтани ҷаҳонбинӣ, арзишҳо, ахлоқи миллӣ ва дигар унсурҳои фарҳанги миллиамон дар он аст, ки мардуми мо дар имтидоди чандин садсолаи охир бар асоси  идеология, арзишҳо ва хостаҳову манфиатҳои миллатҳои дигар, ки дар сарзаминҳои мо ҳукм меронданд, зеҳниятсозӣ  мешуд. Мутаассифона, айни замон низ  меъёрҳои рафтору ахлоқи миллӣ, шеваҳои тарбиятӣ ва омилҳои ташаккули ҷаҳонбинӣ ва арзишҳои ҷомеаамон ҳамон меъёрҳо ва муқаррароти пешин аст. Заъфи худшиносиву ҳувийяти миллӣ, беэътиноии аксарияти мардум нисбат ба арзишҳову манофеи миллӣ ва бегонапарастии баъзе аз қишрҳои ҷомеаамон  ба худии худ ба вуҷуд намеояд. Омили шаклгирии он дар фарҳанги роиҷи ҷомеаи мост. Беҳуда нагуфтаанд, ки “ҳар инсоне маҳсули фарҳанги ҷомеаи худ аст1”. Барои ташаккули шахсиятҳои миллӣ ва афроди меҳанпараст қабл аз ҳама дастгоҳи ташаккули зеҳнияту андеша ва танзими рафтори мардум, ки фарҳанги ҷомеа ном дорад, бояд бозбиниву ислоҳ шавад ва ба талаботи замон ҷавобгӯ шавад. Бидуни анҷоми ин кор таҳаввулоти фикрӣ ва тағйири ҷаҳонбинии ҷомеаамон имконнопазир аст. Бинобар ин, дар шароити кунунӣ масъалаи рушди давлатдории миллӣ ва устувор сохтани пояҳои маънавию идеологии он талаб менамояд, ки дар ҳувийяти тоҷикон, ки хусусияти динмеҳвар касб кардааст, ислоҳот ва таҳаввулот ба вуҷуд оварда, унсурҳои миллӣ ба унсурҳои муайянкунанда табдил дода шаванд.

Барои иҷрои ин кори муҳим, қабл аз ҳама лозим аст, ки шуури миллӣ мутобиқ ба арзишҳо ва манфиатҳои миллӣ шакл дода шавад. Зеро номутобиқатӣ дар ин самт бунёди давлатдории миллии моро ноустувор хоҳад кард. Баҳри татбиқи босуръат ва низомманди ин ҳадаф беҳтар аст, ки асноди меъёрӣ-ҳуқуқие дар шакли консепсия таҳия гардад ва бо таъсиси ниҳоди татбиқкунандаи он роҳкорҳои ташаккулу тақвияти ҳувийяти миллӣ, ки дар тӯли таърих бинобар зеҳниятсозиҳо ва таҳоҷуми фарҳангии аҷнабиён заиф шудааст, дарёфт ва мавриди корбурд қарор дода шавад.

Бо назардошти ин масъала зарурат ба миён меояд, ки дар идома ба арзёбии фарҳанги миллӣ ва ироаи роҳкорҳои ислоҳи он пардозем.

 

Асадзода НАЗРӢ

ходими пешбари илмии Шуъбаи

таҳқиқоти стратегии назди Раёсати АМИТ

КИТОБНОМА

  1. Андерсон Б. "Воображаемые сообщества. Размышления об истоках и распространение национализма", Москва. "КАНОН-пресс-Ц", "Кучково поле", 2001.
  2. Аҳмади Эронӣ. Волтер файласуфи кӯбандаи дин. Лос Анжелес, с.1991
  3. Амин Аҳмад. Зуҳо-ул-ислом.Ҷ.2. – С.49.
  4. Бекзода Комил. Таърихи равшанфикрӣ аз даврони Ҷамшед то замони Фирдавсӣ- Душанбе, 2012.
  5. Вернер Штегмайер. Оянданигарии фалсафӣ. Берлин/Ню Йорк: Валтер де Гройтер, 2008.
  6. Гегель Г.В. Энциклопедия философских наук. Т. 3 Философия духа.– М.: Мысль, 1977.
  7. Геродот, ”История” — Москва: Эксмо, 2008. — 1030 с
  8. Галлнер Э. "Нации и национализм", Перевод с английского, Ред. и послесл. И.И.Крупника. Москва. "Прогресс", 1991. -стр.23.
  9. Говард Горднер, Ҳунар ва илми тағйири зеҳни худ ва дигарон. (тарҷумаи С.К.Харрозӣ). -Теҳрон, ширкати “Най”, -1398. С.350
  10. Девид Метюз, “Сиёсат барои мардум”, Душанбе: -1998, С.316
  11. Дюрант Вилям Ҷеймс. Таърихи фалсафа. Тарҷумаи Аббоси Зарёб, ширкати интишороти илмӣ ва фарҳангӣ. Теҳрон: -1387, С.501
  12. Дарси хештаншиносӣ. (Маҷмӯаи мақолаҳо). 2 ҷилд. Душанбе, 1989-1991.
  13. Дмитриев В.А., “Аммиан Марцеллин и персы”, Новгород, 2003, С.275, стр.208, 212)
  1. Зарринкӯб Абдулҳусайн, Ду қарни суқут- Теҳрон, 1970.
  2. Зебокалом Содиқ. Мо чӣ гуна мо шудем? Решаҳо ва сабабҳои ақибмондагӣ дар Эрон Теҳрон, 2000.
  3. Ибни Балхӣ. Форснома. Душанбе, Ирфон, 1989.
  4. Кант И., Трактаты и письма. – М.: Наука, 1980. – С. 360.
  5. Ксенофонт, «Киропедия», Москва, издательство «Наука», 1976.–С.240, стр.7-10
  6. Ковальченко И.Д., «Методы исторического исследования». –М.: Наука, 2003. –С.88
  7. Кондаков Н.И. Логический словарь – справочник. - М.: Наука, 1975.
  8. Коротаева В. "Теории национализма в зарубежных социальных науках". Москва: РГГУ, 1999.
  9. Лодан Амирҳусайн, "Худосолорӣ ва дармондагӣ", Теҳрон,  ширкати “Китоб”, соли 1393(2014)
  1. Маслоу Авраам Харолд, “Маслоу о менеджменте”, Москва, 2003г.
  2. Муҳаммадэзадӣ Алӣ, Чаро ақибмондаем?, Теҳрон, -1388шамсӣ(2009мелодӣ), С.351
  3. Маҳдии Бозаргон, "Созгории эронӣ", Теҳрон, нашрияи “Сабо”, соли 1384;  
  4. "Муқаддима ба назарияи миллатшиносӣ", Душанбе, "Ирфон", 2012,
  5. Моунтстуарт Элфинстон, “Тоҷикон”, Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи миллии тоҷик, Душанбе, 2018, саҳ.11-12 
  6. Мейендорф Е. К. “Путешествие из Оренбурга в Бухару”, Главная редакция восточной литературы издательства «Наука», 1975, стр. 24, сайт: www.vostlit.info).
  7. Нурулҳақов Қамар. Ислом ва муносибатҳои миллӣ. Душанбе, 1989.
  8. Раҳнамо Абдуллоҳ, "Ислом ва амнияти миллӣ", Душанбе, "Ирфон", 2011.
  9. Розӣ Закариё. Мунтахаби осор, Душанбе: Адиб, 1989
  10. Ятимов С. Асарҳо.  Душанбе. “Ганҷ нашриёт”, -2019
Хондан 70 маротиба